Научная статья на тему 'Reflection of the teacher''s Image in the Pedagogical Herritage of Persian-Tajik thinkers'

Reflection of the teacher''s Image in the Pedagogical Herritage of Persian-Tajik thinkers Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
440
363
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
УЧИТЕЛЬСКАЯ ПРОФЕССИЯ / ТРЕБОВАНИЯ К УЧИТЕЛЬСКОЙ ПРОФЕССИИ / ПОЧТЕНИЕ К УЧИТЕЛЯМ СО СТОРОНЫ УЧЕНИКОВ / ПЕДАГОГИЧЕСКОЕ МАСТЕРСТВО / TEACHER ''S PROFESSION / REQUIREMENTS TO TEACHER ''S PROFESSION / REVERENCE TOWARDS TEACHERS ON THE PART OF PUPILS / PEDAGOGIVAL MASTERSHIP

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Гулмадов Файз

В данной статье автор передаёт идеи таджикско-персидских мыслителей о сущности учительской профессии и авторитете учителей в деле обучения и воспитания школьников. Автор статьи приводит мнения таджикско-персидских мыслителей о том, что в учебных заведениях (медресе) для преподавания школьникам принимали на работу не каждого. Для того, чтобы быть принятым на работу учителем, был поставлен ряд строгих требований. В то же время в школах и медресе принимали на работу тех учителей, которые по сравнению с другими имели всесторонние знания и большой авторитет у населения. Согласно идеям таджикско-персидских мыслителей, если учитель нетребовательный, то он теряет свой авторитет у детей.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the ideas of Persian-Tajik thinkers concerned with the essence of teacher 's profession and teacher 's authority in the cause of pupils ' education. The author of the article adduces the opinions of the Persian-Tajik thinkers running to the effect that not all men at a running could be placed in jobs in an educational establishment (medrese); a number of strict requiriments being enumerated. At the same time those teachers were admitted to schools who in comparison with others possessed more knowledge and enjoyed authority with population. The thinkers asserted that if a teacher is't strict enough in demanding discipliue in studies from pupils he loses his authority among children.

Текст научной работы на тему «Reflection of the teacher''s Image in the Pedagogical Herritage of Persian-Tajik thinkers»

Gulmadov F. Reflection of the Teacher's Image in the Pedagogical Herritage of Persian-Tajik Thinkers

ББК 74.204 (2Т) Ф. ГУЛМАДОВ

УДК 373 (2Т)

Г 94

ИНЪИКОСИ ОБРАЗИ МУАЛЛИМ ДАР МЕРОСИ ПЕДАГОГИИ МУТАФАККИРОНИ ФОРСУ ТОҶИК

Касби омӯзгорӣ дар дунё яке аз пешаҳои қадим ба шумор меравад. Вай дар назди инсон нисбат ба сифатҳои шахсии ӯ, - қобилият, хислат, дониш, маҳорат, малакаҳо талаботи калон мегузорад. Омӯзгорон ва мутафаккирони ҳар давру замон оид ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас мавқеи махсус доштани омӯзгорро дар ҳалли масъалаҳои мазкур таъкид намуда, роҷеъ ба масъалаи тайёр намудани омӯзгорони оянда, сифатҳои шахсии ӯ ва муваффақияти фаъолияти ӯ фикрҳои ҷолиб баён намудаанд.

Оид ба масъалаи сифатҳои шахсии омӯзгорон дар асарҳои Абӯнаср ал-Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, ал-Хоразмӣ, Насируддини Тӯсӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камолиддини Биноӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Умари Хайём, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Закариёи Розӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигарон фикрҳои ҷолиб баён карда шудааст.

Г арчанде донишмандон, шоирону нависандагони адабиёти классикии форсу тоҷик доир ба пешаи омӯзгорӣ асарҳои махсус нанавишта бошанд ҳам, вале осори илмӣ-адабии ҳар яки онҳо саршори панду ҳикматҳои педагогӣ мебошад.

