Научная статья на тему 'ТАЪРИХИ МУХТАСАРИ БОФАНДАГӢ, МАСОЛЕҲОТ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР ОММАВИГАРДОНИИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ'

ТАЪРИХИ МУХТАСАРИ БОФАНДАГӢ, МАСОЛЕҲОТ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР ОММАВИГАРДОНИИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ Текст научной статьи по специальности «Искусствоведение»

CC BY
162
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
бофандагӣ / нақшу нигор / усто-шогирд / ҳунарманд / абрбандӣ / матои абрешиӣ / тору пуд.

Аннотация научной статьи по искусствоведению, автор научной работы — Исоев Акбар Баҳоваддинович, Ҳасанов Салимбой, Масолиев Абдулло Садриддинович

Дар мақолаи мазкур муаллифон доир ба касби бофандагӣ, таърихи он, намудҳои гуногуни матоъҳо, минтақаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти бофандагиро мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода, идома додани ҳунари меросӣ ва анъанаҳои халқии миллиро таҳлил намудаанд. Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон намудҳои гуногуни маҳсулоти пахтагӣ васеъ паҳн гашта буда, яке аз намудҳои матои пахтагӣ карбос мебошад. Карбосбофӣ дар аксари шаҳру деҳоти минтақа маъмул гардида буд. Дар қатори дигар матоъҳо абрешим низ аз замонҳои қадим дар Осиёи Миёна маъмул буда, мувофиқи маълумотҳои таърихӣ аз Фарғонаву Суғди Варорўд то ғарби Хуросон ривоҷу равнақ ѐфтааст. Дар нимаи дуюми асри XIX – миѐнаи асри ХХ намудҳои гуногуни алочаро барои омода намудани ҷомаҳо истифода мебурданд. Аз маълумотҳо бармеояд, ки истеҳсоли алоча дар бисѐр шаҳрҳои тоҳикнишини Осиѐи Марказӣ аз ҷумла, дар Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро, Ҳисор (Қаратоғ), Кўлоб ва дигар минтақаҳо паҳн шуда буд. Дар он даврон алоча бо номҳои зебак, фарангӣ ва абрешимӣ маъмул буд. Бо баробари ин хулосаҳои заруриро оиди оммавигардонии ҳунарҳои мардумӣ тавассути аз авлод ба авлод гузаштани ҳунари бофандагӣ арзёбӣ гардидааст. Инчунин эҳёи ҳунари бофандагӣ дар минтақаҳои шимоли Тоҷикистон қарор мегирад. Дар мақола таърихи ҳунар ва рушду инкишофи он таҳқиқ карда шуда, бо истифодаи натиҷаҳои ба даст омада оммавигардии ҳунари миллии бофандагӣ амалӣ мегардад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАЪРИХИ МУХТАСАРИ БОФАНДАГӢ, МАСОЛЕҲОТ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР ОММАВИГАРДОНИИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ»

УДК 7.(075,3) ББК 85 М-31.

ТАЪРИХИ МУХТАСАРИ БОФАНДАГЙ, МАСОЛЕ^ОТ ВА А^АМИЯТИ ОН ДАР ОММАВИГАРДОНИИ ^УНАР^ОИ МАРДУМЙ

ИСОЕВ АКБАР БА^ОВАДДИНОВИЧ

Номзади санъатшиносй, дотсенти кафедраи санъати тасвирй ва хунархои халкии Муассисаи давлатии таълимии "Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров",

Хучанд, Точикистон

^АСАНОВ САЛИМБОЙ

Номзади илмхои педагогй, профессори кафедраи санъати тасвирй ва хунархои халкии Муассисаи давлатии таълимии "Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон

Гафуров", Хучанд, Точикистон

МАСОЛИЕВ АБДУЛЛО САДРИДДИНОВИЧ

Муаллими калони кафедраи санъати тасвирй ва хунархои халкии Муассисаи давлатии таълимии "Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров", Хучанд,

