Научная статья на тему 'Problems of tolerance in contemporary society'

Problems of tolerance in contemporary society Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
262
24
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТОЛЕРАНТНОСТЬ / TOLERANCE / ПОЛИКУЛЬТУРНОСТЬ / НАЦИОНАЛЬНАЯ КУЛЬТУРА / NATIONAL CULTURE / СНИСХОДИТЕЛЬНОСТЬ / ГУМАНИЗМ / HUMANISM / МИЛОСЕРДИЕ / MERCY / СОЧУВСТВИЕ / КОНЦЕПЦИЯ / CONCEPTION / MULTICULTURE / CONDESCENSION / EMPATHY

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Сабуров Хайрулло Мирзоевич

Статья посвящается одной из актуальных проблем общества: воспитанию толерантности и некоторым путям его усовершенствования В статье указаны роль семьи, школы и социума в воспитании толерантности у подрастающего поколения. Автором выявлены некоторые причины недостаточного на воспитание толерантности у подрастающего поколения, одним из которых являются межнациональные и межэтнические войны, а также рост числа беженцев и трудовая миграция. Для решения этой проблемы автором предлагаются некоторые пути улучшения воспитания толерантности и гуманизма в обществе.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Проблемы толерантности в современном обществе

The article dwells on one of the actual problems of society, that of imbuing tolerance and improving some of the methods in doing it. The author points to the role of school, family and social milieu in tolerance upbringing among the growing generation. He elicits some reasons accounting for inadequacy of tolerance upbringing among youth. Here refer wars between nations and ethnoses, increase of refugees and labour migration. Some methods aimed at an improvement of tolerance and humanism in society are proposed in order to solve the problem in question.

Текст научной работы на тему «Problems of tolerance in contemporary society»

Сабуров Хайрулло Мирзоевич,

дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбии ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров

МУАММО^ОИ ТА^АММУЛПАЗИРЙ ДАР ЧОМЕАИ МУОСИР

Дар шароити имрузаи рушди босуръати чомеаи чахонй масъалаи тахаммулпазирй ва инкишофи хаматарафаи он ба яке аз масъалахои халталаби чомеа мубаддал гаштааст. Махсусан дар шароити ташаккули муносибатхои нави ичтимоию иктисодй проблемаи илман асосноки мутобикати тахсилот ба он ахамияти мухим ва замонавй касб намудааст.

Тахдввулот ва нобасомонихои ичтимоию иктисодии охири асри XX ва ибтидои асри XXI дар хама сохахои хочагии халк, аз чумла дар сохахои муносибатхои гуногун таъсири манфии худро расонид, ки дар самти тахдммулпазирй низ накши вайрона гузошт. Дар чомеа зиддиятхои ичтимой инкишоф ёфта, ахлоки чомеа шикаст хурд, бенизомй, зулму ситам боло рафта, норозигии ичтимой ба миён омад. Барои рушд наёфтани раванди мазкур муаммои норозигии ичтимой ва хдмдигарбадбинй бояд ки дар сатхдои гуногун рохи халли худро ёбад. Ба назари мо ба воситаи андешидани тадбирхои сиёсию ичтимой ва иктисодии умумидавлатй, аз як тараф ва аз тарафи дигар, бо воситаи чорабинихои гуногуни педагогй низову зиддиятхо ва масъалахои инсонгароии чомеа рохи халли худро хохад ёфт.

Бояд ёдрас шуд, ки фарзанди мо аз рузи ба дунё омаданаш асосан дар мухити як фарханг, яъне фарханги миллй тарбия меёбад. Бо мурури замон ва гузашти вакт мухити оила, хамсоягон, хдмсолон ва ахли чомеа ба инкишофи хаматарафаи онхо таъсири мусбат ё манфии худро мегузоранд. Муошират бо мухити ичтимой ва тахсил дар мактаб фахмиш ва олами тахдммулпазирии онхоро ташкил ва такмил медихад. Гайр аз он дар Точикистон бинобар зиндагй намудани кавму миллатхои сершумор мухити гуногунфархангй ба амал омадааст, ки дар чунин шароит албатта проблемаи тарбияи тахдммулпазирй ахамияти мухим касб намудааст. Дар шароити гуногунфархангй дар асоси арзишхои инсонгарой сарчамъ намудани чомеа химояи манфиатхои шахсии кудак, таълим ва тарбияи насли навраси сазовори кишвар, хифзи манфиатхои марзу буми мамлакат ахамияти бесобика дорад. Барои ба амал баровардани хадафхои мазкур хамдигарфахмии ахли чомеа, эхтироми хамдигар ва эхтироми урфу одатхои кавму миллатхои хамзист ва накши халкунандаи мактаб ва педагогика хеле калон мебошад. Бинобар он, гояи тарбияи шахсияти сулховар, ки ба ташаккули тахаммулпазирй алокаманд аст, дар педагогикаи миллй макоми хосаро ишгол менамояд.

