10.00.00.илм^0и ФИЛОЛОГИЯ 1О.ОО.ОО.ФИЛОЛОГИЧЕСКИЕ НАУКИ IO.OO.OO.PHILOLOGICAL SCIENCES
10.01.03.АДАБИЁТИ МАРДУМИ КИШВАРХрИ ХОРИ^Й 10.01.03.ЛИТЕРАТУРА НАРОДОВ СТРАН ЗАРУБЕЖЬЯ 10.01.03. LITERATURE OF FOREIGN COUNTRIES PEOPLES
ТДУ 94(3) ТКБ 63,3(0)3
ЗИКРИ САЙЙИД Султонзода Тоцибой Султони, доктори БУРХОНИДДИНМУХАЦЦИЦИ илмуои филология, мудири шуъбаи рушди ТИРМИЗИ ДАР РИСОЛАИ ицтимой ва робита бо цомеаи дастгоуи Раиси ФАРИДУНИ СИПАХСОЛОР вилояти Сугд(Тоцикистон, Хуцанд)
СВЕДЕНИЯ О Султонзода Тоджибой Султони, доктор
САЙИДЕ БУРХОНИДДИНЕ филологических наук, заведующий отделом
МУХАККИКЕ ТИРМИЗИ В социального развития и связей с
ТРАКТАТЕ ФАРИДУНА общественностью аппарата председателя
СИПАХСОЛОРА Согдийской области (Таджикистан, Худжанд)
INFORMATION Sultonzoda Tojiboy Sultoni, Dr. of Philology,
ABOUT SAYYID BURHONIDDIN head of thedepartment of social development and
MUHAQQIQITIRMIZIIN public relations under the Office of the Chairman
FARIDUN SIPAHSOLORS of the Sughd Region (Tajikistan, Khujand),
TREATISE E-mail: tsultoni1970@mail.ru
Вожауои калидй: Мавлоно Цалолуддини Балхй, Буруониддин Мууаццици Тирмизй, цадимтарин сарчашма, Фаридуни Сипаусолор, Султонвалад, маноциб
Мацола ба зикри Саййид Буруониддин Мууаццици Тирмизй дар рисолаи Фаридуни Сипаусолор бахшида шудааст. Цайд мешавад, ки Саййид Буруониддин Мууаццици Тирмизй аз ёрону уамнишинони Мавлоно Цалолуддини Балхй ба уисоб рафта, дар бораи зиндагинома ва рузгори у дар осори Мавлоно ва дигар маъхазуои таърихию адабй маълумоти цобили мулоуиза баён гардидаанд. Мавлоно тарбиятёфтаи Буруониддини Мууацциц аст, силсила ва хирцаи нисбати Мавлоно ба василаи Буруониддин ба падараш Султонулуламо ва охируламр ба Маъруфи Кархй мерасад. Дар мацола шахсият, мартабаи ирфонй ва зиндагиномаи Саййид Буруониддин Мууаццици Тирмизй дар асоси маълумоти рисолаи Фаридуни Сипаусолор, ки аз цадимтарин сарчашмаи шинохти рузгору осори Мавлоно Цалолуддини Балхй мебошад, мавриди баррасй царор дода шудааст. Хулоса мешавад, ки рисолаи Сипаусолор, бар иловаи он ки цанбаи манцабатй дорад, мууимтарин ва дацицтарин манбаъ дар бораи зиндагии Мавлоно, цауони фикрй ва ёрону уамнишинони у ба уисоб меравад.
Ключевые слова: Мавлоно Джалолуддини Балхи, Бурхониддин Мухаккики Тирмизи, древнейший источник, Фаридун Сипахсолор, Султонвалад, манокиб
Статья посвящена упоминанию Сайида Бурхониддина Мухаккика Тирмизи в трактате Фаридуна Сипахсолора. Отмечается, что Сайид Бурхониддин Мухаккики Тирмизи был одним из соратников Мавлоно Джалолуддини Балхи и его биография и жизнь рассматриваются в произведениях Мавлоно и других исторических и литературных источниках. Подчеркивается, что Мавлано был воспитан Бурхануддином Мухаккиком, который тем или иным образом связан с суфийским рубище (хирка) и орденом мавлавия через Бахауддина Валада — отца Мавлоно и с Маруфом Кархи. Рассматривается личность, духовный статус и биография Сайида Бурхониддина Мухаккики Тирмизи на основе трактата Фаридуни Сипахсолора, являющегося одним из древнейших источников о жизни и творчестве Мавлоно Джалолуддини Балхи. Делается вывод о том, что трактат Сипахсолора, как манкабат, помимо хвалебного аспекта, представляет собой наиболее важный и точный источник о жизни Мавлоно, его интеллектуальном мире и сподвижниках.
