Научная статья на тему 'AESTHETIC CULTURE IS A SOCIAL AND PEDAGOGY PROBLEM'

AESTHETIC CULTURE IS A SOCIAL AND PEDAGOGY PROBLEM Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
34
7
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЭСТЕТИЧЕСКОЕ ВОСПИТАНИЕ / ПОДРАСТАЮЩЕЕ ПОКОЛЕНИЕ / ПРОФЕССИОНАЛЬНАЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ / ПРИОБЩЕНИЕ К КРАСОТЕ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Латифзаде Диловар Назришоевич, Абдуллоева Розия Хакимовна

Авторы научной статьи под названием «Эстетическая культура - как социально-педагогическая проблема», на основе анализа различных концепций эстетической культуры, исследуют вопросы эстетического воспитания подрастающего поколения в системе образования и культуры как социально-педагогическую проблему и высказывают свои суждения по вопросам дальнейшего исследования этого направления воспитательной работы в культурологии и педагогической науке. В статье выдвигаются некоторые предложения по разработке обоснованной программы и модели воспитательно-эстетической деятельности в современных условиях.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ЭСТЕТИЧЕСКАЯ КУЛЬТУРА - КАК СОЦИАЛЬНО-ПЕДАГОГИЧЕСКАЯ ПРОБЛЕМА

The authors of the scientific article titled "Aesthetic Culture as a Social and Pedagogical Problem", based on the analysis of various concepts of aesthetic culture, examine the issues of aesthetic education of the younger generation in the educational and cultural system as a social and pedagogical problem and express their opinions on further research this direction of educational work in cultural studies and pedagogical science. In the article some suggestions are put forward for the development of a program and model of educational and aesthetic activity in modern conditions.

Текст научной работы на тему «AESTHETIC CULTURE IS A SOCIAL AND PEDAGOGY PROBLEM»

ИЛМХОИ ПЕДАГОГИ /ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ НАУКИ

ФАРХАНГИ ЭСТЕТИКИ - ЧУН ПРОБЛЕМАИ И^ТИМОИ-ПЕДАГОГИ

Латифзода Д. Н. Абдуллоева Р. %

Консерваторияи миллии Цум^урии Тоцикистон Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни

Мубрамй ва ахамияти мавзуи фарханги эстетикии чавонон аз он бар меояд, ки дар суханронихои худ, ки ба масъалахои инкишофи бонизоми фарханг ва махсусан, боло бурдани фархднги чомеа, эхтиром ба арзишхои миллию фархангй, эхёи анъанаву хунархои мардумй, бахшида шудаанд, Пешвои миллат, Асосгузори сулху вахдати миллй, Президенти Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон чихати тарбияи эстетикй андешидани чорахои заруриро яке аз вазифахои асосй мешуморад (1, с. 32).

Вокеан хам, тарбияи эстетикй дар ташаккулу такомули чахони маънавии чомеа ва таквияти андешаву рухияи миллй накши беандоза дорад. Аз ин ру масъулини кори тарбиявй - эстетикй бояд фаъолияти хешро дар ин самт бехтар намоянд ва чихати ташаккули маънавиёти мардум шаклхои чолиби бадеии корро мавриди истифода карор диханд.

Дар хуччатхои барномавии Хукумати Чумхурии Точикистон чихати рушди фарханг, бахусус консепсия ва "Барномаи давлатии фарханги Чумхурии Точикистон дар давраи солхои 2008-2015, Барномаи давлатии тайёр кардани кадрхои сохибихтисоси сохаи фарханг, хунар ва табъу нашр дар соли 2007-2010" ва махсусан, консепсияи мустахкам намудани заминаи моддй-техникии муассисахои фарханг ва дигар санадхои меъёрию хукукии соха дар катори вазифахои мухими руз, тадбирхои амалй намудани сиёсати миллии фархангй ва тарбияи эстетикии чавононро мутобики шароити имруза, таваччухи хоса зохир карда шудааст.

Ин хуччатхои меъёрии хукукй пешибинй менамоянд, ки бояд рушди фарханги миллй, махсусан бадей дар хамаи минтакахои чумхурии мо мутаасил рушд ёфта, накши он дар баланд бардоштани маънавиёт ва тарбияи эстетикии ахолии мамалакатамон боло бардошта шавад.

Дар Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулху вахдати миллй, Президенти Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (с. 2015), Президент кишвар мухтарам Эмомалй Рахмон накши фархангро дар тарбияи зебоипарастии кишрхои гуногуни кишвар зикр намуда, макомоти дахлдор бояд ба тарбияи зебоипарастии чавонон таваччухи махсус зохир намоянд (6 ).

Масъалахои баланд бардоштани корхои тарбиявй дар самти тарбияи эстетикй аз вазифахое, ки дар Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" муайян карда шудаанд, бар меоянд. Бо максади окилона истифода бурдани вакти холии хонандагон, чалби онхо ба намудхои гуногуни фарханги миллй, мероси гании фархангй, корхои фоиданоки чамъиятй, фаъолияти Марказхои фархангию фарогатй ва эстетикй ва г. пешбинй карда шудааст.

