Научная статья на тему '«Housekeeping» in Djaloliddin Davoni''s practical philosophy'

«Housekeeping» in Djaloliddin Davoni''s practical philosophy Текст научной статьи по специальности «Философия, этика, религиоведение»

CC BY
302
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЭТИКА ДЖАЛОЛИДДИНА ДАВОНИ / СЕМЬЯ / ДОМОВОДСТВО / ЭКОНОМИКА / ВОСПИТАНИЕ / КУЛЬТУРА ПОВЕДЕНИЯ / ЭТИКЕТ / АХЛОқИ ҶАЛОЛУДДИНИ ДАВОНИ / ОИЛА / ТАДБИРИ МАНЗИЛ / ДАРОМАДУ ХАРОҷОТ / ТАРБИЯ / ОДОБИ МУОШИРАТ / АХЛОқ / DJALOLIDDIN DAVONI ''S ETHICS / FAMILY / HOUSEKEEPING / ECONOMY / UP-BRINGING / CULTURE OF BEHAVIOR / ETIQUETTE

Аннотация научной статьи по философии, этике, религиоведению, автор научной работы — Хакимова Зумрадхон Абдухафизовна

Статья посвящена одной из трех составных частей практической философии Давони домоводству,изложенной в книге «Ахлоки Джалоли» («Джалолова этика»). Отмечается, что вслед за Фараби, Ибн Сино, Насируддином Туси Давони во второй части книги «Ахлоки Джалоли» освещает различные проблемы семьи, её этические и экономические аспекты; функции продолжения рода, воспитания детей. Проанализированы проблемы семейно-брачных отношений, роль семьи в жизни общества. Особое внимание уделяется воззрениям средневекового мыслителя о необходимости школьного обучения, нравственного и физического воспитания, учета возрастных особенностей и природных задатков, приучения детей к самостоятельности и культуре поведения. Делается вывод, что в эпоху глобализации, когда постепенно сходят на нет многие элементы традиционного домоводства, отдельные положения практической философии Давони приобретают особую актуальность. Также в статье отмечается историческая ограниченность труда Давони.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

«ДОМОВОДСТВО» В ПРАКТИЧЕСКОЙ ФИЛОСОФИИ ДЖАЛОЛИДДИНА ДАВОНИ

The article dwells on one of the three composing parts of practical philosophy of Davoni -that of housekeeping expounded in the book called «Akhloqi Djaloli» (Djaloli's Ethics). It is underscored that following Forobi, Ibn Sino, Nasiruddin Tusi, Davoni in the second part of his book called «Djaloli's Ethics» elucidates various problems of family and its esthetic and economic aspects: function of generation's continuation, children's up-bringing. The problems associated with family-wedding relations, the role of family in the life of society are analyzed. Particular attention is paid to the viewpoints of the mediaeval thinker concerned with the necessity of school tuition, moral and physical up-bringing, accounting in age peculiarities and natural gifts, accustoming children to both self-sufficiency and cultural behavior. The author comes to the conclusion that in the epoch of globalization when step by step many elements of the traditional housekeeping come out of use separate provisions of the practical philosophy of Davoni acquire specific actualness. In her article the author asserts a historic narrow-mindedness of Davoni 's work as well.

Текст научной работы на тему ««Housekeeping» in Djaloliddin Davoni''s practical philosophy»

09 00 13 ФИЛОСОФСКАЯ АНТРОПОЛОГИЯ, ФИЛОСОФИЯ КУЛЬТУРЫ 09 00 13 PHILOSOPHICAL ANTHROPOLOGY, PHILOSOPHY OF CULTURE

УДК 37.7 ББК 74.90

ИЛМИ ОИЛАДОРЙ АЗ НАЗАРИ ЦАЛОЛУДДИНИ ДАВОНЙ

«ДОМОВОДСТВО» В ПРАКТИЧЕСКОЙ ФИЛОСОФИИ ДЖАЛОЛИДДИНА ДАВОНИ

«HOUSEKEEPING»IN DJALOLIDDIN DAVONIS PRACTICAL PHILOSOPHY

Калидеожа^о: ахлоци Цалолуддини Давони, тарбия, одоби муошират, ахлоц

Мацола ба яке аз се цисмуои таркибии уикмати амалии Давони - тадбири манзил бахшида шудааст. Цайд гардидааст, ки дар пайрави ба Фороби, Ибни Сино, Насируддини Туси Давони дар цисми дуюми китоби «Ахлоци Цалоли» ба масъалауои гуногуни оила, цанбаи ахлоци ва ицтисодии он; вазифауои бацои насл ва тарбияи фарзандон равшани андохтааст. Масъалауои муносибатуои никоуи-оилави ва нацши оила дар цомеа таулил гардидаанд. Ба андешауои цуруни вустои мутафаккир оид ба зарурати маълумот, тарбияи маънави ва цисмони, бауисобгирии хусусиятуои синнусоли ва сиришти табиии кудак, омузиши фарзанд ба мустацилият ва одоби муошират эътибори махсус дода шудааст. Хулоса карда шудааст, ки дар давраи цауонишави, ки бисёре аз хусусиятуои оилаи суннати аз байн рафта истодааст, баъзе цабуауои уикмати амалии Давони ба худ хусусиятуои актуалиро касб мекунанд. Инчунин дар мацола маудудиятуои таърихии асаруои Давони цайд гардидаанд.

