Научная статья на тему 'НАВРУЗ И ВЫВОД ВОЛОВ НА ПОЛЕ В БАДАХШАНЕ'

НАВРУЗ И ВЫВОД ВОЛОВ НА ПОЛЕ В БАДАХШАНЕ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
162
45
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НАВРУЗ / НОВЫЙ ДЕНЬ / ВЫВОД ВОЛОВ / ПЕРЕПРЫГИВАНИЕ ЧЕРЕЗ ОГОНЬ / КРАСНЫЯ ПОЛЫНЬ (ВЕНИК) / СВЯЗЬ ВЕНИКОВ / УБОРКА ДОМА / ПОСЕЩЕНИЕ РОДСТВЕННИКОВ / ГУЛЯНИЕ ПО ДОМАМ / МУКА / ЗАВИТОК / КИЛОГУЗ-ГУЗ / ПАХАТЬ / СУП МУЧНОЙ С МОЛОКОМ / ХОККЕЙ НА ТРАВЕ / БОЙ ПЕТУХОВ / БОЙ КУРАПАТОК / БОРЬБА / СКАЧКИ ЛОШАДЕЙ / КОЗЛОДРАНИЕ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Гуломшоев Сулаймоншо

В данной статье речь идёт о древнейших обычаях и обрядах на Навруз в Бадахшане, связанные с земледельческими культурами, которые до сих пор сохранились в некоторых местах Бадахшана и находятся на грани исчезновения. В сентябре 2009 года древний праздник таджиков Навруз был включен в репрезентативный список нематериального культурного наследия человечества ЮНЕСКО, а в конце февраля 2010 года 64-я сессия Генеральной Ассамблеи ООН объявила 21 марта Международным днем Навруза. Древний праздник Навруз является символом чистоты, свободы и доброты. Сведения о нем приводятся в исторических источниках как «Шахнаме»-А.Фирдавси, «Тарихи Табари»- Балами, «Истории Бухары»-Байхаки, «Зайн-ул-ахбор»-Гардези, «Китоб ут тавхим» и «Осор ул бокия»-Абурайхана Бируни и «Наврузнаме»-Омара Хайяма. В Бадахшане Навруз связан с обрядом «Ҷуфтбаророн» - вывода волов, так как в этот день «Бобои Деҳқон» (Дед -Земледелец) сеет первое благодатное зерно.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

NAVRUZ AND OUTPUT OXEN IN BADAKHSHAN

In this article we are talking about the ancient customs and rites on Navruze in Badakhshan, associated with agricultural crops, which are still preserved in some places in Badakhshan and are on the brink of disappearance. In September 2009 the year the ancient feast of Tajiks Navruz was included in the representative list of the intangible cultural heritage of humanity by UNESCO, and at the end of February 2010 the year 64th session of the UN General Assembly announced 21 March as international day of Nowruz. Ancient holiday Navruz is the symbol of purity, freedom and kindness, which provides information about it in historical sources as the "Shahname"-A. Firdavsi, "Tarikhi Tabari"- Balhami, «The history of Bukhara»-Bayhaqi, "Zayn-ul-akhbor"-Gardezi , «Kitob ut tavhim" and "Osor - ul - bokiya" -Aburayhoni Biruni and "Navruznoma"-Omar Khayyam. Nowruz in Badakhshan is connected with the ceremony of "Chuftbaroron"-output oxen, because on this day "Boboi Dehqon"-Santa-Farmer pours the first fertile grains on the ground.

Текст научной работы на тему «НАВРУЗ И ВЫВОД ВОЛОВ НА ПОЛЕ В БАДАХШАНЕ»

«Тамаддуни халци мо аз Навруз огоз мегирад. Он барои миллати тоцик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо уатто дар даврауои мушкилтарини таърихи ин цашни хуцастаи худро худро %имоят мекарданд ва бо Навруз дубора зинда мешуданд.»

Эмомали РАХ,МОН

НАВРУЗ ВА Ч,УФТБАРОРОН ДАР БАДАХШОН

Сулаймоншо ГУЛОМШОЕВ,

номзади илмхои таърих, ходими илмии шуъбаи давраи кадим, асрхои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши Академияи илмхои Чумхурии Точикистон 734025, Чумхурии Точикистон, ш.Душанбе, кучаи Рачабовхо 7, Тел.: +992 93 526 68 52. E-mail: Gulomshoev@mail.ru

Калидвожах;о: Навруз, рузи нав, цуфтбаророн, аловпарак, цоруббандон, хонатозакуни, хонатакони, салом-салом, хонагаштак, шибоги (цоруб) сурх, орд, махак, килогуз-гуз, тухмбаророн, шудгор, атолаи кочи, чавгонбози, буцулбозй, тухмцангандозй, хурусцанг, кабкцанг, гуштингири, аспдавони, бузкаши, аловпарак.

