мардумшиноси-ЭТНОГРАФИЯ-ETHNOGRAPHY ♦ ♦
УДК: 902.7(575.3)
АСОЛАТИ МИЛЛЙ ВА РАМЗИ НАЦШ ДАР ТОЦИИ
ВАХОНЙ
ИБРО^ИМОВ М. Ф., ЁFИБЕKOBА Б. Т.,
Донишкадаи давлатии санъати тасвири ва дизайни Точикистон
Даp олами тамаддyн халкеpo бе нишон аз таъpих, pасмy pyсyм, фаpxанг, ypфy одат ва дигаp аpзишxoи нoдиpи илмй, ки тавассyти онхо чеxpаи аслии миллат шинохта мешавад, тасаввyp каpдан Fайpиимкoн аст. Мо бояд аз умки таъpих на хoкистаp, балки шyълаpo баpдopем, зеpo таъpих сабакомуз аст ва хеч як миллат бе эx,тиpoм ба гузашта ояндаи хyдpo бутед каpда наметавонад. Нишонахои ачдодй, аз чумлаи аpзишxoи гаpoнбаxo ва аpзишманди миллй мебошанд, ки тавассути онхо Fyбopи таъpих аз чеxpаи миллати куханбутед ва фаpxанraаpаст зудуда мешавад. Боиси саpфаpoзист, ки миллати тoчдopи точик новобаста аз мушкилоти pyзгop ва чангхои хонумонсуз, ки тавассути онхо нoдиpтаpин нишонахои миллат ба коми оташ pафтандy нобуд шуданд, анъанахои фаpxангй ва xyнаpмандии хyдpo нигох дошта тавонист.
Яке аз чунин падидахои фаpxангии асолати миллй токй ба шyмop меpавад. Токй чузъи таpкибии либоси миллии халкхои Осиëи Mиëна, аз чумла точикон мебошад, ки он даp АфFOнистoн, Эpoн, Тypкия, Чин, Тoтopистoн, Бoшкиpдистoн низ истифода бypда мешавад. Иклими ин минтакахо тобистон гаpм ва зимистон хеле саpд аст. Даp чунин иклим токй касpo хам аз офтоб ва хам аз саpмo мухофизат мекунад.
Даp Осдаи Mаpказй анъанаи пушидани токй пеш аз вypyди ислом пайдо шуда буд. Баpъакси хамзамонони мо, маpдyми кадимй тoкиpo на даp болои саp мемонд, балки бо он пешoниpo то абpyвoн пyppа мепушонид. Тибки эътикоди кадим, бо ин pox, онхо "чашми сеюм''-po аз таъсиpи неpyи манфй нихон мекаpданд. Он замон токй шакли конусй дошт, ки ryë даp байни инсон ва фазо чoйгиp буда, алокаи xамдигаpии oнxopo таъмин мекаpд.
Токихо даp нимаи аввали асpи XIX хеле маъмул буданд ва хатто аз Осиëи Mиëна ба Русия сoдиp мешуданд. Тибки гуфтаи сайëxoне, ки даp ин замон ба минтака ташpиф oваpда буданд, даp шаxpxoи калон ва дехахои дypдасти ин чо токихои гуногун истифода мешуданд, ки яке аз yнсypxoи маъмyлтаpини либоси миллй ба шyмop меpафтанд.
13б
Токихои точикй на танхо даp дохили Точикистон, балки даp тамоми чахон шухрат доранд. Имрузхо токиро асосан дар дехот калонсолон ба сар мекунанд, аммо вактхои охир муди истифодаи он дар байни чавонони шахрй низ эхë шyдааст. Чунин муд махсyсан дар байни дyхтаpон ва писарбачахо ба назар мерасад. Токихо холо кисми таркибии либоси нафароне шyдаанд, ки либоси авpyпой мепушанд. Барои толибахо доштани токии чоргуша ба меъëp даромадааст.
Токихо вобаста ба таъйинот низ фарк мекyнанд: мардона, занона, кудакона (аз чумла бачагона ва барои духтарчахо) ва барои пиронсолон.
