Научная статья на тему 'ОМӮЗИШИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГИИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ПАРТАВИ СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁНИ КИШВАР'

ОМӮЗИШИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГИИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ПАРТАВИ СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁНИ КИШВАР Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
1020
50
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН / ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ / САНЪАТ / МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ / ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ МЕЪМОРӢ / қАЛЪА / МАқБАРА / СУХАНРОНӢ / МУЛОқОТ / ЗИЁИЁН

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Шарифзода Фирдавс

Дар мақола дар заминаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни кишвар масъалаҳои ҳифзи мероси таърихӣ-фарҳангии халқи тоҷик мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Муаллиф ишора мекунад, ки ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба мероси таърихӣ-фарҳангии халқи тоҷик ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошт ва маҳз ба шарофати ғамхориҳои доимии Пешвои миллат дар як муддати кӯтоҳ дар самти омӯзишу таҳқиқи ин мерос, маблағгузории таҳқиқотҳои бостоншиносӣ, эҳё ва тармиму таҷдиди силсилаи ёдгориҳои беназири таърихиву меъморӣ, ободсозии мақбараву қалъаҳои қадима, барқарор намудани номҳои таърихӣ ва ба номи шахсиятҳои барҷастаи миллӣ иваз кардани шаҳру ноҳияҳо ва ғайраҳо, корҳои назаррасу шоёни таҳсин иҷро шудаанд. Ҳамзамон дар мақола қайд шудаааст, ки дар вохӯриҳои Пешвои миллат бо намояндагони зиёиёни мамлакат натоиҷи чорабиниҳои пешбинишуда ва корҳои анҷомдода дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардида, дурнамои ҳалли мушкилоти ҷойдошта муайян карда мешавад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

STUDYING THE HISTORICAL AND CULTURAL HERITAGE OF THE TAJIK PEOPLE IN THE LIGHT OF THE LEADER OF THE NATION'S SPEECH AT MEETINGS WITH THE COUNTRY'S INTELLIGENTSIA

In the article, based on the speeches of the President of the Republic of Tajikistan, the Founder of Peace and National Unity - the Leader of Nations, the respected Emomali Rahmon, at a meeting with a meeting of the country's intelligentsia, issues of protecting the historical and cultural heritage of the Tajik people are considered. The author points out that the solution of issues related to the historical and cultural heritage of the Tajik people has always been in the focus of attention of the Head of State, and it is thanks to the constant care of the Leader of the Nation that significant and approving work has been completed in the field of studying and researching this heritage, funding archaeological research in a short time , the revival and restoration of a number of unique monuments of history and architecture, the improvement of ancient mausoleums and fortresses, the restoration of historical names and the renaming of cities and regions of the republic in the names of outstanding national personalities, etc. At the same time, the article emphasizes that at the meetings of the Leader of the Nation with representatives of the country's intelligentsia, the results of the planned activities and work performed in the field of culture are discussed, and the prospects for solving existing problems are determined.

Текст научной работы на тему «ОМӮЗИШИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГИИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ПАРТАВИ СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁНИ КИШВАР»

ТДУ 9+8GG:323 (575.3)

ОМУЗИШИ МЕРОСИ ТАЪРИХЙ-ФАР^АНГИИ ХАЛЦИ ТО^ИК ДАР ПАРТАВИ СУХАНРОНИ^ОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУЛОЦОТ БО ЗИЁИЁНИ КИШВАР

Шарифзода Ф.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни

Сохибистиклолии кишвар барои рушду нумуи тамоми сохахои хаёти чомеа шароитхои зарyриро фарохам овард. Бахусус дар ин давра ба омузишу тахкики мероси таърихиву фархангии миллати точик таваччухи хосса зохир карда шуд. Халлу фасли масъалахои марбут ба мероси таърихиву фархангй хамеша дар маркази таваччухи Сарвари давлат карор дошт ва махз бо хидоятхои пайвастаи Пешвои миллат дар ин самт корхои назаррасу шоёни тахсин ичро шудаанд. Аз чумла, Президенти мамлакат дар вохурй бо намояндагони зиёиёни мамлакат (20 марти соли 2001) оид ба хифзу гиромидошти мероси таърихиву фархднгии миллати точик мулохизахои чолиб баён намуда, ишора карданд, ки «Шинохту гиромидошти мероси фархангии ниёгон, хифз кардану ба манфиати чомеаи имруза истифода намудани мероси таърихиву фархангии халк чун самти афзалиятноки сиёсати фархангии Хукумати Чумхурии Точикистон муайян шудааст» [9, с.523] ва аз чониби хукумати чумхурй «ба обод кардани ёдгорихои таърихй, макбараву оромгоххои шахсиятхои маъруф диккати аввалиндарача дода мешавад» [9, с.523].

