Научная статья на тему 'АЗ ТАЪРИХИ ИДИ ГУЛҲО ДАР ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ (ИБТИДОИ АСРИ ХХ)'

АЗ ТАЪРИХИ ИДИ ГУЛҲО ДАР ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ (ИБТИДОИ АСРИ ХХ) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
43
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
баҳор / гулҳо / бойчечак / гулгардонӣ / иди гулҳо / сайри гули лола / маросимҳо / парастиши гулҳо / spring / flowers / snowdrop / walking with flowers / festival of flowers / festival of tulips / rituals of flowers’ worship

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Исомитдинов Жорабек Бобобекович

Дар асоси маводи этнографӣ ва таҳлили адабиёти илмӣ баъзе ҷанбаҳои ташкил ва баргузории иди гулҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони Шимолӣ дар ибтидои асри ХХ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Сараввал моҳияти маросими гулгардонии “бойчечакхонӣ”, ки кӯдакону наврасон қабл аз оғози ҷашни Наврӯз барпо мекарданд, кушода дода шудааст. Сипас дар бораи баргузории иди гулҳо –“”Сайри гули лола”-и мардуми Исфара, “Сайри гули сурх” дар дигар минтақаҳои тоҷикнишин, ташкили чорабиниҳои идона бахшида ба об ва гулҳо – “Сайри Шайхон” дар деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Гафуров ва ғайра маълумот дода мешавад. Ба ифтихори иди гулҳо сайри оммавӣ бо шодиву сурури мардум баргузор мегашт. Таъкид шудааст, ки ин идҳои мардумӣ ҳамчун парастиши бедории табиат баргузор мегардид ва пеш аз ҳама хусусияти локалӣ (маҳаллӣ, маҳдуд)-ро дошт.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ABOUT THE HISTORY OF FLOWERS’ FESTIVAL IN THE NORTHERN TAJIKISTAN (BEGINNING OF XX CENTURY)

The article dwells on the basis of ethnographic materials, analysis of scientific literature, some aspects of the organization and holding of the Flower Festival in different regions of Northern Tajikistan at the beginning of the 20th century. First of all, the essence of the “boychechakhani” flower ceremony was revealed, which was performed by children and teenagers before the Novruz holiday. The following is information about the holding of the festival of tulips "Sayri guli lola" by the inhabitants of Isfara, the Red Flower Festival in other Tajik settlements, the organization of festive events dedicated to water and flowers Sayri Shaikhon in the village of Ovchikalacha, Babajon Gafurov district, etc. It is noted that in honor of the flower festival, folk festivals were organized. It is emphasized that such folk holidays were held as a worship of the awakening of nature and were primarily of a local (local, limited) nature.

Текст научной работы на тему «АЗ ТАЪРИХИ ИДИ ГУЛҲО ДАР ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ (ИБТИДОИ АСРИ ХХ)»

УДК 94 (100-87)

Исомитдинов Жорабек Бобобекович,

н.и. таърих, дотсенти кафедраи таърихи халци тоцики МДТ "ДДХ ба номи академик Б. Fафуров"(Хуцанд, Тоцикистон)

Исамитдинов Жорабек Бобобекович,

канд.истор.наук, доцент кафедры истории таджикского народа ГОУ "ХГУ имени акад.Б.Гафурова" (Худжанд, Таджикистан)

Isamitdinov Jorabek Bobobekovich, candidate of history sciences, associate professor of the history of Tajik nation department SEI "KhSU named after academician B. Gafurov " (Khujand, Tajikistan) e-mail: isomatdinov1961@mail.ru

Дар асоси маводи этнографы ва тащили адабиёти илми баъзе цанбауои ташкил ва баргузории иди гулуо дар минтацауои гуногуни Тоцикистони Шимоли дар ибтидои асри ХХ мавриди омузиш царор гирифтааст. Сараввал моуияти маросими гулгардонии "бойчечакхони", ки кудакону наврасон цабл аз огози цашни Навруз барпо мекарданд, кушода дода шудааст. Сипас дар бораи баргузории иди гулуо -""Сайри гули лола"-и мардуми Исфара, "Сайри гули сурх" дар дигар минтацауои тоцикнишин, ташкили чорабинщои идона бахшида ба об ва гулуо - "Сайри Шайхон" дар деуаи Овчицалъачаи ноуияи Бобоцон Гафуров ва гайра маълумот дода мешавад. Ба ифтихори иди гулуо сайри оммави бо шодиву сурури мардум баргузор мегашт. Таъкид шудааст, ки ин идуои мардуми уамчун парастиши бедории табиат баргузор мегардид ва пеш аз уама хусусияти локали (мауаллй, маудуд)-ро дошт.

