илмх,ои щтисодй / экономические науки
та^лили алоцамандии таълими касбй ва фаъолияти со^ибкории хурду миёна дар поён овардани сат^и камбизоатии
ахолии кишвар
Самиева М.
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С.Айни
Сиёсати иктисодиву ичтимоии давлат, дар навбати аввал, ба таъмин кардани рушди Устувори иктисодй, баланд бардоштани сатху сифати зиндагии мардум, бехбудй бахшидан ба хифзи ичтимоии табакахои ниёзманди ахолй ва фарохам овардани шароити зарурй барои тарбияи насли солиму бомаърифат ва сохибкасб равона шудааст. Аз ин ру, бахри расидан ба ин хадафхои созанда Хукумати Чумхурии Точикистон рушди сохаи маорифро яке аз самтх,ои афзалиятноки чомеа шуморида, сиёсати худро пайваста дар ростои таълиму тарбияи насли бомаърифату сохибхунар ва ворисони сазовори халку давлат татбик карда истодааст.
Бахусус, чихдти фарогирии бештари ахолй ба шугл ва татбики сиёсати давлат дар бахши мухочирати мехнатии хоричй як катор чорабинихо оид ба таъсиси чойхои нави корй, аз чумла, мусоидат ба бахши хусусй ва сохибкорй, чалби сармоягузорихо, дастгирии машгулиятхои инфиродй ва шугли занхо, инчунин, инкишофи хунархои мардумй ва мехнати хонагй, бозомузии касбхои нав ба корчуён, ки ба онхо дар бозори мехнат талабот зиёд аст ва шаклхои шугли муваккативу мавсимй ва гайра пешбинй менамояд.
Ба андешаи мо, максаднок амалй кардани ин чорабинихо имкон дод, ки дар минтакахои гуногуни кишвар муассисахои таълимй, марказхои касбомузй бунёд ва таъмиру тачдид гарданд. Чихати тайёр намудани кадрхои баландихтисос фонди махсуси тарбияи мутахассисон дар хоричи кишвар таъсис ёфта, аз хисоби он садхо нафар чавонон дар муассисахои тахсилоти олии давлатхои хорич ба тахсил фаро гирифта шуданд. Аммо тахлилхо нишон доданд, ки яке аз сабабхои асосии вазъи ногувори дар бозори мехнат ва умуман, дар сохаи хифзи ичтимой ба вучудомада ба талаботи бозори мехнат мутобик набудани сифати захирахои мехнатии кишвар мебошанд. Бинобар ин, Асосгузори сулху Вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон нигаронй аз ин вазъ карда, чунин кайд намуданд: "... мо бояд харчи зудтар масъалаи касбомузй, бозомузй ва такмили ихтисоси мухочирони мехнатй, бекорон ва дигар шахсони ба бозори мехнат воридгаштаро бо назардошти талаботи бозори мехнати дохилй ва хоричй халлу фасл намоем" ( 2 ).
Умуман, дар давраи бухрони иктисодй сабаби асосии бекорй, агар аз як тараф, кам шудани хачми истехсол, нарасидани чойхои корй дар кишвар бошад, аз тарафи дигар, гуруххои чудогонаи ахолй касбу хунари ба ихтисосхои бозори мехнат талабгорро надоштанд. Яъне кисми зиёди захирахои мехнатии кишвар аз онхое иборат буданд, ки барои фаъолият дар сохахои саноату сохтмон ва алока тайёрии касбиро сохиб набуданд. Аз ин ру, ба максади ислохи чунин вазъи мавчуда дар кишвар зарураяти таъсиси шабакаи марказхои таълимии касбомузии калонсолон пеш омад. Тавассути ин марказхо барои ба талаботи бозори мехнат ва сохтмонхои мухими кишвар мутобик намудани омодагии тахассусии кадрхо корхои назаррас ба сомон расонида шуданд, вале иктидори касбомузонии ин марказхо хамагй 10-12 хазор нафарро дар як сол ташкил доданд, ки талаботи чумхуриро конеъ намегардонид.
