БАЪЗЕ АЩДА^О ОИДИ РУШДИ РАЦОБАТ ДАР БОЗОРИ СОХАВЙ
Цамолидинов С. Р.
Донитгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Бобоцон Fафуров
Чахонишавии муносибатхои иктисодй ракобатро дар бозорхо шиддат дода нафакат ба рушди монополишавии онхо, балки ба истифодабарии усулхои ракобати номукаммал, мухорибаи ноадолатона, бартарияти монополй ва вазъи хукмронй мусоидат намуд. Усули ба харакатдарорандаи низоми иктисоди бозорй ракобат махсуб ёфта, бо худ муборизаи агентхои бозориро барои шароитхои мусоиди маблаггузорй ба истехсолот, сохахои савдой - хизматрасонй ва устуворсозии мавкеи худ дар бозор ифода мекунанд. Лекин, дар баробари ин, асосхои ракобатро бархам дода, монополия бо принсипи бархамзании эчодй кор мекунанд, яъне сухан дар бораи рушди хамкории монополй ва агентхои ракобатй меравад.
Омузиши тачдидии ракобати номукаммал аз асри ХХ огоз меёбад. Намояндагони мактабхои гуногуни иктисодй самтхои тахкикотро дар назарияи иктисод тавсия доданд, ки механизми кушиши фаъолияти истехсолкунандагонро барои конеъ намудани талаботи истеъмол-кунандагон тахкик намуда, харакати дарёфти асосй ин чараёнро ва дакиккунии эхтимолияти танзими бозорро бо хамон тарз карданд, ки самаранокии иктисодиёт балантар бошад. Ин равияи тахкикот номи «назарияи бозорхои сохавй», «назарияи иктисоди бозорхои сохавй»- ро гирифтааст. Имрузхо ба масъалаи бозорхои сохавй ахамияти мухим дода мешавад.
Бояд кайд кард, ки назарияи бозорхои сохавй муносибатхоро дар мезо-сатхи низоми иктисодй тахкик намуда, рафтори иштирок-кунандагони муносибатхои ракобатй ва натичаи эхтимолии алока-мандии онхоро дарбар мегирад, таъсири ракобатро ба некуахволии чамъиятй ва дахолати давлатй меомузад [1, с. 60]. Дар тахкикотхои худ А.И. Игнатюк кайд мекунад, ки назарияи бозорхои сохавй огози худро аз тахлили муносибатхои молию пулй ва бозор мегирад ва якчанд даврахои ташаккулу рушди назарияи бозорхои сохавиро чудо намуд (нигаред ба чадвали 1).
Ч,адвали 1
Мархилахои рушди бозорхои сохавй _
Мархилахо Хусусият Намояндагон
1. Охири садсолаи ХУШ-ум ва нимаи аввали садсолаи XIX Тавлиди назарияи бозорхои сохавй дар асоси тахлили муносибатхои бозорй: ракобат, таклифот, талабот, олигополия. Ташаккули асосхои илмй-методологии тахкикоти табиати ширкатхо П. Буагилбер, А. Смит, Л. Валрас, В. Парето А. Маршалл, А. Пигу А. Курно, Ж. Бертранн
2. Охири садсолаи XIX- ум ва аввали садсолаи XX Ташакулли ду самти рушти назарияи бозорхои сохавй: наза-риявй - дедуктивй ва тачрибавй Самти назаривй-дедуктивй: В. Джевонс Ф. Найт, Ф.И. Еджуорт, Ч,. Б. Карл. Самти эмпирикй: А. Берли, Г.Минз, П. Сарджент Флоренс, Ч. Ален, Д. Пихно, П. Фомин, М. Туган-Барановский
3. Солхои 20-70-уми садсолаи ХХ Муттахидшавии ду самти тахкикот, тавлиди назарияи рако-бати монополистй ва ракобати номукаммал. Ташакулли назарияи бозорхои сохавй, инкишофи он дар чор-чубаи самти институтсионалй, мактабхои Гарвард ва Чикаго. Е. Чемберлин, П.Сраффа, Дж. Робинсон, А. Лернер Дж. Бейн, Е. Мейсон Г. Демзетс, Ч. Стиглер Р. Коуз, О. Уилямсон
A. Хербер, И. Шумпетер B. Ойкен, Ч,. Мак-Ги
