Научная статья на тему 'МАВқЕИ КИТОБХОНА ВА КИТОБХОНӢ ДАР ТАШАККУЛИ АқЛУ ЗАКОВАТ ВА ФАРҲАНГИ ХОНАНДАГОН'

МАВқЕИ КИТОБХОНА ВА КИТОБХОНӢ ДАР ТАШАККУЛИ АқЛУ ЗАКОВАТ ВА ФАРҲАНГИ ХОНАНДАГОН Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
294
18
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
КИТОБХОНА / КИТОБХОН / ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ / РУШДИ ЦОБИЛИЯТҲОИ МАЪРИФАТӢ / ҲАМКОРИИ МАКТАБ / ОИЛА ВА ҷОМЕА / РУШДИ ЗЕҲНӢ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Камолзода Сайфиддин

Дар мақола масъалаи нақши китобхона ва китобхонӣ дар ташаккули ақлу заковат ва фарҳанги хонандагон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Китобхонаро муаллиф омили асосию меҳварӣ дар рушди зеҳн ва фарҳанги насли наврас медонад. Нақши китобдор ба ҳайси ҳодию роҳнамо, ҳамчун шахси маърифатпеша ва соҳибназар дар ҳалли мушкилоти ба китобхонӣ ҷалб намудани хонандагони таълимгоҳ махсус таъкид мегардад. Ба андешаи муаллиф, китобдор бояд худ шахси бофарҳангу китобдӯст ва пурхондаву сатҳи маънавияташ баланд бошад. Нақши китобхонаи мактабӣ ҳамчун даргоҳи маърифатию иттилоотӣ дар инкишофи неруи эҷодӣ ва зеҳнии кӯдакон махсусан қайд мегардад. Ба андешаи муаллиф яке аз роҳҳои маҳсулноки ба китобхонӣ ҷалб намудани кӯдакон ва дар ин замина баланд бардоштани маънавиёти насли наврас ҳамкории мактаб, хонаводаву ҷомеа ва дар назди китобхонаҳо амал кардани шӯрои волидайн маҳсуб меёбад. Бо ин мацсад баргузор намудани маҳфилу чорабиниҳои гуногун, аз қабили «Китобхона дар меҳмонии мактаб», «Мактаб дар меҳмонии китобхона» ва «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» тавсия карда мешавад. Самти дигари муҳимро дар ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, муаллиф дар ҳамкории зичи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм дар ҷодаи ташкил ва ҷалби шоирону нависандагон ҷиҳати дар вохӯриҳо иштирок кардану меҳри каломи бадеъ ва мутолиаи осори бадеиро дар цалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ бедору тарбия намудан медонад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE ROLE OF LIBRARY AND READING IN FORMING INTELLIGENCE AND CULTURE OF STUDENTS

The role of the library as the main and central factor in the development of the intellect, mental and creative potential of children and reading in the formation of thinking and culture of students is considered. The role of a librarian as a cultured person in attracting students to reading is noted. According to the author, the librarian himself must be a cultured person who loves books and reading, and one of the most productive ways to attract children to reading and, on this basis, to improve the culture of the younger generation is the close interaction of the school, family and society. To this end, it is recommended to organize various events, such as "Library visiting schools", "School visiting the library", "Book Week for children and adolescents in Tajikistan". Another important direction in attracting the younger generation to reading, the author considers the close interaction of the Writers' Union of Tajikistan with the ministries of culture, education and science of the country and, on this basis, the organization of meetings ofpoets and writers with students of educational institutions.

Текст научной работы на тему «МАВқЕИ КИТОБХОНА ВА КИТОБХОНӢ ДАР ТАШАККУЛИ АқЛУ ЗАКОВАТ ВА ФАРҲАНГИ ХОНАНДАГОН»

ТКБ 82(091)

DOI:10.51844-2077-4990-2022-4-165-170

МАВЦЕИ Камолзода Сайфиддин, н.и.п., мудири шуъбаи КИТОБХОНА ВА КИТОБХОНИ инноватсия ва технологияи таълими Академияи ДАР ТАШАККУЛИАК,ЛУЗАКОВАТ таусилоти Тоцикистон (Тоцикистон, ВА ФАР^АНГИ ХОНАНДАГОН Душанбе)

