Научная статья на тему 'СИЁСАТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР НИЗОМИ ИЦТИСОДИ БОЗОРИИ МИНТАЦА'

СИЁСАТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР НИЗОМИ ИЦТИСОДИ БОЗОРИИ МИНТАЦА Текст научной статьи по специальности «Социальная и экономическая география»

CC BY
439
45
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПОЛИТИКА УПРАВЛЕНИЯ РЕГИОНОМ / УСТОЙЧИВОЕ РАЗВИТИЕ / СТРАТЕГИЯ / ПРОГРАММА / СОЦИАЛЬНО-ЭКОНОМИЧЕСКАЯ СИСТЕМА / ПРОБЛЕМНЫЕ РАЙОНЫ / РЫНОК / РАВНОВЕСИЕ / РЕГИОНАЛЬНОЕ ХОЗЯЙСТВО / POLICY OF MANAGEMENT WITH THE REGION / OBJECTIVES / SUSTAINABLE DEVELOPMENT / STRATEGY / PROGRAMME / SOCIAL-ECONOMIC SYSTEM / REGION / PROBLEMIC DISTRICTS / MARKET / EQUILIBRIUM / REGIONAL ECONOMY / СИЁСАТИ ИДОРАКУНӣ / ҳАДАФҳО / РУШДИ УСТУВОР / БАРНОМА / НИЗОМИ ИҷТИМОИЮ ИқТИСОДӣ / МИНТАқА / МИНТАқАҳОИ МУАММОӣ / БОЗОР / ТАВОЗУН / ХОҷАГИИ МИНТАқАВӣ

Аннотация научной статьи по социальной и экономической географии, автор научной работы — Бойматов Алиҷон Азизович, Хайдарова Муслима Хусейновна

Масъалаҳои ташаккули сиёсати идоракунии рушди минтақа баррасӣ шудаанд. Таваҷҷӯҳи махсус ба муайян кардани роҳҳои расидан ба ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии минтақа, шароити зарурӣ барои рушди устувор ва фаъолияти хоҷагидории минтақаи вилояти Сугд дар стратегияи дурнамо то соли 2030 дода мешавад. Самтҳои такмилдиҳии сохторҳои ташкилии идоракунии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва мавқеи онҳо дар низоми иқтисодиёти минтақавӣ пешниҳод карда шудааст. Зарурати тадқиқоти равандҳои идоракунии «минтақаҳои дорои мушкилот» - ро бо алоқамандии мавҷудияти иқтидори захиравӣ асоснок карда, аломати ҷойгиршавии ҷугрофии ҳудудҳо, инчунин норасоии захираҳои молиявии худӣ барои ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ қайд карда мешавад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

POLICY OF PUBLIC ADMINISTRATION IN THE MARKET ECONOMIC SYSTEM OF THE REGION

The article dwells on the problems of formation in regard to the policy of management with regional development. Special attention is paid to determination of the ways targeted at an achievement of social-economic and ecological goals of the development of the region, the conditions necessary for sustainable development and functioning of regional economy in Sughd viloyat in a strategic perspective - up to 2030. The author proposes trends of perfection relating to organizational structures of management with social-economic development; the place of the latters in the economy system of the region being determined as well. The necessity of exploring the processes of management with problemic areas connected with availability of potential resources is well-grounded. Such items are singled out as a sign of geographic location of territories and a dearth of their own financial resources for solving the problems of both regional and national importance.

Текст научной работы на тему «СИЁСАТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР НИЗОМИ ИЦТИСОДИ БОЗОРИИ МИНТАЦА»

УДК 332 ББК 65.050.22

СИЁСАТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР НИЗОМИ ЩТИСОДИ БОЗОРИИ МИНТАЩА

ПОЛИТИКА ГОСУДАРСТВЕННОГО УПРАВЛЕНИЯ В РЫНОЧНОЙ ЭКОНОМИЧЕСКОЙ СИСТЕМЕ РЕГИОНА

POLICY OF PUBLIC ADMINISTRA TION IN THE MARKET ECONOMIC SYSTEM OF THE REGION

Бойматов Алицон Азизович д.и.и., профессори кафедраи щтисодиёти корхонацо ва минтаца; Хайдарова Муслима Хусейновна,унвонцуи

