УДК 371 Д.И.МУ^АММАДИ
ББК 74.00
БАЪЗЕ МАСЪАЛА^ОИ ОМОДАГИИ МЕНЕ^ЕР^ОИ ОЯНДА БА ФАЪОЛИЯТИ КАСБИИ ИННОВАТСИОНИ
Дар Паёми асосгузори сулху вахдати миллй, Президенти Ч,умхурии Точикистон ба Мачлиси Олии чумхурй,ки 22-юми декабри соли 2016 ироа гардид, дар радифи дастовардхои бузург он нукта низ кайд мешавад, ки барои ишголи мавкеи арзанда дар чахон назди кишвар вазифаи дар муддати кутохтарин интихоб ва амалй кардани самтхои афзалиятноки рушду такомул гузошта мешавад, ки бояд пеш аз хама бо такя ба неруву коркардхои хеш сурат гирад (7).
Афзоиши ахолй, инкишофу тахкими робитахои байналхалкй, кашфиёти нав ва татбики онхо, тагйирпазирии хаёти иктисодиву ичтимоии Ч,умхурии Точикистон ташкил ва ба самти зарурй равон кардани низоми тахсилоти касбиро такозо доранд. Маълум аст, ки дар чахон бештар аз дах хазор касб вучуд дорад ва хар сол дар баробари дигаргунихои хаёти ичтимоиву иктисодй ба мутахассисони комилан нав эхтиёч пайдо мешавад. Ихтисоси менечер дар низоми касбхои мавчуда мавкеи пешбарро ишгол менамояд.
Дар шароити имрузаи пешрафти босуръати чомеа, хар мамлакат, аз он чумла Точикистон, ба мутахассисоне ниёз дорад, ки сохиби тафаккури навгаро буда, ба фаъолияти созандаи идоракунй кобиланд, ба инкишофу эхёи чомеаву миллат ва ташаккули неруи халк мекушанд. Барои халли ин масъала кадрхои муосир - менечерхои инноватсионй, мушовирон, коршиносон заруранд, ки маълумоти босифатро барои кор дар шароити иктисоди бозоргонй фаро гирифта, ба ракобати шадид дар чахон тоб оварда метавонанд. Сухан дар бораи рохбарони форматсияи нав, намояндагони баргузидагони идоракунанда - менечерхои инноватсионй меравад, ки ба пеш бурдани фаъолияти касбии инноватсионй (ФКИ) кобиланд. Менечмент аз бартараф кардани номуташаккилй, тасодуфхо, номуайянй иборат аст, зеро махз хамин падидахо номуайянй, носахехй, набудани тартиби кафолатноку натичахои матлубро ба миён меоранд.
Менечерхои инноватсионй бояд донишхои амики байнифанниро фаро гирифта, малакахои зеринро сохиб шавад: тахлилгари системавй, ки бо методология ва воситахои назарияи идоракунй мусаллах аст; иктисоддон, ки бо методология ва воситахои назарияи чараёни иктисодй мусаллах аст; менечер, ки аз методология ва назарияи ташкили маркетинг ва психоанализ огох мебошад. Ба андешаи мо, дар барномахои омода кардани менечерхои инноватсионй фанхои техникй ва донишхо оид ба идоракунй, ки барои ба накша гирифтан, коркард ва бозоргир кардани инноватсияхо заруранд, бояд бо хам вобаста бошанд.
Азбаски асоси кори менечерро иттилооти илмию техникй ва маълумот дар бораи идоракунй ташкил медиханд, шарти хатмии фаъолияти пурсамари у донистани технологияхои муосири иттилоотй ва малакаи истифодаи онхо мебошад.