Ключевые слова: этика Джалолиддина Давони, семья, домоводство, экономика, воспитание, культура поведения, этикет

Статья посвящена одной из трех составных частей практической философии Давони - домоводству,изложенной в книге «Ахлоки Джалоли» («Джалолова этика»). Отмечается, что вслед за Фараби, Ибн Сино, Насируддином Туси Давони во второй части книги «Ахлоки Джалоли» освещает различные проблемы семьи, её этические и

Хакимова Зумрадхон Абдух^афизовна,

дотсенти кафедраи фалсафаи ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров (Тоцикистон, Хуцанд)

Хакимова Зумрадхон Абдухафизовна,

доцент кафедры философии ХГУ им. акад. Б.Г.Гафурова ( Таджикистан, Худжанд).

Hakimova Zumradxon Abduhafizovna,

Associate Professor of the department of philosophy under Khujand State University named after B. Gafurov (Tajikistan Khujand) E-MAIL: [email protected]

оила, тадбири манзил, даромаду хароцот,

экономические аспекты; функции продолжения рода, воспитания детей. Проанализированы проблемы семейно-брачных отношений, роль семьи в жизни общества. Особое внимание уделяется воззрениям средневекового мыслителя о необходимости школьного обучения, нравственного и физического воспитания, учета возрастных особенностей и природных задатков, приучения детей к самостоятельности и культуре поведения. Делается вывод, что в эпоху глобализации, когда постепенно сходят на нет многие элементы традиционного домоводства, отдельные положения практической философии Давони приобретают особую актуальность. Также в статье отмечается историческая ограниченность труда Давони.

Key words: Djaloliddin Davoni S ethics, family, housekeeping, economy, up-bringing, culture of behavior, etiquette

The article dwells on one of the three composing parts of practical philosophy of Davoni -that of housekeeping expounded in the book called «Akhloqi Djaloli» (Djaloli's Ethics). It is underscored that following Forobi, Ibn Sino, Nasiruddin Tusi, Davoni in the second part of his book called «Djaloli's Ethics» elucidates various problems of family and its esthetic and economic aspects: function of generation's continuation, children's up-bringing. The problems associated with family-wedding relations, the role of family in the life of society are analyzed. Particular attention is paid to the viewpoints of the mediaeval thinker concerned with the necessity of school tuition, moral and physical up-bringing, accounting in age peculiarities and natural gifts, accustoming children to both self-sufficiency and cultural behavior. The author comes to the conclusion that in the epoch of globalization when step by step many elements of the traditional housekeeping come out of use separate provisions of the practical philosophy of Davoni acquire specific actualness. In her article the author asserts a historic narrow-mindedness of Davoni's work as well.

Намояндагони бузурги фалсафаи ;уруни вустои точик дар осори фалсафии худ, баробари хикмати назарй, ба тах;и;и хикмати амалй низ эътибори калон додаанд, зеро хикмати назарй махз ба туфайли хикмати амалй, ки аз се ;исми таркибй: илмхои ахло;, оиладорй ва давлатдорй иборат аст, ба амал, хаёти во;ей рох меёбад. Чунончй, Абунасри Форобй бахшида ба хдкмати амалй китоби «Ороу ахли-л-мадинати-л-фозила» (1), Ибни Сино рисолаи «Тадбири манзил» (2), Абуалй Миска-вайх «Тахзиб-ул-ахло;» (3), Насируддини Тусй «Ахло;и Носирй» (4), Чдлолуддини Давонй «Ахло;и Ч,алолй» (5)- ро эчод кардаанд.

Чдлолуддин Давонй дар асари худ «Лавомеъ-ул-ишро;» маъруф ба «Ахло;и Ч,алолй», ки се ;исм: ахло;, оиладорй, давлатдориро фаро мегирад, ба пайравй аз Хоча Насируддини Тусй ;исми дувуми ин асарро зери унвони «Лавомеи дувум» ба тадбири манзил бахшидааст. Мундаричаи «Ахло;и Носирй» ва «Ахло;и Ч,алолй» умумияти зиёд дорад. Вале Давонй баробари пайравй таълимоти ниёгонро вобаста ба замони худ инкишоф дода, баъзе нуктахои онро бо ривоёту хадисхои Пайгамбари ислом та;вият бахшидааст (6, с.639).

