Сведения об авторе: Сабуров Хайрулло Мирзоевич - кандидат педагогических наук, доцент кафедры педагогики и психологии профессиональной деятельности Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафурова, Тел: (+992) 928477607, e-mail: [email protected]
Information about the author: Saburov Khayrullo Mirzoevich, Ph.D. in Pedagogy, docent, Chair of Pedagogy and Psychology of Professional Activity of Khujand State University named after academician B. Ghafurov, tel.: (+992) 928477607, e-mail: [email protected]
БАЪЗЕ АНДЕШАХР ОИДИ САЛО^ИЯТ^О ВА ДОНИШ^ОИ МЕТОДОДОГИИ
ОМУЗГОРОНИ СИНФ^ОИ ИБТИДОИ
Чавод Тавакули Фар
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айнй
Дар чахони имруз тарбияти неруи инсонй мухимтарин накшро дар пешрафти чомеа дорад. Чунин тахаввуле тахакук нахохад ёфт, магар ин, ки тарзи тафаккур ва амали мудирон ва коргузорони низоми омузишй ба вижа муаллимон тахаввул ёбад. Мухитхои омузишй замоне метавонад, асарбахш ва коромад бошад, ки куллияи фаъолиятхои омузишй аз меъёрхои мушаххаси илмй бархурдор бошад. Ёдгирй ва тахаввули саноатй ба зур ва тахмили андеша, иттилоот ва ба шеваи гайриилмй наметавонад дар дигарон асарбахш бошад. Тахдввул ба бастар ва фазои муносиб ниёзманд аст, то битавонад, дониш, биниш ва нигариши афродро тагйир дихад. Эчоди чунин шароите ба омилхои мутааддиде чун бофти фархангй, вазъияти иктисодй, шароити ичтимой ва сиёсй вобаста аст. Илова бар омилхои ёдшуда дар боло мухити омузишии муносиб бо ниёзхо ва хадафхои мучриёни огох, барномарез ва муаллимони тавонманд хама ба навъе метавонанд, дар ёдгирй ва тахаввули ёдгирандагон муассир бошанд. Аммо он чи беш аз хама дар кохиши осебхо ва эчоби фурсатхо дар чихати рушди насли чавон муассир аст, мудирият яъне созмондихй ва хидояти омузишист. Дар чараёни фаъоляитхои омузишй муаллимон ва мудирони мадрасахо ба унсурхои аслй ва калидй, тахаввули неруи инсонй ба хисоб меояд. Бинобар ин, бояд аз корой ва асарбахшии лозим бархурдор бошанд. Муаллимони коромад ва асарбаш хам, ки бо назарияхо, мабонй ва усулу равишхои таълиму тарбият ошно бошанд ва биниши хунармандона дошта, фазо ва мухитеро фарохам созанд, ки ба чойи интиколи иттилоот ва тахлили андеша эхсоси амният, шоистагй, худназоратй ва худтахаввулиро дар донишомузон таквият кунанд. То онхо битавонанд, мушаххасан меъёри таълиму тарбияти худ бошанд. «Таррохон ва мучриёни барномахои дарсй низ бояд бовар кунанд, ки дар асри инфичори илттилоот ва маълумот муаллимон танхо интиколдихандаи дониш ва маърифати илмй нестанд. Балки омилхои зиёде дар интиколи дониш ва шаклгирии андешаи насли чавон муассир аст. Бинобар ин, онхо бояд таррох, мудир ва созмондехи фаъолиятхои омузишй бошанд ва накши созмондихй, рохнамой ва тасхилгарии фаъолиятхои омузиширо дошта бошанд ва танхо ба интиколи иттилоот ва дониши илмй басанда нанамоянд» [1].