Калидвожах;о: бауор, гулуо, бойчечак, гулгардони, иди гулуо, сайри гули лола, маросимуо,

парастиши гулуо

На основе анализа этнографических материалов и научной литературы изучены некоторые аспекты организации и проведения праздника цветов в разных регионах Северного Таджикистана в начале ХХ века. В первую очередь была раскрыта суть цветочной церемонии «бойчечахани», которую проводили дети и подростки перед началом праздника Новруз. Далее приводятся сведения о проведении фестиваля тюльпанов "Сайри гули лола " жителями Исфары, праздника красного цветка в других таджикских населенных пунктах, об организации праздничных мероприятий, посвященных воде и цветам, - Сайри Шайхон в селении Овчикалача Бабаджангафуровского района и др. Отмечено, что в честь праздника цветов организовывались народные гуляния. Подчеркивается, что такие народные праздники проводились как поклонение пробуждению природы и носили прежде всего локальный (местный, ограниченный) характер.

Ключевые слова: весна, цветы, подснежник, хождение с цветами, праздник цветов, гулянья с тюльпанами, обряды поклонения цветам

The article dwells on the basis of ethnographic materials, analysis of scientific literature, some aspects of the organization and holding of the Flower Festival in different regions of Northern

DOI 10.24412/2413-2004-2023-2-12-18 АЗ ТАЪРИХИ ИДИ ГУЛХр ДАР ТО ЦИКИСТОНИ ШИМОЛИ (ИБТИДОИ АСРИ ХХ)

ИЗ ИСТОРИИ ПРАЗДНИКА ЦВЕТОВ В СЕВЕРНОМ ТАДЖИКИСТАНЕ (НА ЧАЛО ХХ века)

ABOUT THE HISTORY OF FLOWERS' FESTIVAL IN THE NORTHERN TAJIKISTAN (BEGINNING OFXX CENTURY)

Tajikistan at the beginning of the 20th century. First of all, the essence of the "boychechakhani " flower ceremony was revealed, which was performed by children and teenagers before the Novruz holiday. The following is information about the holding of the festival of tulips "Sayri guli lola" by the inhabitants of Isfara, the Red Flower Festival in other Tajik settlements, the organization of festive events dedicated to water and flowers - Sayri Shaikhon in the village of Ovchikalacha, Babajon Gafurov district, etc. It is noted that in honor of the flower festival, folk festivals were organized. It is emphasized that such folk holidays were held as a worship of the awakening of nature and were primarily of a local (local, limited) nature.

Key words: spring, flowers, snowdrop, walking with flowers, festival offlowers, festival of tulips,

rituals of flowers ' worship

Дар охири асри XIX - ибтидои асри ХХ айёми фасли бахор байни точикон идхои мардумй вобаста ба гулхо тачлил мегардид. Сараввал хамчун досиди бах,ор "иди сияхгуш" ё "бойчечак" баргузор мегашт, ки дар байни мардум онро «гулгардонй» меномиданд. Сипас, баъди та^рибан як мох, пас аз Навруз "Сайри гули лола" баргузор мегашт. Вобаста ба чойгиршавии чугрофй ва и^лим ва^ти баргузории ин ид дар минта^ахои Осиёи Миёна аз хам фар^ мекард. Аз руи маълумоти ахборотдихандагон чашни бойчечак то фарорасии Навруз, чашни гули лола бошад баъди Навруз барпо мегаштанд. Албатта тачлили ин чашнхо бо корхои сахроии кишоварзон, пеш аз хама, бо кишту парвариши галладона (гандум) вобастагй дошт.

Яке аз чашнхои мухимми бахории точикон иди гули бахорй (дар Точикистони Шимолй - "Бойчечак", дар Точикистони чанубиву марказй - "Гули сиёхгуш", "Гули бахман") ба шумор меравад, ки он муждадихандаи Навруз махсуб мешавад. Шукуфтани гули бахорй (бойчечак)- ин далели раднопазири фаро расидани бахори деринтизор аст, ки аз ^адимулайём барои точикон як чашни бузурге будааст.