Аз ин ру, дар назди вазоратхои маориф, тандурустй, мехнат, мухочират ва шугли ахолй зарурат пеш омад, ки дар хамкорй бо кордихандагон стандартхои касбии ихтисосхои коргариро тахия карда, дар заминаи омузишгоххои касбию техникй, литсейхои касбй ва корхонахои истехсолй, курсхои кутохмуддати касбомузй, такмили ихтисос ва таълими касбхои гуногуни заруриро барои бекорони синну соли гуногун ташкил намоянд. Чй тавре дар ^онуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи маориф" дарч гардидааст, тахсилоти
калонсолон - ин мачууи равандхои тахсилот, ки бо кyмaки он калонсолон кобилият ва дониши худро инкишоф дода, дарачаи тaхaссyси касбй ва техникиашонро баланд мебардоранд ё самти навро интихоб менамоянд, мебошад (6 ).
Бо назардошти вазъи мавчуда агар ба маълумотхои омории панчсолаи аввали асри XXI таваччух дихем, маълум карда мешавад, ки аз соли 2004-ум то соли 2009, яъне дар давоми панч сол дар натичаи таъсиси чойхои мухталифи корй беш аз 360 хазор нафар бекорони синну соли гуногун ба шугл фаро гирифта шуданд(1).
Аз соли 2012 бошад бо дастуру супоришхо ва хидоятхои бевоситаи Асосгузори сулху Вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон барои таъмини ахолй бо чойи кор таъсиси курсхои тайёрй ва 6озомузии касбй ба хукми анъана даромада, дар тамоми шахру нохияхои кишвар марказхои таълими калонсолон, омузиши хизматрасонй ба сохибкорй ташкил карда шуданд. Хусусан, соли 2014 барои рушди соха ба накша гирифта шуд, ки бо максади халли масъалахои таълиму тарбияи насли наврас, умуман, чихати таъмин намудани рушди сохаи маориф ва бехтар гардонидани таъминоти ичтимоии ахли маориф дар 7 соли оянда 27 миллиард сомонй чудо гардад. Ба ин хотир, вазоратхои марбута, аз чумла, вазоратхои маориф ва илм, мехнат, мухочират, шугли ахолй, саноат, рушди иктисод ва савдо, Кумитаи занон ва оила, Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхй, рохбарони вилоятхо ва шахру нохияхо масъул гаштанд, ки доир ба таквияти низоми ягонаи омузиши касбии шахрвандони бекор, ба хусус, мухочирони мехнатй ва ахолии калонсол, инчунин, ташкили кори хонагй, хунархои дастй ва дигар намудхои косибй барои занону духтарони хонашин ва бо хамин рох паст намудани шиддати бекорй чорахои зарурй андешанд. Дар давоми 7 соли оянда на камтар аз як миллион нафар шахрвандони мамлакат аз курсхои бозомузй ва такмили ихтисос гузаронида шаванд.
Х,амзамон талаботи чомеаи муосир аст, ки дар баробари дастгирихои Хукумати кишвар, Вазоратхои марбута волидайн низ дар таълиму тарбияи фарзандон, касбазхудкунии онхо бетафовут набошанд, пайваста барои сохибхунар шудан, дар таъмини хонавода хиссагузорй кардани фарзандон тадбирхои зарурй андешанд. Чй тавре Президенти кишвар дар Паёми соли 2015 зикр доштанд: "Падару модарон бояд на дар як рузи имтихон, балки аз рузи таваллуди фарзандашон ба таълиму тарбияи y диккати чиддй диханд, барои дуруст ба камол расидани y шароит фарохам оваранд, асбобу ашёи таълимашро таъмин намоянд ва завки уро барои интихоби дурусти касб бедор созанд (2).