Бинобар ин, лозим аст муаллимон ба вижа омузгорони ибтидой, ки мехоханд ба кор машгул шаванд, бо шевахои методологии омузишии руз ва ин омузишхо пас аз шуруъ ба кор низ идома ёбад. Барои муаллимоне, ки аз гузашта низ ба кор гирифта шудаанд, хам даврахои омузишй гузошта шавад. Имруза яке аз калидитарин бахсхо дар пажухиш ва барои расидан ба халлокият ва назарияпардозй бахс ва бахси равишшиносй ё методологй ва равиши тахкик мебошад. Дар тахкикоти илмй ва бунёдй ахамияти вижае бархурдор аст. Бахси бунёдини равишшиносй метавонад, моро ба меъёрхои амик ва дакик, ки рохкушои мушкилот дар арсахои бакоргирии фанноварии нав дар халлокияти муаллимон ва донишомузони ибтидой бошад, рахнамун гардад. Тахаввули асосй ва пойдор дар хар чомеае дар гирави мутахаввил шудани низоми
таълиму тарбияти он чомеа аст ва мехвари аслии тахаввул ва тавсеа низоми таълиму тарбият бехбуди кори муаллим шинохти вижагихои онхо мебошад.
Муаллимони ибтидой ба унвони поягузорони андешаи илмй арзишхо ва масъулиятхои ичтимой ба кудакони мо мебошанд ва харфи аввалро дар тарбияти манбахои инсонй мезананд ва хеч хирфае хамчун муаллимон таъсири зиёде дар чомеа надоранд. Тарафдарон, таблигкунандагони тахаввул ва тавсеа дар чомеахо бояд беш аз хар кас хомиёни муаллимон бошанд. Сиёсатгузорони омузишу парвариш бо дарназаргирифтани хукук ва мазоёи шуглй вижае барои муаллимони ибтидоии мадрасахо, ки мадорики тахсилй, тахасусй ва таахуди мавриди назарро доро хастанд, нигаронии зиндагиро барои онхо кохиш диханд.
Чун бисёре аз бузургони фарханги мо ва дигар фархангхо ифтихорашон ин буд, ки солхои пурбаракати умри хешро дар мадрасахо тай кардаанд. Монанди Пиёжа, Эриксон, Ибни Сино, Форобй ва гайрахо аз тарафи муаллимон низ бояд бидонанд, дар чи шароите мутахаввили чахонй зиндагй мекунанд. Фикру тавони худро махдуд ба марзхои чугрофиёй накунанд ва аз кудрати ибтикор халлокият ва махорат бархурдор бошанд. Фаъолиятхои худро ба чанд китоб ё чанд навишта, ки дар марказхои тарбияти муаллим ё дар тулии кори худ бо онхо ошно шудаанд, накунанд. Зеро дунёи печида ва мутахаввили имруз лозимаи ёдгирии мудом ва фарзандони замони хеш будан, фаъолияту халлокият аст. Ба гуфтаи Олберт Энштейн: «Афроди инсониро набояд абзорхои бечон дар назар гирифт ва чавон ба монанди шахсиятхои мутаодил ва мавзуъ бояд ба чомеа тахвил дод»[2] Методология ё равишшиносй аз усули куллии марбут ба равишхо аст, ки дар хар вазъияти мушаххас бояд ба як сабки хос, муносиб бо он вазъият табдил шавад.
Мачмуае аз усул, фунун ва абзору мустанадоте, ки тавассути дихандагони система дар талош барои пиёдасозии як системаи иттилоотии чадид аз онхо бахра гирад, як методологияи ташкилшуда аз мархилахои аслй, ки онхо низ ба мархилахои фаръй таксим шудааст. Ба кумаки ин мархилахо тавсеадихандагони системахои иттилоотй ва барномарезй аз ин мархилахо мудириятро назорат ва арзёбй мекунанд. Аз тарафи ин нигариш як тарзи тафаккур аст ва аз тарафи дигар, равише барои бархурд бо масъала аст, ки кобилияти истифода дар халли масъалахои созмонро дорост. Дар гох ин руйкард дар халли масъалаи созмонй ба кор гирифта шавад, ба унвони равиши куллии халли масъала номида мешавад. Дар гох барои тахлил, таррохй ва бехбуди системахои иттилоотй мавриди назар карор гирад, ба унвони методология ё равиши тачзия, тахлил ва таррохии система номида мешавад. Методология ва равишшиносии тахкик, ки равиши муносиби хар пажухиш ё бар асоси мавзуъ ва тархи он интихоб мекунанд, аз бехтарин бахшхои ин пажухиш аст. (Ин илм собикаи кухан дорад, вале дар рузгори Франсис Бейкен ба равиши тахкик дар илмхо бештар таваччух шуд. Имруз дар таълиму тарбият ба равиши иктишофй. Яъне тафаккури халлок таъкид мешавад. Охиран дар Эрон равиши такхики хоси хар илм дар унвонхои дарсии илмхои мухталиф гунчонида шудааст. Равиши тахкик дар равши мухталиф дар илмхои мухталиф яксон нест. Албатта, коидахои умумии равиши тахкик яъне равиши тахкики умумй дар хамаи илмхо корбурд дорад. Вале равиши тахкики хоси хар илм бо дигар илмхо мутафовит аст) [2].
