Научная статья на тему 'НАВРУЗ КАК ПЕРВОИСТОЧНИК ПО ИСТОРИИ ТАДЖИКОВ'

НАВРУЗ КАК ПЕРВОИСТОЧНИК ПО ИСТОРИИ ТАДЖИКОВ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
64
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НАВРУЗ / БАДАХШАН / ДЕНЬ / ДОМ / ТАДЖИКИСТАН / ПРАЗДНИК / СОЛНЦЕ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Гарибшоев Гарибшо

В статье рассматриваются некоторые обрядовые элементы праздника Навруза в Г орном Бадахшане и особое ударение делается на счете времени по телу человека.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

NOWRUZ AS A MAIN SOURCE ON THE HISTORY OF TAJIKS

This article discusses some of the ritual elements of the holiday of Navruz in Gorny Badakhshan and particular emphasis is placed on the account of time on the human body.

Текст научной работы на тему «НАВРУЗ КАК ПЕРВОИСТОЧНИК ПО ИСТОРИИ ТАДЖИКОВ»

БА ИСТИКБОЛИ НАВРУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

«Баргузории Навруз дар сат^и ца^они моро вазифадор менамояд,ки расму ойищои неки наврузии замон^ои ку^анро аз нав э%ё намуда, ба он^о шуку^у ша^омати тоза бахшем.»

Эмомали РАХ,МОН НАВРУЗ САРЧАШМАИ ТАЪРИХИ ТО^ИКОН

Гарибшо ГАРИБШОЕВ,

номзади илмхои фалсафа, директори Филиали Донишкадаи чумхуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи маориф дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон

Дар ма^олаи мазкур аслан перомуни баъзе масоили тачлили чашни Навруз дар Кухистони Бадахшон сухан меравад. Муаллиф махсусан ба та^виме, ки аз руйи андоми одам хисоб карда мешуд, таваччухи хоса додааст.

Калидвожах;о: иди Навруз, шедпоши, зару зевар, рузи нав, Навруз, хирпичор, равзан, русумоти бостони, нацши ориёи, гулнацш^о, килогуз-гуз, савгот, хонаи Бадахшони.

Бо пешниходи Президенти Ч,умх,урии Точикистон, Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон ва амалхои арзишманди минбаъдаи рохбарияти Дукумати Ч,умх,урии Точикистон, бо чонибдорй аз давлатхои Эрон, Афгонистон, Туркия, Казокистон, Туркманистон, Киргизистон, Диндустон, Озарбойчон, Макдуния, Албания ва дигар мамлакатхои Ховари Миёна, 23-юми феврали соли 2010-ум Катъномаи Мачмаи Умумии Созмони Милали Муттахид кабул шуд, ки дар он 21-уми март рузи тачлили хамасолаи Навруз - ба унвони чашни байналмилалй эътироф гардид. Дар сатхи чахонй чунин тадбирандешй бахри эхёи таърихи иди Навруз ва тачлили хдмасолаи он барои миллати точик, ки посдоранда ва намояндаи аслии ин чашн аст, як тафохури бузурги таърихй мебошад.

Ачдодони бостонии миллати точик- пешдодиёну хахоманишиён, сосониёну сомониён иди Наврузро чун мероси пурарзиш, дар пояи дилбастагиву эътикоди кавии мардум, новобаста аз таъсири фархангхои бегона ва сиёсатбозихои замон, бо чилои тоза ба наслхои минбаъда бокй гузоштаанд. Аз чумла, бо вуруди дини мубини ислом, таргибгарони он бо максади зиёд намудани пайравонашон ва тахкими пояхои ин дин, аз суннатхои иди Навруз хеле мохирона истифода бурдаанд. Аз дигар тараф, иди Навруз зери ин таъсирот ва афкору андешахои нав, хатто дар хифозати минбаъдаи динй карор гирифту мазмунан дурахши бештаре пайдо намуд ва пайравонаш низ афзуданд.