Пайдо шудани бойчечак аз огози шудгор дарак медод, гули лола бошад ба кишти зироат вобастагй дошт. Дар баъзе махалхо хангоми гулкунии чигда маросимхо барпо менамуданд, зеро дар ин ва^т дарави чаву гандум шуруъ мешуд.

Дар махалхои шимоли Точикистон гули бахорй - бойчечакро аз талу теппахо наврасон (писарбачахо) гурух-гурух рафта дарёфт мекарданд. Дастаи бойчечакро гирифта суруди махсуси «бойчечакхонй»-ро хонда, хона ба хона давр мезаданд. Дар баъзе махалхо бойчечакро ба нуги ходача мебастанд. Ин анъанаро дар байни мардум истилохи мухталиф ба забон мегиранд. Маросим мазкур дар Помир - "Гулгардонй", дар вилояти Сугди Точикистон - "Бойчечакхонй", дар чануби Точикистон - "Гули сиёхгуш", дар Бухоро -"Булбулхонй" меномиданд.

Сохибхоназанон аз дасти кудакону наврасон гулхои бахориро гирифта, ба чашмонашон мегузоранд, ба абрувонашон мемоланд ва Худоро шукр мегуянд, ки то бахори нав зинда монданд. Баъзан ^ироати сураву ояти Куръонро анчом дода, дуо мекарданд, то ки Худованд вазнинихоро дафъ намуда, дар кору зиндагиашон сабукй оварад. Шукуфтани бойчечак ба кишоварзон аз бедоршавии табиат, фарорасии корхои сахрой дарак медод.

Бо вучуди номхои гуногун доштанаш, кудакон ин идро як хел чашн мегиранд. Хдма ширинихо, мевахои хадяшударо байни худ баробар та^сим мекунанд. Дар баъзе чойхо дастархони идона ташкил мекунанд. Оши палови махсус тайёр мекунанд, ки онро «Оши бойчечак» меноманд. Лола ва бойчечак рамзи зебой ва мухаббат мебошад. Одатан тавассути ин идхо одамон мехрубонй, эъти^од ба човидонии зиндагй ва миннатдории худро ба табиат изхор мекунанд.

Мaрдyмшинос O.A. Сyxaревa[12,c.31-32] таъкид кардааст, ки точикон «бойчечaкxонй»-ро чашни даьват кардани бахор меномиданд. Ч,авонон бо гули бойчечак xyдро низ оро медоданд, Гулро ба болои гушашон овезон мекарданд, сурудхо дар васфи бахор меxондaнд, омадани аввалин турнахоро (турнахо бо xyд гармиву бахорро меоварад) васф мекарданд. Бозихои ш^иомуз гузаронида мешуд. Яке аз амалхои даьвати бахор - пуэтани таоми урфии сумалак ба шумор мерафт. Махз дар давраи чашни бойчечак гандумро барои ин намуди таом омода мекарданд. Азбаски омода намудани ин намуди таом вакти зиёдро мегирифт, онро занони махалла, xешy таборон дастачамьона тайёр менамуданд. Истеьмоли ин таом низ дастачамьона сурат мегирифт. Умуман маросими бойчечагаониву сумалакпазй бахри ба даст овардани хосили фаровон ва дафьи хамаи намуди бадихо равона карда шуда буд.

Аз гуфтахои боло бармеояд, ки максади иштирокдорони нaxyстин маросимхои чашнии бахорй - xaйрy сaxовaт, фаровонии xyрокхо, бо гули ба xодa басташуда ба офтоб мурочиат кардан ин бедор намудани табиат, наздикшавй ба фасли гармо махсуб меёфт.

