Научная статья на тему 'САҲМИ МАРДУМШИНОСОН ВА МУҲАҚҚИҚОН ДАР ОМӮЗИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ ВАХШОНЗАМИН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ'

САҲМИ МАРДУМШИНОСОН ВА МУҲАҚҚИҚОН ДАР ОМӮЗИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ ВАХШОНЗАМИН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
96
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МАРДУМШИНОСӢ / МУҲАққИқОН / ВОДИИ ВАХШ / ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ / ОСОР / ИСТИқЛОЛ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Шовалиева М. С., Мирзомудинов С. Ҳ.

Муаллифони мавод тавонистаанд, ки осори илмии мардумшиносон ва дигар муҳақ-қиқонро дар замони Истиқлол дар самти ҳунарҳои мардумӣ ба нашр расидаанд, ба таври мухтасар баён намоянд. Дар мавод ҳамзамон муаллифон суханҳои пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти ҳифзи таърихи пурғановати миллати тоҷик ва тарғибу ташвиқи мероси фарҳанги миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар баён гардидаро инъикос намудаанд. Аз ҷумла, саҳми ходимони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумши-носии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, хусусан мардум-шиносон дар риштаи таҳқиқи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзиши асарҳои таълифгардидаи донишмандон дар маводи маддиназар ба таври муфассал инъикоси худро ёфтааст. Дар ҳамин радиф, саҳми арзандаи натиҷаҳои экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ, ки тавонистаанд саҳми арзандаи худро дар омӯзиш ва интишори асарҳои илмӣ, дар самти ҳунарҳои мардумии минтақаҳои водии Вахш гузаронанд, низ мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE CONTRIBUTION OF ETHOLOGISTS AND RESEARCHERS TO THE STUDIES OF CRAFTS AND FOLK CRAFTS OF THE VAKHSH VALLEY IN THE PERIOD OF INDEPENDENCE

The article presents scientific works and analyzes the work of ethnologists and other researchers in the field of studying the study of crafts and folk crafts in Tajikistan during the period of independence. In particular, a focus is made on the study of folk crafts and crafts of the population of the southern part of the period of independence, which has not yet been sufficiently studied. The timely messages of the Founder of Peace and National Unity - Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan, Emomali Rahmon to the people of the Republic of Tajikistan on the protection of the rich history of the Tajik people and the promotion of the national cultural heritage at the present stage are also given. In particular, it is emphasized that the contribution of researchers from the Institute of history, archeology and ethnography named after A. Donish of the National Academy of sciences of Tajikistan, including ethnographers in the field of studying folk crafts and crafts, which was reflected in their scientific articles and monographs. The contribution of the employees of the Scientific Research Institute of Information and Culture (RITFI) is also important, which for a number of years undertook scientific expeditions to all regions of Tajikistan, including the Vakhsh valley, which resulted in their scientific work.

Текст научной работы на тему «САҲМИ МАРДУМШИНОСОН ВА МУҲАҚҚИҚОН ДАР ОМӮЗИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ ВАХШОНЗАМИН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ»

ТАЪРИХИ Х,УНАР-ИеШРИЯ ^^CCTBA-ART HISTORY

♦-♦

УДК - 008+39 (575. 3)

CAX,MH MАPДУMШИНGCGН ВА MYXM^^GH ДАР CAMTH GMУЗИШИ ХУНАР^И MАPДУMИИ ^ИCMАTИ ЧДНУБИИ ВАХШGНЗАMИН ДАР ДАВPGНИ ИСТИКДОЛ

ШОВАЛИЕВА M.C., MИPЗGMУДИНGВ C.X,., Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А.Дониш

Истиклоли давлатии Чyмхypии Точикистон, ки аз чониби чомеаи ча-хонй эътиpоф гаpдидааст, имpyз яке аз дастоваpдхои бyзypги халки точик ба хисоб меpавад. Ба шаpофати Истиклол худшиносии миллй, таъpихy фаpханги пypFановати халки точик pyз аз pyз pивочy pавнак ёфта истодааст.

Рушди хyнаpхои маpдyмй яке аз самтхои мухимми сиёсати пешги-pифтаи Асосгyзоpи сулху вахдати миллй - Пешвои миллат Пpезиденти Чyмхypии Точикистон мух^^ам Эмомалй Рахмон ба шyмоp pафта, даp Паёмхои хаpсола ва сyханpонихои худ мунтазам даp ин самт дастypхои мушаххас медиханд.

Аз чумла, pyзи 21 декабpи соли гузашта даp Паёми навбатии худ ба Мачлиси Олии Чyмхypии Точикистон Асосгyзоpи сулху вахдати миллй -Пешвои миллат Пpезиденти Чyмхypии Точикистон мyхтаpам Эмомалй Рахмон «Даp боpаи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоpичии чyмхypй» чунин кайд каpданд: «Фаpханг хамчун омили асосии таpбияи маънавию ахлокии чомеа ва мyаppифгаpи таъpих хамеша тахти таваччухи Дукумати мамлакат к;аpоp доpад.