Чдхати ичрои супориши Рохбари давлат соли 2015 дар хамаи муассисахои тарбияи кадрхои коргарии Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолй ва дигар вазорату идорахое, ки дар сохторашон муассисахои таълимй доранд, беш аз 200 хазор нафар касбу хунархои нав омухта, барои фаъолият дар бозори мехнати дохиливу хоричй омода карда шуданд. Ин раванд бояд дар оянда идома ёфта, сатху сифати касбу хунаромузй чараёни тоза гирад.
Бояд зикр намуд, ки чихати тарбия кардани мутахассисони сохавй хануз соли 2007 тедоди таълимгоххои касбй дар кишвар зиёд шуда, беш аз 202 хазор донишчу сохиби ихтисос гаштанд. Шумораи донишчуёни муассисахои тахсилоти олй аз 69 хазори соли 1991 ба 141 хазор нафар расонида шуд, ки афзоиши кариб дуюним баробарро ташкил дод. Бо вучуди чалби донишчуён чихати азхудкунии касбхои замонавй Асосгузори сулху Вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон хануз дар Паёми соли 2007 таъкид доштанд, ки "Моро лозим аст, ки масъалаи тайёр намудани кадрхоро, пеш аз хама, дар дохили кишвар дуруст ба рох монем. Кушиш намоем, ки дар муассисахои тахсилоти олии мамлакат мутахассисони ба ракобати бозори мехнат тобоварро тарбия кунем. Онхо бояд ду-се забони хоричй ва технологияи муосирро азхуд карда бошанд. Дар баробари ин, барои дар хоричи кишвар тарбия кардани кадрхо аз руи ихтисосхое, ки мо имкони тайёр кардани онхоро надорем, тадбирхо андешидан зарур аст" ( 2).
Ч,ихати амалй кардани дастуру супоришхои Президенти кишвар танхо тайи солхои 19972010 тибки квотаи Президентй ба муассисахои тахсилоти олии касбии кишвар чихати сохибкасб шудан зиёда аз дах хазор чавонон ба тахсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин теъдод
7500 нафарро духтарони нохияхои дурдасти кухистон ташкил доданд. Имруз бошад аз 170 хазор донишчуёни кишвар 50 хазор нафар бо ихтисосхои омузгорй ва беш аз 10 хазор нафар аз руи ихтисосхои тиббй тахсил карда истодаанд. Бо вучуди ин саъйю талошхо вазъи тарбияи кадрхои сохахои тандурустй ва маорифи чумхурй нигаронкунанда аст. Яъне, имруз дар муассисахои тандурустй кариб 6 хазор табибон, 8100 нафар кормандони миёнаи тиббй намерасанд ва талаботи солона ба кадрхои омузгорй 3600 нафар мебошад. Вазъи таъминот бо кадрхои тиббй, хусусан дар вилояти Хатлон мувофики талабот нест. Дар ин вилоят, ки ахолиаш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медихад, ба 10 хазор нафар ахолй 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар мукоиса бо дигар вилояту шахрхои кишварамон нишондихандаи хеле паст мебошад. Дар шахри Душанбе ин нишондиханда беш аз 77 нафар, дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон 23 ва вилояти Сугд 20 нафар мебошад ( 2 ).
Х,амин тавр, пешрафту тараккии кишвар аз фаъолияти шахсони сохибкасб, бомаърифат вобастагй дорад. Шахсони бомаърифат метавонанд вобаста ба касби азхудкарда дар сохахои мухталифи чомеа фаъолият намуда, чихати рушди он сахм гузоранд. Х,амзамон ба дигар намудхои шугл, сохибкории хурду миёна фаъолият варзида, хонаводаи худро аз ин хисоб бо маводи ниёзи аввал таъмин гардонанд, аз хама гуна эхтиёчот оиларо рахой диханд.