кафедраи ицтисодиёти корхонацо ва минтацаи донишгоци давлатии ууцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон (Таджикистан, Худжанд)

Байматов Алиджон Азизович, д-р экон.наук., профессор кафедры экономики предприятий и региона ТГУПБП; Хайдарова Муслима Хусейновна,

соискатель кафедры экономики предприятий и региона ТГУПБП (Таджикистан, Худжанд)

Baymatov Alidjohn Azizovich, Dr. of Economics, Professor of the department of the economy of enterprises; Haydarova Muslima Huseinovna, claimant for candidate degree of the department of the economy of interprises under and region the TSULBP (Tajikistan, Khujand) E-MAIL: muslimakhon_2002@mail.ru

Калидвожа^о: сиёсати идоракуни, щдафцо, рушди устувор, стратегия, барнома, низоми ицтимоию ицтисоди, минтаца, минтацауои муаммои, бозор, тавозун, хоцагии минтацави

Масъалацои ташаккули сиёсати идоракунии рушди минтаца барраси шудаанд. Таваццууи махсус ба муайян кардани рощои расидан ба щдафцои рушди ицтимоию ицтисоди ва экологии минтаца, шароити зарури барои рушди устувор ва фаъолияти хоцагидории минтацаи вилояти Сугд дар стратегияи дурнамо то соли 2030 дода мешавад. Самтуои такмилдщии сохторуои ташкилии идоракунии рушди ицтимоию ицтисоди ва мавцеи ощо дар низоми ицтисодиёти минтацави пешнщод карда шудааст. Зарурати тадцицоти равандуои идоракунии «минтакщои дорои мушкилот» - ро бо алоцамандии мавцудияти ицтидори захирави асоснок карда, аломати цойгиршавии цугрофии уудудуо, инчунин норасоии захирщои молиявии худи барои цалли масъалщои дорои щамияти минтацави ва цущуриявй цайд карда мешавад.

Ключевые слова: политика управления регионом, устойчивое развитие, стратегия, программа, социально-экономическая система, проблемные районы, рынок, равновесие, региональное хозяйство

Рассмотрены проблемы формирования политики управления региональным развитием. Особое внимание уделено определению путей достижения социально-экономических и экологических целей развития региона, условий, необходимых для устойчивого развития и функционирования регионального хозяйства Согдийской области в стратегической перспективе - до 2030 года. Предложены направления совершенствования организационных структур управления социально-экономическим развитием и их место в экономической системе региона. Обосновывается необходимость

исследования процессов управления проблемными районами, связанного с наличием в них ресурсного потенциала. Выделяется признак географического расположения территорий, а также недостаток у них собственных финансовых ресурсов для решения проблем, имеющих региональное и национальное значение.

Key-words: policy of management with the region, objectives, sustainable development, strategy, programme, social-economic system, region, problemic districts, market, equilibrium, regional economy

The article dwells on the problems of formation in regard to the policy of management with regional development. Special attention is paid to determination of the ways targeted at an achievement of social-economic and ecological goals of the development of the region, the conditions necessary for sustainable development and functioning of regional economy in Sughd viloyat in a strategic perspective - up to 2030. The author proposes trends of perfection relating to organizational structures of management with social-economic development; the place of the latters in the economy system of the region being determined as well. The necessity of exploring the processes of management with problemic areas connected with availability of potential resources is well-grounded. Such items are singled out as a sign of geographic location of territories and a dearth of their own financial resources for solving the problems of both regional and national importance.

Дар давраи гузариш ба муносибатхои и;тисоди бозоргонй сиёсати идоракунии минта;авй торафт на;ши намоёнро мебозад ва дар ин раванд зарурати ба эътибор гирифтани тамоми тагйироти и;тисодиро, ки дар доираи барномахои рушди бозори кишвар амалй карда мешаванд, талаб менамояд.

Истифодаи муассири сиёсати идоракунии минта;авй ба натичахои омузиши и;тидори захирахои табиии худуд ва такрористехсоли он, демография ва шугли ахолй, сатху сифати зиндагй, хамкории бозорхои минта;авй ва механизмхои идоракунии ин равандхо асос ёфтааст [1, с. 64].

