Научная статья на тему 'ОПЫТ МАЛАЙЗИИ ПО ПОДДЕРЖКЕ МАЛОГО И СРЕДНЕГО ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА'

ОПЫТ МАЛАЙЗИИ ПО ПОДДЕРЖКЕ МАЛОГО И СРЕДНЕГО ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
56
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ГОСУДАРСТВЕННАЯ ПОДДЕРЖКА МАЛОГО И СРЕДНЕГО ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА / ИННОВАЦИИ / ТЕХНОЛОГИИ / ЧЕЛОВЕЧЕСКИЙ КАПИТАЛ / ФИНАНСЫ / ИНФРАСТРУКТУРА / БИЗНЕС-АКСЕЛЕРАТОР / БРЕНДИНГ / МАРКЕТИНГ / ПРОДВИЖЕНИЕ

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Маджонова М.М., Джуразода Замира

Статья посвящена изучению опыта Малайзии в вопросах поддержки малого и среднего предпринимательства. В частности, рассмотрены Стратегия Правительства Малайзии и реализованные программы по развитию малого и среднего предпринимательства, направленные на инновацию и внедрение технологий, развитие человеческого капитала, доступ к финансам, доступ к рынкам и развитие инфраструктуры поддержки предпринимательства. На этой основе предложены рекомендации по государственной поддержке малого и среднего предпринимательства в Республике Таджикистан.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

MALAYSIAN EXPERIENCE ON SMALL AND MEDIUM ENTREPRENEURSHIP SUPPORT

The article is devoted to issues of learning the experience of Malaysia on small and medium business support. Particularly it have been considered Staretegy of the Malaysia Government and programs on small and medium business development focused on innovations and technologies introduction, human capital development, providing access to finance and market, development of business support infrastructure. Based on this recommendations on providing the state support for small and medium entrepreneurship in the Republic of Tajikistan are submitted.

Текст научной работы на тему «ОПЫТ МАЛАЙЗИИ ПО ПОДДЕРЖКЕ МАЛОГО И СРЕДНЕГО ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА»

стабилизации непосредственно связано с развитием производственного потенциала страны и ее структурной модернизации. По мнению автора в обоих вариантов макроэкономической стабилизации особое место занимает финансовая стабилизация. Обычно выделяют двух видов финансовой стабилизации: ортодоксалную и гетеродоксалную. Особенность этих видов финансовой стабилизации заключается в том, что они уделяют особое внимание к антиинфляционной программе. По мнению автора, ортодоксалная финансовая стабилизация предпологает повышению эффективности бюджетной и монетарной политики, а также реализацию политики "дорогих денег".

Автор отмечает, что в мировой экономике накоплена богатый опыт по реализацию различных вариантов макроэкономической стабилизации. Особенно можно отметить, опыт стран Латинской Америки, которые в 70-90 годы ХХ века использовали программы макроэкономической стабилизации на сонове ортодоксалной и гетеродоксалной видов финансовой стабилизации. По мнению автора, такой опыт стран Латинской Америки широко исползуется странам постсоветского пространства, в том числе Республикой Таджикистан. Как и в других постсоветских государствах в Республике Таджикистан предпочтение отдается гетеродоксалному виду финансовой стабилизации. Автор сделать вывод, что монетарная политика выражается в регулировании макроэкономической ситуации в стране.

Ключевые слова: макроэкономика, макроэкономическая стабилизация, финансовая стабилизация, ортодоксалный, гетеродоксалный, монетарная политика, мировая экономика, рычаг, валюта.

ROLE OF MONETARY POLICY IN MACROECONOMIC STABILIZATION:

THEORETICAL ASPECTS

Macroeconomic stabilization is defined by the author as one of the most important tasks of the state aimed at ensuring economic development, full employment and a stable price level. The concept of macroeconomic stabilization in aggregate reflects such a situation in the national economy, which assumes a balanced economy.

The author emphasizes that in modern conditions it is possible to single out two options for macroeconomic stabilization. The first option is called liberal and assumes the relationship of macroeconomic stabilization with the policy of economic reform. This option pays special attention to the financial component of macroeconomic stabilization. The second variant of macroeconomic stabilization is directly related to the development of the country's production potential and its structural modernization. According to the author, in both variants of macroeconomic stabilization, a special place is occupied byfinancial stabilization. There are usually two types of financial stabilization: orthodox and heterodox. The peculiarity of these types offinancial stabilization is that they pay special attention to the anti-inflationary program. According to the author, the orthodox financial stabilization presupposes an increase in the efficiency of budgetary and monetary policy, as well as the implementation of the "expensive money " policy.

The author notes that the world economy has accumulated a wealth of experience in the implementation of various options for macroeconomic stabilization. Especially noteworthy is the experience of Latin American countries, which in the 70-90s of the twentieth century used programs of macroeconomic stabilization based on the Orthodox and heterodox types of financial stabilization. According to the author, this experience of Latin American countries is widely used by the countries of the post-Soviet space, including the Republic of Tajikistan. As in other post-Soviet states in the Republic of Tajikistan, preference is given to a heterodox type of financial stabilization. The author concludes that monetary policy is expressed in the regulation ofthe macroeconomic situation in the country.

Keywords: macroeconomics, macroeconomic stabilization, financial stabilization, orthodox, heterodox, monetary policy, world economy, leverage, currency.

Сведения об автора:

Салимое Хабиб Ашурович - соискатель экономического факультета, кафедры экономики и менеджмента, Таджикского государственного педагогического университета им. С. Айни, Email: habibjon2200@mail.ru

About the author:

Salimov Habib Ahurovich - Applicant for the Faculty of Economics, Department of Economics and Management, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini, E-mail: habibjon2200@mail.ru

ТАЧ,РИБАИ МАЛАЙЗИЯ ЧЩАТИ ДАСТГИРИИ РУШДИ СОХДБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА

Мацонова М., Цуразода З.

Котиботи Шурои машваратии назди Президенты Чум^урии Тоцикистон оид ба бе^тар

намудани фазои сармоягузори Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Цум^урии Тоцикистон

Бухрони шадиди минтакавй, ки дар замони муосир мамлакатхои хамсоя ва Точикистонро фаро гирифтааст, таъсири манфии худро мунтазам ба иктисодиёти миллй ва сохторхои

хочагидорй расонида истодааст. Дар х,олати номуътадилии курбх,ои асъор муносибатх,ои берунитичоратй мурракаб гардида, камчинии пули накд дар муомилот масъалах,ои х,исоббаробаркуних,ои байни сохторх,ои хочагидорй, пардохти андозх,о, фоизх,ои карзх,ои бонкй ва таъмини ичроиши ух,дадорих,ои ташкилоти молиявию карзиро ба вучуд овардааст. Чунин вазъият дар чумх,урй номуайянй ва хавфх,ои зиёди иктисодию ичтимоиро ба бор меорад.