Навруз ба мулки Тоцикистон омад, Ме^мони азиз боз ме^мон омад. Бар сардии хонауо чу гарми овард, Бар сардии синауо чу дармон омад.

Навруз яке аз чашнхои кадимтарини мардуми ориёитабор буда, мохи сентябри соли 2009 бо пешниходи як катор кишвархои Осиёи Марказй, аз чумла Точикистон аз чониби Кумитаи хифзи осори таърих, фарханг ва маорифи Созмони Милали Муттахид расман пазируфта шуд. Ичлосияи 64-уми Мачмааи Умумии Созмони Милали Муттахдд 23-юми феврали соли 2010 аз чониби Созмони Байналхалкй оид ба корхои ЮНЕСКО дар Фехристи мероси чахонй сабт гардид, ки тиб;и он чашни Навруз ма;оми байналмилалй гирифт.

Наврузи Ачам тимсоли покизагй, озодагй, накукорй, хайрхохй, бунёдкорй ва созандагй буда, таргибгари хамрайъй ва хамдилй, хуввияту вахдати миллй, пос доштани хотираи неки гузаштагон ва ба чо овардани эхтироми кухансолон аз чумлаи фазилатхои умумибашарии он мебошанд.

Навруз аруси нозанини сол буда, бо шахомату тароват ва накхати рухафзояш тамоми олами зиндаро аз хоби ноз бедор менамояд. Навруз яке аз кадимтарин иди суннатии мардуми Машрикзамин буда, таърихи пайдоиш ва тачлили онро ба давраи шохони пешдодй - Каюмарс, Тахмурас ва Чдмшед нисбат медиханд. Мувофики сарчашмахои таърихй, ба монанди «Шохнома»-и А.Фирдавсй, «Таърихи Табарй»-и Балъамй, «Таърихи Бухоро»-и Байхакй, «Зайн ул ахбор»-и А. Гардезй, «Китоб ут тафхим» ва «Осор ул бокия»-и Абурайхони Берунй, «Наврузнома»-и Умари Хаём ва гайрахо чун Каюмарс дар мулки Ачам ба подшохй нишаст, хост айёми солу мохро ном нихад ва таърих созад, то мардуми Ачам онро бидонанд. Он Бомдод офтоб ба бурчи хамал рост омад ва мубадон чамъ омада, таърихро аз он огоз намуданд. Онхо солро ба 12 мох, ё 12 бурч Фарвардин (Хдмал), Урдубихишт (Савр), Хурдод (Чдвзо), Тир (Саратон), Мурдод (Асад), Шахривар (Сунбула), Мехр (Мизон), Обон (Акраб), Озар (^авс), Дай (Чдддй), Бахман (Давл), Исфанд (Хут) таксим намуданд. Аввали солро Навруз, яъне «Рузи нав» ном ниходанд.

Мувофики «Наврузнома»-и Умари Хайём чашнвораи Навруз такрибан 5 хазор пеш аз пайдоиши ислом дар давраи шохони пешдодй Каюмарсу Чдмшед ба вучуд омадааст. Ва хар касе, ки Наврузро бо хуррамй чашн гирад, то Наврузи дигар умр дар шодй ва хуррамй гузаронад.

Абурайхони Берунй дар «Китоб ут тафхим» кайд намудааст, ки Навруз нахустин рузи Фарвардин ва пешонаи соли нав аст. Инчунин дар асари безаволаш «Осор ул бокия» дар асоси чамъбаст намудани ривоятхои муаллифони антика рочеъ ба Навруз чунин маълумот

додаст: «Ва чанде аз муначчимони (донишмандон) бозорй мегуянд, ки чун Сулаймон ибни Довут ангуштарини хешро гум кард, салтанаташ аз дасти у берун рафт. Ва пас аз чил руз боз Сулаймон ангуштарини худро пайдо намуд ва подшохй бар у баргашт ва мургон бар даври у гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: Навруз омад!, яъне «Рузи нав» омад. Гузашта аз ин, мутафаккири бузург дар бораи баъзе хусусиятхои Наврузй: бар руи хамдигар об пошидану савгот такдим намудан чунин маълумот додааст: «Ва Сулаймон бодро амр кард, ки уро бардорад. Ва парастуе дар пеши руйи у пайдо шуд, ки мегуфт: «Эй подшох, маро ошёнест, ки чанд тухм дар он аст, аз онсутар рав, ки ошёни маро дархам нашиканй. Пас Сулаймон самти харакати худро дигар кард ва чун ба замин фуруд омад, парасту бо минкори хеш кадре об ба руи Сулаймон пошид ва як рони малахро низ хадя овард. Ва аз ин чост, ки мардум дар Навруз ба хамдигар об мепошанду тухфахо такдим менамоянд. Дар чои дигар менависад, «чун Чдмшед ба подшохй расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рузро, ки рузи тозае буд Чдмшед ид гирифт, агарчй пеш аз ин хам Навруз бузургу муаззам буд».