Дар шароити муосир, масъалаи чойгиронии ;уввахои истехсолкунанда дар худудхо бо назардошти истифодаи самараноки захирахои табий ва и;тисодй, хамчун омили рушди и;тисодй ва баланд бардоштани некуахволии ахолии худуд ба миён гузошта мешавад. Бинобар ин зарурати омузиши равандхои хаётан мухим, ки дар минта;ахои кишвар ба амал омада истодаанд, меафзояд. Сухан дар бораи муайян кардани мохияти равандхо ва падидахои нав дар сиёсати идоракунии минта;авй бо ташаккули и;тисодиёти бозоргонй ва такмили механизмхои таъмини рушди устувори минта;авй меравад. Ба ;атори онхо пеш аз хама, раванди ташаккули бозорхои молии минта;авй бо хусусияти хоси рушд ва таъсири муштараки талабот ва пешниходи молу хидматхо, муайян кардани робитаи байни рушди и;тисодй ва халли масъалахо и^тимой, тахия ва асоснок кардани ;абули ;арорхои идоракунии минта;авй ва таъминоти технологй - иттилоотй дохил мешаванд. Мохиятан, бо назардошти хусусиятхо ва шароити и;тисоди мархилаи нихоии гузариш ба муносибатхои бозорй барои таъмини устувории низоми и^тимоию и;тисодии минта;ахо равишхо ва усулхои кофии муассирро муайян кардан ва истифода бурдан зарур аст.

Тавре ки тачрибаи кишвархои хори^й нишон медихад, сиёсати идоракунии минта;авй, ки ба таъмини рушди устувор равона шудааст, аз хусусиятхои хоси мав;еи

жойгиршавии чугрофии минта;ахо ва сатхи таъминоти онхо бо захирахои табий ва и;тисодй вобаста аст.

Сдасати фаъоли минта;авии идоракyнии давлатй ба баробарсозии сатхи рушди ичтимоию и;тисодии ;исматхои алохидаи худуд мусоидат мекунад ва дар ин робита муносибати гуногуни давлат ба онхо асоснок аст. Бояд ;айд кард, ки барномахои минта;авии рушди ичтимоию и;тисодй бо иштироки ма;омоти давлатй беш аз пеш механизми асосии татби;и сиëсати идоракунии минта;авии раванди рушди устувор мегардад [2, с. 15].

Онхо та;рибан дар хама минта;ахо дар муддати муайян ва бо хусусияти хоси худ тахия ва амалй карда мешаванд ва асосан аз вазъи молиявии кишвар ва шаклхои дастгирии давлатй вобастаанд. Хднгоми муайян кардани афзалиятхои рушди устувор, хадафхо ва вазифахои барномаи минта;авй, ки дар доираи сдесати идоракунии минта;авй амалй мешаванд, бояд на танхо ба интихоби принсипхои баробарй ва самаранокй, балки ба чустучуи тавозуни оптималии байни онхо, инчунин та;сими о^илонаи ваколатхо ва захирахо байни марказ ва минта;ахо ди;;ати махсус дода шавад. Аксари чорахое, ки аз чониби давлат амалй мешаванд, хадафхои минта;авй надоранд, аммо хамаи ;онунхо ë барномахои нави хукумат ифодаи муайяни фазой доранд.

Сиëсати идоракунии минта;авй дар кишвархои ру ба тара;;й падидаи доимй хисобида мешавад, танхо равишхои татби;и он тагйир меëбанд. Масалан солхои 20-ум ва 30-юм асри ХХ хусусияти хоси сдасати идоракунии минта;авй кумаки фаврй ба минта;ахо буд, солхои 50-70-ум бошад сдасати минта;авй бо воситаи та;сими даромади умумии мамлакат дар байни минта;ахо бо назардошти таъмини рушди баробари онхо сурат мегирифт. Дар мданаи солхои 70-ум асри гузашта, дар раванди амалй гардонии сдасати идоракунии минта;авй ди;;ати асоси ба тачдиди хочагидории махал дар асоси истифодаи здади и;тидори дохилии минта;а дода шуд. Дар ин давра Ч,умхурии Точикистон, хамчун минта;аи агросаноатии ИЧ,ШС, дар та;симоти умумииттифо;ии мехнат ба истехсоли ашëи хом, аз ;абили нахи пахта, меваю сабзавот ва як ;атор дигар махсулоти саноати сабук, хурокворй ва кухй махсус гардонда шуда буд. Аз чониби хукумати иттифо;й дар тамоми чумхурихои Осиëи Марказй сиëсати ягонаи минта;авии идоракунй амалй карда мешуд [3, с.163].

