УДК 37+891.550 ББК 74 200
А.Ш. КОМИЛИ,
Р.А.МАННОНОВА,
Н.Д.МАКСУМОВА
МАСЪАЛА^ОИ ТАРБИЯИ АХЛОЦИЮ БАШАРДУСТИ ДАР ОСОРИ АБУБАКРИ РОЗИ
Вожщои калиди: Абубакри Рози, донишманди форсу тоцик, тибб, кимиё, табииёт, педагогика, ахлоц, гуманизм.
Энсиклопедисти овозадори форсу точик Абубакр Мухаммад ибни Закариё ибни Яхёи Розй (865-925), ки дар чахони лотин бо номхои Разес (Razes) ва Абубатер (Abu Bater) шинохта шуда, хануз дар асрхои миёна сазовори эътирофу эхтироми табибону файласуфон ва кимиёдонони гарбй гардида буд, дар рушду такомули илмхои замонааш сахми босазое гузошта, на танхо дар миёни олимони олами ислом, балки дар радифи донишмандони маъруфи чахонй мавкеи сазовору баландеро ишгол кардааст.
У дар овони чавонй ба монанди хамаи кудакони модарзод сохибистеъдод кариб ба тамоми сохахои дониш шугли зиёд дошт. Уд менавохт, шеър мегуфт, суруд мехонд, илми адабро дуст медошт, вале азбаски шугли падараш заргарй ва савдогарй буд, вай ба заргарй бештар марок зохир карда, хар ойина то 30 - солагиаш ба хдмаи илмхои мавчудаи замонааш: фалсафа, илми кимиё, илми табий (физика), хайат, рустанишиносй ва гайра устод гашта буд. Танхо дар 30 - солагиаш ба омузишу пажухиши илми тиб чиддй машгул шуда, то охири умри худ то дарачае шухрат касб кард, ки яке аз чахор пизишки маъруфи дунё эътироф гаштааст. Дар бораи малому манзалати пизишкии у чунин гуянд, ки: "Пизишкй набуд, онро Букрот (Гиппократ) ба вучуд овард, пизишкй мурда буд, онро Чолинус (Гален) зинда кард, пизишкй пароканда буд, онро Абубакр Мухаммад Закариёи Розй фарохам овард ва пизишкй нокис буд, онро Буалии Сино комил кард" (3, с. 5). Бояд гуфт ки чунин бахогузорй худ шаходати бузургии у ба шумор меравад.
Агарчанде сахми уро хамчун яке аз саромадони илмхои тибу кимиё, файласуф ва физикдони воломаком эътироф кардаанд, аммо дигар пахлухои фаъолияташ хануз хам ба таври сазовор мавриди баррасй карор нагардидааст. Тадкикоти аксари пажухишгарон хам бештар ба та^лилу баррасии хамин сохахои фаъолияти илмии у бахшида шудааст (1). Хдрчанд у дар таърихи кимиёву тиб бо лакаби "падари кимиё" ва табиби хозик шинохта шуда, дар фалсафа яке аз барчастатарин намояндаи асхоби хаюло эътироф гаштааст, вале бояд гуфт, ки баъд аз омузиши хамачонибаи хадди акал ду асари Мухаммад Закариё Розй бо номхои "Тибби рухонй" ва "Сирати фалсафй", кас ба хулоса меояд, ки уро "муаллими ахлок" номидан хам хеч иштибохе нахохад буд. Зеро Мухаммад Закариёи Розй дар асархои мазкур ки саршори масъалахои ахлокиву равоншиносй мебошанд, тамоми хислатхои инсонй фазилатхои хуб (некй, ростгуйй, инсондустй , адолат, хаё, иффат, рахм, саховат, покизагй ва гайра) ва бад (разолат, мутакаббирй, худписандй, мумсикй, майпарастй, дуруггуйй ва гайра)-и одамиро чолибона ва возехона мавриди баррасй карор додааст. Ва ба хусус рисолаи "Тибби рухонй"-и уро месазад, ки "Доират-ул-маорифи ахлоки башар" биномем.
