Научная статья на тему 'МИР В МЫСЛЯХ СААДИ'

МИР В МЫСЛЯХ СААДИ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
75
27
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СААДИ / МИР / ПРИМИРЕНИЕ / ЧЕЛОВЕКОЛЮБИЕ / СПРАВЕДЛИВОСТЬ / РАВЕНСТВА

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Гуломризо С.

Саади Шерози является одним из великих поэтов мира. Узнать и познать суть творчества Саади Шерози, это не простое дело, а для того чтобы хорошо понимать содержание мысли этого великого поэта, надо быть на уровне самого поэта, так как он поэт высокого диапазона. Когда прочитаешь «Гулистон»-а Саади Шерози, перед читателем является поэт истинной поэзией. А когда перелистаешь «Бустон»-а, тогда чувствуеш, что Саади является поэтом с высокими идеями париотизма, гуманизма и человеколюбия. С этой целью автор статьи постарался исследовать тему мира в мыслях Саади Шерози. Взгляд Саади на мир это взгляд социальный и всемирный, где поэт эти проблемы всесторонно анализировал в своем творчестве и в свое время он агитировал правителей для поддержания мира и согласия в обществе.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

PEACE IN SAADI'S MIND

Saadi Sherozi is one of the great poets of the world. To learn and understand the essence of Saadi Sherozi’s work is not a simple matter, but in order to understand well the content of the thoughts of this great poet, one must be at the level of the poet himself, since he is a poet of a high range. When you have read “Guliston” by Saadi Sherozi, the poet is true poetry before the reader. And when you flip through Buston, then you feel that Saadi is a poet with high ideas of parotism, humanism and humanity. At the end, the author of the article tried to explore the topic of peace in the thoughts of Saadi Sherozi. Saadi’s view of the world is a social and universal view, where the poet comprehensively analyzed these problems in his work and at one time he campaigned the rulers to maintain peace and harmony in society

Текст научной работы на тему «МИР В МЫСЛЯХ СААДИ»

About the author:

Dr. Najibullo Kayyum, Head of the Department of Persian Dari of Language and Literature, Baghlan University, Islamic Republic of Afghanistan. E-mail: qayum@mail.com

СУЛ^ ДАР АНДЕШАИ САЪДЙ

Fуломризо С.

Донишгощ Баглони Цум^урии Исломии Афгонистон

Чакида: Саъдй яке аз шоирони машхури адабиёти чахон аст. Шинохти Саъдй ва бахс намудану тахкик кардан дар иртиботи андешахои Саъдй зарфияте монанди худи Саъдиро мехохад, то битавонад, ки дар абъоди мухталифи шахсияти Саъдй тахкик намуда ва барчастагихои таровиши зехнии Саъдиро ошкор созад, чаро ки Саъдй як шоири чандбуъдй мебошад. Замоне ки «Гулистон»-и Саъдиро мавриди мутолиа ва тахкик карор дихем, кисме вонамуд мешавад, ки Саъдй комилан як шоири вокеиятгарост. Дар холе, ки «Бустон»-аш вайро дар ормонгарой ва идеалгарой дар чахон машхур сохта, ба хамин далел аст, ки Саъдиро наметавон танхо ормонгаро ва ё вокеиятгаро гуфт. Бад-ин лихоз, нигорандаи ин макола хостааст, ки ба хадди тавон дар яке аз бахшхое аз андешаи башарии Саъдй тахкик намояд. Он мавзуе, ки дар ин макола мавриди тахкик карор гирифтааст, сулх дар андешаи Саъдй мебошад. Нигохи Саъдй ба сулху оштй нигохи ичтимой ва башарй буда, Саъдй ин мавзуи ичтимой ва башариро дар тамоми осораш ошкор баён намуда, хокимон ва шохони асри замонашро барои тахаккук бахшидани сулху оштй дар чомеъа таргибу ташвик намудааст.

Вожахои калидй: Саъдй, сулх, оштй, мардумдустй, адолат, баробарй.