Тавре аз тачрибаи пешкадами мамлакатх,ои чах,он бармеояд, дар шароити вазнини бух,ронх,ои иктисодй дастгирй ва мусоидати хдмачониба ба рушди бахши хусусй, хдмчун бахши дорои ахдмияти баланди ичтимоию иктисодй, имконияти таъмини рушди устувори иктисодиёти миллиро фарохдм меорад.

Бо назардошти окибатх,ои бух,рони минтакавй, ки Ч,умх,урии Точикистон дар намуди кам шудани микдори мух,очирони мех,натй, интиколх,ои пулии онх,о, талаботи дохилй, пардохти андозх,о ва афзоиши бекорй, аз чумла миёни чавонон дучор гардидааст, зарурияти баррасии масъалах,ои рушди сох,ибкории хурду миёна ва дарёфти рохдои хдлли онх,о ба миён меояд.

Дар ин радиф, омузиш ва дар амал татбик намудани тачрибаи муваффаки кишварх,ои пешкадами дорои низоми мукаммали дастгирй ва рушди сох,ибкории хурду миёна барои Ч,умх,урии Точикистон дар шароити муосир хеле муфид буда, метавонад ба рушди бахши хусусй ва зиёд намудани сах,ми он дар иктисодиёти миллй такони чиддй бахшад.

Яке аз чунин давлатх,о Малайзия мебошад, ки дар асоси омузиши тачрибаи тах,ия ва татбики барномах,ои дастгирй ва рушди сох,ибкории хурду миёна дар ин кишвар як катор хулоса ва тавсиях,оро барои рушди сох,ибкорй дар Ч,умх,урии Точикистон пешних,од кардан мумкин аст.

^айд кардан зарур аст, ки соли 2017 Малайзия дар рейтинги х,исоботи «Пешбурди сох,ибкорй дар байни 190 кишвари чах,он мавкеи 23-юм (Ч,Т - мавкеи 128-ум) [4], рейтинги «Намояи глобалии ракобатпазирй» мавкеи 25 дар байни 138 кишвари чах,он» (Ч,Т -мавкеи 77-ум) [5] ва дар рейтинги «Намояи рушди инклюзивй» мавкеи 16-умро дар байни 79 кишвари рушдёбандаи чах,он (Ч,Т - мавкеи 60) ишгол менамояд [6].

Тавре аз намояи 1 маълум аст, тибки арзёбии х,исоботи «Пешбурди сох,ибкорй»-и Бонки Ч,ах,онй барои соли 2017 Малайзия аз руи расмиёти танзими сох,ибкорй, аз чумла бакайдигирии фаъолияти сох,ибкорй, гирифтани ичозат барои сохтмон, пайвастшавй ба шабакаи таъмини кувваи барк, дастрасй ба карз, андозбандй, рушди тичорати байналмилалй, х,имояи сармоягузорони миноритарй ва хдллй масъалаи пардохтпазирй дар мукоиса ба Ч,умх,урии Точикистон тачрибаи назарраси пешкадамро дар ин самт ба даст оварда, бори дигар зарурияти омузиши тачрибаи рохдндозии ислох,отро дар ин кишвар чихдти дастгирии сох,ибкорй тасдик менамояд.

Тибки арзёбии Форуми глобалии иктисодй имруз Малайзия дар мархдлаи гузариш аз рушди самаранок ва ба рушди инноватсионй карор дошта ба гурух,и кишварх,ои дорои сатх,и даромади миёна дохил мешавад. Аз чумла, дар арзёбии мазкур Малайзия дар соли 2016 аз руи динамизи рушди сох,ибкорй мавкеи 21-ум (Ч,Т-59), аз руи иктидори инноватсионй мавкеи 26-ум (Ч,Т-84), донишу малаках,о мавкеи 36 (Ч,Т - 68), малаках,ои кормандони имруза мавкеи 33 (Ч,Т- 43) ва малаках,ои коргарони оянда мавкеи 48 (Ч,Т - 93), рушди бозори молиявй мавкеи 13 (Ч,Т -105), рушди инфрасохтор мавкеи 24 (Ч,Т -103) карор дорад. [6]

Намояи 1. Тачрибаи пешкадами бадастовардашуда аз чониби Малайзия ва Точикистон дар арзёбии хисоботи "Пешбурди сохибкорП" Бакайдгирии сохибкорП

Гирифтани ичозатбарои сохтмон

Халли масъалаи пардохтпазир

Таъмини ичроиши карордод

Тичорати байпалмилалП

Андозбанди

Пайвастшави ба шабакаи барк

Бакайдгирии моликият

Малайзия Точикистон

Дастраси ба карз

Химояи сармоягузорон

Сарчашма: www.doingbusiness.org

Махз дар натичаи мухаё намудани шароитхои мусоид барои рушди корхонахои СХМ Малайзия солхои охир рушди устувори иктисодиёти миллиро дар сатхи 6%-и миёнасолона таъмин менамояд.

Тибки тачрибаи муваффаки Малайзия аз соли 2004 Шурои миллии рушди сохибкории хурду миёна (ШМСХМ) таъсис дода шудааст, ки фаъолияти он ба тахия ва рохандозии сиёсат ва барномахои рушди сохибкории хурду миёна (СХМ) дар хама бахшхои иктисодиёти миллй равона карда шудааст. Х,амчун макоми сатхи баланди муайянкунандаи сиёсати Хукумат дар ин самт Шуро дар пешбурди ислохоти мачмуй ва хамохангшуда чихати рушди СХМ накши халкунанда бозида, самарахои фаъолияти он бо муваффакиятхо дар тахия ва чорй намудани махзани маълумот оид ба СХМ, омор, мониторинг ва тахлили самаранокии СХМ барои тахияи сиёсати минбаъда, ба низом даровардани мубодилаи иттилоот оид ба СХМ, рушди инфрасохтори молиявии СХМ ва кабули накшаи генералии СХМ арзёбй мегарданд. Чун натича, дар давоми солхои 2005-2015 СХМ ба кадри назаррас рушд ёфта, сахми худро дар ММД-и Малайзия аз 29,% дар соли 2005 то 36,3% дар соли 2015 баланд бардошт.[3]

Дар мехвари накшаи стратегияи рушди миллии Малайзия барои солхои 2011-2015, ки мархалаи мухими табодуллоти сохторй чихати расидан ба сатхи мамлакати дорои даромади баланд махсуб меёбад, рушди минбаъдаи бахши хусусй хамчун мутаххирики рушди устувор ва инноватсияхо муайян карда шудааст.