№4 (6 9) НОМАИ ДОПИШИ О\ » УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ » SCIENTIFIC NOTES
Key words: Mavlono Jaloluddini Balkhi, Burhoniddin Muhaqqiqi Tirmizi, ancient source, Faridun Sipahsolor, Sultonvalad, manoqib
The article dwells on information concerned with Sayyid Burhoniddin Muhaqqiq Tirmizi in Faridun Sipahsolor^s treatise. It is underscored that Sayyid Burhoniddin Muhaqqiq Tirmizi was considered to be one of Mavlono Jaloluddini BalkhVs associates and his biography and life are dwelt on Mavlono\s creations and other historical and literary sources. The author of the article lays an emphasis upon the idea that Mavlono was brought up by Burhanuddin Muhaqqiq who in one way or another is connected with Sufi sackcloth (khirka) and mavlaviya order through Bahauddin Valad - Mavlono\s father and will reach Marufu Karkhi. Sayyid Burhoniddin Muhaqqiqi TirmizVs personality, spiritual status and biography are considered based on Fariduni Sipakhsolor^s treatise, which is one of the oldest sources about Mavlono Jaloluddini BalkhVs lifestyle and creations. It is concluded that Sipahsolor^s treatise as a mankabat, in addition to its laudatory aspect is the most important and accurate source about Mavlono ^s life and his intellectual world and his associates as well.
Муаллифи яке аз кадимтарин рисола дар бораи Мавлоно Чдлолуддини Балхй-Мачдуддин Фаредун ибни Ахмади Сипахсолор [Исфахсолор] фарзанди яке аз сипахсолорони давраи салчукй бо номи Ахмад будааст. Бино ба навиштаи шайхи мавлавихонаи Кутохия - Сокиб Мустафо дада дар тазкираи «Сафинаи нафисаи мавлавиён» (таълифаш 1148 х. / 1735 м.) Мачдуддин дар мачлисхои падари Мавлоно Чдлолуддин - Султонулуламо ширкат мекардааст ва баъд аз вафоти падар худ ба сипахсолорй мерасад, аммо пас аз андаке аз корхои давлатй дурй гузида, ба халкаи муридони Мавлоно мепайвандад. Мутаассифона, дар бораи у дар сарчашмахо маълумоти кобили мулохиза баён нагардида ва низ ба чуз як рисола аз Сипахсолор осори дигаре ба даст наёмадааст. Муаллифи «Сафинаи нафисаи мавлавиён» дар мавриди поёни умри Сипахсолор менависад: «Дар нахустин солхои хилофати Султон Валад, яъне баъд аз соли 683х./1284м. ва ба хар хол дар замони хаёти Султон Валад, ва бинобар ин, кабл аз соли 712 х./1312м. вафот карда, дар канори чапи турбати писари Мавлоно-Алоуддини Чалабй дафн карда шудааст. Вай кабл аз фавт писараш Чдлолуддинро муриди Султонвалад сохтааст» [5, с. 189-190].
Рисолаи мазкур аз кадимтарин ва мухимтарин маъхаз дар мавриди зиндагии Мавлоно Ч,алолуддини Румй ба хисоб рафта, Фаредуни Сипахсолор онро дар байни солхои 690/1291м. то 712 хичрй/1284м. таълиф намудааст [9].
Сипахсолор нахустин касест, ки ба таърихи валодати Мавлоно ишора кардааст ва манобеи баъд хамон таърихро бо тагйироти андак такрор кардаанд.
Дар рисола худуди чихил хикоят рочеъ ба каромоте, ки аз Мавлоно содир гаштааст, накл мешавад, ки онхо симои вокей, маънавй ва ирфонии Мавлоноро барои хонанда хеле чолиб чилва медиханд. Ин аснод аз лихози маълумоти дасти аввал будан низ мавриди таваччухи мавлавипажухон карор гирифтааст.