4. Солх,ои 70-уми садсолаи ХХ ва XXI Рушди муосири назарияи бозорхои сохавй: тахдиди шир-кат, радобати номукаммал, тан-зими давлатии бозор; муаммохои муносибатхои амудй; дифферен-сиатсияи махсулот; тамоюлхои инноватсионии рушди сохахо. Тахлили чахонишавии бозор-хои сохавй, радобати монополй ва олигополй дар бозорхои бай-налхалдй ва хоказо. М. Спенс, А. Диксит, М. Портер, У. Ч. Баумол, А. Волинский, Р. Шумалензи, П. Милгром, Дж. Робертс, А. Алчиян, Г. П. Марвел, М. Уотерсон, Т. Левитт, П. Кругман, М. Мелитс
Дар тахдидотхои олимони мактаби классикии идтисоди сиёсии охири асри ХХ ва огози асри ХХ1-ум давраи якум бо тахдидотхои муносибатхои бозорй: ракобат, талабот, таклифот, олигополия ва ташаккули асосхои илмй-методологии тахдиди табиати ширкат алодаманд аст. Омилхои барпокунандаи радобати амалкунандаи бозори молхои алохидаро намояндагони мактаби навклассикии идтисоди сиёсй омухтаанд. Аз чониби онхо модели радобати мукаммал назариявй асоснок шуда буд, ки аз хисоби гузоштани нарххои боадолатона ба тадсимоти нисбатан натичаноки захирахо дар идтисодиёт мусоидат мекунад.
Буагилбер П. - асосгузори идтисоди сиёсии классикй, яке аз аввалинхо шуда тахдидй самаранокии механизми бозориро дар асоси радобати озод огоз намуда буд. Ин адидаро А. Смит дар кори худ «Тахдидот оид ба табиат ва сабабхои боигарии халдхо» назариявй асоснок намуд. Дар тахдидотхои худ А. Смит мадоми аслии радобатро шаклдарорй намуда, таъсироти онро чун «дасти нонамоён» бахогузорй кардааст. Вай якумин бор муайян намуд, ки азбаски радобат ба тадсимоти нисбатан самараноки захирахо ва истифодаи онхо мусоидат мекунад, пас он химоятгари манфиат ва кафили болоравии некуахволии чамъиятист. Смит нархро чун силохи асосии мухорибаи радобатй маънидод намуда алодамандии талабот ва таклифотро дар бозор дайд кард, зеро зиёдии молхо дар бозор зарурияти радобатро байни фурушандагон пеш меорад, ки нархро ба мол паст мекунад, баръакс камчинии молхо радобатро байни харидорон тавлид мекунад ва ин ба болоравии нарх оварда мерасонад.
А. Смит «мачмуи фоида ва зарарй ба кор бурдани мехнат ва сармоя»- ро муайян кардааст, пас он чунин шарх дода мешавад - радобат дар сифати дуввае баромад мекунад, ки бозорро тавассути таъсири мутадобилаи талаботу пешниход ба нудтаи мувозинат меоварад. А. Смит тасдид мекунад, ки бозгашт ба нудтаи мувозинат фадат дар бозори расида комилан вучуд дорад ва дар чунин холати идтисодиёт: якум - сохаи мазкур (савдо ё саноат) бояд ба хама хуб ошно буда дар бозор истодагарй карда тавонад; дуюм - он бояд дар холати муътадил ё мударрарии худ мавчуд бошад; сеюм - он бояд шугли ягона ва ё асосии онхое бошад, ки худро ба он мебахшанд» [5, с. 112]. Ваъзиятхои дар боло оварда шуда минбаъд ба се хусусияти радобати бозории бенудсон табдил меёбанд ва ва чунин шарх дода мешаванд:
- якум, дастрасии баробар ва том (комил)-и Замаи иштирокчиёни бозор ба маълумот;
- дуюм, ба нархи бозор, шумораи фурушандагон ва харидорон хар кадом дар алохидагй таъсир расонида наметавонад;
- сеюм, аз хисоби он, ки хар кадом истехсолкунанда ба истехсоли маЗсулоти (монанд) якхела махсусгардонида шудааст, набудани махсулоти фардкунанда (дифференсиатсионй) мушохида карда мешавад.