Адибони форсу тоҷик дар эҷодиёти худ қимати илму дониш ва таълиму тарбияро дар инкишофи шахси комилу фозили ҷамъият ва ҳаёти инсон бузург медонанд. Ба қавли онҳо агар падару модарон ва омӯзгорон ба тарбияи насли наврас эътибори ҷиддӣ диҳанд, онҳо шахсони ҳалиму меҳрубон, ростқавл, поквиҷдон, фурӯтан, меҳнатдӯст, хоксор, поктинат тарбия ёфта ба камол мерасанд. Барои ҳамин, онҳо ҳама вақт кӯшиш мекарданд, ки мавқеи муаллим ва тарбияро дар ҷамъият баланд бардоранд.

Маълум аст, ки бузургони гузаштаи мо ҳанӯз то замони таълифи «Қобуснома» дар бораи зарурияти аз тарафи устод ба насли наврас талқин намудани илму донишомӯзӣ фикрҳои пурқиммате баён карда буданд. Маҳз устод бо ёрии илму дониш ба дили шогирд равшанӣ андохта, ба роҳи нек роҳнамоӣ мекунад. Масалан, устод Рӯдакӣ барҳақ гуфтааст:

Дониш андар дил чароги равшан аст,

Ва-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

«Футувватномаи султонӣ» пурарзиштарин осори панду ахлоқии Ҳусайн Воизи Кошифӣ буда, дар заминаи футувватномаҳои қаблӣ ба вуҷуд омадааст.

Дар илми педагогикаи имрӯза оид ба маънои асосии «муаллим» ҳамчун шахси аз ҷиҳати педагогию психологӣ ва донишҳои тахассусӣ ба таълиму

- 263 -

Гулмадов Ф. Инъикоси образи муаллим дар мероси педагогии мутафаккирони форсу тоҷик

тарбияи насли наврас мусаллаҳбуда дар назар дошта шуда, мазмуни ин талабҳо дар асари номбурда хеле хуб инъикос ёфтааст. Фикру мулоҳизаҳои Кошифй барои ба касби муаллимӣ тайёр будан хеле ҷолиби диққатанд. Ҳамон кас пири комил, яъне омӯзгори ҳақиқӣ эътироф мегардад, ки агар шарту меъёрҳои ин касбро донад ва дар худ ташаккул дода бошад. Ҳамзамон пири комил, яъне омӯзгори ҳақиқӣ ҳуқуқи мурид гирифтанро дорад, ки агар меъёр ва шартҳои мурид гирифтанро иҷро карда тавонад.

Кошифӣ дар мавриди мурид гирифтан 28 шартро зарур мешуморид: «Аввал, он ки шароити шайхӣ пеши вай ҷамъ бошад. Дуюм, тавба, сеюм байъат, ки дасти ӯ бигиранд ва бигӯянд: бигӯ байъат кардам ва дар силсилаи аҳли футувват даромадам. Чаҳорум калимаи тариқат бар вай хондан, ки баъзеҳо тариқатро бар тавба вобаста донистаанд. Панҷум, саҷҷода андохтан. Шашум, бародарони тариқро ҷамъ овардан. Ҳафтум, муридро эҳтиёт кардан. Ҳаштум, ба ду зону нишастани пиру ҷамоат. Нӯҳум, сухани бисёр нагуфтан. Даҳум, бисёр дар худ нигоҳ накардан ва гайра. Кошифӣ чунин дастур медод: «Агар пурсанд, ки перояи пиру муридӣ чист, бигӯй аз мурид хидмату аз пир ҳиммату ато» (10, с. 46-47).

Кошифӣ дар бораи пир (омӯзгор)-и асил гуфтааст; «агар пурсанд, ки шароити устоди шад(д) чанд аст, бигӯй, шаш (шад(д) миёнбанд аст ва он сурати аҳду вафост): Аввал, он ки устоди комил миёни вай баста бошад, ки агар марде даст ба миёни ӯ нарасонида бошад, ӯро нарасад, ки даст ба миёни фарзанде (шогирд) расонад. Дуюм, он ки ҳар сифате, ки дар футувват аст, ӯро ҳосил бошад». Ба ақидаи ин мутафаккир сухани устод аз шогирд аз се чузъ иборат аст: бархез ба хизмат, бинишин ба ҳурмат, бигӯй ба ҳиммат. Сеюм, он ки хурдаҳои тариқат дониста бошад ва нуктаҳои муҳаққиқон маълум карда, то ба фарзанд расонад. Чаҳорум, бояд, ки устоди миён бастан онро аз рӯи ростӣ донад, то пай ба асл бурда бошад. Панҷум, бояд миёни фарзандро (шогирдро-шарҳи муаллиф) дар маҳфиле бандад, ки шайху нақибу бародарони тариқ бошанд ва агар муяссар нашавад, ба ҳузури ҷамъе миён бастан бояд, на дар гӯшаи хилвате. Шашум, бояд, ки мулоҳизаи ҳоли фарзанд намояд, ки лоиқ ҳаст, ки шад(д) ба ӯ расонад ё не? Агар лоиқ надонад, тарки миён бастани ӯ кунад, вагарна зулм карда бошад...» (11, с. 49).