Хонандаи точик аз мавчудияти ин рисола бори аввал тавассути маколаи профессор Абдулманнони Насриддин ошно гардидааст. Ин донишманд бори аввал соли 2010 дар рузномаи «Адабиёт ва санъат» дар бораи арзишу ахамияти рисолаи Сипахсолор хамчун калимитарин сарчашма дар шинохти рузгору осори Мавлоно Румй изхори назар карда буд [6]. Баъдтар маколаи мазкур чузви «Куллиёти осор»-и ин донишманди маъруфи точик карор гирифт. Номбурда рочеъ ба кутуби манокиб изхори назар карда, арзишу ахамияти рисолаи Сипахсолорро дар шинохти шахсият ва ахволу осори Мавлоно фавкулода мухим арзёбй кардаааст [7].
Дар бораи Мавлоно Ч,алолуддини Балхй ба чуз рисолаи Сипахсолор китоби дигаре низ вучуд дорад, ки бо номи «Манокиб-ул-орифин» маъруф буда, дар миёнаи солхои 718 х./1318м. то 754х./1353м., таълиф гардидааст. Нависандаи ин асар Ахмади Афлокй - хамзамони набераи Мавлоно Чдлолуддин аст ва ба дидори Мавлоно нарасида, танхо бо афроде, ки Мавлоноро дида буданд, мулокот анчом додааст. Он гуна, ки мухаккикони эронй Мухаммадалии Муваххид ва тахиягари матни «Манокиб-ул-орифин» Тахсин Ёзичй низ ишора мекунанд, асари Афлокй дар заминаи рисолаи Сипахсолор ба вучуд омадааст [3,с. 25], аммо он ки муаллифи тазкира дар хеч чойи асари хеш аз Фаредуни Сипахсолор ва китоби у ёд накардааст, ачиб менамояд. Монандихои зиёде, ки байни асари Сипахсолор ва Ахмади Афлокй чой доштааст, бархе аз мухаккиконро ба иштибох афканда ва ононро бар он водоштааст, ки бидуни таваччух ба соли таълифи рисолаи Сипахсолор ва хамчунин таърихи хаёти ин ду суханвар истидъо пеш овардаанд, ки рисолаи Сипахсолор дар асоси «Манокибу-л-орифин» тахия гардидааст. Аз чумла, олими маъруфи эронй доктор Сируси Шамисо муътакид буд, ки ин асар дар заминаи тазкираи Ахмади Афлокй ба вучуд омадааст.
№4(69) 2G21
• НОМАИ ДОНИШГО^ • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC NOTES
Баъд аз даргузашти Мавлоно таваччух ба осор ва кушиш дар шинохти шахсияти маънавй ва ирфонии вай дар сарзамини Осиёи Сагир ва махсyсан дар ^уния бештар шуд. Сипахсолор аввалин касест, ки хамчун муриди содику мухлис дар баёни ахволу афкори Мавлоно камари химмат баста, чунин рисолаи арзишмандеро ба вучуд овардааст. Арзишу ахамияти рисолаи Сипахсолор, пеш аз хама кадимй будани он мебошад.
Сипахсолор замоне ба таълифи ин асар огоз мекунад, ки аллакай Мавлоно аз чахон чашм пушида буд ва сафи мусохибону шохидони зиндагй ва аъмоли y, онхое, ки аз хузури ин шахсияти бузург бахра бардошта ва осору каромоти уро ба чашми хеш дида буданд, тадричан коста мегардид. Азбаски муаллифи рисола муддати зиёде дар канори ёрон ва ба кавли худ «чихил сол дар халкаи муридони Мавлоно» [9, с. 28] карор дошт, дар ин рисола ба зикри лахзахои рузгор, андеша ва авхоли Мавлоно пардохтааст.
Сипахсолор таъкид мекунад, ки y чихил сол дар халкаи муридони Мавлоно карор доштааст: «Аз ибтидои хол то инкирози вакт руз ба руз риёзат ва мучохидотро музоъаф мефармуд, дар муддати чихил сол, ки ин заъиф мулозими хазраташ буд ва пайваста чун паргор сар бар нуктаи остон доштй, эшонро чомаи хобу болиш надид ва чихдти осоиш як шаб эшонро бар пахлу хуфта мушохида накард...» [10,с.28].
