Научная статья на тему 'Reflection of inner world and life description of Mavlono in manakib'

Reflection of inner world and life description of Mavlono in manakib Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
138
41
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЦАЛОЛУДЦИНИ РУМӣ / МАНОҳИБ / САРЧАШМАҳОИ АДАБӣ / МАКТАБИ ИРФОНИИ МАВЛОНО / ДЖАЛОЛИДДИН РУМИ / МАНАКИБ / ЛИТЕРАТУРНЫЕ ИСТОЧНИКИ / МИСТИЧЕСКАЯ ШКОЛА МАВЛОНО / MAVLONO 'S MYSTYC SCHOOL / DJALOLIDDIN RUMI / MANAKIB / LITERARY SOURCES

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Насриддин А.

В изучении жизни и творчества абсолютного большинства великих представителей восточного мистицизма, в том числе и Джалолиддина Руми, особое значение наравне с произведениями самих суфиев, тезкире, других первоисточников имеют книги манакиб. Автор статьи подвергает анализу и выявляет историко-литературную ценность произведения «Манокиби Хазрати худоеандагор», принадлежащего перу Фаридуна ибн Ахмада Сипахсолора, одного из ближайших учеников, друзей и мюридов Румӣ, который сорок лет был собеседником мыслителя. В частности, в статье убедительно доказывается, что манакиб Сипахсолора послужил источником для сочинения других манакиб, посвященных Руми, в том числе «Манакибу-л-орифин» Шамсаддина Афлоки.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Alongside with the works of sufis, tezkire and other original sources Manakib hooks are of equal importance in the study of life and creation in reference to the absolute majority of the great representatives of Oriental mysticism, Djaloliddin Rumi inclusive. The author of the article analyzes and elucidates the historico-literary value of the production “Manakibi hazrati khudovandagor” belonging to the pen of Faridun ibn Akhmadi Sipahsolor, one of Rumi ’s nearest pupils, friends andmurids who in the course of forty years was an interlocutor of the thinker. In particular, the article demonstrates the convincing proof that Sipahsolor ’s manakib served as a source for composing other manakibs, dedicated to Rumi, Shamsiddin Afloki’s “Manakibu-l-orifin” inclusive.

Текст научной работы на тему «Reflection of inner world and life description of Mavlono in manakib»

ФИЛОЛОГИЯИ ТОЧ.ИК ТАДЖИКСКАЯ ФИЛОЛОГИЯ

А. Насриддин

СУРАТУ СИРАТИ МАВЛОНО ДАР КУТУБИ МАНОК.ИБ

Вожатойкалидй: ЦалолудциниРумй, манощб, сарчашма^ои ада бй, макта би ирфонии Мавлоно

Яке аз шартх,ои асосии тах,к,и к,и равишманди ах,волу осори Мавлоно Ч,алолуддини Румй шинохти сарчашмах,ои щадима, аслй ва ан^ом додани мутолиот бар нуктах,ои мух,им ва зарифи он ма-нобеи хаттй мебошад. Аз пиюх,и меъёрх,ои сарчашмашиносй ма-нобеи марбут ба ах,волу осори Мавлоноро дар ду бахши асосй: сарчашмах,ои аслй ва манобеи чанбии ёрирасон гацсимбандй кардан дуруст хох,ад буд. Ба гурух,н аввал осори худи Мавлоно ва кутубу рисолах,ои таълифшуда дар замоин зиндагии у мансу-банд. Хамчупип ба ин бахш осори наздик ба асри Мавлоно ниго-ришёфтаро нисбат додан мумкин аст. Зеро муаллифони он осор ё дар х,а.Пу1и сух,бати дустони Мавлоно хузур доштанд, ё иттило-оти хештанро аз забони фарзандону наберагони у ба цалам овардаанд.

Назди мавлавишиносон мух,имтарини сарчашмах,о осори Мавлоно Ч,алолуддини Румист. Бисёр воцеоти зиндагй ва Чанбах,ои маърифатии таълимоти ирфонии у дар «Мактубот», «Ма^олиси сабъа», «Фих,и мо фих,и», «Маснавии маънавй» ва девони ашъораш ифода ёфтаанд.