Чдлолуддин Давонй ба мисли Ибни Сино, Насируддини Тусй ва дигар мутафак-кирон ба илми оиладорй, тадбири манзил бахои баланд дода, омузиш ва донистани онро барои хар як шахс зарур мехисобад, зеро, чй хеле ки у зикр мекунад, хаёти инсон бе оила тасаввурнопазир аст. Ин илм ба хар як шахс барои идора намудани

оила, окилона бyрдани хочагй, бартараф намyдани душворихои зиндагй, дуруст ба рох мондани муноеибати байни аъзои оила, тарбияи фарзандон ва f. ёрй мераеонад.

Дар киемати «Тадбири манзил»-и «Ахлоки Ч,алолй» Давонй тамоми мавзуъ ва пахлухои илми оиладорй, аз чумла, еабабхои моддии зухури оила, вазифахои вай дар чомеа ва давом додани наел, тарбия ва таълими фарзандон, одоби муоширати зану шавхар, вазифаи шавхар ва зан дар оила, иктиеодиёт, хочагии оилавй ва Fайраро мавриди барраей карор додаает.

Давонй еабабхои аеоеии зухури оиларо маънидод намуда, кушиш намудаает фарки куллй ва еифатии уро аз дигар махлукот нишон дихад. Ба андешаи вай, хайвон талаботи худро бо неъматхои табий конеъ мегардонад, лекин инеон ба ин тарз кифоят намекунад, аз ин ру вай ба таври еунъй онро омода мееозад. Барои тайёр намудани хурок инеон бо ёрии хамдигарй амалиёти зиёдро анчом медихад. Илова бар ин, тахти таъеири талаботи рузафзун инеон мачбур мешавад, ки маводи хурокаро захира намуда, онро нигахдорй ва аз дигар махлукот мухофизат намояд. Барои ичрои ин макеад ба инеон манзил, яъне чои зиети доимй, ки дар он чо чизхо ва маводи хурока захира карда мешаванд, зарур мешавад. Дар робита ба ин зарурат эхтиёч ба ташкили оила пайдо мешвад. Азбаеки инеон бо макеади ба дает овардани мавод барои мавчудияти худ ба корхои хочагй машFyл мешавад, у бояд ёвар, чойнишин дошта бошад, то ки дар набудани у, ё дар холати машFyл будани у дар хона зиндагй намуда, корхои заруриро анчом дихад (7, е. 72).

Давонй дар таълимоти худ зери таъеири акидахои Ибни Сино рочеъ ба мохият, вазифа ва рукнхои он навиштаает, ки «мурод аз манзил дар ин маком на хонаеет, ки аз хишт ва гилу еангу чуб бошад, балки мурод таълифе махеуе ает, ки миёни шавхдру зан ва волиду мавлуд ва ходиму махдум ва мутамаввилу мол вокеъ шавад» (5, е. 193). Ба андешаи Давонй оила, манзил падидаи одй набуда, балки иттиходи махеуе ает ва байни аъзои он муноеибату муоширати муайян еурат мегирад. Мутафаккир вазифахои мухими ичтимой, иктиеодй, ахлокй, тарбиявй ва танзимкунй ва бакои наелро нишон дода, панч рукни аеоеии он: шавхар, зан, фарзанд, мол ва ходимро зикр намудаает.

Давонй дар киеми тадбири манзили «Ахлоки Ч,алолй» дар бораи хар як узви оила, дар бахши махеуе таваккуф намуда, вазифа ва макоми онхоро тавеиф кардаает. Дар ин низоми андешахои худ вай кабл аз хама ба зан, ки яке аз пояхои аеоеии оила махеуб меёбад, диккати хоеа додает. Ба акидаи Давонй зан чонишини боэътимоди мард буда, дар хонавода на;шу макоми бузургро анчом медихад. Бинобар ин зан бояд дорои бехтарин фазилатхо, ба монанди аклу хирад, иффат, еадокат, рахму шафкат ва амеоли инхо бошад. Дар ин бора мутафаккир навиштаает «Бехтарини занон он ает, ки ба аклу диёнат ва иффату фатонат ва хаёву риккати калб ва адабу иеор ризои шавхар ва викор мутахаллй бошад» (5, е. 200.)

Ба андешаи мутафаккир зан бояд ниебат ба шавхари худ шартхои зерини одоби муоширатро риоя намояд. Аввалан, тозагии маънавиёт, дувум, ба хама чиз конеъ будан, еевум, иззату хурмати уро ба чой овардан, чорум, ба шавхар итоат кардан ва ба еаркашй рох надодан, панчум, хангоми муноеибат бо шавхар бо илтифот будан ва норозигй баён накардан ает.