Бозори монополиро тахлил намуда А. Смит ба хулосае омад, ки он дар натичаи «мавриди тасодуфй», ба монанди фармонхои махсуси хукумат ва ё дастрасй ба маълумот надоштани дигар иштирокчиёни бозор ба вучуд меояд. Чи хеле, ки А. Смит менависад, монополия ин «душмани бузурги хочагии хуб» мебошад. Дар баробари ин, монополия ба ташаккули идтисодиёт таъсир расонида тавассути мударрар намудани нархи баланд аз сатхи табии он дороии (вазъи некуахволии) истеъмолкунандагонро паст мегардонад. «Нархи монополй дар хама холатхо баландтарин бахисоб меравад. Нархи табий ё нархи радобати озод, баръакс дар худ нархи пасттаринро ифода мекунад, ки ба он розй шудан мумкин аст» [5, с. 145].
Бояд дайд кард, ки дар тавлид ва рушди назарияи бозорхои сохавй мавдеи махсусро асархои Альфред Маршал ишгол мекунанд, зеро:
- якумин, назарияи идтисодиётро бо самтхои амалии бизнес муттахид намуд;
- дуюмин, марод дошт барои бидуни назар кардан ба ичронанамудани шартхои алохидаи модели радобати номукаммал, гарчанде вай радобатро омили мухими танзими бозор мешуморид.
А. Маршал, барои асоснок намудани назарияи мутаносибият модели радобати мукаммалро тахлил намуд, кадоме, ки чун набудани эхтимолияти таъсиррасонй ба нарххои бозорй бо шумораи зиёди фурушандагон ва харидорони новобаста аз хамдигар ва инчунин дастрасии озод ба бозор тавсиф карда мешуд. У механизми ноилшавиро ба таносубият (баробарвазнй) дар тамоили нарххо аз сатхи мутаносибй дар сифати тагйирёбии хачми фуруш мебинад. Акси пурраи радобат, чй хеле, ки А. Маршал мепиндорад, монополия бахисоб меравад. Дар бозор ё яке, ё дигаре арзи хастй карда метавонад. Агар вазъи бехтарини бозор - ин радобати озод бошад, бараъкси он монополия мебошад, яъне ташкилоте, ки некуахволии чамъиятро паст мегардонад. Маршал мавчудияти алодамандиро байни сарфаркорй дар хачм ва муттамарказии истехсолот дайд намуда, чунин менависад: «Зиёдшавии Зачми истехсолот бартариятро дар назди радибон тез боло мебардорад ва нархро паст мекунад ва имкон медихад, ки махсулоти худро фурушад» [2, с. 401]. У якумин шуда афзалияти истехсолоти калонхачмро шахр дод. Дар баробари ин, мо адидаи бисёр муаллифонро чонибдорй намуда, мепиндорем, ки А. Маршал ба тахлили идтисодиёт дар мезо-сатх тавассути тахдиди бозорхои сохавй дар асоси назарияи ширкатхо ва назарияи бозорхо шуруъ намудааст.
