line economics. In the article author authorizes and evaluates electronic economics and digital economics, and analyzes the basic concepts of digital economics.
Keywords: Posture, digital economy, electronic proprietary, concept, information technology, electronic methods, innovative investment, sector economics, digital commerce, digital finance, digital content, digital content, digital signature.
Сведения об автора:
Каюмова Шахзода Тагоевна — кандидат экономических наук, начальник Управления анализа макроэкономических проблем Центра стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан, Тел: (+992 37) 2211571, E-mail: [email protected]
About the author:
Kayumova Shakhzoda Tagoevna, — candidate of Economic Sciences, head of the Office of Macroeconomic Analysis of the Center for Strategic Studies under the President of the Republic of Tajikistan, Tel: (+992 37) 2211571 E-mail: [email protected]
УДК 338.48 (575.3) НА^ШИ ИСТЩЛОЛИЯТИ ДАВЛАТЙ ДАР ТА^КИМИ АРЗИШ^ОИ ТАБИЙ-САЙЁ^ИИ КИШВАР
Одилова Р.К., Асоев X
Маркази тадцицоти стратегии назди Президенти Цум^урии Тоцикистон
Мушкилоти экологй ва хифзи табиат алхол кисми чудонашавандаи сиёсат, иктисодиёт ва ичтимоиёти давлату давлатдорй гаштааст, чунки асри XXI ба таърихи инсоният, аз як тараф, бо рушди техникаву технологияи муосир ва аз чониби дигар, бо проблемами экологй ворид гардид, ки бартарафсозии онхо тафаккури нави эчодиро талаб менамояд. Аз ин ру, асри навро асри чомеаи иттилоотй ва тамаддуни ноосферй ном мебаранд. Далолат бар ин андеша он аст, ки мушкилоти экологй дар охири асри XX ва аввали асри XXI яке аз сабабхои асосии бахсхои геополитикй дар чахони муосир гаштааст.
Бояд гуфт, ки имруз масъалахои хифзи мухити зист тамоми чанбахои хаётии инсонро фаро гирифта, халлу фасли онхо на танхо дар доираи андешахои олимону мутахассисон, балки дар сатхи кишвархои олам низ мавриди арзёбй карор гирифтаанд. Аз ин бармеояд, ки дар замони муосир масъалахои экологй ва хифзи табиат чузъи чудонашавандаи давлату давлатдорй ба шумор рафта, паёмадхои он чомеаи башариро водор менамояд, ки доир ба халли ин масъалахои мухим бетарафиро ихтиёр накунанд. Зеро, аз як тараф, афзоиши бемайлони ахолй ва аз дигар тараф, ракобат дар сохаи иктисодиёт боиси сар задани мушкилоти экологй, аз кабили тагйирёбии иклим, норасоии оби ошомиданй, афзоиши шумораи офатхои табий, костагардии гуногунии биологй, чамъшавии партовхо, таназзулёбии замин ва гайра гашта истодааст.
Тибки маълумоти Созмони Байналмилалии Мухити Зист (СБМЗ) айни замон аз 4 як хиссаи микроорганизмхои хок дар кураи Замин нест шудаанд, агар минбаъд ин тамоюл идома ёбад, баъд аз 40 - 50 сол аллакай 50% микроорганизмхои хок, яъне аз чор ду хиссаи он ба хадди нестй мерасад, ки ин ходисаи мудхиштарини инкироз мухити зист ба хисоб меравад [1]. Вобаста ба ин, олимону коршиносон ба чунин хулоса омаданд, ки масъалахои экологй силсилаи халкахои занчиреро мемонанд, ки бо хам робитаи ногусастанй дошта, дар мавриди канда шудани яке аз халкахо тамоми занчир хароб мегардад.
Алхол аз тахлилхои аксхои кайхонии Маркази кайхоншиносии NASA бармеояд, ки дар сатхи замин зери таъсири омилхои табииву техногенй дигаргуншавии босуръати мухити зист ва заифшавии системахои экологй мушохида мегардад [2]. Чунончи, таъсири инсон ба мухити зист дар асри бисти милодй ба он дарачае расид, ки айни замон устувории биосфера зери тахдид карор дорад. Дар баробари ин, алхол проблемами махаллию минтакавй ба мушкилоти глобалй мубаддал гашта истодаанд. Заифшавии системахои экологй, инкирози
олами набототу хайвонот, баландшавии харорати сайёра, биёбоншавй ва гайра мисоли равшан аст.