Равишшиносй рохест барои расидан ба маърифати амик бар фаъолияти хос барои назарияпардозист. Барои расидан ба натичахои пешбинишуда ва дар ин рох бо ихтилофхое рубару шуда, ки дар поён ба роххои мантикй мерасад. ( Дар илмхои табий монанди ризоиёт, физика, химия ва равиши тачрибавй, яъне кашфи нодонистахо аз тарики мушохида ва озмоиш чойгохи вижае дорад. Дар илмхои ичтмой ва инсонй, ки бо мавзуи печида ва чандбуъдй ба номи инсон рубару мешавад, натичахои тахкикот бо таъият ва умумияти камтаре нисбат ба илмхои табий доранд) [2]. Аз ин ру пажухиш дар ин гуна илмхо ба равишхои мутанавеъ ва мутафовит ниёз дорад. Бетаваччухй ба ин равишхо бавижа анвои чадиди он монеъи чиддй барои рушд ва тавсеаи ин илмхо бахисоб меёбад. Масалан имруза дар шевахои ёдгирй дар дониши таълиму тарбият бар шеваи иктишофй, яъне тафаккури халлок таъкид мешавад. Аммо шеваи интиколй бар
маxфyзот таъкид мекунад. ^p низоми омузишй даp сypате даp анчоми pисолати худ муваффак хоxад шуд, ки доpои муаллимони баpхypдоp аз салоxияти илмй ва ошно ба pавишxои омузишй ва мyчаxаз ба маxоpатxои омузишй, шуглй ва xиpфай бошанд. Пас бинобаp ин, се боли муаллим ч^ати паpвоз даp фазои омyзишиpо метавон як салоxияти илмии мавpиди назаp, ду маълумоти муфид ва мyассиpи омузишй ва иттилооти умумй, се талфики огоxиxои илмй ва тачpибаxои амалй.
Ошной бо технологияи омузишй баpои муаллимон заpypист. Технология ба маънии xаp гуна маxоpати илмй, ки даp он аз натичаxои дониш ва ёфтаxои илмй истифода мешавад ва технологияи омузишй усул ва pоxбypдxоест, ки баpои xалли масъалаxои омузишй даp сатxи коpбypдй ба коp меpавад.
Пешниходоте барои бехбуди технологияи омузишй
1. Таваччyxи мyдиpон ба технология омузишй даp мадpасаxои ибтидой;
2. Истифода аз афpоди мутахассис даp макоми технологияи омузишй;
3. Чдзби муаллимони ибтидой бо мадоpики таxсилии болотаp;
4. Аpч ниxодан ба муаллимоне, ки аз технологияи навини омузишй истифода
мекунанд;
5. Ихтисоси таваччyxи хос даp вазоpатхонаxо ба илми технологияи омузишй [3].
Х,адафхои омузиши методологи дар давраи ибтидой
1. Афpодpо аз ибтидои таxсил бо pавишxои чадиди омузишй ошно кунанд;
2. Теxнологияи омузишй метавонад, ёдгиpиpо инфиpодй кунад;
3. Дас^ам ба фаpxангй омузишй, ба тавpи яксон баpои xама;
4. Технология мyассиpтаpин васила баpои таxакyки xадафxо аст;
5. Риштаxои васеъ ва гyстypдае аз илмxо ва донишpо ба xам васл мекунад;
6. Василаи мутмаин баpои беxбyд ва эчоди таFЙиpот аст.