Бинобар ин таваччухи хоса ба бехтар намудани шароити пешбурди сохибкорй, таъмини дастрасй ба воситахои молиявй ва бозорхои фуруши махсулот, мусоидат ба рушди сармояи инсонй ва сохибкорй, таъмини инфрасохтори зарурй ва хавасмандгардонии СХМ дар бахши инноватсияхо зохир карда мешавад.

Дарк карда шудааст, ки дар шароити муосири тавсеаи равандхои чахонишавй ва либерализатсияи тичорати беруна бахши хусусй, хусусан доираи корхонахои сохибкории хурду миёна (СХМ) ба таквият бахшидани имконият ва иктидорхои худ ниёз доранд, то ин ки дар бозорхои ватанй устувор ва ракобатпазир монда, имкониятхои нави бозорхои чахониро аз худ намоянд.

Бо максади омода намудани корхонахои СХМ барои дучор гардидан ва бомуваффакият халл намудани масъалахои мазкур Хукумати Малайзия ва ШМСХМ Накшаи рушди сохибкории хурду миёнаро барои солхои 2012 -2020 ба рох мондааст, ки ба таквият бахшидани устувории корхонахои СХМ дар хама бахшхо, мусоидат ба рушди СХМ дар

бахшхои илмталаб ва хамзамон тарбияи сохибкорони пешкадам ва тобовар нигаронида шудааст.

^айд кардан зарур аст, аз чониби Хукумати Малайзия ва ШМСХМ дар доираи накшаи мазкур танхо дар давоми солхои 2014 - 2016 чихати мусоидат ва дастгирии сохибкории хурду миёна 408 барнома ба маблаги 16 371,3 млрд. рингит амалй гардиданд, ки дар натичаи татбики онхо дар як сол ба хисоби миёна 506 015 корхонаи СХМ бархурдор гардиданд. [7]

Дар баробари ин, тавре аз чадвали 1 бармеояд, дар ин давра барномахои татбикгардида аз руи афзалият ба чунин самтхо ба монанди рушди сармояи инсонй, дастрасй ба молия, дастрасй ба бозор, навоварихою чорй намудани технологияхо ва рушди инфрасохтор равона гардиданд.

Чадвали 1. Барномахои татбикшудаи рушди СХМ дар солхои 2014-2015

Доираи татбики барнома Микдори Барномахо МаблаFи барнома (млн.рингид) Ш ба умораи корхонахои рхурдоршудаи СХМ

2014 2015 2016 2014 2015 2016 2014 2015 2016

Навоварихо ва чорй намудани технологияхо 25 22 20 292,9 258 ,1 208,1 7 38 $1 11 8 $19 7 0 04

Рушди сармояи инсонй 35 39 31 88,2 79,4 83,1 31 540 97 095 21 800

Дастрасй ба молия 29 36 31 6 313,9 4393,8 3 843,0 420 759 456 328 417 416

Дастрасй ба бозор 30 37 30 89,5 99,0 107,1 21 101 14 553 7 175

Рушди инфрасохтор 14 16 13 208,8 194,4 112,0 223 306 550

Х,амагй 133 150 125 6 993,3 5 024,7 4 353,3 484 000 580 101 453 945

Сарчашма: SM Е annual reports for 2013/2014 and 2015/2016. SMECorp Malaysia

Барномахои рушди СХМ мачмуи барномахои нав ва мавчударо барои халли мушкилоти баррасигардидаи корхонахои СХМ дар мархалаи гуногуни рушд дар бар мегиранд.

Тавре аз маълумоти намояи 1 бармеояд, 88,3%-и маблагхои барои рушди СХМ дар соли 2016 чудокардашуда ба барномахои дастрасй ба молия, 4,8% - ба навоварихо ва чорй намудани технологияхо, 3,9% - ба рушди инфрасохтор, 2,4% - ба дастрасй ба бозор, 1,9% - ба рушди сармояи инсонй рост меоянд. Аз руи шумора ба барномахои рушди сармояи инсонй -24,8%, барномахои дастрасй ба бозор - 24%, дастрасй ба молия - 24,8%, навоварихо ва чорй намудани технологияхо - 16% ва рушди инфрасохтор -10,4% рост меояд.[3]

Ба гайр аз ин, Корпоратсияи СХМ-и Малайзия ташаббусхои сохибкориро барои хочагихои хонагии дорои сатхи пасти даромад дар хамкорй бо вазорату идорахои гуногун хамоханг менамояд, ки хадафи онхо аз зиёд намудани табакаи миёнаи ахолй, истифодаи ТИК, бехтар намудани дастгирии хамачонибаи сохибкорй ва баланд бардоштани махсулнокй тавассути истифодаи технологияхои муосир иборат мебошад. Гуруххои максадноки ташаббусхои мазкурро сохибкорони дорои сатхи пасти даромад дар манотики дехот ва шахр, чавонон, занон, нафакахурон ва маъюбон ташкил медиханд.

3,90%

Намояи 2. Тацсимоти маблагхо аз руи самтхои барнома 2,40% 1,90%

4,80%

88,30%

^ дастраси ба молия

bi навоварихо ва чорИ намудани технологияхо

^ рушди инфрасохтор дастраси ба бозор 1 рушди сармояи инсонИ

Сарчашма: SME annual reports for 2013/2014 and 2015/2016. SMECorp Malaysia

Дар шароити бухрон чорй намудани навоварихо ва технологиями пешкадам дар дилхох фаъолияти сохибкорй ба баланд шудани самаранокй ва махсулнокй ва дар натича ба рушди устувори корхонахо ва даромаднокии онхо мусоидат менамояд. Аз ин лихоз, дар Малайзия сайъу кушишхои назаррас ба хавасмандгардонии навовариву чорй намудани технологияхо аз тарафи корхонахои СХМ равона карда мешаванд.