Дар илми идтисодии аввали дарни ХХ-ум тамсилаи статикии радобат ва монополия чун вазъияти бо хам мудобили бозор байни кадоме, ки холати мобайнй вучуд надорад, ташаккул меёбад. Вобаста ба ин гуфтахо Джоан Робинсон назарияи радобати номукаммалро баръакси дигар бозор - радобати мукаммал пешниход намуд ва кушиши бартараф намудани ин фардиятро кардааст. Гуногунии фаъолнокии рафтори ширкатхоро ба эътибор гирифта, Робинсон тасдид мекунад, ки нафадат радобат ва монополия чй хеле, ки то ин дам мепиндоштанд, балки вариантхои дигару гуногуни хокимияти бозорй, яъне радобат байни истехсолкунандагони маЗсулоти тафридавй ва махдудкунии нархй низ метавонанд ба вазъи радобати бозорй таъсир расонанд. У, инчунин як датор дигар хусусиятхои рафтори радобатии ширкатхоро пешниход менамояд, аз он чумла: сатхи сифати маЗсулот, харочотхои надлиётй, муЗлати дарз, хусусиятхои хизматрасонй ба харидорон, надши реклама, нуфузи ширкат. Ба вобастагии байни радобати комил ва чандирии нархии талаботи бозории ширкат ишора намуда, у дайд мекунад, ки «радобати комил дар он сурат афзалият дорад, ки талабот ба махсулоти хар кадом истехсолкунанда комилан (тамоман) ноустувор бошад. Аз инчо бармеояд, якум, шумораи фурушандагон зиёд ва хачми истехсолоти хар кадоме онхо хиссаи нихоят камро аз хачми умумии истехсоли махсулоти дода шуда ташкил мекунад; дуюми ин, ки хамаи харидорон дар муносибат ба имконияти интихоб байни фурушандагони радобаткунанда дар холату вазъияти баробар дарор доранд, бинобар ин дар бозор муносибати радобати комил хукмфармост». Ба фарзияи мувозинаи бозорй равшанй андохта Робинсон дайд мекунад: «соха дар холати мувозинаи пурра дарор дорад, дар сурате, ки тамоюли тагйирёбии шумораи ширкатхои дар он фаъолияткунанда мушохида нагардад. Дар ин холат, фоидаи ин ширкатхо хамчун муътадил ба хисоб меравад» [4, с. 142].
Дар баробари ин, Робинсон монополияро омухта чунин сохахоро ба монанди надлиёти рохи охан, электроэнергетика, саноати газй чудо намуд, ки дар онхо радобат ба назар дошта дудрати хусусиятхои технологй (дар навбати аввал андозаи истехсолот) ичронашаванда аст. Ба адидаи Робинсон «агар шавад, ки дар чунин соха ду ширкат чалб шуда бошанд, онхо мачбур мешаванд ё байни худ радобат кунанд (дар ин хол хеч кадоми онхо наметавонад хатто харачотхои худро руйпуш намояд) ва нисбатан заифтар муфлис мегардад, ё ин ки онхо бояд муттахид гарданд» [4, с. 238].
Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки идеали идтисодиёти бозорй барои Робинсон радобати комил мемонад, ва хар кадом дуршавй аз идеали аналогй дар асл бояд ба таври хатмй таввассути сиёсати давлатй ислох карда шаванд.
Давраи дуюми ташаккули назарияи бозорхои сохавй ба охири дарни XIX ва аввали дарни ХХ таълуд дорад, ки дар асоси тахлили дедуктивй ва эмпирикй (тачрибавй) амалй мешаванд. Чонибдорони самти дедуктивй чунин идтисоддонхо ба монанди Дж. Б. Кларк, В.С. Джевонс, Ф. Найт ва Ф.И. Эджуорт буда дар тахдидотхои худ диддати махсусро онхо ба хачми истехсолот, нарх, таъсир онхо ба самаранокй, дороии идтисодй ва чобачогузории захирахоро чудо намуданд. Амалан, чанбахои таърихй ва институтсионалиро ба эътибор нагирифта, тахдидотхои гузаронидашуда бо маълумотхои эмпирикй ба мувофида оварда нашуда буданд. Ба асоси омузиши бозорхои сохавй моделхои зерин гузошта шуда буданд:
а) ракаботи комил - дар чорчубаи ин модел фаъолияти ширкат аз хакикат дур буд;
б) монополия - ин модел ба хакикат нисбатан наздик буд, лекин дар натича фарзия оиди нестии ракобати хакикй ба вокеъияти мавчуда чавобгу набуд.