Ба хамагон маълум аст, ки муассисахои фархангу маориф дар тарбияи эстетикии насли наврас накши муассир ва хатто халкунанда мебозад. Аммо тахкикотхои мо нишон доданд, ки вазъу имкониятхои тарбияи эстетикй дар системаи маориф ва фарханг ба таври бояду шояд истифода бурда намешаванд. Ин аст, ки баъзе хонандагон вакти фарогати худро дар видио-салону марказхои компютерй гузаронида доир ба боло бардоштани маънавиёташон андеша наменамоянд.

Хаминро низ бояд зикр кард, ки вазъи корхои беруназсинфй ва беруназ- мактабй, фаъолияти муассисахои тахсилоти иловагии кудакон ва наврасон низ талаботхои маънавию эстетикии хонандагонро ба таври бояду шояд конеъ намегардонанд, ки боиси чалби теъдоди камшумори хонандагон ба муассисахои ин соха мебошад.

Бинобар ин, зарурияти куллан, ба таври чиддй аз нав баррасй намудани муносибати инсон ба мухити зист, дарк ва фахмиши нави идеали инсон, дурнамои у ба

миён омадааст.

Аз ин ру, тахдиди масъалахои фарханги эстетикй дар низоми муассисахои фархангию фарогатй ва таълимию тарбиявй, дар фаъолияти хамчояи педагогии муассисахои тахсилоти умумй ба волидайн дорои ахамияти зиёд аст.

Доир ба тахдиди мавзуи фарханги эстеткй олимони зиёди ватаниву хоричй тахдидотхои арзишмандеро анчом додаанд. Добили зикр аст, ки оид ба ин масъала А. Г. Агаев, М. А. Верб, Л. Н. Гумелев, А. Ф. Дашдамиров, Б. Т. Лихачев, В. А. Разумний, олимони Институти фалсафаи Академияи илмхои ФР ва дигарон дар тахдидотхояшон изхори назар кардаанд. Дар Точикистон масъалаи мазкур дар як датор монографияхо, рисолахои докторию номзадй, мадолахои илмй мавриди тахдид дарор гирифтаанд. Бевосита масъалахои тарбияи эстетикй дар заминаи арзишхои миллй дар рисола ва мадолахои илмии доктори илми фалсафа С. Рахимов хамачониба тахдид гардидааст. Илова бар ин, дар омузиш ва тахдиди ин мавзуъ сахми олимон дигар низ назаррас аст. Дар чахорчубаи ин мавзуъ олимони сохаи педагогика М. Лутфуллоев, А. Нуров, Х. Буйдодов, И. Каримова, М. Саидов ва дигарон дар тахдидотхояшон андешахои хешро доир ба мадсад, вазифахо, мазмун, шакл ва методхои ин самти мухими кори тарбиявй баён сохтанд. Дар омузиш ва тахдиди ин мавзуъ сахми олимон Р. Абдуллоева, Д. Латифзода, Нуров А. ва дигарон назаррас аст, ки дар халли баъзе масъалахои назарй, методологй ва илмй-методй ёрй расонида метавонанд.

Аз тахлилу мудоисаи асару мадолахо ва рисолахои ба ташаккули фарханги эстетикй дар системаи тахсилот ва фарханг бахшидашуда чунин бармеояд, ки зери мафхуми фарханги эстетикй дисме аз олимон сифатхои интегративии шахсиятро мефахманд, ки аз чузъиётхои зерин - дисми когнетивй, эмотсионалй ва ахлодй иборат мебошад. Ин гуна муносибат имконият медихад, ки одамон дар асоси донуниятхои зебойй ва идеалхои олии маънавию ахлодй неруйи худтатбидгардонии эчодии хешро амалй созанд.

Дамин тарид, фарханг ва тарбияи эстетикй дисми чудонашавандаи мураттаб инкишоф ёфтани шахсият мебошад. Вазифаи он аз инкишоф додани танхо холатхои бадей-эхсосии насли наврас набуда, балки аз такмил додани дуввахои ахлодй, фикрй ва чисмонии инсон, бо зебой фадат бо аз худ кардани сохаи санъат махдуд нашуда, ба он чалб шавад, мунадиди фарханги бадей гардад, тамоми пахлухои зебоиро дар бар бигирад.

Бинобар ин функсияи тарбиявй- эстетикии муассисахои тахсилот ва фарханг на танхо аз байн рафта истодааст ва ё ахамияташон кам шуда истодааст, балки баръакс омузиши ин проблема дар илмхои гуманитарй, бахусус педагогика ва эстетика хеле мухим гардида истодааст.

Масъалахои тахдиди фарханги эстетикй, консепсия ва тачрибаи амалии муосир дар ин самт, ташаккули фарханги эстетикии чавонон, омилхо ва роххои амалишавии он дар муассисахои таълимию тарбиявй тахия ва пешниходи модел ва барномаи илмй-методии ташаккули фарханги эстетикии чавонон тавассути кори муассисахои тахсилотй ва фархангю фарогатй, истифодаи самараноки он дар кори амалии тарбиявй - эстетикй аз чумлаи масъалахоеанд, ки мухадидон метавонанд чун объекти омузиш ва тахдид дарор бидиханд.