Соли 2007 бо максади чалби бештари инвеститсияхо, фарохам овардани мухити мусоиди сармоягузорй, таъмини истифодаи самараноки амволи давлатй ва дастгирии давлатии сохибкорй дар кишвар Кумитаи давлатии сармоягузорй ва идораи амволи давлатй ташкил карда шуд. Аз ин ру, чихати таъмини истифодаи самараноки маблагхои давлатй, таъмини шаффофияти фаъолияти назоратй, бартараф намудани тафтишхои молиявии дубора ва такрори вазифахо, бехтар намудани мубориза бо коррупсия Агентии назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсия таъсис ёфт. Бахшхои Стратегияи миллии рушд, ки вазифахоро дар самти ислохоти идораи давлатй, бехбудии фазои инвеститсионй, рушди бахши хусусй ва сохибкорй, хамкорихои минтакавй ва хамгирой бо иктисоди чахонй дар бар мегиранд, барои фарохам овардани шароити умумии сохторй пешбинй гардидаанд, ки хама дар мачмуъ ба пешрафти иктисоди кишвар мусоидат карданд. Зеро мухайё намудани шароити мусоид барои рушди сохибкории хурди саноатй на танхо ба бехтар шудани вазъи шугли ахолй, балки ба пешрафти бемайлони иктисодиёти кишвар, ба хусус паст кардани сатхи камбизоатии ахолй мусоидат намуд.
Фаъолияти сохибкории шахрвандон ва шахсони хукукй дар каламрави Точикистон бо Кодекси граждании Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. Ин Кодекс асосхои хукукй, иктисодй ва ичтимоии амалигардонии сохибкориро муайян сохта, шароитхои интихоби мустакилонаи сохаи фаъолият, зохирнамоии ташаббуси хочагидории шахрвандонро мукаррар менамояд. Х,амзамон бояд зикр намуд, ки мафхуми конунии фаъолияти сохибкорй дар банди 3 моддаи 1 Кодекси гражданй оварда шудааст ва мувофики он сохибкорй фаъолияти мустакил ва бо таваккали худ амалишавандаи шахсони бакайдгирифташудае мебошад, ки барои мунтазам ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк, фуруши мол, ичрои кор ё расонидани хизмат равона карда шудааст ( 3 ).
Аз маълумоти овардашуда чунин аломатхои фаъолияти сохибкориро метавон фарк намуд:
а) мустакилияти сохибкор;
б) таваккали сохибкор;
в) мунтазам ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк, фуруши мол, ичрои кор ё расонидани хизмат;
г) фаъолият кардани шахсоне, ки ба сифати сохибкор ба кайд гирифта шудаанд;
Инчунин, сохибкориро чун фаъолияти мустакилонаву навоваронаи пешбурди кор,
фаъолияти инноватсионй метавон шарх дод.
Танзими давлатии фаъолияти он ва таъмини дастгирии сохибкории хурду миёна дар кишавр, дар асоси ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи химоя ва дастгирии давлатии сохибкорй дар Чумхурии Точикистон», Консепсияи дарозмуддати рушди сохибкорй дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2015 ба рох монда шуд. Аз чумла, мувофики
талаботи ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи химоя ва дастгирии давлатии сохибкорй дар Чумхурии Точикистон» дастгирии давлатии сохибкорй дар самтхои зерин амалй карда шуда истодааст:
- такмили базаи меъёрию хукукй ва конунгузорй барои инкишофи сохибкорй дар Чумхурии Точикистон;
- фарохам овардани шароитхои имтиёзноке, ки онро Хукумати Чумхурии Точикистон лозим мешуморад;
- ташкил кардани шароити мусоиди андозбандй, гумрукй ва сармоягузорй;
- баркарор намудани тартиби соддакардашудаи андозбандй, бакайдгирии сохибкорй, ичозатномадихй ва ё патент ба фаъолияти онхо, сертификатсиякунонии махсулоти истехсол ва ё ворид кардаи онхо, пешниходи хисоботи оморию мухосибй;
- додани китъаи замин ва амволи давлатй ба шарту тартиби соддакардашуда;
- дастгирии фаъолияти берунии иктисодии сохибкорй, инчунин мусоидат ба пешрафти алокаи тичоратй, илмй-техникй, истехсолй ва иттилоотии онхо бо давлатхои хоричй;
- мусоидат ба ташкили фондхои дастгирии фаъолияти сохибкорй ( 5 ).