Кошифӣ инчунин ба мавқеи устод (муаллим) дар ҳаёти ҷамъиятӣ-иҷтимоӣ ва тарбияи насли наврас фикрҳои пурқиммат гуфтааст. Ӯ таъкид намудааст, ки «Бидон, ки ҳеҷ коре бе устод муяссар намешавад ва ҳар ки бе устод коре кунад, бе бунёд бошад. Агар касе ба мартабаи кашфу каромат расад ва корҳои куллӣ аз ӯ дар вуҷуд ояд ва ӯро устоде (ҳеч устоде) ба устоди дуруст набошад, аз ӯ ҳеч коре наояд ва кори ӯ ҳеч чизро нашояд ва ин чо гуфтаанд:

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафще беҳтар аз устод нест.

Пас, ҳар ки хоҳад (ки коре) ба асл бошад, ибтидо ба устоди комил бояд кард. Ба гояти далел равшан аст, бар он ки устод бояд ва бе мутоибати устод аз ҳеч кас коре наояд:

Ҳар кӣ бе устод кард огози кор,

Кору бори ӯ надорад эътибор,

- 264 -

Gulmadov F. Reflection of the Teacher's Image in the Pedagogical Herritage of Persian-Tajik Thinkers

Домани устод гиру шод шав,

Муддате хидмат куну устод шав (10, с. 48).

Ба ақидаи Кошифӣ ҳар кас устодиро нашояд, балки марде комилу мукаммал бояд, то қавоиди ин кор ба ҷой оварад. Кошифӣ дар ин бора менависад: «Агар пурсанд, ки бинои шогирдӣ бар чӣ чиз аст, бигӯй ба сари иродат. Агар пурсанд, ки иродат чист, бигӯй, самъу (гӯш кардан) тоат. Агар пурсанд, ки самъу тоат чист, бигӯй, ҳар чӣ устод гӯяд, ба ҷон бишнавад ва ба дил қабул кунад ва ба тан фармон барад» (10, с. 50).

Агар пурсанд, ки одоби шогирд чанд аст, бигӯй, ҳашт: Аввал, чун дарояд, ибтидо ба салом кунад. Дуюм, дар назди устод кам сухан гӯяд. Сеюм, сар дар пеш андозад. Чаҳорум, чашм бар ҳар ҷой накшояд. Панҷум, агар хоҳад, ки масъала пурсад, аввал дастур (иҷозат) талабад. Шашум, чу ҷавоб гӯяд, эътироз накунад. Ҳафтум, дар пеши устод ба касе саргӯшӣ (гӯшакӣ) накунад. Ҳаштум, ба ҳурмати тамом нишасту бархост кунад (10, с. 50).

Камолиддини Биноӣ насли ҷавонро даъват мекард, ки омӯзгор-устодро азиз доранд ва ҳурмату эҳтиром намоянд. Касе, ки устоди худро ҳурмат намекунад, ӯ дар зиндагӣ ба ҷое намерасад. Биноӣ ҳурмати устодро дар ҷои аввал мегузошт ва эҳтироми ӯро нисбат ба падар афзалтар мешуморад ва дар ин бора мегӯяд: Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,

Устод аз нацот баҳра диҳад.

Дар замони худ Сайидои Насафӣ ҳам вазифаи муаллимро баланд бардош-тааст. Инкишофи тамоми сифатҳои неки инсонӣ дар шогирдон маҳз зери роҳбарии бевоситаи тарбиядиҳанда ба амал меояд. Агар хонандаро омӯзгор замони таҳсилаш дар мактаб аз таҳти дил таълиму тарбия диҳад, ӯ бе шубҳа дар ҷомеа соҳибэҳтиром ва шахси баландмартаба мегардад. Сайидо дар бораи он ки ҳеҷ кас бе роҳбарии мураббӣ одами комил ва боэътибори ҷамъият шуда наметавонад, чунин навиштааст:

Бе мураббӣ нашавад ҳеҷ касе соҳибном,

Сангро мекунад афлок ақиқи яманӣ.