Агар ба таърихи бавучудойии мафхуми "фарханги эстетикй" назар кунем, ба хулосае омадан мумкин аст, ки аввалин адидахои эстетикй дар Юнон ба вучуд омада, дар фархангхои дигар тавсеа ёфтаанд. Дар давраи эллинй ва рушди тамаддуни Рим ахамияти тарбияи зебоипарастй боло меравад, вале дар чараёни ташаккули адабй-риторикй надши мусидй, ки ба риторика хидмат мекард, кохиш меёбад.

Унсурхои тарбияи зебоипарастиро, ки чузъи мухими китоби дадимии «Авасто» - ро ташкил медихад, дар китоби мудаддаси мусалмонон «^уръон» мушохида кардан мумкин аст. Аз ин чо бар меояд, ки сарчашмахои мухими фархангшиносии миллии моро матнхои «Авасто», меъёрхои ахлодии «К^уръон» ва умуман дини ислом, ки яке аз рукнхои асоси фарханги миллии точикон ва фархангшиносиро тачассум мекунад, ташкил медихад.

Олимон бар ин адидаанд, ки зебой худи хаёт, тачрибаи чамъиятй бо хамагуна гуногунихояш мебошад. Зебой ин нуктаи камолот, авчи идеалии кори харруза ва одии ичро карда истодаи инсон мебошад. Чунки идеалхои инсонй аз руйи тачрибахои ичтимоиву шуури одамон муайян карда мешавад.

Истилохи фарханги эстетикй (зебоишиносй) ба файласуф Н. Бердлев таалуд дорад: вай онро дар асараш «Константин Леонтев» очерки таърихи адидаи динии русй) барои фахмонидани сатхи зебоипарастии россиягихои солхои 60-уми асри XIX истифода бурд. Ин истилох ба фахмиши «зебоишиносй» наздик мебошад.

Эстетика даврахои гуногуни рушди худро аз сар гузаронидааст. Эстетикаи марксистй - ленинй, ки хаёт ва тачрибаи чамъиятиро бо тамоми гуногунияш, сарчашмаи зебоиро эътироф мекард, зебоиро камолот ва идеале хисоб мекард, ки одамонро аз сатхи оммй ва мударрарй боло мебардошт. Идеалхои инсонй бошад, аз руи тачрибаи ичтимой, шуури синфии одамон муайн карда мешуд. Дар шароити имруза низ баъзе нуктахои таълимоти марксистй-ленинй дар бораи зебой, дар бораи донуниятхои ба таври эстетикй аз худ кардану дигаргун сохтани водеият асоси методологии назария ва амалияи тарбияи эстетикй буда метавонад. Масъалан, таълимоти марксистй- ленинй дар бораи зебой, дар бораи донуниятхои эстетикии азхудкунй ва тагйирдихии водеият ва гайраро дар илми педагогика мавриди истифода дарор додан мумкин аст, аммо бо ин таълимот набояд махдуд шуд.

Дар тарбияи эстететикй аз консепсия ва адидахои мутаффакирони шарду гарб, андешахои олимон, адибон ва умуман фалсафаи эстетикии ниёгон истифода бурдан ба мадсад мувофид аст. Дар ин раванд адидахои эстетикии педагогхои шуравй низ истисно нестанд.

Масъалан, В. А. Верб чунин мехисобад, ки фарханги эстетикй - мачмуи сифатхо, тахсилоти шахсй, махсусият, истидболи зебой ва иштирок дар бунёди зебой буда, мохияти он бошад дар азхуднамойии мачмуи добилият, истидболи бадей ва эчодй мебошад. (8, с. 3-10).

Барои тахдидоти мо консепсияи файласуфи рус М. С. Каган хеле мухим мебошад. Мутобиди андешаи М. С. Каган фаъолияти эстетикй ташаккулёбии материя тибдй «донунхои зебой» буда, махсусияти чамъбастиро сохиб аст. Аз ин хотир, тамоми намуди фаъолияти инсонй бо андозаи муайян хамчун фаъолияти эстетикй матрах мегардад. (10, с. 110-124).

Дамин тарид, дар айни замон дар зери мафхуми тарбияи эстетикй тамоми намуди фаъолияти инсонй бо андозаи муайян хамчун фаъолияти эстетикй густариш ва ташаккули эстетикй фахмида шуда, арзишхои шахсият марбут ба фаъолияти у дониста мешавад. Дангоми худфаъолиятй ва худташкилкунй татбид ва дорои арзишхо мегардад.

Тахия ва коркардхои илмии масъалахои назария ва амалияи тарбияи эстетикй, муайян сохтани хусусиятхои фарханги эстетикй, роххои чалби насли наврас ба арзишхои фархангй, аз чихати назарй асоснок намудани масъалахои фарханги эстетикй ба педагогика имкон медихад, ки чанбаи назариявй ва методологии мавзуи тахдидотй муайян ва мушахасс шавад. Илова ба ин тахдиди проблемахои дар боло зикрашон рафта барои фарохтар назар кардан ба масъалахои шуурри эстетикй ва фарханги эстетикй, протссеси ташаккули онхо заминаи мусоид фарохам меоварад.