Х,адафи тахкик. Х,адаф аз нигориши ин макола, тахкик намудан ба яке аз мавзуоти мухими ичтимой буда, ки он мавзуи баркарор будани сулху оштй дар миёни чомеъа мебошад, ки ин мавзуъ дар осори Саъдй бисёр бозтоб ёфта, нигохи Саъдй ба ин мавзуъ нигохи ичтимой ва башарй буда, чаро ки дар он замон чахонро чангхои салибй фаро гирифта ва Хуросонро мугулхо ба хоки хун яксон сохта буд. Хонандаи ин макола дармеёбад, ки кори шоирон танхо хаёлпардозй ва ормонгарой нест, балки кор ва рисолати шоиронро шароити замон мушаххас месозад. Кор ва рисолати шоирон тахлили авзоъи ичтимой, бозтоби вокеиятхо бо хунарнамоии хос, хидояти чомеъа бо тарфандхои хос мебошад. Устоди сухан -Саъдии бузург карнхо пеш ин мавзуъро барои чомеъаи асру замонаш ва наслхои баъдй ошкор сохтааст.

Арзиши тахкик. Тахкик дар хар бахш аз андешаи Саъдй аз арзиши хос бархурдор аст, чаро ки Саъдй яке аз шоирони порсисароест, ки дар адабиёти чахон аз чойгохи хос бархурдор мебошад. Х,амин дидгохи Саъдист, ки хар гуна марзеро аз миёни инсонхо бармедорад, тамомии башарро монанди як узви инсон медонад ва мегуяд:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавхаранд.

Бад-ин лихоз, мо арзиши корро бар ин медонем, ки сулху оштй ниёзи доимии чомеъаи башараст ва Саъдй кушиш карда, мустаким ва гайримустаким дар тамоми осораш ин мавзуъро бозтоб дода ва ба хотири арзишмандии ин мавзуъ мухтавои ин маколаро сулх дар андешаи Саъдй шакл медихад. Биноан, таъкиди банда ин аст, ки тахкик дар ин бахш аз андешаи Саъдй [сулху оштй] аз арзишмандии хос бархурдор мебошад.

Равиши тахкик. Гарчи равишхо ва методхои мухталиф барои тахкик намудан вучуд дорад, замоне ки як мухаккик дар он бахш, ки мехохад тахкик кунад, аз он равишхо ва методхои мухталиф метавонад истифода кунад. Аммо нигориши ин макола эчоби инро мекард, ки аз шеваи тахкики «китобхонай» бояд истифода кард. Мехвари асосии ин тахкикро «Сулх дар андешаи Саъдй» шакл медихад. Бинобар он, осори мутааддад ва муътабарро манбаъ ва сарчашмаи тахкики хеш карор додам. Дар зимн талоши зиёд сурат гирифта, ки тахкик бо риояти амонатдорй ва таъаххуди илмй сурат гирад.

Мукаддима. Таърихи башарият нишон медихад, ки талошхои хирадмандона ва аклонии инсон барои тахаккуки адолат, сулху оштй ва додхохй аз ситамраводории инсон алайхи инсон будааст. Х,атто анбиё ва ононе, ки баргузидагони Худованданд, дар ойин ва дине, ки барои рахнамуди инсон овардаанд, армугонашон адолат, баробарй, сулху оштй ва додхохй будааст. Ситамраводорй, зулм, хушунат, кинаву кудурат бар инсон дар хар чомеъа аз нигохи хирад ва динй мардуд будааст. Аз ин ру, Саъдй яке аз зарфиятхои фикрй ва фархангии забон ва адабиёти порсии дарй дар тамомии осораш дар баробари бедод ва нобаробарии ичтимой

ва ситамраводорй ва тахаккуки адолат, бародарй, сулху оштй дидгохи худро матрах кардааст. Мухимтарин вежагии Саъдй ин аст, ки y хамчунон ташнаи тахаккуки сулху оштй дар мтени чомеъа будааст, чароки тахаккуки сулх дар миëни чомеъа боиси аз байн рафтани кинаву кудурат аз мтени чомеъа мешавад.