Оид ба масъалаи нақши муассир доштани омӯзгор ҷиҳати дар рӯҳияи ахлоқи шоиста тарбия намудани насли наврас, ақидаҳои панду ахлоқии Наси-руддини Тӯсӣ хеле ҷолиб мебошанд. Ӯ таъкид намуда, ки тарбияи насли наврас аз бисёр ҷиҳат ба инкишофи санъати омузгорӣ вобаста мебошад, ки ин дар сурати аз тарафи омӯзгор аз худ намудани асосҳои илмҳои гуногун ва ба даст овардани таҷрибаи ҳаётӣ муяссар мешавад. Насируддини Тӯсӣ нисбат ба омӯз-гор чунин талаботро ба миён гузоштааст: маҳорати ташкил намудани баҳс, ки исботи раднашавандаро дар худ доро бошад; ҳис намудани боварии чуқур нисбат чизи гуфта мешуда; нутқи хеле хуб; мантиқан баён намудани маводи таълимӣ.

Мутафаккири барҷаста Абӯнаср ал-Форобӣ дар таълиму тарбияи хонан-дагон мавқеи ҳалкунанда доштани омӯзгорро махсус таъкид намудааст. Ӯ таъкид намуда буд, ки омӯзгор хоҳад, ки аз шогирдон самимият, ростқавлӣ,

- 265 -

Гулмадов Ф. Инъикоси образи муаллим дар мероси педагогии мутафаккирони форсу тоҷик

эҳтирому ҳақиқатро талаб намояд, пеш аз ҳама, худи ӯ бояд дорои чунин сифатҳо бошад.

Форобй дар ҷойи дигар қайд менамояд, ки дар низоми тарбия сӯиистифода ҷой дорад, яъне «тарбиятгар на бояд қаҳру газаби худро нишон дода, тундмиҷоз бошад, чунки ин сифатҳо хонандагонро муқобили ӯ бармехезонанд. Омӯзгор бояд ботамкин, сергайрат, суботкор бошад. Вазифаи асосии омӯзгор ин дар тарбиятгирандагон тарбияи сифатҳои хуб ва решакан намудани сифатҳои манфй мебошад» (9, с. 208-209).

Олими номдор Закариёи Розй менависад, ки «Тарбиятгарро зарур аст, ки камбудӣ ва норасоиҳои тарбиягирандагонро саривақт нишон диҳад ва ҳеҷ вақт аз онҳо хафа нашавад, бо тамасхур ба онҳо нанигарад, нисбат ба онҳо ҳисси нафрат надошта бошад. Баръакс дар назди шогирди чеҳраи хандон дошта, суханони ӯро оромона ва ҷиддӣ гӯш кунад.

Закариёи Розй таъкид менамояд, ки дар ҳама ҳолат тарбиятгирандагонро гӯш карда тавонистани устод муҳим аст ва кӯшиш намудан лозим, ки аз онҳо қаноатманд бошад. Вале агар омӯзгор бинад, ки хонанда аз шарм чизеро пинҳон мекунад, ё ин ки аз гуфтани ягон чиз худдорй менамояд, ё ин ки аз шарҳи рафтори ноҷои худ шарм карда, онро пурра баён карда наметавонад, пас дар ин сурат муаллими оқил бояд худро мушаввашхотир ва бадқаҳр нишон надиҳад. Ҳамзамон огоҳ намояд, ки инро аз ӯ чашмдор набуд ва тарбиятгар аз ӯ чизи дар қиёфаи ӯ намоёнбударо ба таври равшан эҳсос кардааст. Бинобар ин, муаллим доимо вазъи рӯҳии хонандаро ҳам дар рафти дарс ва ҳам дар ҷараёни тарбия ба ҳисоб гирифта, ҳамчун устоди моҳир амал намояд (2, с. 20).

Ҳамзамон ин мутафаккир таъкид менамояд, ки мураббй бояд ҳамаи тарафҳои ҳаёти тарбиятгирандаро донад. Дар ин ҳолат мумкин аст имконият пайдо шавад, ки хонанда пурра ба ихтиёри тарбиятгар гузарад ва ӯро ҳамчун шахси наздику дӯсти вафодор ҳисобад.

