Научная статья на тему 'The problems of engrafting legally qualified Approach into the process of higher education'

The problems of engrafting legally qualified Approach into the process of higher education Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
194
12
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
LEGALLY QUALIFIED APPROACH / КОМПЕТЕНТНОСТЬЮ ПОДХОД / КОМПЕТЕНЦИЯ / COMPETENCE / ОБРАЗОВАТЕЛЬНЫЕ ТЕХНОЛОГИИ / EDUCATIONAL TECHNOLOGIES / СОДЕРЖАНИЕ ПЕДАГОГИЧЕСКОГО ОБРАЗОВАНИЯ / CONTENT OF PEDAGOGICAL EDUCATION / ИННОВАЦИОННЫЙ ПОТЕНЦИАЛ ОБРАЗОВАТЕЛЬНОЙ СИСТЕМЫ / INNOVATIONAL POTENTIAL OF EDUCATIONAL SYSTEM

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Расулзода Алидод, Кадиров Кодир Бозорович

В статье рассматривается проблема модернизации педагогического образования. Утверждается, что в последние годы инновационные поиски в области содержания и технологий обучения не выходят за рамки сложившейся системы подготовки педагогов, поэтому не ведут к ее коренному реформированию. Подчеркивается, что, хотя практическое внедрение компетентностного подхода в образовательном процессе отражено в «Стратегии развития образования на 2015-2020 годы» и в стандартах высшего образования, на пути его реализации возникают многочисленные трудности. Предложена схема формирования основы решения зада ч профессиональной деятельности.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Проблемы внедрения компетентностного подхода в процесс высшего профессионального образования

The article dwells on the problem of modernization of pedagogical education. It is confirmed that for the latest years innovational quests in the field of tuition contents and technologies don 't go out of the frames of the formed system of teachers' training, therefore, they don't lead to its radical reformation. It is underscored that though practical engrafting of legally qualified approach into educational process is reflected in “The Strategy of Education Development for 2015 2020” and in higher education standards, but on the way of its realization there arise numerous difficulties. The authors suggest a scheme of formation of a basis in regard to a solution of the goals beset with professional training.

Текст научной работы на тему «The problems of engrafting legally qualified Approach into the process of higher education»

I3.OO.OO.PEDAGOGICAL SCIENCES

13.01.01 ПЕДАГОГИКАИ УМУМЙ, ТАЪРИХИ ПЕДАГОГИКА ВА МАОРИФ 13.01.01.ОБЩАЯ ПЕДАГОГИКА, ИСТОРИЯ ПЕДАГОГИКИ И ОБРАЗОВАНИЯ 13.01.01.GENERAL PEDAGOGICS, THE HISTORY OF PEDAGOGICS AND EDUCATION

УДК 37.371.302.4.482 Ц.Б. ЦОДИРОВ

ББК 81.2 А. РАСУЛЗОДА

АНДЕША^О ПЕРОМУНИ ВОРИД НАМУДАНИ МУНОСИБАТИ БОСАЛО^ИЯТ ДАР РАВАНДИ ТА^СИЛОТИ ОЛИИ КАСБИ

Баъди сохибистиклол гардидани чумхурй мазмун ва сохтори тахсилот ба куллй тагйир ёфта, кушиши мутобики талаботи замон ба низом даровардани тахсилоти олии касбй (хусусан, равияи омузгорй) ба миён омад. Маълум аст, ки муассисахои тахсилоти олии касбй фаъолияти худро аз руи низоми сезинагй (бакалавриатура, магистратура ва докторантура) ба рох мондаанд. Имруз бошад, дар асоси татбики муносибати босалохият дар таълим барномаи нави ислохоти тахсилоти равияи омузгорй ба миён омадааст. Ин самт дар «Стратегияи рушди маориф барои солхои 2015-2020» ва стандартхои тахсилоти олии касбй инъикос ёфтааст. Вале татбики амалии он бо баъзе мушкилот дучор гардидааст, ки бе халлу фасли онхо тагйир додани низоми тайёр кардани кадрхои омузгорй имконнопазир аст.

Ба андешаи мо, зарурати ворид намудани тагйироти сифатй ба низоми тахсилоти равияи омузгорй мавзуи бахс набуда, талаботи замони муосир аст.

Хдлли ин вазифахо бо мушкилоти назариявй-методологй, аз чумла ба таври бояду щояд муайяну мушаххас нашудани истилохи «салохият» вобаста аст, ки пайдоиши онро ба асри XVI нисбат медиханд. Истифодаи васеи ин истилох дар солхои 50-уми асри гузашта дар кишвархои аврупой шуруъ шуд. Суоле ба миён меояд, ки салохият чист ва аз дониш, махорат ва кобилият чй фарк дорад? То хол дар чавоби ин савол нофахмию мушкилот вучуд дорад.

Дар робита бо ин масъала А.Стуф, Р.Мартенс вай. Мерринбер дар маколаи «Салохият чист? Муносибати асоснок хамчун рохи начот аз бенизомй» кайд намудаанд, ки «...новобаста ба шухрату пахншавии он то хол ба чуз баъзе шарххои чудогона, таърифи мушаххаси салохият пешниход нашудааст, ки аз руи он муносибатхои гуногун дар муайян кардану истифодаи ин истилох арзёбй шаванд» (3). Мухаккикони мазкур чанбахои зерини истилохи «салохият»-ро баррасй кардаанд:

- салохият ин донишхо, кобилият ё тавсифи ичрои фаъолияти касбй дар сатхи олй (халли вазифахо), тафаккури тахлилй мебошад;

- салохият як кисми донишхо дар сохаи муайян, малакахо ва муносибатхое мебошад, ки бештар ба фаъолияти касбй (накш ё хисси масъулият) таъсир мерасонад ва ба ичрои фаъолият алокаманд буда, метавонад аз тарики таълим инкишоф ёбад;

- салохият тавсифи пойдевори шахсият буда, шарти алока бо меъёрхои самараноку бомуваффакияти амалхо дар вазъияти касбй ва хаётй ба хисоб меравад. «Тавсифи пойдевор» чунин маънй дорад, ки салохият - кисми асосй ва мустахками шахсият аст, ки тибки он ахлоки одам дар вазъияти гуногуни касбй ва хаётй пешгуй карда мешавад. Алокаи шартй маънои онро дорад, ки салохият боиси ичрои амал ё ахлок мешавад. Алока бо меъёрхои фаъолият маънои аз руи салохият тибки меъёрхо ва стандартхои муайян аз тарафи шахсе анчом додани амалеро дорад;

- салохият дорои сохтори кисматхои гуногуни ташаккулёфта (малака, дониш, тачриба, муносибат, арзишхо) мебошад.

Муаллифони маколахо оид ба салохият бар ин андешаанд, ки тамоми нофахмихо ва норавшанихо дар атрофи истилохи «салохият» аз нуктаи назари объективй оид ба масъалаи номбурда ба миён меоянд. Онхо мавчудияти таърифи ягона, дуруст ва хакикии салохиятро гайриимкон мешуморанд. Ба акидаи онхо махз ба хамин сабаб таърифхои зиёди истилохи «салохият» дучор мегарданд. Маъмулан таърифи истилохи «салохият» худуди фазои семантикии онро дар бар мегирад, ки дар матни мавриди истифода маъно дорад. Аз ин нуктаи назар, доимо тагйир додан ва нусхабардории таърифи мафхуми «салохият» кори бехуда аст. Ин рохи халли масъала набуда, кушишхои пешравй дар ин самт сарфи бехудаи вакт аст.

2O1

Хднгоми баррасии масъалаи муносибати босалохият суолхои зерин ба миён меоянд: агар мафхуми «салохият» дорои таърифхои гуногун бошад, пас таърифхо хакикатхои мухталифро инъикос мекунанд? Агар дар таърифхои салохият хакикати амалй (вокей) набошад, пас дар раванди таълим чиро ташаккул додан лозим аст?

Дар аввали солхои 2000 донишгоххои аврупой дар чахорчубаи барномаи аврупоии комиссияи «Сукрот-Эрзамус» лоихаи «Тархрезии сохторхои тахсилот дар Аврупо»-ро тахия намуданд, ки дар он методологияи татбики муносибати босалохият чихати лоихасозии натичахои тахсилот ва мазмуни барномахои таълимй пешниход гардида буд (3).

Созмондихдндагони лоиха салохиятро хамчун чараёни инкишофи пайвастшавии донишхо, дарккунй, малакахо ва кобилият маънидод кардаанд. Онхо номгуи 30 салохияти умумиро пешниход намуданд. Гояхои ин лоха ба зудй пахн гардиданд. Вале, ба андешаи мо, онхо аз лихози мантикй пурра ва амик баррасй нагардидаанд. Чунончй, ба салохияти умумй «кобилияти тахлил ва чамъбаст кардан», «кобилияти ташкилотчигй ва банакшагирй», «кобилияти татбики донишхо дар амалия», «кобилияти амалй намудани донишхои асосй дар сохахои гуногун», «тайёр намудан дар асоси донишхои касбй» ва гайра дохил шудаанд, ки алхол ба таври бояду шояд мавриди баррасии хамачонибаю амик карор нагирифтаанд. Масалан, тахлил ва чамъбасткунй ду фаъолияти гуногуни зехнй буда, ба таври хархела инкишоф меёбанд ва онхоро дар мафхуми «кобилият» муттахид кардан имконнопазир аст. Зиёда аз он кобилияти тахлилй вучуд надорад, чунки шахси низоми иктисодиро хуб тахлилкунанда, ба хубй аз ухдаи тахлили асархои бадей ё системаи тахсилот баромада наметавонад. Х,амин гуна шахсе, ки аз ухдаи банакшагирии истехсолот ба хубй мебарояд, наметавонад аз ухдаи банакшагирии раванди таълим барояд.

кобилияти истифода намудани донишхо дар амалия боз бисёр кобилияти дигар, аз чумла кобилияти тахлилкунй, чамъбасткунй, ташкилотчигй, банакшагирй, кабули карорхои дахлдор ва гайраро пешбинй мекунад. Баъзе донишхои асосии сохахои гуногун, ки ба номгуи салохияти умумй ворид карда шудаанд, аз самти фаъолият дур мемонанд. Дар сурати хамчун салохият эътироф кардани онхо мо бояд эътироф кунем, ки онхо хамеша вучуд доштанд ва дар муносибати босалохият хеч гуна навгонй нест. Х,амин тарик, дар асоси тачрибаи байналмилалй татбик намудани ин муносибат ва ба эътибор нагирифтани педагогикаи миллй ба максад мувофик нест.

Дар асару маколахои олимони рус низ оид ба истилохоти сохаи маориф дар робита ба таърифи «салохият» шарху эзохоти якхела вучуд надорад. Аз чумла Зеер Э.Ф., кайд мекунад, ки салохият гуфта воситахои фаъолияте фахмида мешаванд, ки ба ичрои самараноки фаъолияти касбй мусоидат менамоянд (1, 24). Ба ибораи дигар, истеъдоди дар амал татбик намудани кобилияти худ салохият аст.

Ба акидаи у махаки салохият мачмуи роххо (усулхо)-и фаъолият аст. Салохият дар раванди ичро намудани навъхои гуногуни фаъолият барои халли вазифахои назарй ва амалй истифода мешавад. Барои хамин сохтори салохият гайр аз донишхо, махорат ва малакахо сохаи эхсосотй - иродавиро низ дар бар мегирад. Ч,узъи мухими салохият хамгироии фаъолиятхои чудогона, воситахо, усулхои халли вазифахо мебошад (1, 25).

Селевко Г. «салохият»-ро хамчун натичаи таълими тайёр намудани хатмкунанда барои аз худ кардани метод ва воситахои фаъолият бахри ичрои вазифахои дар наздаш гузошташуда арзёбй менамояд (2, 31).

Ба андешаи А.Хуторской «мачмуи сифатхои ба хам алокаманди шахсият (дониш, махорат, малака, воситаи фаъолият) дар робита бо доираи раванд ва ашёи мушаххаси зарурй барои фаъолияти самаранок салохият номида мешавад» (4, 59).

Чи тавре ки аз мазмуни таърифхои мазкури истилохи «салохият» дида мешавад, дар онхо бо вучуди тафовутхо умумиятхои зерин ба назар мерасанд:

- салохият бо халли муваффаконаи вазифахои амалй робита дорад;

- салохият кобилияти чамъбаст кардани донишхо, махорату малакахо ва тачриба мебошад. Вале, мутаассифона меъёрхое, ки тибки онхо ин ё он фахмиши салохият бояд тахия гардад, муайян карда нашудаанд.

Бояд гуфт, ки хар як зинаи тахсилот дар интихо бояд ба ташаккули навгонихои шахсият дар шакли арзишхо, донишхо, махоратхои зехнй ва амалй, ё ин ки тагйироти сохторй ва психикии у оварда расонад. Барои хамин хама гуна маълумот ба дарки рухии (психикии) инсон асос меёбад.

Инкишофи психикй бо рохи аз худ кардани воситахои фаъолият амалй мешавад. Махз дар фаъолият шахс метавонад шаклхои идеалиро аз мухити ичтимой аз худ намуда, кобилияти субъекти он буданро пайдо кунад. Субъекти ин ё он фаъолият будан маънии

муайян намудани сохтори онро дар шароити мавчуда дорад. Сохтори хама гуна фаъолият аз талабот, шавк, максад, вазифахо, шароит ва амал иборат аст. Шархи таърифи «салохият»-ро додан ба ин сохтори мантикй ворид намудани он аст. Аз ин нуктаи назар, «салохият»-ро хамчун мавчудияти мачмуи рухии таъмини кобилияти инсон чихати халли вазифахои муайян дар сатхи талаботи ичрои онхо фахмидан мумкин аст. Х,амин тарик, салохият - маълумоти хамгирои равонй буда, доштани донишхои зарурй барои халли вазифахо, махорати вазифагузорию халли онхо, интихобу истифодаи воситахои халли вазифахо ва арзёбии натичахои фаъолият мебошад. Ба ибораи дигар, босалохият будан маънои сохиб будан ба хамаи сифатхо барои халли вазифахои зарурй мебошад.

Сохтори хар як салохият аз чор чузъ: когнитивй, рахнамо (тахминй), ичрои амал ва тачриба иборат аст.

Ч,узъи когнитивии салохият аз мачмуи донишхое иборат аст, ки барои халли вазифахои касбй заруранд.

Ч,узъи рахнамо-воситахои банакшагирии халли вазифахо, интихоби методхои халли онхо ва методхои арзёбии натичахои халли вазифахо мебошанд.

Амал методи ичрои фаъолиятхое мебошад, ки барои халли вазифахо истифода бурда мешавад.

Тачриба хамон чузъи салохият аст, ки аз тарики он чузъхои дигар барои халли вазифахо хамгиро мешаванд.

Ташаккули салохият-ин ташаккули низоми функсионалии психикии ягона ва хамгирои тахсилот мебошад. Таълими анъанавии тахсилоти касбй махз хамин чизро таъмин намекунад. Дар низоми анъанавии таълим воситахои халли вазифахо ба таври пароканда ташаккул ёфта, дар фаъолият чамъбаст намешаванд.

Мо чадвали мантикии лоихаи сохтор ва мазмуни талаботро ба натичахои тахсилот дар шакли зерин пешниход мекунем:

Фаъолият

Вазифахои субъект дар он Вазифахои халталаб

Амалхо Воситахои ичрои амалхо

Мазмуни салохият

Мачмуи салохияте, ки ба халли вазифахои фаъолият мусоидат мекунад, салохияти субъектро дар татбики фаъолият амалй менамояд.

Салохият халли вазифахои касбиро таъмин менамояд, салохиятмандй бошад, ба таври умумй ичрои шакли муайяни фаъолият мебошад.

Тахияи шакли салохияти хатмкунанда давраи аввали азнавсозии низоми тахсилоти олии касбй ба шумор меравад. Баъд аз ин бояд барномахои таълимии фаннй ва татбики онхо тархрезй карда шаванд.

Хднгоми банакшагирии раванди таълим саволе ба миён меояд, ки мазмуни тахсилотро тибки принсипи фаъолият бо мазмуни сохтори барномахои таълимии фаннй чй тавр алокаманд кардан мумкин аст? Агар чузъхои чудогонаи салохият дар барномахои таълимии фанхои гуногун дар вактхои гуногун ташаккул дода шавад, хатман масъалаи чамъбаст ва ташаккули салохият хамчун кобилияти халли вазифахои мушаххаси касбй ба миён меояд. Албатта халли ин вазифа кори мураккаб аст.

Вазифаи душвори дигари татбики муносибати босалохият дар тайёр кардани кадрхои омузгорй бо он алокаманд аст, ки холо хам дар низоми тахсилоти равияи омузгорй шакли таълими лексионй - семинарй мавкеи асосиро ишгол мекунад. Вале малакахоро танхо бо рохи гуш кардану дидан хосил кардан номумкин аст. Албатта, хеч кас аз худ кардани донишхоро инкор намекунад, лекин донишхо танхо як чузъи салохиятро ташкил медиханд. Гайр аз ин, махорат низ бояд ташаккул дода шавад. Дар ин бобат баъзехо пешниход

менамоянд, ки масъалаи ташаккули махорати касбй бо рохи зиёд намудани хачми тачрибаомузй хал карда шавад. Вале ин рохи галат аст.

Мо бояд дарк намоем, ки масъалахои душвор халли осон надоранд. Барои хамин тагйир додани технологияи тахсилоти равияи омузгорй бояд самти асосии ислохоти он бошад. Технологияхои нави омузгорй бояд барои ташаккули махорати касбй шароити зарурй ва кофиро мухайё намоянд. Пас саволе пайдо мешавад, ки ин шароит кадомхоянд? Донишчуён бояд аз махоратхои зерин бархурдор бошанд:

1) Махорати ичро кардани амал танхо дар фаъолият ташаккул меёбад. Ин чунин маънй дорад, ки барои ташаккули махорати халли вазифахои амалии фаъолияти касбй донишчуён бояд ин вазифахоро дар дарсхо анчом диханд.

2) Донишчу бояд вазифаи таълимиро, ки дар як вакт бо вазифаи амалй анчом дода мешавад, дарк намояд.

3) Максад хамон вакт мушаххас мешавад, ки агар воситаи арзёбии натичаи бадастомада бо максад мутобикат намояд. Агар максад нодуруст муайян шуда бошад, натичахои хубу бадро фарк кардан душвор мешавад. Барои хамин, агар мо хохем, ки дар донишчуён кобилияти хонданро ташаккул дихем, пас бояд донишчуён ин амалро худашон (бо ёрии устод) анчом диханд. Агар дар донишчуён махорати хал кардани вазифахои зехниро ташаккул доданй шавем, бояд онхоро ба фаъолияти якчоя бахри халли вазифахо чалб намоем.

Ба андешаи мо бояд асосхои эхтимолии ташаккули халли вазифахои фаъолияти касбй чунин бошанд:

1. Омузгор вазифаи таълимй (аз худ кардани рохи халли ягон навъи вазифаи фаъолияти касбй)-ро мураттаб мекунад.

2. Агар донишчуён вазифаи амалии фаъолияти касбиро хал карданй шаванд, бояд устод онхоро ба вазъияти амалй ворид намуда, супориш дихад, ки воситаи ичрои фаъолиятро дар вазъияти бамаломада пайдо намоянд. Барои хамин донишчуён ба 3-5 гурух таксим карда мешаванд. Устод метавонад мазмуни супоришхоро барои хар як гурух тагйир дихад, то ки ба донишчуён воситахои гуногуни халли вазифахои амалиро вобаста ба шароит нишон дихад.

3. Пеш аз мухокимаи натичахои ичрои супориши якум, устод ба донишчуён пешниход менамояд, ки меъёрхои арзёбии натичаро тахия кунанд. У ба донишчуён супориш медихад, ки номгуи меъёрхоро пешниход намоянд.

4. Х,ар як гурух варианти худро пешниход менамояд. Устод бо рохи саволгузорй, чамъбасти фикру акидахои гуногун бояд таваччухи донишчуёнро ба лахзахои зерин чалб намояд:

- асоснокй ва талабот нисбат ба натича;

- агар натича ба хар як талабот мутобикат накунад, оё онро дарк мекунанд?

- оё воситаи мукоисаи натича бо хохиши ичрои вазифа мутобикат менамояд?

Агар донишчуён мустакилона меъёрхоро муайян карда натавонанд, бояд устод вариантхои пешниходнамудаи гуруххоро тахлил карда, ба онхо ислох ворид намояд. Диккати донишчуён бояд ба он чалб карда шавад, ки дар ичрои супориш ба кадом хатохо рох доданд ё кадом амалро ичро накардаанд.

5. Х,ар як гурух воситахои тахиянамудаи худро чихати халли масъала баён намуда, якчоя бо гуруххои дигар мавриди мухокима карор медихад. Х,ар як меъёр баррасй ва мухокима мегардад. Вазифаи омузгор аз он иборат аст, ки бо рохи мухокима ва саволгузорй камбудихои донишчуёнро оид ба воситахои халли вазифаи амалй ошкор карда, рохи дурустро ба онхо нишон дихад.

6. Омузгор ба донишчуён мефахмонад, ки вазифахо чй тавр хал карда мешаванд. Воситахое, ки аз тарафи омузгор пешниход карда мешаванд, бояд бо варианти пешниходнамудаи донишчуён мукоиса карда шаванд.

7.Ба донишчуён пешниход карда мешавад, ки вазифаро бо рохи нишондодаи устод хал намоянд. Донишчуён натичахои бадастовардаашонро бо натичахои пештараашон мукоиса мекунанд.

8. Сабабхои содиршавии хатохо мухокима ва баррасй карда мешаванд. Донишчуёнбояд воситаи тахияи асосхои тахминии фаъолиятро пурра дарк намоянд.

Ч,узъхои чадвали технологияи таълимй чунинанд:

- дар раванди таълим гузариш аз халли вазифахои амалй ба халли вазифахои таълимй татбик карда мешавад;

- чузъи мухимтарини таълим худбаходихии интикодй аст. Донишчуён ду сатхи махоратхои худ (воситаи арзёбии натичахои халли вазифахои амалй ва тарзи халли онхо)-ро мегузаранд;

- раванди халли вазифахои таълимй тавре ташкил карда мешавад, ки дар даврахои гуногуни он донишчуён накшхои аъзои гурухи корй ва экспертиро ичро мекунанд;

- устод дар ин вазъият накши ташкилотчии раванди дарккунй ва мубохисаро ичро мекунад.

Татбики чадвали мазкур кобилиятро талаб мекунад. Албатта, хангоми татбики он душворихо, аз кабили тагйир ёфтани накши устодон, кобилияти аз тарафи донишчуён дарк карда натавонистани халли вазифа ва гайрахо ба миён меоянд. Донишчуён одат кардаанд, ки вазифахои маърифатиро хал накарда, донишхои тайёрро азбар намоянд. Барои устодон бошад, назар ба ташкил кардани раванди дарки маърифатии донишчуён хондани лексия осонтар аст.

Ба андешаи мо, тайёр набудани аксарияти хайати профессорону устодон ба истифодаи методхои фаъоли таълим садди рохи ислохоти тахсилоти олии касбй гардидааст.

Омузгори муассисаи тахсилоти олии касбй бояд кобилияти аз нуктаи назари танкидй тахлил намудани фаъолияти касбии худ ва махорати худомузй дошта бошад.

Масъалаи ислохоти соха, пеш аз хама, ба муассисаи таълимй вобастагй дорад. Муассисаи таълимй бояд аз имконияти инноватсионй чихати ба раванди таълим ворид намудани технологияхои иттилоотй - коммуникатсионй ва методхои фаъоли таълим хамачониба истифода барад. Ворид намудани навгонихо дар он зохир мегардад, ки талаботи тагйир додани фаъолияти таълимй, банакшагирй ва татбики он аз тарафи муассисаи таълимй чй гуна анчом дода мешавад.

Гузариш ба муносибати босалохият дар таълим маънои дар амал татбик намудани навгонихои таълимиро дорад. Барои хамин, ба андешаи мо, ворид намудани навгонихоро ба раванди таълим аз омузонидани методхои нави идоракунй ба рохбарони муассисахои таълимии тахсилоти олии касбй шуруъ намудан лозим аст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Э.Ф. Зеер, Э.Э. Сыманюк Компетентностный подход к модернизации профессионального образования. Высшее образование в России. 2005, №4. - С. 23-30.

2.Зеер, Э.Ф. Компетентностный подход к образованию./Э.Ф. Зеер // Образование и наука. 2005, №3. - С. 27-40.

3.Стуф А., Мартенс Р., Мерринбер Й. Что есть компетенция?. Конструктивисткий подход как выход из замещательства. Превод с анлийского. Пер. с англ./ А. Стуф // Open University of the Netherlands, 2004 (Электронный ресурс) http://www.ht.ru / press/articles / print/art26.html.

4.Хуторской, А.В. Ключевые компетенции как компонент личностно - ориентированной парадигмы\ А.В. Хуторской // Народное образование. -2003, №5.С.58-61

REFERENCE:

1. Zeer, E.F., Symanyuk, E.E. Legally Qualified Approach into Modernization of Professional Education./ Zeer, E.F. - Higher Education in Russia, 2005, №4. - P. 23 - 30.

2. Zeer, E.F. Legally Qualified Approach to Education./E.F. Zeer.- Education and Science. 2005, №3(33). - P. 27 - 40.

3. Stuf, A., Martens R., Merrinber Y. What is Legally Qualified Approach? Constructive Approach as a Way out of Embarrassment. Translation from English \ A. Stuf.// Open University of the Netherlands, 2004 (Electronic resource) http://www.ht.ru / press/articles / print/art26.html.

4. Khutorskoy, A.V. Key Legally Qualified Approach as a Component of Individually Oriented Paradigm.\ A.V Khutorskoy. - People's Education. 2003, №2. - P. 58 - 61.

Андешахо перомуни ворид намудани муносибати босалохият дар раванди тахсилоти олии касбй

Вожа^ои калиди: муносибати босалохият, салохият, технологиями таълим, мундарицаи маълумоти педагоги,, щтидори инноватсионии низоми таълимй

Дар мацола масъалаи тацдиди тахсилоти педагогй мавриди баррасй царор гирифтааст. Зикр шудааст, ки солхои охир цустуцухои инноватсионй дар сохаи нигохдорй ва технологияи таълим аз доираи низоми ташаккулёфтаи тайёрии кадрхои педагогй хориц намешаванд,

бинобар ин боиси исло^оти бунёдии он намегарданд. Таъкид шудааст, ки татбщи амалии муносибати босалоуият дар таълим дар «Стратегияи рушди маориф барои сол^ои 2015-2020» ва стандартуои олии касбй инъикос ёфта бошад %ам, ин раванд ба мушкилот дучор шудааст. Муаллифони мацола цадвали ташаккули асосуои уалли вазифахои фаъолияти касбиро пешнщод кардаанд.

Проблемы внедрения компетентностного подхода в процесс высшего профессионального образования Ключевые слова: компетентностный подход, компетенция, образовательные технологии, содержание педагогического образования, инновационный потенциал образовательной системы В статье рассматривается проблема модернизации педагогического образования. Утверждается, что в последние годы инновационные поиски в области содержания и технологий обучения не выходят за рамки сложившейся системы подготовки педагогов, поэтому не ведут к ее коренному реформированию. Подчеркивается, что, хотя практическое внедрение компетентностного подхода в образовательном процессе отражено в «Стратегии развития образования на 2015-2020 годы» и в стандартах высшего образования, на пути его реализации возникают многочисленные трудности. Предложена схема формирования основы решения задач профессиональной деятельности.

The Problems of Engrafting Legally Qualified Approach into the Process of

Higher Education

Key words: legally qualified approach, competence, educational technologies, content of

pedagogical education, innovational potential of educational system The article dwells on the problem of modernization of pedagogical education. It is confirmed that for the latest years innovational quests in the field of tuition contents and technologies dont go out of the frames of the formed system of teachersл training, therefore, they dont lead to its radical reformation. It is underscored that though practical engrafting of legally qualified approach into educational process is reflected in "The Strategy of Education Development for 2015 - 2020" and in higher education standards, but on the way of its realization there arise numerous difficulties. The authors suggest a scheme of formation of a basis in regard to a solution of the goals beset with professional training. Маълумот дар бораи муаллифон:

Расулзода Алидод, доктори илмуои филология, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соуаи маорифи Вазорати маориф ва илми Чумуурии Тоцикистон

Цодиров Цодир Бозорович, доктори илмуои педагогика, мудири шуъбаи омузиши сиёсати тахсилоти Академияи тахсилоти Чумуурии Тоцикистон Сведения об авторах:

Расулзода Алидод, доктор филологических наук,начальник Государственной службы контроля в отрасли образования Министерства образования и науки Республики Таджикистан

Кодиров Кодир Бозорович, доктор педагогических наук, заведующий отделом изучения проблем политики образования Академии образования Республики Таджикистан Information about the authors:

Rasulzoda Alidod, Dr. of Philology, chief of state service monitoring in the branch of education under the Ministry of education and science of Tajikistan Republic

Kodirov, Kodir Bozorovich, Dr. of Pedagogy, chief of the department of the studies beset with the policy of education under the Academy of Education of Tajikistan Republic

УДК 372.8

А.А. АЗИЗОВ

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.