Аз чумла, дар самти навоварихо ва чорй намудани технологияхо Хукумати Малайзия дар давоми солхои 2014-2016 хамагй 67 барномаро бо маблаги кариб 759,1 млн. рингид ва фарогирии 26 204 корхонаи СХМ татбик намуд.[1],[3]. Ба онхо Фонди тичоратинамоии пешакй дар назди Вазорати илм, технологияхо ва навоварихо, Фонди тичоратинамоии биотехнологияхо, Барномаи сохибкорй дар бахши технологияхои иттилоотию коммуникатсионии Вазорати коммуникатсия ва мултимедияи Малайзия, Барномаи грантии «Мушкилоти созандагони моликияти зехнй», Барномаи сармоягузории Cradle (гахвора) ва Фонди Cradle дар назди Вазорати молия, Барномаи бизнес-акселератор дар назди Вазорати савдои байналмилалй ва саноат, Барномаи табодуллоти сохибкорй тибки стандарти «Х,алол», Маркази ракамии мухандисию намунасозй, Барномаи камолоти таъминкунандагони мошин, Барномаи рушди СХМ-и Вазорати энергетика, технологияхои сабз ва об тавассути Корпоратсияи технологияхои сабзи Малайзия, Барномаи баланд бардоштани самаранокй ва хосилнокии корхонахои СХМ оид ба коркард ва истехсоли махсулоти чубу тахта, лоихаи навоварихои ба талабот нигаронидашудаи шабакаи илмию тадкикотии давлат ва бахши хусусй дар назди Вазорати маълумоти олй ва дигар барномахо дохил мешаванд.

Аз чумла, Барномаи сармоягузории Cradle (гахвора) ва Фонди Cradle дар назди Вазорати молия ба ширкатхои навтаъсиси махалй дорои махсулоти иноватсионию технологй дар хачми то 500 000 рингит (117 000 доллари ИМА) грантхоро барои тичоратикунонй пешниход менамояд, ки барои рушди СХМ-и инноватсионию технологй дар кишвар такони чиддй мебахшад. Танхо дар давоми соли 2015 ба барнома 20,3 млн. рингид сафарбар карда шуда, 41 лоиха дастгирй карда шуд.[2]

Барномаи бизнес-акселератор дар назди Вазорати савдои байналмилалй ва саноат, ки тавассути Корпоратсияи СХМ Малайзия барои мусоидат чихати ташкил ва рушди корхонахои ракобатпазиру устувори СХМ ба рох монда шудааст, аз бахогузории довталабон ба воситаи арзёбии ракобатпазирии СХМ барои таквиятбахшй огоз гардида, сипас кумаки

дархостшаванда дар асоси ин арзёбй таъмин карда мешавад. Кумак аз баланд бардоштани иктидор, машваратдихй, дастгирии техникй, дастрасй ба бозор ва дастгирии молиявй иборат мебошад.

Барномаи мазкур дар соли 2014 такрибан 200 корхонаи СХМ-ро ба маблаги 24,1 млн. доллари ИМА фаро гирифт. Барои корхонахои хурдтарин аз чониби Корпоратсияи СХМ Малайзия барномаи алохида татбик мегардад, ки наздики 100 корхонаро ба маблаги 62,6 млн. рингид (20 млн. доллари ИМА) фаро мегирад.[1] Соли 2015 тарики барномаи мазкур ба 879 корхонаи СХМ ба маблаги умумии 183,2 млн. рингид дар шакли карз ва грантхо пешниход карда шуд.[2]

Дар мачмуъ барномахои мазкур ба татбики ташаббусхои зерин равона карда шудаанд: -васеъ намудани микёси платформахои амалкунандаи инноватсионй, шабакаи тадкикотии давлат ва бахши хусусй, инчунин ба рох мондани корхои илмию тадкикотй ва тархрезию тачрибавии муштарак якчоя бо корпоратсияхои байналмилалй, корпоратсияхои азими миллй ва СХМ;

-мусоидат ба тичорати электронй, пардохтхои электронй, хизматрасонии барномасозй, сармоягузории чамъиятй, тахия ва чорй намудани платформахои онлайни сохибкорй, рохандозии сохибкории нав дар бахши ТИК бо сарпарастони имконпазир ва шарикони технологй, ба хам пайваст намудани сохибкорон бо корпоратсияхои бузург тавассути платформахои ракамй.

Дар баробари ин, бо назардошти бо махдудияти кувваи корй вобаста будани мушкилоти корхонахои СХМ, рушди сармояи инсонй тавассути тахия ва татбики барномахо дар ин самт дар маркази диккати Хукумати Малайзия карор дорад. Бо ин максад, аз тарафи вазорату идорахои дахлдор барномахои рушди сармояи инсонй барои корхонахои СХМ тахия ва татбик карда мешаванд, ки ба рушди донишу малака ва тахассуси сохибкорону кормандони корхонахои СХМ бо максади баланд бардоштани самаранокй, сифати хизматрасонй, мусоидат ба васеъ гардидани фаъолияти корхонахо ва бехтар намудани имкониятхои инфиродй нигаронида шудаанд.

Дар давоми солхои 2014-2016 аз чониби Хукумати Малайзия дар ин самт хамагй 105 барнома ба маблаги 250,7 млн. рингид ва фарогирии 150 435 корхонаи СХМ татбик карда шуд[7]

Аз чумла, Барномаи рушди имкониятхои захирахои инсонй барои СХМ ва Барномаи низоми миллии омузиши дугона аз тарафи Вазорати захирахои инсонй, Барномаи Донишгохи СХМ аз тарафи Вазорати савдои байналмилалй ва саноат, Барномаи шаходатномаи касбии саноатй, Барномаи омузиш ва рушди сохибкорон, Барномаи рушди сохибкории минтакахои Саравак ва Сабах, Барномаи Вазорати рушди дехот ва минтакахо чихати омузиш ва шинос кардани хонандагони мактабхои миёна ва донишчуёни донишкадахои дахлдор бо чахони сохибкорй, Барномаи баланд бардоштани иктидори ракобатпазирй ва тачрибаи пешкадами тавсеа бахшидани фаъолияти корхонаи сохибкорй мисоли барномахо дар ин самт махсуб меёбанд.