Ақидаҳои педагогии Абӯалӣ ибни Сино нисбати тарбияи насли наврас ва пешаи омӯзгорӣ дар чунин асарҳояш ба мисли «Тарбияи оилавӣ», «Омӯзишу парвариши мадрасии фарзанд» ва «Тадбири манзил» хеле равшан зикр ёфтаанд. Ӯ дар ин асарҳояш таъкид намудааст, ки омӯзгорон бояд ҳар як усулу роҳи тарбияро дар мавқею чойи худ истифода баранд. Ҳамчунин Абӯалӣ ибни Сино таъкид кардааст, ки омӯзгор бояд барои ҳар як рафтору кирдори нодурусти содирнамудаи кӯдак бетафовутӣ зоҳир накарда, барои рафтори нодуруст ба кӯдак ҳатман танбеҳ дода шавад.

Яке аз қисматҳои муҳими таълимоти Абӯалӣ ибни Сино нисбати фарзанд дар китоби «Омӯзишу парвариши мадрасии фарзанд» зикр гардидааст. Дар ин китоб асосан дар баробари чӣ тавр кӯдакро ба мактаб тайёр намудан сухан меравад. Дар баробари ин, дар ин китоб бисёр фикрҳои ҷолиб дар бораи талабот нисбат ба касби омӯзгорӣ, муносибати омӯзгор ва хонанда оварда шудааст. Ба ақидаи Абӯалӣ ибни Сино ҳангоми ба касби омӯзгорӣ интихоб намудани омӯзгорон якчанд талаботро ба миён гузоштан лозим. Пеш аз ҳама омӯзгор бояд боандеша, диндор бошад, яъне ба талаботи замона ҷавобгӯ ва фикри солим дошта бошад. Аз рӯи фаҳмиши ҳозиразамон ӯ бояд усул ва роҳи тарбияи кӯдаконро, ки ба талаботи илми этика (ахлоқ) ва педагогика асос

- 266 -

Gulmadov F. Reflection of the Teacher's Image in the Pedagogical Herritage of Persian-Tajik Thinkers

ёфтаанд, донад. Сифатҳои шахсии омӯзгор ботаҳаммул будан, олиҳимматӣ, пок будан ва донистани шаклҳои муошират мебошад.

Ба ақидаи Абӯалӣ ибни Сино агар омӯзгор серталаб набошад ва шаъну эътибори худро нигоҳ дошта натавонад, ӯ обрӯи худро дар назди кӯдакон аз даст медиҳад. Дар баробари серталаб будан, бояд омӯзгор олиҳиммат ва нисбат ба кӯдакон меҳрубон бошад. Ба ақидаи ин донишманд, шахси дорои сифатҳои неки ахлоқӣ набуда омӯзгор шуда наметавонад ва одоби муошират бошад, боз яке аз шартҳои дигари талабот нисбат ба касби омӯзгорӣ мебошад.

Абӯалӣ ибни Сино дар назди омӯзгорон, таълимдиҳандагон ва тарбият-гарони насли ҷавон як қатор талаботро ба миён гузоштааст. У таъкид наму-дааст, ки вобастагии зичи байни тану рӯҳ, таъсири рӯҳ ба бадан ва бадан ба рӯҳ тарбиятгарро водор месозад, ки эҳтиёткорона ба кӯдакон муносибат намояд. Сино ин талаботро ба таври зайл таснифот намудаааст:

1. Ба омӯзгор лозим меояд, ки дар муносибат ба кӯдакон мӯътадилиро риоя намояд.

2. Омӯзгор бояд ба он эътибори махсус диҳад, ки хонандагон то кадом андоза таълимоти ӯро дар кору зиндагии худ такрор менамоянд.

3. Дар ҷараёни таълим омӯзгор бояд шаклу усулҳои гуногуни таълимро истифода барад.

4. Омӯзгор бояд маҳорати хотира ва ҳам дигар қобилиятҳои зеҳнии хонандагон ва ҳамчунин қобилияти ба эътидол овардани тақлидкории онҳоро дошта бошад.