РОЛЬ Камолзода Сайфиддин, к.п.н.,заведующий БИБЛИОТЕКИ И ЧТЕНИЯ В отделом инновации и педагогической технологии ФОРМИРОВАНИИ ИНТЕЛЛЕКТА И Академии образования Таджикистана КУЛЬТУРЫ УЧАЩИХСЯ (Таджикистан, Душанбе)

THE ROLE OF Kamolzoda Sayfiddin, candidate of pedagogical LIBRARY AND READING IN FORMING sciences, head of the department of science and INTELLIGENCE AND CULTURE OF innovation of the Academy of Education of

STUDENTS Tajikistan (Tajikistan, Dushanbe), E-mail: kamolzoda70@mail.ru Вожа^ои калиди: китобхона, китобхони, ташаккули фаруанги китобхони, рушди цобилиятуои маърифати, уамкории мактаб, оила ва цомеа, рушди зеун

Дар мацола масъалаи нацши китобхона ва китобхони дар ташаккули ацлу заковат ва фаруанги хонандагон мавриди таулилу барраси царор мегирад. Китобхонаро муаллиф омили асосию меувари дар рушди зеун ва фаруанги насли наврас медонад. Нацши китобдор ба уайси уодию роунамо, уамчун шахси маърифатпеша ва соуибназар дар уалли мушкилоти ба китобхони цалб намудани хонандагони таълимгоу махсус таъкид мегардад. Ба андешаи муаллиф, китобдор бояд худ шахси бофаруангу китобдуст ва пурхондаву сатуи маънавияташ баланд бошад. Нацши китобхонаи мактаби уамчун даргоуи маърифатию иттилооти дар инкишофи неруи эцоди ва зеунии кудакон махсусан цайд мегардад. Ба андешаи муаллиф яке аз роууои маусулноки ба китобхони цалб намудани кудакон ва дар ин замина баланд бардоштани маънавиёти насли наврас уамкории мактаб, хонаводаву цомеа ва дар назди китобхонауо амал кардани шурои волидайн маусуб меёбад. Бо ин мацсад баргузор намудани мауфилу чорабиниуои гуногун, аз цабили «Китобхона дар меумонии мактаб», ««Мактаб дар меумонии китобхона» ва «Хафтаи китоби кудакону наврасони Тоцикистон» тавсия карда мешавад. Самти дигари мууимро дар цалби насли наврас ба мутолиаи китоб, муаллиф дар уамкории зичи Иттифоци нависандагони Тоцикистон, вазоратуои фаруанг, маориф ва илм дар цодаи ташкил ва цалби шоирону нависандагон циуати дар вохуриуо иштирок кардану меури каломи бадеъ ва мутолиаи осори бадеиро дар цалби хонандагони муассисауои таълими бедору тарбия намудан медонад.

Ключевые слова: библиотека, чтение, формирование читательской культуры, развитие познавательных способностей, сотрудничество школы, семьи и общества, интеллектуальное развитие

Рассматривается роль библиотеки как основного и центрального фактора в развитии интеллекта, умственного и творческого потенциала детей и чтения в формировании мышления и культуры учащихся. Отмечается роль библиотекаря как культурного человека в привлечении учащихся к чтению. По мнению автора, библиотекарь сам должен быть культурным человеком, любящим книгу и чтение и одним из продуктивных путей привлечения детей к чтению и на этой основе повышения культуры подрастающего поколения является тесное взаимодействие школы, семьи и общества. С этой целью рекомендуется организация различных мероприятий, таких как ««Библиотека в гостях у школ», ««Школа в гостях у библиотеки», ««Неделя книги для детей и подростков Таджикистана». Другим важным направлением в привлечении подрастающего поколения к чтению автор считает тесное взаимодействие Союза писателей Таджикистана с министерствами культуры, образования и науки страны и на этой основе организацию встреч поэтов и писателей с учащимися учебных заведений.