Фарохам овардани шароит ба рушди сохибкорй нишон дод, ки хануз то соли 2008 шумораи шахрвандоне, ки дар бахши сохибкории хурду миёна машгули кор гаштанд, зиёда аз 700 хазор нафар ё 35% -и ахолии кобили мехнати кишварро ташкил доданд. Хиссаи бахши хусусй дар мачмуи махсулоти дохилии мамлакат дар ин сол ба 48% расид. Аммо чихати рушди соха зарурат пеш омад, ки расмиёти бакайдгирии давлатй содда гардонида шавад. Аз ин хотир, Асосгузори сулху Вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар Паёми соли 2008 ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход намуданд, ки ичрои ин вазифа минбаъд ба зиммаи макомоти андоз гузошта шавад, зеро "Як сохибкор агар хохад, ки ба кори худ огоз бахшад, аз нохияи Чиргатол, Тавилдара ё водии Рашт барои ба кайд гирифтан ба Душанбе омада, хазорхо сомонй карздор мешавад. Илова бар ин, боз як хафтаи дигар дар ба дар гашта, маблаги зиёд харч мекунад. Аз ин кор дасту дили баъзеи онхо хунук мегардад. Барои хамин салохияти ба расмият даровардани фаъолияти сохибкоронро минбаъд мо ба Кумитаи андоз вогузор мекунем, чунки он дар тамоми шахру нохияхои кишвар сохторхои махаллии худро дорад. Онхо кори бакайдгириро анчом дода, сохибкоронро аз сарсонй рахо мекунанд" ( 2 ).
Максад аз рушд додани бахши сохибкории хурду миёна дар кишвар фарохам овардани чойхои нави корй, ворид намудани технологияхои муосири истехсолй дар коргоххои мухталифи саноатию кишоварзй буда, зиёд намудани хачми махсулоти ватанй аз пешниходи карзхои бонкй ба сохибкории сохахои истехсолй боиси рушди он мегардад. Хамзамон, вусъат додани карздихии хурд ба кувват гирифтани иштироки ахолй дар фаъолияти иктисодй, афзоиши чойхои нави корй, то андозаи муайян паст гардидани сатхи камбизоатй, густариш пайдо кардани сохибкории хурду миёна, бахусус дар нохияхои дурдасти кухистон мусоидат менамояд. Аз ин ру, дар нохияхои дурдасти кухистон таъсис додани филиалхои Бонкхои мухталиф хам шумораи мизочон ва хам хачми карздихии хурдро ба сохибкорон бештар гардонид. Зеро сохибкорй ва ракобат имкониятхои навини чоринамоии навоварихои илмй-техникй ва ташкилй-иктисодиро фарохам оварда, истехсоли махсулоти ба ракобат тобоварро таъмин мекунанд ( 4 ).
Дар баробари ин, вазифаи мукаддаси сохибкорон ин аст, ки бунёди корхонахои хурду миёнаро зиёд карда, воридоти технологияхои навро афзоиш диханд ва бо хамин рох шумораи харчи бештари ахолиро бо чои кор таъмин намоянд, ки ин сахми бузурги ватанпарастонаи онхо дар халли проблемаи мазкур ба хисоб метавонад равад.
Бо чахду талоши бевоситаи Президенти кишвар соли 2009 барои чалби сармоягузорихо ва рушди сохибкории хурду миёна имтиёзхои зиёд пешбинй шуданд. Хусусан, дар сохаи кишоварзй андозбандии ягонаи хочагихои дехконй ва фермерй чорй карда шуд. Сохибкорони ба бахши пахтакорй сарукордошта, аз гирифтани хамагуна ичозатномахо озод гардиданд. Хамзамон, дар ин сол бо пешниходи Шурои машваратии назди Президент оид ба бехтар кардани фазои сармоягузорй лоихаи конунхо «Дар бораи ворид намудани тагйиру
иловахо ба ^онун «Дар бораи чамъиятхои саххомй», «Дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муфлисшавй» ва «Дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукукй ва сохибкорони инфиродй» аз чониби Хукумат маъкул дониста шуда, барои баррасй ба Мачлиси намояндагон ирсол гардиданд.