Хушбахтона, Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон, ин омилхои зикршударо хеле нозукона эхсос намуда, алхол дар арсаи байналмилалй сиёсати экологиро ба яке аз авлавиятхои сиёсати давлатдории точикон ба рох мондааст. Айни замон, чахониён Точикистонро на танхо ба куллахои сарбафалаккашидаи барфпуш, чашмахои мусаффо, ёдгорихои таърихию табиати афсунгар, балки бо ташаббусхои масоили об дар сатхи чахонй, ба монанди соли 2003 -«Соли оби тоза», солхои 2005 - 2015 Дахсолаи амалиёти «Об барои хаёт", соли 2013 "Дипломатияи об ё риштаи хамкорй дар масоили об" ва солхои 2018-2028 "Дахсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" мешиносанд. Аз файзи сохибистиклолии кишвар алхол корхои ободонию бунёдкорй дар хама шахру нохияхои кишварамон чараён доранд. Хадафи аз ин ободкорихо мусоидат намудан ба рушди устувори ичтимоию иктисодии кишварамон мебошад. Mоро проблемахои глобалй имруз водор менамоянд, ки вобаста ба пешрафти иктисодиёт аз дидгоххои гуногуни илмй, аз чумла диди экологй, арзишхои сохибистиклолии кишварамонро на танхо арзёбй намоем, балки онхоро вобаста ба замон таргибу ташви; созем. Як казоват намоед, нахустин ^онуни Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи хифзи табиат» аз санаи 27 декабри соли 1993 кабул шуда буд. Хушбахтона, солхои сохибистиклолй дар ин самт беш аз 25 конуни сохавй кабул гардида, аксари онхо вобаста ба замон такмилу тавзех дода шуданд. Бахри амалигардонии ин конунхо ба карорхои Хукумати Ч,умхурии Точикистон 27 санади меъёрии хукукй ва меъёрии сохдвй тахия ва кабул гардиданд. Ч,умхурии Точикистон ба туфайли кабули онхо кадамхои нахустини худро дар халли масъалахои экологй дар сатхи чахонй гузошт.
Хамзамон, арзишхои илмй собит менамояд, ки накши мухимро дар бартарафсозии мушкилоти экологй сатхи баланди маърифати экологии ахолй мебозад. Хукумати Ч,умхурии Точикистон дар ин самт бори нахуст соли 1996, №93 "Барномаи давлатии маърифат ва тарбияи экологии ахолии Ч,умхурии Точикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010" ва 2 апрели соли 2015, №178 «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии ахолии Ч,умхурии Точикистон дар давраи то соли 2020"-ро кабул намуд, ки мухтавои ин барномахо аз самараи Истиклолияти давлатй дар халли масъалахои глобалй башорат медихад. Myхтавои ин барномахо, инчунин, самтхои ноил шудан ба рушди устуворро аз нигохи арзишхои тамаддунию суннатии халкхо нишон медихад. Хусусияти хос ва афзалиятноки ин барномахо дар он аст, ки хар як шархвандро барои халли масъалахои глобалй, бахусус экологй, дар сатххои махаллй, минтакавй ва чахонй омода месозад.
Бояд тазаккур дод, ки чихати баланд бардоштани маърифатнокии ахолй солхои сохибистиклолй дар баробари рузномахои даврй, инчунин, якчанд нашрияхои сохавй, аз кабили "Наврузи Ватан", "Набзи табиат", "Табиат ва хаёт", "Хифзи табиат", "Табиат", барномахои телевизионй «Сайёх», «Точикистон - ватани сайёхон», «Ватанро бишнос» арзи вучуд намуданд, ки хамаи онхо дар ин самт вобаста ба замон накши муассири худро гузоштанд.