Токихои миллй шаклу намyд ва накши гулдузии гуногун доранд, ки ин омил бо тарзи хаëт ва хочагидории минтакахои мушаххаси Точикистон вобаста аст. Замоне аз руи шакл, истифодаи рангхо ва накши гулдузй кас муайян карда метавонист, ки сохиби токй мукими кадом минтака аст. Вобаста аз замон ва макон намудхои гуногуни токихо дар байни мардум маъруфият пайдо карда буданд: мураббаъ,мудаввар, конусии куллааш буридашуда, гунбазшакл. Барои мисол, токии мардонаи анъанавй дар шимоли Точикистон шакли росткунчаи тегадор ва дар чанубу шарки кишвар шакли мудаввар дошт. Чахор пахлуи токии чоргуша чахор унсур (об, замин, хаво ва оташ) ë чахор фаслро ифода карда, шакли мудаввар рамзи офтоб аст [1.100].
Токии мардонаи маъмултарин-"чустй" (аз номи шахри Чуст дар водии Фаргона) шакли мураббаъ дорад ва гулдузии сода ва нозуки он дар заминаи сдах, тавассути ресмони абрешими сафед ичро карда мешавад. Дар токии чустй на танхо шакл, балки тазоди рангхо низ мувофик аст: сдах бо сафед.Чунин токии сарро хам дар рузхои хурсандй ва хам дар рузхои гамгин метавон истифода кард. Накши гулдузии чустй анъанавист: дар кисми тора тасвири чахор дона каламфур мавчуд аст, ки дар Шарк рамзи хаëт ва химоя аз чашми бад ба хисоб меравад. Итминон доранд, ки каламфури гарм рухи бадро мегурезонад ва чахор донаи он сари одамро аз чахор чониб мухофизат мекунад.
Мардуми Осдаи Марказй чунин мехисобад, ки бе либоси сар хеч гуна пирузй ба амал намеояд. Вакте ки духтари точик издивоч мекунад, y бояд дар таркиби сару либоси худ якчанд токй дошта бошад. Мулло домодро бе токй никох намекунад. Барои домод ба сар мондани токй маънои гузариш ба давраи баркамолтари зиндагиро дорад. Токиро ба сари домоду арус мегузоранд ва пирон онхоро дуо медиханд. Ба сари духтаре, ки арус мешавад, токиро зани солхурда ва серфарзанд мемонад ва аз болояш орди сафед мепошад, дуо медихаду аз болои токй ширинй мепошад.
Намудхои гулдузй, махсусан дар солхои Х,окимияти Шуравй тараккй карданд ва хунармандони сершумор кариб аз тамоми махалхои
ахолинишини чумхурй бо ин пеша машFyл буданд. Х,атто маснуоти бозориро низ хеле хуб ва босифат тайëp мекарданд. Аммо токихое, ки хунармандон барои худ, хусусан барои домоду арус медухтанд, нихоят зебо буданд ва онхо бештар шохасархои хакикии хурд ба шумор мераванд.
Дар даврони Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон кариб дар тамоми гушаю канорхои чумхурй занони точик ба гулдузй шyFл меварзанд. Дар санъати токидузй накшхои гулдузй бо хамбастагии асар чавобгу хастанд. Масалан, дар токии арусй хамбастагии риштахои рангашон сурх, сабз ва зарринро бо сангхои ороишй дидан мумкин аст. Дар баробари ин хамбастагихои дигари сершумор низ ба назар мерасанд. Бисëp накшхо дар асоси чузъдати гулдузии якчанд нохияхо мебошанд, аммо онхоро дар хар чо бо хусусияти махаллй шарх медиханд. Дар хар нохия сокинон анвои муайяни рангхо ва тобишхо рангаи дустдоштаи худро ба кор мебаранд.