Дар вохурихои Пешвои миллат бо намояндагони зиёиёни мамлакат натичаи накша-чорабинихои тархрезишуда ва корхои баанчомрасида дар сохаи фарханг мавриди баррасй карор гирифта, дурнамои халли проблемахои чойдошта муайян карда мешаванд. Масалан, оид ба ахаммияти баргузории вохурихои каблй Президенти мамлакат дар суханронй дар мулокот бо намояндагони зиёиёни мамлакат (2G.G3.2GG4) аз чумла чунин таъкид карданд: «Давлат аз чониби худ дар халли масъалахое, ки дар чараёни вохурии Президент бо зиёиён ба миён гузошта мешаванд, аз тамоми имкониятхо истифода мебарад. Масалан, баъди ду вохурие, ки дар арафаи Наврузи солхои 2001 ва 2002 доштем, Хукумати Точикистон дар асоси эроду пешниходот ва таклифу мулохизоти зиёиён карорхои дахлдор кабул намуд. Ва холо ба маълумоти шумо расониданй хастам, ки аз 80 супориши соли 2001 танхо яктои он ва аз накшаи чорабинихои соли 2002 факат се супориш ичро нашудааст, ки ин супоришхо низ дар мухлатхои наздиктарин ичро хоханд гашт. Таъсиси Консерваторияи миллй, тачлили 25GG-солагии Истаравшани бостонй, маблаггузории корхои чустучуйи археологй дар шахрхои Панчакенту Кулоб, яъне Саразм ва Хулбук, таъмир ва баркарор намудани як силсила ёдгорихои таърихиву меъморй, азнавсозии бинои театри ба номи устод Лохутй, ташкили дастахои хореографй ва гузаронидани озмуну фестивалхои гуногун, бузургдошти Рузи "Шашмаком" ва таъсиси ансамбли "Фалак", баркарор намудани номхои таърихй ва ба номи шахсиятхои барчастаи миллй иваз кардани шахру нохияхо, нашри беш аз сад китоби адибони точик, тарбияи мутахассисон барои сохахои илм, маориф ва санъат дар мактабхои олии кишвархои тариккикардаи чахон аз чумлаи корхое хастанд, ки дар ин муддат анчом дода шудаанд. Мо ин равандро идома мебахшем ва масъалахоеро, ки садди рохи густариши илму фарханг мегарданд, пайваста мавриди халлу фасл карор медихем» [5].

Дар мулокоти Президенти мамлакат бо зиёиёни кишвар (соли 2006) кайд гардид, ки хукумати мамлакат барои ободу зебо гардонидани мавзеъхои таърихй як катор корхои назаррасро ба анчом расонид, аз чумла пушонидани болои бозёфтхои нодири бостоншиносии шахри кадимаи Саразм, тармиму тачдид ва ободсозии макбараи Мир Саид Алии Хамадонй ва калъаи кадимаи Хулбук, ёдгорихои шахри бостонии Истаравшан ва калъаи кадимаи Хучанд. Дар баробари ин Президенти мамлакат хифзу гиромидошт, поку бегазанд нигох доштани ёдгорихои таърихй, бозёфтхои нодири бостоншиносй ва дигар осори гаронбахои миллиро хамчун яке аз рукни сиёсати фархангй бисёр мухим арзёбй намуда, аз вазъи ногувори хифзу нигохдории онхо изхори нигаронй карданд: «Мутаассифона, имруз як катор ёдгорихои нодири меъморй ва осори бостоншиносй ба холи худ гузошта шудаанд ё аз бемасъулиятии рохбарон харобу тороч шуда истодаанд. Имруз

вазифаи мукаддаси мову шумо - зиёиёни мухтарам, ки чароги рохнамо ва илхомбаxши бисёр ташаббусхои начиб мебошед, омyxтан, ташвику таргиб намудан, хифз кардан ва тармиму тачдиди кулли ёдгорихои таъриxй ва мероси фархангии миллатамон аст» [6]. Дар ин робита Пешвои миллат макомоти марбутаи давлатй, xyсyсан Вазорати фарханг, баxшхои вилоятй ва шахриву нохиявии он, Академияи илмхо, макомоти махаллии хокимияти давлатй, олимону зиёиён ва мyтаxассисони сохаи таъриxy фархангро вазифадор намуданд, ки чихати хифзу баркарорсозй ва ободу зебо нигох доштани ёдгорихои нодири таъриxй, тахкими фаъолияти осорxонахои милливу таъриxй ва омузишу тахкики мероси пургановати ниёгон тадбирхои мyшаxxас андешида, ташаббус нишон диханд.

Дар воxyрии соли 2007 Пешвои миллат таваччухи зиёиёни кишварро ба омузиши мероси таъриxивy фархангии миллати точик чалб намуда, таъкид карданд, ки: «Миллати точик, ки дар тули асрхо аз омузиши таъриxy фарханги бостонии xеш дар канор монда буд, баъди истиклолият ба омузиши даврахои давлатдории кадим ва наваш ниёзи бештар пайдо кард. ...дар айни хол доир ба тахкик ва кофтукови осори таъриxии ниёгони мо ба Академияи илмхо ва Института таъриxy бостоншиносй маблагхои кофй чудо кардем, ки дар натича рисолаву китобхои арзишманд нашр шуданд, ёдгорихои нодир ва осори бостонии асрхои гузашта бозёфт гардиданд. Олимони мо хам аз Истаравшану Панчакент, хам аз Кулобу Хулбук ва хам аз Саразму Таxти Сангин осори беназири фархангу таъриxи миллатро кашф карданд, ки ин хама гувохи раднопазири тамаддуни кухани миллати мо мебошад» [7]. Х,амчунин, дар ин мулокот кайд гардид, ки хукумати чумхурй дар давоми дах соли оxир барои хифз кардан ва тармиму баркарорсозии даххо ёдгорихои таъриxивy меъморй, аз чумла калъахои кухану осори меъмории Истаравшан, Хучанд, осори таъриxивy меъмории Панчакент, пушонидани болои шахристони кадимаи Саразм, хамчунин тармиму бозсозии калъаи Хулбук, ёдгорихои Таxти Сангин, макбарахои Мир Саид Алии Х,амадонй, Мазори Х,азрати Султон, чандин осорxонахо ва дигар ёдгорихои меъмориву таъриxй маблаги зиёд чудо кард. Барои ба фехристи ёдгорихои чахонии ЮНЕСКО ворид кардани чандин ёдгорихои нодири таърживу меъмории кишвар ва шохкории мусикии суннатии точик -«Шашмаком» як силсила корхо анчом ёфта, чандин китобу маълумотномахои мусаввари ёдгорихои Точикистон интишор гардиданд [7].

Соли 2009 мулокоти дахуми Президенти мамлакат бо намояндагони зиёиёни кишвар дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнй баъд аз тармиму азнавсозии бинои он баргузор гардид. Дар ин мулокот хамчунин кайд гардид, ки хифз ва истифодаи дурусти мероси таърикию фархангии xалкамон ва чашну суннатхои миллй яке аз масъалахои мухимми сиёсати фархангии кишвар дар шароити мураккаби чахони муосир махсуб ёфта, хар як шахраки кадима, калъа, оромгохи бузургон, тасвири руи санг бояд барои шахрвандони Точикистон азизу мукаддас бошад ва онхо хифз намудани ин мероси гаронбахоро вазифаи xyд шуморанд [7].

Дар мулокоти соли 2011 бо намояндагони зиёиёни мамлакат, ки ба истикболи чашни 20-солагии Истиклоли давлатии Точикистон рост омад, Пешвои миллат оид ба накши истиклол дар эхёи давлатдории миллй ва рушди тамоми сохахои хаёти чомеа, аз чумла фарханги миллй андешаронй намуда, ишора карданд, ки: «Истиклолият боиси эхёи мучаддади фарханги миллй гашта, мохият ва кудрати фархангсозии ин миллати бостониро муаррифй менамояд. Имруз инсоният аз фарханги ганиву кадимаи точикон бештар бахравар мешавад ва бо мурури замон он ба такмили афкору андешаи солиму арзишхои волои умумиинсонй мусоидат менамояд» [В]. Аз ин ру, ба андешаи Президенти мамлакат «огохй аз таъриxy фарханги xеш натанхо ифтиxори миллиро ба замона созгор месозад, балки ба тахкими робитаи тамаддунхо ва xалкхои гуногун, густариши тахаммулпазирию хамдигарфахмй заминаи вокей мегузорад» [В]. Х,амчунин дар ин мулокот масъалахои хифзи истиклолияти давлатй ва тахкими вахдати миллй, истифодаи мероси илмиву адабй ва арзишхои милливу умумибашарй дар таквияти раванди xyдогохивy xyдшиносии миллй, макому манзалат ва мавкеи зиёиён хамчун неруи аклонии кишвар ва хомии забону таъриx ва адабу фарханги миллй дар пешрафти хаёти чомеа, мавриди баррасй карор гирифтанд.

Солхои 2012-2013 мулокотхои Президенти Чумхурии Точикистон бо намояндагони зиёиёни мамлакат дар маросими ифтитохи ду иншооти бузурги фархангии кишварамон -Китобxонаи миллии Точикистон ва Осорxонаи миллии Точикистон баргузор гардиданд ва табиист, ки дар чунин воxyрихо, кабл аз хама, максаду вазифахои муассисахои навтаъсис

муаррифй мешаванд. Аз ин ру, Пешвои миллат бештар оид ба масъалахои китобу китобдорй ва нигохдорию муаррифии ёдгорихои таърихиву фархангй сухан гуфта, таваччухи ахли зиёро ба накшу макоми ин муассисахои фархангй дар боло бурдани сатхи маънавиёт, хисси худшиносиву худогохй, хифзу гиромидошти хотираи таърихй ва тарбияи зебопарастии чомеа чалб намуданд [3].

Дар мулокоти Президенти мамлакат бо намояндагони зиёиёни кишвар (20 марти соли 2017) кайд гардид, ки «рушди мунтазами сохаи фарханг, ки ба бехдошти дунёи маънавии инсон таъсири ами; гузошта, чахонбиниву тафаккур, зехну шуур, майлу рагбати зебоиписандй ва хунари эчодгариву анъанахои мардуми фархангсолори моро ташаккул медихад, дар маркази диккати хукумати мамлакат карор дорад. Зарур аст, ки ахли эчоди кишвар - олимон, ходимони адабиёт, театр, санъати тасвирй, мусикй, кино ва дигарон низ бо дарназардошти ин рисолати инсонсози фарханг ба рушди хамачониба ва мунтазами он таваччухи боз хам бештар зохир намоянд» [4]. Дар ин мулокот Президенти мамлакат бо каноатмандй изхор карданд, ки ба шарофати сохибистиклолй мо дар самти хифзу нигахдории мероси фархангии халки куханбунёдамон тамоми тадбирхои имконпазирро андешидем ва дар даврони начандон тулонй ба эхё кардану тахким бахшидани асолати миллй, забон ва фарханг, ки рукнхои асосии давлатдорй мебошанд, муваффак гардидем. Фарханги миллии мо заминахои устувор дошта, бо таъриху анъанахои кадима ва гуногунрангиву хусусиятхои хоси худ, аз чумла осори хаттии нодир, мусавварахои камназир, мусикии «Шашмаком», «Фалак» ва садхо дастоварду падидахои дигари хунару адаб имруз дар чахон машхур аст [4].