Хддафи асосии сдасати идоракунии минта;авй дар шароити рушди муста;или Ч,умхурии Точикистон та;вияти хамгироии и;тисодй ва ичтимой, халли зиддиятхои дар натичаи номутаносибии рушди ичтимоию и;тисодии минта;ахои гуногун ба мдан омада ва роххои рафъи а;ибмонии онхо мебошад.

Вазифахои минта;ахо ва худудхои махаллй бо вазифаи умумии рушди и;тисоди миллии кишвар зич ало;аманданд. Татби;и сиëсати идоракунии минта;авй ба халли вазифахои зерин асос ëфтааст, ки аз бехамтоии шароити табий ва и;тисодй ва хусусиятхои фаъолияти иктисоддати минта;а бармеоянд:

• мусоидат ба рушд ва хамохангсозии сохтории нохияхои аз чихати и;тисодй а;ибмонда дар минта;ахо, махсусан минта;ахои кухистон, наздикухй ва наздисархадй, ки хочагихои онхо ба туфайли гузаронидани ислохоти и;тисодй, фаъолияти худро аз руи принсипхои бозорй ташкил намуданд;

• андешидани тадбирхо дар сатххои гуногуни хукумати давлатй оид ба паст кардани сатхи бекорй, ташкили кумаки давлатй ба чавонон ва шахсоне, ки дар бозори мехнат ;увваи корй пешниход намуданд:

• мусоидат ба рушди кишоварзй тавассути ташаккули босуръати сохторхое, ки ба талаби бозори мувофщанд, ташкили инфрасохтор дар доираи ислохоти бахши кишоварзии щтисодиёти минта^авй;

• дар раванди хавасмандгардонии рушди щтисодиёт ва такмили ташкилии хаёти ахолй дар дехот, зичии ахолй, ки дар ончо махсусан паст аст, ба эътибор гирифта шавад.

Равандхои чахонишавй дар рушди щтисоди чахонй тахияи усулхои нави назариявию методй ва амалиро барои ташаккули роххои рушди стратегии щтисодии кишвар дар доираи худудхои маъмурй - субъектхои алохидаи Точикистон та^озо мекунанд.

Ахамияти аввалиндарачаро ба раванди минта^акунонии ислохоти щтисодй додан зарур аст, ки он тачдиди назари хаматарафаи схемахо ва сохторхои идоракунии давлатии худудхоро дар асоси таърифи возехи принсипхо, хадафхо, вазифахо ва функсияхои хар як сатхи хокимият дар назар дорад. Дар ин бобат, ахамияти чустучуи роххои муносиб гардонии рушди низомхои щтисодй дар сатхи нохия ба раванди минтакдвй кардани кишвари хурд, ки ру ба афзоиш аст, меафзояд.

Бо истифода аз назарияхои муосир тахияи усулхои амщи консептуалии идоракунии минта^авии рушди щтисодии худуд ба ма^сад мувофщ аст.

Истифодаи равишхои консептуалй дар раванди идоракунии минта^авй, фарохам овардани шароити зеринро талаб мекунад:

Якум, тарзи самараноки чойгиронии истехсолоти саноатй ва корхонахои инфрасохтории худудхои алохидаро, ки рушди «фазой щтисодй»-ро таъмин менамояд, дар асоси наздик будан ба манбаъхои ашёи хом ва ^увваи корй, инчунин ба мавзеи фуруш ва истеъмоли ахолй интихоб менамоянд.