Канори токихо аксар бо зеху шерозахои мухталифи гулдор зебу зинат дода мешаванд. Дар давоми дахсолахои охир онро бо усули йурмадузии дастй, яъне бо услуби гулдузй ва кашидадузии гирех андар гирех тайëp мекунанд. Дар замони гузашта чунин зеху шерозахо инчунин дар вакти духтани бисëp либосхои занонаю мардона истифода мешуданд. Дилкашй ва фаровонии накшу нигор имкон медихад, ки онхо, катъи назар аз хурдии андоза, яке аз намудхои хеле завкангез ва мухимми санъати ороишй-амалии халки точик шумурда шаванд.
Дар доираи татбики икдоми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон оид ба эхë ва рушди хунархои мардумй то имруз дар шахру нохияхои кишвар даххо мактабхои хунармандон ташкил шуда, ба фаъолият OFOЗ намуданд. Дар ин мактабхо аз руи усули анъанавии миллии "устод-шогирд" аз хисоби насли наврас хунармандон тарбия меëбанд. Дар рохи инкишофи санъати хунархои дастй муаммохои гуногун вучуд доранд, хатто бархе аз сохахо кариб аз байн рафтаанд. Бинобар ин, холо зарурати халли масъалахои марбут ба рушди ин намуди санъат ба мдан омадааст. Пеш аз хама, санъати амалии халкй ба дастгирии хамачониба нтез дорад. Пешвои миллат дар хар баромадашон таъкид менамоянд, ки расму русум, оин ва анъанахои миллиро фаромуш набояд кард, халки вахонзамин ин анъанахоро то имруз хифз намуданд. Бо икдом ва дастгирии Президенти кишварамон мухтарам Эмомалй Рахмон хунархои миллй боз аз нав эхë гардиданд.
Дар байни намудхои сершумори токихои миллй токии вахонй намунаи бемисл дониста мешавад ва хамчун осори дастони хунармандони мохир дар аксари осорхонахои кишвар хамчун нигора хизмат мекунад. Дар Помир то имруз бисëp аломатхои дини зардуштй нигох дошта шудаанд. Тасвире, ки дар болои токии сар чой гирифтааст, рамзи офтоб
буда, накши таpафxo-широзй касpo аз чашми бад химоя мекунад. Накши токй pамзxoи маъpyфи opиëиpo даpбаp мегиpад, масалан, свастика, ки чаxop y^yppo ифода мекунад. Даp накши гулдузии токие, ки сокинони Вахон тайëp мекунанд, хатман об, замин, офтоб, оташ ва точ тачассум меëбанд. Офтоб pамзи алокаи инсон бо табиат, poбитаи зичи у бо тамоми чузъхои xаëти pyи замин мебошад.
Намунахои кадимтаpин накши гулдузии токии вахонй даp захиpаи oсopхoнаxo хифз каpда шудаанд, ки ба мтенахои асpи XIX poст меоянд. Онхо даp баpoбаpи намудхои гуногуни накши гулдузй ва таpxи асил, бо pиoяи yнсypxoи классикй ва хифз намудани анъанаи санъати кадимй фаpк мекунанд. Оpoишoти маъмyлтаpин инхоянд: офтоб - pамзи pавшанй ва гаpмй даp pyи замин; накши симypF ва товус - pамзи хикмати баланд; шохахои гул - pамзи сулх ва зебой; салиб - pамзи хушбахтй.
Даp Вахони давpаи пеш ин намуди гулдузй ва opoишдиxй инчунин даp саргуч, граг ва дрыстграг (пешбаpи кypтаи занона ва маpдoна), камаpбанд, чypoб ва дастпушакхои беназиpи кадимй низ чой доштанд.
Даp боло чихати асолати махаллии токихо сухан poнда будем. Даpвoкеъ, пештаp токихои даp минтакахои гуногун тайëpшyда аз хам бо шакл, opoиш ва аломатхои pамзи бадей фаpк мекаpданд.Ба ташаккули як намуди муайяни токй на танхо шаpoити табий ва таpкиби миллии ахолй, балки анъанахои бадей, ки даp ин махалхо таъpихан pyшд ëфтаанд, инчунин сатхи умумии pyшди иктисoдиëт ва фаpxанг низ таъсиp каpдаанд. Хусусиятхои махаллй баъзан чунон сахт зoxиp мешуданд, ки ба кадом минтакаи муайян мансуб будани сохиби тoкиpo муайян каpдан имкoнпазиp буд.