Тахаммулпазирй ва инсонгарой омили бехтарини ба даст овардани сулху хамдигарфахмй байни кавму миллатхои гуногун ва пойдор нигох доштани он мебошад. Дар ибтидои карни навин проблемаи мазкур дар тамоми чахон ба авчи аълои худ расид, ки он сабабхои худро дорад. Аз чумла, ба вукуъ пайвастани чангхои байнидавлатию байникавмй, пошхурии Иттиходи Шуравй, бетартибию норозигихои дохилидавлатй, аз як системаи хокимиятдорй ба системаи дигар гузаштани он, афзудани сафи гурезахои ичборй, авч гирифтани сафи мухочирони мехнатй, нобаробарии сатхи инкишофи чомеа ва гайрахо оварда расонд.

Дар хамаи холатхои мазкур ягона мактаб маркази таргиби гояхои баланди умумимаърифатй, инсонгарой ва тахаммулпазирй хохад буд. Х,амдигарро хурмат намудан, эхтироми урфу одат ва анъанахои халкиятхои дигари хамзистро ба чой овардан, якдигарфахмии фархангиро омухтан ва гояхои пешкадами онро пеш аз хама ба фарзандон ва шогирдон таълим додан вазифаи аввалиндарачаи мактаб мебошад.

Дар катори он мусолихакорй ва инсондустиро бояд байни насли наврас талкин намуд, ки масъалаи мазкур низ дар шароити имруза халталаб ва замонавй ба хисоб меравад. Барои халли масъалахои чойдошта пеш аз хама ба миён овардани шароити педагогй, ки дар он хонандагон муошират ва рафтори инсонгарой ва тахдммулпазириро аз худ намоянд, хеле мухим мебошад.

Албатта, бе набудани мухити солими чамъиятй шароити мусоиди педагогиро ба миён овардан хеле душвор мебошад. Аз ин лихоз чомеаи солим, мулки ободу осуда ва пешрафта воситаи асосии тавлид гардидани шароити педагогй ва ташаккули фарханги тахаммулпазирию инсонгарой ба хисоб меравад. Айни замон дар ин самт байни оила ва мактаб якчанд зиддият ва мушкилихо мавчуданд, ки хдлли онхо дар рушди тарбияи тахдммулпазирй накши муайянро хохад бозид:

1. «Байни талаботи чомеа ва давлат чихдти ташаккули шахсиятхои тахаммулпазир нокифоя будани раванди амалии педагогй хдмчун воситаи инкишофи тахаммулпазирй;

2. Байни иктидори имконоти тарбиявии мактаб ва оила чихдти рафъи низоъхо нокифоя будани коркарди назарй ва амалияи (технологияи) ташаккули тахаммулпазирй;

3. Байни суръати такмили технологияи нав ва омодагии мактабу оила чихати татбики он дар фаъолияти хеш» (1, 383).

Проблемаи таргиб ва таълими тахаммулпазирй мавзуи омузиш ва тадкики фалсафа, чомеашиносй, равоншиносй, таърих, бостоншиносй, диншиносй, фархангшиносй ва дигар илмхо мебошад. Тайи ду дахсолаи охир масъалаи мазкур дар илми педагогика макоми хосаро касб намуд. Ба пайдоиши акидахои гуманистй омилхои зерин сабаб гардиданд:

1. «Инкишофи нерухои истехсолй ва муносибатхои истехсолии чамъиятй, илм, фарханг, афкори пешкадами фалсафй;

2. Фаъолияти муштараки мардум, мубориза зидди истисмору нобаробарй ва беадолатй, ёриву дастгирии хамдигарй;

3. Эхтиёчоти озод шудан аз шиканчахои замони мавчуда;

4. Мyбориза алайхи сохтори нобаробарихои ичтимой» (2, 86).