Дувум, рушди «сохторй» ба услубе асос ёфтааст, ки сатхи муносиби сохтор ва андозаи истехсолот самаранокии идоракунии минта^авиро муайян карда, истифодаи пурраи бартарихои худудро таъмин мекунад.

Севум, рушди «мачмуй», ки ба ташаккули муносибати муназзам ба идоракунии худудхо дар сатххои гуногуни рушди щтисодй ва холати функсионалии тичорат дар доираи вохидхои алохидаи худудй асос ёфтааст.

Чорум, рушди «нукгагй», ки мохияти он дар махдуд будани фазои истехсолй ва манфиатхои ма^омоти давлатию махаллй зохир мегардад.

Рушди устувори минта^а бо мафхуми «фазои щтисодй» ало^амандии зич дорад, зеро он ну^таи ибтидоиро дар бораи худуд ва параметрхои ичтимоию щтисодии он, ^утббандии фазоии субъектхои щтисодй ва фар^и байни щтисодиёти минта^ахоро ташкил медихад [4, с.55].

Аз мивдори зиёди таърифхои ин мафхум, ба назари мо, таърифи зерин ыобили ыабул аст: фазои щтисодй худуди серодам ва дорои бисёр ну^тахои ахолинишин, корхонахои саноатй, минта^ахои аз чихати щтисодй рушдёфта ва фарогатй, шабакахои на^лиётй ва мухандисй, инчунин мавчудияти робитахои зич байни объектхои дар он мавчуда мебошад.

Хдр як худуди минта^а фазои дохилии худро дорад, ки дорои объектхои зиёд ва робита бо фазои беруна мебошад.

Бидуни кохиш додани на^ши кори имруза ва харрузаи ма^омоти идоракунии давлатй дар сатххои гуногуни хокимият, бояд дивдати асосиро ба тахияи стратегияи

рушди устувори минта;авй ва дар ин замина муайян кардани роххои асосии баланд бардоштани сатх ва сифати зиндагии ахолй дихем. Аз ин лихоз, ахамияти тахия ва ;абули барномахои минта;авй барои рушди дурнамои ичтимоию и;тисодй меафзояд. Махз онхо метавонанд бо асоснокй ва суботкории кофй дар татби;и тадбирхо дар шароити рушди устувори и;тисоди минта;а тагйироти куллй ва сифатй ворид кунанд.

Аз ин ру, ба назари мо, зарурати тахияи Барномаи рушди устувори ичтимоию и;тисодии вилояти Сугд то соли 2030 мухим аст. Хдмзамон, зарур аст, ки аз шумораи олимон, мутахассисон, раисони шахру нохияхо, аз чумла муовинони рохбарони вилоят гуруххои эчодй созмон дода, барномахои хамачонибаи ма;садноки идоракунии равандхои рушди устувори и;тисодии минта;а ва худудхои маъмурии он тахия карда шаванд.

Пеш аз хама, бояд тачрибаи андухтаи тахияи барномахои ;аблии рушди ичтимоию и;тисодии вилояти Сугд истифода шавад. Хднгоми тахия ва татби;и барномаи нави пешниходшуда бояд равишхои стратегии рушди и;тисодиёти миллй ба назар гирифта шавад.

Хддафи умумии стратегии Барнома ба даст овардани имкониятхои баробар барои зиндагй, кор, истирохати хамаи шахрвандон, новобаста аз махалли зист ва таъмини устувории оилахо дар оянда мебошад.

Дар доираи барномаи рушди устувори ичтимоию и;тисодии вилояти Сугд, ба хадафхои стратегии зерин ноил шудан мумкин аст:

Х,адафи иктисодй: ташаккули и;тидори репродуктивии минта;авй ва шароити муътадил барои фаъолияти субъектхои бозор, ки рушди устувори и;тисодиёти минта;а, сатхи кофии шугли ахолй ва афзоиши устувори даромади онро таъмин мекунанд.

Х,адафи и^тимой: дар асоси истифодаи самараноки и;тидори табий, захиравй ва фархангй, хифз ва рушди навгонихои анъанавй дар ташкили истехсолот, ки омилхои рушди устувори минта;а мебошанд, фарохам овардани шароит барои пурра ;онеъгардонии афзоиш ёфтаистодаи талаботи ахолй ва баланд бардоштани сатхи зиндагии онхо, таъмини ободонии ичтимоии чойхои исти;омат, кор ва истирохат, имконият пайдо мешавад.