Бино бар маълумоти Забехулло Сафо, "Розй дар ахлок муътакид ба зухду тарки дунё ва инзиво нест ва мутаваччех ба ширкат дар умури ичтимой бо покдоманиву иффат аст. У
лаззатро амри вунудй намедонад, балки онро бозгашти нисм ба полати табий ва аламро хуруни нисм аз полати табиии худ мешуморад. Муъта;ид аст, ки истифода аз лазоиз бояд фа;ат ба ;адри хонати нисм ва бояд аз бо;ии лазоиз чашм пушад ва ба нустунуи камоли нафсонй, ки натинаи он ташаббух ба Худованд аз тари;и илму адл ва тахорат аст, пардохт" (2, 69).
Мухаммад Закариёи Розй а;лро бехтарин тухфаи Парвардигор барои инсон ва бунёди шинохт аз нахони хастй дониста, ба ;авли у инсон махз тавассути а;л аз хайвон фар; карда, зиндагии худро бех месозад ва инчунин марому мартабаи хешро нисбат ба хар чизи олам баланд мебардорад. Дар хамин бобат у дар фасли аввали "Тибби рухонй"-аш, ки "Ситоиши фазилати а;л ном дорад", чунин мефармояд: "...а;л чизест, ки агар он намебуд, ахволи мо тиб;и ахволи хайвон мешуд ё мисли кудакону девонахо дар вартаи парешонй мемондем" (3, 46 ). Дар идомаи фикри худ дар хамин фасл у нафсро фармонбардори а;л номида, таъкид мекунад, ки инсон бояд хамеша аз пайи тарбияи нафси худ бошад ва кушиш намояд, ки нафси саркашаш хамеша тобеи а;л бошад ва махз тавассути а;л инсон ба марому ма;сади худ мерасад. Чунин суханони хикматборро дар илми педагогика ибтидои тарбияти маънавй номидан метавон, зеро инсон махз тавассути а;л на танхо аз вартаи парешонй мерахад, балки, ба ибораи Мухаммад И;бол гуем, "фалакпаймой" хам мекунад.
Мухаммад Закариёи Розй дустию рафо;ат, хурмату эхтиром ва некию накукориро яке аз аломатхои асосии и;болу давлат медонад ва сохиб шудан ба ин сифатхоро амри як ;уввае медонад, ки он бо нафси шахс ало;аманд аст: "Аломати дигари и;болу давлат вобаста ба майл кардани шахс ба рафи;он, хамрохон ва ёрони мувофи; буда, онхо хамеша толиби салохияти корхои хамдигар ва дар хар гуна вазъият та;озои дустии якдигарро дошта бошанд. Fайр аз ин онхо ба якдигар ихлосманд бошанд. Барои амалй шудани ин амрхо ;увваеро дошта бошанд, ки он давомдихандаи сифатхои нек ва касро хамеша ба нониби хайр биравонад. Ин гуна ;увва бо нафси шахс ало;аманд буда, аз вай харгиз нудой напазирад. Ва он ;увва хен гуна бадие ба шахсияти у раво набинад. Онхо бе якдигар зиндагиро хам тасаввур карда наметавонанд. Амалй шудани ин амрхо пеш аз хама вобаста ба натинаи дурусти муборизаи онхо бо ;уввахои ра;ибангез аст" (3, 121).
Ба гуфтаи Мухаммад Закариёи Розй устод - мураббй дар пахлухои мухталифи зиндагй барои шогирд шахси носех, гамхорест, зеро у ба шогирдон хислатхои хамидаи инсонй -поксириштй, накукорй, иффат, инсондустй ва гайраро таргиб менамояд. У ба масъалахои тарбияи ахло;ию маънавй ди;;ати махсус дода, барои бартарафсозии душворихои хаёти одамон панду маслихатхои муфиду нолиберо баён кардааст. Дар нараёни таълиму тарбия мутафаккир дар нои аввал а;ли солимро мегузорад ва баъдан тамоми рафтори инсониро дар асоси а;лу хиради у бахогузорй мекунад. Барои омузгорону мураббиён тавсияхо медихад, ки онхо дар рохи тарбия аз толибилм ё донишну ба хен ванх набояд малол ва озурда гарданд.