Агар аз осори худи Мавлоно бигзарем, сарчашмах,ои арзишманд, ки барон мо санадх,ои дак;ик;у м^ътамадро арз мекунанд, «Маколоти Шамс», осори фарзанди Мавлоно - Султон

— 4 ~t номаи донишгох )

Валад, «Маноцибул орифин»-и Афлокй, «Маноциби х,азрати худовандгор»-и Фаридун ибни Ах,мади Сииах,солор мах,суб мешаванд.

«Маколоти Шамс» агарчи дар бораи зиндагиномаи Мавлоно иттилооте фаро нагирифтааст, дар шинохти '(ях,опи фикрии у ва пайравонаш ах,амияти фаровоне дорад.

Асарх,ои писари Мавлоно - Султон Валад аз чумла «Валаднома», «Рубобнома», «Интих,онома» ва «Маориф»-у ашъори у аз чумлаи манобеи тирози аввал дониста шудаанд.

Дар гузашта зиндагинома ва суханони ах,л и ирфон ва арбоби донишро дар китобу рисолах,ои махсусе бо унвони «маноциб» тадвин кардаанд. Маноцибнигорй монанди тазкиранависй аз одобу русум ва анъанах,ои дерина бархурдор аст. Маноцибх,о вобаста ба асолати худ ва таърихи таълифашон дорой ах,амият ва добили эътимод хох,анд буд.

Боиси таассуф аст, ки кутуби маноциб нисбат ба тазкирах,ои адабию ирфонй камтар мавриди гах,к,и к, ва истифода rçapop ги-рифтаанд. Х,ол он ки баъзе маврид иттилооти фарогирифтаи оих,о бадара^от азмаълумоти газкирах,о ва сарчашмах,ои дигар арзиш дошта, добили эътимод ва дорой ах,амияти фавцулодда мебо-шанд.

Дар бораи ах,волу осори Мавлоно Ч,алолуддини Румй чандин китоб бо унвони «Маноциби Мавлоно» таълиф шудаанд, х,амчунин дар китобх,ои мансуб ба маноциби орифон бахши ало-х,идае ба ин орифу шоири румй ихтисос ёфтааст.

Агар мо ба мазмуну мух,1 аво ва шеваи нигориши маноцибх,ои марбут ба Мавлоно Ч,алолуддини Румй бо тах,к,и к, назар афканем, метавонем, нати^аву хулосах,ои чолибе ба миён оварем. Маноцибх,ое, ки ба замони зиндагии Мавлоно наздиканд ва ба ралами онх,ое, ки мазх,ари уро дарёфтаанд, навишта шудаанд, бештар чанбаи воцей доранд, тадри^ан бо гузашти солх,о ва фарорасии даврах,ои дигари таърихй иацлу ривоёти афсона-монанд ва кашфу каромоти мухталиферо бар у нисбат додаанд. Мяп()к,иГ)х,()и давраи аввал бо матонати сабк ва шабох,ати зиёд ба услуби баёни Мавлоно навишта шудаанд. Ах,л и тах,к,и к, дар маноциби щадима таъсири равшани шахсияту суханони Мавлоно ва нафаси гарми уро эх,сос мекунанд. Бо гузашти замон ин устуворию иртибот ру ба заъф овардааст.

Маноцибе, ки ба ралами Фаридун ибни Ах,мади Сипах,солор ва Шамсуддин Афлокии Орифй i ааллуц доранд, аз думлаи сар-чашмах,ои дарадаи аввал ба х,исоб мераванд. Фаридуни Сииах,солор чих,ил сол дар х,узури Мавлоно ба х,айси шогирд ва дусту муриди мухлис хидмат карда, х,ар он чи дидаву ба гуши худ шунидааст, ба риштаи таълиф кашидааст. Дар ин хусус ин муаллиф чунин овардааст: «Аз ибтидои х,ол то и и к, и poní hmk;i (яъне охири умр - А.Н.) руз ба руз риёзоту мудох,идотро музоаф мефармуд, дар муддатн чих,ил сол, ки ин заиф мулозими х,азраташ буд ва пайваста чун паргор cap бар нуцтаи остонаш доштй, эшонро чоман хобу болиш надид ва чих,а ги осоиш як шаб эшонро бар пахду хуфта мушох,ида накард» (3,28).

Шамсиддини Афлокй бонаберагонва дусюнн Мавлоно унсу ошной дошт. Иттилооти у аз забоин х,амин пайвандони Мавлоно ба сафах,оти китобаш рехта шудаанд.