Мутафаккир зикр мекунад, ки зани хирадманду мехрубон ниебат ба шавхар метавонад хатто миели модар бошад. Аммо зани беаклу бадтинат ба монанди

золимон ба шавхар берахмиву дyшманй мекyнад. Bай пайваста изхори норизой, чанчолу хархаша, дyшманй карда, ба сарвати шавхар бо тамаъ чашм меандозад. Аллома Давонй аз мард низ риояи шартy одоби мyайянро талаб намyдааст. Bай бyнёди маънавии оиларо махсyс нишон дода таъкид месозад, ки ма;сад аз ташкили оила ;онеъ кардани кувваи шахвонй набyда, балки ба;ои насл, дидани фарзанд аст.

Ба кавли Давонй агар мард зани ху6 гирифта оила барпо кунад, бояд нисбат ба зан се чизро риоя ва аз се чизи дигар худдорй кунад ва «он се чиз, ки риоят бояд кард: аввал-хайбат, ки худро дар назари зан мухиб (бохайбат) намояд, то аз итоати у, амру навохии у таховун нанамояд. Дувум, каромат, ки занро гиромй дорад, ба чизе, ки мучиби мухаббат ва улфати у шавад. Севум, он ки бо хешон ва мутаалли;они у тари;аи икрому эхтиром ва мадороту мувосот ва базли маъруф сипарад». (5, с. 201202).

Давонй FOяи якзанй, доштани як оиларо тарFиб карда, зидди бисёрзанй баромадааст. Аллома тал;ин менамояд, ки агар шахс оила дошта бошад, харгиз зани дигар нагирад, хатто, агар зани дигар сохибчамол, ё ашрофзода бошад. Мутафаккир ин а;идаашро бо чунин далел собит месозад. Азбаски як дил фаъолияти муътадили ду тан, ду организми одамиро таъмин карда наметавонад, ба хамин монанд, як мард аз ухдаи таъмин ва идораи ду оила намебарояд. Дар ин бора y чунин навиштааст: « Хдмчунон ки як дил манбаи хаёти ду бадан натавонад шуд, як мардро низ тадбири ду манзил муяссар нашавад» (5, с. 202).

Тиб;и таълимоти Ч,алолуддини Давонй мард сарвари оила буда, вазифахои гуногун ва мухимро ба ухда дорад. Bай бояд нисбат ба хар як аъзои оила Fамхор бошад. Тахти рохбарии мард хдр як аъзои оила бояд ба камолот расад ва аз аъмолу корхои бад худдорй намояд. Bай бояд намудхои гуногуни тарбияро донад, барои бехбудии оила пайваста мусоидат кунад. Мард дар раванди тадбири оиладорй чунин роху усули тарбия, ба монанди хавасманд кардан, маслихат додан, хайрхохй, мехрубонй, чиддият ва Fайраро истифода барад. Сарвари оила холати хар як аъзои онро мушохида карда, хангоми зарурат барои бартараф намудани душворй хатман ёрй расонад. Дар мачмуъ кору фаъолияти мард ба санъати пизишкй монанд буда, дар холати зарурй барои мухофизати бадан ин ё он узвро чаррохй намуда, онро солим нигох медорад. Аллома идора кардани оиларо тадбири масъулиятнок ва чиддй медонад. Bа таъкид месозад, ки агар мард ;обилияти идора кардани оила ва аъзои онро надошта бошад, ба ташкили оила ху;у;и маънавй надорад ва бехтар он ки хаёти мучаррад барад (5, с. 197).

Давонй яке аз вазифахои му;аддам ва мукаддаси оиларо дар тарбияи фарзанд мебинад. Ба кавли вай хангоме, ки дар оила фарзанд таваллуд шуд, уро бояд бо усули мувофи; тарбия намуд. Дар робита ба ин масъалаи мухим Давонй махсус одоби муоширати байни волидон ва фарзандонро мавриди тахлил ;арор медихад. Ба а;идаи у, баъди мархамати Худованд барои фарзандон аз волидон дида неъмати бузургтаре вучуд надорад. Bолидон бахри фарзандон тамоми хастй, сарвату молу мулкашонро мебахшанд, хатто чонашонро низ аз онхо дареF намедоранд. Бинобар ин фарзандон бояд ба ;адри онхо бирасанд, сипосгузор бошанд ва хамеша хурмату эхтироми онхоро ба чо оранд.

Мутафаккир дар доираи таълимот оид ба илми оиладорй низоми акидахои педагогии худро низ баён сохтааст, ки он нуктахои зеринро дар бар гирифтааст:

- накши оила дар тарбияи фарзандон;

- ба хиеоб гирифтани хуеуеиятхои еиннуеолии фарзандон дар вакти тарбия;

- еиришту еимои маънавй ва фазилатхои муаллим;

- баъзе тарзу уеулхои тарбия;

- назардошти кобилияти табии кудак дар раванди тарбия.

