УСУЛИ ТАЪЛИМ МЕТОДИКА ПРЕПОДАВАНИЯ METHODS OF TEACHING
ББК 74.00 И.Х. КАРИМОВА
УДК 371.011
К21
ПЕДАГОГИКАИ МУЦОИСАВИ ВА МАВЦЕИ ОН ДАР ГУСТАРИШИ ^АМКОРЩОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ
Педагогикаи мукоисавй дар забони англисй бо истилохд «comparative education» ва дар забони фаронсавй «pedagogie comparee» ва дар забони русй "сравнительная педагогика" муаррифй шудааст. Ин шохаи илми педагогика бо ин шакли чадид дар Аврупо ба вучуд омадааст. Калимаи «comparative» аз феъли «to compare» гирифта шуда, маънои санчидани чанд чиз ва бо х,ам мукоиса кардани он^оро дорад. Дар забони фаронсавй бошад, «comparee» маънои баробар кардани ду чиз бо х,ам, мутобик сохтанро дорад.
Интихоби истилохд дакик дар ин замина мухдм аст, зеро вучуди номафх,умй дар интихоби як ё чанд мафх,ум мумкин аст ба иштибох, расонад. Таърифи тавсифии ин шохаи педагогика метавонад баёнгари нуктаи назарх,ои гуногуне бошад, ки бо истифодаи онх,о метавон бе эчод кардани мухолифат бо нуктаи назарх,ои чомеашиносй, фалсафа ё равоншиносй ба таърифи педагогика пардохт. Агарчй дар сох,ах,ои мухталифи илмх,ои вобаста ба ин илм як навъи ягонагй дида шавад х,ам, вале дар бархе аз мавридх,о мухолифат низ дида мешавад. Назар^ои гуногун бештар аз он чо маншаъ мегиранд, ки мухдккикону пажух,ишгарон ва мутахассисони дигар сох,ах,о, аз кабили равоншиносй, фалсафа, таърих, чомеашиносй, физика, биология, иктисод, улуми сиёсй ва гайра, ба чуз микдори ками эшоне, ки аз донишмандони сохди педагогика мах,суб меша-ванд, дар мавриди педагогикаи мукоисавй нигоришх,ои илмии гуногун доранд.
Ба ин тартиб, мушохдда мешавад, ки педагогикаи мукоисавй аз нуктаи назар^ои гуногун мавриди мутолиа ва баррасй карор гирифтааст. Педагогикаи мукоисавиро истифода кардан аз мукоиса ба максади мутолиаи чанбах,ои мушаххаси масъала^ои тарбиятй медонанд.
Ба акидаи дигар он педагогикаи мyкоисавй ба маънои баррасй ва тахлили мyназзамy системаноки дигар фархангхо ва низомхои омузишии муФид ба манзyри кашфи шабохат ва тафовутхо мебошад (6, с.34).
Педагогикаи мукоисавиро метавон иборат аз як низоми тахкики донист, ки моро барои дастёбй ба шинохти чадиди назария ва амалия аз тарики мукоисаи ду ё чанд системаи тарбиятй дар кишвархои мухталиф ва ё даврахои таърихии гуногун ёрй медихад (1, с.32).
Максад аз «мукоиса» иборат аст аз тачзия ва тахлили монандихо, нукоти муштарак ва, инчунин, тафовутхои мавчуд байни системахои мухталифи тарбиятй, ки дар заминахои созмонй, ташкилотй, тарзи мудирияти омузишй, барномахо, равишхои тарбиятй ва хамчунин арзишёбихои омузишй дар мархалахои мухталифи таълиму тарбият ба амал меояд.
Баррасии киёсй метавонад ду ё якчанд системаи омузиширо дар мачмуъ фаро гирад, метавонад баъзе чанбахои системахои омузиширо ба мисли созмони идорй, барномахои омузишй, барномахои дарсй ва гайра мавриди мутолиа карор дихад. Баррасии киёсй метавонад байни шевахои омузишии кишвархои мухталиф ё манотики гуногун аз нуктаи назари чугрофй, замонй ва хамчунин байни низомхои тарбиятии даврахои мухталифи таърихй анчом пазирад. Бо ин вучуд, бояд таваччух дошт, ки дар замони муосир баррасихои киёсй бештар ба замони муосир махдуд мешавад (3, с.56).
Бинобар ин, педагогикаи мукоисавй мавзуъхои бисёр густурда дорад ва дар аксари донишгоххои дунё, аз чумла донишгоххои аврупой ва амрикой, чузъи маводи дарсй ва тахкикотии сатхи магистр ва докторй аст. Ба далели густурдагии мавзуи ин илм, танхо онро муаррифй ва равиши тахкики онро зикр мекунанд ва барои намуна чанд масъаларо дар чанд кишвар бо хам мукоиса мекунанд ва аз тахлилхои худ натичахои дилхохро дастрас мекунанд. Он гох донишчуён бахше аз масоилро ба унвони мавзуи тахкик интихоб мекунанд ва ба тахкики он аз рохи шинохти ин масъала дар кишвархои мавриди мутолиа мепардозанд. Дар натича, тамоми риштахои марбут ба педагогика ва масъалахои онхо дар доираи ин мавзуъ карор мегирад.