Бояд тазаккyp дод, ки аз чониби Дукумати Точикистон вобаста ба таъpихy фаpханг ва тамаддуни миллати куханбунёди точик даp дохили кишваp ва даp аpсаи байналмилалй икдомоти зиёде амалй гаpдида исто-даанд.

Дифзи меpоси фаpханги моддиву Fайpимоддии миллати бостониамон, ки гувохи зиндаи таъpихи шашхазоpсолаи халкамон мебошад, вазифаи мyхимтаpини мо - воpисони ин меpоси бyзypг ба хисоб меpавад. Эхёи аpзишхои миллй ва хифзу таpFиби ёдгоpихои таъpихивy фаpхангй баpои баланд баpдоштани pyхияи ватандyстивy ватанпаpастй ва худогохиву хештаншиносии маpдyм, хусусан навpасонy чавонон бисёp мухим мебошад» [10].

Даp ин самти фаpхангй Асосгyзоpи сулху вахдати миллй - Пешвои миллат Пpезиденти Чyмхypии Точикистон мyхтаpам Эмомалй Рахмон сахми хyдpо гузоштаанд. Яке аз он дастоваpдхои мухимми сиёсй, ин эълон намудани соли 2018 хамчун «Соли сайёхй ва хyнаpхои маpдyмй» мебошад, ки ин як таккони чиддиpо ба вучуд оваpд, ки даp тамоми минтакахои

Точикистон хунархои мардумии ба гушаи фаромушй рафта аз сари нав дубора эхё гардида, солхои охир ривочу равная ёфтаанд.

Бо ин иктифо накарда икдоми дубораи фархангдустонаро Президенти мамлакат мухтарам Эмомалй Рахмон инчунин такроран солхои 2019-2021-ро хамчун «Солхои рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардумй» эълон намуданд, ки ин икдоми начибона дар самти фарханги моддиву гайри-моддй хамагонро ба масъулияти бештар машгул шуданро такозо намуд.

Дар заминаи дастуру супоришхои созанда ва бунёдкоронаи Асосгу-зори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точи-кистон мухтарам Эмомалй Рахмон хамзамон дар самти омузиши ёдгори-хои таърихй ва тамаддуни фарханги миллати точик ва хифзи мероси ниёгон такони чиддй бахшиданд. Аз чумла, бостоншиносон, мардумши-носон, фолклоршиносон, санъатшиносон ва мухаккиконро зарур омад, ки дар тамоми самтхои таърих ва фарханги моддй ва гайримоддии миллати точик сахми арзандаи худро гузоранд.

Аз ин ру, мо максад гузоштем, ки дар самти омузиши хунархои мардумии кисмати чанубии Вахшонзамин оид ба тахкикоти мардумшино-сон ва мухаккикон дар замони Истиклол бо асархои гаронбахои худи олимон такя намоем.

Дар ин раванд, баъзе аз муаррихону мардумшиносон ва мухаккикони Академияи миллии илмхои Точикистон баъзе аз минтакахои чанубии Вахшонзаминро мавриди баррасй карор додаанд. Аз чумла, муаррихони шинохта, докторони илмхои таърих Фозил Абдурашитов, Лариса Додху-доева, Гузел Майтдинова, мардумшиносон ва номзадони илмхои таърих Зухро Мадаминчонова, Зинатмо Юсуфбекова, Мумина Шовалиева ва дигарон дар самти таърих ва фарханги гайримоддии мардуми точик асархо ва маколахои арзишманд ба табъ расонидаанд.

Чунончй олими шинохта доктори илмхои таърих Абдурашитов Фозил Мамадович яке аз асархои илмй худро бо номи «Кубодиён: таърих ва тамаддун» аз чоп баровард, ки таърих ва тамаддуни нохияи Кубодиёнро ба таври мухтасар то давраи Иттиходи Шуравй инъикос намуда, хамзамон ташкилшавии хонахои маданият ва клубхои колхозиро бо душворихои зиёд дар нохияи Кубодиён баён дошта, ки ташкилшавии марказхои фар-хангиро ба солхои 30-юми асри гузашта марбут донистааст [1,54].

Яке аз мардумшиносони шинохта Зухро Мадаминчонова дар асараш «Арабы Южного Таджикистана (историко - этнографические очерки)», ки онро соли 1993 ба табъ расонидааст, дар замони пойбарчойии Иттиходи Шуравй солхои 1986-1991 аз чануби Чумхурии Точикистон аз нохияхои Шахритус ва Кубодиёни вилояти Хатлон маводи этнографй чамъоварй кардааст. Дар он муаллиф омузиши таърих, мархалахои асосии этникй, чанбахои этнографии фарханги моддй ва маросимхои оилавии арабхои чанубии водии Вахшро дар солхои 1986-1991 дар сафари хизматй фарохам овардааст. Муаллиф дар самти либоси занонаву мардона ва бачагонаи

ноxияxои Шаxpитyс ва Кубодиён мавpиди таxлил каpоp дода, намуд ва таpзи ли6оспушии аpабxои минтакаxои мазкyppо васеъ инъикос каpдааст.