Мутафаккир таъкид менамояд, ки таълиму тарбияи насли наврас яке аз мухимтарин вазифаи носехону омузгорон ба шумор меравад. Омузгор бояд дар таълим ва тарбияи шогирд тамоми дониш ва махорати хешро сарф намояд. У бо шогирдон сид;ан сухбат намуда, камбудихо ва он хислатхои ношоиста, ки дар онхо хувайдо мегардад, ошкор созад ва рохи халли онро нишон дихад. Ба ;авли мутафаккир устод бояд аз донишу маърифати кофй бархурдор бошад ва дар умури таълиму тарбия ба сахланкорй рох надихад, балки хамеша нихатхои равоншиносии шогирдро ба назар гирифта, бо у муомилаи хуш намояд. Омузгор хамчун шахси наздик ва роздону мехрубон мунтазам аз холу ахволи зиндагонии шогирд бохабар бошад.
Бинобар акидаву тавсияхои у мардум бояд бо якдигарашон мехрубон бошанд ва лутфу мархамати хоса дошта бошанд. Мухаммад Закариёи Розй расидан ба хар гуна мартабаро низ тавассути аклу хиради солим ва рафтори хубу муомилаи нек медонист ва панд медод, ки сохибмартаба бояд чунон рафтор кунад, ки аз нафрати халк эмин бимонад. Маълум аст, ки чунин обруву эътиборро танхо тавассути хулки хубу рафтори шоистаи тахсин сазовор гаштан мумкин аст. Вокеан хам ранчиш ва кинагирии омузгор ва ё мураббй аз шогирдон аз камоли хирад берун буда, обруи уро дар байни шогирдону чомеа коста мегардонад. Омузгор кабл аз хама бо рафтору амали худ ва баъдан бо гуфтору таълими худ намунаи ибрат бошад. Як амри вокеист, ки дар хама давру замон шогирдон ба таври худ ба устодонашон бахо медиханд ва роххои сазовори бахои баланд ва сохиби обрую эътибори хоса гардидани омузгорон, дар мачмуъ ба нафъи шогирдон хам бояд бошад, Мухаммад Закариёи Розй ин нуктаи мухдми тарбиявиро хеле чолиб тахлил кардааст.
Дар фасли нуздахуми "Тибби рухонй"-и Розй, ки "Рафтори бофазилат" ном дорад, рафтори донишмандону файласуфонро тахлил намуда, дар бораи амали онхо ибрози акида менамояд, ки онхо набояд аз чахорчубаи адлу инсоф пой берун ниханд ва кайд кардааст, ки: "[Донишмандон - А.К., Р.М., Н.М.] мардумро ёд медоданд, ки бо якдигарашон лутфу мархамат дошта бошанд. Онхо ба хамаи мардум насихат мекарданд, ки барои нафъи умум кушиш намоянд. Аммо он касоне, ки чабру зулм ва сиёсати фосидро пешаи худ менамуданд, ба харачу марач ва сиёсати абаскорй рох медоданд, аз гунаи одамон намехисобиданд. Аммо одамони зиёде хастанд, ки шариату конун онхоро водор мекунад, ки бе хукми зулм рафтор кунанд. Аммо намояндагони диние, ки ба зулмат мегаравиданд, ба ин гуна мухиммот риоя намекарданд. Онхо мухолифи худро бо дуруг фиреб медоданд... Инсон агар сират дуруст кунад ва рафторашро нек созад, аз зарари мардум начот меёбад ва сохиби хурмат мегардад. Инсон ба шарофати покй аз шарру ногуворй эмин мемонад. Агар кас ба мардум насихат кунад, ба онхо рахму лутф намояд, обруяш баланд мешавад" (3, 114).