Pисолаи Сипахсолор аз чихати сохт аз се кисм ва панч фасл иборат аст: дар ду фасли кисми аввал дар бораи гузаштагони падари Мавлоно Чдлолуддин - Султонулуламо Бахоуддин Bалад ва зикри макомоти y маълумот дода шудааст. Сипахсолор нахустин касест, ки насаби Бахоуваладро ба Абубакри Сиддик мерасонад, вале ин назарро аксар мухаккикони мавлавипажух напазируфтаанд [11]. Дар ин бахш матолиби чолибе дар бораи ба мусохибати Хизр (а) расидани Султонулуламо, сабаби ба «Султонулуламо» мулаккаб шудани y, муносибати хокими вакт, хичрат аз Балх ва монанди инхо баён гардида, дарачаи камолоти маънавй ва нуфузу махбубияти Султонулуламоро дар назари хонанда ба чилва мегузорад.
^исми дуюми рисола аз се фасл иборат буда, таърихи валодат ва муддати умр, асхоб ва зикри манокиби Мавлоноро то поёни зиндагии y дарбар мегирад.
Сипахсолор инчунин дар мавриди тахсили Мавлоно дар Димишк ва мусохибаташ бо Шайх Мухйиддини Арабй, шайх Саъдуддини Х,амавй, Шайх Усмони Pyмй, Авхадудини Кирмонй ва Садруддини ^унавй, Шайх Бадруддини Табрезй, санадхои мухимро бозгу кардааст. Бахшхои дигаре, ки дар фасли сеюм омадаанд, рочеъ ба масоили мучохада ва риёзат, савм, чуъ, таквою вараъ, сифати ишк ва вачду каромоти Мавлоно маълумот медихад.
Дар кисми севуми рисола, ки «Дар зикри асхобу хулафои Худовандгор разиаллоху анхум» ном дорад, зикри дустону халифагон ва асхоби Мавлоно - Бурхонуддин Мухаккики Тирмизй, Шамси Табрезй, Шайх Салохуддини Заркуб, Х,усомуддини Чалабй, Султон Bалад, Чалабй Ориф, Чалабй Шамсуддин Ориф, Обид ва Салохуддин Амир Зохид, Хусомуддин Султон Bочид чой дода шуда, вобаста ба он нуктахои мухиме баён гардидааст.
Зикри аввал ба Бурхонуддин Мух,а^ици Тирмизй ихтисос дода шуда, Сипахсолор Бурхониддини Мухаккикро аз чумлаи бузургон ва орифони донандаи асрор, бахри лабрези маърифат, ки хамаи умри хешро дар риёзату мучохида ва мушохида гузаронидааст, сифат намуда, уро мадори вучуди абдолу автоди он ахд муаррифй намудааст. Таъкид мегардад, ки Бурхонидин ба султонулуламо Бахоуддин Bалад иродати хос дошта, мураббии хазрати Худовандгор [яъне Мавлоно Чдлолуддин, Т.С.]-ро бар ухда дошт: «Аввал точулавлиё ва-л-мухаккикин, зубдат-ул-азкиё ва-л-орифин, тарчумон-ул-асрор ан-носутия, сироч-ур-румуз ал-лохутия, фахр-ул-мачзубин, орифи комили мудаккик, Сайид Бурхониддин Мухаккик ат-Тирмизй- разиаллоху анху аз чумлаи кибор ва урафои сохибкашфу асрор буд, дар таваккулу тачарруд кадаме дошт собит ва дар маърифат бахре буд зохир, хама умр дар мучохида ва риёзату мушохидаю иноят будй. Bа пайваста калимот дар тавхид фармудй. Ба узлату инкитоъ рагбате азим дошт. Bа аз дунёю халк муарриз буд. Тамомати будалои билод ва автоди арзро дар он ахд мадор бар вучуди эшон буд ва иродат ва сухбати эшон ба хазрати султонулуламо Бахоуддин Bалади кабир ризвонуллохи алайхи буд. Bа ба атобакии хазрати Худовандгори мо мансуб» [9, с.143]. Аз ин лихоз, ин нукта, ки Давлатшохи Самаркандй дар «Тазкират-уш-шуаро» Бурхониддинро пиру муршиди Бахоувалад меномад [8, с.189], галат буда, бо асноди рисолаи Сипахсолор, инчунин ишораи Ахмади Афлокй дар «Манокиб-ул-орифин» ва гуфтаи писари Мавлоно- Султонвалад, ки дар «Bаладнома» баён шудааст, мувофик намеояд.