Аз ин чумла, мавсуф саpyлибоси миллии аpабxои сокинони ноxияxои Кубодиён ва Шаxpитyсpо баppасй намуда кайд каpдааст, ки асосан ба мачмааи фаpxангии чанубй тааллук дошта, ба таъсиpи каме афFOнxо (бандxои саpи ну^а-силс^а ва Fайpа) аммо либоси болои занонаи (мотамй) аpабxои чануби бештаp минтакаxои Точикистони маpказй ва аз шимол ба болооби водии Заpафшон, шаxpxои бостонии Панчакент ва Самаpканд наздик мебошад [6,70].

Инчунин баъзе аз мyxаккикони шинохта ва коpмандони Академияи миллии илмxои Точикистон даp pиштаи xyнаpxои маpдyмй ба тавpи кулли яъне тамоми минтаЕ^ои Точикистонpо даp назаp гиpифта ва асаpxои илмии хyдpо ба табъ pасонидаанд.

Аз чумла, даp pиштаи xyнаpи бофандагй Mypодалй Ибpоxимов асаpи хyдpо зеpи назаpи академик Р. М. Масов бо номи «Тpадиционное ткачество таджиков (ист^ия и технология)» соли 2016 аз чоп баpоваpд. Даp асаpи мазкyp доиpаи масъалаxои маpбyт ба бофандагии суннатии точикон ва маpxалаxои pyшди xyнаp, намyдxо ва таxаввyлоти техникию технологй истифода каpда шудааст. Ва яке аз хулосаи муаллиф даp самти гyстаpиши маxсyлоти бофандагй ин бозсозии истеxсолоти чунин навъи матоъxо даp шаpоити мyосиpи pyшди Точикистони соxибистик;лол вазифаи таъхиpнопазиp мебошад. Яке аз pоxxои xалли ин мушкилот ба навъxои маxсyлоти коpхонаxои саноатй дохил намудани матоъxои анъанавй маxсyб меёбад [4,166].

Хдмин таpик, доктоpи илмxои таъpих, пpофессоp Гузел Майтдинова асаpи таxти зеpи унвони «Истоpии таджикского костюма» даp ду чилд зеpи назаpи академик Нуъмон Негматов даp самти либосxои асpxои IX-XIII, либоси асpxои XIV-XVIII, матоъxои асpимиёнагй, оpоишоти заpгаpй, оpоиши муй ва косметикаxои оpоишоти занонаи точиконpо бо накшу тасвиpxо баён каpдааст. Даp чилди дуюми асаpи мазкyp муаллиф даp самти накшу нигоpи либосxои занонаи точик ба хулосае омадааст, ки гаpчанде даp давоми асpxои зиёди таъpихй шакл ва андозаи либосxо таFЙиp ёфта бошанд xам, аммо бонувони точик тавонистаанд, ки он накшу нигоpи этникиpо даp давоми солxои даpоз xифз ва эxё намоянд [7,236].

Бо даpназаpдошти pаванди эxёгаpии миллй ва инчунин фаpоxам оваpдани меpоси фаpxангй аз чониби Хукумати Точикистон 31 майи соли 2012, таxти № 263 «Баpномаи xифзи меpоси фаpxангии Fайpимоддии халки точик баpои солxои 2013 - 2020»кабул шуда ва xамзамон таълифу тадвин ва нашpи чилдxои «Донишномаи фаpxанги маpдyми точик» ба накша гиpифта шуд. Аз чумла, даp чилдxои якум ва дуюми асаpи мазкyp даp самти фаpxанги пypFановати Fайpимоддй бо xаpфxои алифбо ва тасвиpи xаp як xyнаp ва анъана инъикос ёфтаанд, ки кобили таваччyxи хосси хонандагон ва мyxаккикон даp самти мухталифи омузиши соxаxои фаpxангй гаштааст. Яъне чилдxои баъдй xиpфай ва аслан даp мавзyъxои

алохидаи фарханги гайримоддии мардум навишта хоханд шуд, масалан чилди сеюм, ки алхол омода шудааст «Таомхои мардумй» унвон дорад. Ва чилдхои баъдй низ аз кабили «Навруз», «Сузанй», «Бофандагй», «Косибй», «Либосхои мардумй», «Бозихои бачагона», «Чдшнхои ичтимой-мардумй» ва амсоли онхоро фаро хоханд гирифт, ки барои донишмандони сохахои мухталифи фарханг дар замони Истиклол ин гуна асархо мояи ифтихор ва мероси гаронбахо ба шумор мераванд [2,6].