Саъдй дар боби тафаккур ва андешааш хеч гох ва лахзае аз мардум дур набуда ва хамеша бонй ба зистиву адолат, тахаккуки сулху оштй барои инсон ва башарият карор гирифтааст, хамон гунае, ки дар нусус ва ойини ислом мардум арзиш доранд ва нобудии як узви чомеъа нобудии куллии чомеъа пиндошта шудааст, Саъдй онро дар замони худ чихати рахоии инсон аз ситам ва беадолатй барои хусравон ва зимомдорони вакт баëн кардааст. Яъне аз пайомади беадолатй нисбат ба сарнавишти инсон бар мабнои маърифати башарй хабардор буд, аз ин ру, сахттарин бонй ва пуштибони адолат, баробарии сулху оштй дар мтени чомеъаи башарй мебошад.

Саъдй мардумдустй, додпарварй, сулху оштиро баробар бо парвопешагй ва яздонпарастй медонад. Дар охир ба хотири муртабит будани бархе мавзуот, чилвахои сулху оштй аз сойири суханони пароканда ва Fайри мехварй сарфи назар карда ва мабнои ëфтахоро бар асоси андешаи волои Саъдй ва осораш ва сойири манобеи муътабар муртабит бо мавзуи макола карор дихем. Сулху оштй дар мабонии фикрии Саъдй мавриди баррасй карор гирифта ва авомили таваччухи Саъдй ба макулаи сулхро, ки реша дар ичтимой будан ва нахваи зиндагй ва тарбият ва нигохи башарии Саъдй дорад, мавриди тахкик карор дихем. Тахкик ва истихрочи андешаи Саъдй дар хусуси сулху оштй ва муназзаму мудавван кардани он мавзуи мухими башари имрузро аз табохй ва сардаргумй яке дар он Fyтавар аст, рахойй бахшида ва ин амр бо таваччух ба эътимод ва эътикоди чомеаи чахонй, ба вижа чомеъаи худамо ба ин шоири бузурги мо комилан мухаккак ва шуданист. Ин ки устоди сухани мо карнхо пеш мунодии сулху оштй, озодй ва хукуки инсонй будаанд ва ë ин ки нигориши ашъораш имруз бар сари дарвозаи Созмони милал хак шудааст, метавонад аз умдатарин далоили икболи чахониëн ба мафохири миллии Хуросонзамин талаккй гардад: Ман uupy3 каpдам даpu сул% боз, Ту фаpдо макун даp ба pyям фаpоз. Ниёзмандии цомеъа ба сул%.

Сулх нтези доимии чомеъа аст, аммо чомеъа барои хифзи сулх ба кудрат зарурат дорад ва истеъмоли солими кудрат ба дониш нтез дорад. Ч,омеъае, ки натавонад мушкили кудратро бо дониш хал кунад, наметавонад, ки ниëзи худро ба сулхи доимй посух гуяд. Чигуна будани сулх.

Инсонхо танхо барои зинда мондан ба сулх нтез надоранд, балки сулх зарурате барои такомули иктисодиву фархангии чомеъа низ аст. Маданияту маънавияти инсон низ ба сулх нтез дорад. Ин суол хамеша матрах аст, ки чомеъа дар сулх чй мекунад? Сулх, ки бо рукуди иктисодй ва ичтимоиву фархангй тавъам бошад, ин сулх ба худии худ худро тахриб мекунад. Сулх, агар барои хифзи чахлу акибмонй бошад, ин сулх мукаддимае барои чанг аст. Сулхе, ки бо он асорати мардум хифз шавад, ин сулх ба иллати тахриб кардани озодии мардум ба чанг мунчар мешавад. Сулхе, ки дар он хукуки мардум таъмин шуда натавонад, ин сулх бо чанге барои таъмин шудани хукуки мардум тахриб хохад шуд. Сулх замоне пойдор монда метавонад, ки озодй ва хукук ва заминаи рифохи иктисодй ва Fинои маънавии чомеъа дар он муяссар бошад. Сулх замоне бако карда метавонад, ки хушихо ва масарратхои мардум дар он чо дошта бошад [9, 230].

Мавлоно хам дар ин иртибот чунин дидгохеро матрах мекунад. Вай худро вакте хадафманд мебинад, ки дар байни мухит ва мардум бошад, аз мухит бигирад ва бо мухит биëмезад. Мавлоно худро маълули вобаста ба иллат [чомеъа] медонад ва чомеъаро иллати вобаста ба маълул [Мавлоно] медонад. Вай хештанро махсули чомеъа ва бинишхову андешахои худ низ махсули чомеъа медонад, пас дар куллтет, чахонбинии вай аз нохудогохи чамъе - лубби афкори хамгироëна ва тафсири макулахои инсонмехварй ва чахонкишварй маншаъ мегирад:

Гуфтам, зи куцой ту, таcxyp заду гуфт: -Эй цон Нимам зи Typкucтон, нимам зи Фаpгона. Нимам зи обу гил, нимам зи цону дил, Нимам лаби даpë, ниме щма дypдона.