Тачxизот ва обзоp метавонад, даp хидмати методологияи омузишй каpоp гиpад ва технологияи омузишй фанни бакоpгиpии абзоp баpои осон намудани ёдгиpй мебошад. Имpyза pавиши тадpис ба шакли сyханpонй, pавиши бисёp кyxна аст, ки агаp чи xанyз ба унвони яке аз pавишxои омузишй даp баъзе аз мавкеъxо xам судманд ба коp гиpифта мешавад, аммо pyxияи насли xозиp ва xyзypи pакобатии дигаp pасонаxо даp мукобили садо ва лаxни муаллим эчоб мекунад, ки масъулин абзоpи технологияpо ба хидмати муаллимон даpоваpад. Даp ин миён мyаллимpо танxо нагyзоpад, агаp тачxизоти лозим ва муносиб даp ихтиёpи давpадида каpоp нагиpад, муаллим наметавонад, коpоии лозимpо дошта бошад. Хдо кишваp то xyдyди зиёде ба муаллимони он бастагй доpад ва ба ибоpати дигаp, мyxимтаpин васила баpои pасидани чомеа ба xадафxои омузишй ва пpаpваpишй муаллимони доно ва тавонно xастанд.
Муаллим накши мyxимме даp ба вучуд омадани шахсияти илмй ва фаpxангии донишомузон доpад ва даp xаммаи дидгоxxо аxамияти зиёде низ ба муаллим дода шудааст. Arap каpоp аст таFЙиpе даp огаxиxо, нигаpишxо ва маxоpатxои фаpогиpон эчод шавад омили таFЙиp муаллимон xастанд. Муаллимон метавонанд беxтаpин баpномаxои даpсиpо ба натича сохта ва ё асаpи онpо камтаp намоянд. Дамчунин муаллимон метавонанд, бо xyнаpи тадpиси хеш баpономаxоpо ба тавpи мyассиp ва муфид ичpо намуда ва натичаи Fайpи кобили тасаввypе ба даст оваpанд. Пас бояд ба таpбияти муаллимон паpдохт, то ощо xам донишомyзонpо таpбият кунанд. Омузиш ва паpваpиш саpнавишти чомеаpо даp даст доpад ва абзоpи илмй ба xисоб меояд. Aгаp дасандаpкоpон ба маxоpатxо ва огоxиxои лозим мyчаxxаз шаванд, накши хyдpо ба наxви матлубе ифо менамоянд.
Вакте мо баpои муаллимон семинаp ва raprox баpгyзоp мекунем, ва аз pавишxои фаъоли тадpис сухан мегуйем, вале абзоpи мавpиди ниёз даp ихтиёpи муаллим каpоp намегиpад ва xатто даp синфxое, ки омузиши pавишxои фаъолpо тадpис мекунем худ бидуни истифода аз абзоpи технологияи омузишй ва факат аз pавиши сyханpонй истифода мекунем, чигуна бояд интизоp дошт, ки муаллимони ибтидой даp оянда муаллимони ичpокyнандаи pавишxои тадpиси мyшоpикатчyёна бошанд. Омузиш ва паpваpиш ногyзиp аст, ки баpои xамоxангй бо теоpияxои таFЙиpи нигаpиш ва pавиш нисбат бакоpгиpии тачxизоти муносиб ва абзоp модеpни технологияи омузишй икдом
ва талош кунад, ки технологияи омузишй ва истифода аз онро низ ба фарогирон биомyзад. Чаро ки агар дертар икдом намояд, замоне мегузарад, ки аз роёна ба унвони як саргармй дар акидаи фарогирон нщодина шавад. Мутмаин бошед, ки агар роёна натавонад, дар хидмати чараёни ёдгирй дарояд ва муаллимону фарогирон ба василаи он ба иттилооти чадиде бирасад ва худ низ иттилооти чадидро тавлид кунанд. Бешак як абзори афюнй барои неруи инсонй дар омузишу парвариш ба xисоб хоxад омад. Агар дар ин замина сармоягузорй гардад ва мадорис мо бо ин равиш мyчаxаз гарданд пас аз чанде мадориси кунунй, мадориси мачозй хоxем дошт ва сарфачуйии калоне дар бучаи омузишу парвариш сурат хоxад гирифт. (Гузориши коршиносон нишон медщад, ки имруза омоpxои фарогирони мадорис дар кишвари Эрон аз марзи 2000000 нафар бештар шудааст. Агар таваччyx ба мадориси мачозй бо ин суръат ба пеш равад, замоне намегузарад, ки дар шаxpxои саноатй ва шаxоpxои бузурги чаxон бозори мадpасаxои расмй аз кор афтода ва донишомузон факат барои касби мадрак дар мадориси мачозй сабти ном менамоянд) [4]. (Аммо баъзеxо акида доранд, ки даврои ибтидой ба тащойй метавонад, барои касби ин маxоpатxо кифоят кунад) [5].