То кунун дар Точикистон омузиши педагогикаи мукоисавй танхо дар сатхи донишгоххо, донишкадахо ва муассисахои тарбияти муаллимон истифода мешавад ва он хам бо теъдоди кам. Лозим ба ёдоварист, ки танхо соли гузашта фанни «Педагогикаи мукоисавй»-ро дар факултаи педагогика ба сифати фанни ёрирасон (факултативй) ворид карданд. Ин дар холест, ки мавзуъхои мухими дигаре, аз чумла умури вобаста ба иктисоди омузишу парвариш, умури фархангй, мудирияти тарбияти муаллим, саводомузй, мушовара ва рохнамой, омузиши масъалахои кабл аз дабистонй, омузиши бузургсолон, омузиши доимй, хадафхои таълиму тарбият, равишхо ва билохира хамаи мавзуъхои вобаста ба таълиму тарбият бояд дар кишвархои мухталифи чахон шинохта шавад, мукоиса ва тахлил шавад, то аз натичахои ба дастомада рохи халле барои мушкилоти мавчуд ба даст ояд.
Баъзе аз мухаккикон, ки бо равиши чамъоварии додахои оморй мухо-лифанд ва бовар доранд, ки чун равиши чамъоварии ин додахо гуногун аст, бинобар ин хам мукоисахои оморй арзиши зиёде надоранд (4, с.67). Ишора
мегардад, ки низоми омузишу парвариш намунае аз хусусиёт ва биниши миллй аст ва чехраи мушаххаси як миллатро ошкор месозад ва бинобар ин низоми омузишй шадидан тахти таъсири гузашта аст. Онхо омилхои муассир дар таълиму тарбиятро ба се кисмат таксим кардаанд:
1. Омилхои табий, монанди нажод, забон ва мухит;
2. Омилхои мазхабй;
3. Омилхои гайримазхабй монанди атеизм, сотсиализм ва неосотсиализм (7, с.45).
Дар тахкикотхо бар суннат ва таъсири он бар таълиму тарбият таъкид мекунанд ва дар тахкикот бар тафсил ва чузъиёти таърихй ва тафсиру таъбири онхо исрор меварзанд (2, с.23).
Дар ин чо ба накши суннатхои фалсафй дар масирхои педагогика ишора мешавад. Ба назари онхо, «педагогика дар воцеъ намоди ниуоишуда аз фалсафаи ицтимоии як миллат аст» (5, с.67). Ба хамин далел, дар хар таъбиру тафсире нуфуз ва иртиботи фалсафй ичтинобнопазир аст. Ба ишорае мутолиаи таърихй бо таваччух ба накши омилхои хаётй, ичтимой, фархангй ва хусусиёти миллй имконпазир мегардад, ки такрибан дар хамаи чомеахо масъала ва хадафхои омузишй ба якдигар шабохат доранд, вале равишхои мавриди истифода барои халли мушкилот бо суннатхо ва фарханги хар як аз чомеа иртибот меёбад.
Аммо дар мавриди хадафхо ва корбурди педагогикаи мукоисавй, назархои мухталиф баён шуда, ки то хадди имкон ба баъзеи аз онхо ишора мешавад.
Гарчй барои хеч кишваре намунабардорй аз таълиму тарбияти дигарон бе мушкилй амалй намегардад, бо ин вучуд, таваччух ба ин ки миллатхо ва давлатхои мухталиф чи гуна ба чараёни таълиму тарбият нигариста ва чй равишхоеро дар пеш гирифтаанд ва чй натичахое аз икдомоти онхо хосил шудааст, нуктахои муфиду арзишманде дар бар дорад, ки албатта, бо таваччух ба хусусияти ичтимой ва омилхои муассир дар таълиму тарбият худ метавонад ба истифода аз равишхои судманд амалй гардад.
Истифодае, ки то кунун аз ин дониш мешуд, ба унвони тадриси маводи дарсй дар донишгоххои педагогй буд ва гуфта мешуд, ки довталабони касби муаллимй бояд аз равишхои омузишии кишвархои дигар огохй дошта бошанд. Дар холе, ки истифодаи вокей аз ин дониш дар барномахои омузишй ва дар сатхи муассисахои тахкикй пурсамартар аст, аз ин ки танхо ба сурати яке аз дарсхо тадрис гардад. Аз тарафи дигар, чун донишчуёни бисёре барои идомаи тахсил ба кишвархои мухталиф фиристода мешаванд, иттилоъ аз даврахои тахсилй ва низоми омузишй, истилохоти тарбиятй ва номи мадраки тахсилй ва гайра мавриди истифодаи хатмии донишчу аст, ки хатто тарчумонхои мадраки тахсилй хам бидуни иттилоъ аз онхо кори тарчумаро наметавонанд ба таври дуруст анчом диханд. Аз суи дигар, мукоиса ва хамсатх намудани даврахои тахсилй дар кишвархои мухталиф кори зарурй аст. Барои мисол, мадраки хатми омузиши миёна дар Точикистон бо муодили хамин мадрак дар кишвари Фаронса, Англия, Олмон ё Амрико чй тафовуте аз назари солхои тахсилй ва матлаби омухташуда ва гайра дорад ва хамин тавр барои даврахои тахсилй ва масъалахои дигар, ки дар мубодилоти фархангй ва омузиш накши бисёр
хассосеро доро хастанд ва бидуни таваччух ба ин дониш ин кор гайримумкин ба назар мерасад.