Баpoи мисол, баъд аз чудошавии каламpави Бадахшони Точикистон аз Бадахшони АфFOнистoн, як гypyx кавмхои opиëтабop, аз чумла вахонихо, даp он таpафи сохили даpë монданд. Гаpчанде имpyз онхо даp байни покистонихо ва чинихо сукунат дopанд, вале фаpxангy xyнаpи ачдодии хyдpo гум накаpдаанд. Даp духти токии онхо омезиши накши чинй бо услуби точикй ба назаp меpасад. Аз чумла, pафи токии онхо хеле баланди конусй духта шудааст. Онхо даp гулдузй бисëpтаp аз накши зoмoopфй истифода мебаpанд.Вале ба xаp хол, opoиши токихои вахонй новобаста аз махал ба хусусиятхои умумии услубй ва фахмиши умумии семантикаи накшу нигop асос меëбад, гаpчанде ки даp навъхои алохида фаpкиятxoи алохидаи махаллй ба назаp меpасанд.
Сокинони Вахон, ки даp шаpoити вазнини баландкух зиндагй мекунанд, кушиш дopанд нишон диханд, ки онхо анъанахои кадимиpo эхтжт мекунанд. Басо мухим аст, ки онхо забон ва анъанахои фаpxанги кадима, вижагии санъати opoишй-амалй, санъати мусикй, фoлклop, хypoки миллй ва лавозимоти модию маънавй, заpy зеваpи занoнаpo низ хифз
намуданд.Унсурхоеро,ки бобою бибихояшон дар гулдузй истифода намудаанд, то ба имруз оварда расондаанд.
Дар водии Вахон токии гулдузиашдастйдар муддати як мох тайёр карда мешавад, аз ин ру нисбат ба токиибо мошина гулдузишуда бо нархи ду маротиба гаронтар ба фуруш бароварда мешавад. Дар давраи Шуравй чунин токй шухрат дошт, чунки накшу нигор тавассути гулдузии чаппадузй, яъне аз тарафи астар ичро карда мешуд. Накши гулдузй хандасй буда, аз руи нусха ичро карда мешавад, ки инро дар санъати рассомй ангоравй (эскизй) ё тархй ном мебаранд.
Хунармандони вахонй танхо номхои унсурхои кадимй ва тамоми хамбастагихои накши суннатиро хуб дар ёд доранд. Онхо дар кори худ инчунин навгонихо ба бор меоранд ва ба ин тарика хунарманди асил будани худро нишон медиханд. Масалан, бори аввал дидан мумкин аст, ки токии сарро бо рамзхои Точикистони муосир -Парчами миллй ва харитаи чумхурй оро медиханд. Мутаассифона, сатхи техникии намунахои алохидаи имруза баъзе эродхоро тавлид мекунад. Баъзан аз чониби хунармандон истифода шудани газвору риштахои бесифати сунъй арзиши хунарии токиро кохиш медихад. Бояд ба эътибор гирифт, ки истифодаи маводи абрешими табий, албатта, нархи токиро баландтар хохад бардошт, аммо сифат низ хубтар хохад буд.
Занони хунарманди Вахон ба анъанахои кадимй пайравй карда, дар духти токй азтарзи классикй истифода бурда, ба сифати баланди махсулот диккат доданро фаромуш намекунанд. Боиси хушнудист, ки аксар вакт барои ранг кардани риштахои абрешим ба кадри кофй рангхои табий истифода мешаванд: пусти анор, пиёз ва гайра. Тахайюли занони хунарманди Вахонкасро хамешаба хайрат меорад. Баъзан мо як хамбастагии хеле мафхуми (абстрактии) нусхаи гулдузиро мебинем, ки гулхои табиати ватанро нишон медихад ва он бештар ба кори рассомон монанд аст.Масалан, як накши ачиберо назора карда, танхо бо кумаки муаллифи он мефахмем, ки ин накш гули лоларо ифода мекунад. Яъне, хунармандони вахонй таассуроти худро дар бораи хамин гул, ки дар Шарк хеле махбуб аст, тавассути шаклхои мафхумй изхор медоранд.
Агар рассомони маъруфи точик Зухур Хабибуллоев ва Хушбахт Хушбахтов имруз дар кайди хаёт мебуданд, онхо бешубха на танхо хамбастагй, балки омезиши рангхои далеронаи асархои хунармандони махаллиро, ки аз гули лола, салиб, офтоби дурахшон ва ё аноргул илхом мегиранд, кадр мекарданд. Ин хунармандон дар накшу нигори бо услуби хандасй гулдузишуда эхсосоти баланди миллию ватандустии худро нисбати табиати ватанашон тавонистаанд баён кунанд.Харчанд дар Бадахшони давраи Шуравй анъанаи тайёр кардани гулдузихо бо мурури замон камтар дида мешуд, вале дар водии Вахон ин хунар аз байн нарафта
буд. Х,ар оила бояд ба духтарони худ пеш аз хонадоршавй хунархои гулдузй ва гулбофиро (чуроббофиро) меомузондДоло гулдузии ороиширо асосан барои туйхои арусию домодй омода мекунанд.Чунин махсулот имруз хам ба шумули талаботи махри арусй дохил карда мешавад.Бинобар ин, бонувони бадахшй хануз аз айёми кудакии фарзандонашон ба омода кардани махсулоти гулдузй ва гулбофй тайёрй мебинанд ва духтаронро ба ин шуглхо аз синни 10-12-солагй чалб менамоянд.
Оид ба асолати токии водии Вахон,таъриху рамзи накшхои он солхои 80-90 уми асри гузашта бонуи токидуз Бегим Шоххонова ба яке аз муаллифи ин макола (И.М.Ф.) маълумот дода буд. Токии вахонй аз пешору (бо лахчаи вахонй-раф) аз руйи колиб - нысха дар матои нафиси сафеди пахтагй духта мешавад. Аз матои сафед омода шудани токй рамзи покй, тозагй, нафосат буда, ба кавли донишмандон,ин зухурот намоди Сипандормуз, яъне хиради комил, мехру мухаббат, ишки пок ва порсоиро ифода менамояд.Гузашта аз ин, мехр варзидан ва талкини некиву накукорй ва парастиши зебоихои зиндагй низ ба Сипандормуз тааллук дорад.
Токй аз кисмхои тора, гирда, астар, пилта, шероз, магзй ва пупак иборат мебошад. Накшхои маъмултарин каламфур, бодом, анор, баргак, гунча, занчирак, гулхои садбарг, лола, ситора, салиб, хати морак, тасвири услубии хайвонот ва гайра мебошанд. Баъзе накшхо, масалан, каламфур, тумор, гулхор бо максади химоя аз чашми бад, таъсири махлукоти фавкултабий тасвир мешаванд. Накшхои бодому анор рамзи баракату фаровонй ва бою бадавлат шуданро доранд. Инчунин тасвири гулхо ва баргхои гуногун дар токихо орзуву омоли рангини мардумро бозтоб менамояд [2,156-157].
Чун дар дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор, рангхои токии вахонй сурху сафеду сабз хастанд, ки аз гахи бостон то замони кунун расидаанд. Накши дар нусха сабтшударо дар раф гулдузй мекунанд ва баъд дар боло ва поён, яъне аз ду тараф юпкык, ки рамзи чуйбор аст, тасвир карда мешавад. Замини накш бо риштаи сиёх ва даруни юпкык бо риштаи сабз ва сурх пур карда мешавад. Дар натича тасвири оба, ки рамзи обро дорад, ба вучуд меояд. Заминхои сурху сиёхи он барои туй ва сабзи пасту сиёхи он барои маърака (мотам) таъйин гардидаанд. Инчунин кынгра, ки дар болои юпкык чойгир карда мешавад, рамзи ориёии точ ва кулларо дорад. Накшхоро тарики хандасй (геометрй) гулдузй мекунанд.