Точикистон

Аннотатсия. Дар мацолаи мазкур муаллифон доир ба касби бофандаги, таърихи он, намуд%ои гуногуни матощо, минтаца%ои исте%солкунандаи ма%сулоти бофандагиро мавриди омузиш ва та%циц царор дода, идома додани %унари мероси ва анъана%ои халции миллиро та%лил намудаанд. Дар Осиёи Миёна, аз цумла дар Тоцикистон намуд%ои гуногуни ма%сулоти пахтаги васеъ па%н гашта буда, яке аз намуд%ои матои пахтаги карбос мебошад. Карбосбофи дар аксари ша%ру де%оти минтаца маъмул гардида буд. Дар цатори дигар матощо абрешим низ аз замон%ои цадим дар Осиёи Миёна маъмул буда, мувофици маълумот%ои таърихи аз Фаргонаву Сугди Вароруд то гарби Хуросон ривоцу равнац ефтааст. Дар нимаи дуюми асри XIX - миенаи асри ХХ намуд%ои гуногуни алочаро барои омода намудани цома%о истифода мебурданд. Аз маълумот%о бармеояд, ки исте%соли алоча дар бисер ша%р%ои то%икнишини Осиеи Маркази аз цумла, дар Хуцанд, Самарцанд, Бухоро, Х,исор (Каратог), Кулоб ва дигар минтаца%о па%н шуда буд. Дар он даврон алоча бо ном%ои зебак, фаранги ва абрешими маъмул буд. Бо баробари ин хулоса%ои заруриро оиди оммавигардонии %унар%ои мардуми тавассути аз авлод ба авлод гузаштани %унари бофандаги арзёби гардидааст. Инчунин э%ёи %унари бофандаги дар минтаца%ои шимоли Тоцикистон царор мегирад.

Дар мацола таърихи %унар ва рушду инкишофи он та%циц карда шуда, бо истифодаи натица%ои ба даст омада оммавигардии %унари миллии бофандаги амали мегардад.

Вожахри калиди: бофандаги, нацшу нигор, усто-шогирд, %унарманд, абрбанди, матои абрешии, тору пуд.

Дар таърихи тамаддун дар катори дигар халкиятхо мардуми точик низ аз замонхои кадим дар сохахои мухталифи хунармандй бо касби бофандагй машгул мешуданд. Бофандагй яке аз касбхои суннатии халки точик буда, дар шахру навохии точикнишини Осиеи Марказй аз замонхои кадим маъмул буд. Ба бофандагй истехсоли матоъхои пахтагй - карбосу алоча, каламй, хоса, дока, чит; абрешимй -атласу адрас, бекасаб, банорас, шохй, дорой; пашмй - рагза, босма, тибитй, катма; ва гайра дохил мешаванд.

Аз руи маълумотхои таърихй дар замонхои гузашта дарачаи техникии истехсоли махсулоти хунармандй хеле содда ва дар сатхи паст карор дошта бошад хам, бо вучуди ин

содадои зиеди дунардои миллии точикон ба дарачаи баланди санъати амалй-халкй расида буданд. Устодои халкии бофандагй дар фаъолияти худ усули техникиву технологии раванддои пиллакашй, аштобчигй, даврагарй, накшандозй, абрабандй, тегбандй, ишкоркунй, рангрезй, рангубор, кабудгарй ва дигар кордоро истифода мебурданд.

Бофандагон тавассути олоти кории худ - даллочй, чарх, дукон ва гайра асосан, аз ресмондои пахтагин, абрешимй, пашмин, канабй ва загирпоягй матоъдои гуногун мебофтанд. Матоъдо одатан аз бофтадои амудиву уфукй - тору пуд иборат мебошанд. Омода намудани тору пуд аз амалдои нахпечонй, тортанй, одардидй ва фарккушой иборат мебошад. Торро дар дастгод е дукон таранг баста, пуддоро аз байни риштадо бо як тартиби муайян гузаронида устувор мекунанд. Х,ангоми бо тартиби гуногун бофтани тору пуд матоъдои дархела ва тавассути бофтан бо риштадои рангдояшон мухталиф накшдои рах -рах, катак ва гулдору суратдор ба вучуд меояд [3, с. 7].

Дар Осиёи Миёна, аз чумла дар Точикистон намуддои гуногуни мадсулоти пахтагй васеъ падн гашта буданд. Яке аз намуддои матои пахтагй карбос мебошад. Ин матоъро кариб дар тамоми мавзеъаои Осиеи Миена истедсол мекарданд. Карбосбофй дар аксари шадру дедоти минтака маъмул гардида буд. Карбос матои сафеди дамвор буда, аз он либосдои гуногуни мардонаю занона (курта, пойчома ва гайра) медухтанд ва дигар лавозимотдои зарурй ба монанди миёнбанд, дастор, пайтоба ва гайра омода менамуданд [5, с. 27].