Бояд кайд намуд, ки кабули ин се конун барои бехтар гардидани нишондихандахои эътибори байналмилалии Точикистон дар самти пешбурди фаъолияти сохибкорй таъсири мусбат расонида, чихати чалби харчи бештари сармоягузории хоричй ва ташвики ахолй ба сохибкорй мусоидат намуд.
Соли 2010 чихати бартараф кардани мушкилоти чойдоштаи рушди сохибкорй бори аввал мулокоти Президенти Точикистон бо сохибкорони ватанй баргузор гардид, ки дар он масъалахои дастгирии сохибкорй мавриди баррасии хамачониба карор дода шуданд. Бинобар ин, дар шароити ракобати шадиди бозорй моро зарур аст, ки тавассути ташаккул додани саноати миллии ракобатпазиру самаранок, навсозии техникиву технологии корхонахои саноатй, фарохам овардани шароити мусоид барои сохибкории истехсолу коркарди харчи пурраи ашёи хоми ватаниро мунтазам таъмин кунем.
Барои пешрафти сохибкории хурду миёна дар доираи Кодекси нави андоз бошад беш аз 240 номгуи имтиёзу сабукихо пешбинй гардидаанд. Танхо соли 2009 маблаги умумии имтиёзхои пешниходшуда 3,6 миллиард сомониро ташкил дода, соли 2010 он ба 4 миллиард сомонй расонида шуд, ки ин маблагхо дар ихтиёри субъектхои хочагидор, яъне сохибкорон бокй монда, ба пешрафти фаъолияти онхо мусоидат кард.
Соли 2014 дар Паёми навбатии худ Президенти кишвар кайд намуданд, ки дар 7 соли оянда ба фонди аз чониби Хукумати мамлакат таъсис додашудаи дастгирии сохибкорй аз хисоби бучет то як миллиард сомонй равона карда мешавад. Вобаста ба ин солхои 2014-2020-ро давраи дастгирии сохибкории истехсолй ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанй эълон намуданд (2).
Рушди бахши сайёхй низ барои ташкили чойхои кории нав ва инкишофи истехсолот мусоидат мекунад, зеро бахши сайёхй имконияти хуби фаъолияти сохибкорй барои хар як шахси корчаллон дорад.
Ба фаъолияти сохибкорй машгул шудан ин талаботи гендерй нест. Баробари мардон занон низ хукук доранд ба шаклхои фаъолияти сохибкории хурду миёна машгул шаванд. Зеро имкониятхое, ки Хукумати кишвар ба рушди ин соха мухайё кардааст аз хар як шахси кордон, зирак такозои онро дорад, ки равиши корро ба мачро дароварда аз он даромади дилхох ба даст оварад. Ин шароитхои хуби ба фаъолияти сохибкорй даст задани ахолии кишвар буд, ки тайи солхои охир нуфузи занон низ дар ин самти фаъолият бештар гардида, беш аз 30 фоизи сохибкорони мамлакатро ташкил доданд.
Бо максади фарохам овардани фазои мусоиди сохибкорй ва чалби сармоя Хукумати кишвар то имруз ислохоти иктисодиро бо маром идома бахшид, ки дар натича Точикистон тибки арзёбии ташкилотхои байналмилалии молиявй ба руйхати 10 кишвари пешсафи ислохотгари чахон дохил гардид.