Эрониён бар он акидаанд, ки дар ин руз найшакар ёфт шуд ва хар чуби хушк дар ин руз сабз мешавад. Ин расм пойдор монд ва эрониён дар рузи Навруз дар гирди хонаи хеш хафт хел галла бар хафт табак мекориданд. Дамчунин, эрониён пайдоиши Наврузро ба зодрузи Каюмарсу Душанг, девонро маглуб кардани Тахмурас, Зардуштро ба пайгамбарй пазируфтани Ахуромаздо нисбат медиханд. Бинобарин фармудаанд, ки хар кас дар бомдоди Навруз шакар бичашад ва бо равгани зайтун тани худро чарб кунад, дар хама сол аз анвои балохо солим хохад монд [1,235]. Ин чашн эхёи табиат, рамзи пирузии куввахои ахуромаздой бар ахриманй, нур бар зулмот гармй ба сардй мебошад.

Баъди макоми байналмилалй пайдо намудани Навруз дар гушаю канори Ч,умхурии Точикистон суннату анъанахои наврузй аз нав эхё гардиданд. Дар Самарканду Бухоро ва минтакахои водии Зарафшон маросими «Гулгардон» ё «Бойчечакгуй», дар Исфара «Сайри лола» ё худ «Сайри гули лола» ва дар нохияи Деваштич (собик Еончй) «Иди арусон» ё «Чдшни арусон» баргузор мегардад.

Фолклоршинос Рашид Крдиров доир ба тачлили Навруз дар дехаи Варгонзаи водии Кашкадарё чунин ишора намудааст, «иди Навруз дар байни мардуми дехот ба монанди шахрхои хокимнишин пурхашамат набошад, хам вале бо шодию хурсандй газаронида мешавад. Дар як оила барои пешвоз гирифтани ид ба кадри хол тайёрй медиданд. Агар имконият дошта бошанд, ба худ ва фарзандон либоси нав медухтанд, агар имконият надошта бошанд, либосхои кухнаро шуста тоза мекарданд. Хонахоро руфта чизу чора ва гилему курпахояшонро ба хаво (ба беруни хона - С.Е.) мебароварданд. Рузи ид зану духтарон ба абрувон усма, ба чашмон сурма ва ба даст хино баста либосхои наву тоза мепушиданд[2, 39].

Одамон боварй доштанд, ки агар Наврузро бо либосхои наву тоза ва хонаи озода пешвоз гиранд тамоми сол хушу хурсандона зиндагй намуда, ба муроду максад мерасанд.

Тачлили Наврузи Бадахшон таърихи бисёрхазорсола дошта, он аз маросимхои «чуфтбаророн», «чоршанбесурй» ё «аловпарак», «чоруббандон», «хонатозакунй», «хонатаконй» ва «салом-салом», «хонагаштак» ва гайрахо иборат мебошад. Бадахшониён дар тамоми даврахои таърих, хатто дар замони собик Иттиходи Шуравй Наврузро бо шукух чашн мегирифтанд. Навруз, ки ба сардии зимистон, норасогии коху беда ва дигар мушкилихои иктисодй хотима мегузошт, онро бесаброна интизор гардида, барои тачлили он тайёрй медиданд. Пеш аз тачлили Навруз мулло (халифа) соати саъд (нек ва мувофик) -ро муайян менамуд, мардум мувофики дастури мулло аз паси истикболи чашн мешуданд.

Азбаски дар шароити Бадахшон корхои дехконй бо фарорасии Навруз рост меояд, мардум онро бо номи «Наврузи олам», «Шогун» ё («Шогун- айём») (фоли нек, хайру муборак), «Хидир-айём» (иди калон, иди бузург), «Бат айём» ва гайра тачлил менамоянд. Иди Наврузро «Иди бахор» ва «Иди дехкон» низ меноманд.

Тачлили чашни Навруз аз маросими «чоруббандон» огоз мегардад. Одатан бонуи хона дар назди оташдон (танур) гули хамешабахор (ки онро стирахм меноманд) дармегиронанд ва сардори хона ба он сачда намуда, барои овардани чуби дастаи чоруб ва

химча ба чангал меравад. Баъди баргаштан бонуи хона ба китфи рости у орд мепошид ва мард шибоги (чоруби) сурхро оварда, барои тоза намудани хона чор чоруб - ду дастадор («савора») ва ду бедаста («пиёда») мебандад. Шояд онхо рамзи чор унсури табиат (об, хок, хаво ва оташ) бошанд.