Добили кайд аст, ки аз чониби олимони шинохтаи Институти таърих бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши Академияи миллии илмхои Точикистон дар самти хунархои мардуми кисмати чанубии водии Вахш таваччух бештар зохир нагардидааст ва инчунин ногуфта намонад, ки аксари олимони шинохтаи Институти мазкур, аз чумла, академик Рахим Масов, мардумшиносони маъруф, доктори илмхои таърих Лариса Додхудоева, Гузел Майтдинова, номзадони илмхои таърих Зинат-мо Юсуфбекова, Мумина Шовалиева, Тутинисо Ашурмадова ва дигарон дар самти таърихи фарханги гайримоддии мардуми точикдар минтакахои шимол, гарб ва баъзе минтакахои шарки Чумхурии Точикистон ба таври васеъ бо рохи омузиш илмии эъзомияхои сахрой анчом доданд. Ва дар ин замина асархои гаронбахои худро дар солхои мухталифи замони Истиклол ба табъ расониданд. Аз он чумла, «Таджикистан: полевые этнографические исследования 2013 г» [13], «Точикистон. Нуробод ва Рогун: тадки-котхои мардумшиносй (минтакаи якуми зериобшавандаи НБО «Рогун»)» [14], «Точикистон. Нуробод ва Рогун: тахкикоти мардумшиносй (минтакаи якуми зериобшавандаи НБО-и «Рогун» (бо ду забон точикй ва русй)» [15], «Таджикистан: Верховья Зеравшана полевые этнографические исследования 2014 г.» [16], «Ремесленное производство Таджикистана (по материалам исследований 2013-2017)» [12], «Дехаи Вору (бо забонхои точикй ва русй)» [3], «История кулинарной культуры таджикского народа» [21] ва хамин гуна чандин асархои илмии хешро пешкаши хонандагон гардони-даанд, ки арзишманд буда, барои мутахассисон мардумшиносон ва мухак-кикони чавон дар самти омузиши хунархои мардумй маводи гаронбахо ба шумор мераванд.

Тавре, ки дар боло зикр гардид, кормандони Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши Академияи миллии илмхои Точикистон дар давоми солхои Истиклол тавонистаанд, ки чандин минтакахои дурдасти кишварамонро бо захматхои зиёд мавриди тахлил ва баррасй карор диханд. Дамзамон дар ин самт асархои гуногун ба табъ расонидаанд. Бояд зикр кард, ки дар кисмати чанубии водии Вахш тахкикоти мардумшиносй нисбатан камтар гузаронида шудаанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки баъди сохибистиклол гардидани Чумхурии Точикистон асархо ва маколахои бешумори илмй дар самти хунархои мардумй мавриди баррасй карор гирифта, хамзамон дастраси хонандагон гардидаанд. Аммо, мутаассифона, аз кисмати чанубии водии Вахш ба таври куллй дар самти хунархои мардумй то имруз ягон асарй илмй

мавриди нашр ва баррасй карор нагирифтааст. Метавон гуфт, ки аз нохияхои кисмати чанубии водии Вахш дар мачаллахои илмй ва оммавй аз ин ё он хунари мардумй бархеашон мавриди тахлил ва баррасй карор гирифтаанду халос.

Солхои охир дар тамоми самтхои сиёсии дохилй ва хоричй комёбихо ва пешравихои назаррас ба амал омада истодаанд, ки ин падидахо боиси ифтихори хар як шахрванди Чумхурии Точикистони сохибикболу сохибис-тиклол махсуб меёбанд.

Бо ибтикори Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон ходимони Пажухишгохи илмй-тадкикотии фарханг ва иттилоот дар рафти экспедит-сияхои мардумшиносй ва санъатшиносй дар минтакахои гуногуни Точи-кистон баргузоргардида тавонистаанд, ки дар рафти чамъоварии маводи худ, инчунин китобхои бисёрчилдаро низ тахти унвони «Фарханги гайримоддии халки точик» ба чоп расониданд.

Аз чумла, дар чилди якуми мачмуаи «Фарханги гайримоддии халки точик» (натичахои экспедитсияхои мардумшиносй ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ дар соли 2015 ба нашр расидааст), ки дар самти хунархои мардумй аз кабили хурокхои миллй ва баъзе аз хунархои гах-ворасозй, сабадбофй, сузанй, руймолдузй, курокдузй, куртадузй ва гайрахоро ба таври мушаххас баён карданд. Аз чумла, мавкеи хунархои мардумиро дар яке аз нохияхои кисмати чанубии водии Вахш инъикос кардаанд, ки баназари муаллифон дар нохияи Шахритус аксаран занону духтарон ба духтани курок машгул буда, махсулоти курокиро хамчун чихози арзишманд ва мукаддас барои наварусон нисбат медиханд. Метавон гуфт, ки вобаста ба талаботи имруза мавкеи хунармандон дар нохияи Шахритус нисбатан ноустувор аст. Агар кисме аз хунархо то андозае рушд карда истода бошад хам, аммо кисми дигарашон (аз чумла, гилембофй, руймолчадузй, сузандузй) дар холати аз байнравй карор доранд [17,86,94].

Дар чилди панчуми «Фарханги гайримоддии халки точик» (натичахои экспедитсияхои мардумшиносй ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ дар солхои 2017 ва 2018 аз навохии минтакахои шахри Бохтари вилояти Хатлон), ки соли 2018 ба нашр расидааст, баъзе минтакахои кисмати чанубии водии Вахш ба таври назаррас баён шудаанд, аз чумла дар самтхои вазъи имрузаи хунархои мардумй, санъати касбй ва таомхои анъанавии махаллй мавриди тахкику баррасй карор гирифтаанд.

Муаллифон дар асари мазкур баъзан хунархои мардумиро дар минтакахои вилояти Хатлон ба самти такомул ва рушди хар як нохия аз он чумла, Вахш, Кушониён (собик нохияи Бохтар), Кубодиён, Чайхун, Дустй (собик нохияи Чилликул), Чалолуддини Балхй (собик нохияи Колхозобод), Левакант (собик нохияи Сарбанд) ва шахри Бохтарро (собик шахри Кургонтеппа) бо тасвирхои хунархои мардумй ба таври назаррас баён кардаанд. Дар мачмуъ касбу хунархои мардумй дар ин шахру нохияхо вобаста ба талаботи имруза сурат гирад хам, аммо дар холати начандон

фаъол карор доранд. Агар як кисме аз хунархои мардона рушд карда истодабошанд хам, кисми дигарашон ру ба завол ниходаанд. Хдмин гуна хунархои дастии занон дар баъзе чойхо нимфаъол ва дар баъзе нохияхо акнун эхё гардида истодаанд [18, 3-39].

Яке аз кормандони шуъбаи ПИТФИ ховаршинос Зафар Холмуродов асари худро тахти унвони «Рушди хунархои мардумй дар замони истик-лол» ба табъ расонидааст, ки яке аз зербобхои он »Мулохизахо пиромуни хунархои анъанавии вилояти Хатлон» номида шудааст, ки сухан оид ба чанд номгуйи хунархои мардумй дар баъзе нохияхои кисмати чанубии водии Вахш, аз чумла, хунари бофтани гилеми дастй, духтани чомаю руймол, курокдузй, кандакорй, сандуксозй, гахворасозй ва охангариро мавриди баррасй карор додааст. Чуноне, ки муаллиф кайд кардааст дар нохияи Шахритус бештар хунархои сандуксозй, ресмонресй, бофтани гилемхои дастй, духтани чомаю руймол, курокдузй, кандакорй, сандуксозй, сабадбофй, гавхорасозй ба назар мерасанд. Дар нохияи Чалолуддини Балхй бештар хунари охангарй дар холи рушд карор доранд. Хдмин тарик, муаллифи мутазаккир рушди хунари занонаи гилембофиро дар нохияи Дустй ва хунари мардонаи танурсозиро дар нохияи Чайхун дар мадди аввал карор додааст [20,39-103,44-45].

Фархангшинос ва мухаккик Лайло Носирова соли 2018 монографияи худро тахти унвони «Рушди касбу хунархои анъанавии бонувон дар Точикистон» аз чоп баровард. Муаллиф асари мазкурро ба се боб: боби якум «Гулдузй ва зардузй», боби дуюм «Ресандагй ва бофандагй», боби сеюм «Дузандагй ва хунархои дигар» таксимбандй намуда, бисту ду хунар оид ба масоили мубрам ва хар як касбу хунархои анъанавии бонувони точикро дар самти таърих ва накшу нигори онхоро дар замонхои мухта-лиф ва давраи Истиклоли давлатии Чумхурии Точикистон мухтасаран рочеъ ба минтакахои кисмати шимолу шарки Точикистон ва баъзе аз хунархои занонаи минтакахои кисмати чанубии водии Вахш маълумот додааст. Аз чумла, муаллиф хунархои руймолдузй ва курокдузйро дар нохияхои Кубодиён, Шахритус ва Чалолуддини Балхй дар холи рушду нуму карор додааст. Дар натичаи тахлили мавод муаллиф ба хулоса омадааст, ки бонувони точик аз замонхои кадим то даврахои нави таърихй тавонистаанд, ки хунархои анъанавии худро аз насл ба насл нигох доранд [9, 39-143-147].