Бар хилофи самти якумин, дар натичаи кадоме, ки номувофикии моделхои назариявй ба рафтори аслии бозории ширкат ба миён омад, самти дигари тахлили бозор ва ширкат ташкил гардид ва намояндагони он Дж. Аллен, Флоренс П.С., Г. Минз ва А. Берли ба хисоб мераванд. Чонибдорони ин самт, дар корхои илмии хеш чанбахои амалй ва эмпирикиро тахлил намуда, таърихи рушди сохахои алохидаро тахкик карданд.
Аз солхои 20-70 уми асри ХХ давраи сеюми ташаккули бозорхои сохавй огоз меёбад. Он чун якшавии самтхои алохидаи тахкикот дар асархои илмии П. Сраффи баён карда мешуд, дар кадоме, ки вай номакбулии модели «ракобати комил»- ро исбот кардааст. Инчунин, асархои илмии Эдуард Чемберлин «Назарияи ракобати монополй» ва Ч. Робинсон «Назарияи иктисодии ракобати нокомил» идомаи мантикии тахкикот дар ин самт гаштанд.
Бояд кайд кард, ки модели Чемберлин барои рушди назарияи бозорхои сохавй мавкеъи мухимро доро буд ва барои тахкики чараёни ракобат асос гузошт. Чемберлин, гояи синтези ракобат ва монополияро собит намуда назарияи ракобати монополиро идома дод. Таъкид мешавад, ки тафрикаи махсулот пеш аз хама ба ин навъи сохтори бозор асос карда мешавад. Чемберлин мепиндорад, ки фаркият дар хохишхо, даромадхо, чойи чойгиршавии харидорон ва тафовут дар тарзи истеъмоли молхо ва гуногунрангии талабот ишора намуда зарурияти ивазнамудани консепсияи «идеали ракобатй» - ро ба идеали монополй ва ракобатро дар бар гиранда пеш меорад. Бинобар ин, механизме, ки талаботи афзуда истодаи чамъиятро ба тарзи бехтарин конеъ мегардонад - ин ракобатй монополй мебошад. Х,ар кадом фурушанда дар як вакт хам монополист ва хам ракиб ба хисоб меравад, агар моли вай дифференсиатсияшуда (тафрикавй) бошад. Чемберлин бо назарияи ракобати монополй на факат шакли нархии мухорибаи ракобатиро асоснок намуд, балки мухити нав (гайринархй), яъне тафрикаи махсулот, бехсозии сифат, реклама, баланд бардоштани нуфузи ширкат ва аломати молии онро ошкор намуд. Макоми бузургро дар шароити иктисодиёти бозорй ракобати гайринархй ишгол менамояд. Чемберлин дахолати давлатро ба чараёни бозорй зиёдатй мехисобад, зеро он зарурият надорад. Ба акидаи у, ин созиши пинхонии ширкатхои бузург ё чараёни мукаррарии рушти вазъият дар бозор мебошад ва мамоният намудан ба ин чараён - маънои дур шуданро аз холати бехтарини бозор дорад. Ракобати комилро чун идеали хаёти иктисодй инкор намуда Чемберлин кайд мекунад, ки «дарки пурраи ин холат, ки махсулот доими тафрикавй аст, мохияти муаммои гуногуниро кушода медихад ва мефахмонад - ракобати комилро дар хама муносибатхо дигар «идеал» барои некуахволии иктисодй шуморидан мумкин нест» [6, с. 302].
Дар натича, муамморо тахлил намуда, вакте, ки ширкатхо бо хамдигар ракобат мекунанд, аммо дар натичаи тафрикаи махсулоти сатхи муайян кудрати монополиро нигох медорад, Чемберлин дар ду самт ташшакули назарияи бозорхои сохавиро муайян намуд:
- тахкики рафтори олигополй;
- тахкики рафтори ширкатхои алохида.