Аз барчастатарин вежагихои андешаи Мавлоно яксоннигари хамаи инсонхост. Мавлоно бар андеша ва сохибони андеша арч мегузорад ва бо хар андеша фикру биниши сари чанг надорад ва таззоди андешахоро маншаи тахаввул ва тамаддун медонад: Ацл бо ацли дuгаp дуто шавад, Hyp афзун гашту pа^ пайдо шавад.

Мавлоно бо хар кешу мазхаб таассyб намеварзид, хама чоро хонаи ëр медонад «чи масчид чи куништ» ва дар хама хол бо дуст ва ëр аст «чи хyшëрy чи мает» ва чи хушхолу чи бадхол:

Ман ба %ар цамъияте нолон шудам, Цуфти хуш%олону бад%олон шудам.

Мавлоно бо хама дуст аст. Бо Шамси Табрезй он хуршеди маърифат ëр мешавад, дар сози охангаре мераксад ва хам бо олимону бузургмардони замонаш мачолиси гуфтушунуд дорад. Мавлоно дар «Маснавии маънавй» ва «Девони Шамс» дар баëни чилвахои сулху оштй аз таносуб ва созгории аздоди мавчуд дар олам шуруъ карда ва ба сулху оштии инсонхо бо якдигар ва бо Худованд, ки комилтарин ва боризтарин намунаи он аст, ишора мекунад. Оштии аздод дар олам барои идомаи хаëт мавчудоти амре лозим ва зарурист. Aлбатта, оштии аздод нишонаи нафйи таъсири онхо нест, балки тамоми аздод дар як низоми хамоханг ба номи коинот харакат мекунанд. Дар мартабаи болотар, ки олами вахдат валвахият аст, дигар нишоне аз аздод нест ва якрангй хоким аст: Хайр кун бо халц ба%ри Эзадат, Ё барои ропати цони худат. То %амора дуст бини дар назар, Дар дилат н-ояд зи кин нохуш сувар [10, 70].

То ин чо як бахси куллиро дар иртиботи сулх ва роххои расидан ба сулхро аз дидгоххои мухталиф матрах кардем, холо бехтар хохад буд, ки мафхуми сулхро хам аз нигохи лугавй ва хам аз нигохи истилохй дар лугатномахо чустучу кунем. Маънои лугавй ва истилохии сулх:

Сулх як калимаи арабй буда, ки маънохоеро ба худ ихтисос додааст: Сул% дар лугат: ошти кардан, созиш намуданро гуянд.

Сул% дар истило%и сиёсат: даст кашидан аз цанг бо ацду царордодро гуянд [6, 877]. Aхамияти сулх дар осори Саъдй:

Хар дил, ки парешон шавад аз нолаи булбул, Дар доманаш овез, ки бо вай хабаре %аст.

«Гулистон»-и Саъдй робитаи байни инсонхоро низом мебахшад, «Бустон» рухи одамиро латиф мекунад ва инсонро ба Худо наздик месозад, вале газалхо чунон дар домани рухи одамй меовезад, ки инсонро то мулокоти Худо пеш мебарад. Aз хар чинс сухане дар «Гулистон» ëфт мешавад [1, 304].

