Научная статья на тему 'НАВРУЗ -ЧАСТЬ ВЕЛИКОЙ ДУХОВНОЙ КУЛЬТУРЫ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА'

НАВРУЗ -ЧАСТЬ ВЕЛИКОЙ ДУХОВНОЙ КУЛЬТУРЫ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
229
19
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НАВРУЗ / САСАНИДЫ / ИСЛАМ / САМАНИДЫ / МЫСЛИТЕЛИ / ЮНЕСКО / АРИЙСКИЙ НАРОД / ЧЕЛОВЕЧЕСКИЙ ЦИВИЛИЗАЦИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Максадов Хабибулло

В статье приведен анализ и история возникновения древнейшего праздника иранских народов - Навруз, а так же его традиции в современном быту таджикского народа.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

NAVRUZ - PART OF THE GREAT SPIRITUAL CULTURES OF THE TAJIK PEOPLE HABIBULLO MAKSADOV

The article gives an analysis and history of the origin of the oldest holiday of the Iranian peoples Navruz, as well as its traditions in the modern being of the Tajik people.

Текст научной работы на тему «НАВРУЗ -ЧАСТЬ ВЕЛИКОЙ ДУХОВНОЙ КУЛЬТУРЫ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА»

НАВРУЗ БАХШЕ АЗ ФАР^АНГИ БУЗУРГИ МАЪНАВИИ МАРДУМИ ТО^ИК

^абибуллох МАЦСАДОВ,

устоди Донишгохд давлатии тичорати Точикистон, корманди илмии Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии Академияи илмх,ои Ч,умх,урии Точикистон

Мардумони ориёй, ба хусус точикон барои тамаддуни башари мероси бузурги фархангию илми боки гузоштаанд. Дар таърихи башар кам кавме вомехурад, ки ин кадар бузургони чахони аз кабили Зардушт. Куруши Кабир, Барзуи Х,аким, Ал-Бухори, Имоми Аъзам, Мухаммад Мусои Хоразми, Абунасри Фороби, Закариёи Рози, Абуали ибни Сино, Абурайхони Беруни, Абуабдуллохи Рудаки, Абулкосими Фирдавси, Мавлавии Балхи, Умари Хайём, Насириддини Туси ва садхо дигар абармардонро, ки дар риштахои мухталифи тамаддуни илмию маънавии башарият бо осори гаронмояашон номи худро човидона сабт намудаанд.

Калидвожах;о: Навруз, Сосониён, ислом, бузургон, ЮНЕСКО, мардуми ориёй, тамадуни башарй.

Дазорон мероси моддие, ки гузаштагони миллати точик дар бахшх,ои шах,рсозию меъморй (Тахти Чдмшед, катибах,ои Дориюши Кабир дар кух,и Бесутун, касру кушкх,ои Сосониён дар Мадоин, макбараву мадориси Бухорову Самарканд, Марву Машхдд, Саразму Тахти Сангин, Точмахдли Диндустон) оламиёнро ба хдйрат гузоштаанд.

Агар мо ба ин минвол ба дигар бахшх,о, аз кабили х,унарх,ои мардумй, хдйкалтарошй, колинбофй,чубкорй, санъати тасвирй, ихтирооти хату когаз, заргарй, кулолгарй, либосбофй ва дигар бахшх,ои фаъолияти мардуми точик назар андозем, номгуи дастовардх,ои онх,о зиёд мешавад.

Яке аз бошукух,тарин ва арзишмандтарин мероси фархднги миллати мо, ки аз каъри асрх,о ба мо омада расидааст, ин чашни бостонии Навруз мебошад. Навруз ба кавли аксарияти таърихнигорон ва уламои пешин, аз кабили Страбон, Истахрй, Шах,ристонй, Берунй, Хайём, Наршахй ва олимони муосир Мери Бойс, Н. Хаников, Адам Метс, Б. Еафуров, С. Айнй, М.С.Андреев ва дигарон иди миллии аквоми эронй ва эронитаборон аст.

Дар рузгори мардуми ориёй чашнх,ои зиёде мавчуд будаанд ва онх,оро бо суннатх,ои хос чашн мегирифтаанд.Навруз, ки аз горатгарих,ову кушторх,ои Искандари Макдунй, биёбонгардх,ои арабу мугулу турк ва режими коммунистй то ба имруз на танх,о омада расид, балки онх,о онро кабул карданд ва имруз аксарияти онх,о ин иди миллии моро рукни чашнх,ои худ дониста, онро ба таври расмй чашн мегиранд.