Бояд гуфт, ки Мухаммад Закариёи Розй чй дар таълифоти тиббй, чй дар таълифоти фалсафй ва чй дар таълифоти табиатшиносиаш хамеша аз риояи акл, одоб, андоза ва хушмуомилагй сухбат мекунад. Дар хамин мазмун чавоби хикматбору муаддабонаи уро нисбати хасудонаш, ки вакти дар пирй нобино шуданаш уро таън мезаданд, ба ёд меорем. Азбаски у донишманди тирози аввали замона ва дар баробари он дар рохи дарку баёни хакикати илмй аз хар гуна мусолихаву созиш орй буд, мукарризони хасудаш ба у таъна мезананд, ки ин нобиноии у гуё чазои нодурустии акидахои илмиаш будааст, у дар чавоб чунин муаддабона ва файласуфона ва омузгорона чавоб медихад, ки чашмони у кур нашудаанд, балки аз дидани мукарризони камсаводаш хаста шудаанд ва намехоханд дигарбора дидори нодононро бубинанд. Чй чавоби кутоху мушаххасе дар чахорчубаи илму адаб, ки дар худ маънии зиёдеро дар бар гирифтааст. Худи хамин гуна чавоб бар душманону хасудон худ як сабакест барои наслхои оянда ва дарсест, ки омузгоронро месазад дар чараёни тарбияи шогирдони хикматомуз аз он бахрабардор бошанд, ки ба чои тундию мочаробарангезй мумкин аст бо нармию охистагй чунон чавоб гардонид, ки ракиб хам тавонад ангушти хайрат ба дандони тафаккур бигазад ва шояд, ки бад-ин васила ба рохи рост рахнамун гардад.
Чуноне ки маълум аст, Мухаммад Закариёи Розй дар баробари файласуфи бузургу табиби хозик ва кимиёдони овозадору физикдони барчастаи замони худ будан, боз бисёре аз масъалахои тарбияи аклию ахлокй, роху воситахои таъмини хайрияи умум ва саодати одамй,
адлу инсоф, максаду мароми инсонро мавриди тадкику омузиш карор дода, муаллими тарбияту ахлоки замонааш низ ба шумор мерафтааст.
Ба назари мо, дар чараёни таълими таърихи педагогика дар донишкадаву донишгоххои Точикистон баробари омузиши осору афкори шоирону нависандагони классикии форсу точик месазад, ки акидахои педагогии табиатшиносону риёзидонон ва табибони ниёгонамон низ мавриди тахлилу омузиш карор гирифта шавад. Аз дигар тараф, чунин усули таълиму тарбия, ки на танхо хисси ватанпарастиву посдории хотироти бузургонро бедор месозад, балки дар ичро ва татбики карори ^укумати Чумхурии Точикистон рочеъ ба "Консепсияи миллии тарбия" тавъам хохад буд.
Дар мавриди осори гаронбахои Мухаммад Закариёи Розй метавон гуфт, ки таълифоту таснифоти у гайр аз такмилу пешрафти сохахои тиббу фалсафа ва физикаву химия, инчунин дар омузиши рафтору гуфтору кирдори инсонй ва пахлухои гуногуни илми педагогика накши мухим бозидаанд. Пажухишгарони чавон ва Розишиносони ояндаро месазад, ки хар як фасли "Тибби рухонй"-ро ба таври сазовор хамачонибаву амик дар партави "Консепсияи миллии тарбия" бо мукобалаву мукоисагузории дастовардхои педагогикаи муосир мавриди баррасй карор диханд.
Аминем, ки омузиши хамачонибаи осори гаронбахои Мухаммад Закариёи Розй, сахм ва накши уро на танхо дар таърихи илму фарханги точикон, балки дар таърихи тамаддуни башарй бештар маълум месозад. Хусусан, хануз хам баъзе масъалахои илми педагогика ва хатто психология (равоншиносй) дар осори гаронбахои у ба таври бояд мавриди баррасй карор нагирифтааст.
ПАЙНАВИШТ:
1. Диноршоев, М. Плюралистическая философия Абу Бакра ар-Рази / М. Диноршоев. -Душанбе: Дониш, 2013. - 300 с.
2. Каримов, У.И. Неизвестное сочинение ар-Рази "Книга тайны тайн" / У.И.Каримов. -Ташкент: Фан, 1957. - 241 с.