Аз чумла, ба Барномаи низоми миллии омузиши дугона аз тарафи Вазорати захирахои инсонй дар соли 2016 37,5 млн. рингит сафарбар гадида, тарики он 4000 шунаванда аз хисоби хатмкунандагони мактабхо, бекорон тибки дастгирии талаботи корхонахои СХМ дар кувваи корй омузонида шуданд.[3]

Барнома инчунин дар соли 2016 бозомузии 2000 нафар кормандони фаъолияткунанда ва нав ба кор кабулшудаи корхонахои СХМ-ро чихати рушди малакаву тахассуси онхо таъмин намуд.

Тавассути Барномаи иктидори СХМ дар соли 2016 иктидори зехнии 3000 сохибкорони хурду миёна, ки рохбарй ва кабули карорхоро дар самтхои рушди стратегияхои бизнес, навоварихо ва махсулнокй ба ухда доранд, таквият бахшида шуд.[3]

Илова бар ин, дар назди Вазорати занон, оила ва рушди чамъият ду барномаи махсуси инкубаторй рохандозй шудаанд, аз чумла:

-Инкубатори ЬШ^ ки барои модарони танхои сатхи даромадашон паст омузиши донишу малакахои сатхи баланд ва кумаки сохибкориро чихати огози фаъолияти сохибкорй таъмин менамояд, дар соли 2016 дар доираи 15 омузиш оид ба тейлоринг, терапияи хусн, кулинарияи тичоратй, хунармандй, нигохубини кудак ва сайёхй 290 бонувонро дар доираи бучети барномавии 750 000 рингит фаро гирифта, ба бехтар гардидани некуахволии оилахои онхо мусоидат намуд.

- Инкубатори I-KeuNITA, ки дар доираи фаъолияти он ба бонувони сатхи даромадашон паст омузиши донишу малакахои сатхи баланд ва кумаки сохибкорй чихати огози фаъолияти сохибкорй пешниход карда мешавад. Соли 2016 барномаи мазкур бо бучети 750 000 рингит 90 нафар бонувонро бо омузиш фаро гирифта, даромади онхоро ба 50% зиёд намуд.[3]

Масъалах,ои дастрасй ба бозор барои корхонахои СХМ имкониятхои васеи рушди сохибкорй ва хамзамон як катор мушкилоти вобаста ба ракобати рузафзун ва монеахои тарифию гумрукиро ба вучуд меоранд. Аз ин лихоз, Хукумати Малайзия барномахоро дар самти дастгирии корхонахои СХМ барои баромадан ба бозорхои нав ва хамзамон омода сохтани онхо барои халли мушкилоти маркетинги махсулоту хизматрасонй барои доираи васеи муштариён дар сатхи байналмилалй ва чахонй татбик менамояд.

Ин барномахо ба зиёд намудани хачми фуруши махсулот, аз худ намудани кисми бештари бозор, баланд бардоштани сифати махсулоту хизматрасонй тибки стандартхои байналмилалй равона карда шуда, дар давоми солхои 2014-2016 дар доираи 97 барнома дар ин самт 42 829 корхонаи СХМ ба маблаги 295,6 млн. рингид фаро гирифта шуд.[7]

Аз чумла, дар ин самт аз тарафи Вазорати савдои байналмилалй ва саноат барномахои баргузор намудани намоишгоххои саноатй, грантхо барои рушди бозор, рушди бренд барои корхонахои СХМ, аз тарафи Вазорати рушди ватанй барномахои таргиботй, рушди франшиза, аз тарафи Вазорати кишоварзй ва саноати аграрй барномахои сертификатсия ва аккредитатсия, рушди савдои мустаким, аз тарафи Корпоратсияи рушди хунармандии Малайзия Барномаи таргибот ва маркетинг татбик карда мешаванд.

Макомоти Федералии маркетинги кишоварзй як катор барномахоро чихати бехтар намудани маркетинги махсулоти кишоварзй ва хавасмандгардонии кишоварзон, таъмини манфиати хамаи шахсони манфиатдори хочагихои фермерй тавассути рушди занчири арзишхо, баланд бардоштани даромад, таъмини хосилнокии баланд ва босифати махсулот ва таъмини дастрасй ба махсулоти кишоварзй бо нарххои дастрас татбик менамояд.

Яке аз роххои ноил шудани Макомоти федералии маркетинги кишоварзй ба рох мондани фаъолияти хочагихои фермерй дар асоси шартнома мебошад. Ин барнома бо максади кумак ба хочагихои хурд ва миёнаи фермерй чихати маркетинги махсулоти худ ва ба даст овардани даромади муносиб барои захмату талошхои онхо амалй карда мешавад. Тавассути он макомоти мазкур сайъу кушишхоро барои баланд бардоштани даромади кишоварзон, бехтар намудани сифати меваю сабзавот, таъмини талаботи бозор ва бехтар намудани технологияхои тахвил бо фарогирии тамоми занчири таклифот ба харч медихад. Чунин сиёсат баланд бардоштани хосилнокии махсулотро дар минтакахои муайян ба монанди Минтакаи истехсоли хурокворй ва Парки доимии истехсоли хурокворй дар бар гирифта, нисбат ба меваю сабзавоти дорои имкониятхои васеи бозорй татбик карда мешавад.

Хамзамон барои таъмини даромаднокй барои кишоварзон Ташкилоти миллии кишоварзон, ки дар худ ташкилоти минтакавии кишоварзонро муттахид менамояд, таъсис дода шуда, ташкилоти минтакавй хамчун фурушандаи асосии махсулоти кишоварзй баромад мекунанд. Тибки ташаббусхои Макоми федералии маркетинги кишоварзй барномаи зиёд намудани таклифот аз тарафи фаъолияти фермерии шартномавй ба бозор татбик мегардад, максади он таъмини дастрасии бевосита ба бозор ва пешниходи махсулот бо нарххои дастрас ва мувофик барои харидорону фурушандагон мебошад. Ин барнома аз соли 2012 инчониб татбик шуда истода, то имруз дар доираи он 362 истехсолкунанда бо 76 фурушандаи бозори махсулоти кишоварзй дар саросари кишвар робитаи бевоситаи тичоратй ба рох монд.[3]

Бо максади тавсеаи маркетинги занчири таклифоти махсулоти СХМ, аз чумла махсулоти кишоварзй тахти бренди миллии Агромас соли 2013 Маркази коркарди хуроквории

Макомоти федералии маркетинги кишоварзй 10 вохиди бахисобгирии захиравй тахия намуда, барои ба бозор баровардани як катор махсулоти брендии корхонахои СХМ мусоидат намуд, ки дар натича фуруши махсулоти кишоварзй нисбат ба солхои каблй зиёд гардид. Хусусан ин комёбй тавассути тавсеаи шабакахои фуруш, бехтар намудани иктидори фурушандагони махсулоти дорои бренди миллй, ба рох мондан ва васеъ намудани шабакахои маркетингй дар супермаркетхои марказй ва махалй ба даст омад.