Ин до тазаккури як нукта бамаврид аст, ки баъзе маврид дар шинохту бах,одих,й ба асолату цидмати ин сарчашмах,о омехтагиву инп ибох,оте ба назар расидаанд. Чунончи доктор Сирус Шамисо дар он пиндор аст, ки китоби Фаридуни Синах,-солор аз «Маноцибул орифин»-и Шамсиддин Афлокй сарчашма гирифтааст (2, 192). Муаллифи дигаре бо номи Бахроми Бех,изод дар китобе бо номи «Рисолаи манх,ули Сипах,солор» май о к, и Г) и асили Фаридуни Сииах,солорро аз чумлаи осори манхул х,исо-бидааст (1,45). Ин гуна иштибох,от бар асари нодида гирифтани таърихи валодату фавти ин муаллифон ва камтар ошной доштан бо аслй матни х,ар ду маноциб ба миён омадааст. Фаридуни Сипах,солор соли 712 х,и1фии цамарй (1311-12 милодй) ба олами Човидон рехдат кардааст, соли вафоти Шамсиддини Афлокй баробар ба 761 х,и1фист (1359-60 милодй).

Аз ин санад падидор мешавад, ки Фаридуни Сипах,солор га к, р и Г) а и нан^ох, сол пештар аз Афлокй сафари охират кардааст. Дар асл Афлокй ва баъди у Камолиддин Х,усайни Хоразмй муаллифи «Ч,авох,иру-л-асрор вазавох,иру-л-анвор», ки аввалин шарх,и «Маснавии маънавй» мебошад, бахшх,ои дудогонаи асари Сипах,солорро бо тагйироти дузъй дар осори худ пак,л кардаанд.

Донишмандони маъруфе чун доктор Мух,аммадалии Мувахдид ва Алии Ёзидй бо далелх,ои муътамади илмй собит кардаанд, ки «Маноцибу-л-орифин»-и Шамсиддини Афлокй дар

— 6 - НОМАИ донишгох )

асоси «Маноциби х,азрати худовандгор»- и Фаридуни ( ипях,солор навишта шудааст.

Аз ин хулосах,о маълум мешавад, цадимтарин сарчашмах,ое, ки аз ах,волу осори Мавлоно Ч,алолуддини Румй санадх,ои Чолиберо фаро гирифтааст, рисолаи Фаридун ибни Ах,мади Си-нах,солор мебошад. Ин рисола дар шинохти шахсият ва осори Мавлоно фавцулодда мух,им аст. Фавоиди илмию адабии «Manoir и fi и х,азраги худовандгор» дар самтх,ои зерин зух,ур ёфтааст:

1. Дар ин асар бисёре аз чузъиёти зиндагй ва сулуки ирфонии Мавлоно аз забони мусох,иб ва мулозими у баён ёфтааст, яъне иттилоотест дасти аввал ки бо санад тасдиц шудааст.

2. Муаллифи маноциб бештар аз 453 байт ашъори форсиро сабт кардааст, ки бештари он моли худи Мавлоност, ва мух,имтар аз х,ама, сабаби ба миён омадани баъзе аз газалиёт ва ашъори орифи румй тазаккур ёфтааст. Чунончи Синах,солор овардааст, ки Мавлоно чанд муддат дар сух,бати ёрони худ набуд, он гох, Хисомуддипи Чалапй ба хидмати у рафт ва такозои сух,бат кард. Идомаи ин воцеаро Сииах,солор чунин и а к; л фармудааст: «Аз он Чой дарх,ол равон шуда, ба масдид омаданд ва баъд аз адои фариза ва суннат х,азраги худовандгор бар сари минбар бирафт ва аз сари х,оле, ки доштанд, бо шавцеву сузе бех,ад охдои оташангез аз дилу '(m ар кашида, ин ду байт сароидан гирифт:

Эй хушо шаб, к-аз висоли ёр моро душ буд,

Муштарйдар толеъву хуршед дар oifin буд.

JÇap цадая» к-аз май ба мандодй, бигуфтй: цушдор!

Эй мусулмоиои, дар он^олат чи цойицуш буд!

Дар х,оле ки ин ду байтро фармуд, аз акси анвору муомилаи х,азрати эшон тамоми халой к, дар гиря афтоданд (3, 82-83).