Х,ар як халкият ва миллатхои гуногун дорои анъана ва фарханги гyманистии худ мебошанд. Мухаккикони равияи педагогикаро лозим аст то муайян намоянд, ки дар тасаввуроти онхо мафхумхои гузашт кардан, муросо, созиш, истиклол, таваккал, зyроварй, инсонгарой, тахаммулпазирй чй макомро дорост ва нисбати он чй тавр рафтор менамоянд. Мувофики урфу одат, тарзи зиндагонй, мухити зист, кавмияту мансубият байни одамон ва чомеа аломатхои муайяни хусусияти миллй, аз чумла инсонгарой ва тахаммулпазирй аз насл ба насл мегузарад. Инсоният бояд рохеро пеша намояд, ки шарафу эътибори хамагонро химоя намуда, хамкорй ва наздикии одамонро вайрон насозад, барои рушди минбаъда ва созгории доманадор кушиш намоянд. Барои ин ба одамон зарур аст, ки хаёлан худро ба чойи дигарон ва дигаронро ба чойи худ гузоранд, он чиро ки ба худ раво намебинанд, ба дигарон низ раво набинанд, ки ин амал боиси мунтазам аз байн рафтани зиддият ва баркарору мустахкам шудани дуста ва сулху салох мегардад.

Дар чодаи гуногунандешй ва хусусиятхои чудогонаи тарбия олим ва донишманди Канада Ламберт дар 11 мамлакати дунё тадкикотхои мукоисавй гузаронида, ба хулосае омадааст, ки мавкеи падару модар дар тарбияи фарзанд ва сахтгирии онхо ба фарзандон ба равияи этникии эшон тааллук надошта, балки ба мавкеи ичтимоии онхо мансуб мебошанд. Аз ин чо бармеояд, ки вазъи икдисодию ичтимоии чомеа ба хисси инсондустй ва тахаммулпазирии одамон таъсири бемайлони худро мерасонад. Аз тадкикот ва натичабардории олим бармеояд, ки дар кишвархои мушохидашуда волидон аз синфи коргар нисбат ба намояндагони табакаи миёна ба фарзандонашон серталаб ва чиддй буданд. Дар кишвархое, ки оилахои яккафарзанд афзалият доранд (ИМА, Мексика, Олмон) бачахо нисбати хамдигар дустию садокат зохир месохтанд, ба фишору зуроварй кам майл мекарданд. Баръакси он дар намояндагони фархангхое, ки хатто байни хешовандон зиддият вучуд дорад, бачахо бештар ба ракобат, худхохй ва бадбинй майл менамуданд. Масалан, дар кишвархои Х,инд, Кения, Ч,опон, ки анъанаи бисёрфарзандй хифз шудааст ва манфиатхои хешовандон метавонад ба хамдигар мувофик оянд ва барои риояи тартибот фармонфармоиро пеш мегиранд, бачахо нисбат ба хамдигар зуроварй зохир месохтанд, бахри ба максад расидан мунокишаю мочаро менамуданд, ба хохару бародарони хурдсолашон фармонхо медоданд. Дар фархангхои содда (Мексика) аксар ба бачахо тавсия мешавад, ки ба якдигар мадад расонанд, бо хам дилсузу гамхор бошанд, расми хешовандй ва хамсоягиро ба чо оранд. Дуруст аст, ки дар баъзе тадкикот сабабхои этникии рафтори нодуруст ва зуроварй таъкид меёбанд. Омузиши зуроварии байниэтникй ва ё дохилиэтникй собит менамояд, ки дар сурати дастгирй ёфтани зуроварии байниэтникй дарачаи умумии зуроварии хама этносро боло мебарад ва теъдоди шахсоне, ки рухан омодаанд аз душманй ба зуроварй гузаранд, меафзояд. Чунин тадкикот аз он шаходат медихад, ки тахаммулу зуроварй ба хам баробар кадам мезананд, вале ба якдигар зид хастанд ва дар фарханги хар як халк ба таври гуногун зохир мешаванд.

Хусусан солхои охир масъалаи баланд бардоштани хисси тахаммулпазирии чомеа ва алалхусус чавонон ба муаммои аввалиндарача ва халталаби сохахои

мухталиф ба монанди равоншиносй, диншиносй, сиёсатшиносй, ахлок, фалсафа ва тиб мубаддал гаштааст. Дар сохахои номбаршуда мафхуми тахамммул-пазирй бо мафхумхои сабр, эътироф, эхтиром, чавонмардй, авф, шафкат, хамдардй, мехрубонй, бахшиш ва гайрахо баён гардидааст.