Бинобар ин, лозим аст, ки бо кишвархои дигар то чое, ки ба нафъи омузишамон аст, робитаи омузишй дошта бошем. Агар бихохем аз илму дониши сарзаминхои дигар бахраманд гардем, лозим аст иттилооти кофй дар мавриди хамаи чанбахои зиндагии мардуми дигар кишвархо, аз чумла дар мавриди илму фан ва низоми омузишии онхо огохй дошта бошем, то ин бахрагирй ба шакли бехтар анчом шавад. Бино бар он чи ки зикр шуд, вазифаи тамоми мавридхои дар боло зикршуда бар ухдаи педагогикаи мукоисавй аст.
Он чй ба ихтисор дар бораи муаррифии педагогикаи мукоисавй пешниход шуд, метавон танхо ба унвони рохнамое барои мутолиаи бештар дар заминахои мухталифи он бошад. Х,амон тавр, ки дар матн ишора шуд, на танхо хама масоил ва мавзуоти таълиму тарбият, балки тамоми заминахои ичтимой, сиёсй, таърихй ва суннатии кишвархо барои мутолиаи бахше аз масоили омузишу парвариш лозим аст. Шакли ин мавзуъ барои як дарси донишгохй факат пешниходи равиш барои тахкикоти донишчуён дар як ё чанд заминаи тарбиятй ва мукоисаи онхо дар кишвархои мавриди назар аст.
Он чй мухим ба назар мерасад, ин аст, ки ин ришта бояд дар донишгоххо дар солхои охир ва хамон гуна, ки каблан ишора шуд, хатто дар сатхи фавкуллисонс ва болотар тадрис шавад, зеро лозим аст, ки барои огози мутолиаи ин ришта бо хамаи риштахои дигари улуми тарбиятй ошной хосил шуда бошад. Бинобар ин, хадди акал бояд дарсхои таърихи омузишу парва-риши кишвархои чахон, равишхои тахкик, фалсафа ва усули омузишу парва-риш, иктисод, чомеашиносии парвариш ва созмони идораи омузишу парвариш дар Точикистон ба унвони пешдарси ин ришта гузаронида шуда бошад, зеро дар гайри ин сурат барои донишчу бисёр мушкил хохад буд, ки бидуни доштани иттилооти лозимии каблй аз вазъи омузишу парвариши кишвархо ё донистани усул ва асосхои таълиму тарбият ин масъаларо баррасй кунад.
Аз тарафе донистани системаи омузишии кишвари худи хонанда низ лозим аст, зеро бояд хадафхо, равишхо, сатххои тахсилот, будчаи омузишй, собикаи фархангй ва таърихй ва масоилу мушкилоти омузишу парвариши кишвар каблан барои донишчу то хадди имкон шинохта шуда бошад. Чун у барои мукоиса ва бахрагирй аз ин кор бояд иттилооти лозимро дошта бошад, то битавонад тафовутхои мавчуд дар кисматхои мухталифи тахсилии кишвари худро бидонад. Ин мухимтарин унсури рохкушо барои мукоиса аст, ки масъалахои дигар бо таваччух ба он бехтару муассиртар кобили шинохт хохад буд. Равшан аст, ки донистани иттилооти умумй дар бораи таърих, чугрофия, вазъи сиёсию ичтимой ва иктисодии кишвархои мавриди мутолиа аз усули ибтидоии як мукоиса аст, ки бидуни онхо чунин кор гайримумкин ва бисёр мушкил хохад буд.
Дар мавриди хадафхои педагогика дар кишвархои мухталиф, идеологияи гуногун, навъхои идора, сарфи буча, тафовутхои даврахои тахсилй ва гайра дар ин навишта, гарчй мухтасар бошад, хам зикр шуд. Маъмулан, мукоиса ва тахлил бояд ба василаи хонанда анчом шавад. Аммо барои ин ки аз мутолиаи
матолиби боло натичае гирифта бошем, барои намуна ба мукоиса ва тахлили баъзе аз кисматхои онхо то он чо, ки имкон дорад, мепардозем.
Х,адафхо маъмулан ду гунаанд: хадафхои куллй ё хадафхои нихой ва хадафхои воситай. Х,ар идеология ва хар низом чизеро барои худ хадафи нихой ва воситае карор медихад ва дигар хадафхо воситае хастанд, ки маъмулан васила барои расидан ба хадафи аслй ва нихой хастанд.