Баъдан, баробари рушди илму фарханги ориёй, ин чашни арзишманду мукаддас бештар муаррифй ва эътироф гардида, то дарачае ба фарханги дигар кавму миллатхо ворид гардид, ки то холо баъзеашон онро танхо моли фарханги хеш мехисобанд, гарчанде Навруз аллакай чашни умумибашарист.

Тахкик ва эхё намудани оину анъаноти бостонии Навруз- хамчун арзиши бебахо ва минбаъда сатхи баланди бузургдошти он, барои меросбарони он-миллати точик бояд вазифаи мукаддас ва хамешагй бошад. Мавчудияти суннатхои зиёди бостонии иди Навруз дар Ч,умхурии Точикистон, дар исботи кадимй будани Ватани ин чашн ва миллати фархангии он як далели кавиест. Ва бархак, «Точикистон Ватани Навруз аст».

Тибки осори таърихии хаттй ва ривоёт, аз давраи хукмронии Ч,ам (Йама аз «Вандидод»)-чорумин шоханшохи Эрон, Навруз ба сифати рузи аввали фасли бахор ва огози Соли нав пазируфта шудааст. Ва ба фикри мо, асли яке аз он ривоят бояд ин тавр бошад: Субхе барвакт Йама (Ч,ам) ба тахти барояш аз зару зевар ва гухари басо пурчило сохташуда мешинад. Субх вакти аз Хур (Офтоб) шедпошй- («нурпошй»)- (вацти

«хиргирах» дар забонуои помири), ба тахту точ ва либоси ялаккосии шохй, атроф гуё ба чандин маротиби дигар рушану чилвагар мегардад. (Имруз уам дар забонуои мардуми Рушону Шугнон ва Вахони Ишкошим на вожаи офтоб, балки синонимуои он «хур»,«хир» ва «ир» истифода мешавад). Афзуншавии нурпошй аз хисоби тахт ва либоси пурчилои шохй лахзаи пурфарах ва эхсосу хушиву сурур дар ин чамъомади мардум ба вучуд меорад, ки хамагон ба табрику шодбошй, тухфасупорй ба хамдигар ва ба шох мепардозанд. Ва он лахзахо халк шох Йамаро монанд ба Хур (Офтоб) намуда, ба номи шох Ч,ам исми «шед» (нур, рух)-ро илова мекунанд.

Дар лугатхои маъмули таърихй «шед» ибораи авастоии «хшаета» буда, рух(аф)шон, нур(аф)шон (решааш калимаи «рух» аст, ки дар забонуои то ба имруз мауфузмондаи мардуми Кууистони Бадахшон серистифода аст), маънидод мешавад. Шох (Ч,ам+шед) монанд ба Офтоб нурпошанда ном мегирад ва он рузро дигар «рузи нав» ном мениханд. Дар ин бора, Даким Фирдавсй дар «Шохнома»-и безавол низ чунин овардааст;

.. .Чдхон анчуман шуд бари тахти уй, Шигифтй фуру монд аз бахти уй. Аз он бар шуда фарраи бахти у, Ба Чдмшед, бас гавхар афшонданд. Мар он рузро «рузи нав» хонданд...

Даким Умари Хайём хамчунин иллати ном ниходани Наврузро ба гардиши Хуршед дар сесаду шасту панч шабонаруз вобаста дониста, баргашти Хуршедро ба рубъи аввали Дамал (барра) рабт додааст. Яъне Хуршед ба хамон рузу дакика, ки рафта буд, бад ин дакика натавонад омадан ва хар сол аз ин муддат хаме кам шавад. Ва дар рузи «Ба Чдмшед, бас гавхар афшонданд» рост омадани баргашти Хуршедро, бад-ин хотир шох Ч,ам «рузи нав» ном ниход ва чашн орост. Пас аз ин, дигар подшохон ва мардумон ба у пайравй намуда, Наврузро чашн мегирифтанд.