Ба xаp xол падидаи мадрасаи мачозй як падидаи чидди ва боваршуданист ва низоми омузишу парвариш бояд барои ризояти муштариёни худ ва аз даст надонаи ощо мачбур ба пазириши мадриси мачозй гардад.
Доштани методологии хуб барои муаллимони ибтидой олист, аммо беxтаp он аст, ки донишомузоне дошта бошем, ки дар ёдгирии хуб ширкат кунанд. Муаллимони ибтидой бояд интизороти донишомузонро дарёфт ва барои расидан ба ин интизорот ва xадафxое, ки бояд дар омузиши ибтидой ба он расид, барномарезй кунанд. Муаллимони фаxим ва мантикй муваффакияти xаммаи донишомузонро дар назар доранд. Албатта ин муваффакият нисбист ва мyxим он аст, ки муаллим xамаи коpxоеpо, ки метавонад дар синф дар замони муаян барои расидан ба ниёзxои донишомузон ва аxдофи таъйиншуда анчом дщад, анчом дода бошад.
Яке аз pавишxои муваффакият тагйир ва татбики муаллимон бо ниёзxо ва xадафxо аст. Муаллимони хуб мутафаккир xастанд. Ин вижагй шояд танxо хусусияти мутмаин ва мутлаки тамоми муаллимони хуб аст. Чунки бидуни он xеч кадом аз вижагиxое, ки гуфтем ба рушд ва булуг намерасад. Муаллимони хуб ба таври одй ба синфxои хеш ва донишомузони худ, pавишxо ва мyxтавои тадрис фикр мекунанд ва ощоро мукоиса мекунанд ва муваффакият ва адами муваффакиятро санчида ва иштибоxоташонpо бартараф месозанд.
Муаллимони хуб аз надонистан ноpоxат намешаванд, балки дар садади донистан ва огоxии бештар xастанд. Агар мо содикона ва мутафаккирона ба он чи дар синф руй медиxад фикр кунем, аглаби мушкилот ва суолотеро хоxем ёфт, ки наметавонем ощоро фавран xал кунем ва суолоте, ки наметавонем посух дщем, бояд биандешем ва мyшоxидаю мутолеа, таxкик ва кунем, то посухи ощоро дарёбем.
Улгуи идеал аз байни муаллимоне, ки доштаем ё ба унвони муаллимони идеал дар филмxо ва досто^о хондаем, бояд улгуи муносиб ва хуберо интихоб кунем. Муаллимони хуб ба корашон ишк варзида ва аз корашон дар синф ва таомул бо донишомузон бо лаззат ёд карда ва ба иртикои донишомузон xиммат намуда ва аз фypсатxо xадди аксар истифодаро мебаранд [1].
Ибни Сино мегуяд: «Касе, ки yxдадоpи тадрис дар давраи ибтидоист, бояд xадди акал 8 хусусиятро доро бошад»:
1. Хирадманд бошад: мyxимтаpин вижагй аз назари Ибни Сино доноист ва муаллим аз назари y барои омузиш бояд тасаллути илмй дошта бошад ва битавонад, посухгуйи донишомузон бошад;
2. Ахлок ва та^во: ин хусусияти олии ахлокй бояд сармашки рафтории донишомузон карор гирад, ки лозимаи шахсияти муаллим аст ва донишомузон бояд бо он ороста гарданд;
3. Ошной бо мух,ити тарбияти кудакон: бидуни шинохти вижагщои рушд ва ниёзxо ва хостаxои кудак дар маpxилаxои мухталифи сину сол ва бидуни ошной бо чи гунагии шаклгирии мафxyмxо дар зеxни кудак ва дигар бyъдxои шахсиятии y имкони таълиму
тарбият вучуд надорад ва муаллим бояд кудакро бишиносад ва роххои таъмини ниёзхои отифй ва ичтимой ва аклонии уро бифахмад;
4. Боадаб бошад: муаллим бояд сангин буда ва бархурдхои хамрох бо адаб дошта ва баёни суханони хакимонаи у улгу карор гирифта, то назди донишомузони бузург ва кобили эътимод ва такягохи онхо бахисоб ояд;
5. Бомурувват бошад: муаллиме, ки бо хурдсолон ва кудакон сару кор дорад бояд нармху ва рахмдил бошад ва дорои рухияи гузашт бошад, муруввут ва чавонмардиро дар мавкеъхои лузум барои таъдиди кудакон дар назар дошшта бошад.