Давонй ба афкори педагогии мутафаккирони маъруф Абуалй Сино, Наеируддини Туей пайравй карда, OFOзи тарбияи фарзандро хануз аз овони тифлиаш зарур медонад. Мутафаккир дар раванди таълиму тарбия, хуеуеан ба парвариши ахлокии наели наврае эътибори калон додает.

Тарбияи фарзанд аеоеан дар мухити оила еар шуда, таи еолхои дароз давом меёбад. Давонй ба волидон бехуда як катор уеулхои тарбияро тавеия накардаает. Уеулхои хаваемандкунй ва чазодихиро нишон дода, Давонй менавиеад, ки агар тарбиягиранда рафтори хуб ва зебо кунад, уро бояд таъриф кард ва агар ба рафтори ночоя майл кунад, уро бояд еарзаниш намуд. Лекин танбеху еарзаниш бояд андоза дошта бошад: «Аз такрори тавбих ва мукошафат эхтироз намоянд, ки мабодо ба маломат одат кунад ва вакохат дар у роеих шавад» (5, е. 208), яъне набояд кудакро зуд-зуд еарзаниш ва танкид кард, зеро ин раванд ба он оварда мераеонад, ки у ба еарзанишу маломат одат карда, дар вай гуетохй муетахкам хохад шуд.

Ба кавли Давонй волидон аз фарзандон хамеша огахй дошта бошанд. Фарзандон набояд ба ин ё он рафтори махфй рох диханд, зеро дар охир дар онхо чаеорат ва майл ба рафтори кабехона пайдо мешавад. Фарзандон набояд нозуку нозпарвар бошанд. Онхоро ба еахтй, мушкиливу душворй бояд одат кунонд. Аз пурхурй, иетеъмоли зиёди нушокй, пушидани либоехои фохираву бодабдаба эмин доранд. Пеш аз хама ба онхо коидаи иетеъмоли хурокро омузонда, фахмонидан лозим ает, ки макеади гизо еаломатй ает, на гирифтани лаззат.

Ба гайр аз ин, Давонй ба зарурати мавчуд будани реча ишора мекунад. Ба фарзанд шабона шароити дамгирии бофарогатро бояд фарохам овард, то ки рузона уро мондашавй ва хоб ихота накунад. Дар баробари ин вай хоби зиёди шабона ва рузонаро манъ мекунад. Кудак бояд ба харакат кардан, бештар рох рафтан, еавора гаштан, ба риояи одоби муошират одат кунад. Дуруггуиро барои у катъиян манъ кунанд. Кудак бояд дар вакти зарурй оромиро риоя намояд, чавобхои кутох дода тавонад, ба гуш кардан ва еуханхои нек одат кунад (7, е. 79).

Оид ба шахеияти муаллим мутафаккир чунин мегуяд, ки «муаллим диндору окил бошад ва бар риёзати ахло; вокиф ва ба тахорати зайл ва викору хайбату мурувват машхур. Ва аз ахлоки мулук ва одоби мучолаеат ва мувокалат бо эшон ва муховарат бо хар тоифа аз тавоифи мардум бохабар» (5, е. 210). Давонй дар низоми афкори педагогиаш доир ба еимои маънавии омузгор андешахои пуркимат баён кардаает. У таъкид менамояд, ки муаллим бояд диндор, хирадманд, хушахлок, чиддй, боеалобат ва шахеи олихиммат бошад, ахлоки хокимон ва одоби бо онхо хамеухбат шудан ва муноеибат карданро донад, махорати бо одамони гуногун муошират карданро дошта бошад.

Давонй ба кобилияти табиии кудакон ва зарурати инкишофи онхо таваччухи хоеа медихад. Мувофики акидаи у, пеш аз шогирдро ба ин ё он илм, каеб ё хунар машгул кардан, зарур ает, ки табиати уро омухта, муайян намуд, ки у ба кадом илм, каеб ё хунар кобилият ва рагбат дорад. Азбаеки рагбати одамон якхела намебошад, аз ин ру онхо ба ин ё он фаъолият кобилияти махеуе доранд. Агар инеон ба ягон чиз

рагбат дошта бошад, он гох вай тамоми кувваи худро барои такмил ва истифодаи он сарф мекунад. Агар у шавку рагбат надошта бошад, он гох тамоми саъю кушишхои у сарфи бехудаи вакт хохад буд. Бинобар ин, шогирдро хатман ба хамон илм ё хунаре, ки нисбаташ майлу раFбат ва истеъдоди фитрй дорад, хидоят бояд кард. Давонй дар ин бора менависад: «Авло он аст, ки дар табиати кудак назар кунанд ва аз ахволи у тафаррус чуянд, ки истеъдоди кадом илм ва саноат бештар дорад, уро ба он машгул доранд» (5, с. 212).