Яке аз маросимхои сайру гашти оммавй дар байни точикон - «Сайри гули лола» ё «Сайри гули сyрx» унвон дошт ва он дар замони пешазинкилобй (инкилоби Октябри соли 1911) дар баьзе махалхо мутантан баргузор мегашт. Хдр бахор точикон ва дигар xaлкхои Осиёи Миёна вобаста ба пайдо шудани ин ё он гули алохида чашн меоростанд. Дар Нурато, Панчакент, Истаравшан "сайри гули сyрx" чашн гирифта мешуд; дар Самарканд -"сайри гули бихй" тачлил мегашт; дар водии ФaрFOнa, мaxсyсaн дар Исфара "иди лола", "сайри гули лола" бо шукухи xосa баргузор мегашт. Дар Бyxоро, чй тавре ки таъкид гашт, ин идро "гулгардонй - бyлбyлxон" мегуфтанд. Гулгардонй (ё гулгардак) xеле мутантан бо ташкил намудани сайру гашти гулхо баропо карда мешуд [5; 14,с.101-108].

Мардумшинос Е.М. Пещерева соли 1927 маколаеро тахти унвони «Ч,ашни лола дар дехаи Исфараи уезди Куканд»[7,с.373-384] (макола соли 1963 аз чониби муаллиф бо иловахо аз нав чоп шудааст)[6,с.214-218] аз нашр баровард. Дар маколаи мазкур чашни бахории гули лола тавсиф шудааст, ки ин чашн хангоми шукуфтани лола такрибан 10-20 апрел баргузор мегардид. Тахлилхо нишон медиханд, ки чунин чашнвора дар дехахои атрофии Исфара ва Конибодом баргузор мегаштанд.

Барои баргузории чашн лолаи кухиро истифода мебурданд. Аслан ду намуди асосии лола: лолаи кухй ва лолaxaсaк (дар баьзе махалхо онро -лола кизFaлдок, лола кизак, лолаказок, лолаи дyxтaрй меномиданд) вучуд доштанд [2,с.81-91].

Иди гули лола се руз идома меёфт. Дар рузи аввал чавонон бо максади чамьоварии лолахо ба дашту даман, кухсор сафарбар мегаштанд. Дар рузи дуюм - мардхо ба чойхои пешакй мукаррашуда, ба боFхо, ки Исфараро ихота карда буданд, сарчамъ мешуданд. Дар ин махал чорабинии асосии чашн баргузор мегашт. Мардхо якчанд шоxхои калон дaрaxти сафедорро, ки аз баргхо ва шоxчaхои майда тоза карда шудааст, омода мекарданд. Сипас ба шоххои дaрaxт лолахои аз чониби чавонон чамъоваришударо мебастанд. Шоxхои ин дaрaxт ба гулдастахои сyрxи бузург мубаддал мегаштанд. Баьди анчоми гулбандй ин дaрaxтонро бо xондaни суруду мусикинавозй ба чойи мaxсyс (китьаи замини мaxсyс омодашуда) мебурданд, ки дар он чо чукурии начандон калон кофта шуда, дар атрофи он колину намадхо густурда мешуданд. Дaрaxтонро дар чукурй (аз хама бузургашро дар марказ ва xyрдтaрaшро дар канори он) насб мекарданд. Дар чараёни ин амалхо мунтазам мушакпарронй сурат мегирифт, дар байни дaрaxтхо «бачча»- навраси либоси занона пyшидa ракс мекард. Шабона бо мaшьaлaфрyзй мардуми чамьшуда бо намоиши кyчaгй сyрyдxонон ба доxили деха (шахраки Исфара) бармегарданд. Дaрaxтонро ба чорсу (дар

мобайни бозор, чор кунчи он) насб мекунанд. Рузи сеюм зиёрати мазорхо - аз чониби мардхо дар мазори Хоча Абдуллохи Кабутпуш, аз тарафи занон бошанд дар мазори Хоча-Абдуллои-сурхй анчом дода мешуд [6, с.218]. Мардхо дар мазор зиёфати харифона густурда, тамоми руз масруфи суруд ва раксу бозй намуда, шабона дер машъалбадаст ба хонахояшон бармегарданд. Занхо дар мазор зиёфату курбониро ташкил менамуданд, сипас дар нахр оббозй мекарданд [7,с. 376-377].

Е.М. Пещерева тахмин мекунад, ки мабдаи ин чашнро аз устурахои худохои миранда ва азнав зиндашавандаи табиат гирифтан мумкин аст. Аз атрофии дехот чамъоварй намудани лолахо маънои кофтукови часади худого, бастани лолахо ба шоххои дарахт ва бо онхо ороиш додани дарахтон бошад васлшавии кисматхои бадани худого ва зиндашавии онхоро ифода мекард [6,с.214].