Чихати рушди фаъолияти маркетингй барои махсулоти кишоварзй рушди инфрасохтори идоракунии занчири таклифот аз дехкон то истеъмолкунандаи нихой хеле мухим мебошад. Чунин барномахо ба монанди Бозори дехкон, Дуконхои мевахои тару тоза, Агробозорхо дар самти кумак ва хавасмандгардонии истехсолкунандагони махсулоти кишварзй ва агросаноатй ва хамчунин маркетинги махсулоти онхо бевосита ба истеъмолкунандагон сахми назаррас гузоштанд. Дар мачмуъ соли соли 2014 517 бозорхои дехкон бо фарогирии 23 500 иштирокчй, 416 дукони мевахои тару тоза бо фарогирии 355 сохибкор ва 253 Агробозор ташкил ёфта хачми фуруши махсулоти кишоварзй тавассути онхо руз аз руз меафзояд. [1]

Барномаи дигар ба омода намудани сохибкорон, ки хамчун агентхои маркетингй барои Макомоти федералии маркетинги кишоварзй баромад менамоянд, равона карда мешавад. Ин сохибкорон барои чамъоварии махсулоти хочагихои хурди дехконй ва шахрвандони дехот ва пешниход намудани он ба бозор тавассути барномахои Бозори дехкон, Дуконхои мевахои тару тоза, Агробозорхо ва дигар барномахо сафарбар карда мешаванд. Соли 2013 бо барномаи мазкур 423 сохибкор фаро гирифта шуд.[1]

Чихати мусоидат ба корхонахои СХМ дар содироти молу махсулот дар соли 2016 хамагй 30 барномаи ба маблаги 107,1 млн. рингит бо фарогирии 7 715 корхонаи СХМ татбик карда шуд. [3]

Аз чумла, аз чониби Корпоратсияи Малайзия оид ба рушди тичорати беруна Барномаи рушди содирот (GoEx) хамчун яке аз барномахои сатхи баланди самаранокй дар доираи Накшаи СХМ бучети 7,7 млн. рингит барои муайян кардан, парвариш намудан ва рушд додани 125 корхонаи СХМ чихати ракобатпазир намудани онхо дар арсаи байналмилалй чудо карда шуд.[3]

Бо бучети 20 млн. рингит Барномаи гранти рушди бозор ба 1500 корхонаи СХМ, Ассосиатсияхои тичоратию саноатй, палатахои тичорат ва макомоти касбй кумаки машваратию молиявиро барои амалигардонии чорабинихо дар самти рушди бозори содиротй пешниход намуд.

Барномаи тичорати электронй ба 1000 корхонаи СХМ чихати зиёд намудани содироти онхо тавассути иштирок дар бозорхои электронии байналмилалй мусоидат намуда, даромади содиротии онхоро ба 10 млн. рингит афзоиш дод.

^ихати таъмини дастрасй ба инфрасохтори зарурй Хукумати Малайзия дар давоми солхои 2014-2016 хамагй 43 барнома бо фарогирии 1079 корхонаи СХМ ба маблаги 515,2 млн. рингид татбик намуд, ки ба онхо сохтмони марказхои тичоратй аз тарафи Корпоратсияи рушди иктисодии минтакаи Сабах, лоихаи Рушди Инкубатори Биовалей парк чихати пешниходи иншооти зарурй барои завод, дастрасй ба озмоишгоххои баландсифат, шароити муосир барои тахлили махсулот ва тасдики сифат, дар асоси шартномавй гузаронидани тадкикот ва омузиш барои идорахои саноатй ва тадкикотй, маблаггузории Марказхои рушди сохибкорй дар бахши мошинсозй ва саноати чубу тахта, хариди иншоот дар мавзеъхои стратегй бо максади барои ичора пешниход намудан ба корхонахои СХМ дохил мешаванд.[1],[3]

Аз чумла, тавассути Барномаи Development of SME Factory and Shoplot соли 2016 ба маблаги 4 млн. рингит сохтмони 22 вохид заводу коргоххои истехсолй ва иншооти тичоратй барои корхонахои СХМ чихати васеъ намудани фаъолияти онхо сафарбар карда шуданд.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Дар доираи Барномаи муосирнамоии иншооти сохибкорй бучети 8,9 млн. рингит барои сохтмони иншооти тичорати чакана ба корхонахои хурд ва муосирнамоии шабакахои мухандисй чихати хифзи 37 иншооти мавчудаи сохибкорй маблаггузорй карда шуд.

Аз чониби Вазорати рушди дехот ва минтакахои Малайзия соли 2016 Барномаи сохтмони иншооти сохибкорй дар минтакахои дурдасти мамлакат барои 32 корхонаи СХМ бо кумаки моддй чихати таъмини тачхизот, чихоз, киштй ва дигар лавозимоти зарурй бо маблаги 1,8 млн. рингит татби; карда шуд.

Бояд кайд кард, ки корхонахои СХМ дар Малайзия барои конеъ гардонидани талаботи худ ба воситахои молиявй дар мархалахои гуногуни рушд ба сарчашмахои хеле васеъ дастрасй доранд. Муассисахои молиявй, ки аз бонкхо ва муассисахои молиявии рушд иборат мебошанд, 96%-и молиякунонии СХМ таъмин менамоянд ва фишанги асосии таъмини дастгирии рушди бахши хусусй дар мамлакат махсуб меёбанд. Муассисахои молиявй мунтазам зиёда аз 40%-и портфели карзии худро, ки ба молиякунонии бахши хусусй равона карда шудааст, ба СХМ чудо менамоянд.

Корхонахои СХМ инчунин ба номгуи васеи фондхои махсус ва хазинахо, ки аз чониби хукумат тавассути вазорату идорахои гуногун пешниход карда мешаванд, дастрасй доранд. Хамин тарик, дар давоми солхои 2014-2016 аз чониби Хукумати Малайзия дар мачмуъ 96 барнома барои таъмини дастрасии корхонахои СХМ ба воситахои молиявй ба маблаги 14550,7 млн.рингит татби; карда шуд, ки тавассути онхо дар як сол ба хисоби миёна 431 501 корхона фаро гирифта шуданд.[1],[3].