6. Покдоман бошад: чун донишомузони ибтидой бо муаллими хеш бисёр эътимод доранд ва харгиз дар иффат ва покдомании у шак намекунанд. Бинобар ин муаллимони ибтидой бояд аз иффат ва покдоманй ва просой бархурдор бошад. То нуктаи зарфи муаллим зарбае бар онхо ворид накунад, ки кобили чуброн нахохад буд.
7. Муаллим бояд покиза ва муназзам бошад: чун обзори шинохтии кудаки дабистонй аз чахони хеш хавоси онхост. Бинобар ин, муаллимро аз вазъи зохирии у арзёбй намояд. Ва муаллиме, ки сару сурат, либос ва кафшаш мураттаб, тамиз ва муносиб бошад, уро фарди бузург ва кобили эхтиромдониста ва харфхояшро чиддй мегирад. Гузашта аз он чун уро намунаи хеш карор медихад, бинобар ин нисбат ба бехдошт ва назофати худ низ эхсоси масъулият мекунад.
8. Шеваи муоширатро бидонад: аз он чо ки аз назари равоншиносй донишомузон нисбат ба тавоноихои чисмй, равонй, ичтимой ва иктисодй бо хам мутавофитанд. Бинобар ин муаллим бояд бидонад, ки бо хар гуна чигуна бархурд ва муошират намояд. [6].
Дар тахаввули бунёдини омузиш ва парвариши марказхои тарбияти муаллими Эрон накши мухимме дар бахрадихй ва истифодаи бехина аз манбахо ва хазинахоро доранд ва метавонанд, дар тарбияти насли чавон ва расидани онхо ба хадафхо накши мухимме ифо намоянд. Ба хамин чихат, дар аглаби кишвархои пешрафта ахамияти зиёде ба тарбияти муаллим ва омузишу парвариш медиханд. (Омузиш ва парвариши кишвари Эрон дар соли 1911, яъне беш аз як 100 соли пеш ба таври муназзам ба таъсиси марказхои тарбияти муаллим барои давраи ибтидой ва сипас мутавассита барои тарбияти муаллимони ибтидой ва мутавассита икдом намуд. Тибки баррасихои анчомшуда мушахасс шудааст, ки мизони таъсири ёдгирии муаллиммон ва форигутахсилон дар марказхои тарбияти муаллими донишсароххо хеле бештар аз муаллимонест, ки аз марказхои омузишии дигар чазби омузишу павариш шудаанд. Зеро ки муаллимони форигутахсил аз марказхои тарбияти муаллимони Эрон гузашта аз дониш ва фанни ихтисосии шохаи хеш бояд аз назари нигариш низ таъсиргузор бошанд. Ин амр дар марказхои тарбияти муаллим ба далели рухияи хоким бар ин муассисот ба шеваи матлуб анчом мегирад. Ч,опонихо акида доранд, ки шоистагии хар низоми омузишй ба андозаи шоистагии муаллимони он аст. Дар хакикат хеч кишваре наметавонад аз сатхи муаллимонаш болотар биравад. Дар як нигох муаллим накши босазое дар низоми омузишу парвариш ифо мекунад ва муваффакият ё шикасти барномахо ва тарххои омузишу парвариш, то андозаи зиёде ба у бастагй дорад [7].
Адабиёт:
1. Дасани Шаъбонй. Махоратхои омузиш ва парвариш./ Дасани Шаъбонй. -Техрон Самт. 2011. - С.1-2.