Мачмааи Умумии Созмони Милали Муттахдд бо судури як Кдтьнома 19-уми феврали соли 2010 дар 64-умин нишасти худ Наврузро чашни байналмилалй эьлон намуд. Пешнависи ин чашннома аз суи намояндагони Осиёи Марказй, Эрон, Туркия, Озарбойчон, Диндустон, Макдуния ва Албания дар якчоягй тах,ия ва пешних,од шуда буд.

I I 1 Л I, ш: НН^^^^НН« .в «Я V • А * л

ЮНЕСКО-муассисаи илмй-фархангии СММ Наврузро ба Фехристи мероси фархангии чахон ворид кард, ки ин худ эътирофи фарханги миллии точик дар арсаи чахонист.

Навруз аз идхои кадимтарин дар руи Замин буда, хануз аз замонхои кадим мардумони эронитабор онро чашн мегирифтанд. Дар бораи пайдоиши чашни Навруз дар адабиёти таърихй наклу ривоятхои зиёде мавчуданд. Даким Умари Хайём-шоир ва олими бузург, муаллифи таквими дакиктарини хуршедй (асри Х1) ба таърихи чашни Навруз асаре ба номи «Наврузнома» таълиф намуд. Дар ин рисола якчанд ривоятро марбут ба пайдоиши иди Навруз овардааст: «Чун мардум бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки хар 365 руз аз шабонаруз ба аввали дакикаи Дамал боз ояд ба хамон вакт ва руз, ки рафта буд.... ва чун Чдмшед он руз дарёфт Навруз ном ниход ва чашн овард ва аз паси он подшохони дигар онро давом доданд».*

Мувофики ривояти дигар, ки Хайём дар «Наврузнома» овардааст гуфта мешавад: «Чун Каюмарс аввалин мулуки Ачам ба подшохй нишаст, хост ки айёми солу мохро нихаду таърих созад, то онро бидонанд. Бинигарист, ки он руз бомдод Офтоб ба аввали дакикаи Дамал (Барра) омад, мубадони Ачамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин чо огоз кунанд. Чун Каюмарс ин рузро огози таърих кард 365 рузро ба 12 кисмат кард. Дар бахш 30 руз чун чахор кисмат аз ин кисмат бигзарад Наврузи бузург аз нав гаштани ахволи олам бошад».

Сарчашмахои зардуштй гувохй медиханд, ки Навруз чашни ба поён расидани офариниш мебошад, худованд дар офариниши охирини худ саравлоди инсонхо Каюмарс ва хайвоноту рустанихои шифобахшро дар Эронвич офарид, ки дар олам

зиндагиро чорй намоянд ва ин рузро Навруз ва мохро Фарвардин номид, ки маънои ин вожа рушной аст, фуруги зиндагии нав аст.

Чдшни Навруз дар замони подшохи пешдодй Чдмшед ба расмият даромадааст. Абурайхони Берунй дар «Осор ул-бокия» муфассал дар ин бора овардааст. Чдшни Навруз дар замони Дахоманишихо, Ашконихо, Сосониён ботантана чашн гирифта мешудааст. Мувофики ахборе, ки Берунй дар «Осор-ул-бокия» овардааст эрониён гумон меравад, ки аввалин кавме бошанд, ки барои солу моххо таквим сохтаанд. Зардушт, ки худ хаким буд, рузхоро то 365 рузу чанд соат таксим намудааст ва соатхои бокиро кабиса кунондааст.*

Страбон таърихнигори антикаи юнонй овардааст, ки Навруз чашни мухими эрониён ба хисоб мерафтааст. Чдшнгирии Навруз хануз дар адабиёти хаттии зиёда аз 8 хазорсолаи точикон «Авасто» зикр шудааст. Аз ахбороти гузаштаи ба даст омада маълум мешавад, ки чашнгирии Навруз дар рузи баробаршавии шабонарузй (21-22 март) бевосита ба таквими шамсие, ки хануз 8 хазор сол пеш аз ин аквоми эронй аз он истифода мекарданд, алокаманд аст.

Хусусияти дигари мухими Навруз он аст, ки он аз дигар таквимхои мардумони сахроиву чорвопарвар, чашни мардумони зироаткору шахрнишин аст. Яъне он чашни мардумони зироаткор буда, мувофики таквими шамсии кадимаи мардумони ориёй дар мохи Фарвардин баробар ба 21-22 марти таквими григорианй хар сол чашн гирифта мешавад.

Хайём, Берунй ва Фирдавсй пайдоиши ин иди бошукухро баробар бо офаринишини Олам медонанд ва тачлили онро бо нахустодам Каюмарс нисбат медиханд. Пас хадс задан мумкин аст, ки ин идест, ки инсонхо аз кабилаи авлодию сахрогардй ру ба кишоварзию шахрдорй ва аввалин давлатхо овардаанд, зич алокаманд аст.