3. Комили, А.Ш. Физика Абубакра ар-Рази / А.Ш. Комили. - М.: МБА, 2014. - 104 с.
4. Комилов, А.Ш. Физика ар-Рази и Ибн Сины / А.Ш. Комилов. - М.: МГУ, 1999. - 160 с.
5. Курбонов, Б.Р. Мухаммад Закариё ар-Рази - химик и философ // Известия Академии наук Республики Таджикистан / Б.Р. бурбонов, З.Н. Юсуфов. - Душанбе, 2004.- С. 91-97.
6. Курбонов, Б.Р., Ученые о трудах по химии Мухаммада Закария Рази // Вестник РТСУ / Б.Р. бурбонов, Сангинова Р.- Душанбе, 2012. №3 (38).- С. 142-147.
7. Komili, A. The Problems of physics in the works of ar-Razi and Ibn Sina // Science and Technology in the Islamic World. Proceeding of the XXth International Congress of History of Science / A. Komili. - Belgium, Liege, 1997. - C. 183-187.
8. Ruska, I. Die Alchemies ar-Razi's, der Islam. Bd. 22, Heft 4, 1935. -
9. Забехулло, Сафо. Таърихи адабиёти Эрон / З. Сафо. - Душанбе: Алхудо, 2001.-269 с.
10. Закариёи, Розй. Мунтахаби осор / З. Розй - Душанбе: Адиб, 1989. - 160 с.
REFRENCES:
1. Dinorshoev, M. Plyuralisticheskaya filosofia Abu Bakra ar-Razi / M. Dinorshoev. Donish, 2013. - 300 p.
2. Karimov, U.I. Neizvestnoe sochinenie ar-Razi "Kniga taini tain" / U.I. Karimov Fan, 1957. - 241 p.
3. Komili, A.Sh. Fizika Abu Bakra ar-Razi / A.Sh. Komili. - М.: МВА, 2014. - 104 p
4. Komili, ^Sh. Fizika ar-Razi I Ibn Sina / A.Sh. Komili.. - М.: МGU, 1999. - 160 p
- Dushanbe: . - Tashkent:
5. Qurbonov, B.R. Muhammad Zakariya ar-Razi - khimik i filosof // Izvestia Academii nauk Respublici Tajikistan / B.R.Qurbonov, Z.N.Yusufov. - Dushanbe, 2004.- P. 91-97.
6. Qurbonov B.R. Uchenie o trudakh po khimii Muhammada Zakariya ar-Razi // Vestnik RTSU / B.R.Qurbonov, R.Sanginova.- Dushanbe, 2012. №3 (38).- P. 142-147.
7. Komili, A. The Problems of physics in the works of ar-Razi and Ibn Sina // Science and Technology in the Islamic World. Proceeding of the XXth International Congress of History of Science / A. Komili. - Belgium, Liege, 1997. - P. 183-187.
8. Ruska, I. Die Alchemies ar-Razi's, der Islam. Bd. 22, Heft 4, 1935; Muso Dinorshoev. Az ta'rikhi falsafai tojik. - Dushanbe: Irfon, 1988; Mahmud Najmobodi. Muallifot va musannifoti Abu Bakr Muhammad Zakariya ar-Razi, chopkhonai donnish, 1339; Mahdii Muhaqqiq. Failasufi Ray Muhammad bin Zakariya ar-Razi, Tehron, 1349 va ghaira.
9. Zabehullo, Safo. A Literary History of Persia / Z.Safo. - Dushanbe: Alhudo, 2001.-269 p.
10. Zakariya, Rozi. Beneficial Sway / Z. Rozi. - Dushanbe: Adib, 1989. - 160 p.
Вопросы нравственного и гуманистического воспитания в трудах Абу Бакра ар-Рази
Ключевые слова: Абубакр ар-Рази, персидско-таджикский ученый, медицина, химия, физика, педагогика, гумманизм, нравственность.