Дар андешаи Саъдй чангу хушунат, ки як падидае ичтимой буда ва аз баду пайдоиши башар вучуд дошта, масоиб ва мушкилоти зтед ба бовар оварда махкум аст. Саъдй сулх ва сулхдустиву ахамияти сулхро дар тамоми осораш таъйид карда ва барои баркарории сулх дар мтени чомеъаи башарй бисëр таъкид намуда ва чойгохи сулхро дар мтени чомеъаи башарй дар осораш барчаста сохтааст: Чу шамшери пайкор бардошти, Нига% дор пин%он ра%и ошти. Ки лашкаршукуфони мигфаршикоф, Нщон сул% цустанду пайдо масоф [7, 240]. Бовармандии Саъдй ба сулх:

Саъдй яке аз шоирони порсизабон аст, ки таваччухи бенихоят зтед ба сулху оштй дошта, аммо ин ки чаро ин кадар Саъдй ба ин падидаи ичтимой таваччух дошт, авомил ва далоили мухталиф дида мешавад, яке аз он далоил асру замон, ки Саъдй зиндагй мекард, дигар мусофиратхои пай дар пайи Саъдй дар шахрхои мухталиф ва хамчунон чахонбинии васеъи вай буд, ки ба сулх ахамияти зтед коил буд. Дигар, шахрхо дар он замон аз амният ва оромиш чандон бархурдор набуд, аммо Aтобаки Aбyбакр писари Саъди Зангй тавониста буд, ки бо тадбир ва мудирияти хуб, ки дошт гохе бо халифа ва гохе хам бо мугул созиш мекард, то Форсро аз харчу марч ва фитнае, ки дар он айëм хама чоро фаро гирифта буд, дар амон нигах дорад. Ва дар хамин замон буд, ки Саъдй баъд аз солхо икомат ба дтери гурбат, ба Шероз бозгашт. Саъдй боварманд буд, ки сулх тахти хар шароите, ки бошад, кудуратро рафъ мекунад, хамдиливу хамбастагиро дар мтени инсонхо таквият мекунад ва ба хамин далел аст, ки Саъдй дар иртиботи хамбастагй ва хамнавой дидгохашро чунин баëн мекунад:

Бани Одам аъзои якдuгаpанд, Ки даp офаpuнuш зи як гав%аpанд. Чу yзвe ба даpд оваpад pyзгоp, Дuгаp yзв%оpо намонад цаpоp. Ту к-аз мe%натu дuгаpон бeгамñ, Нашояд, ки номат нщанд одами [11, 279].

Ин аст бовари Саъдй, ки тамоми башарро аъзои як пайкар медонад, аз ин ру, вакте ки рузгор узверо ба дард бтеварад, сойири ачзо низ ноором ва бекарор мешаванд. Бад-ин лихоз, сулх дар андешаи Саъдй аз чойгохи хос бархурдор аст. Сулхро тахти хар шароит бехтар аз чанг медонад, хатто вакте инсон дар нихояти кудрат ва кувват аз имконот ва омодагии хос барои чанг бархурдор хам бошад, боз хам сулх чойгохи худро дорад, чароки имкон дорад бо тахаккук пайдо кардани сулх душмани ту дусти ту гардад ва мумкин аст бо чанги ту дусти ту дар асари осебхое, ки аз чанг дида душмани ту гардад. Мавзуи дигар, ки Саъдй баëн мекунад, онро як асли куллй медонад, ин аст, ки сулхчуй ба манзалаи харос аз душман нест, балки аз руи маслихатчуй ва окибатандешист ва ба хамин далел аст, ки Саъдй дар иртиботи ин падидаи ичтимой дар «Гулистон», «Бустон», касоиду Fазалиëташ ишорахое зиëд кардааст: X,амe то баpояд ба тадбup mp, Mадоp эй душман бe% аз коpзоp. Чу натвон адypо ба цувват шика Ба жъмат бибояд даpu фитна баcт... Äгаp пили зypy в-агаp шepчанг, Ба наздики ман cyл% бe%таp, ки цанг [4, 63].

Бовари Саъдй ин аст, ки агар тасмим доред, ки сулху оштиро барои душман пеш кунй, ба фикри ин набош, ки у дар Fиëбат чй мегуяд, хар гох у дар Fиëбат айбчуй кард, ту дар пеши ру аз у ба хубй ëд кун. Билохира харф аз дахони мардумозор берун меравад ва дигаронро меранчонад. Агар намехохй сухани талх аз у бишнавй, бо хубй ва эхсон дахонашро ширин кун. Саъдй ин боварашро дар «Гулистон» чунин баëн мекунад: Сул% бо душман агаp xо%й, щp га% ки тypо Даp цафо айб кунад, даp назаpаш та^ин кун. Сyxан оxup ба да%он мeгyзаpад, муъз^о Сyxанаш талx наxо%й, да%анаш ш^ин кун [11, 303]. Сулхдустии Саъдй:

Сулхдустии Саъдй ин аст, вай барои хокимон мегуяд ва таъкид мекунад, ки то замоне, ки бо тадбир кор бармеояд, лозим нест, ки даст ба шамшер бибаранд. Ч,анг хам агарчи вакте аз тадбир кор барнамеояд, ичтинобнопазир аст, лекин зарурати он вактест, ки барои хифзи сулху амният чанг кунанд. Дар Fайри ин сурат чанг чи зарурат дорад? Барои нигахдории як мулки орият, ки мисли бозичаи кудакон даст ба даст меравад, чигуна равост, ки бехуда хуни инсон рехта ояд? [3, 99].

Далели ин, ки чаро сулх ва мардумдустй, сабру шикебой дар андешаи Саъдй ин кадар бозтоб ëфтааст, Саъдй бисëр инсондустона меандешид ва хамеша хокимонро барои баркарории сулх дар чомеъа ташвик мекард ва дар иртиботи андешаи мухофизакорона будани Саъдй, устод ТyFëни Сакой дар ин иртибот дидгохеро матрах мекунад: чангхо ва ошубхои даврони Саъдй ва ситезачуихо ва шикастхои гузаштагони у, хусусан шикасти катъии Хуросон, Форс ва БаFдод ва сукути хонадонхои бузург, махсусан Аббосдан Саъдиро ба як шахсияти мухофизакор табдил карда буд. Саъдй аз як тараф бузургони даврони хешро ба адлу дод рахнамунй мекард ва аз чониби дигар зердастонро ба каноат ва тавозуъ ва тавба фаро мехонд. Х,арчанд у медонад, ки агар мурчагон иттифок кунанд, пуст бар шери жаëн медаранд, аммо хеч гох мардумро ташвик ба чунин рохе намекунад ва бар хилоф мардумро ба охистагй ва шикебойиву тахаммул фаро мехонад: Ба чашми xeш дидам даp биёбон, Ки о^жта cабац бypд аз шитобон. Саманди бодпо аз так фypy монд, Шyтypбон %амчунон о^жта мepонд [5, 60].

Ба таври куллй дида мешавад, ки Саъдй бо мусофиратхои зтед, ки дошта ва фархангхои мухталифро, ки аз дуру наздик мутолиа карда ва аз хар хирман хушае бардошта, ин хама иттифокот ва фарозу нишебхои зтед, ки дар зиндагии вай рух дода, барчастагии илмй ва чахонбинии васеъ Саъдиро дар мдани тамоми шоирон ва нависандагон офтобй сохтааст. Ин хама иттифокот дар тамоми сурудахои вай дида мешавад: Вуцудам ба танг омад аз цавpu тангй, Шудам даp cафаp pyзгоpe д^анги.

Цауон зери пай чун Сикандар буридам, Чу яъцуц бигзаштам аз садди санги. Бурун цастам аз танги туркон чу дидам, Ца^он дар щм афтода чун муйи занги. Чу боз омадам, кишвар осуда дидам, Зи гургон ба даррафта он тезчанги [8, 371].

Шайх Муслихиддин Саъдии Шерозй бо нидои сулх ва оромиш дар пайи побарчой ва устувории чавомеъи башарист. Хун рехтану куштан суннати марсуми рузгори Саъдист, вале у мегуяд, хатто як катра хун аз хама олам арзишмандтар аст, то чи расад ба куштани як инсон:

Ба марде, ки мулки саросарзамин, Наярзад, ки хуне чакад бар замин.

Саъдии сулчу ва адолатхох бо хар гуна тачовуз аз хадди марзхои инсонй мухолиф аст. У дар «Бустон» ба арбоби хукумат чунин хушдор медихад: Аз он ба^равартар дар офоц кист? Ки дар мулкрони ба инсоф зист. Макун то тавони дили халц реш, В-агар мекуни, мекани бехи хеш [12, 15].