Маълуми хамагон аст, ки гузариш аз як система ба системаи дигар барои ба миён омадани чангхои байнидавлатию шахрвандй сабаб шуда, ба раванд ва мазмуни тарбия, аз чумла тарбияи тахаммулпазирй таъсири манфии худро мегузорад. Ин омилро мо баъди пошхурии Иттиходи Шуравй ва чанги тахмилй дар чумхуриямон аз наздик хис ва мушохида намудем. Нобасомонихои солхои аввали сохибдавлатй бо баробари ба миён овардани хисороти молию чонй ба фазои илму фарханг ва таълиму тарбия таъсири ногувори манфй расонид. Ба вукуъ пайвастани бухрони иктисодию фархангй, паст гардидани кадри илму дониш, суст шудани хиссиёти шахрвандй, нарасидан ба маънои мафхумхои ватандорию миллатпарастй, ба маротиб поён рафтани маком ва обруи мактабу муаллим дар чомеа, ворид гардидани урфу одат ва фарханги бегонаю гаразнок байни чомеа, аз тахсил дур мондани як кисми насли наврас, алалхусус духтарон, афзудани чинояткорй дар чомеа, зиёд гардидани шумораи оилахои камбизоат ва гайрахо номгуи нопурраи натичаи чанги шархвандии солхои 90-ум дар кишвар мебошад, ки чараёни тарбияи муътадили насли нави солимро шикаст дод.

Барои ба пуррагй ё кисман бартараф намудани омилхои ба миён омада ва ба рох мондани раванди солими тарбияи насли наврас, албатта мухит, шароит ва вакти муайян лозим аст. Омузиш, мушохида ва тадкикотхо собит намуданд, ки айни замон дар чараёни тарбияи фарзанд дар оила дагалй ва зуроварй чой дорад. Мутаассифона, дар мактабхо низ байни омузгору шогирд ва байни худи хонандагон низоъ, муносибати дагал, хамдигарро эхтиром накардан ба мушохида мерасад.

Омилхои мазкур бори дигар собит менамояд, ки тарбияи тахаммулпазирй дар чомеа ба муаммои мухим ва халталаб мубаддал гаштааст. Вобаста ба он масъалаи мазкур дар назди педагогон ва психологхо низ вазифахои мушаххас мегузорад, ки дарёфти роху воситахои халли онхо аз хар кадом донишу тачрибаи сохавй ва муосирро такозо менамояд.

Муаммохои мавчудаи тарбияи тахаммулпазирй то ба хол ба пуррагй омухта нашудааст. Дар чараёни тарбияи тахаммулпазирй анъанахои дерина ва урфу одати кавму миллатхои гуногуни хамзист, мухити гуногунмиллати хонандагони синф ва мактаб ба пуррагй ба назар гирифта нашудааст. Тибки нишондоди академик Ф. Шарифзода ба назар нагирифтани нозукихои дар боло номбаршуда чунин зиддиятхоро ба миён меорад:

«-миёни талаботи чомеа ба шахсияти тахаммулпазир ва нокифоя будани тамоюли низоми тахсилот чихати тарбияи он;

-миёни талаботи амалии тахсилот ба таъминоти илмию методии раванди тарбияи тахаммулпазирй ва коркарди нокифояи он дар назария ва амалияи педагогй;

-миёни меъёрxо, арзишxои оилаи мактабиён, гyрУxxои ичтимой ва этникй, ки ощо ба вай тааллyк доранд ва меъёрy арзишxои чомеа, ки чавонон аъзои он маxсyб меёбанд;

-равандxои вyсъатёбандаи xамгиро дар таxсилот. Мyxочирати одамон, ки сабаби xамгиро ва омехташавии фарxангxо мегардад ва коркард нашyдани мyxити таxаммyлпазирй дар мyассисаxои таълимй» (1,389).

Дар роxи xалли зиддиятxои ба миён омада ва дуруст ба амал баровардани тарбияи таxаммyлпазирй дар чомеа мавкеи таxсилоти миёна ва олй хеле такдирсоз мебошад. Таxсилот дар тамоми зинаxои фаъолият иктидори худро бояд барои сарчамъ намудани чомеа, таргиби xаёти солим, фазои солими илмию фарxангй, xифзи анъанаxои миллй ва таърихи кишвар, дар рyxияи гуманистй тарбия намудани насли наврас истифода намуда, барои аз байн бурдани xамдигарбадбинй, низои кавму миллатxо, такмили таълиму тарбияи насли навраси одамдyстy меxрyбон саxми босазо гузорад.