Тахлили адабиёти илми моро ба хулоса меорад, ки тарбияи эстетикй махсусияти чамъбастиро сохиб аст. Аз ин хотир, тамоми намуди фаъолияти инсонй бо андозаи муайян хамчун фаъолияти эстетикй арзёбй карда мешавад.

Дар давраи мазкур тарбияи эстетикй дар системаи тахсилотй ва фархангй чунин самтхоро ба инобат мегирад:

- ташаккули омадагии шахсият бахри идрок, азхуднамой барои эстетика, санъат ва водият, ташаккули тафакури эстетикй;

- боло бардоштани маърифати эстетикй (зебоипарастй);

- густариши добилиятхои эчодй, фарханги маънавй ва чисмонй;

- чалбнамойй ба намудхои фаъолияти эстетикй, ки дар натичаи он дониш ва

эътикоди ботинй ва pафтоpи xамаpyзаи мyxассилин табдил меёбад;

- ташкили маxфилxои гуногуни фаpxанг, санъат, касбy xyнаpxои бадеии халк. Чдлби хонандагон аз ^дакй ба намyдxои фаъоли табияи зебоипаpастй ва f.

Манбаи бойтаpини таассypотxои эстетикии кyдак санъат аст.

Санъат, xамчyн шакли обpазноки инъикос ва азнавсозии олам xодисаи фавкулода мypаккаб ва бисёpмаъно мебошад. Ба воситаи он чиxатxои идеологй, ахлокй ва эстетикии таъсиppасонй ба шахсияти инсони комил pасидан маълyм мегаpдад. Тавассyти он ба мактабиён xам аз ч^ати ахлокй ва xам аз чщати эстетикй таъсиpи комплексй ва xамачониба pасонида мешавад.

Накши санъат баpои даp насли навpас инкишоф ёфтани фаpxанги эxсосот ва x^ каpда тавонистан, тафаккypоти обpазнок ва тасаввypот хеле бyзypг аст.

Олимон исбот каpдаанд, ки «одаме, ки нишоти эчодии ин ё он намуди санъатpо аз саp гyзаpонидааст, назаp ба одами аз доиpаи танxо даpки асаpи санъат баpомада, санъатpо хеле чyкypтаp ва интенсивноктаp даpк каpда метавонад» (9, с. 15).

Асаpxои санъати тасвиpй баpои xаётии инсоният ва табиатpо фаxмидан ëpï pасонида, идpоки биноиву тахайюлоти касpо pивоч медиxад.

Даp инкишофи олами pyxии мyxассилин накши адабиёти бадей - санъати сухан -хеле бyзypг аст. Забон мyxимтаpин воситаи муомилоти одамон буда, таpафxои гуногуни xастиpо даp баp мегиpад. Аз ин py, имкониятxои ба тавpи бадей инъикос намудани вокеаxои зиндагй даp адабиёт, махсусан, зиёданд.

Намyдxои мyттаxид шудани санъати театp, кино, телевизион, сиpк ба тавpи васеъ оммавй шудаанд. Тамошобин бо таъсиpи хониши ифоданок, xаpакатy ишоpаxо, зебу зинатxои оpоишй ва xамоxангии мусикй даp саxна ифода намудани вокеаву xодисаxо ба мазмуну мyндаpичаи спектакл ва дигаp асаpxои саxнавй саpфаxм меpавад. Масъалан, даp театp байни актиёpивy тамошобин pобитаи бевоситаи эчодй пайдо шуда, баpои ба xаячон омадани xаpдy таpаф шаpоити мусоид ба вучуд меояд. Вобаста ба ин Б. Бpехт хеле хуб кайд каpдааст: «Arap аз санъат xаловат бypдан хоxед, xеч гоx бо истифодаи кулай ва аpзони як худи натичаи меxнати бадей конеъ нашавед. Худи меxнатpо аз саp гyзаpонидан даpкоp аст...»(9, с. . 21-24).

Иду маpосимxои миллии маpдyми точик, махсусан Иди Навpyз Сада, Меxpгон, pиояи анъани хуби саpyлибосоpой ва фаpxанги баланди ли6оспушй завки эстетикиpо ташаккул медщанд.

Дамин таpик, фаpxанги эстетикй кисми чудонашавандаи мypаттаб инкишоф ёфтани шахсияти комил мебошад. Вазифаи он аз инкишоф додани тащо xолатxои бадей-эxсосии насли навpас набуда, балки аз такмил додани кyвваxои ахлокй, фи^й ва чисмонии аxолй, махсусан чавонон, бо зебой, факат бо аз худ каpдани соxаи санъат маxдyд накаpда, тамоми паxлyxои фаъолияти онxоpо даp баp мегиpад.

Шаpти мyxими педагогии ташаккули фаpxанги зебоипаpастй истифода аз xамаи фаъолиятxои эстетикй мебошад, зеpо натанxо санъат, инчунин дигаp паxлyxои эстетикии xакикат: меxнат, мyносибатxои ичтимой, мyxити атpоф, фаpxанги маишй, аз он чумла зебой, либоси зебову шинам даp тан, истикоматгоx, табиат ва pафтоpи одамон низ нишонаи фаpxанги миллии моpо ба дигаpон мешиносонад ва ба таpбиягиpанда таъсиpи эстетикиву ахлокй меpасонад.