Дар вохурии Сарвари давлат бо намояндагони зиёиёни кишвар (19 марти соли 2018) иброз карда шуд, ки дар шароити феълии торафт тезутунд шудани бархурди тамаддунхо дар чахон масъалаи омухтан ва тахкик кардани мероси бостонй, хифзи арзишу суннатхои милливу мардумй, ёдгорихои таърихй ва таргиби шоистаи онхо ахаммияти махсус пайдо мекунад ва ичрои ин кор вазифаи мухимтарини намояндагони илму маориф, ахли эчод ва хамаи зиёиёни кишвар мебошад. Дар баробари ин кайд гардид, ки хукумати мамлакат барои хифзу эхё ва баркарор сохтани ёдгорихои таърихй ва нигохдории мероси моддиву маънавии халки точик таваччухи чиддй зохир намуда, дар ин самт силсилаи корхои назаррасу шоёни тахсинро ба анчом расондааст. Аз чумла, тайи ду дахсолаи охир як катор иншооти таърихиву фархангй ва ёдгорихои меъморй таъмиру тармим гардида, ба макони сайру саёхати сокинони кишвар ва сайёхони хоричй табдил дода шуданд. Бо карори хукумат «Барномаи давлатии хифзи мероси таърихиву фархангй барои солхои 2012-2020» кабул гардид, ки дар асоси он барои таъмиру баркарорсозй, корхои бостоншиносй ва таргиби мероси моддиву маънавии халки точик маблагхои муайян пешбинй гардидаанд. Илова бар ин, дар даврони сохибистиклолй се маротиба макбараи устод Абуабдуллохи Рудакй дар шахри Панчакент, оромгоххои Мир Саид Алии Х,амадонй дар шахри Кулоб се-чор маротиба, Туграли Ахрорй дар нохияи Айнй ва Камоли Хучандй дар шахри Хучанд таъмиру баркарор шуданд. Инчунин, чанде аз макбарахои мутафаккирони пешин, аз чумла Х,азрати Султон, Мухаммад Шакики Балхй, Х,азрати Бурхи Валй, Мухаммади Башоро ва бинохои кадимаро дар шахру нохияхои кишвар обод карда шуданд. Аз Фонди Президенти мамлакат бинохои асосй ва гирду атрофи калъахои Х,исор, Хулбук ва Хучанд баркарор гардида, чихати идома додани корхои илмиву бостоншиносй, ба тартиб даровардани деворхо ва сохтмони манораву кушкхо маблагхои иловагй равона шуда истодаанд. Барои баркарор кардан ва таъмиру тачдиди калъахои Муъминобод ва Балчувони вилояти Хатлон, Мугтеппаи Истаравшан, Санчаршохи Панчакент ва Вомари Рушон дар доираи барнома маблаг чудо шуда, корхо дар ин самт идома доранд [2]. Дар баробари ин, Пешвои миллат чихати суст рохандозй шудани корхои лоихакашии ёдгорихои таърихй ва дар холати ногувор карор доштану таъмирталаб будани онхо изхори нигаронй намуда, таъкид карданд, ки «аз чониби мутахассисони сохаи фарханг корхои лоихакашии ёдгорихои таърихй низ суст ба рох монда шуда, то ба хол лоихаи макбарахои олимону мутафаккирони ислому ирфон Хоча Аюби Ансорй, Хоча Исхоки Хатлонй, Мавлоно Фатхуллохи Чустй ва Хоча Накшрон омода нашудааст. Лоихаи калъахои Кулоб, Шахритус, Исфара, дайри буддоии Ачинатеппаи Вахш ва сангнигорахои нохияи Айнй то хол ба анчом нарасидааст. Еайр аз ин, ёдгорихои Тахти Сангини нохияи ^убодиён, Ачинатеппаи нохияи Вахш дар холати ногувор карор дошта, таъмирталаб мебошанд ва дар даврони истиклолият кам тахкик шудаанд. Ёдгории Тахти Сангин то хол рохи дуруст

надорад ва сайёхон бо мушкилй ба ин мавзеъ мерасанд» [2]. Хамзамон дар ин мулокот кайд гардид, ки хукумат аз соли духазорум ба ёдгории Саразм хамчун намунаи барчастаи осори таърих таваччух зохир карда, бо карори худ Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзй, хунармандй ва шахрсозии точикон - «Мамнуъгохи таърихиву бостоншиносии Саразм» - ро таъсис дод ва барои корхои чустучуиву бостоншиносй ва ободу баркарор кардани он хамасола маблаг чудо мекунад. Дар баробари ин, бо дастури хукумат маводи зарурй чихати пешниход кардани Саразм ба руйхати мероси таърихии халки точик ба ЮНЕСКО омода ва ирсол гардида, Саразм хамчун намунаи шахри кадим аз тарафи ин созмони чахонй эътироф ва мохи июни соли 2010 ба фехристи мероси фарханги умумибашарй ворид гардид. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат таъкид сохтанд, ки корхо дар самти ба фехристи мероси фарханги умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани дигар ёдгорихои таърихии кишвар назаррас нестанд. Аз чумла, то ба хол ёдгорихои Тахти Сангин, Ачинатеппа, Хулбук, калъахои Хисор, Кулоб, Хочамашхад дар нохияи Шахритус, Панчакенти кадима, Бунчекати нохияи Шахристон ва Ямчун вокеъ дар нохияи Ишкошим ба руйхати ЮНЕСКО ворид нашудаанд. Дар робита ба ин, Сарвари давлат вазоратхои фарханг, маориф ва илм, Академияи илмхо ва муассисахои тахсилоти олии касбие, ки бо ихтисоси таърих ва бостоншиносй мутахассис тайёр мекунанд, вазифадор карданд, ки корхои бостоншиносиро дар ёдгорихои таърихиву фархангии мамлакат вусъат бахшанд ва чустучухои илмиро дар ин мавзеъхо мунтазам идома дода, чихати таъмиру тармим, зиёд кардани нигорахо ва ба тартиб даровардани онхо чорачуй кунанд ва ёдгорихои таърихиро бо максади ворид намудан ба фехристи ёдгорихои чахонй ба ЮНЕСКО пешниход намоянд. Хамчунин, дар ин мулокот Президенти мамлакат ишора карданд, ки «мо бояд дар назди ёдгорихои зикршуда инфрасохтори зарурй бунёд намоем ва мавзеъхои таърихии Хулбук, Кулоб, Хучанд, Балчувон, Муг, Ямчун, Кангурттут, Хушдилон (Торбулок), Карон, Тахти Сангин, Хочамашхад, Саразм, Ачинатеппа, Панчакенти кадим ва дигар ёдгорихои таърихиву фархангиро пурра баркарор карда, онхоро ба макони сайру саёхат табдил дихем» [2].