Ба ишораи сарчашмахо замоне, ки Бахоувалад аз Балх хичрат менамуд, Бурхониддин дар Тирмиз гушанишин буд «ва чун Бахоувалад мусофират намуд, пайваста хабари уро аз дуру наздик мепурсид, то нишони y дар Pyм доданд ва Бурхониддин ба талаби Шайх озими Pyм шуд» [15, с.68-69]. Бурхониддин ба Pyм соли 629 х./1232 м. расид ва ин замоне буд, ки як сол
пештар Султонулул амо Бахоувалад рехлат намуда буд. Ба навиштаи Ахмади Афлокй дар вакти вафоти Султонулуламо Бахоувалад Бурхониддин «ба маърифат гуфтан машгул буд. Дар миёни сухан охе кард ва фарёд баровад, ки «дарего, шайхам аз куи олами хок ба суи олами пок рафт». Ва фармуд: «Фарзанди шайхам Ч,алолуддин Мухаммад бенихоят нигарони ман аст, бар ман фарзи айн аст, ки ба чониби диёри Рум равам ва ин амонатро, ки шайхам ба ман супурдааст, ба вай таслим кунам» [15, с. 69].
Сипахсолор менависад, ки «чун хазрати Мавлоно Бахоуддин Валад разиаллох рехлат фармуд, Сайид Бурхониддин разиаллоху анху он чо хозир набуд. Чун хабари хоили вафоти шайхаш истимоъ кард, бар сари хокистар ба мотам нишаст ва муддати як соли тамом дар фироки он хазрат чун шамъ мегудохтанд, то шабе дар вокеъа Бахоуваладро дид разиаллоху анху, ки аз сари хиддати тамом мефармуд, ки: «Бурхониддин, чй гуна Мухаммадро танхо гузоштай ва дар мухофизати у таксире мекунй?». Аз хайбати он хол чун бедор шуд, аз он по ба ^уния омад ва ба Худовандгор пайваст» [9,с.144].
Тибки сарчашмахо Мавлоно пас аз ду соли вафоти падар бо ишораи Бурхониддини Мухаккик барои касби улул ба чониби Шом рафт ва дар ин сафар Бурхониддин уро то ^айсария хамрохй кард ва дар он шахр сукунат ихтиёр кард. Мавлоно ба шахри Х,алаб омад ва дар мадрасаи Х,аловия ба тадрис пардохт ва аз он чо ба яке аз марказхои илму дониши давр -шахри Димишк рафт ва ба ишораи Камолуддини Хоразмй дар «Ч,авохир-ул-асрор» дар ин шахр ба дидори Мухйиддин ибни Арабй расид. Муддати истикомати Мавлоно дар Х,алаб ва Димишк хафт сол буда, пас тавассути ^айсария ба ^уния бозгашт. Х,ар ойина, Бурхониддин Мавлоноро дар илмхои гуногун озмуд ва чун уро дар илми кол комил дид, хост, ки аз илми хол низ огох гардад. Бурхониддин ба Чдлолуддин гуфт: «Эй чону нури дидаам, агарчи дар улум ранчхо бурдию ангуштнамой гаштй, аммо бидон, ки варои ин улум илме дигар хаст, ки ин кишри он аст. Ва калиди он улум падарат ба ман рагбат додааст, туро тахсили он матлуб аст». Баъд аз он Худовандгорро ба тахкики улуми якинй рагбат фармуда, тарики сулукро ва одоби машоих талкин карда, хакоике, ки аз падарашон тахкик карда буд, бад-эшон такрир кард. Ва муддати нух соли тамом сухбат фармуданд ва «Маориф»- и Султонулуламоро разиаллоху анху хазор навбат ба Худовандгор иодат [ручуъ.-Т.С.] карданд, то ончи сирри тавхиду маърифат буд, камоянбагй [чунонки бояд.-Т.С.] ба тахкик расонида, ба амал оварданд, балки ба азъофи [дучанди, -Т.С.] он ба макомоте, ки «моло айнун раат» [он чи на чашме дида.- Т.С.] манзил сохтанд [9,с.144].