Х,адафи экологй: фарохам овардани афкори чамъиятй ва шароити ташкилию и;тисодй барои хифзи мухити табий ва нигох доштани таносуби устувори низоми ичтимоию и;тисодй тавассути чойгиронии муносиби ахолй ва ;уввахои истехсолкунанда дар минта;а.

Ноил гардидан ба хадафхои стратегии Барномаи дурнамо талаб мекунад, ки се тадбири ба хам ало;аманди рушди ичтимоию и;тисодии аввалиндарачаро ба он дохил карда шавад:

1. Анчоми давраи гузариши и;тисоди минта;авй ба муносибатхои бозорй.

2. Татби;и тадбирхое, ки метавонанд ба тагйироти сифатй дар истехсоли махсулоти ра;обатпазир, инфрасохтори на;лиёт, истеъмоли энергия, инчунин - тагйирот дар сохахои маориф ва тандурустй, идоракунии мухити зист ва экология оварда расонанд.

3. Бартараф кардани тафовут дар сатхи рушди и;тисодй ва таъмини некуахволии экологии минта;ахои вилояти Сугд ва гузаронидани аксари онхо ба траекторияи рушди устувор.

Барои халли вазифахои стратегии Барномаи рушди ичтимоию и;тисодии

вилояти Сугд то соли 2030 ди;;ати худро ба татби;и чорабинихо дар асоси истифодаи афзалиятхои бадастовардаи табий ва минта;авй равона кардан лозим аст.

Ба вазифахои асосии Барномаи дурнамои рушди устувори ичтимоию и;тисодии минта;авй дохил мешаванд:

1. Фаро^ам овардани шароит барои рушди босуръати саноат ва ташаккули заминаи бахши иктисоди ракамии минтака. Ин тадбир барои зуд бартараф намудани натичаи а;ибмонии техникии корхонахои сохаи саноат (истихрочи маъдан, сабук ва хурокворй, дар истехсоли доруворй ва f.) мусоидат мекунанд. Зарурати фаврй иваз кардани технопарки мавчуда, таъмини пешрафти технологй дар як ;атор сохахои асосии саноат, пурзур намудани ;оидахои хифзи мухити зист, риояи талаботи экологй ва истифодаи технологияхои иттилоотй ва компутерй ба рушди саноат ва бахши иктисоди ракамии минтака вобаста мебошад.

2. Анчом додани таFЙироти институтсионалй ва такмили сохторхои идоракунии ташкилй дар дарачахои гуногуни хукумати давлатй. Гузаронидани тад;и;отхои илмй барои муайян кардани таносуби оптималй аз руи низоми «Марказ-Минта;а», инчунин ворид кардани чамоатхо ба хайати ма;омоти худидоракунии шахрак ва дехот ба низоми и;тисодии чомеа хамчун чузъи чудонашаванда ва таркибии муносибатхои и;тисодии одамон [5, с. 23].

3. Истифодаи максималии омищои мусоиди рушди минтака, бар;арорсозии афзоиши и;тисодии шахру нохияхо дар заминаи нави босифат бо истифода аз принсипхои идоракунии бозор.

Хусусиятхои хоси худудхои вилояти СуFд дар он аст, ки он аз чихати чуFрофй дар миёнаи минта;аи Осиёи Марказй чойгир буда, бо вилоятхои Тошканд, Сирдарё,

4.иззах, Самарканд, ФарFOна ва Намангони Ч,умхурии Узбекистон, вилоятхои Баткент ва Оши KирFизистон хаммарз мебошад.

Табиист, ки ало;амандии мавзеъхои мухталифи минта;аи мо чаззобияти гуногуни беруна доранд. Одатан, инхо робитахои тичоративу и;тисодй ва хешу таборй бо Панчакент ва Самарканд, Исфара ва Боткент, Конибодом ва Ку;анд, Спитамен ва Бекобод, Ашт ва Чуст, Истравшан, Шахристону Зафаробод ва шахри Ч,иззах ва Fайра мебошанд. Дар сурати бар;арор кардан ва инкишоф додани ин робитахо дар оянда чахорчубаи муомилоти байниминта;авй ба таври назаррас густариш хохад ёфт.