Рохбари давлат дар вохурии навбатй дар мулокот бо намояндагони зиёиёни кишвар, ки 18 марти соли 2020 баргузор шуд, пешравихои бадастомадаро натичаи саъю кушиши ахли зиёи мамлакат дониста, кайд намуданд, ки баъди ба даст овардани истиклоли давлатй, мо дар баробари эхёи арзишхои писандидаи Наврузи Ачам, мулокоти Рохбари давлатро бо ахли зиё - олимону донишмандон, адибону эчодкорон, намояндагони маориф ва санъату хунар ба хукми анъана даровардем, то бо кору фаъолияти онхо ошно гардида, масъалаву мушкилоти халталабро мавриди тахлилу баррасй карор дихем. Дар баробари ин, Пешвои миллат зикр карданд, ки зиёиёни кишвар дар муддати кариб се дахсолаи охир дар тахкими давлатдории навини точикон, муаррифии таъриху фарханги миллй, адабиёти оламшумул ва санъату хунар сахми муносиб гузоштаанд. Хамзамон дар омузишу тахкики чашнхои миллй ва эхёи онхо, аз чумла Навруз накши зиёиён назаррас буда, онхо дар заминаи сарчашмахои бостониву таърихй рисолаву тахкикоти арзишманд ба чоп расонидаанд [1].

Хадафи вохурии навбатиро бо намояндагони зиёиёни кишвар Президенти мамлакат чунин шарх доданд: «Дар вохурии имруза тасмим гирифтем, ки андешахои худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, бехтар намудани омузиши илмхои табий ва риёзиву дакик, ташаккул додани тафаккури техникй, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорй, бурду бохти раёсат ва институтхои Академияи илмхо, академияхои сохавй, муассисахои тахсилоти олии касбй, сохторхои онхо ва сатху сифати тарбияи кадрхои илмй баён намоем. Инчунин, дастоварду муваффакият ва камбудиву норасоихоро баррасй карда, вазифахоро барои пешрафти минбаъдаи илм ва тахкими робитаи он бо истехсолот мушаххас созем» [1].

Пешвои миллат бо каноатмандй изхор карданд, ки дар самти тахкики таърих, забон ва адабиёт, фалсафа, сиёсатшиносй ва фарханги пургановати миллати точик донишмандони Академияи илмхо корхои арзишмандеро анчом дода, осори бебахои нобигахои илму адабро ба чоп расонидаанд. Дар баробари ин, Пешвои миллат аз вазъи ногувори корхои бостоншиносй изхори нигаронй намуда, таъкид карданд, ки «холо дар чандин мавзеъхои таърихии кишвар корхои бостоншиносй идома доранд. Аммо бояд икрор шуд, ки кор дар ин самт дар сатхи каноатбахш ба рох монда нашудааст. Тибки мушохида корхои бостоншиносй дар ёдгорихои таърихии Тахти сангин, Хулбук, калъахои Кулоб, Ямчун, Шайдони Сари Хосор, ёдгорихои Кангуртут, Золи Зард, Носири Хусрав ва Саразм ба талабот чавобгу набуда, маводи муаррификунанда доир ба ёдгорихои таърихии зикршуда тахия нашудаанд ва

дар масири хатсайри онхо то хол корхои таъмиру азнавсозй амалй нагардидаанд» [1]. Аз ин ру, ба Академияи илмхо, Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониш ва муассисахои тахсилоти олии касбие, ки бо ихтисоси таърих ва бостоншинос мутахассис омода мекунанд, супориш дода шуд, ки корхои илмиву бостоншиносиро дар мавзеъхои таърихй васеъ ба рох монанд ва якчо бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатй чихати тачдиду баркарорсозии онхо тадбирхои мушаххас андешанд. Хамчунин пешниход шуд, ки осори хаттии забонхои гуногун, пеш аз хама, забонхои кадимаи ориёй, хиндй, юнонй, арманй, арабй, хитой ва русй вобаста ба таърих, адабиёт ва фарханги точикон бояд чамъоварй гардида, ба забони точикй тарчума ва дастраси хонандагон карда шавад.