Давонй оид ба кобилияти табий, гуногунии истеъдоди фитрии шогирдон дар асоси мушохидахо, монандкунй ва тачрибаи амалй андеша рондааст. Тахминхои у нисбат ба гуногунии кобилиятхо дар педагогика ва амалияи тарбия ахамияти калон дорад. Онхо ;имати худро дар рузхои мо низ гум накардаанд. Инкишофи илми муосир дурустии меросияти кобилият ва истеъдоди инсонро исбот намудааст.

Ба а;идаи мутафаккир одами нек ё бад шудани фарзанд бевосита аз тарбия ва мухит вобаста аст, зеро ботини кудак ба мисли тахтаи тоза буда, ба осонй таъсири мухити атрофро ;абул менамояд. Давонй тарбияро ба маънои васеаш мефахмид «Нуфуси сибиён ба манзалаи лавхи сода бошад ва ;абули сурат ба сухулат намояд» (5, с. 207).

Кудак хангоми аз машгулиятхо озод будан бояд бо чй машгул шавад? Ба ин савол Давонй чунин чавоб дода таъкид менамояд, ки бачагон бо бозихое шyFл варзанд, ки ба тарбия таъсири манфй надошта бошанд, «дар авкоти утлат эшонро рухсати бозй кардан диханд, ба шарти он ки муштамил бар таабе зиёда ва иртикоби кабех набошад» (5, с. 211).

Ба гайр аз ин, Давонй ба низоми тарбияи кудак тарбияи чисмониро дохил намуда, зарурати машкхои чисмониро дар раванди таълиму тарбия ва барои хифзи саломатии толибилм муайян намудааст: «Дар аснои хар фан риёзати лоик, ки тахрики харорати гаризй кунад, бад-у хифзи сихату нафйи касал ва балодат бошад, одат намояд» (5, с. 212-213).

Яке аз чихатхои чолиби акидахои Давонй рочеъ ба таълиму тарбия андешаи у дар бораи зарурати мувофи;ати тарбия ба сиришту табиат ва синну соли бача мебошад: «^а дар тахзиби ахлоки у бар вачхе, ки гуфта шуд, таассй ба табиат намуда, тартиб нигох дорад. Bа чун аввал осори куввати тамайюз хаёст,...галабаи хаё далели начобат ва фазилат бошад. Пас чун ин хислат аз у мушохида равад, дар таъдибаш эхтимоми зиёда бояд намуд» (5, с. 207).

Дигар аз акидахои пур;имати Давонй оид ба тарбияи фарзанд парвариши кудакони душвортарбия мебошад. Ба андешаи мутафаккир агар дар тарбия натича хис карда нашавад, набояд аз он ноумед шуд, зеро сифату фазилатхои нек модарзодй нестанд. Азбаски кудакон дорои табиату истеъдодхои гуногун хастанд, яке ба осонй , дигаре ба мушкилй тарбияро ;абул менамояд. Дар ин бора Давонй менависад: «Х,еч кас бар фазилат мафтур набошад ва дар тахсили он аз касб мустагнй на, агарчи ба сабаби ихтилофи истеъдод ихтилоф дар сухулат ва суубати иктисоб бошад» (5, с. 133).

Давонй тал;ин менамояд, ки барои дар фарзанд парваридани одатхои писандида Уро ба фаъолияту амалхои махсус бояд машFyл кард. Ин тадбир ба мисоли он ки устод ба шогирд таълим додани хунар уро махсус маш; медихад ва тачриба меомузонад.