Дар баробари ин, дастоварди дигари мухим дар сохтори Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Ч,умхурии Точикистон таъсис ёфтани Mаркази ахбори экологй мебошад [3]. Ин нишондодхо як пахлуи масъала буда, пахлуи дигар аз он иборат аст, ки Ч,умхурии Точикистон хамчун кишвари мустаъкил, давоми ин солхо ба дах конвенсияи байналмилалии сохаи мухити зист, аз чумла, Конвенсияи CMM "Дар бораи хифзи кабати озон» (1996), Конвенсияи CMM «Дар бораи гуногунии биологй» (1997), Конвенсияи CMM «Дар бораи мубориза алайхи биёбоншавй» (1997), Конвенсияи CMM «Дар бораи тагйирёбии иклим» (1998), Конвенсияи CMM «Дар бораи заминхои обию ботлокй» (2000), Конвенсияи CMM «Доир ба нигахдории намудхои кучандаи хайвоноти вахшй» (2000), Конвенсияи Орхус "Дар бораи дастрасй доштан ба маълумот, иштироки ахли чомеа: дар раванди кабули карорхо ва дастрасй ба адлия дар масъалахои мухити зист" (2001), Конвенсияи Стокголм "Дар бораи ифлоскунандахои устувори органикй" (2002), Конвенсияи СИТЕСГ "Дар бораи хариду фуруши навъхои ёбоии олами набототу хайвоноте, ки зери хатари нестшавй карор доранд" (2017), Конвенсияи Базел "Доир ба назорати интиколи байнисархадии партовхои хатарнок ва нобудсозии онхо" (2017) шомил шуд. Амалигардонии ин конвенсияхо накш ва макоми
Точикистонро дар сатхи байналмилалй тачассум менамояд. Ба ибораи дигар гуем, Точикистон ба шарофати шомилшавй ба ин конвенсияхо дар сатхи баиналмилалй сиёсати экологии хешро рохандозй менамояд.
Айни замон далелхои гуногуни илмй аз он шаходат медиханд, ки сайёхй яке аз сохахои зудинкишофёбандаи иктисодиёти чахонй ба шумор рафта, дар ракобат бо сохахои дигари иктисодиёти чахонй, ба монанди нафту газ ва автомобилсозй бештар карор дорад. Тибки нишондоди омории Созмони байналмилалии туризм (СБТ), айни замон 10%-и иктисодиёти чахониро сайёхй ташкил дода, суръати рушди он хамасола дар иктисодиёти чахон 4,5 дарсадро ташкил медихад. Добили зикр аст, ки шуруъ аз соли 1950 то соли 2000 даромад аз хисоби сохаи сайёхй дар чахон 200 маротиба афзудааст. Агар дар мачмуъ, соли 1995 даромади мамолики чахон аз сохаи сайёхй 399 миллиард доллари амрикой бошад, ин нишондод соли 2000-ум 621 миллиард доллари ИMA ва холо тибки пешгуйихо беш аз 2 триллион доллари ИMA - ро ташкил медихад. Далели мазкур гувохи он аст, ки сайёхй имруз ба яке аз сохахои мухими пешрафти иктисодиёти давлатхо мубаддал гашта истодааст. Аз ин ру, хар як давлат кушиш ба харч медихад, ки чалби сайёхонро дар кишвари хеш бештар намояд. Хатто чандин давлатхое мавчуданд, ки танхо аз хисоби сайёхй иктисодиёташонро пеш мебаранд ва ривоч медиханд. Аз ин бармеояд, ки сохаи сайёхй дар оянда ба яке аз манбаъхои мухими даромади соф табдил меёбад.
Точикистон низ аз ин раванди зикршуда истисно нест ва хушбахтона дар солхои сохибистиклолии кишварамон ба рушди сохаи сайёхй таваччухи хосса зохир менамояд. Нисбат ба ин андеша агар ба маълумоти илмй ручуъ намоем, маълум мегардад, ки аз 5 то 7 фоизи каламрави Точикистонро минтакахои сайёхй ташкил медиханд. Агар дар рушди ин соха системаи худуди хифзшавандаи кишварамонро истифода барем, кариб 22 фоизи каламрави Точикистон барои рушди ин соха имкониятхои мусоид дорад. Аз ин андеша чунин бармеояд, ки Точикистон имкониятхои зиёди ракобатпазирии сайёхй дошта, метавонад дар фазои туризми чахонй макому манзалати хешро сохиб шавад.