Хамин тавр, метавон хулоса намуд, ки афкор ва андешахои Президенти мамлакат оид ба ру овардан ба мероси таърихиву фархангии халки точик ва хифзу гиромидошти он, ки дар суханронихояшон дар мулокотхо бо намояндагони зиёиёни кишвар дар даврони сохибистиклолй баён шудаанд, хамчун сарчашмаи мухимму муфид чихати шинохт ва омузиши ин мероси гаронмоя хидмат менамоянд.

Адабиёт

1. Раумон, Э. Суханронии Президенти Цумуурии Тоцикистон, Пешвои миллат муутарам Эмомали Раумон дар вохури бо олимони кишвар, 18.03.2020, шаури Душанбе [Манобеи электрони]. - Рецаи дастраси: http://www.president.tj/node/22643 (санаи истифода: 27.05.2022).

2. Раумон, Э, Суханрони дар вохурй бо зиёиёни мамлакат, 19.03.2018, шаури Душанбе [Манобеи электрони]. - Рецаи дастрасй: http://www.president.tj/node/17309 (санаи истифода: 20.05.2022).

3. Раумон, Э. Суханрони дар мулоцот бо зиёиёни кишвар ва маросими ифтитоуи Китобхонаи милли,

20.03.2012, шаури Душанбе [Манобеи электрони]. - Рецаи дастраси: http://www.president.tj/node/224 (санаи истифода: 07.04.2022).;

4. Раумон, Э. Суханрони дар маросими ифтитоуи Осорхонаи милли ва мулоцот бо зиёиёни кишвар

20.03.2013, шаури Душанбе [Манобеи электрони]. - Рецаи дастраси: http://www.president.tj/node/4130 (санаи истифода: 07.04.2022).

5. Раумон, Э. Суханрони дар мулоцот бо зиёиёни мамлакат, 20.03.2017, шаури Душанбе [Манобеи электрони]. - Рецаи дастраси: http://www.president.tj/node/14817 (санаи истифода: 13.05.2022).

6. Раумонов, Э. Суханрони дар мулоцот бо намояндагони зиёиёни мамлакат: 20.03.2004, шаури Душанбе [Манобеи электрони]. - Рецаи дастраси: http://www.president.tj/node/6614 (санаи истифода: 25.01.2022).

7. Раумонов, Э. Суханрони дар мулоцот бо намояндагони зиёиёни мамлакат: 18.03.2006, шаури Душанбе [Манобеи электрони]. - Рецаи дастраси: http://www.president.tj/node/302 (санаи истифода: 26.01.2022).

8. Раумон, Э. Суханрони дар мулоцот бо намояндагони зиёиёни мамлакат, 20.03.2007, шаури Душанбе [Манобеи электрони]. - Рецаи дастраси: http://www.president.tj/node/303 (санаи истифода: 04.02.2022). '

9. Раумон, Э. Суханрони дар мулоцот бо намояндагони зиёиёни мамлакат, 19.03.2011, шаури Душанбе [Манобеи электрони]. - Рецаи дастраси: http://www.president.tj/node/257 (санаи истифода: 29.03.2022). '

10. Раумонов, Э. Фаруанг уастии миллат аст: суханрони дар мулоцот бо намояндагони зиёиёни мамлакат, 20 марти соли 2001 //Раумонов, Э. Тоцикистон: дау соли истицлолият, ваудати милли ва бунёдкори [Матн]: Иборат аз се цилд. Ц.3 / Мураттиб С.Фаттоев. - Душанбе: Ирфон, 2001. - 702 с.

ОМУЗИШИ МЕРОСИ ТАЪРИХЙ- ФАРХАНГИИ ХАЛЦИ ТО^ИК ДАР ПАРТАВИ СУХАНРОНИХОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУЛОЦОТ БО ЗИЁИЁНИ КИШВАР

Дар макола дар заминаи суханронихои Президенти Чумхурии Точикистон, Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон дар мулокот бо намояндагони зиёиёни кишвар масъалахои хифзи мероси таърихй-фархангии халки точик мавриди омузиш карор гирифтааст. Муаллиф ишора мекунад, ки халлу фасли масъалахои марбут ба мероси таърихй-фархангии халки точик хамеша дар маркази таваччухи Сарвари давлат карор дошт ва махз ба шарофати гамхорихои доимии Пешвои миллат дар як муддати кутох дар самти омузишу тахкики ин мерос, маблаггузории тахкикотхои бостоншиносй, эхё ва тармиму тачдиди силсилаи ёдгорихои беназири таърихиву меъморй, ободсозии макбараву калъахои кадима, баркарор намудани номхои таърихй ва ба номи шахсиятхои барчастаи миллй иваз кардани шахру нохияхо ва гайрахо, корхои назаррасу шоёни тахсин ичро шудаанд. Хамзамон дар макола кайд шудаааст, ки дар вохурихои Пешвои миллат бо намояндагони зиёиёни мамлакат натоичи чорабинихои пешбинишуда ва корхои анчомдода дар сохаи фарханг баррасй гардида, дурнамои халли мушкилоти чойдошта муайян карда мешавад.