Дар ислом хадафи хама умур расидан ба Аллох, ризояти у, наздик шудан ба у аст. Мусулмон хар коре, ки мекунад, факат ризоияти Худо ва наздикй ба уро дар назар дорад. Бинобар ин, он чй барои дигарон мумкин аст хадаф ё хадафхои нихой бошад, дар ислом мумкин аст чузъе аз хадафхо ва воситае ба хисоб ояд, ки барои найл ба он хадафи аслй мавриди истифода карор мегиранд. Ризояти Худо хамоно расидан ба тамоми умуре аст, ки чихати салох ва хайри бандагони Худост. Бинобар ин, хадафи куллй дарбаргирандаи хамаи чузъхои хадафхои кучак мебошад.
Кишвари Фаронса хадафи куллии худро аз таълиму тарбият - бинои вахдати миллй, густариши фарханги фаронсавй ва рушди афроди мутафаккир бар асоси арзишхои фалсафии аклгароии карни ХУШ зикр мекунад. Бинобар ин, дар он чо омузиши гайримазхабиро (laique) супориш мекунанд ва ба чои мазхаб фалсафаи аклгароиро интихоб кардаанд. Дар холе ки аксари кишвархо, аз чумла Британия, Олмон ва баъзеи дигар арзишхои мазхабро харчанд дар зохир вале чузъи хадафхои худ карор медиханд. Дар кишвари Фаронса хадаф-хои дигаре хам ба инхо изофа мешавад, ки шояд аз назари онхо аз хадафхои шиоргунаи кабл ахамияти бештаре дошта бошад ва он иборат аст аз кумак ба рушди иктисодии Фаронса ба василаи фарохам кардани кадрхои захира аз афроди дорои махорати фаннй.
Х,адафи ин кишвархо, хамон гуна, ки дар Шуравии собик хам мушохида мешуд, каму беш хамон хадафхои иктисодй ва моддй аст ва барои расидан ба онхо Шуравй хам таблиги сотсиализмро ба шакли хамачониба тавсиф мекард. Рахбарони Шуравии собик саводомузии хамагонй ва омузиши ибтидоии хатмиро барои тамомияти сиёсй зарур медонист ва тарбияти кадри коргарии гуногунро барои пешрафти васеи саноат ва кишоварзй, ки хадафи иктисодй ва сирфан моддй дар бар дошт.
Дар Чин, пас аз инкилоб, хадафи чадиди омузишу парвариши давлатй дар мархалаи аввал таъкид бар боло бурдани фарханг ва сатхи фикри гуруххои мардуми табакоти поён ва аз байн бурдани нуфузи империализми хоричй буд. Барои ин кор коммунистхо муаллимони омузишу парвариши буржуазии кадимро ба шиддат махкум карданд ва муддао буданд, ки хадафи нихоии ин равиш эчоди саноатй ва кишоварзии худкифост, ки онхо хатто кабл аз шуравихо ба норасо будани он пай бурданд, равиши дигаре дар пеш гирифтанд.
Дар Ч,опон хадаф аз омузиши хатмй омода кардани бачахо барои кор аст. Бинобар ин, омузиши касбй ва тахассусй хам чудо аз омузиши умумй нест ва дар вокеъ, мактабхо ба шакли чомеъ хастанд, ки агар хонандае пас аз хатми давраи тахсилоти хатмй моил набуд ё натавонист идомаи тахсил кунад, касб ё тахассусе, ки бидонад ва дар он махорат дорад, вориди бозори кор шавад.
Дар мавриди тарзи идораи омузишу парвариш ду система - мутамарказ ва адами тамаркуз дар байни кишвархо роич аст. Барои хар як аз ин ду система камбудихое зикр мешавад ва кишвархо хар як аз ин ду равиш саъй доранд собит кунанд, ки бо равиши истифодабурдашудаи онхо бехтар метавон мушкилоти омузишу парваришро хал кард.
Фаронса кишваре аст, ки системаи марказиаш дар бисёре аз умур, бахусус омузишу парвариш шухрат дорад ва хамон тавр ки каблан гуфта шуд, хамаи умур ва барномарезихо ба таври яксон аз Париж ва аз Вазорати омузишу парвариши миллй идора мешавад ва нохияхо факат дар бахши бисёр хурде аз умур мушоракат доранд, ки он умур хам чанбаи асосй ва аслй надорад, зеро истифодаи ин равиш иртиботи наздике бо хадафхои тарбиятии онхо дорад, ки иборат буданд аз вахдати миллй, густариши фарханги фаронсавй ва рушди афроди мутафаккир бар асоси арзишхои фалсафии аклгароёна. Аз ин хадафхо, хадафи иктисодии кумак ба рушду тавсиа ба василаи тарбият кардани шахсони касбии мохир ба даст меояд.
Кишвархои тарафдори системаи марказонидашуда бовар доранд, ки вахда-ти идора сабаби назорати хубтар мешавад ва харачу марачи омузишй ба вучуд намеояд. Зимнан, дар асари парокандагии шахрхо, нохияхо ва камбуди неруи инсонй дар ибтидои инкилобхо ва тахаввулоти сиёсй, аъмоли ин система сабаби тахкими хукумат ва тасаллути сиёсй ва идеологй, ба манзури расидан ба хадафхои аслии хукумат мегардад.