Мувофики маълумоти муаррих Н.Турсунов дар асри XIX карбосро истедсол мекарданд, ки он аз 5 банд, яъне 1000 ришта иборат буда, онро панчй меномиданд. Х,ангоми банд аз 200 ришта иборат будан - дубанда, аз 250 ришта иборат бошад, онро дурбанда меномиданд. Солшои 60-уми асри XIX карбоси асосаш дубанда истедсол мешуд. Пас аз омода шудани матои карбос онро бо болгачаи ороишй зада кубиш медоданд. Ин корро худи бофанда анчом медод. Карбос вобаста аз минтакадо аз рангдои сафед ва малла иборат буд. Масалан, дар Хучанд карбоси сафед бошад, дар Дарвоз ва мавзеъдои дигар бештар карбоси малларо истедсол мекарданд. Рангуборкунии онро мутахассисони махсус, яъне рангуборчиен ичро менамуданд.

Барои чомадузй матои «кокй» истифода мешуд. Номи матоъ аз истилоди «кок» яъне «хушк» гирифта шуда, он карбоси сахт буд. Онро аз риштаи гафси пахтагй истедсол мекарданд. Дар услуби омода кардани он, яъне тайёр кардани пуд ва танидан фаркиятдо дида мешуд. Масалан, барои коркарди риштаи «кокй» пудро нам менамуданд. Бо максади босифат ва сахт шудани ришта, онро кудунг менамуданд. Дар ин дол рахи тег низ руйпуш мегардид. Пас аз ин амалиёт риштаи гафси дагал бунёд мегардид. Ин гуна риштах,оро бештар дар гулдузию сузанидузй истифода менамуданд [7, с. 159].

Аз маъхазх,о бармеояд, ки дар ибтидои асри ХХ дар Хучанд, барои истех,соли кокй гуруди калони бофандагон машгул буда, хдтто ду куча бо номи ^окибофон мавчуд буданд. Байни адолй яке аз матоъдои маъмули падншуда каламй ба дисоб мерафт. Ин матоъ аз риштаи гафси рахдои кабуду сафед, сурх ва сиед дошта омода карда мешуд. ^аламй бештар барои духтани курта, шалвори мардона ва яктади бадорона истифода мешуд. Дар водии Зарафшон бошад, каламиро бештар бо рахи рангаш сабз мебофтанд [1, с.512].

Дар нимаи дуюми асри XIX - миенаи асри ХХ намуддои гуногуни алочаро барои омода намудани чомадо истифода мебурданд [2, с. 127]. Алочаи сифаташ баланд «зебак» ном дошт. Дар минтакаи Хучанд алочаро дар ин давра аз ресмони косибй истедсол мекарданд. Мувофики маълумотдо дар Хистеварз ва Бухоро алочаро аз абрешим низ мебофтанд. Умуман алоча аз ду намуд, яъне аз нахи мадаллй - зебак ва нахи абрешимй иборат буд. Навъи дигари алоча, ки онро аз нахдои англисй ва е русй омода менамуданд, низ мавчуд буд, ки онро алочаи фарангй меномиданд. Аз руи маълумотдо алоча асосан дар Ургут, Самарканд ва Каттакургон истедсол шуда, сифати басо баланд доштааст [2, с. 127].

Аз маълумотдо бармеояд, ки истедсоли алоча дар бисер шадрдои точикнишини Осиеи Марказй падн шуда буд. Аз чумла, дар Хучанд, Самарканд, Бухоро, Х,исор (Каратог),

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

Кулоб ва дигар минтакадо навъдои гуногуни алочаро мебофтанд. Дар он даврон алоча бо номдои зебак, фарангй ва абрешимй маъмул буд. Алочае, ки тору пудаш аз ресмони мадаллй тадия мешуд, зебак ном дошт. Оне, ки аз ресмони аврупой бофта мешуд - фарангй ва дигаре, ки аз абрешиму ресмон буд - абрешимй номида мешуданд. Агар ба алоча назар афканем, он матои рахдори серранга ва накшу нигори мураккабу реза дорад. Накши алоча аз рахдои дарранга: кабуд, сабз, сиёд, сурх ва зард таркиб меёбад. Дар байни адолй алочадо бо накшдои «миттй», «мушку заъфар» ва «байрак» маъмул гардидааст. Тори алочаи дубанда 400 нах дошта, бараш такрибан 40 см мебошад. Пудашро аз ресмони кабуд, сиёд ва баъзан сабз омода мекунанд. Дар истедсоли алоча дам занону дам мардон иштирок мекарданд. Кори асосиро марддо ичро мекарданд. Зандо ба ондо дар ресмон ресидан, пилла кушодан ва нахро ба найча печонидан ёрй мерасониданд. Аввалдо алоча (дар Х,исор) камбар бофта мешудааст. Дар охири асри XIX бари он аз «чор ангушту чоряк» (яъне 26-27 см) хеле (то 56-58 см) васеъ карда шуд. Мардуми мадаллй онро «олчинбар» («оршинбар») меномиданд. Дарозии ин гуна алочаро 12,5 оршин (8,8 м) чен карда мебуриданд, ки он «яклула» ном дошт. Аз он як чомаи мардона ва è як куртаи занона духтан мумкин буд [3, с. 9].