3. Маноциби таълифшуда ба ралами Фаридуни Сипах,солор дар шинохти устодону мусох,ибони Мавлоно Ч,алолуддини Румй низ нуктах,ои долиберо мах,фуз доштааст. Муаллифи маноциб дар бораи мусох,абати муршиди худ бо Мух,йиддини ибни Арабй ва донишмандону орифони бузург чунин навиштааст: «Дигар вагс/ге ки худовандгори мо дар мах,русаи Диминщ буд, чанд муддат бо малику-л-орифин, мувахдиди мудавдщ, комилу-л-мукаммал, сох,ибу-л-х,ол ва-л-кол Шайх Мух,йиддини Арабй ва саййиду-л-машоих ва-л-мух,авдщин Шайх Саъдуддини Х,амавй ва аз саййиду-л-машоих Шайх Усмони Румй ва мувахдиди мул а к, к, и к,,

орифи комил, фацири раббонй Шайх Авх,адуддини Кирмонй ва малику-л-машойих ва мух,аддисин Шайх Саъдуддини Кунавй сух,Г)Я1 фармудаанд ва х,якоик,с, ки гах,рири он г^лй дорад, ба х,амдигар баён карда» (3,21).

Аз ин I уфтах,о маълум мешавад, ки Мавлоно Ч,алолуддини Румй сух,Г)Я1 х,ои орифони маъруф Мух,йиддин ибни Арабй, Шайх Саъдуддини Х,амавй, Шайх Усмони Румй, Шайх Лвхддуддипи Кирмонй, Шайх Саъдуддини Кунавиро дарёфта будааст. Дар сафах,оти дигари ин маноциб боз номи дигар мусох,ибон ва х,амсафону шогирдони Мавлоно зикр ёфтааст.

4. Маноциби Фаридуни Сипах,солор аз думлаи маъхазх,ои муътабарест дар шинохти рох,у равиши орифон, ба хусус дараёнх,ои ирфонии Осиёи Сагар, одоби самоъ, муносибати муроду мурид. Бахшх,ои сегонаи ин маноциб дузъиёти арзишмандеро дар ин мавзуъ фаро гирифтаанд. Дар ин маврид махсусан бахши дувуми маноциб, ки дар оих,о фазоили ирфонии Мавлоно дар иртибот бо андоми воцени онх,о ба баён омадааст, арзиши бештар дорад.

5. Мактаби ирфонии Мавлоно дар байни пайравони у устуворй ва идомат ёфта, ба тарикдги алох,идае табдил гардид, ки бо унвони Мавлавия маъруф аст. Маноциби Фаридуни Сипах,солор дар муаррифии ин тарицат муътамадтарини сарчашмах,ост. Ин муаллиф дар бахши севуми маноциби хеш дар бораи ах,волу суханони Шайх ( алохуддини ЗаркубДусомуддини Чалапй, Султон Валад, Чалаини Ориф, Шамсуддннн Обид, Салох,уддин Амир Зох,ид ва дигар х,амнафасону пайравони Мавлоно бах,с кардааст, ки х,ар яке аз онх,о дар рнводу равняли ин тарица'1 хидматх,ои арзншманд сомон додаанд.

6. Маноциби ннгоштан Фаридуни Сипах,солор на танх,о барон андоми I ах,к,ику мутолнот дар бораи ах,волу суханони Мавлоно Ч,алолуддини Румй ва вижагих,ои тарик,ати Мавлавия дорон ах,амият аст, балки ин маноциб дар бобн пешгузаштагони хонадонн Мавлоно, махсусан падарн у Бах,оуддин Валад низ як силсила санадх,ои муътамадро дар сафах,оти худ х,ифз кардааст. Бнсёре аз муаллнфонн маноциб ва тазкнранавнсону таърнхннгорон иттилооти аввалро дар бораи хонадонн Мавлоно аз х,амин асар гирифтаанд. Аз думла малому чойгох,и баланди илмии Бах,оуддин Валад, ба мад шеи мавъиза ва дарен у х,озир

шудани бисере аз амирону шох,зодагон, арбоби давлат, х,а п о худи inox, Султон Мух,аммади Хоразмшох, ва устоди у Имом Фахри Розй, тавтиаву хусумат бараигехтаии х,асудон нисбат ба падари Мавлоно, сафари у ба Бащоду Диминщ ва аз он 40 ба Осиёи Сагар, аз чониби султони Рум Алоуддини Кайцубод бо икроми тамом испщбол шудани у ва бисёр воцеоти дигар бори аввал дар ин маноциб ба цалам омадаанд.