Дар Британия, Амрико ва баъзе кишвархои дигар марказонида набудан мавриди амал аст. Масалан, дар Британия умури идораи омузишу парвариши махаллй ва идораи омузишу парвариш ва улум, ки дар Лондон карор дорад ва ба василаи чахор узви мансуби кабина идора мешавад, ба таври муштарак умури идораи омузишу парваришро ба ухда доранд ва се системаи мухталифи омузишй дар се кисмати мухталиф ба тартиби зер вучуд дорад ва ичро мешавад:
1. Дар Англия ва Уэлс.
2. Дар Шотландия.
3. Дар Ирландияи Шимолй.
Бучаи омузишу парвариш такрибан 50% ба василаи хукумати марказй ва 50% дигар ба василаи шурохои нохияхо таъмин мегардад. Бинобар ин, мухтавои барномахо хам яксон нест ва бо таносуб ва тамоили афроди махаллии нохияхо тайин мешавад.
Системаи бидуни марказонидан, ки мумкин аст камбудихои зикршуда дар мавриди баъзе кишвархоро дошта бошад, дар кишвархое, ки такрибан хама босавод хастанд ва дорои вазъи иктисодии нисбатан босубот хастанд ва дар натича камбуди неруи инсонии мутахассис (кадрхо) дар нукоти дуру наздик эхсос намешавад, метавонад фоидахои бисёреро дар бар дошта бошад ва он таваччух ба тафовутхои минтакай, нажодй, суннатй ва фархангии мардуми махаллй аст.
Дар мавриди бучахои омузишу парвариш кишвархо ракамхоеро эълом мекунанд, ки аксар дар ихтиёри ЮНЕСКО карор мегирад. Масалан, дар Фаронса 17 % кулли буча ва ё 4 % тавлиди нохолиси миллй аст. Дар Британия 5 то 6 % тавлиди нохолиси миллй аст. Маъмулан, бучаи омузиши хар кишвар бо
бучаи низомй, ки чандин баробари бучаи омузишу парвариш аст, санчида мешавад. Чунончй, дар мукоисаи миёни кишвархо бучаи омузишу парвариши кишваре нисбат ба бучаи низомии кишвархои дигар бештар бошад, он кишвар аз назари фархангу тахсилот кишвари пешрафтатар ба хисоб меояд. Аммо бештари кишвархо ракамхо ва оморхои сохтагй ва таблиготй ба ЮНЕСКО медиханд ва наметавон мутмаин буд, ки ончй ки як кишвар дар мавриди бучаи низомй ва омузишу парвариш пешниход кард, ба хакикат наздик бошад.
Дар кисмати созмони омузишй ва дар иртибот бо хадафи омузишу парвари-ши кишвархои пешрафта, аксари онхо ибтидо саводомузии хамагониро матрах кардаанд ва саъй дар решакан кардани бесаводй намудаанд. Пас аз он зери пушиш карор додани хамаи афроди вочиби таълим дар омузиши хатмй аст, ки дар ин маврид хам кишвархои пешрафта кадамхои муассире бардоштаанд.
Аз назари омузиши миёна саъй бар омузиши чомеъ, касбй ва тахассусй харчй бештар аст. То чунончй хонандае, ки давраи омузиши хатмй ва ё миёнаро тамом мекунад, натавонад ё нахохад ба тахсилоти худ идома дихад, дар мактаб касбе ба у биёмузанд, то пас аз тарки мактаб кореро шуруъ кунад ва сарбори чомеа нашавад. Дар ин маврид, маъмулан, саъй бар ин аст, ки дарсади омузиши касбй ва тахассусиро, ки хамеша нисбат ба омузиши умумй ва назарй камтар будааст, то хадде боло баранд ва кишвархои саноатй, мисли Фаронса, Британия, Олмон ва Ч,опон дар ин маврид мавкеияти чашмгире доштаанд.
Дар мавриди омузиши олй аксари дарсади нухбахое, ки муваффак шудаанд даврахои назариро бигзаронанд, вориди донишгоххо шудаанд. Дар кишвархое, монанди Фаронса, Британия, Олмон, Иёлоти Муттахидаи Амрико ва Ч,опон дар асари таваччух ба таълимоти касбй ва тахассусй дар давраи миёна дарсади бузурге аз хонандагони мактабхо моил нестанд ба донишгох ворид шаванд, зеро аввалан, хамон тавр ки гуфта шуд, метавонанд вориди кору касбе шванд. Дуюм он, ки омузиши донишгохй монанди бисёре аз кишвархои дар холи тавсиа ё тавсианаёфта танхо рохи ба даст овардани шугли муносиб нест. Ин ангеза, ки факат аз тарики хуччати донишгохй метавон кори хубе ба даст овард, бисёр заиф аст. Бинобар ин, танхо афроде, ки вокеан алокаманд ва мустаид барои идомаи тахсил хастанд, ба донишгоххо ворид мешаванд ва дар натича мебинем, ки дар аксари кишвархо монанди Фаронса, Британия, Олмон ва Амрико конкурси вурудй барои донишгоххо ё вучуд надорад ё факат дар баъзе кисматхои он аз навъе имтихон барои гузиниш истифода мешавад.