В статье раскрываются вопросы нравственного воспитания средневекового персидско-таджикского ученого-энциклопедиста Абубакра Мухаммада ибн Закарийа ибн Яхйа ар-Рази (865-925), который оставил после себя большое научное наследие и внес заметный вклад в развитие науки и медицины своего времени. Абубакр ар-Рази известен в мире в основном как философ, медик и химик, его считают одним из основателей химии, известным медиком-врачевателем, Галеном мусульманского мира, великим философом, сторонником материалистического развития природы. Однако, его педагогические наследия до сих пор не изучены полностью. В данной статье вкратце рассматриваются некоторые актуальные на сегодняшний день проблемы нравственного воспитания молодого поколения в контексте философского воззрения ученого. А именно анализируются религиозно-нравственные и гуманистические воззрения Абубакра ар-Рази на основе его трактата "Духовная медицина" ("Тибби рухони ").
Questions of moral and humanistic education in the writings of Abu Bakr ar-Razi
Keywords: Abu Bakr ar-Razi, Persian-Tajik scientist, medicine, chemistry, physics, pedagogy, humanism, morality.
The article deals with questions of moral education of the medieval Persian-Tajik scholar-scientist Abu Bakr Muhammad ibn Zakariya ibn Yahya ar-Razi (865-925), who left behind a great scientific heritage, and made a significant contribution to the development of science and medicine of his time. Abu Bakr ar-Razi, known in the world mainly as a philosopher, physician and chemist, he is considered one of the founders of chemistry, a famous physician-healer, Galen Muslim world, a great philosopher, a supporter of the materialist nature. However, his pedagogical heritage is still not fully understood. This article briefly discusses some relevant today problems of moral education of the young generation in the context of the philosophical views of the scientist. Namely analyzes religious and moral and humanistic views Abu Bakr ar-Razi on the basis of his treatise "The Spiritual Medicine" ("Tibby ruhoni").
Маълумот дар бораи муаллифон:
Комили Абдущай Шарифзода, доктори илмуои физикаю математика ва номзади илмуои таърих, профессор ноибректори Донишгоуи давлатии Кургонтеппа ба номи Носири Хусрав оид ба корцои байналмилали, (Цумуурии Тоцикистон, ш. Кургонтепа), E-mail: [email protected]
Маннонова Раъноцон Абдура^монова, номзади илми педагоги саромузгори кафедраи забощои тоцики ва русии Донишкадаи ицтисод ва савдои Донишгоуи давлатии тицорати Тоцикистон (Цумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: [email protected] Максумова Нигинабону Давлятовна, саромузгор, цонишини декани факултаи муносибатуои ицтисодиёти байналмилалии Донишгоуи давлатии тицорати Тоцикистон оид ба корцои тарбияви (Чумуурии Тоцикистон, ш. Душанбе), E-mail: [email protected]
Сведения об авторах:
Комили Абдулхай Шарифзода, доктор физико-математических и кандидат исторических наук, профессор, проректор Курган-Тюбинского университета имени Носира Хусрава мо международным связям (Республика Таджикистан, г. Кургантюбе), E-mail: [email protected]
Маннонова Раъноджон Абдурахмановна, кандидат педагогических наук, старший преподаватель кафедры русского и таджикского языков Института экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции (Республика Таджикстан, г. Худжанд), E-mail: [email protected]
Максумова Нигинабону Давлятовна, старший преподаватель, заместитель декана факультета международных отношений Таджикского университета коммерции по воспитательной работе (Республика Таджикистан, г. Душанбе), E-mail: [email protected]
Information about the authors
Komili Abdulhay Sharifzoda, Doctor of Physics and Mathematics sciences and Candidate of historycal sciences, Professor deputy rector on international relayions Gurgonteppa State University by named after Nosir Khusrav (Republic of Tajikistan, Kuargantube), E-mail: [email protected]
Manonova Ra'nojon Abdurahmonovna, Candidate of pedagogical sciences Senior Lecturer in Russian and Tajik languages at the Institute of Economics and trade of Tajik State University of Commerce (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]
Maksumova Niginabonu Davlatovna, Senior Lecturer, Deputy Dean of the Faculty of International Relations of the Tajik University of Commerce on upbringing work (Republic of Tajikistan, Dushanbe), E-mail: [email protected]