Хдмзамон, ба рушди робитахои байниминта;авии тичоративу и;тисодии вилояти СуFд бо шахру нохияхои дигар минта;ахои во;еъ дар ;исматхои шар;й ва чанубии Точикистон, суръат бахшидан лозим аст. Мачмаи инфрасохтори шохрохи «Хучанд-Душанбе» ва истифодаи пурраи он дар давоми сол метавонад шахру нохияхои вилояти СуFдро бо дигар минта;ахои Точикистон пайваст намуда барои бемамонат баромадани ширкатхо ба бозори чахонй, алалхусус Чин, ^индустон, АфFOнистон, Покистон ва дигар кишвархо шароити муносиб фарохам оварад. Ро^и «Хучанд-Душанбе» тамоми сол истифода мегардад!

Мубрамияти тад;и;оти равандхои идоракунии «минта;ахои муаммой» ва афзоиши таваччух ба онхо аз мавчудияти и;тидори захиравй (истехсолй, мехнатй, табий, фароFатй ва f.) вобаста аст, ки истифодаи онхо барои и;тисоди минта;а махсусан мухим мебошад. Тарзи чойгиршавии чуFрофии «минта;ахои муаммой»-ро афзалияти стратегии кишвар хисобидан мумкин аст. Дар баробари ин, «минта;ахои муаммовй» барои халли

масъалахои дорои ахамияти минтакавй ва чумхуриявй бо кадри кофи захирахои молиявии худй надоранд.

Аслан, ин худудхо наметавонанд муаммохои ичтимоию и;тисодии худро мустакилона хал кунанд ва ë имконияти истифодаи и;тидори фаровони худро надоранд. Аз ин лихоз, онхо ба дастгирии фаъоли давлатй ндаз доранд.

Сухан дар бораи пурра баробар кардани сатхи рушди и;тисодии хамаи нохияхои вилояти Сугд намеравад. Мохияти масъала дар чои дигар аст. Аввалин аз баски, минта;ахо мав;еи гуногуни худудй доранду сохтори и;тисодии онхо фар; мекунад, баробаркунии дарачаи зиндагии ахолй аз руи нишондихандаи мачмуи махсулоти минтакави (МММ) ба хар сари ахолй, гайриимкон аст. Дувум, мувофи;и пешгуихои некбинона барои ба сатхи мданаи нохияхои вилояти Сугд расидани минтакахои кафомонда акаллан 15-20 сол лозим аст.

Аз ин ру, дар Барномаи дурнамои рушди ичтимоию и;тисодии вилояти Сугд то соли 2030 хадафи нисбатан сода ва вокеъбинона - кохиш додани акибмонии минтакахои аз чихати иктисодй суст рyшдëфтаро гузоштан лозим аст.

Бояд кайд кард, ки ноил шудан ба ин хадаф як катор манфиатхо дорад, ки пеш аз хама иборатанд аз:

• иштироки фаъоли тамоми нохияхо дар муносибатхои бозорй, ахолй ба фаъолияти сохибкорй, ки ба манфиатхои минтакавй ва байниминтакавй чавобгу мебошанд;

• ташкили шароити афзалиятнок барои рушди сохибкории хурд ва мдана, ки ба конеъ кардани талабот дар бозори махаллй ва алахусус ба шаклхои хамкорй дар истехсолот равона карда шудаанд;

• чалби сармоягузорихо барои истифодаи пурраи захирахои табий ва дар ин замина ташкили истехсоли молхои воридотивазкунанда, ки барои конеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагони дохилй ва хоричй равона карда шудаанд [6, с. 35].

Хднгоми тахияи Барномаи дурнамои рушди ичтимоию иктисодии вилояти Сугд то соли 2030 ба назар гирифтан лозим аст, ки шумораи минтакахои муаммой ë минтакахои дорои имконоту захирахои махдуд доранд, норасоии маблагхои зарурй чой дорад, бояд зиëд набошад, дар акси хол кушишхои давлат барои дастгирии онхо бесамар хохад буд.