Мардуми бостонии Бадахшони Точикистон Наврузро-Хидарайём, яъне иди калон-бузург гуфта, тачлил мекунанд. Ва бузургии ин айд (ид), ба бузургии Хур-Хир-Ир (дар боло ишора намудем) рабт дорад ва ин на Хидирайём, балки Хирайём- иди Хуршед мебошад. Имруз низ хуршедро мардум дар Рушон «хур», дар Шугнон «хир», дар Вахон «ир» мегуянд. Ва дар гуфтугуи мардум калимаву ибороти зиёд бо истилохи хир-хуршед дучор шуда, («хиргирах», «хирпал», «хирнист»,«хирпиг», «хир ар руз», «хиргох», «хирмангох», «хир ар жир», «хирмадор (нахор)», «хирпичор», «хирчизун» ва гайра) дар истеъмоланд. Дамзамон, эътикодот, суннату одатхо ва мазмуни зиндагии ин кавм ба Хир (Хуршед) зиёд рабт дорад.

Иди Навруз пайвандии ногусастаи инсону табиатро ифода карда, макому муносибатхо ва талаботи инсонро танзим ва одату анъаноташро шакл медихад. Ин вобастагии инсону табиатро дар Бадахшон бо зимистони хеле сарду тулонй, сербарфу пур аз шамолхои шадид ва бо камии гизо барои тамоми мавчудоти зиндааш дидан мумкин аст. Бад-ин сабаб, мардум омадани гармии Хир-Хуршед, (Хирайём)-ро, ба хар деху навохии Бадахшон, ки аз хам фаркият доранд, хоса пазмон мешаванд. Ин замон чашнгирии Хирайём, бе назардошти чойгиршавии чугрофй, мушкилоти сиёсй-иктисодй ва ичтимой-маънавй, дар рузхои 21-22 мохи март тачлил мешавад.

Ибтидои чашнгирии Хирайём дар Бадахшон, яъне даври аввал бо огози суннати «хирпичор» (офтоб дар мард) кабул гардида, ба нимаи дуюми хафтаи охири мохи январ ва нимаи хафтаи аввали мохи феврал рост меояд. Ин вакте аст, ки «хир ар руз» меафтад, яъне рух(нур)-и хуршед аз тарики руз (равзан)-и хонаи урфии бадахшонй (андозаи равзана тахминан 1 бар 1 метр), ба дохили хона, ба шахсутун (бо кабули дини мубини ислом ин сутун номи Дазрати Мухаммад- салла-л-лоху алайхи ва олихй дорад), меафтад. Ин тачрибаи таърихй аз вакти баромада рафтани фасли шитой (зимистон) ва омадани фасли гармй, аз фарорасии бахор шаходат медихад.

Баробари риояи русумоти бостонй, таквиме дар истифодаи мардум аст, ки аз руи он холо низ хисоби солро мебаранд. Огози ин хисоб аз руи андоми мард (аз нохун сар карда, то ба магзи сар) гирифта шуда, 96-рузро дар бар мегирад ва ин муддатро «Офтоб дар мард» меноманд. «Офтоб дар мард» ба маънои кувват гирифтани чисм ва табиат («зиндашавии онхо»), бо зиёд шудани гармй, муддати нурпошии бештари хуршед

мебошад. Танхо бо расидани ин нишонахо, тайёр кардани асбобу анчомоти кишту кор дар коргахи охангарй сар шуда, дар Бадахшони камзамин дехконон аз хама беш Навруузро пазмон мешаванд.

Бо даромади мохи хут маколи «...барои одами зинда бахор шуд» боз вирди забонхо гардида, иди Наврузро «сари сол», «сари бахор» ва имруз «соли нав» гуфта, онро интизор мешаванд ва бахри тачлилаш омодагй мебинанд. Ибораи «сар аз буор (бахор)» хеле маъмул буда, мардум бо умеду ниятхои нек, кариб хамаи корхои бузурги сарнавиштсозро аз ин вакт, онро «вакти пурбаракат», «расидани пирузиву шодй аз тарафи Худо» номида, сар мегиранд. Дар Навруз мардум одатан аз корхои анчомдодаашон натичагирй намуда, то Наврузи дигар амалу фаъолияти хешро ба накша мегиранд.