Дукумати Точикистон ва шахсан Пешвои миллат, Саpваpи Давлат, мyxтаpам Эмомалй Раxмон ба он пpоблемаю ноpасоиxое, ки имpyз даp соxаи фаpxанги эстеткй чой доpанд, диккати махсус медиxанд. Онxо пайваста таъкид мекунанд, ки даp катоpи мyваффакиятxое, ки даp ин соxа вучуд доpанд, камбyдиxои чиддй низ даp фаъолияти ин мyассисаxо ба назаp меpасанд.

Бинобаp ин коpмандони соxаи маоpиф ва фаpxангpо лозим аст, ки пеш аз xама баpои боло бypдани симои нави маънавии инсон, ташаккули фаpxанги эстетикии чомеа аз захиpаxою имкониятxои худй, макомоти маxаллии xокимиятxои давлатй ва мyассисаxои ичтимой-фаpхангй самаpанок истифода намуда, «доиp ба майлу pаFбати зебоипаpастй ва инкишоф додани xyнаpи эчодиву анъанаxои бyзypги фаpxангсолоpи халкамон» чоpаxо таъхиpнопазиp андешанд» (2).

^p як миллатpо аз pyи фаpханг, махсyсан фаpханги эстетикиаш бахо медиханд. Ифтихоpи мо точикон бештаp аз он аст, ки аз кадимулайём фаpханги бойи бадей доpем. Аз ин py, ба масъалахои ба насли навpас бегазанд интикол додани аpзишхои эстетикй, ба чахониён мyаppифй намyдани он, таpбияи чавонон даp pyхи ин аpзишхои миллй, хифзи ёдгоpихои таъpихй, чихати коpи мyассисахои фаpхангй-фаpоFатй, махсyсан даp мавзеъхои дехот, бояд диккати чиддй дод.

Даp чyмхypй доиp ба таpбияи эстетикй (зебоипаpасти)-и насли навpас системаи мyайяни коpхои таpбиявй pохандозй каpда шyдааст. Ин низом мyассисахо ва ташкилотхои гyногyнpо фаpо гиpифтааст. Аз кyдакистонхо саp каpда то зинаи тахсилоти олй ва баъд аз мактабхои олии кишваp бо истифода аз восита ва шаклу намyдхои коpи таpбияи эстетикй чихати ба аpзишхои эстетикй чалб намyдани чавонон ва кудакону навpасон коpхои зиёде анчом дода шyда истодаанд.

Омузиши тачpибаи пешкадами мyассиахои системаи маоpиф ва фаpханг нишон медихад, ки хам даp шахp ва хам даp дехот хизматpасонии фаpхангй-эстетикй даp минтакахои гуногуни чyмхypй то андозае даp сатхи заpypй ба pох монда шyдааст. Аз нав эхё намудани муассисахои тахсилоти иловагй даp нохияхо ва шахpхои чyмхypй, коллективона ба намоишу спектаклхо сафаpбаp намудани кудакони ясливу боFчахо, хонандагони мактабхо, ташкили сафаpхои хyнаpии коллективхои эчодй ба муассисахои тахсилоти миёнаи ва олии касбй, намоишхои саёйpи китоб, асаpхои санъати тасвиpй, фаъол гаpдондани коpи клубу китобхонахо даp байни ахолии шахpy нохия ва чавонон, таъсиси садхо, хонахо ва касpхои фаpханг даp нохияхо аз гувохй медиханд, ки доиp ба ташаккули фаpханги эстетикии насли навpас чоpахои заpypй андешида шуда истодданд.

Бе халли дypyсти ин масъалахо Fанй ва бой гаpдондани хаёти маънавию фаpхангй ва эстетикии чавонон, конеъ намудани ниёзхои зебоипаpастии насли навpасpо фахмидан дyшвоp аст.

Хосатан, даp шаpоити кунунии Ч,yмхypии Точикистони тозабунёд масъалахои омузиши воситахои фаъолияти ичтимой-педагогй доиp ба ташаккули зебоипаpастии мухассилин, аз он чумла, даp Mаpказхои фаpхангию эстетикии кудакон ва навpасон, филаpмонияхои бачагона, хамкоpихои мактаб, оила, муассисахои тахсилоти иловагй ва фаpханг, хеле судманд мебошад.

Myносибати мачмуи (комплексй) даp ташаккули фаpханги зебоипаpастии насли навpас имконияти аз чихати методологй дypyст омухтани онpо ба вучуд меоваpад.

Ин ва дигаp назаpиётхои илмй даp омузиш ва тахкики масъалахои фаpханги эстетикй ва таpбияи эстетикй, муайян сохтани асосхои методологии он ахамияти хеле калон доpад.

Педагогика ва фаpхангшиносй хамеша фаpханги эстетикй ва таpбияи эстетикиpо мyхимтаpин кисми таpкибии пpотсеси хаматаpафаи мypаттаб инкишоф додани шахсияти насли чавон мешyмоpад. Даp айни замон ба зебой каpин будан аз дигаp сохахои ташаккули мухассилин чудо набуда, баpъакс ба таpбияи ахлокй, фикpй, чисмонй pобитаи кавй доpад.