Key words: library, reading, formation of reading culture, development of cognitive abilities, cooperation between school, family and society, intellectual development

The role of the library as the main and central factor in the development of the intellect, mental and creative potential of children and reading in the formation of thinking and culture of students is considered. The role of a librarian as a cultured person in attracting students to reading is noted. According to the author, the librarian himself must be a cultured person who loves books and reading, and one of the most productive ways to attract children to reading and, on this basis, to improve the culture of the younger generation is the close interaction of the school, family and society. To this end, it is

recommended to organize various events, such as "Library visiting schools", "School visiting the library", "Book Week for children and adolescents in Tajikistan". Another important direction in attracting the younger generation to reading, the author considers the close interaction of the Writers' Union of Tajikistan with the ministries of culture, education and science of the country and, on this basis, the organization of meetings ofpoets and writers with students of educational institutions.

Тули солхои сохибистиклолй масъалаи омузиш ва мутолиаи асархои бадей дар байни насли наврас ва чавонон чойгохд мухим пайдо карда, ин мушкил (каммутолиагй ва парх,ез аз хондани китобхои бадей) ба мадди аввал баромад. Ахли чомеа, кишрхои мухталифи он роху тадбир чустанд, андешаву пешниходоти худро аз сахифахои нашрияхои чумхуриявй ва садову симо пайваста изхор доштанд. Сабабу омилхои каммутолиагии насли наврас, роху шевахои ба хондани осори бадей чалбу шавкманд кардани онхо ва бад-ин тартибу низом, ба гунаи маъмулй ба рох мондани раванди маърифатмандй ва эчоди консепсияи фарогири фарханги мутолиа баён карда шуд. Дар ин самт мо низ чанде аз андешахои худро изхор намудем[2, c.42-44; 3,c.23-26]. Аз чумла, дар таргибу муаррифии китобхои бадей ва бедор намудани шавку рагбати хонандагон ба мутолиа ва омузиши бардавом якчанд омил накши калидию халкунанда мебозад. Омили асосию мехварй, пеш аз хама, китобхона ба шумор меравад. Дар китобхона китобдор ба хайси ходию рохнамо, хамчун шахси маърифатпеша ва сохибназар дар халли мушкилоти ба китобхонй чалб намудани хонандагони таълимгох сахми калон гузошта метавонад. Дар ин масъала, нахуст бояд вазифаю рисолати китобхона, баъдан, усулхои чалби хонандагон ба мутолиаи китоб, накши китобхона дар ташаккули малакахои хониш (мутолиа)-и шогирдон ва дигар омилхо ба эътибор гирифта шавад[ 3,с.24]. Дар солхои аввали сохибистиклолй накши китобдору китобхона камранг буд, зеро бо амри тавдир ва бар асари тахдввулоти фарогирии сиёсиву ичтимоии ибтидои солх,ои навадумаз чумхурй куч бастани гурухд калони мутахассисони варзидаю сохибмаълумот дар сохахои фарханг, маориф ва илм, хусусан китобхонахои мактабй муиахассисон намерасиданд. Аз хамин сабаб, манбаъ ё сарчашмаи муътамаде, ки ба василаи он насли наврас ва чавонон ба мутолиа ва омузиш чалб ва фаро гирифта шаванд, ба таври мукаммал ва бояду шояд вучуд надошт. Вазифаи китобдор факат бо таъмини китобхона бо китобхои дарсию бадей ва чобачогузории осори гуногуни илмию оммавй иборат набуда, вай бояд худ шахси бофархангу китобдуст ва пурхондаву сатхи маънавияташ баланд бошад [7, с.168]. Мутаассифона, тайи солхои зиёдест, ки масъалаи мазкур ба холи худ гузошта шуда, ба китобхона дар аксар муассисахои таълимии шахру навохии кишвар на танхо мутахассисони чавони сохибтахассус чалб карда намешаванд, балки вохиди кории китобдор хамчун илова ба омузгорони фанхои гуногун супурда мешавад. Х,ол он ки китобхонаи мактабй чузъи таркибии муассисаи таълимй буда, дар раванди таълиму тарбияи насли наврас сахми намоён дорад. Китобхонаи мактабй хамчун муассисаи маърифатию иттилоотй ба раванди таълим муносибати бевосита дошта, барои инкишофи неруи эчодй ва зехнии кудакон шароити созгор фарохам меорад. Хддафи асосии китобхонахои мактабй густариш бахшидани сатхи маърифатнокии хонандагон мебошад. Аз ин ру, китобхонахои мактабй бояд фаъолияти худро дар асоси талаботи назарияи педагогии таргиби китоб ва китобхонии кудакон ва наврасон ба рох монанд. ^абл аз хама:

- китобхонахои мактабй бо доштани толори хониш, гушаи маслихат барои интихоби китоб, иттилооти электронй оид ба китобхои сохавй, тахассусй ва китобхои касбй ва монанди инхо ва маркази дустдорони китоб табдил дода шаванд;

- гушаи навгонихои назариявй ва амалии педагогй, методй ва психологияи педагогй дошта бошанд, зеро омузгорон, хусусан, омузгорони навкору чавон ба он эхтиёч доранд;

- толори хониши китобхонахо ба маркази шабнишинихои фархангй, бахсу мухокимахо ва тахкими китобхои хондашуда табдил дода шавад. Агар дар чунин чорабинихо волидайн ва намояндагони ахли чомеа низ иштирок варзанд, боз хам бехтар хохад буд. Дар ин холат китобхонахои мактабй вазифаи бевоситаи ташвики китоб, хондан, таргиби дониш ва фархангпарварии худро анчом дода, ба чузъи чудонопазири хайати педагогии мактаб табдил меёбад.

Ба мутолиа ва омузиши асархои бадей чалб намудани хонандагони муассисахои таълимй аз хамкории зичи китобдор бо рохбарони синфхо ва дар мачмуъ, омузгорони фаннй вобаста мебошад. Аммо хотиррасон бояд кард, ки хамкорй сатхию колабй не, балки дар сатхи баланд ва бо дарназардошти имконоту шароити таълимгох (таъмини китобхона бо асархои нав ва тозанашр дар назар аст) ба рох монда шавад. Мусаллам аст, ки китобдор доир ба ин самт хуччату асноди зиёде дорад, ки дафтари кайди истифодабарии китобхои бадей аз чумлаи онхост. Дафтари кайди китобхои бадей иборат аст аз кайди чорабинихои беруназсинфй оид ба