Даври дуюми Шогун (Шох гуна, яъне монанд ба Шох Ч,ам)-и даври Хирайём «хирчизун» (Хуршед дар зону) буда, онро боц айём ва дар баъзе навохии Бадахшон ба(ъ)т айём низ меноманд. Боч ва ба(ъ)т гизохое хастанд, ки дар Хирайём хеле нозукона, бо риояи русумот ва ичрои амалхои махсус пухта мешаванд. Дар бисёри маконхои Бадахшон, дар рузи тачлили ин чашн забх намудани чорвои махсус интихобшуда ва парваришёфта низ анъана гардидааст.

Рухану чисман тоза шудан аз гаждихо ва ба бар намудани либосхои нав, овардани чихози нав ба хона, хонаро аз тамоми ашё ва анчомоти кухна ва нолозим холй карда, дур аз хона бурда, «балохо рафъа» гуфта, сузонидан, талаботи хатмии маросими Наврузист. Дар оташ, ки рамзи Хуршед аст, сузонидани ашёи нолозиму ифлосихо, ба хотири тоза намудани Замини мукаддасу пок-макони сукунату руйишхост ичро мегардад. Дохили хонаи бадахшонй сутунхо, чахорхона (рамзи чауор аносир- об,уаво,оташ,хок) ва тирчубхои бузургу хурд пас аз тоза гардидан, бо орд (сафедй, покй)- бо рамзи дигари ориёй гулнакшхо монда мешаванд.

Кадбону пас аз он, ки хонаро пурра тоза мекунад, ба ахли хона ичозати даромадан медихад. Дар ин маврид агар мехмоне «мехмон баракат меорад!-мегуянд» омада бошад, вай аввал ва пасон кудакону наврасон ва дигарон дар даст химчахои накшу нигоршудаи шабех ба нурхои хуршед вориди хона шуда, «Шогун муборак!» мегуянд. Кадбонуи хона ба китфи рости хар нафари медаромада, бун (орд) пошида, «.ба руйи Шумо муборак!» мегуяд. Бо сафедии орд даруни хона накши ориёй партофтан ва дар суннату маросимхо ба китф андаке орд пошидан мазмуни «балохо (торикй) рафъ гардаду сафедй (рух -равшанй) насибатон шавад»-ро медихад. Ин нишона ва ёде аз фалсафаи ориёй, галабаи хур-хир (шед-нур-рух) бар зулмот (торики) аст...

Сониян, ахли хонавода бо либосхои нав ё тоза шусташуда гирди суфра нишаста, аз анвои бехтарини барои Хирайём тайёршуда муроот мекунанд. Нони гафсу баланди гирдаи чормагзии шабех ба рамзи Хуршед ва махсус пухта шуда,(камоч ё кумоч онро гуянд), болои дасторхон монда мешавад. Нони наврузиро тавре мебуранд, ки буридахои нон («бирухъ» дар забонхои махалй) шакли нурхои Хуршедро (секунча) гиранд. Ва асли калимаи «бирухъ», «ба рух», яъне монанд ба рухи (нурхои) Хир-Хуршед аст ва буридани кумоч низ ба он рабт дорад.

Дар суннати «салом-салом» ба хонаи хамсояхо бо худ бурдани бирухъ, ки гуё рамзи шед(нур) аст, хатмй буда, маънии ба Шумоён нур (рух)-и Хуршед овардам»-ро дорад, то ки соли наватон рух(аф)шон, нурафшон ва пурбаракат бошад. Дар рамзи бирухъ, аввал тачассуми нур-гармии Хуршед ва баъдан хосили он нур-баракат, яъне гизои хурданй (нон-рамзи сериву пурй, ки ба сурати Хуршед шакл дода шуда, пухта мешавад) ифода ёфтааст. Асосан, кудакон, ки хануз дили бекинаву андешаи пок ва дунёи пур аз орзухо доранд, хамчун рамзи покй ба «салом-салом» мераванд. Дар «рузи нав» гаму андух, ноумедй ба сурур ва хушнудй табдил ёфта, аз хурд то бузург аз соли меомада умедхои зиёд интизор мешаванд.