Фаридуни ( инах,солор дар хусуси нуфузу эътибори камна-зири падари Мавлоно Ч,алолуддини Румй, ки дар замони сафари у аз Балх то Рум ба мушох,ида мерасид, чунин навиштааст:

«Ба х,ар 1нах,ре расидандй, мулук ва акобири шахр ба истикбол омадандй ва ба иззату таъзим ба шах,р бурдандй. Муддате, ки он 40 икомаг мефармуд, хадамоти макбул мабзул медоштанд ва фавоиди дучах,онй х,осил мекарданд. Чун аз он 40 низ убур фарму-дандй аз асх,об азизеро ба илтимоси он ^амоат коиммакоми хеш мегузошт. Х,амчунон то доруссаломи Багдод рафт. Чун сити аза-мат ва каромоти эшон дар Багдод мунташир шуда буд, тамомати вузарову нуввоб ва куил у акобири шах,р иазира шуданд ва ба таъзими тамом ба шах,р оварданд. х,ар руз тамоми акобир тарфиннах,ор ба х,азраташ омадандй ва маониву х,акоик, истимоъ фармудандй, ки х,аргиз назири он нашунида буданд»(3,12-13).

Дар иртибот бо баёни ах,волу суханони Бах,оуддин Валад таъкид ёфтааст, ки падару бобоёни Мавлоно Ч,алолуддини Румй аз тоифаи олимону орифои будаанд. Бобои Мавлоно - Ах,мади Хатибй vi а к, о vi и шомихи илмй дошт. Фаридуни Сипах,солор таъкид кардааст, ки ин хонадон бо донишмандону орифони бузурге чун Ах,мади Раззолй, Абубакри Нассо^, Мух,аммади Зучоч, Абубакри Шиблй иайванду нисбате к,авй дошт.

7. «Маноциби х,азраги худовандгор» ах,амияги ^омеатиносй ва таърихии фаровон низ дорад. Дар ин vi ano к, и Г) бахше аз воцеоти таърихии ахди Мавлоно, одобу русум, гироишоти маънавию ахло^ии ^омеа ва масъалах,ои дигари марбут ба он рузгор ба риштаи тах,рир кашида шудаанд. Бисёре аз ин мавзуот дар иртибот бо сафарх,ои падари Мавлоно, худи Мавлоно Ч,алолуддини Румй, Шамси Табрезй, 1>урх,онуддин Мух.аццици Тирмизй ба май о к, и Г) рох, ёфтаанд.

Чунонки ишора шуд, Фаридуни Синах,солор ин маноцибро дар се бахш таълиф кард. Бахши аввал ду фасл, бахши дувум се

фасл доранд. Бахши севум дорой х,анп фасл мебошад. Мутаноси-бан бахши аввал дар зикри мацомоти падари Мавлоно -1>ах,оуддин Валад, бахши дувум дар зикри валодату муддати умр, устодону дустон, фазоили инсонию ирфонии худи Мавлоно Ч,алолуддини Румй ва таълимоти у бахшида шудаанд. Бахши севум идомаи мантиции ду бахши аввал буда, дар он макомоти асх,обу пайравони Мавлоно тазаккур ёфтааст. Зерфаслх,ои «Мавлоно ва шеър» ва «11их,ояти сулуки ирфонии Мавлоно» аз бахши дуюм данбах,ои адабию ирфонии осори Ч,алолуддини Румиро дар назди хонандагони маноциб ба хубй зох,ир месозад.

Фаслх,ои х,ант онаи бахши севум аз он '(их.я г арзишманд х,асганд, ки дар оих,о дойр ба Саййид Бурх,онуддин Мух,як,к,ик,и Тирмизй, Шамси Табрезй, Салохуддини Заркуб, Хусомуддипи Чалаий, Султон Валад, Орифи Чалаий, Шамсуддини Обид, Салох,удин Амир Зох,ид, Хусомуддин Султон Водид ва дигар мусох,ибони Мавлоно нуктах,ои долибе баён шуда бо гуфтах,ои Мавлоно дар «Маснавй», «Фих,и мо фих,и» ва осори дигари у тацвият ёфтаанд.