Накши алочаро баъзан бо ду рахи барашон якхелаи гуногунранг зинат медоданд. Масалан, як рахро сурх, дигарашро сафед, зард è ягон ранги дигар интихоб мекарданд. Аз ин навъ алоча одатан чомадои занонаву мардона медухтанд. Алочае, ки аз ресмондои дуруштнах бофта мешуд, пудаш дар байни асоси матоъ намоèн буда, ба матоъ тобишу чилои махсус мебахшид. Устодо ин усулро модирона истифода бурда, матоъро чилодору зебо мебофтанд. Чунин тобишро бо роди рангкунй досил карда намешуд. Масалан, дар матоъи асосаш бунафшранг пуди кабуди осмониро истифода мебурданд, ки дар натича алочаи кабуднамо бофта мешуд. Дар алочабофй аз усули абрбандй низ истифода мешуд. Дар мавзеъдои алодида тарзи махсуси алочабофй маъмул буд. Хунармандони ^аратог усули абрбандии худро доштанд, ки он бо накшдои калону равшан ва ихчам аз матоъдои алочабофии дигар шадрдо фарк дошт. Дар алочадои каратокй накшу нигори бодомчадои печида, давра, росткунча, хатти шикаста, инчунин барги дарахти хурмо (палметта) ва дигардо дида мешаванд.

Дар истедсоли алочаи абрбандй аз дама кори меднататталаб тадияи тордои он барои рангуборкунй мебошад. Ду навъи алоча маъмул буд. Стедалоча, ки пуди онро аз нахдои стед мекарданд ва сурхалоча бо нахдои сурх. Стедалоча матои нисбатан оммтена ва тираранг буда, бештар барои чомадои мардона истифода мешуд. Сурхалоча бошад, як андоза равшан буда, аз он либосдои занона тайèр мегашт.

Мувофики маълумоти таърихй маълум мегардад, ки истедсоли матои алоча нимаи дуюми асри XIX хеле инкишоф èфта, он датто ба дигар шадрдои Остеи Мтенаро низ содирот мешудааст.

Дар катори дигар матоъдо абрешим низ аз замондои кадим дар Осиёи Миёна маъмул буда, мувофики маълумотдои таърихй аз Фаргонаву Сугди Вароруд то гарби Хуросон ривочу равнак èфтааст. Кишвари Эрон ва Остеи Марказй, аз чумла, Сугду Фаргона ватани кирмаки танинандаи пиллаи зард, мамлакати Чин бошад мавзеи пайдоиши кирмаки истедсолкунандаи пиллаи сафед будааст. Аз ин бармеояд, ки бо баробари Хитой кишвари точикон Вароруд, Хоразм, Хуросон аз нахустин боргоди кирмакпарварй, пиллапарварй ва истедсолу коркарди абрешим эътироф гардидааст. Аз маълумотдои таърихй бармеояд, ки тули асрдои Х - XV шадри Хучанд маскани чадоншумули абрешими сифаташ аъло, навъдои матоъдои пахтагй, тораш абрешиму пудаш ресмон ва порчадои соф абрешимини суфтаю силик ва накшу нигордор буд. Аз чумла матоъдои шодй, атлас, адрас, подшодй, бекасаб, хоса, кокй ва карбоси Хучанд, мавзеъдои Кандибодом, зарбофти Исфара, матоъдои тибитй, каламй алоча, чити Истаравшан дар мавзеъдои гуногун харидорони зтед доштанд [ниг.: 9].

Атласбофй навъе яке аз хунархои суннатй мебошад, ки ба он бештар занон машгуланд. Он дар байни точикон хамчун як навъи бофандагй таърихи тулонй дорад. [4, с. 134].

Атлас матои тору пудаш зичи соф абрешимй ва нимабрешимй мебошад. Он дар маданияти моддии точикон ба тарзи васеъ истифода мешуд. Аз чумла, он барои духтани сарулибос, чома ва перохани занону мардон, омода намудани пушиши курсхо ва нишастгоххои табакахои ашрофон ва гайра истифода мегардид. Атласи нимабрешиминро бошад, барои абраи курпаю курпачахо ба кор мебурданд. Атласи олисифат ва хушранг бо номи «хонатлас» маъмул гардида, дар дастгоххои махсус бофта мешуд. Нусхахои анъанавии атлас бо номхои «шохсабз», «барги карам» ва «атласи сиех» машхур гардида буд. Ду навъи атласи анъанавиро шохибофон дар дастгоххои (дуконхои) бофандагии дастй истехсол менамуданд.