Бояд гуфт, ки муддати тарбияи Мавлоноро аз чониби Бурхониддин Султон Валад низ нух сол зикр кардааст:
Буд дар хидматаш ба уам нуу сол,
То ки шуд мисли у ба колу ба уол [15, с. 71].
Дар мавриди поёни кори Бурхониддин Мухаккики Тирмизй Сипахсолор менависад, ки чун Саййид Бурхониддин Мавлоноро дар дарачаи камол дид, аз у ичозаи сафар пурсид, то ки ба чониби ^айсария равад. Мавлоно ичрзат надод ва Бурхониддин бе ичозаи Мавлоно равон шуд, вале дар рох пояш шикаст. Ба назди Мавлоно бозгашт ва гуфт: «Эй нури дида, чаро ичозат намедихй, то биравам?» Фармуданд: «Чаро аз мо ихтиёри дурй мекунй?» Фармуд, ки: «Бихамдиллох, ки кори ту тамом шудааст, балки оламиён аз ту нуру бахра меёбанд. Таъчили ман аз он аст, ки шере тунд, руй бад- ин вилоят ниходааст. У шеру ман шер, бо хам созгорй натавонем кардан». Чун Худовандгор ичозат дод, филхол мутаваччехи ^айсария шуд. Ва баъд аз андак муддате хазрати Мавлоно Шамсулхак вад дин ат-Табрезй аззамаллоху зикраху расид [9,с.147]. Вале донишмандон бо такя ба абёти зерини писари Мавлоно Султон Валад, ки дар «Валаднома» зикр шудааст, бар он акидаанд, ки ин хикоят чандон асоси вокей надорад, зеро марги Бурхониддини Тирмизй панч сол пеш аз вуруди Шамс ба ^уния вокеъ гардида буд. Султон Валад менависад:
Ногауон Сайид аз цауони фано, Кард реулат суйи сарои бацо. Монд бе у Чалоли дин тануо Рузу шаб кард руй суйи Худо. Панц сол инчунин риёзат кард, Аз сари сидку сузу нолаву дард. Дау уазораш мурид беш шуданд, Гарчи аввал зи сидк дур буданд... Ногауони Шамси дин расид бар вай Гашт фони зи тоби нураш фай...
№4(69) 2021
• НОМАИ ДОНИШГО^ • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC NOTES
Ра^бараш гашт Шамси Табрезй, Он ки будаш ни^од хунрезй [9, с. 146]. Ба таври хулоса, пас аз баррасии матолиби фавк метавон ба чунин натичахо дастрасй пайдо намуд:
1. Рисолаи Сипахсолор, гузашта аз он ки чанбаи манкабатомез дорад, мухимтарин ва дакиктарин манбаъ дар бораи зиндагии Мавлоно, чахони фикрй ва ёрону хамнишинони у буда, кулли сарчашмахо бар онанд, ки Мавлоно тарбиятёфтаи Бурхониддини Мухаккик аст, силсила ва хиркаи нисбати Мавлоно ба василаи Бурхониддин ба падараш Султонулуламо ва охируламр ба Маъруфи Кархй мерасад. Мавлоно дар муддати 9 соли мусохибат ва хамнишинй бо асрори улуми зохиру ботинро аз у омухт, ба тавсияи Бурхониддин ба Х,алаб ва Димишк чихати касби илм сафар намуд ва дониши хешро дар ин замина такмил дод. Мавлоно дар дафтари дувуми «Маснавии маънавй» як бор хам аз Бурхониддини Мухаккик, ки асрори тарикатро ба у омухта буд, чунин ёд мекунад:
Пухта гарду аз тагаййур дур шав,
Рав, чу Бур^они Му^ащиц нур шав.
Чун зи худ расти, %ама бурбон шуди,
Чунки банда нест шуд, султон шуди [2;2/1319-1320].
2. Бурхониддин Мухаккики Тирмизй илова бар он ки сохиби камоли ахлокй ва макомоти баланди маънавй буд, инчунин донишманди комилу фозил буд ва пайваста китоби асрори мутакаддимонро мутолиа мекард ва аз он ки масти тачаллиёти илохй буд, уро «Саййиди сирдон» мегуфтанд. Аз орифони гузашта ба Саноии Газнавй иродати комил дошт ва ба ишораи Афлокй Мавлоно низ дар мачлисхои худ калимоти Саййид Бурхониддинро накл мекардааст [1, с. 24-203].