Соли 2014 аз чониби бонкхо ба сохибкорон 8,2 миллиард сомонй, аз чумла, ба сохибкории истехсолй 5,1 миллиард сомонй карз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 17 фоиз зиёд мебошад. Дар 5 соли охир аз хисоби бучети чумхуриявй бошад барои дастгирии сохибкории хурду миёна беш аз 720 миллион сомонй карзхои имтиёзнок чудо карда шудаанд.
Инчунин, дар кишвар бо максади рушди сохибкории хурду миёна ва дастрасии сохибкорон ба захирахои карзй аз хисоби бучети давлатй Фонди дастгирии сохибкорй таъсис дода шуд, ки то имруз дар 47 шахру нохияхо ба субъектхои зиёди сохибкории истехсолй бо фоизхои паст дар хачми 95 миллион сомонй карзхои имтиёзноки дарозмуддат додааст. Соли 2016 ба фонди мазкур чудо намудани 120 миллион сомонй аз хисоби бучети давлатй ба накша гирифта шудааст.
Дар баробари ин, бояд чихати васеъ ба рох мондани корхои хонагй, аз кабили
колинбофй, дигар навъхои бофандагиву дузандагй ва умуман рушди косибиву хунармандй чорахои муассир андешидан талаботи чомеаи имруза аст.
Хамин тавр, аз маводи тахлилшуда метавон ба натича расид, ки бекорй, бесаводй ва бехунарй чомеаро ба акибравй, мушкил гардидани вазъи зиндагй, васеъ пахн гаштани сатхи бекорй, ривоч гирифтани дуздиву каллобй ва зиёд гардидани сатхи камбизоатй оварда, ба амнияту субот ва оромию осоиштагии кишвар халал ворид менамояд. Рохи асосии хал ва баромадан аз ин зухуроти ичтимой сохибмаълумот кардани насли наврас ва чавонон, сохибкасб кардани кишри калонсоли ахолй ва вобаста ба шугли азбарнамуда бо чойи кори доимй таъмин намудани онхо ба хисоб меравад. Аз ин ру, талошхои пайвастаи Хукумати Чумхурии Точикистон чихати ба таълими касбй чалб кардани ахолии бекор ва бемаълумот дар арсаи бархурди тамаддунхо ва чахонишавии арзишхо аз хар чихат шарт ва мухим аст. Чунки сохибмаълумот гаштани ахолй онхоро барои сахм гузоштан дар рушди чомеа, машгул гаштан ба фаъолияти сохибкории хурду миёна хидоят менамояд, ки дар натича сатхи бекорй кам гашта, фоизи махсулоти ниёзи аввал, ки омили асосии паст кардани сатхи камбизоатй мебошад, зиёд мешавад.
Хулоса, татбик намудани сиёсати ичтимой-иктисодии Хукумати Чумхурии Точикистон вобаста ба шуглхои ба талаботи бозори ракобатпазири мехнат чавобгу сохибкасб кардани шахрвандони синну соли гуногуни кишвар ва Барномахои давлатии марбут ба паст кардани сатхи камбизоатии ахолй моро ба чунин комёбихо муваффак мекунад:
- ахолии бекори кишварро вобаста ба касбу хунархои барои чомеа манфиатовар сохибмаълумот менамояд;
- ба рушду равнаки хунармандй, эхё кардани анъанахои дерин мусоидат мекунад;
- масъалаи бо мутахассисони сохавии ватанй таъмин намудани ташкилоту муассисахо, корхонаву коргоххои мухталифи кишварро хал менамояд;
- ба рушди сохибкории хурду миёна таквият мебахшад;
- бо баробари рушд ёфтани сохибкории хурду миёна пояхои ичтимой-иктисодии кишвар мустахкам гардида, чойхои зиёди муваккатй, мавсимй ва доимии корй пайдо мешаванд;
- афзоиш ёфтани чойхои нави корй ба кам гаштани сафи бекорон то хадде суръати афзоиши мухочирати мехнатии шахрвандони кишварро боз медорад;
- ба афзоиш ёфтани махсулоти ниёзи аввал, ки ахолии мамлакат ба онхо эхтиёч доранд, мусоидат менамояд;
- манбаи даромади пулиро барои хонаводахо пайдо кунонида, чихати бартараф кардани мушкилоти чойдоштаашон таъсири мусбй мерасонад;
- муносибати шахрвандонро нисбат ба кор ва истехсоли махсулоти босифати ватанй, ки харидори худро дар бозори чахонии мехнат пайдо мекунонад, дилгарм месозад;
- барои паст гардонидани сатхи камбизоатии ахолй таъсири судманд дорад ва гайра.