Рузи Навруз субхи солехон ягон одами калонсол курпачаи сурхро дар беруни хона пахн менамояд, ки он рамзи офтоб, алов, гармй ва хурсандй мебошад. Сардори хона дигар аъзоёни оиларо аз хоб бедор менамояд, ки нахорй хурда тамоми чизу чораи хонаро ба берун бароранд. Ва бо чор чоруби бастагй - ду дастадори «савора» шифт, девор ва тамоми тираку сутунхои хона ва ду бедастаи «пиёда» поёни девор ва фаршро руфта тоза менамоянд. Баъди рубучини хона партовро (ахлот, чирк) берун мебароранд, вале дар ин вакт бояд ба ягон одам дучор нашаванд. Чунки сехру балои яксоларо аз хона берун мебароранд. Дар баробари баровардани партов чорубхоро бо руймоли сурх баста ба воситаи равзан ба болои боми хона мепартоянд. Дар дохили руймоле, ки бо он чорубхоро мебанданд, боз ду кулча мемонад. Ва шахсе, ки чорубхоро дар болои боми хона махкам менамояд он кулчахоро хамчун табаррук тухфа мегирад. Ин маросимро «хонабаророн» меноманд, ки баъди тоза намудани хона шифти онро бо орд оро медиханд.

Бонуи хона пас аз хонатозакунй оббозй намуда, либоси нав мепушад. Дар баробари хонатозакунй тамоми ашёи хона ва гилему курпачахоро аз гарду чанг тоза намуда, ба хона меоранд, ки онро «хонатаконй» меноманд.

Чун маросими «хонатаконй» ба охир расад, тамоми гилему курпаро аз гарду чанг тоза намуда, аз нав ба хона медароранд. Вакте, ки чобачогузории чизу чораи хона ба охир мерасад, кудакон бо як чуфти навдаи тару тоза - гулгунчаи беди сурх «Шогун бахор муборак!» гуён вориди хона мегарданд. Модар ё бонуи хона «Бар руйи Шумо муборак!» ё «Барои Шумо муборак!» гуфта, навдахоро аз дасташ мегирад ва ба китфи рости онхо каме орд мепошад. Дар ин муддат мардон чуби бед ё беди сурхро гирифта пусти онро бо корд оро дода, як намуди гул месозанд, ки онро «махак» меноманд.

Баъди хонатозакунй, бонувон сутуну сикфи хонаро бо орд оро медиханд ва мардон, ки аз химчаи бед «качак» ва ё «махак» тайёр намуда буданд, оварда дар сутунхои хона мечаспонанд.

Орд разми бахту саодат ва серию фаровонй мебошад, ки ба фарзандону наздикон дар огози сол - Навруз таманно менамоянд. Дар замони Сосониён хар сол шохон дар рузи Навруз бози сафедро ба хаво сар медоданд ва таомхои наврузиро, ки аз ширу ширбиринч иборат буданд хатман дар болои суфраи сафед мегузоштанд. Дар Бадахшон ба китфи рости тифли навзод, арусу домод ва мехмонони наврузй, орд (сафедй) мепошанд, ки он бо номи «бундъед» хеле маъмул мебошанд.

Дар баробари фарорасии Навруз табиат либоси навро ба бар менамояд ва бадахшониён дар ин руз хонахояшонро аз гарду чанг тоза намуда, бо ин минвол тамоми кинаву адовати яксоларо аз дил берун меоранд. Одамони кахрй аз нав оштй ё ошно мегарданд ва соли навро бо ниятхои нек пешвоз мегиранд. Дар хона дастархони наврузиро бо «хафт сину шин» оро дода хешу табору хамсояхоро ба мехмонй даъват мекунанд ё тамоми хешу табор дар як хона чамъ меоянд, ки онро «хонагаштак» меноманд. Дамдигарро бо фарорасии бахор ва кишту кори дехконй табрик намуда, Наврузро бо раксу суруд ва бозихои гуногун истикбол менамоянд.

Мувофики маълумоти мардумшиносон М.С.Андреев ва А.К.Писарчик ин анъана дар нохияхои Рошткалъаю Шугнон ва Ишкошиму Вахон кариб якхела чашн гирифта мешуд.

Мардумшиноси намоёни рус граф А.А.Бобринской кайд намудааст, ки дар дехахои (нохияхо - С.Е.) Ишкошим, Шугнон ва Шохдара (Рошткалъа - С.Е.) фарорасии Наврузро шахсе харсавор ё аспсавор деха ба деха пахн намуда, мардумро бо фарорасии ид муборакбод менамуд. Дар дехахои номбурда мардум хонахояшро бо орд сафед мекарданд ва ба муносибати чашн аргунчакбозй ва раксу сурудхонй мекарданд[3, 97].