5. Омӯзгор бояд дар хонандагон шавқи илмдӯстиро дар алоқамандии тарбия ҳатто бо ҷазо додан бедор намояд ва хонандагонро мунтазам ба такрори чизи омӯхташуда талқин намояд.

6. Фикри муаллим ба хонандагон дастрасу фаҳмо бошад. Пеш аз он ки омӯзгор фикри худро ифода намояд, бояд моҳияти масъаларо худ дуруст фаҳмад, баъд кӯтоҳу фаҳмо ва бо забони адабӣ сухан гӯяд. Омӯзгор бояд аз гуфтани суханони зиёдатӣ худдорӣ кунад.

7. Омӯзгор бояд ба таври дастрасу фаҳмо фикри худро ба шунавандагон расонида тавонад.

8. Ҳар як сухани омӯзгор бояд ҳамроҳ бо имову ишора ифода ёбад, чунки таълим бо чунин усул нисбатан дастрас буда, бештар дар кӯдакон ҳиссиёти эмотсионалиро ба вуҷуд меоварад.

Пеш аз он ки муаллим ба таълими хонандагон шурӯъ кунад, бояд хусусияти фардии ҳар як хонанда ва шавқу ҳаваси ӯро ба ҳисоб гирад (1, с. 25-26).

Бояд зикр намуд, ки дар асрҳои XVI-XVII дар мадрасаҳо на ҳама дониш-мандон ва аҳли уламову фузалои давр мударрис шуда метавонистанд. Барои дар мадрасаҳо ба кори омӯзгорӣ шугл варзидан, ҳар касро ба кор намегириф-танд. Нисбат ба омӯзгорон талабот ниҳоят сахт буд. Аввалан ба касби омӯзгорӣ нафарони пуртоқат, дорои асаби мустаҳкам, сахтгир, вале ҳалиму меҳрубон интихоб карда мешуданд. Ҳамзамон дар мактабу мадрасаҳо омӯзгоронеро ба кор мегирифтанд, ки нисбат ба дигарон дониши васеи ҳаматарафа дошта, дар байни аҳли фазлу камол шӯҳрати беандоза калон пайдо карда буданд.

- 267 -

Гулмадов Ф. Инъикоси образи муаллим дар мероси педагогии мутафаккирони форсу тоҷик

Талаботи дигари педагогие, ки адибони тоҷик ба миён гузоштаанд, ин дорои сифатҳои неки ахлоқӣ будани омӯзгор ва ҳамчунин баланд бардоштани донишу маҳорати педагогии эшон мебошад.

Ба қавли мутафаккирони форсу тоҷик, барои сайқал ёфтани маҳорати педагогии омӯзгорон натанҳо такмил додани донишҳои касбӣ, балки дар баробари ин андӯхтани таҷрибаи пешқадами якдигар ва ба ин восита баланд бардоштани малакаи педагогии ҳар як омӯзгор низ зарур аст. Омӯзгор дар ҳама давру замон бояд шахси бохирад, бодониш, боақл, хушгуфтор ва дорои дигар сифатҳои инсонӣ бошад, таъкид намудаанд мутафаккирони форсу тоҷик.

Омӯзгор, аз нуқтаи назари бузургон бояд яке аз шахсиятҳои боэътибори даврони худ шинохта шавад, шогирдони арзанда тарбия намояд, ки пешбаран-да ва равшандиҳандаи ҳастии ҷамъият бошанд, ҳамон тавре ки Абдурраҳмони Ҷомӣ таъкид намудааст:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Талабот ба омӯзгор ва касби омӯзгорӣ дар замони муосир боз ҳам меафзояд. Ҳамон нафаре омӯзгори ҳақиқӣ шуда метавонад, ки агар соҳиби дили бузург бошад, ба дунёи афсонавии кӯдакон ворид шуда тавонад ва дар мавриди зарурӣ худро тифл ҳисобад. Танҳо дар ҳамин сурат кӯдакон ба омӯзгор чун одами тасодуфӣ не, балки ҳамчун шахсияти азизу боэътимод нигоҳ хоҳанд кард.