Mачмyи аpзишхои эстетикй, pавишхои эчод ва истифодаи ин аpзишхоpо таъмин мекунад.

Фаpханги умуми шахс махз даp хамбастагии ин кисмхои таpкибии фаpханг ташаккул ва такмил меёбад.

Ташаккули коллективи аз чихати эстетикй солим нуктаи назаpи мухими коpманди ичтимой-фаpхангй ба хисоб меpавад. Танхо бо хамин pоххо даp коpи ичтимой-фаpхангй оид ба таpбияи эстетикй муваффакият ба даст оваpда шуда имконияти пешгиpии безебй, зиштй, муносибати нодypyст ба табиати зебо, дypyштй, даpк накаpдани санъат, нафахмидани он аз байн меpавад ва инсон аз нафосат, зебой, асаpхои санъат ба хубй саpфахм pафта онхоpо аз нуктаи назаpи танкидй аpзёбй каpда метавонад.

Омилхои дигаppо низ номбаp каpдан мумкин аст, ки онхо даp ташаккули фаpханги эстетикй мусоидат каpда метавонанд. Яке аз онхо эхтиpомy аpчгyзоpй ба фаpханги

бойи ниёгон маxсyб меёбад, ки даp ташаккули фаpxанги эстетикй накши мyассиp мебозад. Дамзамон, омилxое xастанд, ки ба ташаккули шахс таъсиpи манфй меpасоннад: таклид ба фаpxанги бегона, кyp-кypона ба он пайpавй каpдан, бегонапаpастй, хypофотпаpастй, худнамойии аз xад зиёд ва Fайpа, ки иллати асосии ин гуна зyxypотxо маъpифати пасти маpдyм ва сатxи костаи эстетикии ощо ба шyмоp меpавад.

Фаpxанги эстетикй даp доиpаи баpномаxои давлатй инкишоф меёбад. Даp он махсусан фаpxанги pyзмаppа чойи мyxимpо ишFOл менамояд. Бо максади татбики «Баpномаи pyшди xyнаpxои бадеии халкй даp Ч,yмxypии Точикистон баpои солxои 2009-2015» санадxои меъёpй-xyкyкй оид ба xyнаpxои бадеии халкй, аз чумла "Низомномаи Шypои бадей-экспеpтй оид ба xyнаpxои бадеии халкй" таxия гаpдид. Бонки иттилоотй оид ба xyнаpxои бадеии халкй ташкил каpда шудааст (7).

4ppñ намудани pавияи нави «Мактабxои xyнаpй (yстод-шогиpд)» даp заминаи мактабxои мавчудаи бачагонаи мусикй, санъат, pасомии Дyшанбешаxp, таxия ва нашpи маводи таълимй - методй баpои мyассисаxои фаpxангй аз чониби шуъбаи таълимй-методии шуъбаи фаpxанги Дyшанбешаxp OFOЗ гаpдидааст, ки даp таpбияи эстетикии насли навpас накши мyxим ва мyассиp бозида метавонад.

Аз таxлили вазъи назаpиявй ва тачpибаи амалии фаъолияти мyассисаxои фаpxангию фаpоFатй ва таxсилотй даp асоси таFЙиpотxои xаёти ичтимой- сиёсии чомеа даp ташаккули фаpxанги эстетикй ба вучуд омада бояд хулоса каpд, ки ощо фаъолияти хyдpо ба баланд баpдоштани маъpифати эстетикй ва чалби васеи маpдyм ба намyдxои гуногуни фаъолияти эчодй pавона созанд. Умуман, даp xаёти фаpxангии кишваp саxм гиpифта завки эстетикии оммаpо конеъ ва донишу талаботxои эстетикиpо Fанй гаpдонанд.

Аммо аз омузиши коpи мyассисаxои маоpиф ва фаpxанг баp меояд,

баъзе мyассисаxои фаpxангй-фаpоFтатй ва таxсилотй даp деxаxо шаpоити пyppа конеъ гаpдонидани талаботxои гуногуни эстетикии дyхтаpонpо надоpанд, баpои онxо маxфилxо ва чоpабиниxои фаpxангии гуногуни самти эстетикй доштаpо ташкил каpда наметавонанд. Баъзе аз Маpказxои таxсилотй даp ноxияxо бинои махсус надоpанд. МашFyлият ва чоpабиниxои фаpxангии онxо даp мактабxо ташкил ва баpгyзоp мегаpданд. Ин мушкилот даp баъзе ноxияxои кyxистонй баpъало xиc каpда мешавад, ки ба окибатxои заpаpи ичтимой ва хонаводагй дошта оваpда pасониданаш мумкин аст ва ин pаванд боиси коста шудани завки зебоипаpастии дyхтаpон мегаpдад.