Ин анъанахои дар замони муосир аз нав эхё гардида, занону духтарон ба аргамчинбозию доиранавозй ва бачахо ба бозихои гуногуни наврузй аз кабили давидан, чавгонбозй, бучулбозй, тухмчангандозй, хурусчанг, кабкчанг ва гайрахо машгул

мешаванд. Чдвонон ба гуштингирй, аспдавонй ва бузкаширо баргузор намуда, бехтарин човандозхо дар он ширкат мекунанд.

Дар бархе аз манотики Бадахшон маросими «аловпарак» роич аст. Аловпарак расмест, ки пас аз афрухтани гулхан одамон дар даст ё гардан ришта баста, аз болои оташ мепаранд ва чунин мегуянд: «Зардии ман аз ту ва сурхии ту аз ман». Ин анъана дар шахрхои бостонии Самарканду Бухоро дар рузи туйи хонадоршавй ба тарзи дигар баргузор мегардад.

Дар вакти фаро расидани шом одатан кудакон руймолро ба банд баста ба хонаи хешу табор ва хамсояхо идгардак («килогуз-гуз») мераванд. «Килогуз-гуз» аз «идгардак» бо он фарк мекунад, ки «идгардак» дар иди бурбон, Рамазон ва Навруз субх барвакт огоз мегардад, вале «килогуз-гуз» танхо дар иди Навруз баъди гуруби офтоб огоз меёбад. Кудакон аз болои боми хона ба востаи равзан руймолчахои ба банд бастаро ба хона мепартоянд ва дуои «килогуз-гуз»-ро мехонанд, ки матни он чунин аст:

Килогуз-гуз ба^ор омад, Бо югу сипор омад. Боцак (чормагз) биёр цар -цар бикун,

Равган биёр шар-шар бикун.....

***

Руз Навруз аст айёми ба^ор, Гул шукуфта гашта олам лолазор. Эй падар бархез Наврузи биёр, То турора^мат кунад Парвардигор....

Сохибхона руймолчахоро кушода, чизи дохили онро мегирад ва онро бо кулчаю ширинихо пур мекунад. Мувофики расму оини бадахшониён дар ин руз дархости талбандагон рад карда намешавад ва мувофики имконият ичро мешаванд. Дар замони пеш бештар дар шоми Навруз чавонон ё хешу табори онхо бо максади бунёди оила арусталбон ё гову асп меомаданд.

Як мох пеш аз чашни Навруз дар Бадахшон тачлили «Хирчизун» («Офтоб сари зону» ё «Офтоб дар мард») тачлил мегардад. Зарферо аз омехтаи хок ва пору пур карда, дар он навъхои гуногуни галладона мекориданд. Баъзан донахои омехтаро дар атрофи равзанаи хона низ мекориданд, ки бо таъсири офтоб ва харорати хона тез месабзанд. Аз руи нашъунамо сабза мушохида мекарданд, ки кадом намуди зироати галладонаро кишт мекарданд.

Дар сарзамини Бадахшон Навруз бо «Чуфтбаророн» алокаманд аст, чунки махз дар хамин руз Бобои дехкон аввалин донахои умедро ба замин мекорад. Навруз ва «Чуфтбаророн», ки огози кишту кори кишоварзй мебошад, мувофики маълумоти мардумшинос И.Мухиддинов онро донишмандон аз руи мавкеи чойгиршавии ситорахо муайян мекунанд.

Махз дар хамин руз «Бобои дехкон» дар махалхои офтобруя китъаи замини аз барф беруншуда, барои «соат» чуфт баста, ба кишту кори бахорй шуруъ менамояд. Дар минтакахои гуногуни Бадахшон маросими «Чуфтбаророн» бо ному хусусиятхои гуногун тачлил мегардад. Дар водии Вахон онро «тухмбаророн» ва дар водии Шугнону Шохдара «чуфтбаророн» ё «шудгор» меноманд[4,60-65]. Дар баъзе водихо маросими «Ч,уфтбаророн»-ро кишоварзон бо хурокхои маросимй аввал дар назди чойхои мукаддас -мазор, ки онро «остон» меноманд баргузор менамуданд.

Дар бархе аз дехахои баландкухи манотики Бадахшон, аз чумла дар дехаи Хуфи нохияи Рушон кишту корро дертар дар охири мохи апрел огоз менамоянд, лекин расми «бочбаромад»-ро ба чо меоваранд.

Дар рузи чуфтбаророн» муйсафедон барои «соат» як каф донаи тухмро ба замин мепошид ва шудгор мекарданд. Мувофики акидаи Нисор Шакармамадов дар нохияи Рушон ин амалро муйсафедоне бачо меоварданд, ки авлоди онхо сокинони мукимии ин махал будаанд. Ин авлодхоро дар нохияи Рушон «бункунтсай», дар водии Бачуви нохияи Рушон «дурчй», дар водии Язгуломи нохияи Ванч «файгунай» меномиданд[5, ].