Ба гайр аз ин сарчашмахои молиякунонй як катор механизмхои молиякунонии гайрибонкй ба монанди ширкатхои сармоягузории венчурй, факторинг, лизинг ва муассисахои молиявии хурд вучуд доранд. Хусусан, бо пайдоиши Финтекс имкониятхои бузургтари молиякунонй барои СХМ, аз чумла тавассути низоми сармоягузории чамъиятй (Equity Crowdfunding Framework), Платформаи сармоягузорию мухосибй (Investment Account Platform) ва карздихии шарикй (Peer to Peer lending) фарохам оварда шуданд.

Бояд кайд намуд, ки Корпоратсияи кафолатхои карзии Малайзия Берхад яке аз амсоли муассисахои таъминкунандаи кафолат барои корхонахои СХМ хангоми гирифтани карз аз муассисахои молиявй мебошад. Корпоратсия муассисахои молиявиро хамчун сарчашмаи асосии воситахои молиявй истифода намуда, хангоми хизматрасонй ба корхонахои СХМ бо муассисахои гайримолиявй хамкорй менамояд. Ба чузъ накшахои гуногуни кафолатй корпоратсия дар рушди бахшхои нав тавассути пешниходи накшахои молиявй ба сохибкорони навкор, бонувони сохибкор, корхонахои СХМ дар бахши технологияхои сабз ва моликияти зехнй сахми арзандаи худро мегузорад.

Корпоратсия СХМ-ро инчунин ба воситаи хизматрасонихои машваратй (молиявй ва рушди сохибкорй), пешниходи иттилоотй карзй ва рейтингхои кредитй дар хамкорй бо Бюрои карзии Малайзия дастгирй менамояд. Аз огози фаъолият худ дар соли 1972 то имруз тавассути корпоратсия 437 000 карз ба маблаги 5,9 млрд. рингид амалй гардонида шуд. Танхо дар соли 2015 зиёда аз 8 225 карзи нав ба маблаги 1,3 млрд. рингид ва соли 2016 8 650 карз ба маблаги 4 млрд. рингид пешниход карда шуд.[3]

Махсулоти нави корпоратсия дар самти бехтар намудани хизматрасонй тавассути кохиш додани вакти барасмиятдарории карз ва чудонамоии маблаг кафолати портфелй мебошад, ки ба бонкхо имконияти интихоби мизочонро дар асоси мачмуи муайяни махакхо ва баррасии якбораи портфели дархостхо ба миён меорад. Танхо дар соли 2015 корпоратсия кафолати портфелиро ба маблаги 1,7 млрд. рингид тасдик намуд, ки 50%-и шумораи умуми карзхои чудошударо ташкил медихад.[3]

Илова бар ин корпоратсия ду накшаи навро барои сохибкорзанон ва мусоидат ба сохибкорон дар бартараф намудани талафоти иктисодй дар натичаи офатхои табий бамиёномада рохандозй намудааст.

Хамин тарик, дар натичаи омузиши тачрибаи муваффаки Малайзия чихати тахияву рохандозии сиёсат ва барномахои рушди сохибкории хурду миёна чунин пешниходхо кардан мумкин аст:

1. Ташкили Фонди маблаггузорй ва тичоратинамоии технологияхои нав, ки ба фарохам овардани фазои мусоид барои сохибкорони навовар чихати афзоиши чоринамоии технологияхои инноватсионй ва биотехнологияхо дар сохторхои хочагидорй, ташкилоти

чамъиятй ва хочагихои хонагй нигаронида шудааст. Фонди мазкур метавонад аз хисоби воситахои бучаи давлат, бахши хусусй ва шарикони рушд ташкил ёфта, ба сохибкорони чавону навовар грантхои молиявй пешниход намояд.

2. Тавре аз тачрибаи муваффаки Малайзия бармеояд, дар Чумхурии Точикистон таъсис ва ба рох мондани бизнес-акселератор дар назди макоми ваколатдори давлатй оид ба дастгирии сохибкорй зарур шуморида мешавад. Заминаи онро бояд низоми мураттабгардидаи арзёбй ва таъмини дастгирии зарурй ба корхонахои СХМ дар асоси натичахои ин арзёбй, ки мушкилоти корхонаи сохибкориро ошкор намуда, ба бартараф намудани онхо нигаронида мешавад, ташкил дихад.

Дастгирии корхонахои СХМ бояд ба самтхои рушди иктидор, машваратдихй, дастгирии техникй, молиявй ва таъмини дастрасй ба бозор равона карда шуда, дар хамкорй бо вазорату идорахои дахлдор, шарикони рушд ва созмонхои сохибкорй амалй гардонида шаванд. Хамзамон барои максаднок истифода шудани дастгирии молиявй бояд он на дар шакли пули накд, балки дар шакли хариди тачхизоти зарурй, технологияхо ва дигар маводи зарурй пешниход карда шавад.

3. Дар Чумхурии Точикистон чихати халли мушкилоти норасоии кормандони сохибтахассус ва сохибтачриба дар корхонахои СХМ, хамзамон баланд бардоштани донишу иктидори тахассусии сохибкорони ватанй чорй намудани тачрибаи Малайзия дар ин самт мувофики максад мебошад. Зеро нокифоя будани малакаву дониши асосхои фаъолияти сохибкорй, банакшагирй ва ояндабинй рушди фаъолияти корхонаи сохибкориро дар зинахои минбаъдаи инкишофи он мураккаб мегардонад.

Вобаста ба ин пешниход карда мешавад, ки дар заминаи факултахои иктисодии донишгоххо, донишкадахо ва муассисахои тахсилоти миёна ва касбии мамлакат мактабхои тобистона ва курсхои бозомузии шабонаи хатмй ва ройгон барои кормандони корхонахои СХМ оид ба банакшагирии бизнес, тахияи лоихахои сармоягузорй ва тичоратй, маркетинг, аз чумла гузаронидани тадкикоти маркетингй, брендинги махсулот, асосхои сохибкорй, асосхои фаъолияти тичорати беруна ва дигар самтхои зарурй ташкил карда шаванд.