Иди Навруз дар ахди императории Сосониён бо шукуху шахомати хос мегузаштааст ва расман чашни соли нав эълон мегардад. Абурайхони Берунй инчунин дар «Осор ул-бокия» овардааст, ки: «Ва оини Сосониён дар ин айём чунин буд, ки подшох ба рузи Навруз шуруъ мекард ва мардумро эълон менамуд, ки барои эшон ба тахт омадааст, ки ба эшон некй кунад. Ва рузи дувумро барои дехконон чашн мегирифт. Ва рузи сеюмро барои сипохиён, рузи чорум барои ахли байт ва наздикони худ. Рузи панчум барои хонавода ва ходимони худ, рузи шашум аз хама фориг мешуд барои худ Навруз чашн мегирифт».*

Чи хеле, ки Берунй хабар медихад мохи аввали солхоро дар Эронзамин ахли Форс - Фарвардин, Сугд - Навсард, Хоразм - Навсорчй, Сичистон - Кавоз меномиданд ва дар аввали рузи ин мох барои хамаашон Навруз огоз мегардид.

Мувофики ривояти таърихй, ки академик Юсуфшох Яъкубов дар китобаш «Гохномаи Авестой»* овардааст, 25 руз пеш аз фарорасии Навруз дар дарбори шохй 12 сутун бо косахои пур аз хок мегузоштанд ва дар онхо тухми 12 намуд зироатро мекоштанд. Рузи 6-уми Навруз сабзаи ин зироатхоро олимони набототшинос фол медиданд ва хосилнокии онхоро дар соли нав пешгуй мекарданд.Дастархони 7 шин: шарбату шароб, ширу шакар, шамъу ширинй, ширбиринч: 7 мим: мургу мохй, маскаю мост, мавизу мураббо ва мева: 7 син: сабза, кишмиш (сабз), себ, санчит, сирко, суманак, сабзй орогари мизи Наврузй буд.

Умари Хайём овардааст, ки шох дар майдон тахтро мегузошт ва Мубади мубадон ба у наздик мешуд бо чоми заррини пур аз май, ангуштарин, динор, дирам, чави сабзааш баромада, шамшер, камону тир, давоту калам ва уро ситоиш мекард.

Таърихномахои кадими аквоми эронй хикоят мекунанд, ки дар рузи Навруз бисёр хостахо амалй мешаванд.

Масалан, дар ин руз Фаридун чахонро ба писарони худ кисмат намуд. Дар ин руз камонкаш Ораш бо партоби тир сархадоти Эронзаминро то Фаргона муайян кард. Дар ин руз Кайгуштосп дини масдоясноро аз Зардушт пазируфт. Дар ин руз растохез фаро хохад расид. Худованд дар ин руз ёкутро офарид ва зинати Навруз гардонид.

Шоирони гузашта аз устод Рудакй сар карда то ба имруз дар осорашон Наврузро васф намудаанд.

Сарчашмаи дигар барои шинохти Навруз «Шохнома»-и Абулкосими Фирдавсй аст, ки мувофики ривояти он дар давраи Каюмарс-подшохд аввали Ачам баробаршавии шабу рузро дарёфтаанд.

Дар осори мусикии суннатии мо махсус макомх,ои Наврузй аз кабили «Боди Наврузй»,«Наврузи бузург»,«Наврузи Кайкубод», «Наврузи Маздак», «Сози Наврузй», «Рохдти Хусравонй», «Наврузи Ачам» ва гайрах,о аз чониби мусикидонону навозандагон эчод гардидаанд, ки имруз кисме аз онх,о дар мусикии классикии мо «Шашмаком» пойбарчост.*

Навруз дар даврони исломй низ чойгох,и вижае дошт.

Дар ин бора ахбороту ривоятх,ои бузургони ислом, ки хело зиёд таьбиру тавсиф шудааст, далолат мекунанд.