Менечерхои инноватсионй, ба андешаи баъзе мухдвдщон (2,4,5) мутахассисоне мебошанд, ки халкаи васлкунандаи байни навоварон - муаллифони махсулоти нодири илмию амалй ва сохахои истехсолоту истеъмол ба хисоб мераванд. Бинобар ин, ба андешаи мо, яке аз вижагихои мухим дар раванди тайёр кардани менечерхои инноватсионй он аст, ки гайр аз донишу малакахои зикршуда онхо бояд дар интихоби гояхои нави кормандони муассиса, ки хангоми корбаст самараи бехтаринро меоранд, махорат хосил намоянд. Х,амин тарик, асоси менечменти инноватсиониро малакаи дарёфтани инноватсияхо ташкил медихад, зеро танхо дар хамин холат захирахо метавонанд барои рушди инноватсионии корхона истифода шаванд.
Дар хамкорй бо навоварон (ихтироъкорон ва ратсионализаторон) менечери инноватсионй чузвдони навоварихоро мураттаб месозад, кобили хаёт будани онхоро бахо дода, роххои имконпазири татбики хар як навоварии ояндадорро бо назардошти меъёрхои муайян месанчад. Махорати интихоби дакики гояхои нав аз менечери инноватсионй пайваста огох будан аз вазъи мухити берун аз корхона, шаклгирии бозор, дастовардхои тараккиёти илмию техникиро такозо дорад.
Вижагии инноватсияхо ба сифати объектхои идоракунй махсусияти фаъолияти касбии менечерро дар ин соха муайян мекунад. Мехнати менечери инноватсионй эчодкорй, донишхои гуногун ва кобилияти тахлилгариро дар шахс такозо дорад.
Дар шароити афзоиши фаъолонаи маблаггузорихо дар Точикистон кам будани шумораи мутахассисоне, ки ба идоракунии раванди рушди инноватсионии корхонахои саноатй кобиланд, ба назар мерасад. Маълум аст, ки теъдоди мутахассисоне, ки дар сохаи бунёду ба бозор
баровардани махсулоти нав, бозоргир кардани технологияхо кор мекунанд, хамчунин сатху сифати омодагии онхо ба талаботи имруза мувофик нест. ^исми зиёди мутахассисон, хдтто онхое, ки дар сохаи менечмент сохиби маълумот хастанд, дар самти идора кардани моликияти зехнй, бозоргир кардани технологияхо, оид ба махсусияти ба бозор баровардани махсулоти аз чихати технологй пешкадам ва ворид кардани технологиями нав ба фаъолияти умумии ширкат, хамчунин дар аудити технологй ва идора кардани лоихахои инноватсионй донишхои муназзам надоранд.
Масъалахои таъмини омодагии самарабахши мутахассисон барои идора кардани фаъолияти инноватсионй беш аз хама дар он минтакахои Точикистон мубрам хастанд, ки то хол базаи мувофики таълимию методй ташаккул наёфтааст, дар таъминоти муассисахои таълимй бо кадрхои педагогй норасой дида шуда, тафрикаи сатхи тахассусмандии онхо ба назар мерасад, базаи моддию техникй нокифоя мебошад, дар бораи зарурати чунин навъи омодагй афкори чамъиятй шакл нагирифтааст.
Имруз дар бархе аз вилоятхои Точикистон низоми бисёрзинаи омода кардани мутахассисони идоракунандаи фаъолияти инноватсионй дар сохахои илму техника ва саноат хамчун зерсистемаи низоми миллии инноватсионй шакл гирифта истодааст. Накшаи сохтории низоми бисёрзина аз мачмуи муассисахои таълимии давлатй ва гайридавлатй, ки тибки конунгузории амалкунанда фаъолият доранд ва макомоти идоракунандаи низоми маориф иборат аст. Низоми омода кардани кадрхо бояд ба ташкили шабакахои махсуси марказхои таълимие асос ёбад, ки тачрибаи ташкилию методии андухта, имконоти моддию техникй ва кадрии ташкилоту муассисахои дар бозори хизматрасонихои таълимй амалкунандаро истифода мебаранд.