Яке аз вазифаҳои асосии муаллимон ба олами мураккаби муносибатҳои инсонӣ ворид намудани хонандагон мебошад, ки ин яке аз муҳимтарин вазифаҳои тарбия аст. Хонандагон бояд дар симои муаллим шахси гамхору меҳ-рубон, ҳассос, кушодачеҳра, соҳиби лутфу эҳсон ва ҳалиму меҳрубонро бинанд. Омӯзгор бояд аз чашм ва чеҳраи хонанда тапиши қалби ӯро эҳсос кунад. Муаллим ба ин танҳо тавассути одоби баланди педагогӣ ва ҳиссиёти чуқури эмот-сионалӣ муваффақ шуда метавонад. Чи тавре ки В. А. Сухомлинский навиш-тааст: «Ба муаллим бисёр вақт лозим меояд, ки ба ҷои ҷарроҳ бошад ва ба дард-мандтарин ҷои одам даст расонаду худи одам аз ин бехабар монад» (5, с. 124).

Дар ҷойи дигар В.А. Сухомлинский менависад: «Муаллим барои кӯдаки хурдсол ифодаи зиндаи адолатнокӣ аст. Ба чашми хонандаи синфи якум, ки баҳои гайриқаноатбахш гирифтааст, нигаред. Ӯ натанҳо худашро бадбахт меҳисобад, балки дар ӯ нисбат ба муаллим ҳисси бадбинию душманӣ пайдо мешавад (6, с. 164). Дар ин ҷо албатта муносибати боэҳтиромонаю самимонаи омӯзгор нисбат ба тарбиягиранда, эҳтироми шахсияти ӯ бояд дар ҷойи аввал қарор гирад. Омӯзгор дар муошират бо хонандагон тавре рафтор намояд, ки шогирдон аз сухани ноҷои ӯ наранҷанд. Бинобар ин, барои касби омӯзгорӣ муҳим аст, ки шахсони дорои ахлоқи баланд ва баобрӯ интихоб карда шаванд. Ин талабе мебошад, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Консепсияи мактаби миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст. Аз тарафи дигар хислати аз болои худ кор кардан, худомӯзию худтакмилдиҳӣ ва меҳнати суботкоронаю пурмашаққати омӯзгорро қадрдонӣ намудан лозим аст.

Омӯзгор дар кори тарбияи хонандагон, махсусан хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар сурате ба муваффақият ноил шуда метавонад, ки агар дили кӯдакро аз ҳиссиёти баланд ба шӯр орад. Бигзор мактаббача ҳанӯз таҷрибаи

- 268 -

Gulmadov F. Reflection of the Teacher's Image in the Pedagogical Herritage of Persian-Tajik Thinkers

кофии ҳаётӣ надошта бошад ҳам, омӯзгор ба ӯ ёфтани роҳеро, ки қалбашро ба меҳру садоқат раҳнамун карда тавонад ҳидоят намояд. Албатта, ин чандон кори осон нест, вале бояд омӯзгор тавонад, ки ба дили шогирд ҷойгир шавад, дили ӯро чунон тасхир намояд, ки ягон сирри худро аз ӯ пинҳон карда натавонад. Маҳз педагоги хирадманду гамхор дар ҳамин синну сол барои шогирдонаш падари маънавӣ шуда метавонад.

Имрӯз фаъолияти муаллим дар шароити нави муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо гуногунмазмунӣ, гуногунсоҳавӣ пурра мегардад, чунки маҳз ӯ дар ташкилу ба роҳ мондани шаклу усулҳои нави таълиму тарбия дар мактаб шахси асосӣ ба шумор меравад ва фаъолияти ӯ баҳри дар амал татбиқ намудани тайёрии касбии мутахассисони асри XXI равона карда мешавад.

Пайнавишт:

1. Авиценна. Семейное воспитание. /Избранные произведения. Т. 2.-Душанбе: Ирфон,

1980. С. 13-28.

2. Рази Абубакр Мухаммад ибн Закариё. Избранные сочинения. - Душанбе: Адиб,

1989. -157 с.

3. Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Душанбе, 2006.- 18с.

4. Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе: Матбуот,

2003. - 23 с.

5. Сухомлинский В.А. Избр. пед. соч. в 3- х т. Т. 2.- М.: Педагогика, 1980.- 348 с.

6. Сухомлинский В.А. Избр. пед. соч. В 3-х т. Т.1.-М.: Педагогика, 1979.-560 с.

7. Кайковус, Унсурулмаолӣ. Қобуснома. Ба чоп ҳозиркунанда М.Мулоаҳмадов. -Душанбе: Маориф, 1979.-192 с.