Добили зикр аст, ки доираи мавзуъхое, ки Давонй дар таълимоти худ оид ба илми оиладорй баён кардааст, хеле васеъ мебошад. Аз чумлаи масъалахое, ки мутафаккир эътибори калон додааст, мавзуи таълиму тарбия аст, ки аз гановати таърихи педагогикаи точик гувохй медихад. Давонй дар илми оиладорй баробари таълим ба тарбияи ахло;ии фарзанд эътибори калон додааст. Тиб;и а;идаи у баробари таълими фазилатхои нек ба онхо аз хурдиашон услубу одоб, ;оидахои муошират, маданияти рафторро бояд омузонд. Давонй пахлухои гуногуни маданияти рафтор, одоби муошират, ба монанди коидахои муомила бо одамон, рафтор дар чойхои чамъиятй, одоби сухан, фикри худро равшан ва зебо баён карда тавонистан, одоби рох гаштан, одоби харакату сукунат ва имову ишорат ва гайраро баррасй кардааст. Давонй шартхои одоби суханро баён карда, таъкид менамояд, ки пеш аз гуфтор, аввалан онро дар майна бояд бар;арор кард ва сипас ба забон овард. Мутафаккир хамчунин ба он ишорат мекунад, ки дар вакти гуфтугу бояд дарачаи дониши хамсухбатро ба эътибор гирифт ва фикрхои мураккабро, ки ба у дастнорас мебошанд, набояд истифода бурд. Дар вакти сухбат аз густохй бояд канора чуст, зеро хангоми густохй шарти эхтиром аз байн меравад ва дар одамон хиссиёти носолим, душманй ва бадбинй пайдо мешавад. Бачаро ба он одат кунонидан лозим аст, ки дар чойхои чамъиятй ;оидахои одоби муоширатро риоя намояд. Рафтор, гуфтор ва амалиёти ягон шахсро набояд масхара кард. Фарзандро ба бештар гуш кардан ва кам гап задан бояд одат кунонд. Яке аз намудхои маданияти рафтор тарзи рохгардй ва харакату сукунат, худро зебо нигох доштан мебошад. Давонй ба он ишорат мекунад, ки дар вакти рохгардй ба саросемагй ва ё сустй рох додан лозим нест. Хдмчунин набояд мутакаббирона рох рафт. Х,ангоми рох рафтан ба хар тараф нигох кардан ва сарро поён кардан лозим нест, зеро он аз гамгинии одам шаходат медихад. Х,ангоми саворй низ ;омат бояд рост бошад. Дар ва;ти нишастан пойхоро набояд дароз кард. Аз руи гуфти Давонй бачаро ба он одат кунонид, ки ;оматро хамеша рост дорад. Х,ангоми нишастан сарро ба руи зону гузоштан мумкин нест, зеро он нишонаи беморй ва мусибат аст. Инсон бояд аз чунин одатхои ногувор, чун харакати бечо, бо риши худ бозй кардан, ба узвхои гуногуни бадан даст задан худдорй намояд. Набояд ангуштонро ба дахон андохта, онхоро бо остин ва бари курта пок кардан низ нашояд. Дар чойхои чамъиятй бинй ва рохи нафасро тоза кардан мумкин нест, дар вакти зарурат чунон бояд кард, ки хозирон онро нашунаванд ва мушохида накунанд. Ба акидаи Давонй дар назди одамон ганаб кардан ва сар ба китф андохтан аз руи одоб намебошад, дар сурате, ки дар чамоат хоб галаба кунад, ба ;адри имкон он чойро тарк кардан ва ё бо воситаи хикоя ё фикри шавковар хобро бартараф кардан лозим аст. Х,амин тавр, инсон бояд чунон рафтор кунад, ки атрофиёнро халадор ё ба холати ногувор ва ташвиш нагузорад.

Давонй инчунин пахлухои гуногуни маданияти рафторро дар сари дастархон, тарзи хурокхурй ва бо мехмонон муомила карданро низ мефахмонад. У таъкид месозад, ки пеш аз хурок хурдан дастон, бинй ва дахонро шустан лозим аст. Хурокро бояд бо се ангушт гирифта, дахонро калон кушодан ва пур кардан ва ё харисона хурок хурдан, ё ин ки хурокро дар дахон дуру дароз нигох доштан лозим нест. Дар вакти хурок хурдан панчахоро лесидан, ба таом харисона нигох кардан, буидан ва чудо карда гирифтан мумкин нест. Агар дар руи дастархон хуроки дустдошта мавчуд бошад, ба он харисона назар кардан мумкин нест. Дар баробари ин Давонй ба дигар тарафхои одоб дар сари дастурхон ишора намуда, зикр мекунад, ки «чарбе бар

ангушт нагузорад ва нону намак тар накунад ва дар лукмаи хамкоса нанигарад ва он чи ба дахон бурд аз устухону гайра бар нон ва суфра нанихад ва агар устухон дар лукма бошад, пинхон аз дахон дур кунад ва аз харакоти манфура мухтариз бошад ва чизе аз дахон дар коса наандозад. Bа агар мехмон бошад, пеш аз мехмондор даст бозкашад... ва агар мехмондор бошад, бояд ки баъд аз он ки дигарон даст бозкашида бошанд, таълил намояд. Bа агар миёни таом ба об эхтиёч афтад, ба охистагй биошомад, чунонки овози дахону халки у нашнаванд. Bа дар назари чамоат хилол накунад ва он чи ба забон аз дандон берун орад, бихурад, аммо он чи ба хилол барояд, ба чое андозад, ки мардумро нафрат нашавад» (5, с. 219-220).

Давонй инчунин коидаи шустани дасту дахон ва дандонро пеш аз хурдани таом таъкид кардааст.