Солхои сохибистиклолй дар Точикистон сохаи сайёхй зимни гузариш ба рушди устувор ба яке аз сохахои мухим табдил ёфтааст. Вобаста ба он имруз як зумра минтакахои Точикистон хамчун минтакахои сайёхй, аз кабили мавзеи Сари Хосор, Ромиту Варзоб эълон гардида, дар ин замина якчанд барномахои сохавй рохандозй шуда истодаанд. Вобаста ба амалишавии ин барномахо сатху сифати кабул ва хизматрасониии сайёхонро тахлил намоем, он гох маълум мегардад, ки он хамасола дар кишварамон бехтар гардида, Точикистонро хамчун кишвари амн ва мусоид ба сайёхй эътироф намудаанд. Бояд гуфт, ки тибки маълумотхои оморй агар соли 2010 ба чумхурй 160 хазор сайёх омада бошад, ин нишондод соли 2018 ба аз 1038 хазор нафар ё 7,2 баробар зиёд гардидааст. Аз ин хисоб ба бучаи ахолй ва ширкатхои сайёхй чихати хизматрасонй 16928, 1 хазор сомонй маблаг ворид гардидааст. Холо сохаи сайёхй як падидаи нодири рушди иктисодии асри XXI эътироф гардида, дар Точикистон низ он бемайлон рушд ва густариш ёфта истодааст[7]. Хукумати чумхурй ба ин соха диккати асосй дода, дар ин замина Кумитаи рушди сайёхиии назди Хукумати Ч,умхурии Точикистонро ташкил дод, то ин, ки ин сохтор барои рушди минбаъда ва татбики сиёсат дар сохаи сайёхй заминахои заруриро фарохам оварад. Дар худуди кишварамон агар соли 2013 74 адад ширкати сайёхй фаъолият менамуданд, пас дар соли 2018 он ба 146 адад баробар гардид.
Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат Президенти Ч,умхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон бо ташаббусхои созандаи худ ва бо дарки масъулияти бузург дар назди наслхои оянда аз минбархои бонуфузи байналмилалй пешгирии хатархои экологиро ба миён гузошта, бахри халли онхо пешниходхои мушаххас мекунад. Хадафи хукумат аз ин амалхо кам кардани таъсири номатлуби инсон ба мухити атроф ва ба ин васила нигох доштани гуногунии биологй ва системахои экологй барои нигохдошти мувозинати табий мебошад. Санадхои таърихй бозгуйи онанд, ки дар натичаи дагалона вайрон кардани меъёрхои табиат ва берахмона истифодабарии сарватхои табий он фочиахои инсониро дунболагир намуда, хамасола зиёни зиёди моддиву молиявиро ба ахолй ба бор меорад.
Чй тавре ки ба хамагон маълум аст, солхои охир Точикистон хамчун кишвари пешоханги халли масъалахои мухими экологии сайёра шинохта шудааст. ^атъномахои кабулнамудаи Созмони Mиллали Myтахид дар самти об мисоли равшани гуфтахои болост. Аз як тараф,
агар кабули ин катънома дyрнамои сиёсати обии Ч,умхурии Точикистонро дар сатхи байналмилалй нишон дихад, аз тарафи дигар, он тачассумгари арзишхои волои тамаддуни фарханги халки точик дар чодаи бехдошти мухити зист мебошад [5]. Аз ин ру, амалигардонии ин катъномахо синтези илмхои муосирро аз диди гуногун такозо менамояд. Возехтар гуем, Пешвои муаззами миллати точик яке аз шахсиятхоест, ки на танхо тарFибгари арзишхои фарханги экологй дар сатхи байналмилалй эътироф гардидааст, балки тавонист миллату халкиятхои гуногунро бобати халли мушкилотхои глобалй дар самти экологй муттахид намояд. Дар ин робита, Хукумати Ч,умхурии Точикистон чихати татбики сиёсати экологй дар сатхи байналмилалй давоми солхои сохибистиклолй як катор стратегияхо, консепсия ва барномахои давлатию сохавиро кабул намуд, аз чумла "Стратегияи миллии рушди Ч,умхурии Точикистон то