хониш, кайди рузмараи хонанда, кайди хармохаи хонанда ва китобхои хондашуда, инчунин, хисоботи семохаи китобдор. Библиограф ва педагоги маъруфи рус Леонид Есилеев дар маколаи худ тахти унвони «Мутолиа таснифи вижа мехохад», ки дар нашрияи «Российская культура» (аз 21.02.2002) [11] ба нашр расидааст, кайд менамояд, ки китобдори мактаб бояд зуд-зуд ба синфхонахо ворид шуда, ба хонандагон дар хусуси китобхои пурмухтаво, шавковару хонданй вобаста ба синну соли онхо, ки чанбаи баланди тарбиявию ахлокй дорад, сухбат доир намояд. Хдмзамон, фехристи асархои тозанашрро, ки бо дастгирии маъмурияти муассисаи таълимй ва худи китобдор ба китобхонаи таълимгох ворид шудааст, ба хонандагон пешниход карда, дар хамкорию хусни тафохум бо омузгорони забон ва адабиёти точик, забон ва адабиёти рус ва рохбарони синфхо хонандагонро аз руйи саводу донишашон хамчун мутолиакунанда тасниф намояд. Тасниф барои чй зарур аст? Дар хар як синф маъмулан хонандагони босаводу хушзехн, миёнаву сустхон ва билохира, танбалу чохил, ки ба донишомузй шавк надоранд, мавчуданд. Китобдор хамин омилро ба назар гирифта, ба чуз эътибор додан ба синну сол, ба хонанда асархои бадеиро бояд пешниход ва барои мутолиа тавсия намояд. Мутолиаи осори бадей (умуман, китобхои гуногун) амали сахлу осон набуда, ба хеч вачх ба таври ичборй бояд сурат напазирад. Ба китобдор ва омузгори забон ва адабиёти точик зарур аст, ки асархои бадеиро бетартибона ва аз руйи маколи «пеш ояду хуш ояд» ба хонанда пешниход накунад, зеро чунин тарзу шеваи кор ба аъзои китобхона, завку майли онхоро ба мутолиа коста гардонда, бо хамин хонандагон осори гаронмоя ва пурарзишу баландгояро аз таълифоти сусту якранг ва дилбазан ба зудй тафовут карда наметавонанд. (Ин гуфта бештар ба осори шоирону нависандагони муосири точик ва дигар халкияту миллатхо дахл дорад). Дар байни осори вокеан асили адабй баъзан ба китобхонахо тибки фармоишу расмиятгарой асархои ба синну соли хонанда номувофик ва аз чихати мундаричаю гоя номакбул (ба масал, асархои бемохияти мочарочуёна, детективие, ки куштору катлро таргиб мекунанд ва китобхои фантастикию кучагй (бульварный), ки ба чуз сафсатаю хазён бори маънй намекашанд ва вакти хонандагонро бехуда зоеъ мекунанад) ворид мешаванд, ки иддае аз китобдорони тасодуфй ва камхонда ин осорро дар заминаи хисобот ва бо максади ичрои накша бе хеч фикру андеша ба хонандагони синну соли гуногун барои мутолиа пешкаш менамоянд, ки иштибохи махз аст. Бо максади он ки чунин нофахмию номураттабй дар фаъолияти китобхонахо руй надихад, бояд омузгорони мактаб ва китобдор, новобаста аз фанне, ки дарс мегуянд, дорои чахонбинии фарох, дарку фахмиши баланд ва мутолиаи бардавом бошанд. Боиси хурсандист, ки дар аксар муассисахои таълимии кишвар бо икдому дастгирии китобдорон ва омузгорони забон ва адабиёти точик, омузгорони забон ва адабиёти рус, рузномаи хармохаи девории иртиботманд ба омузишу мутолиаи осори бадей ва руйхати осоре, ки бояд хонда шаванд, бароварда мешаванд. Дар ин рузномаи деворй дар бораи синфхои пешкадам, ки хонандагонашон аз хама бештар китоб мутолиа мекунанд ва худи хонандагони пурмутолиа маълумот дода шуда, акси пешсафон дар он чой дода мешавад. Ба ин васила, китобдору омузгорони мактаб хонандагонро ба мутолиаи асархои бадей хавасманд мекунанд. Яке аз дигар роху усули таргиби китобхонй ва фаро гирифтани хонандагони мактаб ба мутолиаи осори бадей хамкории мактаб бо хонавода ва дар умум, чомеа махсуб меёбад. Масъалаи мазкурро мо борхо дар навиштахои худ таъкид ва хамчун омили муассиру судманду таконбахш хотиррасон кардем. Вокеан, бахри баланд бардоштани маънавиёти насли наврас хамкории мактаб, хонавода ва чомеа бояд дар сатхи баланд ба рох монда шуда, дар назди китобхонахо шурои волидайн амал кунад. Бо ин максад баргузор намудани махфилу чорабинихои гуногун, аз кабили «Китобхона дар мехмонии мактабхо», «Мактаб дар мехмонии китобхона» ва «Х,афтаи китоби кудакону наврасон» ба манфиат кор мебошад. Дар ин замина, бо китобхои бадей таъмин намудани фарзандон аз чониби падару модарон масъалаи мухимми замон ба шумор рафта, то чй андоза ба мутолиа чалб гардидани ахли хонадони хар як точик, ба хусус, насли наврас, аз фархангу фахмиши баланд ва чахонбинии сарварони оилахо вобаста мебошад. Мусаллам аст, ки тайи солхои охир бо нашри асархои гуногуни аз чихати гояву мухтаво арзишманду шавковар ва ба синну соли хонандагони хамаи зинахои тахсилот мувофик бархи зиёди волидон бахри маърифатманду босавод гардидани фарзандон ба китоб ру оварда, теъдоди фаровони асархои бадеиро, ки дар шакли китобчахои рангаю суратдор, афсонаву ривоят, киссахои хонданибобу тарбиявй дар бораи кахрамонони таърихии миллат ва инъикоси хаёти мактаббачагони замони муосир, ки зери парчами давлати сохибистиклол озоду сохибихтиёранду ба илму донишомузй машгул, бахшида шудаанд, харидорй ва дастраси фарзандон гардониданд. Дар бахши аъзами хонаводахо китобхонахои шахсй мавчуданд (хусусан дар шахри Душанбе). Аммо мушохидахо бозгуйи онанд, ки хануз дар деху музофоти кишвар ба масъалаи бо китобхои бадей таъмин