Бояд кайд кард, ки дар ин раванд дастгирии шарикони рушд чихати чалби коршиносони варзидаи байналмилалй ва омузгорони донишгоххои пешкадами чахонй, хамзамон омоданамоии касбии омузгорони муассисахои тахсилоти миёна, касбй ва олии кишвар тибки стандартхои байналмилалй барои идомаи мунтазами ин фаъолият зарур шуморида мешавад.

4. Дар баробари таъмини хиссаи аз хама зиёди шугли ахолй бахши кишоварзй дар чумхурй яке бахшхои дорои сатхи пасти даромад ба хисоб меравад, ки пеш аз хама бо рушди нокифояи маркетинг дар ин бахш, аз чумла фаркияти назарраси нархи махсулот дар минтакаи дехот ва шахрхо, дастрасии махдуди кишоварзон ба бозор, тачриба ва малакахои маркетингии онхо вобаста мебошад. Аз ин лихоз, тибки тачрибаи Малайзия бо максади бехтар намудани маркетинги махсулоти кишоварзии ватанй, хавасмандгардонии сохибкорони бахши кишоварзй ва химояи хукуку манфиатхои коргарони ин бахш ба рох мондани фаъолияти шартномавии фермерй, тахияи бренди махсулоти ватании кишоварзй, таъсиси додани ташкилоти миллии кишоварзон ва дар заминаи он ташкилоти минтакавии кишоварзон дар минтакаву нохияхои кишвар зарур мебошад, ки дастрасии бевоситаи кишоварзонро ба бозорхо таъмин менамояд ва нархи фуруши махсулоти кишоварзиро дар тамоми минтакахо дар як сатх нигох медорад.

5. Ташкили бизнес-инкубатор барои бонувони осебпазир, ки омузиши донишу малакахои сатхи баланд ва кумаки сохибкориро чихати огози фаъолияти сохибкорй дар чунин самтхо ба монанди дузандагй, терапияи хусн, кулинарияи тичоратй, хунармандй, нигохубини кудак ва сайёхй таъмин намуда, ба бехтар гардидани некуахволии оилахои онхо мусоидат намуд.

6. Чихати таквият бахшидани иктидори содиротии кишвар тахия ва рохандозии Барномаи рушди содирот, ки ба муайян кардан, парвариш намудан ва рушд додани корхонахои СХМ бо максади ракобатпазир намудани онхо дар бозорхои байналмилалй равона карда шавад. Аз чумла, барномаи мазкур бояд кумаки машваратию молиявиро барои амалигардонии чорабинихо дар самти рушди бозори содиротй, аз кабили чорй намудани стандартхои байналмилалии сифат, ба рох мондани тичорати электронй ва рохандозии сиёсати пешкадами маркетингй пешниход намояд.

7. Барои таъмини дастрасй ба инфрасохтори зарурй зарур аст, ки тибки тачрибаи Малайзия дар минтакахои дурдасти мамлакат сохтмони марказхои тичоратй ва иншооти тичорати чакана барои корхонахои хурд ва ташкили инкубаторхои махаллй чихати

пешниходи иншооти зарурй барои завод, дастрасй ба озмоишгоххои баландсифат, шароити муосир барои тахлили махсулот ва тасдики сифат, дар асоси шартномавй гузаронидани тадкикот ва омузиш барои идорахои саноатй ва тадкикотй ба рох монда шаванд.

Инчунин ташкил ва маблаггузории Марказхои рушди сохибкорй дар бахши мошинсозй ва саноати чубу тахта, муосинамоии шабакахои мухандисй чихати хифзи иншооти мавчудаи сохибкорй, хариди иншоот дар мавзеъхои стратегй бо максади барои ичора пешниход намудан ба корхонахои СХМ мувофики максад мебошад.

АДАБИЁТ

1. SME annual report 2013/2014. SMECorp Malaysia.156p.

2. SME annual report 2014/2015. SMECorp Malaysia 164p.

3. SME annual report 2015/2016. SMECorp Malaysia.186p.

4. Doing Business Report 2017. World Bank Group. 356p.

5. The Global Competitiveness Report 2016-2017. WEF.

6. Inclusive Growth and Development Report 2017. WEF.75 p.

7. www.smecorp.gov.my

8. www 3.weforum.org/docs/GCR 2016-2017

9. www.wef.ch/igd 17

ОПЫТ МАЛАЙЗИИ ПО ПОДДЕРЖКЕ МАЛОГО И СРЕДНЕГО ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА

Статья посвящена изучению опыта Малайзии в вопросах поддержки малого и среднего предпринимательства. В частности, рассмотрены Стратегия Правительства Малайзии и реализованные программы по развитию малого и среднего предпринимательства, направленные на инновацию и внедрение технологий, развитие человеческого капитала, доступ к финансам, доступ к рынкам и развитие инфраструктуры поддержки предпринимательства. На этой основе предложены рекомендации по государственной поддержке малого и среднего предпринимательства в Республике Таджикистан.

Ключевые слова: государственная поддержка малого и среднего предпринимательства, инновации, технологии, человеческий капитал, финансы, инфраструктура, бизнес-акселератор, брендинг, маркетинг, продвижение.

MALAYSIAN EXPERIENCE ON SMALL AND MEDIUM ENTREPRENEURSHIP SUPPORT

The article is devoted to issues of learning the experience of Malaysia on small and medium business support. Particularly it have been considered Staretegy of the Malaysia Government and programs on small and medium business development focused on innovations and technologies introduction, human capital development, providing access to finance and market, development of business support infrastructure. Based on this recommendations on providing the state support for small and medium entrepreneurship in the Republic of Tajikistan are submitted.

Key words: state support for small and medium entrepreneurship, innovations, technologies, human capital, finance, market, infrastructure, business-accelerator, brending, marketing, promotion.

Сведения об авторах:

Маджонова М.М., к.э.н., и.о. доцента кафедры Международного менеджмента Технологического университета Таджикистана, консультант по экономическим вопросам Секретариата Консультативного совета по улучшению инвестиционого климата при Президенте Республики Таджикистан, Телефон: (+992) 900-22-35-52; E-mail: mmadjonova@investmentcouncil.tj Джуразода Замира, соискатель кафедры экономической и социальной географии ТГПУ им. Садриддина Айни, Заместитель начальника Управления по поддержке предпринимательства Государственного Комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, Телефон: (+992) 98-504-47-47; E-mail: zamira.alish@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.