Барои баррасии ин масъала бояд созмонхои омузишии баъзеи ин кишвар-хоро мушохида ва тачзияву тахлил кунем ва бо мутолиаи даврахои тахсилии онхо мутаваччех мешавем, ки онхо чй гуна хонандагонро пас аз давраи ибтидой ва дар охирхои давраи таълимоти хатмй ва шуруъ ва сипас интихои таълимоти миёна ба суйи анвои таълимоти касбй ва тахассусй хидоят мекунанд ва дар натича аз тахсилкардагони бемахорати касбй то хадди имкон пешгирй мекунанд. Барои намуна яке аз ду кишварро тачзия ва тахлил мекунем, то бо мукоиса бо созмони омузишии кишвари худамон ба натичае бирасем.
Дар кишвари Фаронса панч соли ибтидоиро хамаи хонандагон ба як равиш ва бо як мухтаво дарс мехонанд. Бештари хонандагон дар давраи аввали омузиши миёна, ки чор сол аст, ба нахви яксон сипарй мекунанд. Аз сабаби он
ки теъдоде моил нестанд, ки хамон системаро идома диханд, барои онхо соли чахоруми давраи аввали тахсилоти миёна шакли касбй ба худ мегирад.
То ин чо нух сол аз дах соли омузиши хатмй сипарй шудааст ва хонандагон метавонанд пас аз як соли дигар ё ба тахсил идома диханд ё ин ки тахсилро тарк кунанд. Ба таври табий теъдоде истеъдоди худро дар давраи кабл, ки онро «давраи мушохида» меноманд, сайкал додаанд, ки мукаддимаи воридшавй ба омузиши олй мебошад. Иддаи дигаре, ки чунин нестанд, маъюсу парешон мактабро бе сохиб гаштан ба ягон натичаи дилхох тарк мекунанд ва баъди мактаб хам аз ухдаи коре барнамеоянд, зеро махорате наёмухтаанд. Бинобар ин, дар се соли миёна дар кишвари Фаронса ба гайр аз дарсхои назарй касоне, ки тавоноии гузаронидани даврахои касбй ва тахассусиро надоранд ва чун хануз як сол аз таълимоти хатмии онхо бокй аст, наметавонанд таълимоти худро рахо кунанд ва аз тарафи дигар наметавонанд идомаи тахсил диханд. Бинобар ин, барои ин афрод як соли коромузии хатмй гузоштаанд, ки хам чизе фаро гиранд ва хам ин як соли коромузй ба чойи соли охири тахсили хатмии онхо ба хисоб биёяд. Дар интихои ин давра корномае барои «гувохномаи истеъдоди касбй» ба онхо дода мешавад.
Бахши дигар давраи омузиши миёнаи касбии кутохмуддатро мегузаронанд, ки муддати он ду сол аст, яъне як сол аз омузиши хатмй ба изофаи як соли изофии дигар. Дар ин давра касоне, ки дар давраи аввали чахорсолаи миёна натавониста ва ё нахоста буданд таълимоти умумиро бигзаронанд ва вориди давраи касбй шуда буданд, бо ин афрод дубора дар як давра карор мегиранд. Ин афрод пас аз фарогирии фанхое, ки дар ин мактабхо ба номи «коллечи омузиши касбй» шухрат доранд, гувохномаи махорати касбй дарёфт мекунанд ва вориди бозори кор мешаванд.
Бахши дигар давраи яксолаи касбиро, ки соли охири таълимоти хатмии онхо хам ба хисоб меояд, мегузаронанд ва гувохномаи омузиши тахассус дарёфт мекунанд, ки билохира онхо, ки тавоноии гузаронидани хамаи омузиши миёнаро доранд, дар ду бахш - умумй ва касбию тахассусй дипломи миёна мегиранд. Бо ин диплом, ки baccalaureat номида мешавад, метавонанд дар риштаи тахсилии худ ба донишгох ворид шаванд ва ё тахсилро тарк кунанд. Онхо, ки бо таълимоти касбй давраи дуюми миёнаро гузаронидаанд, дипломи миёнаи касбй дарёфт мекунанд ва метавонанд бо гузаронидани як давраи дусолаи фавкуддипломи касбй хуччати дипломи техникро бигиранд ё дар давраи дусолаи дигаре фавкуддипломи донишгохй ва агар давраи назариро гузаронидаанд, давраи дусолаи илмй ё адабиро тай кунанд ва фавкуддипломи илмй ё адабиро дарёфт кунанд ва аз донишгох хорич шаванд. Онхое, ки моил ба идомаи тахсил хастанд, давраи сесолаи донишкадахоро мегузаронанд ва лисонс мегиранд. Ё хуччати фавкуллисонсро (maitrise) дар риштахои назарии улуми тачрибй ва улуми инсонй ба даст меоваранд.