Олимони Пажухишгохи илмй - тадкикоти фарханг ва иттилоот (ПИТФИ) тавонистанд, ки аз тамоми минтакахои Точикистон дар асоси маводи ба даст омадаи бойгонихо, адабиёт, экспедитсияхои мардумши-носию санъатшиносй соли 2017 мачмуаеро тахти унвони «Мероси фарханги гайримоддй дар Точикистон» аз чоп бароварданд. Асари мазкур аз хафт бахш иборат аст. Аз чумла, бахши якум - «Анъанахои шифохй», бахши дуюм - «Санъати ичрой», бахши сеюм - «Чашну маросимхои мав-симй ва таквимй», бахши чорум - «Донишхои суннатй ва тачрибахои ичтимой», бахши панчум - «Касбу хунархои анъанавй», бахши шашум -

«Хурокхои суннатй» ва бахши хафтум - «Варзиши суннатй ва бозихои бачагона» бо таври назаррас баён гардида, хамин тарик китоб дар мачмуъ фарогири 116 маколаи тасвирию тавсифии унсурхои мероси фарханги гайримоддии халки точик мебошад [8,14].

Тавре, ки кайд кардем, аз чониби кормандони Пажухишгохи илмй -тадкикотии фарханг ва иттилооти Вазорати фарханги Чумхурии Точикис-тон дар рафти экспедитсияхои мардумшиносй ва санъатшиносй агарчанде баъзе аз минтакахои кисмати чанубии водии Вахшро мавриди тахлил карор дода бошанд хам, аммо то имруз минтакахои ин водй бо таври куллй аз тарафи ин пажухишгарон хануз хам ба таври пурра омухта нашудаанд.

Мутахассисони пажухишгох дар ин экспедитсияхо, асосан методхои пажухишии мусохиба, мушохида, пур кардани саволнома ва усулхои техникии сабти видео, аудио ва аксбардориро ба кор бурдаанд [19,6].

Дамин тавр, баъзе аз мухаккикон мавкеи фарханги миллии точикони кисмати чанубии Вахшонзаминро мухтасар дар асархояшоназ даврахои Иттиходи Шуравй то замони имруза инъикос намудаанд.

Аз чумла, мухаккик Куввати Дод соли 2017 дар асари илмй-тахкикотиаш тахти унвони «Кубодиён. Таърихи мухтасар аз ахди кадим то ба имруз» сохаи фарханги нохияи Кубодиёнро мавриди тахлилу баррасй карор додааст. Тавре, ки муаллиф кайд намудааст, дар давоми беш аз 70 соли мавчудияти Докимияти Шуравй дар хаёти фархангии нохияи мутазаккир пешрафтхои бузурге ба амал омаданд. Маънавиёти мардум боло рафта, даххо мактабу хонахои маданият ва дигар муассисахои фархангй бунёд шудаанд. Даёти фархангй дар нохия баъди аз сари нав таъсис ёфтани нохияи Кубодиён (соли 1978) ривочу равнаки тоза пайдо кард [5,77-78]

Гуфтахои фавк гувохй онанд, ки дар замони сохибистиклол гаштани кишвар баъзе аз мардумшиносон ва мухаккикони номбурда тавонистанд, ки дар самти муаррифии фарханги мардуми точикони кисмати чанубии Вахшонзамин асархои илмй ва оммавии фархангии модиву гайримоддй ва анъанаву суннатии мардуми точик корхои зиёдеро ба сомон расонанд.

Дар ин замина,сахми боризи Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон, ки фарханги пургановати миллати точикро хамеша яке аз рукнхои хастии миллат мехисобанд, гувох аз нишонахои фархангпарваронаи мавсуфро ифода менамояд.

Тавре, ки Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар Паёми худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон санаи 24 апрели соли 2010 дар самти эхёи таърихй ва фарханги миллати точик чунин кайд кардаанд: «Фарханг яке аз бахшхои мухимми хаёти чамъиятй буда, дар хаёту фаъолияти тамоми табакахои ичтимой, ойинхои давлатдорй, фаъолияти мехнатй, эчодй ва монанди онхо накши муассир дорад. Накши фарханг дар тахкими

эхсоси ватандорй, худшиносии миллй, эхтиром ба таърихи ниёгон ва афзудани эътибори кишварамон дар арсаи чахон нихоят бузург аст» [11].

Хдмин тавр, мухаккикони чавонро зарур мешуморем, ки дар шароити сулху суботи имрузаикишвар харчи бештар фарханги минтакахои дур-дасти кишвари худродар самтхои гуногуни фархангй мавриди тахлили хамачониба корор дода ва ба наслхои ояндаи намунаи ибрат карор гиранд. Натанхо дар дохили кишвар, балки хорич аз кишвар низ дар арсаи байналмилалй таърих ва фарханги пургановати точикро бояд пайваста муаррифй намоянд.

АДАБИЁТ

1.Абдурашитов Ф.М. Кубодиён: таърих ва тамаддун//Душанбе: Шарки Озод, 2001, 66

с.