Имом Бухорй дар «Ат-таърих-ул-кабир» аз Даммод ибни Салама, аз Алй ибни Зайд,

аз Сиьри Тамимй чунин ривоят мекунад: "Барои Алй (р) фолуда оварданд. Алй (р) пурсид: ин чист? Гуфтанд: имруз Навруз аст. Алй (р) фармуд: хар рузро Навруз кунед". («Ат-таърих ул-кабир», Бухорй, ч 1, с. 414).*

Захабй дар «Сияр-ул- аьломин-нубало» аз Мукаррам ибни Ахмади ^озй, аз Ахмад ибни Абдуллох, ибни Шозони Марвазй, аз падараш, аз чаддаш ривоят мекунад: аз Исмоил шунидам, ки мегуяд: ман писари Даммод, писари Абуданифа, писари Нуьмон, писари Собит, писари Марзбон, аз форсхои озода хастам. Ба Худо савганд, ки хеч гох дар миёни мо бардагй набуд. Падарбузургам (Абуданифа) дар соли 80-и камарй ба дунё омада аст. Чаддам Собит назди А лй ибни Абутолиб (р) рафт, дар холе ки хурдсол буд, он гох Алй (р) барои у ва фарзандонаш дуои баракат кард ва мо умедворем дуои Алй (р) дар хакки мо ба ичобат расад". Сипас, ривоятро чунин идома медихад: "Нуьмон хамон касест, ки дар рузи Навруз барои Алй (р) фолуда бурд. Алй (р) фармуд: хар рузро

Навруз созед". * Ровй мегуяд: "Бархе гуфтаанд, ки рузи Мехргон буд ва Алй (р) фармуд: хар рузро Мехргон кунед". («Сияр-ул- аъломин-нубало», Захабй, чузъи 6, сахфаи 395 аз «Ал-мактабат- уш-шомила»).* Ин ривоят хамчунин дар «Вафаёт-ул-аъён», «Тахзиб-ул-асмо», «Такриб-ут-тахзиб», «Таърихи Багдод» ва дигар манобеи муътабар ворид шудааст.

Берунй дар «Осор-ул-бокия» овардааст: "Овардаанд, ки дар Навруз, чоме пур аз халво барои пайгамбар (с) хадия оварданд. Он хазрат пурсид: "Ин чист?" Гуфтанд: "Имруз, рузи Навруз аст". Пурсид: "Навруз чист?" Гуфтанд: "Иди бузурги эрониён аст". Фармуд: "Оре, дар ин руз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард". Пурсиданд: "Аскара чист?" Фармуд: "Аскара, хазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг, тарки диёр карда, сар ба биёбон ниходанд ва Худованд ба онон фармуд: Бимиред. Пас мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрхоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин руст, ки суннати об пошидан (дар Навруз) ривоч ёфта аст". Он гох аз хдлво тановул кард ва чомро миёни асхоб кисмат кард ва фармуд: "Кош хар руз барои мо Навруз буд". («Осор-ул-бокия», с. 230).*

Фирузободй дар «Ал-комус» овардааст: "Микдоре халво барои Алй (р) оварданд. Пурсид, ки ин чист? Гуфтанд, ки барои Навруз аст. Фармуд, хар рузи мо Навруз аст. Ва дар Мехргон гуфт, хар рузро барои мо Мехргон кунед". («Ал-комус», Фирузободй, ч. 2, с. 279).*

Адам Метс дар асари машхури худ «Эхёи исломй» овардааст, ки дар дарбори халифахои Аббосй дар Багдод дар катори иди Фитр ва иди бурбон, Навруз низ иди расмии хилофат буд. Аббосихо мисли Сосониён дар дарбори худ базми бошукух барпо мекарданд ва тухфахо медоданд, ба хамдигар об мепошиданд, касидахонй мекарданд, муганихо нагмаорой мекарданд ва то сахар базм давом меёфт.

Дар дарбори Сомониён низ мисли Сосониён Наврузро бошукух чашн мегирифтанд. Сурудхонй, касидасарой дар васфи Наврузу бахор то субх идома меёфт, ки сари сабади базм устод Рудакй буд ва бо касидаву бахорияхои худ хозиринро ба вачд меовард.

Феълан чун анъана дар манотики точикнишини Осиёи Марказй ин иди бошукух бо хусусиятхои рангоранги ба худ хос тачлил мегардад. Бо таваччух ба ин ки мардумони Осиёи Марказй равобити хуби таърихй доштанд чашни Навруз дар миёни кишвархои туркзабони минтакаи Осиёи Миёна, ба вижа узбакхо, киргизхо, казокхо ва туркманхо низ дар натичаи равобити фархангй, ичтимой, иктисодй ва мавкеи чугрофй густариш ёфтаааст. Доло ки дар шахрхои точикнишине, аз кабили Самарканд, Бухоро, Насаф, Тирмиз, Дехнав, ки мардуми точик аз кадимулайём сукунат доранд ва мардуми тахчоии ин манотик точик хастанд, сунан ва анъаноти Навруз хифз шуда ва мардуми узбак низ бо чунин расм аз Навруз тачлил ба амал меоранд. Дар манотики мухталифи Узбакистон гизои наврузй -суманак омода карда мешавад, ки мардуми ин кишвар сумалак мегуянд

Мавсими пеш аз соли нав (Наврузй) «гулгардонй» ё «бойчечак» ном дорад, ки кудакон дар он иштирок мекунанд. Баъди давраи «гулгардонй» мардум хонаву манзилхои худро тамиз мекунанд. Дар рузхои ид занхо бо хамдигар гулоб мепошанд, то ки соли нав таборак ояд. Дар мохи наврузй дастархон аз хурданихои суманак, самбуса, халво ва анвоъи мевачот оро дода мешавад.