Баъзе пахлухои баргузории иди гули лоларо дар Исфара Лутфулло Бузургзода низ тадкик кардааст [3,с.27-33].

Алхол дар дехахои Воруху Чоркухи Исфара маросими чамъкунии лола бошукуху шахомат баргузор мешавад. Масалан, кудакон лолаи ёфтаашонро канда, ба нуки чуб ва ё навда мустахкам карда мебанданд ва онро алвонч дода меоранд. Суруду маросимхои махсуси идона хам дорад. Бо як ифода гули лола ва ё гули сурх нишонаи фараду комронй ва зиндагии нав аст.

Садриддин Айнй дар бораи «Сайри гули сурх»-и Бухоро малумот додааст. Ин чашн асосан дар мазори Хоча Баховаддини Накшбанд, ки дар шафати шарки Бухоро чойгир буд, барпо мегашт. Дар ин мавзеъ мардхо рузхои чумъа сарчам шуда чашн баргузор менамуданд. Ч,ойи баргузории чашни занон бошад мавзеи чашмаи Аюб ба шумор мерафт.

Чй тавре ки О. А. Сухарева таъкид мекунад, «иди гули лола» дар гузашта васеъ пахн гашта буд. У бо нохияи Исфара иктифо накарда кайд кардааст, ки топонимикаи Лолазор дар бисёр махалхо вомехурад. Масалан, бо чунин ном махалла дар канори Самарканд вучуд доштааст. Истилохи «лолазор»-ро О. А. Сухарева дар махалхои алохида ба маънои «сайри бонувон ё чавонон» низ шунидааст. Ин гуфтахо аз он шаходат медиханд, ки ин маросим аз лихози генетикй аз даврахои кадим хамчун парастиши бедории табиат баргузор мегардид ва пеш аз хама хусусияти локалй (махаллй, махдуд) доштааст [11, с.88]. Дар адабиёти этнографй ин чашнхоро бо худохои мирандаву азнав зиндашаванда вобаста мекунанд. Дар ин маврид С.П Толстов таъкид кардааст, ки образи Сиёвуш (тибки ривоятхо дар мавзеи катли у лолахои сурх сабзидаанд) ифодакунандаи расму оини аграрии худои миранда ва азнав зиндашаванда мебошад [13, с. 202—205, 318—319].

Дар ин маврид хаминро таъкид бояд кард, ки субъекти асосии сайри гули лола чавонон бо дастагули лола ба шумор мераванд. Ин чавононро тимсоли Сиёвуши зиндашуда маънидод кардан мумкин аст. Гули лолаи сурх бошад ифодакунандаи рамзи хуни ин кахрамони риёзаткашидаи устуравй аст. Сиёвуш тибки ривоят дар рохи ба сулху салох овардани Турону Эрон ба халокат расида буд, уро хамчун барандаи рухи Митро -худои созиш ва адолат эътироф менамуданд [1, с.54-55].

Дар гузашта дар Бухоро ва шахрхои калон сайри гули лола, тамошои гули сурх баргузор мегашт, ки максад аз он тамошои табиат буд. Дар шахри Бухоро сайри гули лола дар назди мазори Хоча Бахоуддини Накшбанд, дар мавзеи Ширбадан ва дар Хонакохи Файзобод баргузор мегашт. Дар шахри Самарканд бошад, дар мавзеии Нурато, дар Исфара дар мавзеи Гули Сурх, дар Конибодом бошад, дар мавзеъхои Хоча Такровут (дехаи Маданият) ва Оккум бобо (дехаи Равот) [15, с.116], дар Истаравшан дар баландии

МyFтеппa, дар Панчакент бошад, дар мавзеи ^айнар чашни гули сyрx ва ё сайри лола баргузор мегардид. Сайргохи мардуми Хучанд ва дехахои атрофи он дар мавзеъхои Бувахшй-ато, Чилдyxтaрон, Чашмаи арзана ва Санги сафеди доманаи кухи МевaFyл чойгиранд. Дар ин мавзеьхо то кунун маросими сайри гули лола баргузор мешавад [9,c.1].