Баxри амалй гардидани xадафxои мазкур тачдиди назар шудани мазмуни таxсилотро яке аз шартxои асосии тагйир ёфтани мyxити таxаммyлпазирй мешуморем. Яке аз хусусияти мyxими фазои таxсилоти муосир дастрас будани иттилооти озод ва навтарин ба атрофиён ба шумор меравад. Дар мавриди бунёди мyxити таxаммyлпазирй бояд чунин табодули иттилоотй ба назар гирифта шавад:

1. Меъёрию танзимй, ки асоси конyнxо, дигар xyччатxои конунгузорй бу-да, xyкyк ва вазифаxои иштирокдорони таxсилот дар он инъикос меёбанд, шароити зиндагии ощо танзим мешавад;

2. Ояндабинй ва тахассусй будани барномаи пешнщодшудаи рушди таxсилот, ки дар давраи тулонй ояндаи таълимиро муайян менамоянд;

3. Коммуникативию иттилоотй, ки барои табодули иттилоот шароит мyxайё месозад ва оид ба чаxони вокей, накши инсон дар он маълумоти махсус пешниxод мекунад ва воситаи табодули иттилоот миёни иштирокдорони таxсилот мебошад;

4. Х,авасмандкунй, ки на тащо иштирокдорони таxсилотро ба ичрои вазифаxо, балки ба конеъсозии талаботи маърифатию маънавй низ бармеанге-зад (1, 390).

Меxвари аслии тарбияи таxаммyлпазириро арзишxои гуманистй ва маънавй ташкил медщанд, ки ощо барои рушди xаматарафаи шахсият шароити мусоит фароxам меоранд. Шахси таxаммyлпазир дар чомеа таргибкунандаи сифатxои беxтарини инсонй ба шумор меравад, ки y ба атрофиён муросокор, босабр ва ботаxаммyл буданро меомyзонад.

Айни замон дар чомеа байни кавму миллат ва халкиятxои гуногун, дар мyассисаxои таълимй бошад, байни устоду хонанда ва хонанда бо хонанда ба миён овардани мyxити таxаммyлпазирй яке аз омилxои асосии рушди фазои фарxанги инсонгарой ба xисоб меравад. Дар чунин мyxити таxаммyлпазирй шо-гирдони мактаб худро озод, ором, xифзёфта xис менамоянд, ки дар чунин вазъ зиддият ва бадбинии xамдигарй аз байн меравад. Фаъолияти xамарyзаи xам омузгор ва xам хонандагон бояд ба дарки мафxyми дурусти таxаммyлпазирй,

эхтироми хамдигарй ва аз байн бурдани мунокишаю зиддиятхо равона карда шавад.

Фазои ободу ороми имрузаи демократй дар кишвар имконияти мусоид фарохам овардааст, ки гояхои асосии тахаммулпазирй байни мардум таргиб карда шуда, дар чараёни таълиму тарбияи насли наврас ба он эътибори аввалиндарача зохир карда шавад.

Дар Чумхурии сохибистиклоли Точикистон бо истифода аз хиради азалии одамдустию тахаммулпазирии халки кадима ва сохибфарханги точик заминахои боэътимоди рушди чомеаи ояндадор ва таълиму тарбияи насли на-враси хештаншиносу сохибватан гузошта шудааст.

Дар катори анъанахои миллй, тачрибаи таърихии сохибдавлатию тамад-дунофарй, осори ниёгони ганчовар ва абармардони миллатпараст, дар даврони сохибистиклолй кабул гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ч,умхурии Точикистон яке аз омилхои асосии эхёи гояи миллии тарбия, аз чумла тарбияи тахаммулпазирй ба шумор меравад, ки хамаи онхо дар мачмуъ барои таълиму тарбияи насли навраси давраи навин макоми ибратдихандаро хоханд бозид. ^абули Консепсияи тарбияи миллии халки точик фазои тарбияро дар чомеа ба мачрои нав ва замонавй ворид менамояд. Дар катори унсурхои таркибии Кон-сепсия, ки хар кадом дар тарбияи миллии чомеа макоми хосаи худро доранд, тарбияи тахаммулпазирй низ мавкеи муайяни ибратдихандаро дорост. Тарбияи тахаммул ва токатпазирй дар Консепсия чунин рохандозй шудааст: «Тахаммул ва токатпазирй аз эхтироми акидаи дигарон ба миён меояд. Шахс бояд бо хамсухбат ва мунаккиди худ токатпазир бошад. Ба сухани дигарон, ки аз акидаи у фарк мекунад, ботахаммул гуш дода тавонад. Токатпазир будан яке аз сифатхои мусбати муносибати башардустона доштан ба шахрванд ва омили асосии пешгирй кардани низоъхои эхтимолии дар байни шахрвандон баамало-янда мебошад» (3, 17).