Пас аз ин даврахои тахассусй мактабхои бузург (grandes ecoles) ва билохира, даврахои докторй аст. Бо мушохидаи дакики ин система мутаваччех мешавем, ки бо вучуди танаввуъ ва теъдоди даврахо пас аз хар мактаи тахсилй саъй шуда, афродро ба холи худ бигузоранд, то онон бинобар майл ва истеъдодашон рохеро биёбанд ва вориди ичтимоъ ва бозори кор шаванд.
Дар Британия, Чин, Ч,опон, Амрико ва бисёре аз кишвархои пешрафтаи дигар хам чунин вазъ бо андаке тафовут вучуд дорад. Масалан, дар Британия пас аз шаш соли таълимоти ибтидой, ки худ шомили ду давра - дусола ва чахорсола аст, мактабхои мухталифи чадид, касбй ва чомеъ ва граммар карор доранд, ки то шонздахсолагй, ки поёни таълимоти хатмй аст, идома доранд. Дар ин даврахо, ки табъан хонанда ичозат дорад тахсилро рахо кунад, як дипломи миёна дар риштахои тахсилй, ки шомили улуми инсонй ва фаннй аст, ба у медиханд, ки ба номи дипломи миёнаи сатхи маъмулй (O.Level=Ordinary level) шухрат дорад. Дар ин чо хонандагон ёздах сол дарс хондаанд ва метавонанд бо касби ин хуччат тахсилро тарк кунанд ё идома диханд ва ду соли дигар, яъне то синни 18-солагй дарс бихонанд ва дипломи миёнаи сатхи пешрафтаро (A.Level=Advanced level) дарёфт кунанд. Бинобар ин, дар сатхи дипломи миёна ду навъ хуччат вучуд дорад. Аммо барои воридшавй ба донишгох мусалламан касоне, ки дипломи "A.L." доранд шанс ва мавкеияти бештаре хоханд дошт. Бинобар ин, аз онхо имтихони камтаре нисбат ба онхое, ки дипломи "O.L." доранд, ба амал меояд. Дар ин кишвар хам мушохида мекунем, ки ба хонандагон кумак шудааст, ки бар асоси майл ё истеъдоди худ тахсилро тамом кунанд ё онро идома диханд.
Дар мавриди омузишхои касбй ва тахассусй кишвари мо аз дарсади бисёр каме бархурдор аст ва ба хамин далел, ин масъала сабаби хучум ба донишгох ё тарки тахсил бидуни доштани махорат мешавад.
Дар хотима, бо таваччух ба системахои омузишии кишвархои мухталиф метавон дар мавриди се масъалаи мухим: саводомузй, омузиши касбию тахассусй ва омузиши олй бештар баррасй намуд ва бо истифода аз тачрибахои дигарон, ибтидо дар мавриди саводомузй, аз амалкарди кишвархое, ки дар онхо инкилоб шудааст, монанди Куба, Алчазоир, Чин ва гайра бахра бурд, ки бархе аз онон муваффак ба решакании бесаводй шудаанд.
Аксари ин кишвархо масъалаи омузиши олиро бо дар ихтиёр карор додани даврахои мухталифи касбию тахассусй дар даврахои гуногуни тахсилй, ба хусус дар давраи миёна то хадди зиёде муътадил кардаанд ва алокаи аксари хонандагонро ба воридшавй ба донишгох ба манзури таъмини кор таъдил намудаанд. Ва аз тарафе чун хуччати тахсилй танхо шарти воридшавй ба кор нест ва бо вучуди он аз афрод хангоми истихдом имтихони чиддй ба амал меояд, бинобар ин, афрод танхо рохи ёфтани шугли муносибро гирифтани диплом намедонанд ва барои ин ки имтихони воридшавй ба корро бо муваффакият бигзаранд, саъй мекунанд ба чойи гирифтани диплом харчй бештар биёмузанд. Боло бурдани теъдоди донишчу дар донишгоххои давлатй ва гайридавлатй илова бар сарфи маблагхои бисёр боло аз бучаи умумй, ин хатарро низ дар бар дорад, ки дар афрод интизори бечо эчод кунад. Бад-ин сурат, ки тамоми хатмкунандагон мехоханд чазби бозори кор, он хам аз навъи пушти мизнишинй ва маошбигирй аз давлат шаванд. Дар натича, камбуди гурухи коргари мохир ва мутахассис беш аз пеш мушохида мешавад.
Дар ин маврид, бояд ин нуктаро ёдовар шуд, ки хамон гуна, ки хаки табиии хар фард аст, ки тахсилоти олй дошта бошад, ба хамин тартиб, созмонхои давлатй хам дар чойи худ ин ихтиёрро доро хастанд, ки аз миёни теъдоди зиёде
аз афрод бо тахсилоти донишгохй, танхо иддаеро, ки аз назари шуглй ва касбй ва дигар хусусиятхо шоистагии лозимро дошта бошанд, гузиниш кунанд. Дуруст, монанди бисёре аз кишвархои пешрафта, ки барои воридшавй ба созмони идорй озмуне баргузор мекунанд ва танхо доштани хуччат дар як ришта малоки амали онхо карор намегирад. Бинобар ин, дар кишвари мо низ бо ичро кардан ва намунабардорй аз низоми тахсилоти олй бояд мадракгарой аз байн биравад ва доираи короии илмй ва амалй рукни асосии рохёбй ба бозори кор гардад.