Хулоса, Саъдй дар осораш сулху оштиро голибан дар маънои маъмул ва мутадовили сиёсй ва ичтимой ба кор мебарад. Нигохи Саъдй ба сулху оштй нигохи ичтимой ва башарист. Дар рузгоре, ки чангхои салибй дунёро гирифтори фитна ва ошуб карда ва Хуросон дар оташи хамлаи мугул месузад, Саъдй аз ягонагй ва хамдардии инсонхо дар хама чои дунё сухан мегуяд ва бо ба назм даровардани «Бустон» ормоншахриро таррохй мекунад, ки мухотаби он инсон аст. Ормоншахрй, ки марзи замону макон намешиносад ва рохкорхои ахлокиву ичтимоии он фаротар аз марзи нажод ва рангу мазхабу миллат аст.

Андешахои инсонгароёна ва мардумдустии Саъдй, тасохил ва тасомеъи у, чахонбинй ва рухи ошику латифи вай бархоста аз мусофиратхои тулонй ва густардаи ин шоири чахонй ва ошноияш бо аквому милали дигар ва нишасту бархост бо табакоти мухталифи ичтимой низ хаст. Ин мусофиратхо ба Саъдй омухта, ки решаи дагдагахо ва ормонхои башар якест, харчанд махдудахои чугрофиёй ва марзхои мазхаб, миллат, нажоду забон зохиран инсонхоро аз якдигар чудо кардааст, аммо боз хам метавон ба асоси он идеалхо ва ормоншахр будани инсонхо решаи мушкилоти башарро яке донист.

Дар поён метавон гуфт, ки Саъдй бо чахонбинии васеъ, андешаи башарии ба дур аз таассуб ва кишринигарй, ки дорад, тавсия ба сифоти некй, чун мадоро, бахшиш, гузашт, эхсон, баландназарй, озодандешй, айбпушй, тасохилу тасомеъ, сабру шикебой, ки заминасози баркарории сулху оштист, дар осори Саъдй чойгохе хос дорад.

АДАБИЁТ (Сарчашма^о)

1. Озар, Мир Исмоил [1378]. Адабиёти Эрон дар адабиёти чахон. Чопи дувум. -Техрон:Интишороти сухан.

2. Дакгу, манучехр [1387]. Насри «Бустон». Чопи аввал. -Техрон:Интишороти Буалй.

3. Зарринкуб, Абдулхусайн [1389] . Дадиси хуши Саъдй. Чопи панчум.-Техрон:Интишороти сухан.

4. Саъдй, Мушрифуддин Муслих [1387]. Бустон, [нусхаи Мухаммадалии Фуругй, ба кушиш ва вироиши Козими Обидинии Мутлак].-Техрон:Интишороти дониш.

5. Тугёни Сакой, Мухаммадюнус [1391]. Таърихи адабиёти форсии дарии садахои 7 ва 8 хичрй. Чопи дувум. -Кобул:Интишороти Дабибуллохи Хасиб.

6. Амид, Дасан [1371].Фарханги форсй [чайбй]. -Техрон:Интишороти Амири Кабир.

7. Фуругй, Мухаммадалй [1388]. Куллиёти Саъдй [мутобик бо нусхаи тасхехшудаи Мухаммадалии Фуругй]. -Техрон:Интишороти Паймон.

8. Фурузонфар, Бадеъуззамон [1386]. Таърихи адабиёти Эрон [баъд аз ислом то поёни давраи Темуриён]. -Техрон:Вазорати фарханг ва иршоди исломй, созмони чоп ва интишорот.

9. Фулодй, Дой [1382]. Дин, фарханг, сиёсат. -Кобул:Бунёди инкишофи маданй.

10. Мачмуаи пружахои Лоричонй, Мухаммадхамид [1391] [мачалла].-Техрон:Ширкати офсет [саххомии ом].

МИР В МЫСЛЯХ СААДИ

Саади Шерози является одним из великих поэтов мира. Узнать и познать суть творчества Саади Шерози, это не простое дело, а для того чтобы хорошо понимать содержание мысли этого великого поэта, надо быть на уровне самого поэта, так как он

поэт высокого диапазона. Когда прочитаешь «Гулистон»-а Саади Шерози, перед читателем является поэт истинной поэзией. А когда перелистаешь «Бустон»-а, тогда чувствуеш, что Саади является поэтом с высокими идеями париотизма, гуманизма и человеколюбия. С этой целью автор статьи постарался исследовать тему мира в мыслях Саади Шерози. Взгляд Саади на мир это взгляд социальный и всемирный, где поэт эти проблемы всесторонно анализировал в своем творчестве и в свое время он агитировал правителей для поддержания мира и согласия в обществе.