2.Донишномаи фарханги мардуми точик: Чилди 1 А-М//Сармухаррир Нурмухдммад Амиршохй//Душанбе: ЧДММ Эр-граф. 2015, - 667 с.

3.Додхудоева Л., Ашурмадова Т. Дехаи Вору//Душанбе: Дониш. 2022. - 191 с.

4.Иброхимов М. Ф. Традиционное ткачество таджиков (история и технология)// Душанбе: 2006, 176 с.

5.Куввати Дод, Фозил Абдурашидов, Киёмиддин Сатторй. Кубодиён. Таърихи мухта-сар аз ахди кадим то ба имруз//Душанбе: Бухоро, 2017, 198 с.

6.Мадамиджанова З. Арабы Южного Таджикистана (историко - этнографические очерки)//З. Мадамиджанова. -Душанбе: 1995, 133 с.

7.Майтдинова Г.М. История таджикского костюма. Том П//Душанбе: 2004, - 251 с.

8.Мероси фарханги гайримоддй дар Точикистон//Мураттиб: Д. Рахимов; мухаррир Ш. Комилзода. -Душанбе: ЭР-граф, 2017. -280 с.

9.Носирова Л. Рушди касбу хунархои анъанавии бонувон дар Точикистон//Зери назари Ш. Комилзода; мухаррир Д. Рахимй. Душанбе: Аржанг, 2018 -188 с.

10.Паёми Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй» санаи (21.12.2021). шахри Душанбе сайти интернетй. URL: http/president.tj/node/27417 (санаи истифодабарй 28.06.2022).

10.Паёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олй. Сайти интернетй. President.tj/node/192 (санаи истифодабари 6.09.2022).

11.Ремесленное производство Таджикистана (по материалам исследований 2013-2017)//Муаллифон-мураттибон: Додхудоева Л., Юсуфбекова З., Шовалиева М.//Душанбе: Дониш. 2019. - 191 с.

12. Л.Додхудоева, З. Юсуфбекова, М. Шовалиева, Н. Васитова//Таджикистан полевые этнографические исследования 2013 г//Душанбе: Дониш. 2014 -98 с.

13. С.Шариф, М.Чамилзода, Л.Додхудоева, З. Юсуфбекова, М. Шовалиева, Т. Ашурмадова, Х. Иноятов, Н. Курбон//Точикистон. Нуробод ва Рогун: тадкикотхои мардумшиноси (минтакаи якуми зериобшаванда НБО «Рогун»)//Зери назари Р.М. Масов. Душанбе: 2015 - 190 с.

14.Точикистон: Нуробод ва Рогун (минтакаи якуми зери обшавандаи НБО-и «Рогун», (бо забони точикй ва русй)//Муаллифон: Л. Додхудоева, З. Юсуфбекова, М. Шовалиева, Т. Ашурмадова ва диг. Душанбе: Ирфон. 2018. -177 с.

15. Л. Додхудоева, З. Юсуфбекова, М. Шовалиева//Таджикистан: Верховья Зеравшана полевые этнографические исследования 2014 г//Под редакцией академика Р.М.Масова -Душанбе: Дониш, 2017. -197 с.

16.Фарханги гайримоддии халки точик: натичахои экспедитсияхои мардумшиносй ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ дар соли 2015//Мураттиб, муаллифи пешгуфтор ва хулоса Д. Рахимов; зери назари Ш. Комилзода. -Душанбе: Аржанг, 2016. -156 с.

17.Фарханги гайримоддии халки точик: натичахои экспедитсияхои мардумшиносй ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ аз нохияхои минтакаи Бохтари вилояти Хатлон. Шумораи 5//Мураттиб, муаллифи пешгуфтор ва хулоса Д. Рахимов; зери назари Ш. Комилзода. -Душанбе: Аржанг, 2018. - 240 с.

18.Фарханги гайримоддии халки точик: натичахои экспедитсияхои мардумшиносй ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ аз нохияхои минтакаи Бохтари вилояти Хатлон. Шумораи 6//Мураттиб, муаллифи пешгуфтор ва хулоса Д. Рахимов; зери назари Ш. Комилзода. -Душанбе; Аржанг, 2018. - 240 с.

19.Холмуродов З. Рушди хунархои мардумй дар замони истиклол. Душанбе: Аржанг, 2019. - 208 с.

20.Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. Душанбе: Дониш, 2015, -168 с.

САДМИ МАРДУМШИНОСОН ВА МУХА^И^ОН ДАР ОМУЗИШИ ХУНАРХОИ МАРДУМИИ ВАХШОНЗАМИН ДАР ДАВРОНИ ИСТЩЛОЛ

Муаллифони мавод тавонистаанд, ки осори илмии мардумшиносон ва дигар мухак-киконро дар замони Истиклол дар самти хунархои мардумй ба нашр расидаанд, ба таври мухтасар баён намоянд. Дар мавод хамзамон муаллифон суханхои пурарзиши Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмонро дар самти хифзи таърихи пургановати миллати точик ва таргибу ташвики мероси фарханги миллй дар даврони сохибистиклолии кишвар баён гардидаро инъикос намудаанд.