Тавре дар боло ишорат намудем, тарбияи тахаммулпазирй бо тарбияи гуманистй тавъам мебошад. Сиришти шахсияти хаматарафа инкишофёфтаро бе бо хам омезишёбии ин намудхои тарбия тасаввур кардан мумкин нест. Инсон хамон вакт одамдуст мегардад, ки у токатпазир ва тахаммулгаро бошад. Дар ин холат дар чараёни таълиму тарбияи насли наврас дар алокамандй истифода на-мудани хамаи унсурхои Консепсия хеле мухим ва натичаовар ба хисоб меравад. Вобаста ба он дар Консепсия тарбияи гуманистй чунин арзёбй гардидааст: «Тарбияи гуманистй аз гояхои синфй ва инсонбадбинй орй аст. Он ба шахрванди кишвар имконият медихад, ки худро яке аз чузъхои таркибии чомеа, миллат ва ахли башар эхсос кунад. Тарбияи гуманистй дар ду сатх ба амал ба-роварда мешавад:

а) дар сатхи эхтироми хамсинфон, хамдарсон, хешу табор, хамватанон, ки дар байни онхо намояндагони халкияту миллатхои дигар хастанд;

б) муносибати хайрхохона доштан нисбат ба халкхои мамлакатхои дигари чахон» (3, 14).

Халки азияткашидаи точик борхо дар таърихи сарнавишти худ ба нобасомонихои зиндагй, номуросокорихои душманони дохилию берунаи мил-лат дучор омада, бо истифода аз рухияи сарчамъй, одамгароию тахаммул-

пазирй хдмаи онро паси сар кардааст. Мах,з таърихи кухдн, фархднги ибрато-муз, дустию тифокй, рухияи одамдустй, босабр будан тахдммулгароии халки точикро нишон дода дар ояндаи начандон дур сохдби ватани ободу озод, тарак-кикардаю ояндадор будани хдр як бошандаи онро ба чахониён муаррифй хохдд кард.

Калидвожа^о: тахаммулпазири, гуногунфархангй, фарханги миллй, инсонгарой, мусолихакорй, гуманистй, шафцат, хамдардй, консепсия.

Пайнавишт:

1. Шарифзода Ф. Педагогика: назарияи инсонофар ва цомеаи фархангй. - Душанбе: Ирфон, 2010.

2. Рахимов Х. Муцаддимаи ихтисоси омузгорй.- Душанбе: Ирфон, 2012.

3. Консепсияи миллии тарбия дар Цумхурии Тоцикистон. - Душанбе, 2006.

Сабуров Хайрулло Мирзоевич,

доцент кафедры педагогики и психологии профессиональной деятельности ХГУ им. акад. Б.Гафурова

Проблемы толерантности в современном обществе

Ключевые слова: толерантность, поликультурность, национальная культура, снисходительность, гуманизм, милосердие, сочувствие, концепция

Статья посвящается одной из актуальных проблем общества: воспитанию толерантности и некоторым путям его усовершенствования

В статье указаны роль семьи, школы и социума в воспитании толерантности у подрастающего поколения. Автором выявлены некоторые причины недостаточного на воспитание толерантности у подрастающего поколения, одним из которых являются межнациональные и межэтнические войны, а также рост числа беженцев и трудовая миграция.

Для решения этой проблемы автором предлагаются некоторые пути улучшения воспитания толерантности и гуманизма в обществе.

Kh.M.Saburov

Problems of Tolerance in Contemporary Society

Key words: tolerance, multiculture, national culture, condescension, humanism, mercy, empathy, conception

The article dwells on one of the actual problems of society, that of imbuing tolerance and improving some of the methods in doing it.

The author points to the role of school, family and social milieu in tolerance upbringing among the growing generation. He elicits some reasons accounting for inadequacy of tolerance upbringing among youth. Here refer wars between nations and ethnoses, increase of refugees and labour migration.

Some methods aimed at an improvement of tolerance and humanism in society are proposed in order to solve the problem in question.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.