economic value of education, and analyzes the results of psychological and pedagogical experiment in economic education of pupils.
Keywords: economical Labour education, the Labour of skills and habits of family, parents, morality, economic.
Сведения об авторе: Исоева Дилором Сайдахмадовна, соискатель Кулябского государственного университета имени А. Рудаки, e-mail: [email protected]
About аuthor: Isoeva Dilorom Saydahmadovna, researcher of the Kulob State University named after A. Rudaki
ТАЪСИРИ РАВИШИ ТАДРИСИ ФАЪОЛ БАР ПЕШРАФТИ ТА^СИЛИИ
донишчуён
Маузунзода Б. Ф.
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни
Орзуи деринаи хар чомеае пешрафт ва боло бурдани маънавиёти афроди он чомеа ва дониши шахрвандони фархехта ва андешаманд аст, то битавонанд тасмимоти сахехеро дар масъалахои мухталифи фархангй, иктисодй, ичтимой, сиёсй бигиранд ва барномарезии сахехе дошта бошанд ва ин бастагй ба вучуди низомхои омузиши олии фаъол ва чуё дорад. Дар пешрафте дар чомеа аз низоми коромад ва сахехи омузиши олй дар чомеахо баргирифта мешавад ва ин масъалаи мухим ба омилхои зиёде, аз чумла, тагири шевахо ва улгухои тадрис ва дар чихати истифода аз равишхои навин ва фаъол бастагй дорад.
Ба эътикоди коршиносони таълиму тарбият донишчуёне, ки аз тарики омузиши фаъол ба ёдгирй мепардозанд, натанхо бехтар дониш меомузанд, балки аз ёдгирй лаззати бештаре мебаранд, зеро онхо ба чои ин ки факат шунаванда бошанд, фаъолона дар чараёни ёдгирй ширкат меварзанд ва худро масъули ёдгирии хеш медонанд [1]. Агар чараёни ёдгирй - ёддихй дар синф бар асоси шеваи халли масъала (равиши илмй) тархрезй шавад, донишчуён илова бар ин ки омузиш мебинанд, хам тарбият мешаванд, ^ам бо тартиби кори илмй ошно хоханд шуд.
Ин равиш муассиртарин равиши таълиму тарбият ба хисоб меравад ва агар низоми омузиш битавонад тавоноии хдлли масъаларо ба фарогирандагон ёд дихад, ба хадафхои худ даст ёфтааст. Хдрчй кудрати тасмимгирй ва интихоби рохи халхои матлуб дар фарогирандагон афзоиш ёбад, онхо ниёзхои рузмарраи худро рохаттар рафъ мекунанд ва муваффактар хоханд буд [2].
Дар равиши баргирифта аз халли масъала муаллим ба унвони осонкунандаи чараёни ёддихй омузишро огоз ва донишчуёнро ба хамкории фаъол дар чараёни ёдгирй ташвик менамояд. Донишчуён пас аз бахс ва гуфтугу бо сарфи замони кофй ба шиносоии масъала ва кашфи мавзуоти марбут ба он мепардозанд ва ин кор барои халли масъала сабаб шуда ва нихоятан бо ба кор гирифтани дониши касбшуда ёдгирии амик ва пешрафти тахсилй хосил хохад шуд [3]. Пешрафти тахсилй масъалаест, ки харсола хачми азиме аз пажухишхоро ба худ ихтисос медихад. Дар бозбинии теъдоди зиёде пажухишхои марбута ба омилхои муассир бар пешрафти тахсилй 288 мутагайирро ёфтаанд, ки дар тахкикоти мухталиф робитаи онхо бо ёдгирй ва пешрафти тахсилй мавриди баррасй карор гирифта аст ва ин мутагайирхоро дар 30 мавзуъ ва 6 табака дастабандй кардаанд. Пешрафти тахсилй мавзуе аст, ки бахусус дар холи хозир мавриди таваччухи тамомии кишвархои чахон аст ва ба унвони мутагайири вобаста тахти таъсири як омил нест, балки омилхои зиёде ба монанди истеъдоди тахсилй, авомили шинохтй, монанди хуши умумй, худкоромадии тахсилй, рохбурдхои худтанзимй, сохтори дарс, ангезиши тахсилй, тавоноии ёдгирандагон, омузиши муаллимон ва ангезиши ёдгирандагон бар руи он таъсир доранд.
Фазлй ва Чдводй низ пажухише дар мукоисаи равишхои тадриси фаъол анчом доданд ва ба ин натича расиданд, ки равишхои тадриси фаъол бар пешрафти тахсилии донишомузон дар се самти шинохтй, махоратй ва нигаришии дарси ичтимой муассир хастанд [4].