Дар замони пеш аз инкилоб мувофики имконият дар арафаи Навруз ва чуфтбаророн дар баробари дигар таомхои миллй хар як деха аз орди гандум нони калон - «кумоч» пухта, онро бо ширу равган ба идгох мебурданд. Дозирин «кумоч»-ро бо нияте истеъмол менамуданд, ки то соли оянда серу пур ва хурсандона зиндагй намоянд.

«Чуфтбаророн» яке аз маросимхои Навруз мебошад, ки тачлили он ба даврахои хеле кадим тааллук дорад. Дар нохияи Ванч хануз дар баъзе чойхо «Чуфтбаророн» бо номи «Сарчуфтй» бокй мондааст. «Сарчуфтй» дар арафаи Навруз бо нияту орзухои нек огоз намудани кишту кори дехконй мебошад.

Баъди чуфтбаророн зиёфат баргузор мегардад ва атолаи кочиро [6, 51] бо фатиру кулча тановул намуда, яке аз дехконони солхурда ва корозмуда ин дуоро мехонад: «Илоуо, омин, барори кор, арвоуи Бобои Одам дар касбу кор мададгор» ва тухмии бо худ овардаро ба замин пошида, якчанд катор чуфт ронда, югу сипорро аз говон халос мекунад. чуфтбаророн одатан, дар рузи чоршанбе барпо мегардад. Ба кавли мардум, агар соле рузи чоршанбе ба чашни Навруз рост ояд, дехкон аз заминаш хосили дилхох гирифта метавонад.

Дар водии Вахон баъди пешин карибии шом, сардори хона номаълум берун баромада гулхорро гирифта ба хона бармегардад. Пас дар як зарфча тухмии гандум дар зарфчаи дигар гули хамешабахор («стирахм») ва як табак ширбиринчро бо ду нон тайёр карда мемонад. Дар нисфи сабад пору андохта, дар болои он тухми гандум, югу сипорча ва навдахои бедро бо банд баста, болои онхоро бо гулхор мепушонад. Марде бо писар ё бародараш хамаи ин ашёхоро гирифта, ба сари замин мебаранд. Дангоми аз хона бармадан бояд онхоро касе набинад. Баъди ба сари замин расидан одамон дастурхон густурда, хамдигарро табрик мекарданд. Ва гулхорро дар замин гузошта, дар байни он пору холй мекунанд ва сипорро ба замин халонда мемонанд. Яке аз дехконзодаи асил як каф тухмро ба руи пору пошида, расман ба кишту кор огоз мебахшад.

Дехконон баъди чуфтбаророн дар якчоягй хурок хурда, ба хонахо бармегарданд. Дар баробари фарорасии шом сохибхона болои бом баромада, аз равзан кисми бокимондаи тухмии гандумро ба нишони баракати замин боэхтиёт ба даруни хона мепартояд, ки уро кадбону набинад. Кадбону бошад, пешакй сипорчаи дуюмро бо чумчаи чубин баста, мунтазири сохибхона мешавад ва кушиш мекунад, ки хангоми омадани у онхоро аз даруни хона ба воситаи равзан ба руи бом партояд. Агар чумча аз равзан берун барояд, аз руи эътикоди мардум хамон сол шир ва равган фаровон мешаванд ва агар берун намерафт аз кишти зироат хосили фаровон медихад. Баъди баргаштани сохибхона кадбону ба китфи росташ орд - сафедй мепошад.

Субхи рузи дуюми чуфтбаророн барвакт сохибхона барзаговро аз огил ба хона оварда, кадбону дар пешонй ва пушти говхо орд пошида, ба говхо алафу ордоба хуронда, ба огил мебаранд. Ин маросимро то баромадани офтоб анчом медиханд.

Баъди нисфирузй чуфти барзаговхоро аз огил берун оварда, ба пушти гардану шоххояшон равган молида, мегуяд: «Туро барои шудгор мебарам ва бо Иди бахор табрикат мекунам!». Кадбону боз гул хамешабахор ё хазориспандро даргиронда, ба пешонй ва пушти барзагов орд мепошид. Баъди ин дехкон чуфти говро бо югу сипор ва тухмии галла гирифта, сари китъаи замин меравад, ки дар он чо маросими чуфтбаророн баргузор гардида буд. Дехкон чуфти барзаговхоро ба югу сипор баста, тухмиро ба замин мепошад ва камтар шудгор намуда, чуфти барзаговро ба тарафи кибла гардонда меистад. Дар ин вакт кадбону сару руи худро баста атолаи кочй ё ордоб ва нон пухта ба сари замин меояд ва чамъомадаро бо чуфтбаророн табрик гуфта, дастархон мекушод. Пеш аз таомхурй сохиби чуфти гов аввал руи «кочй» молида, ба говон мехуронад, ки баракати кишт ва хосили замин аз бисёр чихат ба онхо вобаста аст[7, 25-29].

Бояд хотирнишон намуд, ки аз давраи кадим то имруз дар нохияи Шугнону Рошткалъа нисбат ба кишоварзй муносибати хайрхохона дошта, маросими чуфтбаророн анъанахои хосро доро мебошад.

Дар нохияи Рошткалъа то охири солхои шастуми асри гузашта аз руи анъана маросими «чуфтбаророн» ва «тухмбаророн» одатан рузи чоршанбе баргузор мегардид. Барои баргузор намудани «чуфтбаророн» хонаеро интихоб мекарданд, ки баромадгохаш

(дараш) ба тарафи офтоббаро бошад. Пеш аз баргузор намудани маросим хонаро тоза намуда, гули хамешабахор ё хазориспандро дар болои оташдон дармегиронданд. Баъд чуфти барзаговро даруни хонаи истикоматй дароварда, дар пеши онхо об, алаф ва атола мемонданд. Мувофики боварии мардум агар барзагов об хурад соли серобй, агар алаф хурад сералафй ва агар атола хурад соли пурфайзу баракат мешавад. Як руз пеш аз маросим бонуи хона хамир намуда, нону фатир ва чор кулчаи майдаю ду кулча дарозшакл мепазад, ки онхо рамзи чашмон ва забони барзагов мебошанд. Барзаговхоро аз обу алаф сер карда, баъди дуои мулло (халифа) ду кулчаи дарозшакл «забонаки гов» - ро ба говхо мехуронад. Кадбонуи хона байни шоххо ва пушти барзаговхо орд (сафедй) пошида, ба шоху гардани онхо равган мемолад. Дар вакти аз хона баровардани онхо бояд саг, гурба ва ягон шахс аз пеш набошад. Чуфти барзаговхоро ба замин бурда, ба таври доирашакл камтар шудгор мекарданд. Дар ин вакт кулчаю атола ва гандумбирёнро оварда, дар даруни он зиёфат меоростанд.

Кобили кайд аст, ки дар баробари «чуфтбаророн» маросими «тухмбаророн» баргузор гардида, як микдор гандум ё нахудро дар деги тафсон бирён менамоянд. Ин анъана кариб, ки дар тамоми минтакахои точикнишин кариб якхела аст.

Мардумшинос РДодиров кайд намудаааст, ки дар дехаи Варгонзаи водии Кашкадарёи Чумхурии Узбекистан ба шоххои барзаговхо равгани загир ва ба нуги шоххо ранги сурх мемолиданд.

Дар нохияи Рошткалъа тахмин як мох пеш аз Навруз марди дехкон барои кишоварзй тайёрй дида, сохтани югу сипор ва онхоро дар рубаруи дари даромад ё дар байни тирчубхои хона овезон карда мемонанд. Ин амали мардум рамзи тайёрй барои фасли бахор ва кишту кор мебошад, ки бояд хар рузу соат омодагй бинанд.

Мардумшинос И.Мухиддинов дар бараи «Рисолаи дехконй» маълумот медихад, ки дар дасти истикоматкунандаи дехаи Рини нохияи Ишкошим Латиф Бодурбеков махфуз мебошад. Дар он оид ба таърихи кишоварзй чунин маълумот дода шудааст: «Аз давраи Дазрати Одам Сафиуллох то Дазрати Мурсал (с) шаш хазору хафтоду хафт Хочаи Дехкон гузаштаанд, ки дар байни онхо хаждах тан машхур буданд».

Инчунин доир ба хусусияти кишоварзй дар рисола кайд гардидааст, ки дар чахор маврид бояд аз кори дехконй худдорй кард: якум, дар хар мох хафт руз ё «Дафтрузон» (сеюм, панчум, сенздахум, шонздахум, бистуякум, бистучахорум ва биступанчум) барои сар кардани кори хайр номуносиб хисоб мешаванд. «Дафт рузи мох нахс бошад». Дуюм, кишоварзй ба тахорат вобаста аст. Сеюм, дар вакти огоз кардани корхои дехконй (шудгор - кишт, хирманкубй ва чоштгирй) касе бояд аз пеш набарояд ва чахорум, дар рузу соати мукаррарй ба кишти зироат сар кардан лозим аст [7, 90-99].

Мусаллам аст, ки касбу кори дехконй озодагию покизагиро низ такозо дорад ва аз ин сабаб он бо Навруз дар як радиф карор дорад.