намyдани фарзандон бепарвоию сахлангорй менамоянд. Падарy модарон ба китобхои аз китобхонахои мактабй истифоданамyдаи фарзандонашон каноат карда, хатто ду - се китоби бадей хариданро ба худ раво намебинанд, ки боиси таассyфи амик аст. Х,ол он ки, ба андешаи мо, вакти он расидааст, ки дар тамоми деху музоФоти кишвар, дар чамоатхои дехот магозаю дуконхои Фуруши китоб ва дар хонахо аз чониби падару модарон китобхонахои шахсии намунавй ташкил карда шавад. Зимни чорабинй - озмоише, ки чанд сол кабл дар як идда муассисахои таълими аз чониби мо гузаронида шуд, маълум гардид, ки (ин амал тарики саволномахо дар хамкорй бо китобдорони таълимгоххо сурат гирифта буд) дар умум хонандагон дар хона ба мутолиаи осори бадей шугл меварзанд, вале посуххо нишон доданд, ки хануз таваччухи волидон ба ин масъала дар сатхи зарурй ба рох монда нашудааст. Ду саволнома, ки мухтавои мухталлиф доштанд ва аз 10 - саволй амсоли «Ту хонданро дуст медорй?», «Кадом китобро хозир хонда истодай?», «Падару модарат барои ту китоб мехонанд?», «Хдмрохи падару модарат китоб мехонй?», «Дар хонаатон калонсолон китоб хонданро дуст медоранд?», «Аз руи зарурат китоб мехонед ва ё ба он шавку хавас доред?», «Дар хонаи шумо китобхои шавковари кудакона мавчуданд?», «Кадом китобро хозир модарат ё падарат мехонанд?», «Хонадани кадом китобхо ба ту бештар писанд аст?», иборат буданд, далели гуфтаи мост. Хусусан, хонандагон ба саволхои «Дар хонаатон калонсолон китоб хонданро дуст медоранд?», «Кадом китобро хозир падар ё модарат мехонанд?», «Дар китобхонаи шахсии шумо китоб хаст?» (суол ба волидон) посуххои мушаххас ва конеъкунанда дода натавонистанд. ^исме аз падару модарон шароити иктисодию молиявиро чун омили харидорй накардани китоб шафеъ оварда, бо хамин дар бораи ташкили китобхонаи шахсй харф заданро умуман бехуда хисобиданд. Вале ин узру бахона пеш оварданхо рохи халли масъалаи мазкур набуда як назари ичмосй ба хаёту фаолияти шоирону нависандагони точик, аз чумла, устод Садриддин Айнй кифоя аст, то бидонем, ки бо вучуди бори сангини зиндагии хонадон ба душаш афтодан гоххо гурусна рузашро ба шом ва шомашро бо санги каноат бар нафс бастан, устод аз чунин хисоб аз бозор китобхои писанди худро харидорй ва бо шавк мутолиа мекард. Аз ин ру, гумон мекунем, волидонро зарур аст, ки бар ивази хариди телефонхои гаронбахои мобилй барои фарзандон, ки аз рохи хавою хавас сурат мегирад бо шеваю сабки гуногун мехру мухаббати китоб ва мутолиаи пайвастаи онро дар ниходи фарзандон бедор намоянд. Табиист, ки ин раванд бе икдоми сарварони хонаводахо ва ба хусус, харидории китобу ташкили китобхонаи шахсй имконнопазир аст. Яъне, дигар дар масъалаи китобхои бадей таъмин намудани фарзандон волидон бояд, хеч бахонаеро пеш наоранд ва бо чидду чахд, чиддан аз пайи тарбияи комили маънавии фарзандон гарданд. Яке аз дигар тарзу усулхои ба китобу китобхонй ва дар мачмуъ, адабиёт майлу рагбат пайдо кунондани насли наврас ташкил ва баргузории вохурию мулокотхо бо шоирону нависандагон махсуб меёбанд. Ин омил вокеан, дар ташаккулу такомули завки хонандаи мактаб таъсиргузор, раванди аслан мукаррариест, ки реша дар таргиби мутолиаи китоб дар ахди шуравй дорад. Чунон, ки медонем, дар замони шуравй вобаста ба шароиту имконоти хеле хуби мавчуда вохурии адибон бо мардуми шахру навохии чумхурй хусусан, мактабиён зуд- зуд ва дар сатхи баланд баргузор мегардид. Таъсири файзбахши ин омилро дар сермутолиагии насли он замон, донишмандию дорои чахонбинии фарох будани эшон ва аз байни чавонон ба майдон омадани эчодкорони сохибистеъдод (шоирону нависандагон ва олимон) мебинем. Мутаассифона, тахдввулоти фарогирии сиёсиву ичтимоии солхои 90 - ум пайваста ба раванди зикршуда таъсири манфй расонд ва то муддатхое робитаи байни хонандагон ва адибонро гусаст ва халои маънавиеро ба вучуд овард. Хдрчанд, ба тадрич вохурию мулокотхо бо адибон ба чараёни тоза даромад, вале ба сабаби пайвастаю мунтазам баргузор нагардидани он, шукухи муаассирии замони пешинро хануз сохиб нагардидааст. Бо вучуди ин хама, кушишхои раёсати Иттифоки нависандагони Точикистон, вазоратхои фарханг, маориф ва илм дар чодаи ташкил ва чалби шоирону нависандагон чихати дар вохурихо иштирок кардану мехри каломи бадеъ ва мутолиаи осори бадеиро дар калби хонандагони муассисахои таълимй бедору тарбия намудан, шоистаи тахсин аст, ки ин омилро аз вусъати тоза пайдо кардани мулокоту гуфтугухои адибон бо мактабиён дар шахру навохии кишвар аз чумла, музофоту дехоти дурдаст равшану бараъло мушохида мекунем. Бояд хотиррасон намуд, ки мутолиа амали завкфизою саршор аз илхом буда, дар ин бобат аз руи накшаю хисоб ва ракамзанй хонандагонро чун намуна истифода кардан (ё нишон додан) лузумияте надорад. Ин ки дар чамъомаду тантанахо ва харгуна чорабинии фархангй аз забони хонандагон мешунавем, ки ба ин микдору он микдор китоб хондааст, ё чандсаду анд шеър ё достон азёд кардааст, ба хеч вачх маънои китобхони асил ва ба умку хадафу гояи ину он асари насрй ё назмй сарфахм рафтани хонандаро намефахмонад. Ин омил гайр аз хисобот ва