Тораи токй, ки тойсарй ё скидтор ном дорад, ба ду тарз - хандасй ва чаппадузй гулдузй карда мешавад. Баъд аз ичро шудани гулдузихои пешору - раф ва тойсарй-скидтор, онхоро аз чониби астар бо хафт кабат матои пахтагй дар мошини дарздузй гафсу пуркувват мекунанд. Интихоби хафт кабат тасодуфй нест. Дар ривоятхои ориёй омадааст, ки хафт сину
хафт шин ба мазхари хафт офаридаи мукаддаси Худои олй Ахурамаздо пайванди ногусастанй доранд.
Агар аз дидгохи мардумшиносй ба мохияти ин ойин нигарем, он танхо хони идона нест, он бо шугуну бовархо ва розу рамзхо, ки бо асотир ва таърих омезиш ёфта, маърифат, хираду дониш ва чавхари ботинии инсон, дар мачмуъ хилкати башарро ифода месозад. Ба иборати дигар, он баёнгари фазо ва мухити наврузй ва рушду болидагии табиат мебошад. Баъд раф ва тойсарй бо хамдигар дастй часпонида мешаванд, ки чунин корро танхо устохои касбии токидуз метавонанду халос ва ин як санъати баландро талаб мекунад.
Барои кудаки навзод сарбанд-саргуч медузанд.Дар он накши каламфурро гулдузй мекунанд, ки кудакро аз чашми бад ва дигар офатхо хифз кунад. Инчунин ба он санги чашмй ва сирпиёз меовезанд ва бо сангхои ороишй зеб медиханд. Занхои солхурда мегуянд, ки ниёгони мо саргучро барои навзодхо медухтанд ва бо он пешонии кудакро мебастанд, то пешониаш рост шуда, хамчунин аз хунукй хифз карда шавад. Барои духтану гулдузй кардан аз риштахои пахтагй ва абрешимй истифода мебурданд, то ин ки ба саломатй зарар нарасонад.
Барои туйи арусй низ саргуч медузанд. Ва барои домод ба хамин тарз камарбанд медухтанд, онро бо мухра ё тугмаи садаф оро медоданд, ба мисли он, ки дар давраи кадим барои шохон ва ашрофзодагон тайёр мекарданд.Дар замони муосир ин духтанихоро замонавй карда, гайр аз туй дар чорабинихои фархангй ва сиёсй низ истифода мебаранд. Чунин накшхоро дар дастпушак ва чуробхои бадахшй низ дидан мумкин аст.
Соли 1998 Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон бо максади дарёфти арзишхои миллй ва хунармандони асил дар якчоягй бо Раёсати фарханги Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар партави эхёи хунархои мардумй озмуни тайёр намудани зеботарин токии вахониро эълон карданд. Дар озмун хунармандони хамаи чамоатхои вилоят ширкат варзиданд. Токии тайёркардаи сокини дехаи Исори нохияи Ишкошим Гулбегим Ёгибекова сазовори чои аввал гардид. Токии бехтаринро бошандагони Ч,амоати дехоти Зонг хамчун тухфа ба пешвои Исмоилия, Огохони IV-Шох Карим ал-Хусайнй такдим намуданд. Айни хол ин тухфа дар Осорхонаи Фаронса карор дорад. Дар ин хунар инчунин Зайноро Зиёбекова, Соябегим Гойибназарова ва чандин токидузони дигари мохир шухратёр гаштаанд.
Месазад, ки чунин токй дар Фехристи мероси башари ЮНЕСКО чои муносиби худро пайдо кунад. Чунки он дар панч давлат (Точикистон, Афгонистон, Покистон, Чин ва Хиндустон) маъмул буда, истифода мешавад. Гайр аз ин, мухочирони вахонй, ки дар Фаронса, Инглистон,
Амрико, Итолиё ва дигар давлатхои Гарб сукунат мекунанд, пушидани токии суннатиашонро амри вочиб медонанд.