«Маноциби х,азрагн худовандгор» бори аввал соли 1319 хд^рии ^амарй (1900-1901 милодй) дар Коипури Х1иидустон ба табъ расидааст. Соли 1946 устод Сайд Нафисй нашри наверо аз ин маноциб дар асоси х,амон нусхаи батабърасида дар Конпур манзури алоцамандон гардонид. Аммо ин нанфх,о чаи fi а и илмию интикодй надоштанд. Солиёни зиёде ахди га х, к, и к, бар он интизор буданд, ки нусхаи му ы амад ва аз гудози тасх,ех,оти матншиносй беруномадаи ин сарчашмаи щадима гах,ия ва чоп шавад. Ин корро донишманди мавлавишинос Мух,аммадафшини Вафой ба сомон расонид. Ин кнтоби арзишманд соли 2007 аз тарной интишороти «Сухан» дар Тех,роп ба зевари табъ ороста гардид. Тасх,ех,и Вафой дар асоси нусхах,ои хаттии мах,фуз дар Китобхонаи Маръашй (Эрой), Тунконисарой (Туркия), 1<,упия (Туркия), Хиродчй Углу (Туркия), Принстон (Британия),Академияи илмх,ои Руминия ва чопи Конпур сурат гирнфтааст. Ба ин васила донишмандоии риштаи адабиёту ирфонро заминаи тах,^1щоти бунёдиву эътимодбахше бар мабнои цадимтарин сарчашма фарох,ам гардид.

Нашри Вафой дорой фех,ристворах,ои рах,намоест, ки кори тах,цицгарон ва кулли алоцамандонро осон мекунад. Ин нашр дорой таъликоте дар 67 сах,ифа ва фех,риствораи оёту ах,одис,

— 10 - НОМАИ донишгох }

амсолу х,икам, ашъори арабй, ашъори форсй, вожагону иборот, номи ашхос, исмх,ои ^уЕрофй ва амсоли инх,о мебошад.

Умедворем, ки х,ар чи зудтар тах,ц1щи ^омеи филологии маноцибоги маисуб ба ах,волу афкори Мавлоно сурат бигирад. Ба хусус гах,к,и ку I ах,лили к, и оси и он маноциб боне хох,ад гардид, ки х,арфх,ои тозае дар боби адабиёти ирфонии форсй ва зиндагию Чах,они фикрии Мавлоно гуфта шавад ва ин риштаи илмй аз таравдии бештаре бархурдор гардад.

ПАЙНАВИШТ

1. Бахроми Бех,изод, Рисолаи манх,ули Сипах,солор. -Тех,рон, 1376

2. Сирус Шамисо, Сабкшиносии наср. -Техрон, 1377

3. Маноциби х,азрати худовандгор. Таълифи Фаридун ибн Ах,мади Сипах,солор, - Тех,рон, интишороти «Сухан», 1385

Отражение внутреннего мира и жизнеописание Мавлона в манакиб

А. Насриддин

Ключевые слова: Джалолиддил Румй, манакиб, литературные источники, мистическая школа Мавлоно

В изучении жизни и творчества абсолютного большинства великих представителей восточного мистицизма, в том числе и Джалолиддина Румй, особое значение наравне с произведениями самих суфиев, тезкире, других первоисточников имеют книги манакиб. Автор статьи подвергает анализу и выявляет историко-литературную ценность произведения «Манокиби Хазрати худоеандагор», принадлежащего перу Фаридун а ибн Ахмада Сипахсолора, одного из ближайших учеников, друзей и мюридов Румй, который сорок лет был собеседником мыслителя. В частности, в статье убедительно доказывается, что манакиб Сипахсолора послужил источником для сочинения других манакиб, посвященных Румй, в том числе «Манакибу-л-орифин» Шамсаддина Афлоки.

Reflection of Inner World and Life Description of Mavlono in Manakib

A. Nasriddin

Key words: Djaloliddin Rumi, Manakib, literary sources, Mavlono s mystvc school

Alongside with the works of sufis, tezkire and other original sources Manakib books are of equal importance in the study of life and creation in reference to the absolute majority of the great representatives of Oriental mysticism, Djaloliddin Rumi inclusive. The author of the article analyzes and elucidates the historico-literary value of the production "Manakibi hazrati khudovandagor" belonging to the pen of Faridun ibn Akhmadi Sipahsolor, one of Rumi s nearest pupils, friends cmdmurids who in the course of forty years was an interlocutor of the thinker In particidar, the article demonstrates the convincing proof that Sipahsolor's manakib sen'ed as a source for composing other manakibs, dedicated to Rumi, Shcimsiddin Afloki's "Manakibu-l-orifin" inclusive.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.