соли 2030", "Стратегияи рушди иктисодию ичтимой ва паст кардани сатхи камбизоатй дар Ч,умхурии Точикистон барои солхои 2010-2012", "Стратегияи баланд бардоштани сатхи некуахволии мардуми Точикистон барои солхои 2013-2015", "Консепсияи хифзи мухити зист дар Ч,умхурии Точикистон", "Барномаи давлатии экологии Ч,умхурии Точикистон барои солхои 2009-2019", "Барномаи давлатии маърифат ва тарбияи экологии Ч,умхурии Точикистон то соли 2000 ва давраи то соли 2010", "Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии ахолии Ч,умхурии Точикистон дар давраи то соли 2020", "Барномаи давлатии рушди худудхои табиии махсус мухофизатшавандаи Ч,умхурии Точикистон барои солхои 2005-2015", "Барномаи давлатй оид ба парвариш, чамъоварй, коркарди гиёхои шифобахш ва тайёр намудани доруворй аз онхо барои солхои 2005-2014", "Барномаи баркарорсозй ва таъмини корхои зидди чолаи Ч,умхурии Точикистон барои солхои 2007-2012", "Барномаи давлатй оид ба омузиш ва нигахдории пиряххои Ч,умхурии Точикистон барои солхои 2010-2030", барномаи рушди сайёхи дар Ч,умхурии Точикистон барои солхои 2015-2020 ва Fайра мебошанд, ки мачмуан, истифодаи окилона ва хифзи манбаъхои табиии кишварамонро таъмин менамоянд.
Зимни баёни андешахои боло як нукта чолиби зикр аст, ки агар то сохибистиклолии кишвар масохати майдонхои хифзшавандаи Точикистон бештар аз 400 хазор гектарро ташкил медод, холо ин нишондиханда кариб ба 3,1 млн. гектар, ё ин ки ба 22 фоизи каламрави чумхурй баробар шудааст [7]. Бояд гуфт, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 14 марти соли 2002 дар майдони 16,5 хазор гектар мамнуъгохи "Зоркул" таъсис дода шуд. Хамзамон бояд кайд намуд, ки 21 июни соли 2013 "БоFи миллии Точикистон" дар асоси катъномаи сессияи 37-ум ба Фехристи меросии умумичахонии ЮНЕСКО шомил гардид [6].
Аз ин чост, ки Ч,умхурии Точикистон доир ба масоили экологй холо бо 40 созмони байналмилалй хамкорихои густурдаро ба рох мондааст. Далелхои мазкур аз он шаходат медиханд, ки мавкеи Ч,умхурии Точикистон дар халли масъалахои глобалии экологй назаррас мебошад. Таквият бар ин андеша он аст, ки соли 2016 Чумхурии Точикистон дар миёни 180 кишвари дунё дар рейтинги самаранокии экологй дар зинаи 72 карор гирифт. Ин нишондиханда нисбат ба соли 2014-ум 82 зина боло мебошад. Тайи ин солхо дар Точикистон "Китоби сурх" интишор гардид. Дар вокеъ, ин китоб санади илмиест, ки фаъолияти хочагидории инсонро доир ба гуногунии биологй ва истифодаи окилонаи захирахои табий ба танзим медарорад. Вазифаи асосии ин китоб дар асоси меъёру категорияхои мукарраргардидаи Иттиходияи байналмилалии хифзи табиат (ИБХТ) арзёбй намудани холати хифзи табиат, намуд ва зернамудхои олами набототу хайвоноте, ки шумораашон кам ё ба хадди нестй расида, онхоро хатари махвшавй тахдид мекунад, мебошад. Агар дар нашри якуми "Китоби сурх" 162 навъи хайвонот ва 226 навъи рустанихо ба кайд гирифта шуда бошад, пас дар нашри дуюм ин нишондод 267 навъи рустанихо ва 222 навъи хайвонотро дарбар мегирад. Далели мазкур аз он шаходат медихад, ки дар зарфи панчох соли охир дар таркиби олами набототу хайвоноти Точикистон зери таъсири равандхои таFЙирёбии иклим таFЙироти зиёде ба амал омадаанд, ки тачдиди онхо арзёбии далелхои гуногуни илмиро аз дидгоххои гуногун такозо менамояд.