Бояд кайд намуд, ки дар «минтакахои муаммовй» ду хатти камшавии фазои гуногунтаркиб, яъне - ичтимой ва иктисодй мавчуд аст, ки онхо бо хам алокаманд мебошанд. Тадкикот нишон медихад, ки косташавии фар;и байнинохиявй дар сатхи рушди и;тисодй воситаи мухими халли масъалахои ичтимой ва хусусан барои дар вилоят ба нишондихандахои мтена баровардани сатхи хаëти ахолии ин нохияхо мебошад.

Барои халли афзалиятноки масъалаи кохиш додани фазои гуногуни и;тисодии вилояти Сугд, аз як тараф, имкониятхои мачмуи и;тисодии худи «минта;аи маммой» ва имконияти аз нав та;сим кардани захирахои молиявии минта;а ва кишвар ба манфиати «минта;аи маммой» истифода мешаванд.

Дар Барномаи дурнамои рушди и;тисодй бояд ба мав;еъ ва истифодаи васеъи и;тидори «минта;аи маммой»ди;;ат дихем. Бояд дарк кард, ки ;обилияти нохия дар таъмини сатхи зиндагии ахолй ба андозаи халкунанда бо самаранокии иктисоддат ва то хадде камтар аз хисоби субсидияхое, ки аз бучетхои марказй ва минтакавй чудо карда мешаванд, муайян карда мешавад.

Ташаккули стратегияи рушди устувор бояд ба эътибор гирифтани таъсири бисёр омилхои мухити берунй ва дохилии фаъолияти низоми ичтимоию щтисодй асос ёбад. Рушди мачмуи саноатй, ки мавзеи мувофщ барои чалби захирахои сармоягузорй ба минта^а, тахияи технологияхои нав, шаклхои хамкорихои байналмилалй ва усулхои дурнамои ташкили истехсолот мебошад, ба мадди аввал гузошта мешавад.

Пайнавишт:

1. Пчелинцев О.С. Региональная экономика в системе устойчивого развития / О.С. Пчелинцев. - М.: Наука, 2004. - 258 с.

2. Тепл К. Организационная структура региональной политики Европейского союза // Регион: экономика и социология. -1999. - №3. - С. 3-20.

3. Байматов А.А. Региональная политика устойчивого социально- экономического развития региона // Вестник Волгоградского института бизнеса. - 2017. - № 1(38). - С.160-164.

4. Уськова Т.В. Управление устойчивым развитием региона: монография. - Вологда: ИСЭРТ РАН, 2009. -355 с.

5. Мартино, Луиджи де: Таджикистан: стабилизация отношений между центром и регионами. Вызовы и возможности. - Швейцария, Берн (на английском языке); Кыргызстан, Бишкек (нарусском языке), 2005.- 45 с.

6. Байматов А.А. Стратегия устойчивого регионального развития (теория и практика). - Берн: «LAR»- LAMBERT ACADEMIC PUBLISHING, 2018. - 65с.

Reference Literature:

1. Pchelintsev O.S. Regional Economy in the System of Sustainable Development // O.S. Pchelintsev. - M.: Science, 2004. - 258pp.

2. Tepl K. Organizational Structure of European Union Regional Policy // Region: Economy and Sociology. - 1999, #3. - pp. 3 - 20.

3. Baymatov A.A. Regional Policy of Sustainable Social-Economic Development of the Region // Bulletin of Volgograd of Business. 2017, #1 (38). - pp. 160 - 164.

4. Uskova T. V. Management with Sustainable Development of the Region: monograph. -Vologda: RASISERT, 2009. - 355pp.

5. Martino, Luidgi de: Tajikistan: Stabilization of Relations between Centre and Regions. Challenges and Potentialities. - Switzerland: Bern (in English); Kyrgyzstan, Bishkek (in Russian), 2005. - 45pp.

6. Baymatov A.A. Strategy of Sustainable Regional Development (Theory and Practice. Bern: "LAR" - LAMBERT ACADEMIC PUBLISHING, 2018. - 65 pp.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.