Марказхои таълимии махсуси омода кардани кадрхо бояд бо назардошти чойгиршавии неруи илмию истехсолй бунёд гардида, бо хамдигар ва макомоти хокимияти ичроия фаъолона хамкорй намоянд. Онхо вазифахои махсуси ташкили раванди омода намудан ва аз нав тайёр кардани мутахассисони идоракунандаи фаъолияти инноватсиониро ичро карда, вобаста ба имконот бояд тамоми силсилаи чараёни инноватсиониро бо кадрхо таъмин намоянд.
Мувофики максад аст, ки тайёр кардани мутахассисони идоракунандаи фаъолияти инноватсионй бидуни аз кор дур шудани шунавандагон амалй гардад, онхо бо дастурхои таълимии чолиби ба тачрибаи пешкадам асосёфта, аз он чумла дар шакли электронй, бо тестхо ва тахлилхои холатхои мушаххас, ки барои шакли фосилавии тахсил мутобиканд, таъмин шаванд.
Хднгоми омузиши масъалаи такмили раванди омодагии менечерхои оянда ва рохнамоии онхо ба фаъолияти касбии инноватсионй, пеш аз хама, бояд колаби менечере, ки ба ФКИ тайёр аст, муайян гардида, аз он чумла, сифатхои асосие, ки чунин мутахассис бояд доро бошад. Фаъолияти касбии инноватсионй корбасти эчодкорона ва гайриколабии донишхои назариву амалй, сифатхои зехнию ахлокй ва дигар малакахо аз чониби мутахассис мебошад, ки бо максади такмили истехсолот ва дар мачмуъ, мухити касбй, тарики пешниходи гояхо, технологияхо ва методхои нав амалй мегардад (4).
Дар асоси тавсифи мазкур сохтори меъёри омодагй ба фаъолияти касбии инноватсиониро ошкор месозем, ки аз чор гурухи сифатхо иборатанд, ки ба андешаи мо ба мутахассиси барои татбики ФКИ тайёр хос мебошанд:
- сифатхои зехнию назариявй ва шахсй (сифатхое, ки мухассис аллакай дорост: акли расо ва чахонбинии васеъ; фазилат; донишхои назарй ва малакаву махорат; тачрибаи амалии истифодаи малакаву махорат ва донишхои мавчуда, сатхи фарханги шахсй, зиёй будан ва г.).
- сифатхои марбут ба хохишу мотиватсия (чигунагии мутахассисро нишон медиханд). У мефахмад, ки ба кадом хотир ФКИ мебарад, онро дарк менамояд, ба татбики фаъолияти касбии инноватсионй хавасманд аст, хадафхои фаъолияти худро муайян мекунад: фахмиш оид ба натичаи нихой, майлу хохиши самимонаи ичрои кори худ; чанбаи пуркуввати мотиватсионй, омода будан ба худомузй ва худинкишофдихии пайваста ва г.).
- гурухи сифатхои марбут ба эхсосоту ирода (хамеша омода будан ба фаъолияти касбии инноватсионй: хадафмандй барои ба даст овардани натича, хохиши муваффак шудан, кобилияти худтанкидкунй, омодагй ба мустакилона кабул кардани карорхо ва дар хаёт татбик намудани онхо ва г.).
- сифатхои марбут ба кобилияти амалиёту тачриба (мутахассис дорои ин сифатхост ва дар чараёни фаъолияташ онхоро бояд корбаст намояд: малакаи самарабахш истифода бурдани донишу махорати хеш, сатхи баланди кордонй, салохият ва фаросат, лаёкати шинохтан ва чудо кардани чизи асосй ва г.).
Хдмаи чор гурухи сифатхо хамчун унсурхои таркибии низоми ягона - омодагй ба фаъолияти касбии инноватсионй байни хам алокаманданд. Навгарой дар ин маврид хислати мустакилест, ки шахсияти менечери муосирро муайян мекунад. Он тамоми чузъхои гурухбандии зикршударо
фаро гирифта, ба сохтори ондо ворид мегардад. Навгарой дамчун сифати алодида ва сарсилсила унсурдои дигари омодагй ба ФКИ-ро ба худ тобеъ мекунад. Х,амин тарик, дар як сифате, ки ба гуруддои зикршуда мансуб буда, ба менечери муосир хос аст, аз дидгоди арзишмандии инноватсионй - зеднй, касбй, мотиватсионй, иродавй баррасй мегардад.
Мадз дамбастагии мутаносиб ва баробарии тамоми сифатдои зикршуда дар шахсияти менечери оянда уро дамчун мутахассиси олидарачаи омода ба фаъолияти касбии инноватсионй тавсиф мекунад.
Омодагй ба ФКИ, ки ба модели назариявии менечери муосир нигаронида шудааст, бояд дар дар мардалаи таълим, аз курси якум то охирин амалй гардад. Вале, ба андешаи мо, масъулият мадз бар души мардалаи охирин - магистратура мебошад. Бо нуктаи назари аксарияти мудаккикон дамовоз шуда, кайд мекунем, ки дар мардалаи охирин ва мудимтарини омода кардани менечерони оянда накшадои таълим на тандо ба таълими касбй, дамчунин ба унсурдои тайёрии иловагй ва ба истилод «парвариши кормандони пешбар» бояд равона гардад. Вазифаи асосй дар омода кардани магистрдо дар содаи идоракунй чалб кардани донишчуй ба фаъолияти илмию тадкикотй, то дадди имкон кувват бахшидани тамоми чанбадои мотиватсионии шахсияти родбари оянда мебошад.
Мадз бо дамин сабаб, ба андешаи мо, ворид кардани курси махсуси «Фаъолияти касбии инноватсионии менечер» мувофики максад аст. Асоси курси махсусро бояд донишдои назариявии дар тули солдои тадсил андухта ва тачрибаи дар давоми тачрибаомузии идоракунии истедсолй досилшуда ташкил дидад. Донишчуён бояд ин донишдоро такмил дода, тачрибаи андухтаашонро мустадкам кунанд, барои пеш бурдани фаъолияти илмию тадкикотй майлу ходиш зодир намоянд. Ба андешаи мо, таваччуд ба имконоти минбаъдаи инкишофи касбию шахсй ба мутахассисони оянда барои дарки зарурати чунин навъи омодагй ёрй мерасонад ва мотиватсияи шахсии ондоро неру мебахшад. Дар натича донишчуён бовар досил мекунанд, ки тайёрии минбаъда ва тамоми фаъолияти ояндаи ондо, пеш аз дама, мадз ба рушди шахсй ва амалй шудани дадафдои ондо нигаронида шудааст.
Дар дарсдои лексионии курси махсус оид ба чунин масъаладо маълумот пешнидод кардан мумкин аст: мотивдои фаъолияти касбии инноватсионй, фаъолияти эчодии менечер ва рагбати у ба эчодкорй, муносибати гайриколабй дар чараёни родбарй, намунадои манфии навгароии менечер, пуркувват намудани мотиватсия дангоми нокомидо ва гайра.
Дар мавриди кори амалй, ба андешаи мо, ба сохтори стандартии машгулият илова кардани методдои фаъоли таълим мувофики максад аст. Чунончи: бозии тичоратии «Менечери озодрафтор». Бадогузории маддудияти шахсй дар муошират бо дигарон, бозии шухиомези тичоратии «Фуруши яхдондо» (коркарди гуфтор ва маъракаи рекламавй бо истифодаи унсурдои дучуми зеднй; кори мустакилонаи «Муаррифии яхдондои худ»; бозии точоратии «Ташкили таъмин ва фуруши кондитсионердо»).
Видеотренинги «Садамаи давопаймо. Ч,азираи беодам» (тадлили сабти видеой, мудокимаи хатодои маъмул дар рафтор, ки дангоми вазъияти фавкулода зодир мегардад) ва гайра.
Курс бо навиштан ва димояи лоидаи курсй чамъбаст мегардад, ки дадафи он аз чониби донишчуён дарк гардидани талабот ба ворид кардани тамоми чанбадои кори менечерй аз руи ихтисосдои интихобшуда аст. Пункти аввалини вазифаи кори курсй интихоби ихтисоси мушаххас мебошад, ки ба ин васила магистр содаи кори ояндаи худро муайян карда, ба он майлу рагбат пайдо мекунад. Мундаричаи кори курсй аз муайян кардани хусусият, функсия ва вазифадои менечери ихтисоси интихобшуда, сохтани симои у, дамчунин ичрои вазифадои амалй иборат аст.
Методикаи интихобшуда, ба андешаи мо, менечерони ояндаро то дадди имкон ба шароити вокеии меднат ва ичрои вазифадо наздик менамояд. Донишчуён имкон пайдо мекунанд, ки маълумоти пешнидодшавандаро фадмида, роддои ичрои супоришдоро бо такя ба тачрибаи назарй ва амалй, дамчунин бо назардошти чанбадои инноватсионии фаъолияти родбарй дарк намоянд.
Методикае, ки пешнидод мешавад, тандо як кисми таркибии самти умумии омода кардани донишчуёни ихтисосдои родбарикунанда ба фаъолияти касбии инноватсионй ба шумор меравад. Чуноне ки дар боло кайд гардид, тагйироти сифатй бояд дар як мардалаи таълимро фаро гиранд, то ин ки ондо дамдигарро пурра карда, идома бахшанд.
Менечердои инноватсионии аз чидати касбй омода, ки содиби донишдои мудандисй ва иктисодй мебошанд, мудимтарин активи содибкории инноватсионй дар чумдурии мо мегарданд. Торафт сермадсул гардидани фаъолияти инноватсионй мусоидат менамояд, ки мутахассисони содаи идоракунии инноватсиядо аз зинаи миёнае, ки ишгол менамоянд, ба зинаи баланд -вазифаи родбарони корхонадо гузаранд. Барои он ки корхонаи муосир муваффак гардад, ба он бояд менечери инноватсионй родбар бошад.
ПАЙНАВИШТ
1. Андреев, B.^ Саморазвитие менеджера / B.^ Андреев. - М.: Дело, 2014. - 275 с.
2. Блэйк, P.P. Наyчные методы yправления / P.P.Блэйк, Д.С. Мутон [пер. с англ. И. Ющенко]. -Kиев: Bышейшая школа, 2013. - 274 с.
3. Балашов, А.П. Основы менеджмента: Учебное пособие / А.П. Балашов. - М.: Byзовский учебник, ИНФPА-M, 2012. - 288 c.
4. Данько, Т.П. Менеджмент и маркетинг, ориентированный на стоимость: Учебник / Т.П. Данько, М.П. Голубев. - М.: ИНФPА-M, 2014. - 416 c.
5. Зинов, B.r. Менеджмент инноваций: Ядровое обеспечение. / BT. Зинов. - М.: Дело, 2005. -496 с.
6. ^значевская, Г. Б. Менеджмент: учебник / Г. Б. ^значевская. - Pостов-н-Донy: Феникс, 2012. - 452 с.
7. Паëми асосгузори сулху вахдати миллй, Президенти Ч,умхурии Точикистон ба Мачлиси Олии чумхурй (22.12.2016 с.).
REFERENCES:
1. Andreev, V.I. Self-Development of Manager I V.I. Andreev. - M,: Business, 2014. - 275 p. (in Russian)
2. Blake, R.R. Scientific Methods of Management I R.R. Blake, D.S. Mouton [translated from English into by I. Yushchenko]. - Kiev: Higher School, 2013. - 274 p.
2. Balashov, A.P. Grounds of Management: manualI A.P. Balashov. - M.: Higher school manual, INFRA-M, 2012. - 288 p. (in Russian)
3. Danko, T.P. Management and Marketing Focused on Cost Value: manuaH T.P. Danko, M.P. Golubev. - M.: INFRA-M, 2014. - 416 p.
4. Zinov, V.G. Management of Innovations: Procurement with Human Resources I VG Zinov. - M.: Business, 2005. - 496 pp. (in Russian)
5. Kaznachevskaya, G.B. Management: manual I G.B. Kaznachevskaya. - Rostov-on-the-Don: Phoenix, 2012. - 452 p. (in Russian)
6. The Message of the Founder of Peace and National Unity, Tajikistan Republic President, to Majlisi Oli of the Country (22.12.2016.). (in Tajik)
Баъзе масъалахои омодагии менецерхои оянда ба фаъолияти касбии инноватсионй
Вожахои калидй: омодагии касбй, менецери инноватсионй, ицтисоди бозоргонй, таxсилоти касбй, фаъолияти инноватсионй (навгаро), соxибкории инноватсионй
Дар мацола баъзе масъалаxои омодагии менецерxои оянда ба фаъолияти касбии инноватсионй дар шароити ицтисоди бозоргонй баррасй гардидааст. Муаллиф цайд менамояд, ки менецерxои инноватсионй бояд донишxои амици байнифанниро фаро гирифта, малакаxои зеринро соxиб шавад: таxлилгари системавй, ки бо методология ва воситаxои назарияи идоракунй мусаллаx аст; ицтисоддон, ки бо методология ва воситаxои назарияи цараёни ицтисодй мусаллаx аст; менецер, ки аз методология ва назарияи ташкили маркетинг ва психоанализ огоx мебошад. Дар асоси таxлилу баррасии масъалаи мазкур муаллиф ба ацидае меояд, ки менецерxои инноватсионии аз цщати касбй омода, ки соxиби донишxои муxандисй ва ицтисодй мебошанд, муxимтарин активи соxибкории инноватсионй дар цумxурии мо мегарданд.
Некоторые вопросы подготовки будущих менеджеров к инновационной профессиональной деятельности
Ключевые слова: профессиональная подготовка, инновационный менеджер, рыночная экономика, профессиональное образование, инновационная деятельность, инновационный бизнес
В статье рассматриваются вопросы подготовки будущих менеджеров к инновационной профессиональной деятельности в условиях рыночной экономики. Автор отмечает, что инновационные менеджеры должны получать конкретные межпредметные знания, они должны обладать такими профессиональными качествами, как системный аналитик, владеющий методологией и средствами управления персоналом, знающий теоретические основы рыночной экономики, методологию и теорию организации маркетинга и психоанализа. На основе изучения и
анализа рассматриваемого вопроса автор приходит к мнению, что профессионально подготовленные инновационные менеджеры, обладающие глубокими экономическими знаниями являются активом эффективного инновационного бизнеса.
Some Issues Associated with Training of Future Managers for Innovative Vocational Activity
Key words: professional training, innovational manager, market economy, professional education, innovative activity, innovational business
The article touches upon the issues associated with training of future managers for innovative vocational activity under the conditions of market economy. The author of the article underscores that innovative managers ought to receive concrete interdisciplinary knowledge, they have to master the professional qualities of a systemic analyst who masters methodology management means in reference to personnel, theoretical grounds targeted at market economy, methodology and theory of psychoanalysis and marketing organization. Proceeding from the study and subsequent analysis in regard to the issue in question the author expresses his own opinion that professionally training of innovative managers mastering profoundly economy knowledge is considered as an active effective innovational business.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Му^аммадй Дилноз Иззатуллозода, унвонцуи кафедраи педагогикаи ицтимой ва касбии Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Гафуров (Чумуурии Тоцикистон,ш.Хуцанд), E- mail:Dilnoz 1982@Iist.ru Сведения об авторе:
Мухаммади Дилноз Иззатуллозода, соискатель кафедры социальной и профессиональной педагогики Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова.(Республика Таджикистан,г.Худжанд), E-mail: Dilnoz 1982@Iist.ru Information about author:
Muhammadi Dilnoz Izzatullozoda, claimant for candidate degree of the department of social and professional pedagogy under Khujand State University named after academician B.Gafurov (Tajikistan Khujand), E-mail: Dilnoz 1982@Iist.ru