Аз тахкикот ва мушохидахои солхои охир бармеояд, ки таFЙирёбии иклим ба экосистемахои чумхурй таъсири манфй мерасонад. Дар чумхурй таFЙирёбии системахои экологй ба пахншавии васеи паталогияи бештар номаълум дар байни рустанихо, хайвонот ва инсон оварда расонида истодааст. Холо Чумхурии Точикистон дар самти мухити зист барои
ичро кардани ухдадорихои худ дар асоси меъёрхои сатхи байналмилалию минтакавй саъю талош дорад. Дар Точикистон давоми ин солхо Пажухишгохи илмию тадкикотии хочагии чангал, Пажухишгохи масъалахои об, гидроэнергетика ва экология, Маркази яхшиносй, Донишкадаи энергетикии Точикистон, Донишкадаи кухй - металлургии Точикистон ва даххо муассисахо ва кафедрахои тахассусие ташкил карда шудаанд, ки ба тахки; ва арзёбии мушкилоти экологии кишварамон нигаронда шудаанд.
Хулоса, Ч,умхурии Точикистон рисолати хешро дар халли масъалахои глобалй амалй менамояд. Ин сиёсат, агар аз як тараф бобати ба эътидол овардани вазъи экологй дар сатхи миллй равона шуда бошад, аз чониби дигар он рохи манфиатноки зина ба зина ворид шудан ба равандхои глобалии чахониро нишон медихад.
АДАБИЁТ
1. Гафуров Х. Новая экономическая стратегия или Таджикистан модел развития бизнес политики. 31 июли 1994.
2. Мухаббатов Х.М. Природно-ресурсный потенциал горных регионов Таджикистана : [Монография] / Х. М. Мухаббатов; Рос. акад. наук. Ин-т географии. Акад. наук Респ. Таджикистан. Отд. географии и экологии. - М. : [Граница], 1999. - 335 с.
3. 30 соли фаъолияти мацомоти щфзи мущти зисти Цум^урии Тоцикистон. Душанбе: Ме^рона, 2018. - 221 са%.
4. Китоби сурхи Цум^урии Тоцикистон. Душанбе: Ганц-нашриёт, 2015. -519 са%.
5. Мацомоти щфзи мущти зист дар 25 соли Истицлолияти давлатии Цум^урии Тоцикистон. Душанбе: Контраст, 2016. - 115 са%.
6. Мавод^ои та^лилии Кумитаи рушди сайёщи назди Хукумати Цум^урии Тоцикистон, 2019.
7. Мавод^ои та^лилии Маркази тадцицоти стратегии назди Президенти Цум^урии Тоцикистон, 2019
РОЛЬ ГОСУДАРСТВЕННОЙ НЕЗАВИСИМОСТИ В УКРЕПЛЕНИИ ЦЕННОСТЕЙ ПРИРОДНОГО ТУРИЗМА СТРАНЫ
В данной статье обобщаются результаты оценки туристической ценности, приобретенной в период независимости страны, а также анализируются и рассматриваются экологические проблемы Республики Таджикистан и ее инициативы на международной арене. Анализ показывает, что развитые страны мира принимают необходимые меры с учетом целевого использования привлекательных туристических зон и природных ресурсов, особенно гор, родников, редких животных и других природных ценностей, для обогащения местного бюджета как фактора повышения уровня жизни населения. В этой статье авторы разъясняют существующие возможности Таджикистана и определяют пути его развития.
Ключевые слова: экологические проблемы, окружающая среда, водные инициативы, туризм, стратегии, программы, развитие туризма, конвенции, природные и техногенные факторы и туристы.
THE ROLE OF STATE INDEPENDENCE IN STRENGTHENING THE VALUES OF
NATURAL TOURISM COUNTRIES
His article summarizes the results of the assessment of tourist value acquired during the country's independence, as well as analyzes and considers the environmental problems of the Republic of Tajikistan and its initiatives in the international arena. The analysis shows that the developed countries of the world are taking the necessary measures, taking into account the targeted use of attractive tourist areas and natural resources, especially mountains, springs, rare animals and other natural values, to enrich the local budget as a factor in improving the living standards of the population. In this article, the authors explain the existing possibilities of Tajikistan and determine the ways of its development.
Key words: environmental problems, environment, water initiatives, tourism, strategies, programs, tourism development, conventions, natural and technological factors and tourists.