Ахолии Мазори Шарифи AфFOнистон низ ба ин чашн ахаммияти чиддй зохир менамуданд. Дар рузномаи «Туркестанские ведомости» аз 28 апрели соли 1913 маколаи сайёхи рус И. ^арр^и дарч гаштааст, ки дар ин макола доир ба чашни «Гули сyрx» -Мазори Шарифи AфFOнистон маълумот оварда шуда таькид мегардад, ки мардум чашнро дар мазори ба ифтжори Хдзрати Аюб бунёдшуда тачлил менамуданд [10].

Саньатшинос Г.А Пугаченкова ба xyсyсияти чашни гулхо бахо дода, таькид намудааст, ки «ин чашнх,о танх,о ба мардуми Осиёи Миёна xос аст ва бо расму оини кадимаи эхёи табиат вобастагй дорад». Инчунин Г. А. Пугаченкова дар бораи асоси махаллй доштани чашнхоро таькид мекунад [8, c.56-51].

Г. А Пугаченкова акидахои xyдро дар асоси омузиши зарфхои биринчй, кулолии СyFди ибтидои асрхои миёна (асрхои V-VII), ки дар онхо тасвири занх,о бо гyлxои лола сабт шудааст, маьнидод кардааст [4, c.154].

Мохият ва ахаммияти тaьриxии чашнгирии шукуфтани гулхо ва баьзе аз рустаниву дaрaxтон аз талаботи xочaгидории кишоварзон бармеояд. Шукуфтани гулхо аз он дарак медод, ки дехконон ба мархилаи нави коркарди замин шуруь кунанд. Ин як нав таквими фенологй буда, риояи он барои кишоварзон хатми буд, то ки онхо хосили фаровон руёнанд. Хусусияти чашни гулхо аз он иборат аст, ки хангоми сайру гашт ба чавонон (дyxтaронy писарон) имконияти бо хам мулокот кардан фарохам меояд, зеро дар хаёти рузмарра бо сабаби манькунихои динй чунин имконият вучуд надошт.

Дар баьзе махалхои точикнишин ба парастиши об ва гулхо ахаммияти мухим медоданд ва бо максади фаровон гаштани об айёми шукуфтани гулхо сайри оммавй ташкил менамуданд. Яке аз чунин сайрхо дар дехаи Овчикальача, ки 20 км дуртар дар чануби Хучанд чойгир аст хамасола баргузор мегашт. Дар маркази деха дар мавзее, ки тангй ё оббурд меномиданд, чойи ба воха баромадани об мазори пири миробон ва кишоварзон Хоча БокирFOн (Хоча Бахорон низ меноманд) бунёд гаштааст. Дехкадае, ки дар ин чо ба вучуд омадааст, Шaйxон ном дорад, аз ин лихоз сайри оммавиро «Сайри Шaйxон» меномиданд [16, c.90]. Ривоят мекунанд, ки сойи Хоча БокирFOн ба шарофати асои муьчизаофари авлиё Хоча БокирFOн барои обёрии вохаи Хучанд ба вучуд омадааст.

Сайри Шaйxон хамасола баьди ба итмом расидани кишти Fyзa, айёми шукуфтани гули буттаи дулона баргузор мегашт. Шукуфтани гули дулона барои кишоварзон маьнои пурра хукмфармо гаштани бахорро ифода мекард. Ин айём ба санахои аз 8 то 21 майро (ду хафтаи оxири урдубихиштмохи таквими эрониёни бостон) -ро фаро мегирифт.

Ба сайри оммави xyрдy бузург, мардону занони Хучанд ва дехахои атрофии он мебаромаданд, хамчунин мехмонон аз ФaрFOнa, KошFaр ва, хатто, аз Хоразм ташриф меоварданд. Бинобар маьлумоти кухансоли деха Хдсанбой Зохидов намояндагони иттиxодияхои мардон (мехмонxонa, гаштак, гап...) дар атрофии мазор xaймa-шипaнгхо барои истирохат барпо менамуданд, ки теьдоди онх,о дар рузхои сайр ба 1400 адад мерасид. Дар баландии мaxсyс, ки дар сохили рости сой чойгир буд ва Урда ном дошт (дар ру ба руи мазор) барои xокими вилоят шипанги мaxсyс бунёд менамуданд. Теьдоди умумии иштирокдорони сайри оммавй то 10 хазор нафар мерасид [11].