Бо фарорасии бахори нозанин ва Наврузи дилафруз ба тамоми сокинони Точикистон аз даргохи Худованд саломатй ва хушбахтиро таманно дорам. Эй худованди замину осмон, То ба Наврузи дигар моро расон.

АДАБИЁТ

1. Берунй А. Осор -ул- бокия. - Душанбе, 1990. - С. 235.

2. Кодиров Д. Фолклори маросимии тореволютсионии точикони водии Кашкадарё. -Душанбе, 1963. - С. 39.

3. Бобринской А.А. Горцы верховье Пянджа (Вахонцы, ишкашимцы). - М., 1908. - С. 97 -98.

4. Андреев М.С. Таджики долины Хуф. - Вып. 2. - Сталинабад, 1958. - С. 60 - 65.

5. Шакармамадов Н. Расму оинхои Наврузй дар Бадахшон. - Хоруг, 2011. - С.39-49.

6. Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. -Душанбе, 2015. -С. 51.

7. Мухиддинов И. Земледелие памирских таджиков Вахана и Ишкашима.- 1975. - С. 25- 29, 90 - 93.

НАВРУЗ И ВЫВОД ВОЛОВ НА ПОЛЕ В БАДАХШАНЕ

Сулаймоншо ГУЛОМШОЕВ,

кандидат исторических наук, научный сотрудник отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии им. А.Дониша АН РТ 734025, Республики Таджикистан, г. Душанбе, ул. Раджабовых 7, Тел.: +992 93 526 68 52. E-mail: Gulomshoev@mail.ru

В данной статье речь идёт о древнейших обычаях и обрядах на Навруз в Бадахшане, связанные с земледельческими культурами, которые до сих пор сохранились в некоторых местах Бадахшана и находятся на грани исчезновения.

В сентябре 2009 года древний праздник таджиков Навруз был включен в репрезентативный список нематериального культурного наследия человечества ЮНЕСКО, а в конце февраля 2010 года 64-я сессия Генеральной Ассамблеи ООН объявила 21 марта Международным днем Навруза.

Древний праздник Навруз является символом чистоты, свободы и доброты. Сведения о нем приводятся в исторических источниках как «Шахнаме»-А.Фирдавси, «Тарихи Табари»- Балами, «Истории Бухары»-Байхаки, «Зайн-ул-ахбор»-Гардези, «Китоб ут тавхим» и «Осор ул бокия»-Абурайхана Бируни и «Наврузнаме»-Омара Хайяма.

В Бадахшане Навруз связан с обрядом «Чуфтбаророн» - вывода волов, так как в этот день «Бобои Дехдон» (Дед -Земледелец) сеет первое благодатное зерно.

Ключевые слова: Навруз, новый день, вывод волов, перепрыгивание через огонь, красныя полынь (веник), связь веников, уборка дома, посещение родственников, гуляние по домам, мука, завиток, килогуз-гуз, пахать, суп мучной с молоком, хоккей на траве, бой петухов, бой курапаток, борьба, скачки лошадей, козлодрание.

NAVRUZ AND OUTPUT OXEN IN BADAKHSHAN

Sulaimonsho GULOMSHOEV

сandidat of нistorical sciences, a scientific worker Institute of mstory, archeology and ethnography named after A.Donish Academy of Sciences Republic of Tajikistan 734025, Dushanbe, Republic of Tajikistan, 33Rudaki av., E-mail: Gulomshoev@mail.ru, Phone: +992 93 526 68 52

In this article we are talking about the ancient customs and rites on Navruze in Badakhshan, associated with agricultural crops, which are still preserved in some places in Badakhshan and are on the brink of disappearance.

In September 2009 the year the ancient feast of Tajiks Navruz was included in the representative list of the intangible cultural heritage of humanity by UNESCO, and at the end of February 2010 the year 64th session of the UN General Assembly announced 21 March as international day of Nowruz.

Ancient holiday Navruz is the symbol of purity, freedom and kindness, which provides information about it in historical sources as the "Shahname"-A. Firdavsi, "Tarikhi Tabari"-Balhami, «The history of Bukhara»-Bayhaqi, "Zayn-ul-akhbor"-Gardezi , «Kitob ut tavhim" and "Osor - ul - bokiya" -Aburayhoni Biruni and "Navruznoma"-Omar Khayyam.

Nowruz in Badakhshan is connected with the ceremony of "Chuftbaroron"-output oxen, because on this day "Boboi Dehqon"-Santa-Farmer pours the first fertile grains on the ground.

Keywords: Nowruz, new day,withdrawal of oxen, jumping through fire, link, Associated Brooms, house cleaning, visiting relatives, red brom, flour, Pinstripe, Kiloguz guz, plow, flour soup with milk field hockey, battle eggs, battle cocks,Battle of the Partridge, Wrestling, Horse Racing, goats.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.