Сведение об авторах:
Одилова Рухшона Комиловна — ученый секретарь Центра стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан
E-mail: [email protected], tel: 22 76775.
Хасан Асоев — специалист по экологическим вопросам Центра стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан tel: 22 76775.
About the authors:
Odilova Rukhshona Komilovna - Scientific Secretary of the Center for Strategic Studies under the President of the Republic of Tajikistan. E-mail: [email protected], tel: 22 76775.
Khasan Asoev - environmental specialist at the Center for Strategic Studies under the President of the Republic of Tajikistan, tel: 22 76775.
СОХДБКОР ХАМЧУН НАМУДИ МАХСУСИ ФАЪОЛИЯТИ ЩТИСОДЙ
Караева Д. Г. Хамдамзода З. Р., Салимов X- А.
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айнй
Даврони иктисоди бозоргонй бо хусусияту мохияти худ ба раванди иктисодиёт тагйиротхои гуногун ва муосирро фарохам овард, ки яке аз онхо гайри давлатикунонии амволи давлатй бахисоб рафта, фаъолияти нав - сохибкориро ба миён овард.
Дар давлатхои тараккиёта, ки пештар ру ба иктисоди бозорй оварданд, сохибкорй хеле маъмул буда, кисми зиёди фаъолияти иктисодиро таркиб медихад. Пас аз хусусигардонии моликият микдори ками корхонаву ташкилотхо давлатй буда, бокимондааш хусусй гардонида шуданд. Вазифаи асосии сохибкор ин идоракунии корхона аст, ки ба он истифодаи сарфакоронаи захирахо, ташкили рафти муътадили фаъолият дар асоси инноватсия ва хавфи хочагидорй, масъулиятнокй барои натичаи фаъолияти худ мебошад.
Сохибкорй - ин фаъолятест, ки шахсони вокей, корхонахо ё ташкилотхо барои истехсолот, ичрои ягон хизмат, дастрас ва фуруши мол ё ивази он ба молхои дигару асъор, ичро мекунанд, то ки ба харду чониби фаъолиятбаранда фоидаовар бошанд. [7, с.13]
Сохибкори муосир бояд, ки дар доираи фаъолияти интихоб кардааш босавод бошад, ба тагйиротхои шароитй чора бинад, максади ба пеш гузоштаашро ичро карда тавонад, ба нобарори тобовар бошад, аз руи нокомию хатогихои худ сабакомухта, хулосахои зарурй бароварда тавонад. Бо зиёдшавии микдори корхонахои сохибкорй ва ёрии хамачонибаи давлат, ин фаъолият яке аз омилхои зарурии халли масъалахои иктисодиву ичтимой, таъмини шугли ахолй мебошад. Чун коида, ташаккули фаъолияти сохибкорй чунин проблемахоро хал менамояд:
- ташкилдихии ракобатнокй, муносибатхои бонуфузи бозорй, конеъ гардонидани талаботи ахолй ва чамъият;
- васеъ шавии номгуй ва баланд шавии сифати махсулот, хизматхо ва корхо;
- наздик кардани истехсоли махсулот ба харидорони муайян;
- таъсиррасонидан ба бозсозии сохтори иктисодиёт;
- чалб кардани маблагхои ахолй ба ривоч додани истехсолот;
- омода сохтани чои кори изофа, кам кардани сафи бекорон;
- аз худ кардан ва истифода бурдани захира ва сарчашмахои махаллй;
- ёри расонидан ба корхонахои калон барои тайёр ва ё дастрас кардани тачхизотхои лозима, сохтани истехсолоти ёрирасон ва ё хизматрасонй.
Х,амаи ин ва дигарон, вазифахои иктисодй ва ичтимоии фаъолияти сохибкорй буда, ташаккул ва дастгирии он ба дарачаи вазифахои заруртари давлатй дохил шуда, кисми чудонашавандаи ислохоти иктисодиёти Чумхурии Точикистон мебошад.
Х,амин тавр, сохибкорй - ин санъати пухтакориву ухдабароист ва чун дигар намудхои санъат обу ранги субъективй дораду, дар хаёти хакикй басифати персоналй вучуд дорад. Мазмуни касбии истилохи сохибкорй - ин ташкил карда тавонистани тичорати шахсй ва бо муваффакият идома додани он мебошад.