Суннати килогуз-гуз (шолпартой аз рухзан (равзан)-и хона маросими рухафзо ва хеле маъмули ачдодй, бо хондани порчахои шеърии наврузй бо талаби савгот (тухфа)-и Наврузй аз тарафи наврасону чавонон ба ичро мерасад.

Ин Наврузи кухан хамасола аз огози хаёти нав, чавонй, шодкомиву умедворихо пайгом аст. Дар ин руз мардум ба мехмонии хамдигар, ба аёдати нафарони бемору барчомонда рафта, аз холу ахволи онхо бохабар мешаванд. Ба нафарони мухточи ёрй

хайр намуда, манзили охирати гузаштагонро тоза менамоянд. Андешае дар мардуми кудистон маъмул аст, ки дар хонадоне, ки ин чашнро бекинаву гурур бо нияти некй ва бахшоиш, сахову сурур гузаронад, тамоми сол аз баракати Аллод дар сиддативу серй ва холи хуррамиву осудагй карор мегирад.

Бузургии иди Наврузро мардуми Бадахшон дар навбати аввал ба зиндашавии табиат, шунидани навои паррандагон, накдати гулистондо, зебогии даёт ва фаровонии ризку рузй рабт медиданд. Навруз муждарасон аз фасли бадор ва файзбахшу баракатбор дониста шуда, дар дар хонадон ба зарфдои хурди махсус бадри озмоиш тухмидои гуногун мепошанд ва сабзиши ондоро назорат мебаранд. Кадоме аз ин тухмидо тезтару хубтар бисабзад, он навъро ба умеди фаровонии досил он бадор мекоранд.

Замин, ки офаридгоди тамоми неъматдост, бе унсури дигари офариниш, яъне бе нури чонбахши Хуршед ризку рузии мавчудоти зиндаи оламро дода наметавонад. Эътикодварзй ба Хуршед, барафрухтани оташ дар шаби Навруз ва ичрои дигар маросимдо русуме аз кадим аст. Оташафрузй ба хотири баровардани сардидо аз бадан, рафъи фасли дай ва истикболи гармй низ маънидод мешавад. Бузургдошту парастиши Хуршедро нури эзидй, огози рух (равшанй) ва ибтидои даёт низ гуфта, ба суйи (самти) Хуршед партофтани ифлосй, казои дочат намудан, туф кардан ва дигар амалдои нохуб содир кардан гуноди азим дониста мешавад. Ин амалдо аз ифодаи покй, зебоипарастй, маърифатпазирии мардум дарак медиданд.

Имруз шароити озодона кайд намудани иди Навруз фародам буда, зарур аст, ки унсурдои кадимаи он бо кумаки олимону донишмандон, донандагони таърих баркарор шаванд. Тамоми оиндои Наврузй сарчашмаи бузурги ахлокию тарбиявианд ва метавонанд наслдоро ба хештаншиносй, покии зодиру ботин, садокату вафодорй, бунёдкориву созандагй ва зебоипарастй дидоят намоянд.

АДАБИЁТ

1. Абулкосими Фирдавсй . Шоднома, ч.1-Душанбе. 1987

2. Абурайдони Берунй. Осор-ул-бокия.-Душанбе.1990

3. Даким Умари Хайёми Нишопурй.Наврузнома.Армугон.1995,март. №3

4. Ризо Шаъбонй .Одоб ва русуми Навруз,Душанбе .2011

НАВРУЗ КАК ПЕРВОИСТОЧНИК ПО ИСТОРИИ ТАДЖИКОВ

Гарибшо ГАРИБШОЕВ,

кандидат философских наук, директор Филиала Института усовершенствования учителей работников сферы образования в ГБАО

В статье рассматриваются некоторые обрядовые элементы праздника Навруза в Горном Бадахшане и особое ударение делается на счете времени по телу человека.

NOWRUZ AS A MAIN SOURCE ON THE HISTORY OF TAJIKS

Garibsho GARIBSHOEV,

candidate of philosophy sciences, director of Institute for advanced teachers educators in Gorny Badakshan Autonomous Region

This article discusses some of the ritual elements of the holiday of Navruz in Gorny Badakhshan and particular emphasis is placed on the account of time on the human body.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.