Аббосиён дар пажухише, ки дар бораи таъсири равишхои тадриси фаъол бар пешрафти дарсии донишомузон анчом дод, ба ин натича расид, ки донишомузони
47
гурухи озмоиш, ки бар асоси улгухо ва равишхои фаъоли тадрис омузиш дида буданд, ба маротиб муваффадтар аз донишомузони гурухи гувох буданд, ки бо равишхои маъмулй омузиш медиданд [1].
Анвархон ва хамкоронаш дар тахдидоти худ ба баррасии таъсири халли масъала бар пешрафти риёзй пардохта буданд, ба ин натича расидаанд, ки халли масъала тавоноии донишомузонро дар пешрафти тахсилй афзоиш медихад [5].
Яке аз мушкилоти хозираи низоми омузишй бакоргирии шевахои фаъоли тадрис дар донишгоххо аст. Аз ин ру тадриси халли масъала ба сурати гурухй сабабгори пешрафти тахсилии донишчуён ва ёдгирии бехтари матолиби дарсии онхо мегардад.
Натоич нишон медиханд, ки бо ба кор гирифтани шеваи халли масъала донишчуён натанхо дар заминаи адлонй рушд мекунанд, балки дар заминаи ичтимой низ бо фарояндхои ичтимой ошно мешаванд ва ёд мегиранд, ки аз радду бадал кардани иттилоот ва афкор матолиби тозае фаро гиранд. Бо таваччух ба махдудияти замонии системаи омузишй дар омузиши олй метавон хулоса кард, ки бояд ихтиёри муаллим ба андозаи кофй боз бештар шавад, сохтори низоми омузишй набояд муаллимро махдуд ба ироаи матолиби китоб намояд. Бояд имконоти муносибе чихати пешрафти тахсилии донишомузон дар ихтиёри муаллим карор дода шавад, то муаллим битавонад аз хадди адалли замон хадди аксари истифодаро бибарад.
Адабиёт:
1. Аббосиён Ш. Баррасии робитаи байни равиши тадриси фаъол ва пешрафти дарсии донишомузони соли чоруми ибтидой дар дарси риёзй // Мачаллаи Рушди омузиши ибтидой. - 1376. - № 6. - С. 28-32.
2. Адибниё А., Мухочир Я., Шайхпур С. Мудоисаи таъсири равиши тадриси халли масъала бо равиши тадриси ковишгарй бар махоратхои ичтимоии донишомузони духтар дар дарси улуми ичтимоии пояи панчуми ибтидой // Пажухиш дар барномарезии дарсй. Давраи дахум. - Техрон. - 1392. - № 9. - С. 63-78.
3. Рохнамо А., Абдулмаликй Ч,. Баррасии робитаи байни хуши хаячонй ва халлодият бо пешрафти тахсилй дар донишчуёни Донишгохи Шохид // Фаслномаи Андешахои навини тарбиятй. - 1388. - № 2 (5). - С. 55-78.
4. Сафавй А. Равишхо, фунун ва улгухои тадрис. - Техрон: Самт, 1388.
5. Яздиёнпур Н., Юсуфй А., Хдкконй Ф. Таъсири омузиш ба равиши пружай ва мушорикатй бар пешрафти тахсилии донишомузони духтари севуми тачрубии Фулодшахр дар дарси омор ва моделсозй // Дониш ва пажухиш дар улуми тарбиятй - барномарезии дарсй. Донишгохи Озоди исломии вохиди Хуросон. - 1388. - № 22. - С. 85-98.
ВЛИЯНИЕ ИНТЕРАКТИВНЫХ МЕТОДОВ ПРЕПОДАВАНИЯ НА УСПЕВАЕМОСТЬ
СТУДЕНТОВ
В статье отмечается, что успеваемость студентов в современном мире внимательно прослеживается во всех странах, так как их научное развитие зависит от различных факторов, таких как учебные способности, общий интеллект, учебная самоспособность, структура урока и т. д., на развитие которых благоприятно влияют интерактивные методы преподавания.
Ключевые слова: интерактивный метод преподавания, проблемное обучение, успеваемость.
INFLUENCE OF INTERACTIVE METHODS OF TEACHING ON PROGRESS OF STUDENTS
The article notes that the progress of students in the modern world, carefully traced in all countries, as their scientific development depends on various factors such as training capacity, general intelligence, academic samosposobnost, the structure of the lesson, and so on, the development of which favorably affect interactive teaching methods.
Keywords: an interactive method of teaching, problem training, progress.
Сведения об авторе: Махзунзаде Бушехри Фотима, аспирант кафедры общей педагогики Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: [email protected]
About аuthor: Makhzunzade Bushehri Fotima, the post-graduate student of Chair of the General Pedagogics, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini