Научная статья на тему 'БАРРАСИИ МАСОИЛИ КИТОБУ КИТОБДОРӢ ДАР СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ'

БАРРАСИИ МАСОИЛИ КИТОБУ КИТОБДОРӢ ДАР СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
113
11
Читать
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПЕШВОИ МИЛЛАТ / КИТОБ / НАШРИ КИТОБ / НАШРИЁТ / МАТБАА / КИТОБХОНА / ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ / КИТОБХОН / ТАБЛИғИ КИТОБ / СУХАНРОНӢ / МУЛОқОТ / ЗИЁИЁН

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Шарифзода Фирдавс

Дар таҳқиқот дар заминаи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни кишвар, масъалаҳои мубрами китобу китобдорӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Муаллиф ишора мекунад, ки дар силсилавохӯриҳои Пешвои миллат бо намояндагони зиёиёни мамлакат бештар ба ҳаллу фасли масъалаҳои зер таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд: пажӯҳишу таҳқиқ ва ҳифзу гиромидошти осори хаттӣ; эҷоди осори баландғояву ҷавобгӯи талаботи давр; беҳтар намудани сатҳу сифати чопи китобҳо; ташкил намудани дукону мағозаҳои китобфурӯшӣ; густариши раванди китобхониву таъсиси китобхонаҳои нав; ҳамасола ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои чопи китобҳо аз фонди захиравии Президенти мамлакат; батанзимдарории фаъолияти китобхонаҳо; такмили фонди китобхонаҳо бо адабиёти тозанашр; тарғиби осори адибони тоҷик ва оммавигардонии хониш; таҳкими фаъолияти муассисаҳои табъу нашр; беҳтар намудани кори китобхонаҳо ва ғайраҳо. Ба андешаи муаллиф баргузории ҳар як мулоқоти Президенти мамлакат бо аҳли зиёи кишварро метавон ҳамчун барномаи мукаммали бунёдӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами фаъолияти китобдорӣ арзёбӣ намуд. Ҳамзамон дар таҳқиқот қайд гардидааст, ки кулли масоили дар мулоқотҳо баррасишуда таҳти назорати бевоситаи Пешвои миллат қарор гирифта, тавассути таҳияи нақша-чорабиниҳо ва ҳидояту ғамхориҳои пайвастаи Сардори давлат дар амал татбиқ шудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
Предварительный просмотр
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

STUDY OF THE ISSUES OF BOOK AND LIBRARY BUSINESS IN THE SPEECH OF THE LEADER OF THE NATION

In a study based on the speech of the President of the Republic of Tajikistan, the Founder of Peace and National Unity - the Leader of the Nation, respected Emomali Rahman, at a meeting with representatives of the country's intelligentsia, topical issues of books and librarianship were studied. The author points out that in a series of meetings of the Leader of the Nation with representatives of the country's intelligentsia, more attention was paid to solving the following issues: research and preservation of written sources; creation of highly ideological works that meet the requirements of the time; raising the level and quality of book printing; organization of bookstores; expansion of the reading process and the discovery of new libraries; annual allocation of funds necessary for printing books from the reserve fund of the President of the country; regulation of the activities of libraries; acquisition of the library fund with newly published literature; promotion of creativity of Tajik writers and popularization of reading; strengthening the activities of publishing institutions; improving the work of libraries, etc...In a study based on the speech of the President of the Republic of Tajikistan, the Founder of Peace and National Unity - the Leader of the Nation, respected Emomali Rahman, at a meeting with representatives of the country's intelligentsia, topical issues of books and librarianship were studied. The author points out that in a series of meetings of the Leader of the Nation with representatives of the country's intelligentsia, more attention was paid to solving the following issues: research and preservation of written sources; creation of highly ideological works that meet the requirements of the time; raising the level and quality of book printing; organization of bookstores; expansion of the reading process and the discovery of new libraries; annual allocation of funds necessary for printing books from the reserve fund of the President of the country; regulation of the activities of libraries; acquisition of the library fund with newly published literature; promotion of creativity of Tajik writers and popularization of reading; strengthening the activities of publishing institutions; improving the work of libraries, etc. According to the author, each meeting of the President of the Republic with the intelligentsia of the country can be assessed as a completed fundamental program in terms of solving the pressing issues of library activities. At the same time, the study noted that all issues discussed at the meetings were under the direct control of the Leader of the Nation and were implemented through the development of an action plan and constant guidance and care from the head of state.

Текст научной работы на тему «БАРРАСИИ МАСОИЛИ КИТОБУ КИТОБДОРӢ ДАР СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

ТДУ 02:323 (575.3)

БАРРАСИИ МАСОИЛИ КИТОБУ КИТОБДОРЙ ДАР СУХАНРОНЩОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Шарифзода Ф.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни

Сохибистиклолии кишвар барои рушду нумуи сохахои мyхталифи хаёти чомеа шароитхои мусоидро фарохам овард. Дар радифи дигар сохахои фарханги миллй ба рушди сохаи китобдорй ва хифзу гиромидошти мероси хаттй таваччухи хосса зохир карда шуд. Бахусус масоили мубрами сохаи китобдорй ва нашру таргиби адабиёти ниёзи хониш дар суханронихои Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар мулокот бо намояндагони зиёиёни мамлакат пайваста мавриди баррасй карор гирифтаанд. Масалан, дар вохурии дуюми Президенти мамлакат бо намояндагони зиёиёни кишвар, ки 20 марти соли 2001 тахти унвони «Фарханг хастии миллат аст» баргузор гардид, ба вазъи вокеии тамоми пахлухои фарханги миллй, аз чумла омодасозию интишор ва омузишу таргиби осори чопй, вокеъбинона бахо дода шуд.

Дар ин вохурй Пешвои миллат оид ба яке аз шохасархои дорои ахамияти умумибашарй - китоби мукаддаси «Авесто» маълумот дода, таъкид карданд, ки «арзиши фархангиву маънавии ин шохкорй то хол хаматарафа дарк ва арчгузорй нашудааст» [10, с.524]. Дар баробари ин, дар ин мулокот Пешвои миллат ба масъалаи сатху сифати чопи китобхо ва умуман фаъолияти ноширй дар чумхурй таваччух зохир карда, аз вазъи ногувори чопхонаву муассисахои интишорй изгори нигаронй карданд: «Масъалаи заминаи табъу нашри китоб ва воситахои ахбори омма, таъминот бо маводи зарурии чоп, умуман вазъияти кунунй ва пешомадхои саноати полиграфй низ ташвишангез мебошад. Вазъияти чопхонахои марказй, истифодаи самарабахши иктидори онхоро омухта, барои ташкилу танзими фаъолияти онхо тадбирхо андешидан лозим аст» [10, с.535]. Х,амзамон, дар ин вохурй Президенти мамлакат ба вазъи вокеии муассисахои фархангй, аз чумла китобдориву китобфурушй ва осорхонаву клубхои дехот бахои муносиб дода, ишора карданд, ки «Дар пойтахтамон шахри Душанбе такрибан дукони замонавии китобфуруширо пайдо кардан душвор аст. Миллати сохибфарханги бостонй имруз муассисахои китобдориву китобфуруширо аз даст додааст. Дар мамлакат 1463 китобхона, 28 осорхона, 1096 хонаи маданияту клубхо ба ном мавчуд буда, дар онхо хазорон нафар китобдор, кормандони осорхона, хизматчиёни хонахои маданияту клубхо гуё фаъолият мекунанд. Вале ин муассисахо дар кадом холатанд, кормандони онхо оё бо кори касбии худ машгуланд, касе намедонад» [10, с. 53б].

Дар вохурии соли 2002 Президенти мамлакат аз натичаи яксолаи халлу фасли проблемами фарханги миллии дар вохурии каблй баррасишуда ёдрас шуда, каноатмандона изхор карданд, ки зиёиёни кишвар, олимону нависандагон, охангсозону санъаткорон, актёрону режиссёрон, ноширон ва рузноманигорон, хулоса хамаи равшанфикрони чомеа барои пешрафти сохахои гуногуни фарханги миллй захмат кашиданд ва барои то дарачае бехтар шудани корхо кушиш намуданд. «...бо гузашти як сол метавон гуфт, ки баъди мулокоти мо чи дар чараёни омодагй ва гузаронидани чашни дахсолагии истиклолияти Точикистон ва чи баъд аз он, дар сохахои асосии илму фарханг корхои чиддй сурат гирифтанд. Як силсила асархои нав ва чолиб ба вучуд омаданд, ки ифодакунандаи рухи замони истиклолият ва тачассумкунандаи ифтихори таърихию миллии мо мебошанд. Дар асархои ба мардум пешкашнамудаи адабй ва фархднгй мавзуъхое, ки ба худогохии миллй марбутанд, бештар инъикос гардиданд» [В].

Дар мулокоти соли 2006 Президенти мамлакат дар радифи баррасии масъалахои мубрами фарханги миллй таваччухи адибонро ба эчоди асархои баландгояву чавобгуи талаботи давр, инъикоскунандаи дастовардхои замони истиклолият, таблигкунандаи арзишхои милливу умумибашарй, чалб намуда, таъкид карданд, ки: «Солхои охир нашри китобхои адибон аз хисоби маблагхои фонди захиравии Президент бехтар шуд. Ин раванд дар оянда низ вусъат меёбад. Вале маблагхои чудошударо ба манфиати адабиёт окилона истифода бурдан, асархои сазоворро интихоб ва чоп кардан аз рохбарони Иттифоки

нависандагон ва масъyлонy кормандони нашрияхо мyносибати чиддй мехохад. Имруз майдони сyхан барои ахли эчод фарох аст. Шумо асархои баландFоя эчод намоед, онхо албатта бо дастгирии хукумат нашр хоханд шуд. Эчоди асархои пурмазмун ва таблиFкyнандаи арзишхои волои милливу умумибашарй барои тарбияи кудакону наврасон хеле мухим мебошад. Дар вохурихои гузашта мо дар масъалаи аз фаъолият мондан ё нест шудани дукону маFOзахои кито6Фурушй изхори нигаронй доштем. Дар давоми як сол бо супориши Президент дар марказхои аксари шахру нохияхо 86 маFOзаи фуруши китоб сохта ба истифода дода шуд. Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки китобхонаву дуконхои фуруши китоб набояд барои худнамой ва фиреби назар вучуд дошта бошанд. Дар масъалаи ба эътидол овардани фаъолияти китобхонахои оммавй низ рохбарони шахру нохияхо, шуъбахои фархангу маориф ва сарварони мактабхои умумй бояд муносибати чиддй дошта бошанд. Ба он муваффак шудан лозим аст, ки хамаи муассисахои таълимй сохиби китобхонаи алохида гарданд, то фарзандони мардум аз мутолиаи асархои илмиву адабй бахра бардоранд ва Fизои маънавй гиранд» [9].

Хамчунин дар ин мулокот ба Вазорати фарханг супориш дода шуд, ки дар баробари ташкили дурусти татбики "Барномаи давлатии рушди китобдорй барои солхои 2006-2015" чихати аз дастовардхо ва пешрафтхои илми чахонй саривакт бархурдор гардидани зиёиён ва олимону донишчуён механизми ба Китобхонаи миллии Точикистон ворид намудани адабиёту асархои навини илмиро тахия карда, ба хукумат пешниход манзур намояд. Ба хотири хифзу нигохдорй ва гирдоварии осори гаронбахои фархангй ва мероси нодири таърихии миллат ба Хукумати кишвар низ супориш дода шуд, ки лоихаи бинохои нави Китобхонаи миллии Точикистон ва Осорхонаи миллии Точикистонро, ки чавобгуи меъёрхои муосир бошанд, тахия намуда, дар бораи чои сохтмон ва манбаи маблаFгyзории онхо пешниходи дахлдор манзур намояд [9].

Дар вохурии соли 2007 ба Академияи илмхо, вазоратхои маориф, фарханг, Иттифоки нависандагон ва дигар макомоти дахлдор супориш дода шуд, ки чихати мувофики талаботи замон омода кардан ва аз чоп баровардани китобхои дарсй, тахия ва нашри «^омуси бузурги миллй» (Энсиклопедияи миллии точик), Фарханги мукаммали забони точикй, осори адибони классик ва муосири точик дар 50 чилд, тадбирхои мушаххас андешанд. Хамзамон бо пешниходи Пешвои миллат силсилаи осори адибони классику муосири точик - ба унвони «Ахтарони адаб» номгузорй карда шуд [3].

Дар мулокоти соли 2008 Президенти мамлакат ба накшу макоми китоб хамчун шиносномаи миллат ва сарчашмаи илму маърифат бахои баланд дода, оид ба эчоди асархои мондагор ва нашру пахннамоии онхо андешахои чолиб баён намуданд. «Бояд корро тарзе ба рох монд, ки китобхои чопшуда дар анборхо бехуда нахобанд, ба ниёзмандон чи дар шахрхо, чи дар нохияхо дастрас гарданд, ба марказхои точикону форсизабонони дунё рох ёбанд ва таблет шаванд. Китобхое бояд ба нашр расонд, ки рисолати таърихии миллатро рушан намоянд, неруи зехниро бедор кунанд, моро ба донишандузию чахоншиносй бихонанд, оташи мухаббатро ба Ватан, обу хоки поки он, рамзхои мукаддаси миллй дар дили мардум барафрузанд. ... Хонандаи мо имруз зиёдтар ба асархое ниёз дорад, ки дастовардхои даврони истиклолият, кору пайкори кахрамонони сохтмонхои бузурги кишварамонро бо хакикатнигорй ва завки баланди бадей инъикос менамоянд. Ба хотири он, ки наслхои оянда аз корномаи падарону бобоёни шучои худ ба нафъи Точикистони сохибистиклол огох бошанд, асархои арзанда ва мондагор бояд офарид» [4].

Хамзамон дар мулокот кайд гардид, ки сифати таълиму тарбия аз мактабхои миёна сар карда то мактабхои олй дар сатхи паст карор дорад ва яке аз масъалахои дигари ташвишовар сол ба сол таназзул ёфтани муассисахои томактабй, аз мутолиа ва китобхонй дур мондани хурдсолону наврасон мебошад, мутаассифона, бисёр дуконхои фуруши китоб, рузномаву мачаллахо аз байн рафтаанд, хануз хам масъалаи дар шахру нохияхо ва марказхои серахолй кушодани дукону маFOзахои китоб ва аз пойтахт ба вилояту шахрхо бурдани асархои тозанашр пурра хал нашудааст. Бинобар ин, вазоратхои фарханг, маориф ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатй вазифадор карда шуданд, ки барои боз хам зиёд кардани теъдод ва фаъол гардонидани маFOзахои савдои китоб, таъмини пайвастаи онхо бо китобу мачаллахои тозанашр бояд тадбирхо андешида, дар банди алохидаи бучети махаллй барои мукаммалгардонии фонди китобхонахо маблаFхои махсусро чудо намояд [4].

Дар вохурии соли 2009 ба хотири конеъ намудани эхтиёчи мардум ба китоб Президенти мамлакат ба ахли зиё бо чунин дархост мурочиат намуданд: «Бешубха, дар китобхонахои шахсии шумо асархои зиёде махфузанд, ки истифода кардаед ва метавонед онхоро ба хотири бахрабардории дигарон ва гизои маънавй гирифтани хусусан чавонон ба китобхонахои оммавй, сохавй ва муассисахои таълимии мамлакат такдим намоед. Ин кори хайри шумо ба рушди донишу маърифат дар чомеа мусоидат менамояд ва дар натича хама бурд хоханд кард. Умедворам, ки ин даъват мавриди дастгирии хамачонибаи шумо карор хохад гирифт» [5].

Соли 2012 мулокоти Президенти Чумхурии Точикистон бо намояндагони зиёиёни мамлакат дар маросими ифтитохи Китобхонаи миллии Точикистон баргузор гардид ва дар ин вохурй, кабл аз хама, максаду вазифахои муассисаи мазкур бехтару бештар муаррифй шуд. Аз чумла, Пешвои миллат кайд карданд, ки: «Китобхонаи нав хамчун маркази бузурги илму фарханг дар чамъовариву нигахдорй ва таргиби мачмуи аснод бо истифода аз имкониятхои электронй, савтй ва дастёбй ба захирахои шабакаи чахонии интернет тамоми шароити мусоидро фарохам меорад. Масохати умумии китобхона кариб 45 хазор метри мураббаъро ташкил медихад. Китобхона дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигохдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотй, хучрахои маъмурй, мачлисгоххо ва толорхои баргузории чаласахо, симпозиуму конфронсхо, чопхонаву лабораторияхои тармими китобхо, бахшу шуъбахои корй ва дигар шабакахои хизматрасонист, ки хамаи онхо ба талаботи меъёрхои хозиразамон чавобгу мебошанд. Илова бар ин, дар китобхона толорхои хониши электронй мавчуданд, ки бо тачхизоту технологияхои муосир мучаххазанд ва бо китобхонахои мамолики пешрафтаи дунё робита доранд» [2].

Дар вохурии соли 2014 Сарвари давлат натичаи корхои ба анчомрасидаро дар самти бунёду азнавсозй ва таъмиру тармими муассисахои фархангй бо ракамхои мушаххас баён карданд. Аз чумла, таъкид карда шуд, ки «Панч-шаш соли пеш шумо, зиёиёни мухтарам, хангоми мулокот аз мо хохиш мекардед, ки дар пойтахт ва дигар шахру нохияхои мамлакат китобхона, магозахои китобфурушй ва дигар муассисахои фархангй бунёд намоем ва муассисахои таъмирталабу фарсударо таъмиру тачдид кунем. Ман имруз ба иттилои шумо мерасонам, ки дар тули факат панч соли охир дар мамлакат 13 касри фархангй, 5 осорхона, 13 китобхона, 60 магоза ва дуконхои китобфурушй, аз чумла Китобхонаи миллй барои 10 миллион нусха китоб, ки бо тамоми шароити муосир яке аз махзанхои бузурги илму дониш мебошад, инчунин Осорхонаи миллй сохта шуда, 305 китобхона ва 105 касри фархангй аз таъмир бароварда шуд» [7]. Дар робита ба ин Пешвои миллат ахли зиё ва эчодкоронро вазифадор карданд, ки харчи бештар эчод кунанд, наврасону чавононро ба дуст доштани китоб, омухтани илму дониш ва расидан ба кадри мероси ниёгон, аз чумла Мавлоно Ч,омй ва дигар бузургони гузаштаву имрузаи халкамон, ки вокеан хазинаи бебахо ва ифтихори мо мебошанд, ташвику дилгарм созанд ва завки китобхониро дар калби онхо тарбия намоянд.

Президенти мамлакат, хамзамон дар ин мулокот ба яке аз масъалахои мухимми руз -татбики хадафхои миллй дар шароити чахонишавй ва рушди технологияи муосир ахаммияти хосса доданд. Мухим будани мавзуъро Пешвои миллат чунин шарх доданд: «Дар замони кунунй, замони босуръати чахонишавй ва рушди бемисли илму техника накши зиёиён беш аз пеш меафзояд ва мохияти тоза касб менамояд. Дар чунин шароит зиёиён хамчун неруи бунёдкори чомеа бояд барои дарки хадафхои миллй ва давлатдорй омода бошанд, мардумро ба шохрохи бузург ва созанда хидоят намоянд, намунаи садокат ва фидокорй ба Ватани ачдодй бошанд» [7]. Ба андешаи Пешвои миллат, дарку таргиб ва амалисозии хадафхои миллй мухимтарин рисолати ичтимоии зиёй дар мархалаи рушди устувори Точикистон ба шумор меравад ва ин рисолат дар замони чахонишавй ахамияти зиёди давлатиро касб мекунад. Барои тахким бахшидан ба асосхои давлатдории сохибихтиёр ва таквияти хувияти миллй иктидори зехнии зиёиён бояд хамчун неруи сарчамъкунандаи талошхои созандаи мардуми Точикистон зухур намояд. Дар баробари ин, Президенти мамлакат густариш додани истифодаву корбурди забони точикй дар шабакаи чахонии интернет, бахусус ташаббуси неки дар ин шабака пайдо шудани «Википедияи точикй»-ро бисёр мухим арзёбй намуда, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии точик супориш доданд, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин комуси чахонии электронй ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис дихад. Хамчунин ба рохбарияти Иттифоки нависандагон, Академияи илмхо

ва Китобхонаи миллй супориш дода шуд, ки барои дар сатхи чахонй муаррифй намудани асархои саромадони адабиёти гузашта ва муосири Точикистон аз шабакаи интернет васеъ истифода намоянд [7].

Дар мулокоти соли 2015 Президенти мамлакат ба вазъи вокеии адабиёти бадей ва рушду такомули минбаъдаи он бахои сазовор дода, таъкид карданд, ки «инъикоси дурусти гояхои истиклолияти давлатй бояд мухимтарин вазифаи адабиёт дар даврони истиклолият бошад. Вобаста ба ин, бояд таблиги гояхои истиклолияти давлатй, вахдати миллй, тахкими суботи сиёсй, инъикоси дурусти зиндагии мардум ва рушди рузафзуни Точикистон вазифаи мукаддасу мехварии адабиёт ва адибони точик карор гирад... Вале холисонаву мунсифона бояд гуфт, ки адабиёти мо аз замона кафо монда, хамаи комёбихои даврони истиклолият хануз пурра ва дар пахнои манфиатхои имрузу фардои миллат ва давлат инъикоси бадей наёфтаанд» [6]. Аз чумла кайд гардид, ки оид ба мавзуъхои сохтмони иншооти бузургу такдирсози кишвар ва умуман раванди ободкориву созандагй асархои бадей кам таълиф ёфта, проблемахои мухимми ичтимой ва маънавй хамачониба инъикос намеёбанд. Вобаста ба ин Сарвари давлат таъкид карданд: «Вакти он расидааст, ки адибони точик бештар ба тахияи маколахои публисистй ва очеркхои проблемавй даст зада, мардумро аз руйдодхои кишвар, дастовардхои диёри азизамон, масъалахои руз ва хатархои дахшатбори замонаи ноором огох созанд. Х,амчунин, фаъолияти адибон дар инъикоси захмати содиконаву софдилонаи сокинони дехот, аз чумла кишоварзон кам ба мушохида мерасад. Бинобар ин, ба адибон мурочиат менамоям, ки аз зиндагии имруза кахрамонхои худро дарёфт намуда, симои шахсиятхои барчастаи ичтимоиеро, ки дар хаёти муосир накши фаъол доранд, дар асархои худ тасвир созанд ва дастовардхои Ватани махбубамонро харчи бештар тачассум гардонанд» [6].

Рохбари давлат дар вохурии навбатй дар мулокот бо намояндагони зиёиёни кишвар, ки 18 марти соли 2020 баргузор шуд, пешравихои бадастомадаро натичаи саъю кушиши ахли зиёи мамлакат дониста, кайд намуданд, ки баъди ба даст овардани истиклолияти давлатй, мо дар баробари эхёи арзишхои писандидаи Наврузи Ачам, мулокоти Рохбари давлатро бо ахли зиё - олимону донишмандон, адибону эчодкорон, намояндагони маориф ва санъату хунар ба хукми анъана даровардем, то бо кору фаъолияти онхо ошно гардида, масъалаву мушкилоти халталабро мавриди тахлилу баррасй карор дихем. Дар баробари ин, Пешвои миллат зикр карданд, ки зиёиёни кишвар дар муддати кариб се дахсолаи охир дар тахкими давлатдории навини точикон, муаррифии таъриху фарханги миллй, адабиёти оламшумул ва санъату хунар сахми муносиб гузоштаанд. Х,амзамон, Пешвои миллат дар ин вохурй, тачрибаи ба Китобхонаи миллии Точикистон супоридани китобхонаи шахсии олимону адибони фавтидаро амали неку дурандешона арзёбй карда, аз олимони калонсол, фарзандони донишмандон ва хамаи зиёиён даъват ба амал оварданд, ки китобхонахои худро ба Китобхонаи миллй супоранд, то ки дигарон низ аз онхо истифода карда, манфиат бинанд ва гизои маънавй гиранд [1].

Х,амин тавр, вохурихои Президенти мамлакат бо намояндагони зиёиёни кишвар, ки хамасола дар арафаи тачлили яке аз чашнхои бузурги миллиамон - Нарузи байналмилалй баргузор мегардад, барои баррасии масъалахои мубрами китобу китобдорй пайваста мусоидат намуда, имкон медихад, ки чихати тахкими заминаи моддиву техникии муассисахои китобдорй барномаву лоихахои нав тархрезиву татбик карда шаванд.

Адабиёт

1. Раумон, Э. Суханронии Президенти Цумуурии Тоцикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Раумон дар вохурй бо олимони кишвар, 18.03.2020, шаури Душанбе [Манобеи электронй]. - Рецаи дастрасй: http://www.president.tj/node/22643 (санаи истифода: 27.05.2022).

2. Раумон, Э. Суханронй дар мулоцот бо зиёиёни кишвар ва маросими ифтитоуи Китобхонаи миллй, 20.03.2012, шаури Душанбе [Манобеи электронй]. - Рецаи дастрасй: http://www.president.tj/node/224 (санаи истифода: 07.04.2022).

3. Раумон, Э. Суханронй дар мулоцот бо намояндагони зиёиёни мамлакат, 20.03.2007, шаури Душанбе [Манобеи электронй]. - Рецаи дастрасй: http://www.president.tj/node/303 (санаи истифода: 04.02.2022).

4. Раумон, Э. Суханронй дар мулоцот бо намояндагони зиёиёни мамлакат, 19.03.2008, шаури Душанбе [Манобеи электронй]. - Рецаи дастрасй: http://www.president.tj/node/304 (санаи истифода: 10.03.2022).

5. Раумон, Э. Суханронй дар мулоцот бо намояндагони зиёиёни мамлакат дар мавзуи « Цомеа ва рисолати зиёй», 20.03.2009, шаури Душанбе [Манобеи электронй]. - Рецаи дастрасй:

http://www.president.tj/node/305 (санаи истифода: 28.03.2022).

6. Раумон, Э. Суханронй дар мулоцот бо зиёиёни мамлакат, 19.03.2015, шаури Душанбе [Манобеи электронй]. - Рецаи дастрасй: http://www.president.tj/node/8461(санаи истифода: 06.05.2022).

7. Раумон, Э. Суханронй дар мулоцоти наврузй бо зиёиёни кишвар, 20.03.2014, шаури Душанбе [Манобеи электронй]. - Рецаи дастрасй: http://www.president.tj/node/6377 (санаи истифода: 06.05.2022).

8. Раумонов, Э. Суханронй дар мулоцот бо намояндагони зиёиёни мамлакат: 20.03.2002, шаури Душанбе [Манобеи электронй]. - Рецаи дастрасй: http://president.tj/node/6697 (санаи истифода: 07.01.2022).

9. Раумонов, Э. Суханронй дар мулоцот бо намояндагони зиёиёни мамлакат: 18.03.2006, шаури Душанбе [Манобеи электронй]. - Рецаи дастрасй: http://www.president.tj/node/302 (санаи истифода: 26.01.2022).

10. Раумонов, Э. Фаруанг уастии миллат аст: суханронй дар мулоцот бо намояндагони зиёиёни мамлакат, 20 марти соли 2001 //Раумонов, Э. Тоцикистон: дау соли истицлолият, ваудати миллй ва бунёдкорй [Матн]: Иборат аз се цилд. Цилди 3 /мураттиб С. Фаттоев. - Душанбе: Ирфон, 2001. -702 с.

БАРРАСИИ МАСОИЛИ КИТОБУ КИТОБДОРЙ ДАР СУХАНРОНИХОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар тахкикот дар заминаи суханронихои Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар мулокот бо намояндагони зиёиёни кишвар, масъалахои мубрами китобу китобдорй мавриди омузиш карор гирифтааст. Муаллиф ишора мекунад, ки дар силсилавохурихои Пешвои миллат бо намояндагони зиёиёни мамлакат бештар ба халлу фасли масъалахои зер таваччух зохир карда шуд: пажухишу тахкик ва хифзу гиромидошти осори хаттй; эчоди осори баландгояву чавобгуи талаботи давр; бехтар намудани сатху сифати чопи китобхо; ташкил намудани дукону магозахои китобфурушй; густариши раванди китобхониву таъсиси китобхонахои нав; хамасола чудо намудани маблагхои зарурй барои чопи китобхо аз фонди захиравии Президенти мамлакат; батанзимдарории фаъолияти китобхонахо; такмили фонди китобхонахо бо адабиёти тозанашр; таргиби осори адибони точик ва оммавигардонии хониш; тахкими фаъолияти муассисахои табъу нашр; бехтар намудани кори китобхонахо ва гайрахо. Ба андешаи муаллиф баргузории хар як мулокоти Президенти мамлакат бо ахли зиёи кишварро метавон хамчун барномаи мукаммали бунёдй чихати халли масъалахои мубрами фаъолияти китобдорй арзёбй намуд. Дамзамон дар тахкикот кайд гардидааст, ки кулли масоили дар мулокотхо баррасишуда тахти назорати бевоситаи Пешвои миллат карор гирифта, тавассути тахияи накша-чорабинихо ва хидояту гамхорихои пайвастаи Сардори давлат дар амал татбик шудаанд.

Калидвожахо: Пешвои миллат, китоб, нашри китоб, нашриёт, матбаа, китобхона, фаъолияти китобдорй, китобхонй, таблиги китоб, суханронй, мулокот, зиёиён.

ИССЛЕДОВАНИЕ ВОПРОСОВ КНИГИ И БИБЛИОТЕЧНОГО ДЕЛА В ВЫСТУПЛЕНИЯХ ЛИДЕРА НАЦИИ

В исследовании на основе выступления Президента Республики Таджикистан, Основоположника мира и национального единства - Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмана на встрече с представителями интеллигенции страны изучались актуальные вопросы книги и библиотечного дела. Автор указывает, что в серии встреч Лидера нации с представителями интеллигенции страны большее внимание уделялось решению следующих вопросов: исследование и сохранение писменных источников; создание высокоидейных произведений, отвечающих требованиям времени; повышение уровня и качества книгопечатания; организация книжных магазинов; раширения процесса чтения и открытие новых библиотек; ежегодное выделение средств, необходимых для печатания книг, из резервного фонда Президента страны; регулирование деятельность библиотек; комплектование библиотечного фонда внов изданной литературой; пропаганда творчества таджикских писателей и популяризация чтения; укрепление деятельность издательских учреждений; совершенствование работы библиотек, и т.д. По мнению автора, каждую встречу Президента республики с интеллигенцией страны можно оценить как завершенную фундаментальную программу с точки зрения решения насущных вопросов библиотечной деятельности. В то же время в исследовании отмечено, что все вопросы, обсуждавшиеся на встречах, находились под непосредственным контролем Лидера нации и претворялись в жизнь посредством разработки план-мероприятий и постоянного руководства и заботы со стороны глава государства.

Ключевые слова: Лидер нации, книга, книжное издание, издательство, типография, библиотека, библиотечная деятельность, чтение, пропаганда книги, выступление, встречи, интеллигенция.

STUDY OF THE ISSUES OF BOOK AND LIBRARY BUSINESS IN THE SPEECH OF THE LEADER OF THE NATION

In a study based on the speech of the President of the Republic of Tajikistan, the Founder of Peace and National Unity - the Leader of the Nation, respected Emomali Rahman, at a meeting with representatives of the country's intelligentsia, topical issues of books and librarianship were studied. The author points out that in a series of meetings of the Leader of the Nation with representatives of the country's intelligentsia, more attention was paid to solving the

following issues: research and preservation of written sources; creation of highly ideological works that meet the requirements of the time; raising the level and quality of book printing; organization of bookstores; expansion of the reading process and the discovery of new libraries; annual allocation of funds necessary for printing books from the reserve fund of the President of the country; regulation of the activities of libraries; acquisition of the library fund with newly published literature; promotion of creativity of Tajik writers and popularization of reading; strengthening the activities of publishing institutions; improving the work of libraries, etc. According to the author, each meeting of the President of the Republic with the intelligentsia of the country can be assessed as a completed fundamental program in terms of solving the pressing issues of library activities. At the same time, the study noted that all issues discussed at the meetings were under the direct control of the Leader of the Nation and were implemented through the development of an action plan and constant guidance and care from the head of state.

Keywords: Leader of the nation, book, book publishing, publishing house, printing house, library, library activities, reading, propaganda of the book, speech, meetings, intelligentsia.

Дар борам муаллиф

Шарифзода Фмрдавс

Номзади илмхои таърих, докторанти кафедраи таърихи халки точик Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи С. Айнй

734003 Ч,умхурии Точикистон, ш. Душанбе, х. Рудакй, 121 Тел.: (+992) 918 81 84 70 E-mail: sharifzoda-f@mail.ru

Об авторе

Шарифзода Фмрдавс

Кандидат исторических наук, докторант кафедры истории таджикского народа Таджикский государственный педагогический университет имени С. Айни 734003, Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр. Рудаки, 121 Тел.: (+992) 918 81 84 70 E-mail: sharifzoda-f@mail.ru

About the author

Sharifzoda Firdavs

Candidate of History, doctoral student of the Department of History of the Tajik people Tajik State Pedagogical University named after S. Ayni

734003, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave., 121 Ph.: (+992) 918 81 84 70 E-mail: sharifzoda-f@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.