3. Дар зикри аввали кисми сеюми рисолаи Сипахсолор, ки ба макоми маънавй ва чойгоху мартабаи Бурхониддин Мухаккики Тирмизй бахшида шудааст, маълумотхои мухиме нухуфтаанд, ки барои шинохти шахсият ва макоми маънавии Бурхониддини Мухаккик, муносибати бузургону донишмандони давр, аз чумла Сохиб Шамсиддин Мухаммади Исфахонй - вазири Султон Гиёсуддин Кайхусрави дувум, хаким, суфй ва факехи шофей Абухафс Умар ибни Мухаммади Сухравардй, Шайхулисломи Тирмизй ва дигарон дорои арзиши баланд мебошанд. Дар ин бахш шаш накл дар робита ба бузургони болозикр ва муносибати онхо бо БурхониддинМухаккики Тирмизй оварда шудааст, ки баёнгари макоми шомихи ин шахсияти дар зиндагии Мавлоно таъсиргузор мебошад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Афлокй, Шамсиддин Ахмад. Манокиб-ул-орифин: Иборат аз 2 чилд / Шамсиддин Ахмади Афлокй; [Ба кушиши Т. Ёзичй].-Техрон: Дунёи китоб, 1385.-1222 с.
2. Балхй, Мавлавй Чалолуддин. «Маснавии маънавй»: Бар асоси нусхаи мактуб ба соли 677 камарй / Мавлавй Чалолуддини Балхй; [Мукобала бо тасхех ва табъи Р. Николсон; Тасхех, мукобала ва кашфулабёт аз ^ивомуддини Хуррамшохй].-Техрон, 1384.-1647 с.
3. Балхй, Мавлавй Ч,алолуддин. «Маколоти Шамс». Тасхехи Мухаммадалии Муваххид. Техрон,1386.-308 с.
4. Бахоуддин, Валад. Валаднома / Бахоуддин Валад; [Бо мукаддима ва тасхеху хошияи Ч,. Х,умой].-Техрон: Амири кабир, 1315.
5. Гулпинорлй, Абдулбокй. Мавлавия баъд аз Мавлоно [чопи севум]. Тарчума ва тавзехи Тавфик Субхонй. Техрон, 1384.- 744 с.
6. Насриддинов А. ^адимтарин сарчашма дар шинохти Мавлоно // Адабиёт ва санъат.-№1[1504].-7 январи соли 2010.
7. Насриддин, Абдулманнони Сурату сирати Мавлоно дар кутуби манокиб//Куллиёти осор. Чилди 6.- Хучанд: Ношир, 2013.-764 с.
8. Самаркандй, Давлатшох. Тазкирату-ш-шуаро. Хучанд: Ношир., 2015.-543с.
9. Сипахсолор, Фаредун ибни Ахмад. Рисолаи Сипахсолор. ^адимитарин сарчашма дар шинохти Мавлоно Чалолуддини Румй/ Фаредун ибни Ахмади Сипахсолор; [Тахия, тавзех ва мукаддимаи Т. Султонй].-Хучанд: Хуросон, 2015.-208 с.
10.Сипахсолор, Фаредун ибни Ахмад. Рисолаи Сипахсолор дар манокиби хазрати Худовандгор / Фаредун ибни Ахмади Сипахсолор; [Бо мукаддима тасхех ва таъликоти М. А. Вафой].-Техрон: Сухан, 1385 х. ш.
11.Султонй, Т. Падари Мавлоно Чалолуддини Балхй кй буд? //Т.Султонй/ «Хдкикати Сугд».-2012.- 29 октябр.
1 2.Сул т о нй , То чи б ой. ^алъаи Хушрабо: Шархи достони "Дизи Зотуссувар" аз дафтари шашуми "Маснавии маънавй"-и Мавлоно Чдлолуддини Румй / Т. Султонй.-Хучанд: Ношир, 2011.-144 с.
13.Султонй, Т. Шархшиносии «Маснавии маънавй» / Т. Султонй.-Хучанд: Нури маърифат, 2019.-288 с.