Бисёр меъёрхои одоби муошират, ки Давонй баррасй кардааст, дар рузхои мо низ ахамияти худро гум накардаанд. Дар замони имруза вакте ки низоми робитахои ичтимой вусъат ёфтаанд, ахамияти маданияти рафтор боло рафтааст. Бо вучуди хамаи ин, лозим ба таъкид аст, ки таълимоти Давонй оид ба маданияти рафтор таърихан махдуд аст. Баъзе коидахо кухна шудаанд, баъзеашон ба меъёри одоби муоширати муосир мувофикат намекунанд. Давонй акидахои худро дар бораи тарбияи маънавй ривоч дода, таъкид менамояд, ки ба фарзандон одоби муошират, маданияти рафторро аз хурдсолй таълим бояд дод, то ки он ба одат мубаддал гардад.

Давонй дар таълимоти худ оид ба оиладорй масъалахои иктисодиёти оила, зарурати захира, мохият ва ахамияти пул, хунармандй, даромад ва харочот, роххои ба даст овардани боигарй ва гайраро низ баррасй кардааст (7, с. 103- 106).

Тахлили а;идахои Давонй рочеъ ба оила нишон медихад, ки мутафаккир хикмати амалии файласуфони бузург Форобй, Ибни Сино, Насируддини Тусиро пайравй ва идома бахшида, тиб;и талаби замони худ инкишоф додаст. Хикмати човидони ниёгон, хосса таълимоти аллома Давонй дар бораи оила ва оиладорй, сарфи назар аз баъзе махдудиятхои таърихй арзиши худро то ба имруз гум накардааст

Дар чомеаи муосири мо, ки масъалаи оиладорй ба андозае дар хамон низоми суннатй ва анъанавии миллии пешин бокй мондааст, хикмати амалии Давонй барои Fановати маънавии имрузиён кумаки бориз хохад намуд, зеро дар раванди чахонишавй бисёр чихатхои мусбати оиладории суннатии мо - точикон аз байн рафта истодаанд. Ч,авонони точик ва точикистониён, мутаассифона, аз илми оиладорй ва мохияти он кам хабардор мебошанд. Аз ин ру, эхё бахшидани андеша-хои мутафаккирони гузаштаамон ва аз тарики гояхои онхо ташаккул ва такомули илми оиладорй вобаста ба талаби замон барои миллате чун миллати точик, ки аз даврахои кадим дорои фарханги баланди оиладорй аст, аз фоида холй нахохад буд.

Пайнавишт:

1. Aль-Фараби Aбу Наср Мухаммад. Социально- этические трактаты //Пер.с араб.-Aлма-Aта: Наука, 1973. -400 с.

2. Ибни Сино. Тадбири манзил//AбyалU ибни Сино. Осори мунтахаб. Ц.4.- Душанбе: Ирфон, 2007.

3. Исоев, Маумадрауим. Хикмати амалии Ибни Мискавайу. -Душанбе: Дониш, 2003. -176 с.

4. Насируддин Тут. Aхлоци НосирU. - Душанбе: Шуцоиён, 2009. -388 с.

5. Давони, Цалолуддин. Ахлоци Цалоли.- Нувалкишур, 1879. -348 с.//Нусхаи захираи дастхатуои шарцй. АИ Тоцикистон. № 3061.

6. Мирбобоев, Мацсуд. Цалолуддини Давони//Таърихи фалсафаи тоцик. Цилди 2.-Душанбе: Дониш. 2016. -892 с.

7. Мирбобоев М.К. Этика Джалолиддина Давони.-Душанбе: Дониш, 1992. -140 с.

Reference Literature:

1. Al-Farabi Abu Nasr Muhammad. Social-Ethic Treatise// Translated from Arabic. - Alma-Ata: Science, 1973. - 400 pp. (in Russian)

2. Ibn Sino. Corpus Measuring//Abuali ibn Sino. Selected Compositions. - V.4. - Dushanbe: Cognition, 2007. (in Tajik)

3. Isoyev, Mahmadrahim. Practical Wisdom of Ibni Miskavayh. - Dushanbe: Knowledge, 2003. - 176 pp. (in Tajik)

4. Nasiruddin Tusi. Nosiri s Ethics. - Dushanbe: Braves, 2009. - 388pp. (in Tajik)

5. Davoni, Jaloluddin. Djaloli's Ethics. - Nuvalkishur, 1879. - 348 pp. // Copy of Oriental studies and written heritage under Tajikistan Republic Academy of Sciences. - # 3061. (in Tajik)

6. Mirboboyev, Maqsud. Jaloluddini Davoni//History of Tajik Philosophy. - V.2. - Dushanbe: Knowledge, 2016. - 892 pp. (in Tajik)

7. Mirboboyev, M.K. Jaloluddini Davoni's Ethics. - Dushanbe: Knowledge, 1992. - 140pp. (in Tajik)

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.