Ключевые слова: Саади, мир, примирение, человеколюбие, справедливость, равенства.

PEACE IN SAADI'S MIND

Saadi Sherozi is one of the great poets of the world. To learn and understand the essence of Saadi Sherozi's work is not a simple matter, but in order to understand well the content of the thoughts of this great poet, one must be at the level of the poet himself, since he is a poet of a high range. When you have read "Guliston" by Saadi Sherozi, the poet is true poetry before the reader. And when you flip through Buston, then you feel that Saadi is a poet with high ideas of parotism, humanism and humanity. At the end, the author of the article tried to explore the topic of peace in the thoughts of Saadi Sherozi. Saadi's view of the world is a social and universal view, where the poet comprehensively analyzed these problems in his work and at one time he campaigned the rulers to maintain peace and harmony in society.

Key words: Saadi, peace, reconciliation, philanthropy, justice, equality.

Сведение об авторе:

Гуломризо С., ассистент, департамента персидской дари языка и литературы Багланского Университета, Исламской Республики Афганистан, E-mail: gulamreza safdari18@gmail.com

About the author:

Gulomrizo S., assistant, Department of the Persian Dari of Language and Literature, Baghlan University, Islamic Republic of Afghanistan, E-mail: gulamreza safdari18@gmail.com

НА^ШИ ПЕШИНАХО ДАР МУТУНИ ТАЪРИХИИ ЗАБОНИ ПОРСИИ ДАРЙ

Сайидцони С.

Донишгощ Баглони Цум^урии Исломии Афгонистон

Пешинахо вожакхои бастаанд, ки дар чилави мутаммами феъл омада, онро ба чумла пайваст медихад. Тавре ки аз номи онхо бармеояд, пешинахо дар чумла голибан пеш аз мутаммами феъл карор мегиранд ва иборатанд аз: [ба, дар, то, бар, абар, бо, або, бе, абе, андар, аз, аз бахри, барои, аз барои].

Пешинахо накши асосиро дар морфемахои озод ё мустакил доранд; монанди: ба хона, бар замин, бо бародараш, барои ватан, дар бозор, аз сафар, бахри ту, то Балх, андар хона...

Пешинахо дар забони дарй ба ду гуна, яъне сода ва мураккаб меоянд.

Вожахои калидй: пешинахо, накши онхо, мутуни таърихй, забони порсии дарй.

Х,адафи тахкик. Х,адаф аз тахкики ин макола баён кардани накши пешинахо дар мутуни таърихии забони порсии дарй аст ва шиносоии пешинахо ба унвони вожакхои баста дар забони порсии дарй ва иртиботи онхо дар вожахои мустакил, ки маънои чадидро месозанд, шарху тавзехи он аз лихози дастури забон мебошад. Аз назари банда мавзуъ чолиб ва омузишист ва мусталзами тахкик медонам.

Арзиши тахкик. Арзиши тахкик дар ин аст, ки мавзуи пешинахо дар гузашта ба сурати мучмал кор шуда, аммо тахкики банда танхо руи накши пешинахо дар мутуни таърихии забони порсии дарй мебошад, ки кори тоза ва боарзиш барои мухассилони ин ришта аст.

Равиши тахкик. Дар тахкики ин макола аз равиши китобхонай истифода шуда, мавзуот ба сурати ташрехй ва тахлилй баён гардидааст, дар хадди тавон ва кушиши банда дар такмили ин макола аз манобеи хуб ва дасти аввал истифода шудааст.

Пешинаи тахкик. Бо дарназардошти маълумот дар бораи пешинахо навиштахои чудогона дар китобхо ва манобеи мухталиф ба сурати мучмал ба чоп расидааст, ки пешинахоро шарх ва таъриф намуда, аммо накши корбурдии онхоро дар мутуни таърихии забони порсии дарй баён накардааст. Бинобар ин, тахкик дар робита пешинахо ва накши он дар мутуни таърихии забони порсии дарй кори тоза буда ва маводи мушаххас ироя ва тадвин гардидааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.