Ба акидаи олими маъруфи австриягй Иозеф Шумпетер навоварй омили асосии рушд хисоб раф_та, ба тагйирдодани тарзу воситахои истехсолот ва фуруши молхо мусоидат мекунад. У кайд мекунад, ки навоварй мехвари ракобати навъи нав ба хисоб рафта дар фаркият аз ракобати анъанавии нархй басо хубтар таъсирбахш аст. Аз руйи гуфтахои вай хар кадом навоварй, шароит барои ракобати монополй эчод мекунад. Корхонахое, ки технологияхои кухнашуда истифода мебаранд ва махсулоти харидоргир истехсол намекунанд тавассути механизми ракобат аз бозор танг карда мешавад. Механизме, ки иктисодиётро аз хама кухнашудахо озод мекунад, Шумпетер «вайроншавии офаринанда» ё «баркароркунандаи харобахо» номид. Аз руи гуфтахои И. Шумпетер ракобат ихтисори назарраси харачотхо ва бехтаршудани сифати махсулотро тамин намуда «вай ба ширкатхои мавчуда на бо камшавии фоида ва истехсолот, балки бо муфлисшавии пурра тахдид мекунад» [7, с. 836]. Бинобар ин, иктисодиёт бо туфайли бархамдихии ширкатхои кухна, усул ва гояхо, бар ивази кадоме, ки нисбатан навтаринхо, самаранок ва сердаромадтаринхо меоянд, рушд меёбад. Монополия ва таназзулёбй мафхумхои номувофиканд, зеро чи хеле, ки олими автриягй кайд мекунад - натичаи навоварй мансуб ёфта, монополия натичаи судманди ракобат аст. Ба акидаи Шумпетер «тарзи самаранок андухтани воситахо барои маблаггузории сармояхои иловагй ба соха» метавонад фоидаи монополй бошад. Ба монополистон воситахои истехсолоте, ки ба ракибони онхо дастрас нестанд ё дастрасиашон мушкил аст нисбатан дастрасанд, холати молиявии онхо нисбатан устувортар аст ва ин бартарияти онхоро дар бозор нишон медихад. Барои маблаггузории прогресси техникй дар
монополистон воситахо зиёданд, ки ин ба манфиати на фадат сохаи мазкур, балки тамоми идтисодиёт мебошад. Бо назари Шумпетер, радобати комил харчхои иловагиро ба миён меоварад, ба монандй: самаранокии пасти ташкили дохилиширкатии истехсолот; технологияхои махсулнокиашон паст; номумкин будани баходихии самаранок ва истифодабарии перспективхои нав. У дайд мекунад, ки ин харачотхои зиёдатй чунин навъи бозорро на фадат номувофид, балки номатлуб низ мегардонанд [7, с. 864]. Дар баробари он сохахое, ки ба радобати комил наздиканд, чун намунаи самарнокии идеалй шуморида намешавад, зеро ки дучоршавиро ба бухрон ва тагйирёбии вазъи идтисодиётро нишон медиханд.
Х,амин тавр, Шумпетер чараёни монополизатсияи идтисодиётро асоснок намуда фахмиши радобатро чун донунияти хочагидори бозорй тавассути категорияи навоварй амид мекунад.
Аз солхои 70-ум огоз намуда 4-умин давраи рушди назарияи бозорхои сохавй огоз меёбад. Мархилаи мазкур бо он фард мекунад, ки вай дар сатхи соха мутахид месозад, дучониба мукаммал мегардонад, ин чунин муносибатхои мачмуъй ва микроидтисодиро барои тахдиди бозорхо пурра мекунанд. Дар байни солхои хафтодум самтхои нави тахдидоти таъсири давлат ба бозорхои сохавй огоз ёфтаанд ва ин чун афзудани нобоварй вобаста ба таъсирбахшии танзими давлатй тавсиф карда мешавад.