Имрузхо сайёхони хоричй, ки аз чойхои таърихии нохияи Ишкошим ва водии Вахон дидан мекунанд, бешубха, токии Вахонро бо худ хамчун тухфа мегиранд. Тавассути токихо вахонихо мероси ганй ва анъанахои фархангии худро дар Шарк ба Гарб боифтихор муаррифй менамоянд. Мардуми Вахон ифтихор дорад, ки токиро хамчун рамзи миллии худ истифода мебаранд. Шоистаи зикр аст, ки токии вахонй хамчун чузъи асолати фархангии точикон дар асъори миллии 20-сомонй тасвир шудааст.
Дар замони истиклолият Хукумати Чумхурии Точикистон ба хунархои аз байн рафта таваччухи хоса медихад. Бо ташаббуси Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои муаззами миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон солхои 2019-2021 "Солхои рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардумй" эълон шудааст. Бинобар ин, мардуми Вахон ин пешниходи сарвари давлатро дастгирй намуда, хунархои ниёгонро аз нав эхё мекунанд, ки ин ба бехбудии сахти зиндагии онхо таъсири мусбат мерасонад.
Чанд дахсола пеш танхо занони хунарманди Вахон ба токидузй майл доштанд, аммо дар солхои охир бинобар зиёд шудани талабот чавонон низ ба омузиши ин хунар шуруъ карданд.Дар замонхои пеш интихоби рангхо барои гулдузии токй хеле чиддй буд. Дар замони истиклолият таваччух ба токии вахонй хеле зиёд гардид, акнун онхо хеле дурахшон ва серрангу ороиш шуданд. Барои Помир ранги сурх классикй мебошад, вале холо чавонон рангхои гуногунро интихоб мекунанд. Ба хар хол, мардумшиносон истифодаи баъзе рангхоро тавсия намедиханд, масалан сиёхро. То давраи Шуравй токии вахонй аз ришта ва матоъхои пахтагй, абрешимй ва пашмй тайёр ва оро дода мешуд.Дар давраи муосир токидузон аз риштаю газворхои гуногуни замонавй истифода мебаранд ва махсулоташонро бо хар гуна ороишот зинат медиханд.
Х,амин тарик, токии вахонии Точикистон аз токихои мардуми Чин, Покистон, Афгонистон хам аз чихати ранг ва хам аз чихати шакл каме фаркият дорад. Фаркияти токихо дар ин халкиятхо давра ба давра аз он сабаб ба вучуд омадааст, ки ба онхо табиати махал ва русуми халкхои дигар таъсири худро расонидаанд. Новобаста ба ин таъсиротхо вахонихои дар кишвархои бурунмарзй икоматдошта тавонистанд, ки бо хисси баланди миллй хунархои мардумии худро хифз намоянду ба халкхои дигар муаррифй кунанд. Аз тарафи дигар, дохил намудани муд дар либосхои миллй хеле эхтиёткориро талаб менамояд, то ки асли либоси кадима ва тарзи омода намудани он ба шакли аслй аз байн наравад.
Тасвири 1.То^их,ои вахони. АДАБИЁТ
1. Масов Р. М., Юнусова Н. Э., Додхудоева Л. Н. Народное искусство Памира (рус., англ.). /Р.М. Масов, Н. Э. Юнусова,Л. Н. Додхудоева.- Душанбе, 2009. - 173 с.
2. Мероси фархангигайримоддй дар Точикистон / Мураттиб Д. Рахимов, мухаррир Ш. Комилзода. -Душанбе: ЭР-граф, 2017. - 280с.
Тасвири 4.Токих,ои вахонии намунаашон чини (аз чап) ва покистони.
Тасвири 5. Токих,ои вахонии намунаашон анъанави ва муосир (модерн).
АСОЛАТИ МИЛЛЙ ВА РАМЗИ НАЦШ ДАР ТОЦИИ ВАХОНЙ
Дар макола макоми токй дар фарханги либоси точикон шарх дода афкори асосй дар бораи таърихи истифодаи он маълумот оварда шудааст. Сархати мавзуъро хусусиятхои тархй ва ороишии токии вахонй ташкил мекунад, ки аз намунахои барчастаи токихои миллй ба шумор меравадДайд карда мешавад, ки тарзи хаёти чудогона дар шароити баландкуххо имкон фарохам овардааст, ки мардуми ин нохияи Точикистон накшу нигори хоси худро тавлид карда, то давраи муосир онро нигах дорад. Тахлили мукоисавии овардашуда нишон медихад, ки вахонихои мукими кишвархои хамсоя (Чину Покистон) низ анъанахои дар ин чода ташаккулёфтаи худро гум накардаанд, харчанд табиист, ки бинобар омезиши фархангхои гуногун дар токихои онхо баъзе вижагихои фарккунанда ба назар мерасанд.