Дар рузхои ид хар гуна бозихои миллй: гуштингирй, бузкашй, дорбозй, масхарабозй, инчунин хурусчанг, кабкчанг ва гайрахо барпо мегардид. ^ариб дар тамоми манотики точикнишин расми «чуфтбаророн», яъне огози киштукори соли нав гузаронида мешавад.

Дар бораи Навруз ва бузургии он дар хотирахои мардуми мо ривоятхои зиёд мавчуд аст. Каюмарс, ки нахустин подшохи чахон аст, дар рузи Навруз аз модар таваллуд шудааст. Душанги Пешдодй дар хамин рузи фархунда таваллуд шудааст .

Фаридун дар ин руз кишвари пахновари Эронро дар миёни се фарзанди худ-Эрачу Салм ва Тур кисмат намудааст. Зардушт дар ин руз ба дунё омадааст . Зардушт дар хамин руз аз суйи Ахуромаздо ба пайгамбарй баргузида шудааст. Ривоят аст, ки Худованд Одамро дар ин руз офаридааст. Дазрати Иброхим дар ин руз Каъбаро аз бутхо пок кардааст.

Бинобар акидаи имомия (шиаи дувоздахимомй), рузи ба макоми хилофат расидани хазрати Алй (ъ) дар рузи Навруз будааст.

Дамин тавр, ин иди сирфан миллии мо аз казову кадар гузаштаву то ба имруз ба мо омада расид ва хатто чашни ачнабиёне, ки моро ва Наврузро аз байн бурдан мехостанд карор гирифт ва имруз дар аксари мамолики исломй, инчунин Аврупову Амрико хамчун чашни байналмилалй тачлил карда мешавад.

Дар даврахои сулолахои Пешдодиён, Каёниён, Сосониён, Ашкониён ин иди миллии мо чахонй буд ва дар даврони баъдй хам милали арабу турк, хинд, кибтию сурёнй ва аквоми дигари олам онро чашн мегирифтанд. Аммо бо ба тасвиб расидани Кдтъномаи СММ он макому манзалати худро хамчун мероси фархангии як миллати бузург, яъне точик дар тамоми чахон аз нав болотар бурд ва ин миллат нишон дод, ки чй хиссаи бузурге ба таммадуни башарй додааст ва хохад дод.

Боз Навруз омаду дил шуд цавон, Куунашауру куунаманзил шуд цавон. Ме^р шуд бедор дар %афт осмон, Офтобо, эй фуруги сад цауон, То ба Наврузи дигар моро расон.

АДАБИЁТ

1.Фирузободй, «Ал-комус», ч. 2, с. 279).

2.Абурайхони Берунй, «Осор-ул-бокия», с. 230).

3. Захабй «Сияр-ул- аъломин-нубало», чузъи 6, с. 395.

4. Бухорй «Ат-таърих-ул-кабир», ч. 1, с. 414.

5. Юсуфшох Яъкубов, «Гохномаи Авестой».

6. Умари Хайём, «Наврузнома».

7. Адам Метс, «Эхёи исломй».

НАВРУЗ -ЧАСТЬ ВЕЛИКОЙ ДУХОВНОЙ КУЛЬТУРЫ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА

Хабибулло МАКСАДОВ

В статье приведен анализ и история возникновения древнейшего праздника иранских народов - Навруз, а так же его традиции в современном быту таджикского народа.

Ключевые слова: Навруз, Сасаниды, ислам,Саманиды, мыслители, ЮНЕСКО, арийский народ, человеческий цивилизация.

NAVRUZ - PART OF THE GREAT SPIRITUAL CULTURES OF THE TAJIK PEOPLE Habibullo MAKSADOV

The article gives an analysis and history of the origin of the oldest holiday of the Iranian peoples Navruz, as well as its traditions in the modern being of the Tajik people.

Keywords: Navruz, Sasanidi, Islam, thinkers, UNESCO, Aryan people, human civilization.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.