Аз чумла, сахми ходимони илмии Институти таърих, бостоншиносй ва мардумши-носии ба номи Ахмади Дониши Академияи миллии илмхои Точикистон, хусусан мардум-шиносон дар риштаи тахкики хунархои мардумй, омузиши асархои таълифгардидаи донишмандон дар маводи маддиназар ба таври муфассал инъикоси худро ёфтааст.

Дар хамин радиф, сахми арзандаи натичахои экспедитсияхои мардумшиносй ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ, ки тавонистаанд сахми арзандаи худро дар омузиш ва интишори асархои илмй, дар самти хунархои мардумии минтакахои водии Вахш гузаронанд, низ мавриди баррасй ва тахкик карор гирифтаанд.

Калидвожадо: мардумшиносй, мухаккикон, водии Вахш, хунархои мардумй, осор, истиклол.

ВКЛАД ЭТНОЛОГОВ И ИССЛЕДОВАТЕЛЕЙ В ИЗУЧЕНИЯ РЕМЕСЕЛ И НАРОДНЫХ ПРОМЫСЛОВ ДОЛИНЫ ВАХШ В ПЕРИОД НЕЗАВИСИМОСТИ

В статье приводятся научные труды и дается анализ работ этнологов и других исследователей в области изучения ремесел и народных промыслов в Таджикистане периода независимости. В частности, делается уклон на изучение народных промыслов и ремесел населения южной части Вахшской долины периода независимости, который до сих пор недостаточно изучен.

Также приводятся своевременные послания Основателя мира и национального согласия-Лидера нации, Президента Республики Таджикистан, уважаемого Эмомали Рахмона народу Республики Таджикистан о защите богатой истории таджикского народа и пропаганде национального культурного наследия на современном этапе.

В частности, подчеркивается, что огромен в этом направлении вклад научных сотрудников Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша Национальной

академии наук Таджикистана, в том числе этнографов в области изучения народных промыслов и ремесел, что получило отображение в их научных статьях и монографиях.

Немаловажен вклад сотрудников Научно-исследователского института информации и культуры (НИИИК), которые в течении ряда лет предприняли научные экспедиции и по всем регионам Таджикистана, в том числе этнографов в области изучения народных промыслов и ремесел, что получило отображение в их научных статьях и мнографиях.

Ключевые слова: этнография, исследователи, Вахшская долина, народные промыслы, независимость, творчество.

THE CONTRIBUTION OF ETHOLOGISTS AND RESEARCHERS TO THE STUDIES OF CRAFTS AND FOLK CRAFTS OF THE VAKHSH VALLEY IN THE PERIOD OF

INDEPENDENCE

The article presents scientific works and analyzes the work of ethnologists and other researchers in the field of studying the study of crafts and folk crafts in Tajikistan during the period of independence. In particular, a focus is made on the study of folk crafts and crafts of the population of the southern part of the period of independence, which has not yet been sufficiently studied.

The timely messages of the Founder of Peace and National Unity - Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan, Emomali Rahmon to the people of the Republic of Tajikistan on the protection of the rich history of the Tajik people and the promotion of the national cultural heritage at the present stage are also given.

In particular, it is emphasized that the contribution of researchers from the Institute of history, archeology and ethnography named after A. Donish of the National Academy of sciences of Tajikistan, including ethnographers in the field of studying folk crafts and crafts, which was reflected in their scientific articles and monographs.

The contribution of the employees of the Scientific Research Institute of Information and Culture (RITFI) is also important, which for a number of years undertook scientific expeditions to all regions of Tajikistan, including the Vakhsh valley, which resulted in their scientific work.

Key words:ethnography, research, researchers, Vakhsh valley, folk arts and crafts, creativity.

Сведения об авторахШовалиева Мумина Садыковна - кандидат исторических наук, ведущий научный сотрудник отдела этнологии и антропологии Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша НАНТ. Тел: (992) 908-99-19-89 E - mail: Mumina1957@mail.ru

Мирзомудинов Сайфулло Хафизович - докторант 3 курса Института истории, археологии и этно-графии им. А. Дониша НАНТ. Тел: (992) 93-159-84-22; E - mail: mirzosai 744 @gmail.com.

Information about the authors: Shovalieva Mumina Sadikovna - candidate of historical sciences, leading researcher of the Department of Ethnology and Anthropology of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after A. Donish of the NST. Phone: (+992) 908-99-19-89 E - mail:Mumina1957@mail.ru

Mirzomudinov Saifullo Hafizovich-3 rd year doctoral student of the Institute of history, Archeology and Ethnography named after A.Donish National Academy of Sciences of Tajikistan. Phone: (992) 93-159-84-22; E - mail; mirzosai 744@gmail.com.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.