Ба назаpи мо баpои беxтаp намудани фаpxанги эстетикй даp ноxияxо баpномаи махсуси таpбияи эстетикй заpyp аст, ки мушкилоти мавчyдаpо xал намояд. Баpномаи ноxиявии таpбиявй- эстетикии аxолй бояд даp чунин самтxо фаъолияти зебоипаpастиpо таpxpезй намояд:

- шаклxои комплексии таpбияи эстетикиpо даpёфт ва даp байни чавонон ташкил ва баpгyзоp намояд;

- xамкоpии хонавода, мyассисаxои таxсилоти умумй, иловагй ва фаpxангивy фаpоFатиpо таъмин кунад;

- тадбиpxои самаpанокpо оид ба чалби маpдyм ба театpy, филаpмонияxо, китобхонаву осоpхонаxо амалй намояд;

- мутахассиони чавонpо доиp ба таpбияи эстетикии насли навpас омода намояд

- даp асоси сyннатxои миллии фаpxангй - маъpифатй ва махсyсиятxои он бо даpназаpдошти меъёpxои аpзишxои ахлокй, зебоишиносй, инсонгаpойй ва меъёpxои yмyмибашаpии имpyза давpа ба давpа, комилан замонавй сохтани фаъолияти мyассисаxо ва объектxои системаи ичтимой - фаpxангй ва фаpоFатиpо накша гиpад;

- даp кулли манотики чyмxypй сохтани клубу хонаxои фаpxангй пешбинй намуда, фаъолияти мачмаъаxои бадей - намоиши ва маpказxои намоишй, фондxо ба накша гиpад; фаpxанги хизматpасониpо беxтаp намояд;

- сохтани биноxои нав, баpкаpоp намудани имоpатxо ва иншооти китобхонаxо, толоpxои киpоатй, намоишгоxxои тичоpатй баpои таpFиби дастоваpдxои xyнаpxои суннатй, бадей ва эчодиёти амалии маpдyмй, мyччаxаз намудани ощо бо техника ва

технологияи хозиразамон;

- бо мутахассисони баландихтисос ва дигар кормандони зарурй муассисахои ичтимой- фархангии хамаи шабака, навъу намудхоро таъмин намояд (холо таъмини кадрхои дорои тахсилоти олиии касбии омузгорй танхо дар дехот 70 дарсадро ташкил медихад);

- ба воситаи устохои махаллахо фаъолияти устохонахо ва истехсоли анъанавии махсулоти касбии хунармандй ва дигар навъу намудхои хунари оммаи мардум, ки аз кадим дар манотики чумхурй рушд ёфта буданд, рохандозй намояд;

- доир ба мавзухои фарханги эстетикй семинару конфронсхои илмй-амалй доир намояд.

Далли ин ва дигар мушкилот ташаккули фарханги эстетикии ахолй, бахуссус чавононро баланд бардошта, фаъолнокии ичтимой-фархангии онхоро дар чомеа афзун мегардонад.

АДАБИЁТ

1. Паёми Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон. ш. Душанбе, 23 январи соли 2015. - Душанбе, 2015. - 47 с.

2. Эмомалй, Р. Суханронии Асосгузори сулху вахдат Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалй Рахмон дар вохурй бо зиёиёни мамлакат // Ч,умхурият. - 2016. - 13 март.

3. Эмомалй Рахмон. Маориф омили мухимтарини тахкими давлат ва начоти миллат. Суханронии Президенти Ч,умхурии Точикистон Э. Ш. Рахмонов дар мулокот бо кормандони сохаи маорифи кишвар, Душанбе, 22 декабри соли 2005. - //Омузгор. - 2006. - 1 январ.

4. Эмомалй Рахмон. Пояи мустахкам барои илмхои бунёдй. Суханронии Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар вохурй бо олимон-омузгорон ва донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касбй дар Донишгохи миллии Точикистон. //Омузгор. - 2010. - 3 сентябр.

5. Эмомали Рахмон. Раванди омода кардани мутахассион аз мактаб огоз мегардад // Садои мардум. - 2013. - 17 май.

6. Рахмонов, Э. Ш. Фарханг хастии миллат аст. Суханронй дар мулокот бо намояндагони зиёиёни мамлакат // Ч,умхурият. - 2001. - 24 март.

7. Барномаи рушди хунархои бадеии халкй дар Ч,умхурии Точикистон барои солхои 2009-2015. -Душанбе, 2015. - 7 с.

8. Верб М. А. Взаимосвязь эстетической и педагогической культуры будущего учителя //Проблемы эстетического образования и воспитания студентов педагогических вузов. -Свердловск, 1981. - С. 3-10.

9. Искусство и эстетическое воспитание молодёжи. - М. : Наука, 1981. - 335 с. 15.

10. Каган М. С. Философия культуры. - Санк-Петербург, 1996. - 415 с.

11. Лихачев Б. Т. Теория эстетического воспитания школьников. - М. : Просвещение, 1985. - 280 с.

12. Нуров Н. Рисолати зиёиёни мамлакат // Адабиёт ва санъат. - 2016. - 28 март.

13. Разумный В. А. Методика формирования эстетической культуры личности. - М. , 1985. - 71 с.

14. Разумный В. А. Эстетический всеобуч. - М. , 1987. - 88 с.

15. Суна У. Ф. , Абгарян Э. Л. Опыт моделирования уровня эстетической культуры старшеклассников. - М, МГУ, 1979. - 83 с.