зохиргарой чизи дигаре ба бор намеорад. Чунон ки кайд кардем, мутолиа амали захматталаб аст, кори шабурузист, ин бояд огохонаю хадафмандона сурат бигирад. Х,амин аст, ки бо дастури Асосгузори сулху вахати миллй - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мухатарам Эмомалй Рахмон соли дуюм аст, ки озмуни чумхуриявии «Фуруги субхи доной китоб аст» баргузор мегардад, ки дар масъалаи ба китоб ва мутолиа ру овардани талабхои мухталафи чомеа, бахусус насли наврас такони чиддй бахшидааст. Озмун баёнгари он аст, ки чустучую ковишхои дустдорони китоб, ки асархои бешумори бадей мутолиа кардан, дар гушаю канорхои чумхурй самараи нек ба бор оварда истодааст. Дигар аз икдомхои ватандустонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон дар самти маърифатманду китобдуст гардидани мардуми кишвар ба таври ройгон ба хар хонадони точик таксим ва дастрас намудани шохкитоби безаволи муаррих, аллома Бобочон Гафуров «Точикон» ба шумор меравад. Икдому кушишхои рохбарияти олии кишвар танхо ва танхо ба он равона гардидааст, ки меросбарони миллат, дар гузашта сохибшавкату тамаддунофари точик бо мутолиаю омузиши бардавом, бо дониши комилу чахонбинии васеъ мусаллах ва созандагони содики чомеаи ояндаи Точикистон гарданд. Осори адабиву илмии адибону олимони муосири точик бояд имруз тамоми марзхоро убур карда, дар сатхи чахонй омухтаву муаррифй карда шаванд.

Добили зикр аст, ки ин нуктаи мухим дар Паёми Президенти Ч,Т, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олй (26.12.2019) хеле хубу бамаврид ишора гардидааст:

Мо миллати фаруангй, тамаддунсоз ва аз насли ориёи буда, бояд ба таърихи гузаштаамон уарчи бештар ру оварем ва дар цалби фарзандонамон меури китобхони ва цустуцуи илму донишро цой кунем.