Калидвожа^о: Осиёи Маркази, Тоцикистон, Кууистони Бадахшон, Вахон, фаруанги либос, тоци, нацшу нигор.
НАЦИОНАЛЬНАЯ ИДЕНТИЧНОСТЬ И СИМВОЛИКА УЗОРА В ВАХАНСКОЙ ТЮБЕТЕЙКЕ
В статье рассматривается роль тюбетейки в таджикской национальной одежде, и приводятся сведения по истории ее ношения. Лейтмотив темы составляют конструктивные и декоративные особенности ваханской тюбеетек, которая среди разных видов национальных тюбетеек является замечательным и воистину оригинальным образцом. Отмечается, что ограниченный изолированный образ жизни жителей этого высокогорного района Таджикистана позволил им создать и донести до наших дней неповторимые орнаментальные мотивы. Как показал проведенный сравнительный анализ, ваханцы, проживающие в сопредельных странах (Китай, Пакистан), также сохранили традиции, сформированные в этой области материальной культуры таджикского народа. Вместе с тем, благодаря синтезу разных культур в конструкции и декоре их тюбетеек наблюдаются и отличительные особенности.
Ключевые слова: Центральная Азия, Таджикистан, Горный Бадахшан, Вахан, культура одежды, тюбетейка, орнамент.
NATIONAL IDENTITY AND SYMBOLISM OF THE PATTERN IN THE VAKHAN SKULLCAP
The article defines the place of the skullcap in the Tajik folk clothing, and provides information on the history of its wearing. The leitmotif of the theme is the design and decorative features of the Vakhan skullcap, which among the different types of national skullcaps is a remarkable and truly original sample. It is noted that the limited isolated way of life of the inhabitants of this mountainous region of Tajikistan allowed them to create and convey to our days unique ornamental motifs. As shown by the comparative analysis, the wakhans living in neighboring countries (China, Pakistan), also preserved the traditions formed in this area of material culture of the Tajik people. At the same time, due to the synthesis of different cultures in the design and decor of their skullcaps, there are also distinctive features.
Key words: Central Asia, Tajikistan, Badakhshan, Wakhan, the Culture of clothing, skullcap, pattern.
Сведения об авторах: Иброхимов Муродали Файзалиевич-доктор исторических наук, профессор Государственного института изобразительного искусства и дизайна Таджикистана.E-mail: murodali@list.ru. Тел.: (+992) 987384876, (+37 992) 2217247. Ёгибекова Бека Турдибоевна - преподаватель кафедры искусствоведения Государственного института изобразительного искусства и дизайна Таджикистана. E-mail:yogibekova@bk.ru.
About the authors: Ibrohimov Murodali Faizalievich - doctor of history, Professor of the State institute of fine arts and design of Tajikistan. E-mail: murodali@list.ru. Tel.:(+992) 987384876, (+37 992) 2217247.
Uogibekova Beka Turdiboevna-teacher of the Department of art history of the State Institute of fine arts and design of Tajikistan.E-mail: yogibekova@bk.ru.
УДК: 677(575.3) (09)
ОСОБЕННОСТИ КОВРОТКАЧЕСТВА ТАДЖИКИСТАНА
ДОВУТОВА М. З., Академия наук Республики Таджикистан
Те, кто в прекрасном могут увидеть прекрасное, -люди культуры. На них есть надежда
Оскар Уайльд.
Декоративно-прикладное искусство таджикского народа совершенствовалось в течение многих веков, сохраняя богатые художественные традиции. В наши дни уникальные образцы этого вида искусства представлены не только в музеях нашей страны, но и далеко за ее пределами.