Калидвожахо: Президенти Чумхурии Точикистон, фарханги миллй, санъат, мероси таърихию фархангй, ёдгорихои таърихию меъморй, калъа, макбара, суханронй, мулокот, зиёиён.

ИЗУЧЕНИЕ ИСТОРИКО-КУЛЬТУРНОГО НАСЛЕДИЯ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА В СВЕТЕ ВЫСТУПЛЕНИЙ ЛИДЕРА НАЦИИ НА ВСТРЕЧАХ С ИНТЕЛЛИГЕНЦИЕЙ СТРАНЫ

В статье на основе выступлений Президента Республики Таджикистан, Основоположника мира и национального единства - Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона на встрече с представителями интеллигенции страны рассматриваются вопросы охраны историко-культурного наследия таджикского народа. Автор указывает, что решение вопросов, связанных с историко-культурным наследием таджикского народа, всегда находилось в центре внимания Главы государства, и именно благодаря постоянной заботе Лидера Нации за короткое время выполнены значимые и одобрительные работы в области изучения и исследования этого наследия, финансирование археологических исследований, возрождение и реставрация ряда уникальных памятников истории и архитектуры, благоустройство древних мавзолеев и крепостей, восстановление исторических названий и переименование городов и районов республики в имена выдающихся национальных личностей и т.д. В то же время в статье подчеркивается, что на встречах Лидера нации с представителями интеллигенции страны обсуждаются итоги намеченных мероприятий и выполненных работ в сфере культуры, и определяются перспективы решения существующих проблем.

Ключевые слова: Президент Республики Таджикистан, национальная культура, искусство, историко-культурное наследие, памятники истории и архитектуры, крепость, мавзолей, выступление, собрание, интеллигенция.

STUDYING THE HISTORICAL AND CULTURAL HERITAGE OF THE TAJIK PEOPLE IN THE LIGHT OF THE LEADER OF THE NATION'S SPEECH AT MEETINGS WITH THE COUNTRY'S INTELLIGENTSIA

In the article, based on the speeches of the President of the Republic of Tajikistan, the Founder of Peace and National Unity - the Leader of Nations, the respected Emomali Rahmon, at a meeting with a meeting of the country's intelligentsia, issues of protecting the historical and cultural heritage of the Tajik people are considered. The author points out that the solution of issues related to the historical and cultural heritage of the Tajik people has always been in the focus of attention of the Head of State, and it is thanks to the constant care of the Leader of the Nation that significant and approving work has been completed in the field of studying and researching this heritage, funding archaeological research in a short time , the revival and restoration of a number of unique monuments of history and architecture, the improvement of ancient mausoleums and fortresses, the restoration of historical names and the renaming of cities and regions of the republic in the names of outstanding national personalities, etc. At the same time, the article emphasizes that at the meetings of the Leader of the Nation with representatives of the country's intelligentsia, the results of the planned activities and work performed in the field of culture are discussed, and the prospects for solving existing problems are determined.

Keywords: President of the Republic of Tajikistan, national culture, art, historical and cultural heritage, historical and architectural monuments, fortress, mausoleum, performance, assembly, intelligentsia.

Дар борам муаллиф

Шарифзода Фмрдавс

Номзади илмхои таърих, докторанти кафедраи таърихи халки точик Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи С. Айнй

734003 Ч,умхурии Точикистон, ш. Душанбе, х. Рудакй, 121 Тел.: (+992) 918 81 84 70 E-mail: [email protected]

Об авторе

Шарифзода Фмрдавс

Кандидат исторических наук, докторант кафедры истории таджикского народа Таджикский государственный педагогический университет имени С. Айни 734003, Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр. Рудаки, 121 Тел.: (+992) 918 81 84 70 E-mail: [email protected]

About the author

Sharifzoda Firdavs

Candidate of History, doctoral student of the Department of History of the Tajik people Tajik State Pedagogical University named after S. Ayni

734003, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave., 121 Ph.: (+992) 918 81 84 70 E-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.