Инчунин, назорати азхудкунии донишцои замонавиро пурзур гардонида, наврасону цавононро ба мутолиаи китобхои бадеиву илми ташвщ намоянд, цобилияти эцодии ощоро тацвият бахшанд ва ба таълими фануои табиатшиноси, дациц ва риёзи таваццууи бештар зоуир намоянд [9].

ПАЙНАВИШТ:

1. Атахонов, Т. Очеркхои афкори педагогй /Т.Атахонов, М. Лутфуллоев, Ф. Шарифов . -Душанбе, 2005. - 227 с.

2. Камолзода, С. Андешахо дар ситоиши китоб ва хониш/С.Камолзода//Маводи конференсияи илмй; ДДОТ ба номи Чураев. - Душанбе, 1997.- С. 42 - 44.

3. Камолзода, С. Накши осори бадей дар тарбияи маърифатии хонандагон /С.Камолзода//Маърифати омузгор. - , 2020. - №6. - С. 23 - 26.

4. Лутфуллоев, М. Педагогикаи башар/М.Лутфуллоев.-Душанбе: Матбуот, 2008. - 144 с.

5. Лутфуллоев, М. Педагогикаи миллии халки точик (осори педагогй, чилди 6)/М.Лутфуллоев. - Душанбе, 2015. - 704 с.

6. Рах,матуллоев, Н.Р.Доир ба бархе масъалах,ои асосии ташаккули мав^еи хдёти фаъол ва огох,онаи мактаббачагон/Н.Р.Рах,матуллоев//"Номаи донишгох," -и Донишгохд давлатии Хучанд ба номи академик Б^афуров. Силсилаи илмх,ои гуманитарй ва чомеашиносй.- 2021.-№1 (66). - С. 193-197

7. Умарова, М. Формы и методы библиотечного обслуживания и их эволюция/М.Умарова// Ученые записки Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафурова. Серия гуманитарно-общественных наук.- 2011.- № 1 (25). - С. 168.

8. Шарифзода,Ф. Педагогика: назарияи инсонофар ва чомеаи фархднгй /Ф.Шаризода.-Душанбе: Ирфон, 2010.-543 с.

9. http://www.president.tj/node/21975

10.https://nlr.ru/tus/20121115/Naumov.pdf

11.https://luvr.68edu.ru/Documents/IBC/RabBil.pdf

12.https://school-science.ru/5/12/35181

REFERENCES:

1. Atakhonov, T.Essays of pedagogical opinion/T.Atakhonov,M. Lutfulloev,F.Sharifov.-Dushanbe, 2005. - 227 p.

2. Kamolzoda,S.Opinions in praise of books and reading/S.Kamolzoda//Materials of scientific conference of Tajik State Pedagogical University named after K. Juraev.-Dushanbe,1997.-P.42 - 44.

3. Kamolzoda, S. The role of works of art in the cognitive education of students /S.Kamolzoda//Education of the teacher. - 2020. - No. 6. - P. 23-26.

4. Lutfulloev, M. Human pedagogy/M. Lutfulloev.- Dushanbe: Matbuot, 2008. - 144 p.

5. Lutfulloev, M. National pedagogy of the Tajik people (Pedagogical works. Vol. 6)/M. Lutfulloev. -Dushanbe, 2015. - 704 p.

6. Rahmatulloev, N.R.On Certain Main Issues Concerned With Formation Of An Active And Conscious Life Position Of Students/N.R. Rahmatulloev //Scientific notes of the Khujand State University named after academician B. Gafurov. Series of Humanities and Social Sciences.- 2021.-№. 1 (66). - P. 193-197.

7. Umarova, M.Forms and Methods of Library Services and Their Evolution / M. Umarova / / Scientific notes of the Khujand State University named after academician B. Gafurov. Series of Humanities and Social Sciences. - 2011. - № 1 (25). - P.168-175.

8. Sharifzoda,F. Pedagogy: humanistic theory and cultural society/F.Sharizoda.-Dushanbe: Cognition, 2010. - 543 p.

9.http://www.president.tj/node/21975

10.https://nlr.ru/tus/20121115/Naumov.pdf

11.https://luvr.68edu.ru/Documents/IBC/RabBil.pdf

12.https://school-science.ru/5/12/35181

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.