Намуди дигари матоъе, ки дар ин давра аз пахта истехсол карда мешуд калама будааст, ки он рангхои кабуд, сурх ва сабз доштааст. Ин навъи матоъ дар Бухоро, Самарканд, Каттакургон, Дахбед ва на чандон зиед дар Ургут истехсол карда мешудааст.

Хоса - навъи дигари матое мебошад, ки онро дар мавзеъхои Самарканд ва Янгикургон истехсол менамуданд. Ин навъи матоъ барои астари чомахои хуб, баъзан хамчун салла ва хамчун кафанй низ истифода карда мешуд.

Навъи дигари матоъ панча ном дошта, он сербар, сафед ва аз дока бехтар будааст. Дока бошад матои пахтагин буда, онро дар Дахбеду Янгикургон истехсол мешуд. Дар Самарканд бошад матоъи нимапашмин бо номи тибитсалла мебаровардааанд, ки онро одатан мардум барои салла ва миенбанд истифода менамуданд.

Намудхои дигари матоъхои нимабрешимй ба мисли пасма бо раххои васеъ ва бекасаб бо раххои борик ва инчунин адрас низ мавчуд будаанд.

Аз матои басма, ки аз пашми шутур тайёр карда мешуд, одатан чомахои зимистона омода менамуданд.

Матои пахтагини суф ва карбос бо санъати гулпартой ороиш дода мешуд. Сараввал ба он чойхое, ки гул партофта мешавад, катрахои ранги зард, сурх ё сабзро мечаконданд. Вакте ки ранг хушк шуд бо риштаи сафед нуктахои рангшударо ба мисли тугундак сахт мебастанд. Баъд аз баста шудани накши гулхо матоъро дар деги рангдор мечушонданд. Ба воситаи санъати гулбандй накшхои гули гирд, коса, ситора, мохтоб, офтоб, чоркунча, баргак ва гайра дар матоъ акс карда мешуданд [6, с. 117 - 118].

Дар замони муосир, ки ба рушди хунархои бадеии мардумй дар сатхи макомоти давлатй эътибори хоса дода мешавад, барои хунармандон аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон имкониятхои зиеде фарохам оварда шуда истодааст. Хунархои мардумй, ки аз кадимулайем дар байни халк инкишоф ефтаанд, дар даврони Истиклолият оммавй гаштаанд. Хушбахтона, имруз барои фаъолияти хунармандон аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон имкониятхои зиеде мухайё карда шудааст. Аз ин лихоз омухтани хунархои мухталифи анъанавии ачдодй, аз чумла намудхои бофандагй ва барои рушду нумуи онхо шароити зарурй мухайё намудан вазифаи мухим мебошад.

АДАБИЁТ

1. Гребенкин А.Д. Ремесленная деятельность таджиков Зеравшанского округа // Материалы для статистики Туркестанского края. Ежегодник. -СПб., 1873.

2. Раджабова Д.К. Историческая эволюция народного костюма таджиков (трансформация верхней одежды).: дис.канд.наук. - Душанбе, 2016.

3. Рашимов Д. Касбу шунаршои анъанавии толикон (маълумоти мухтасари этнограф!). -Душанбе, 2014.-160 с

4. Сухарева О.А. Бухара: Х1Х-начало ХХ в.: (Позднефеодальный город и его население). - М., 1966. -328 с.

5. Сухарева О.А. О ткацких ремеслах в Самарканде // История и этнография народов Средней Азии (Сб. статей. - Душанбе: Дониш, 1981. - С.27.

6. Турсунова З. Мероси маънавии толикон //https://www.tajmedun.tj/tj/soH-rushdi-sayyehi-vahunarhoi-mardumi/merosi-manavii-to-ikon/.

7. Турсунов Н., Исомитдинов Ж. Деревообделочные ремесла и промыслы Худжанда и его пригородов в конце XIX - начале XX вв. - Худжанд, 2011.

8. Турсунов Н., Чурабоев Ч,. Аз таърихи абрешим ва атласи точикй // Х,аки;ати Сугд.№32 (17244).-13 марти 2014.

9. Турсунов Н. Этнокультурные аспекты использования традиционных ножей у таджиков (в свете данных письменных источников и литературы на русском языке периода XVI-начала ХХ вв.)// Вестник ТГУПБП. Серия гуманитарных наук. -2014. -№3 (59).-С.165-174.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.