Иштирокдорони сайр якчанд маросимхоро ичро менамуданд. Пеш аз хама дар сой Fyra мекарданд, дар назди турбати авлиё-Хоча БокирFOн сурахои Курьон тиловат мекарданд,

хоки атрофии мазорро бо дасташон мемолиданд, баъзе гуруххо гусфанд, буз, мургро забх менамуданд (^урбонй мекарданд). Чорво чунин забх мешуд, ки хангоми буридани сар хуни он ба канори нахр чорй мешуд. Зиёратчиён ба шайххои мазор назру ниёз хадя мекарданд.

Сайри оммавй бо шодиву сурури мардум баргузор мегашт. Ба намоиш гузоштан ва фуруши махсулоти хунармандон у точирон, барпо намудани бозихои хал^й, баромади дорбозон, масхарабозон, гурзбардорон, гуштингирон ташкил карда мешуд. Чойхонахои сайёр, дуконхои ошпазон, ширинифурушон фаъолият мебурданд Намояндагони иттиходияхои мардон озмуни оши палав ташкил мекарданд. Ч,авонон рузона ба чидани гули лола мебаромаданд. Шабона бошад бо мушакпарронй машгул мешуданд. Инчунин ба осмон лухтаки махсуси ^огазй, ки "одами ёбой" ном дошт бо хамрохии фонус сар медоданд [16, с.92].

Тамоми маросимхои анчомдодашуда ба парастши об, эхтиром ба дарёча равона мегардид, ки решахои ин маросим ба замони зардуштия мерасид. Мардуми Хучанд оби сойи Хочаба^иргонро «нароб» меномиданд. Оби сой аз яххои баланд^ухи ^атокухи Туркистон ба дарозии 117 км чараён дошт ва ба ^авли мардум ба сангхо бархурд намуда «пухта» ва ширин мегардид. Ба мард монанд намудани об бо а^идаи аз чинси марду зан маншаъ гирифтани ^уввахои табиат, рамзи серхосилй вобастагй дорад. Оби мазор хусусияти табобатй низ доштааст.

Храмин тавр, ба гайр аз ахаммияти амалии иди гулхо барои кишоварзон, чашнхо ахаммияти маънавиву фалсафиро доранд. Ин чашнхо, пеш аз хама, бо парастиши серхосилй, эъти^од ба худохои ^адимаи миранда ва зиндашаванда, вобастагй дошт.

ПАЙНАВИШТ:

1. Акбар Турсон. Древний мир одеждой новой весь облекся в эту пору // Иран-наме. Научный востоковедческий журнал. -2018. -№1 (45). - С.52-106.

2. Басилов В.Н. Символика суфизма и народные верования // Этнографическое обозрение. -1994. - № 6. - С.87-91.

3. Бузург-заде Л. Праздник тюльпана (Лола) // Набиев В.М. Сайри гули лола. - Душанбе: Шарки озод, 2001. - С. 27-33.

4. Крюкова В.Ю. Тюльпаны и богини // Рахмат-наме: Сборник статей к 70-летию Рахмата Рахимовича Рахимова / Отв. ред. М.Е. Резван; РАН. МАЭ им. Петра Великого (Кунсткамера). — Санкт-Петербург: МАЭ РАН, 2008. — С. 152-183.

5. Новая жизнь старых календарных праздников. Часть 2. // http://www.fiesta-da.ru/ index.php? option= com content&task =view&id =166&Itemid=132 (Дата обращения: 04.03.2020).

6. Пещерева Е.М. Некоторые дополнения к описанию праздника тюльпана в Ферганской долине // В сб.: Иранский сборник. К семидесятилетию профессора И. И. Зарубина. -Москва: Изд-во вост. лит., 1963. - С. 214—218.

7. Пещерева Е.М. Праздник тюльпана (лола) в сел. Исфара Кокандского уезда) // В.В. Бартольду туркестанские друзья, ученики и почитатели. - Ташкент, 1927. -С.373 - 384.

8. Пугаченкова Г.А. Некоторые изобразительные сюжеты на памятниках искусства древнего Согда // Известия Академии наук ТаджССР. Отделение общественных наук.-1952.- №1. - С.53-64.

9. Рахимов И. Нигоуе ба таърихи сайри гули лола // Сухани халц. - № 16 (531). 18.04.2019. -16 с.