2. Сиёмаки Асадзода. / Мачаллаи Рушди технолгия./ Сиёмаки Асадзода -№155, 2011.
3. Мачаллаи Донишманд. (Шумораи махсуси технологияи омузишй.) Гузориши коршиносони омузиш ва парвариши Созмони милал. -Техрон, 2003.
4. Фарибурзи Мухаммадй. Ба сулгуи тозаи тарбияти муаллим. / Фарибурзи Мухаммадй. /Мачаллаи рушди муаллим.- №5. 1979.
5. Ахмади Софй. ^онунхои омузиш ва парвариш./ Ахмади Софй. -Техрон: Самт, 2000 - С. 322.
6. Сиёмаки Асадзода. Шеваи навини омузиш ва парвариши ибтидой. / Сиёмаки Асадзода. -Техрон: Мадраса. 2011. -С. 72.
7. ^осими Кусалу. Ч,ойгох,и марказх,ои тарбияти муаллими ибтидои. /^осими К.
Шувкдлии РизоИ. -Салмос: Донишкадаи Имом ДумайнИ, 2012. -С. 1-2.
НЕКОТОРЫЕ ПРЕДПОСЫЛКИ О КОМПЕТЕНТНОСТИ
МЕТОДОЛОГИЧЕСКИХ ЗНАНИЙ УЧИТЕЛЕЙ НАЧАЛЬНЫХ КЛАССОВ
Джавод Тавакули Фар
В статье рассматриваются некоторые аспекты методологических знаний компетентности учителя начальных классов. Также приводятся рекомендации для формирования методологических знаний будущих учителей начальных классов.
Ключевые слова: методология, учитель, начальные классы, общение, рекомендации, компетентность.
SOME PREREQUISITE ON COMPETENCE OF METHODOLOGICAL KNOWLEDGE
OF TEACHERS OF PRIMARY SCHOOLS
Javod Tavakkoli Far
Some aspects of methodological knowledge of competence of teachers of primary classes are reviewed in this article. Recommendations for the formation of methodological knowledge of future teachers in the primary classes are are indicated in the article as well.
Key words: methodology, teacher, primary classes, sociability, recommendation, competency.
Сведения об авторе: Джавод Тавакули Фар - аспирант кафедры общей педагогики Таджикского государственного педагогического университета им. Садриддина Айни, тел.: (+992) 904-44-38-48, 900-07-57-42.
Information about the author: Javod Tavakkoli Far, postgraduate, Chair of General Pedagogy, Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini, tel.: (+992) 904-4438-48, 900-07-57-42.
СИСТЕМНЫЙ ПОДХОД КАК МЕТОДОЛОГИЧЕСКАЯ ОСНОВА ИЗУЧЕНИЯ
ПРОБЛЕМ ПОДГОТОВКИ ПРОФЕССИОНАЛЬНО-ПЕДАГОГИЧЕСКИХ
КАДРОВ
Мирбобоев В.Д.
Таджикский национальный университет
Системный подход неразрывно связан с фундаментальными идеями диалектики и диалектического подхода. Как общенаучное направление исследования системный подход базируется на постулате, что мир, субъекты и объекты действительности есть системы, циркулирующие в многомерном пространстве деятельности и соответственно этой циркуляции, изменяющие свои функции и свою морфологическую организацию1.
Теоретической основой использования системного подхода явились работы ученых, посвященные проблемам системного изучения мира, общества и деятельности (П.К.Анохина, В.Г.Афанасьева, И.В. Блауберг, Э.Г.Юдина и др.); исследования педагогов, раскрывающие возможности и научной целесообразности использования системного подхода в педагогических исследованиях (А.Н. Аверьянова, В.П.Беспалько, В.И. Загвязинского, М. С. Каган, Ф.Ф. Королева, В.В. Краевского, Н.В. Кузьминой, В.А. Сластенина, А.И. Субетто, И.И. Цыркуна, Г.П. Щедровицкого).
1 См.: Щедровицкий Г.П. Онтологические основания исследования мыслительной деятельности по решению задач и проблем //Вопросы методологии. 1996 . №3-4. С.21-64.