адабиёт
1. Паёмхои Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ( аз соли 2008 то соли 2016).
2. Агентии омори назди Хукумати Чумхурии Точикистон. - Душанбе, 2009.
3. Кодекси граждании Чумхурии Точикистон. Банди 3, моддаи 1.
4. Комилов С.Ч., Алиева Г.Ш. Сохибкорй ва менечменти рушди фаъолияти навчорсозй (инноватсионй). -Д., 2008. - 7 с.
5. ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи химоя ва дастгирии давлатии сохибкорй дар Чумхурии Точикистон»//Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2014, №7, к.2, мод. 404; ^онуни Чумхурии Точикистон аз 18.03.2015 с., № 1194.
6. ^онуни Чумхурии Точикистон аз 22 июли соли 2013, №1004 «Дар бораи маориф».
анализ связи профессионального обучения и деятельности малого и среднего предпринимательства в уменьшении уровня
бедности населения страны
В статье рассматривается актуальная тема - сущность связи профессионального обучения с предпринимательской деятельностью. На основе фактологического анализа автор делает следующие заключения:
- осуществление социально-экономической политики Правительства Республики Таджикистан в области соответствия профессионального обучения граждан разного возраста страны требованиям их конкурентоспособности на рынке труда. а также государственных программ по уменьшению уровня бедности населения;
- дает безработной части населения страны, востребованной обществом, профессональное образование;
- содействует развитию ремесел, возрождению традиционного ремесла;
- решает вопрос обеспечения различных организаций, учреждений, предприятий страны отечественными отраслевыми специалистами;
- придает импульс развитию малого и среднего предпринимательства;
Ключевые слова: профессиональное обучение, предпринимательская деятельность, малое и среднее предпринимательство, социально-экономическая политика, спрос рынка, конкурентноспособность, профессиональное обучение, развитие ремесленного производства.
analysis of the relation of vocational education and small and medium etrepreneurship in poverty reduction of the country
The article deals with a relevant topic - the essence of the relation of professional education with entrepreneurial activity. On the basis of a factual analysis, the author concludes as following:
- implementation of social and economic policy of the Government of the Republic of Tajikistan in compliance with the professional training of citizens of different ages, requirements on the competitiveness in the labor market, as well as the state programs to reduce poverty rate;
- gives the unemployed population of the country a professional education which is in great demand in the society;
- promotes the development of handicrafts, revival of traditional crafts;
- solves the issue of the provision of various organizations, agencies and enterprises of the country with domestic and sectorial professionals;
- gives impetus to development of small and medium etrepreneurship.
Key words: vocational education, entrepreneurship, small and medium entrepreneurship, social and economic policy, market demand, competitiveness, handicraft production development.
Сведения об авторе:
Самиева Мехрангез, магистрантка второго курса факультета экономики и управления образования ТГПУ имени Садриддина Айни.
About author:
Samieva Mehrangez, 2nd year of Master Student in the Department of Economics and Education Management of the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.
омилх,ои дурнамои рушди туризм ва рекреатсия дар но^ияи
щтисодии хдсор
Ибодов Ш.
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С.Айни
Ахмият ва накши туризмро дар самти рушди иктисодии кишвар, коне намудани талаботхои шахсй, бо хам алокамандии муносибатхои ичтимоии байни кишвархо, бо таври вокъй бахогузорй намудан, кори бисёр хам мушкиласт [1, с. 3]. Дар дурнамо барои баланд