14. Султонй, Т. Камолуддин Хусайни Хоразмй ва «Ч,авохир-ул-асрор»-и у / Т. Султонй.-Хучанд: Нури маърифат, 2019.-286 с.
15. Фурузонфар, Бадеуззамон. Мавлоно Ч,алолуддин Мухаммад машхур ба Мавлавй [ба муносибати Соли чахонии Мавлоно]/Б.Фурузонфар.-Техрон:Амири кабир, 1385. -343 с.
16. Хоразмй, Камолуддин Хусайн. «Ч,авохир-ул-асрор ва завохир-ул-анвор»: дар чор мучаллад / Камолуддин Хусайни Хоразмй; [Мукаддима ва тасхеху тахшияи М. Шариат].-Техрон: Асотир, 1384.-1970 с.
REFERENCES:
1. Afloki, Shamsiddin Ahmad. Manaqib-ul-Arifin: in two volumes / Shamsiddin Ahmadi Afloki; [under the editorship of T. Yazidi]. - Tehran: World of Books, 1385. - 1222 p.
2. Balkhi, Mavlavi Jaloluddin. "Masnavii ma'navi": Based on the copy of letter to 677 lunar years / Mavlavi Jaloluddini Balkhi; [revised, enlarged and corrected by Nicholson; correction, confrontation and edited from Kivomuddin Khurramshahi]. - Tehran, 1384. - 1647 p.
3. Balkhi, Mavlavi Jaloluddin. "Shams's Article": under the editorship of Muhammadali Muwahhid. -Tehran, 1386. - 308 p.
4. Bahauddin, Valad. Valad-Name / Bahauddin Valad; [With introduction and corrections by J. Humai] .- Tehran: The Great Amir, 1315.
5. Gulpinorli, Abdulboki. Mavlono after Mavlavi [the third edition]. Translated and commented by Tawfiq Subhani. - Tehran, 1384. - 744 p.
6. Nasriddinov, А. The Oldest Source in Mavlono's Studies // Literature and Art. - №1 [1504]. -January 7, 2010.
7. Nasriddin, Abdulmannon. Mavlono's Life and Image in Manoqib's Book // Collection of Compositions. - V.6. - Khujand: Publisher, 2013. - 764 p.
8. Samarkand, Davlatshoh. Anthology of Poets. - Khujand: Publisher, 2015. - 543 p.
9. Sipahsolor, Faridun ibn Ahmad. Sipahsolor's Treatise. The Oldest Source in Mavlono Jaloluddini Rumi's Studies / Faridun ibn Ahmad Sipahsolor; [Elaboration, explanation and introduction by T. Sultani]. - Khujand: Khuroson, 2015. - 208 p.
10. Sipahsalor, Faridun ibn Ahmad. Sipahsalor's Treatise in the Manor of God / Faridun ibn Ahmad Sipahsalor; [Introduction corrected and interpreted by M.A. Vafoi]. - Tehran: Speech, 1385.
11. Sultoni, Т. Who Was Mavlono Jaloluddini Balkhi's Father? // The Truth of Sughd. - 2012. -October 29.
12. Sultoni, Tojiboy. Khushrabo Fortress: Review of the story "Dizi Zotussuvar". In six books. "Masnavii ma'navi" by Mavlono Jaloluddini Rumi / T. Sultoni. - Khujand: Publisher, 2011. - 144 p.
13.Sultoni, Т. Commentary on "Masnavii ma'navi" / T. Sultoni. - Khujand: Light of Enlightenment, 2019. - 288 p.
14.Sultoni, Т. Kamoluddin Husayn of Khorezm and his "Javohir-ul-Asror" / T. Sultoni. - Khujand: Light of Enlightenment, 2019. - 286 p.
15.Furuzonfar, Badeuzzaman. Mavlono Jaloluddin Muhammad Famous to Mavlavi [on the occasion of the World Year of Mavlono] / B. Furuzonfar. - Tehran: The Great Amir, 1385. - 343 p.
16.Khorezmi, Kamoluddin Hussain. Jawahir-ul-Asror and Zawahir-ul-Anwar: in four journals / Kamoluddin Husayn Khorezmi; [Introduced and corrected by M. Sharia]. - Tehran: Asotir, 1384. -1970 p.