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф». Душанбе, 2013.-119 с.

9. Фараби Абунаср. Социально-политические трактаты. - Алма-Ата, 1973.- 430 с.

10. Кошифӣ, Ҳусайн Воиз. Футувватномаи Султонӣ. -Душанбе: Адиб, 1991. -320 с.

Reference Literature:

1. Avitsenna. Family Upbringing. Selected works. V.2. -Dushanbe: Irfon, 1980. -pp.13-28.

2. Zakariyou Razi Abubakr Makhammad. Selected Works. - Dushanbe: Adib, 1989. - 157pp.

3. National Conception of Upbringing in Tajikistan Republic. - Dushanbe, 2006. - 18pp.

4. National Conception of Education in Tajikistan. -Dushanbe: Matbuot, 2003. - 23pp.

5. Sukhomlinsky V.A. Selected Pedagogical Works in three Volumes. V.2. -M.: Pedagogy, 1980. -348pp.

6. Kaykovus, Unsurulmaoli. Kobusnoma. Compiler. M.Muloahmadov. -Dushanbe: Maorif, 1979. - 192pp.

7. The Law of Tajikistan Republic “On Education”. -Dushanbe, 2013. -119pp.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

8. Sukhomlinsky V.A. Selected Pedagogical Works in three Volumes. -M.: Pedagogy, 1979. -560pp.

9. Zakariyo Razi Abubakr Mukhammad. Selected Works. -Dushanbe: Adib, 1989. -157pp.

10. Farabi, Abunasr, Social-Political Treatises. -Alma-Ata, 1973. - 430pp.

11. Khusayn Voizi Koshifi. Futuvvatnomai Sultoni. -Dushanbe:Adib, 1991. -320pp.

- 269 -

Гулмадов Ф. Инъикоси образи муаллим дар мероси педагогии мутафаккирони форсу тоҷик

Отражение образа учителя в педагогическом наследии персидско-таджикских

мыслителей

Ключевые слова: учительская профессия, требования к учительской профессии, почтение к учителям со стороны учеников, педагогическое мастерство

В данной статье автор передаёт идеи таджикско-персидских мыслителей о сущности учительской профессии и авторитете учителей в деле обучения и воспитания школьников. Автор статьи приводит мнения таджикско-персидских мыслителей о том, что в учебных заведениях (медресе) для преподавания школьникам принимали на работу не каждого. Для того, чтобы быть принятым на работу учителем, был поставлен ряд строгих требований. В то же время в школах и медресе принимали на работу тех учителей, которые по сравнению с другими имели всесторонние знания и большой авторитет у населения. Согласно идеям таджикско-персидских мыслителей, если учитель нетребовательный, то он теряет свой авторитет у детей.

Reflection of the Teacher's Image in the Pedagogical Herritage of Persian-Tajik

Thinkers

Key words: teacher S profession, requirements to teacher S profession, reverence towards teachers on the part of pupils, pedagogival mastership

The article dwells on the ideas of Persian-Tajik thinkers concerned with the essence of teacher s profession and teacher s authority in the cause of pupils' education. The author of the article adduces the opinions of the Persian-Tajik thinkers running to the effect that not all men at a running could be placed in jobs in an educational establishment (medrese); a number of strict requiriments being enumerated. At the same time those teachers were admitted to schools who in comparison with others possessed more knowledge and enjoyed authority with population. The thinkers asserted that if a teacher is't strict enough in demanding discipliue in studies from pupils he loses his authority among children.

Роҷеъ ба муаллиф:

Гулмадов Файз, номзади илмҳои педагоги, дотсент, сармутахассиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (Ҷумҳурии Тоцикистон, ш. Душанбе), Тел.: (+992) 919-63-67-34

Сведения об авторе:

Гулмадов Файз, кандидат педагогических наук, доцент, главный специалист Государственной службы по надзору в сфере образования (Республика Таджикистан, г. Душанбе), Тел.: (+992) 919-63-67-34

Information about the author:

Gulmadov Faiz, Candidate of Pedagogical sciences, Associate Professor, Chief expert of the Statal Service on Surveillance in the sphere of education (Republice Tajikistan, Dushanbe), Tel. : (+992) 919-63-67-34

- 270 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.