Калидвожах,о: педагогикаи муцоисавй, таусилот, ояндабинй, цауонищавй, муцоиса, парадигма, уамгирой, амалишавй, тарбият, равобити байналмилали..
Пайнавишт
1. Андреев, В.И. Введение в европейскую сравнительную педагогику /В.И. Андреев. -
Mmск: НИО, 2001. - 110 с.
2. Вульфсон, Б.Л. Высшее образование на Западе на пороге XXI века: успехи и
нерешенные проблемы /Б.Л. Вульфсон // Педагогика. -1999. -№2. -С. 84-93.
3. Вульфсон, Б.Л., Mалькова, З.А. Сравнительная педагогика / Б.Л. Вульфсон, З.А. Mалькова. -M:.Bоронеж, 1996.-256 с.
4. Соколова, M. А.,Кузьмина, Е., Родионов, M. Л. Сравнительная педагогика / M.А. Соколова, Е. Кузьмина, M.Л. Родионов. -M.: Просвещение, 1978. - 192 с.
5. Сравнительная педагогика: история и современное состояние/ Сб. науч. ст./под ред. : В.А.Капрановой. - Mmск. : НИО, 1998. - 99 с.
6. Arnove R.F. Comparative Education and World Systems Analysis // Comparative
Education Review. N. Y., 1980.24, № 2.Р. 48-б2.
7. Curriculum Guidelines for Compulsory Education in Norway. Oslo, 1990.
Reference literature
1. Andreev V.I. Introduction to European Comparative Pedagogy. -M. 2001.
2. Wolfson B.L. Higher Education in the XXI-st century in the West: progress and unsolved problems // Pedagogy. -1999. - № 2. -P. 84-93.
3. Wolfson B.L. Malkova Z.A. Comparative Education. -M.-Voronezh, 1996.
4. Sokolova M.A., Kuzmina Ye., Rodionov M.L. Comparative Pedagogics. -M.: Enlightenment, 1978. -192pp.
5. Comparative Pedagogics: History and Modern State: collection of scientific articles / under the editorship of V.A. Kapranova. -M.: Scientific-Research Association (SRA), 1998. -99pp.
6. Arnove R. F. Comparative Education and World Systems Analysis // Comparative Education Review. N. Y., 1980. 24, № 2. Р. 48-б2.
7. Curriculum Guidelines for Compulsory Education in Norway. Oslo, 1990.
Сравнительная педагогика и её роль в развитии международного
сотрудничества
Ключевые слова: сравнительная педагогика, образование, прогнозирование, глобализация, сравнение, парадигма, интеграция, реализация, воспитание, международные связи
Автор даёт информацию о сравнительной педагогике, которая является областью педагогической науки, изучающей преимущественно закономерности и тенденции развития педагогической. теории и практики в различных странах и регионах мира, а также соотношение их всеобщих тенденций, национальной и региональной специфики. Автор выявляет формы и способы взаимообогащения национальных образовательных систем путем использования ими зарубежного опыта.
Автор приходит к выводу, что среди многочисленных задач, стоящих перед сравнительной педагогикой, основной является: актуальное исследование причин и механизмов мирового кризиса образования; особенности его проявления в различных странах, для того, чтобы прогнозировать кризисные явления и по возможности смягчать их влияние.
Comparative Pedagogics аnd its Role in the Development of International
Collaboration
Key words: comparative pedagogics, education, prognostication, globalisation, comparison, paradigm, integration, realization, upbringing, international ties
Comparative pedagogics is a branch of pedogogical science studying mainly regularities and tendencies of development ofpedagogical theory and practice in different counties and regions of the world and also correlation of their universal tendencies, national and regional specificity. It elicits forms and modes of mutual enrichment in reference to national educational systems by means of utilization offoreign experience.
Among numerous goаls comparative pedagogiсs faces with there are actual researches of the reasons and mechanisms in regard to the world crisis of education, peculiarities of its evincement in different countries in order to prognosticate crisis phenomena and mitigate their influence where possible.
Роцеъ ба муаллиф:
Каримова Ирина Холовна, доктори илмуои педагоги, профессор, академики Академияи та^силоти Чумуурии Тоцикистон (Цумуурии Тоцикистон), e-mail: [email protected]
Сведения об авторе:
Каримова Ирина Холовна, доктор педагогических наук, профессор, академик Академии наук Республики Таджикистан, e-mail: [email protected]
Information about the author:
Karimova Irina Kholovna, Dr. of Pedagogics, Professor, academician of the Education Academy of the Republic of Tajikistan (Tajikistan, Dushanbe), e-mail: gumanizm@mail. ru