10.Рузи Аумад. "Гули сурх". Сайри адабиву асотирй// Чум^урият.- 26.04.2018.- № 83 .

11. Сухарева О.А. Сузани: среднеазиатская декоративная вышивка. -Москва, 2006. -159 с.

12. Сухарева, О. А. Празднества цветов у равнинных таджиков (конец Х1Х - начало XX в.) // Древние обряды, верования и культы народов Средней Азии: историко-этнографические очерки. - Москва, 1986. - С. 31-32.

13. Толстое С. П. Древний Хорезм. -Москва, 1948. - 352 с.

14.Тульцева Л.А. Современные праздники и обряды народов СССР. - Москва: Наука,

1985. - 191 с.

15.ТурсуновБ. Р. Аз таърихиХуца Такровут. -Хуцанд, 2007. -132 с.

16.Турсунов Н.О. Народное гуляние - сайри Шайхон в Ходженте: обряды, сущность и генезис// Материалы по истории таджикского народа. - Ленинабад, 1989. - С.90-92.

17.Суцбат бо Х^асанбой Зоцидов, истицоматкунандаи децаи Овчи-цалъача, собицадори мецнат. Сентябри соли 1989.

REFERENCES:

1. Akbar Tursun. The Ancient World is All Dressed in New Clothes at This Time // Iran-name. Scientific Oriental Journal. -2018. -№1 (45). - PP.52-106.

2. Basilov V.N. Sufizm's Symbol and People's Belief // Ethnographic Survey.-№ 6, 1994. -PP.87-91.

3. Buzurgzade L. Festival of Tulips (Lola) // Nabiev V.M. Sayri guli Lola-Dushanbe: Sharqi Ozod, 2001. - PP. 27-33.

4. Krukova V.U. Tulips and Goddess // Rahmat-name: Collection of articles dedicated to the 70-anniversary of Rahmat Rahimovich Rahimov / responsible editor М.Е. Rezvan; RAS. MAE named after the Great Peter (Kunstkamera). — Saint-Petersburg.: MAE PAS, 2008. —PP. 152-183.

5. The New Life of the Old Calendar Holidays. Part-2. // http://www.fiesta-da.ru/ index.php? option = comcontent&task =view&id =166&Itemid=132 (Date of appeal: 04.03.2020)

6. Peshereva E.M. Some Addition to the Description of Festival of Tulips in Ferghana Valley. In the collection of Iran Collector. To the 70-anniversary of Professor I.I.Zarubin. M.: Publish of oriental literature. -M., 1963. -PP. 214—218.

7. Peshereva E.M. Festival of Tulips (Lola in Isfara district of Kukand Area) // V.V.Bartold Turkistan friends, students and readers. - Tashkent, 1927. -PP.373 - 384.

8. Pugachenkova G.A. Some Picturesque on the Monuments of Art of the Ancient Sughd // Bulletin of Akademy of Sciences of SSR Tajikistan. The Chamber of Social Sciences.-№1. 1952.- PP.53-64.

9. Rahimov I. View to the History of Sayri Guli Lola // Sukhani Khalq .- № 16 (531). 18.04.2019. -16pp.

10.Ruzi Ahmadov. " Guli Surkh". Literary-Mystical Walk// Jumhuriyat.- 26.04.2018.- №: 83 . 11.Sukhareva O.A. Suzani: Central Asian Decorative Embroidery. -M., 2006. -159 pp. 12.Sukhareva O.A. Flowers Festival of Plain Tajiks (end Х1Х - beginning XX cc.) // Ancient

rituals, beliefs and culture of the nations of Central Asia: historico-ethnographic essay. - M.,

1986. -PP. 31-32.

13. Tolstov S.P. Ancient Khorazm. -M., 1948. -352pp.

14. Tultseva L.A. Modern Holidays and Rituals of SSSR nations. - M.: Nauka, 1985. - 191 pp.

15.Tursunova B.R. From the History of Khoja Takrovut. - Khujand, 2007. -132pp.

16.Tursunov N.O. Popular Festival - Sayri Shaykhon in Khujand: rituals, content, genesis// Materials of the history of Tajik nations. - Leninabad, 1989. -PP.90-92.

17.Talk to Hasanboy Zohidov, the citizen of Ovchi-Kalacha village, Labour veteran. September, 1989.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.