Чолиби дайд аст, ки ба рушди назарияи радобат ва радобат дар бозорхои сохавй Майкл Портер хиссаи бузург гузоштааст. Ба тахлили чузъиёти хамаи асархои ин олими маъруф дода нашуда, мо муаммои радобатро вобаста ба як сохаи алохида ва дарачаи рушди радобат дар он дида метавонем. Вай мафхуми стратегияи радобатиро чорй намудааст, ки чунин шарх дода мешавад: «Тахияи стратегия радобатй аслан ба чустучуи тасвияи аниди он, ки чй хел корхона радобат мебарад, мадсадхои он бояд кадомхо бошанд ва кадом воситахову амалхо барои ноилшудан ба ин мадсадхо лозим меоянд, нигаронида шудааст» [3, с. 26].
Дар баробари ин бояд дайд намуд, ки ба тамоми чахон модели панч дувваи радобатии Портер машхур аст: «Панч дувваи радобати аз он чумла, тахдиди воридшавии иштирокчиёни нав ба бозор, тахдиди пайдо шудани ивазкунандахо, таъсири бозории харидорон, дудрати бозории тахвилгарон ва мухориба байни радибони амалкунанда -хамон далелро инъикос менамоянд, ки радобат дар соха аз чорчубаи базингарони амалкунанда мебарояд. Истеъмолкунандагон, тахвилгарон, ивазкунанда-гон, иштирокчиёни эхтимолй - хамаи инхо «радибонанд» барои шаркат-хои соха, ки метавонад дар вобастагй аз ширкатхои мушахас нисбатан таъсир расонида бошад. Радобатро дар чунин як маънои васеъ метавон чун мухорибаи кушод муайян намуда». Сатхи шиддатнокии радобат дар соха аз нигохи Портер на фадат бо мухорибаи радибон дар дохили соха, балки бо дигар дуввахо низ муайян карда мешавад. Дар ин холат у меъёри муваффадияти шиддатнокии радобатро дар соха чунин муайян мекунад: вадте, ки сатхи фоида на паст, балки баландтар нисбати сохаи радобати соф бошад. Дар ин аст чолибии соха ва сармоягузорй ба ин соха аз хисоби бозингарони нав ва ё маблаггузорони нав дар худи соха нисбатан шиддатнок мегардад. Агар дар сохае сатхи фоида пастар аз сохаи радобати соф бошад, дар ин холат ворид шудан ба соха чолиб нест. Портер мавдеъеро чонибдоронй ва асоснок намуда таъкид медорад, ки дар хар холатхои гуногун дуввахои гуногун метавонанд дар муайян намудани сатхи рушди радобат мавдеъи халкунандаро дошта бошад.
Гояи мухими Портер он аст, ки дудрати радобатии ширкатхои алохидаро нафадат муборизаи онхо бо радибони худ, балки холати худи соха низ муайян мекунад. «Самти назариявй ба вучуд омад, дар асоси кадоме, ки стратегия ба соха алодамандй надорад, азбаски чун собит мегардад таркиби сохавй ва марзхо бо зудди тагйир меёбанд, фоиданокй бошад асосан бо мавдеъи инфиродии ширкатхо муайян карда мешавад. Ман доимо таъкид мекардам ки харду амал мухиманд - соха ва мавдеъ ва ба этибор нагирифтани хар кадоме аз онхо чун хавфи бузург ба ширкат тахдид мекунад» [3, с. 26].
Х,амин тавр, таддидоти илмии анчомдодашуда имкон медихад, ки чунин хулосахо пешниход намоем:
- дастгохи категориявии асоси радобати бозори сохавй анид карда шудааст. Мафхуми назариявии бозори сохавй чун мачмуъи муносибатхои дар чараёни ягонаи такрористехсолии низоми идтисодии бозори молхои истеъмолй муттахид шуда асоснок карда шудааст, ки дар он хамаи омилхо бо хам алодаманд ва бо хам вобастаанд.
- исбот карда шудааст, ки радобат ва бозори сохавй, таносубияти онхо дар бисёр холат дарачаи рушди мухити радобатиро муайян мекунад.
- мархилахои ташаккули бозори сохавИ ва асосхои танзими онхо муайян карда шудаанд.
АДАБИЁТ
1. Игнатюк А.И. Методология достижения функционирования отраслевых рынков. М. Экономическая теория. 2009.-№3.