16. Суна У. Ф. Эстетическая культура студента: опыт социологического анализа. - М. :МГУ, 1977. - 69 с.

17. Эстетическая культура. /Российская академия наук, Институт философии; отв. ред. : канд. филос. наук И. А. Коников. - М. , 1996. - 200 с.

ЭСТЕТИЧЕСКАЯ КУЛЬТУРА - КАК СОЦИАЛЬНО-ПЕДАГОГИЧЕСКАЯ

ПРОБЛЕМА

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Авторы научной статьи под названием «Эстетическая культура - как социально-педагогическая проблема», на основе анализа различных концепций эстетической культуры, исследуют вопросы эстетического воспитания подрастающего поколения в системе образования и культуры как социально-педагогическую проблему и высказывают свои суждения по вопросам дальнейшего исследования этого направления воспитательной работы в культурологии и педагогической науке. В статье выдвигаются некоторые предложения по разработке обоснованной программы и модели воспитательно-эстетической деятельности в современных условиях.

Ключевые слова: эстетическое воспитание, культурология, подрастающее поколение, профессиональная деятельность, приобщение к красоте.

AESTHETIC CULTURE IS A SOCIAL AND PEDAGOGY PROBLEM

The authors of the scientific article titled "Aesthetic Culture as a Social and Pedagogical Problem", based on the analysis of various concepts of aesthetic culture, examine the issues of aesthetic education of the younger generation in the educational and cultural system as a social and pedagogical problem and express their opinions on further research this direction of educational work in cultural studies and pedagogical science. In the article some suggestions are put forward for the development of a program and model of educational and aesthetic activity in modern conditions.

Keywords: aesthetic education, growing generation, professional activity, admission to beauty.

Сведения об авторах:

Латифзаде Диловар Назришоевич, доктор педагогических наук, профессор Национальной консерватории Таджикистана, тел: 918244653; E-mail: kmt. ittiloot. tj@mail.ru;

Абдуллоева Розия Хакимовна, кандидат педагогических наук, доцент, проректор по международным отношениям ТГПУ им. С. Айни. тел. 919137629; E-mail: roziahon@mail.ru

About author:

Latifzade Dilovar Nazrishchovich, doctor of pedagogical sciences, professor of the National Conservatory of Tajikistan, tel: 918244653; E-mail: kmt. ittiloot. tj@mail.ru;

Abdulloeva Roziya Khakimovna, candidate of pedagogical sciences, associate professor, vice-rector for international relations of the TSPU named after S. Ayni. Tel. 919137629; E-mail: roziahon@mail.ru

ТАДЖИКИ МАСЪАЛАИ МАЪЛУМОТГИРИИ БОНУВОНИ ТО^ИК

Обидова М. И.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айнй

Дар тули дарнхо дариб дар хамаи мамлакатхои чахон масъалаи маълумотгирии бонувон хамчун масъалаи пушида ба хисоб мерафт. Омузиш ва тахдиди маводхои таърихй-педагогй оид ба ин масъала нишон медиханд, ки дар як датор мамлакатхои пешрафта ба сохибмаълумот гардидани духтархо ва бонувон дар дарни XIX халлй худро ёфт, аммо он характери синфй-табадавиро гирфта буд. Танхо ашрофзодахо имконияти дар макотибхои миёна ва олй тахсил карданро доштанд. Масалан, дар Русяи подшохй бо мадсади муайян боз доштани рушди маълумотгирии бонувон ба назар мерасид. Дар гимназияхо теъдоди ками чавондухтарон ба тахсил фаро гирифта шуда буданд. Бонувони миллатхои гайри рус бехукук ва гирифтори зулму асорат дарор доштанд; теъдоди ками бонувон саводи алифбоиро аз бар карда буданд.

Дар ибтидои асри XX дар баробари тагйир ёфтани сохтори давлат халли масъалаи ба тахсил фаро гирифта шудани бонувон дар саросари кишвархои Россия, Осиёи Миёна ва f. дар сатхи хукуматй ба рох монда шуд. Аз чониби хукумати онвадта «Масъалаи занон» («Женский вопрос») гузошта шуд, ки мадсади асосй озод кардани занон аз зулму асорат, аз торикй ва аз бесаводй иборат буд.

Таддиди масъала дар мамлакатхои Шард муайян кардааст, ки бонувон дар хар давру замон барои гирифтани маълумот талош мекарданд, аммо рох ба суи донишомузй ва маърифатнокй хеле мураккаб буд.

Бонувони махаллй ба суи маърифат ва фарханг рохи хеле тулониро тай намудаанд ва олимону мухаддидон рохи тайнамудаи онхоро тахдид намуда дар рисолахои худ ба чунин адида омадаанд, ки дабул кардани дини Ислом ба таддири бонувон таъсири калон расонидааст. «^уръон, шариат ва дигар расму оинхои мусулмонй бехудудии бонувонро хаматарафа донунй карда буданд»- менависад Г. Яъдубов, ки масъалахои ичтимоии бонувони точикро омухта буд. ^уввахои радикалй ба таддири зан ва ба

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.