2. Маршалл А. Принципы политической экономии. М.: Центр, 2007
3. Портер Е. Майкл. Конкурентная стратегия: Методика анализа отраслей и конкурентов. Пер. с англ. - М.: Альпина Бизнес Букс, 2005.
4. Робинсон Дж. Экономическая теория несовершенной конкуренции. М.: Прогресс, 1989.
5. Смит А. Исследование о природе и причинах богатства народов. М.: Эксмо, 2016.
6. Чемберлин Э. Теория монополистической конкуренции. М.: Центр, 1997.
7. Шумпетер Й. Теория экономического развития. М.: Прогресс, 1982.
НЕКОТОРЫЕ ПРЕДСТАВЛЕНИЯ О РАЗВИТИИ КОНКУРЕНЦИИ НА
ОТРАСЛЕВОМ РЫНКЕ
В статье рассматривается категориальный аппарат конкурентных основ отраслевого рынка. Теоретическая концепция отраслевого рынка основана как совокупность отношений в едином процессе воспроизводства экономической системы рынка потребительских товаров, в которой все факторы взаимосвязаны и взаимозависимы. Отмечено, что конкуренция и отраслевые рынки, их взаимосвязь во многих случаях определяют степень развития конкурентной среды. Определены этапы формирования отраслевых рынков и основы их регулирования.
Ключевые слова: отраслевые рынки, конкуренция, несовершенная и совершенная конкуренция, монопольный рынок, конкурентная стратегия
SOME IDEAS ABOUT THE DEVELOPMENT OF COMPETITION IN THE INDUSTRY
MARKET
The article considers the categorical apparatus of the competitive foundations of the industry market. The theoretical concept of the branch market is based as a set of relations in a single process of reproduction of the economic system of the consumer goods market, in which all factors are interconnected and interdependent. It is noted that competition and industry markets, their relationship in many cases determine the degree of development of the competitive environment. The stages of formation of industry markets and the basis for their regulation are determined.
Keywords: industry markets, competition, imperfect and perfect competition, monopoly market, competitive strategy
Сведения об авторе:
Джамолидинов Сухроб Рустамджонович - соискатель кафедры экономической теории ИЭТ ТГУК (Таджикистан, Худжанд), e-mail: [email protected] About the author:
Dzhamolidinov Sukhrob Rustamjonovich - Researcher of the department of economic theory of IET TSUK (Tajikistan, Khujand), e-mail: [email protected]
ИНДУСТРИЯИ МАВОДИ ГИЗОЙ, ЗАХИРА ВА ТАШКИЛИ СОХДИ ТАЪМИНОТИ ГИЗОЙ САЙЁХОН ДАР ^УМ^УРИИ ТОЧДКИСТОН
Сангинов М.М., Хайдарова М.М.
Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Бобоцон Fафуров
Сайёхони хоричИ ва дохилИ новобаста аз синну сол, чинс ва дороИ давоми давраи саёхат ба истеъмоли гизои хушсифат ниёз доранд, ки он аз талаботхои асосии организми инсон махсуб меёбад. ^онеъ гардонидани талаботи сайёхон бо гизои мувофи; бо назардошти афзудани теъдоди сайёхон ба сохаи мухими саноати хурокворИ мубаддал ёфтааст. Мебояд кайд кард, ки олимону коршиносони сохаи иктисодиёт сохаи таъминоти сайёхон бо гизоро хамчун сохаи алохидаи иктисодиёт мехисобанд ва пешниход менамоянд, ки сохаи мазкур дар радифи саноати хурокворИ баррасИ карда намешавад. Зеро, дар натичаи таснифоти таркибии сохаи таъминоти гизоИ ошкор карда шудааст, ки хусусиятхои сохавИ мавчуданд, ки фаркияти куллии сохаи таъминоти гизоро аз саноати хурокворИ нишон медиханд. Масалан, саноати хурокворИ асосан коркарду истехсоли маводхои мухталифи гизои истеъмолиро дарбар гирифта бошад, дар сохаи таъминоти сайёхон бо гизо намуди муассисаи