Научная статья на тему 'ЖИЗНЬ И ТВОРЧЕСТВО АБУЛФАЗЛ МИКОЛИ'

ЖИЗНЬ И ТВОРЧЕСТВО АБУЛФАЗЛ МИКОЛИ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
20
3
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АБУЛФАЗЛ МИКОЛИ / ДЕВАШТИЧ / ИСТОРИЯ НИШАРУПА / АРАБОЯЗЫЧНАЯ ПЕРСИДСКАЯ ПОЭЗИЯ / ABULFAZL MIKOLI / DEVASHTIJ / HISTORY OF NISHAPUR / ARABIC LANGUAGE PERSIAN LITERATURE

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Холов Назармухаммад

Статья посвящается исследованию жизненной деятельности и творческому наследию одного из известнейших поэтов персидско-таджикской литературы X-XI века Абдулфазла Миколи. В статье жизненный путь Миколи прослеживается в тесной взаимосвязи с изучением династии Миколи, которая берет свои корни из рода Деваштич - согдийского правителя Самарканда.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

LIFE AND WORKS OF ABULFAZL MIKOLI

The article is devoted to the creative work and creative heritage of one of the most famous poets of the Persian -Tajik Literature of X-XI century Abulfazl Micoli. The article posses Micoli seen in close connection with the learning of the dynasty Nicola’s, which has its roots in the relation of Devashtich - Sogdian, ruler of Samarkand.

Текст научной работы на тему «ЖИЗНЬ И ТВОРЧЕСТВО АБУЛФАЗЛ МИКОЛИ»

The author of the article tries to define basic directions of the modern Tajik literature according to criteria of the modern Iranian literary critics and the view of the literators of that country towards the modern Tajik poetry, prose and literature criticism as well as.

Key words: Tajik literature, modern poetry, literary critiques, Aliasghari Sherdoust, literature critiques of Iran.

Сведения об авторе: Юсупова Мархабохон Юнусовна - ученый секретарь ученого совета Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафурова, Тел: (+992) 92 776-0979, e-mail: babo-27@mail.ru

Information about the author: Yusupova Marhabokhon Yunusovna, scientific secretary of Scientific Council of Khujand State University named after academician B. Gafurov, tel.: (+992) 92 776-0979, e-mail: babo-27@mail.ru

РУЗГОР ВА ОСОРИ АБУЛФАЗЛИ МИКОЛЙ

Холов Назармууаммад

Маркази илмии Хуцанди Академияи илмуои Цум^урии Тоцикистон

Дар адабиётшиносии муосир, бавижа хангоми таджики адабиёти арабизабони форсу муаррифй намудани чехрахои илмиву адабй бидуни шарху тавзехи вазъи сиёсй, низоми давлатй, дину мазхаб ва равишхои хукмронии салотину умарои хонадонхои подшохй имконнопазир аст.

Аз ин ру, вакте сухан дар бораи шахсиятхои ношинохтаи адабие, чун Абулфазл Убайдуллох ибни Ахмад ибни Алии Миколй (ваф. 28.04.1045) меравад, бе ташрехи аслу насаб, гузаштагону хостгохи таърихии у ва обруву нуфузи сиёсиву фархангии хонадони Миколиён муайян кардани рисолати адабиву хунарии вай номакшуф мемонад.

Хдрчанд аввалин маротиба шархи мухтасари рузгору осори Абулфазли Миколй дар маколаи чудогонае дар «Донишномаи Сомониён» бо ибтикори профессор Низомиддин Зохидов анчом ёфт, навиштаи донишманди ёдшуда ангезаи амиктару муфассалтар омухтани зиндагиномаи ин «давлатмард, олим, адиб ва шоири арабизабони авохири ахди Сомониён ва авоили Еазнавиён, намояндаи хонадони маъруфи Миколиён»-ро ба миён овард (3, 64-65).

Аз ин дидгох, пажухиши тамоми масоили марбут ба зиндагиномаву осори у дар ифтитохи чанбахои мухими адабиёти арабизабони форсй-точикй накши калидй хохад бозид.

Масъалаи нахустине, ки тавзех мехохад, шархи ба кадом исм иртибот доштани номи ин силсилаи подшохй, муайян кардани замони хукмронии Миколиён ва собикаи фаъолияти сиёсату раёсати онхост.

Бино ба таъкиди Деххудо унвони ин хонадон баргирифта аз номи «дехе аз дехистони Дайламони бахши Сиёхкули Дайламони шахристони Лохичони вокеъ дар хафтхазоргазии ховари Дайламон бо 392 тан аз сакина. Оби он аз чашмаи Сор ва рохи он Молрав аст. Зиёратгохе дорад, ки бинои он кадимй аст» мебошад (аз сайти www.loghatnaameh.com -«Лугатномаи Деххудо»).

Мувофики иттилои Акрами Бахромй номи аслии дурусти ин хонадон Миколиён аст, ки ба галат ба Микоилиён машхур шудааст, зеро ин хонадон номи худро аз номи чаддашон гирифтаанд, ки дар тамоми маохиз ва хатто дар ашъори шуарои маддох «Микол» омадааст. Чунон ки Абубакри Хоразмй адиби маъруф, ки аз маддохони Абунасри Миколй буда гуяд:

^^jjj Jl ljjl£ jüll JJJÍ j^j

Тарчума: (Домони фахрро дароз мекунем зеро, ки мо гуиё бо иззатамон ба Оли Микол мепайвандем).

Саромади ин дудмон Микол ибни Абдулвохид ном доштааст, вале дар хусуси зиндагии у иттилое дар даст нест. Дар бораи ду фарзанди у Шох ибни Микол ва Мухаммад ибни Микол дар манобеъ ишорахо рафтааст.

Абyнасpи Миколиpо шоиpони зиёде мадх каpдаанд. Яке аз онхо Абyлyбода Валид ибни Убайд ал-Бyx,тypй- шоиpи маъpyфи тойй (204-284 х.), ки аслан аpабнажод бyда, даp мухити эpонй таpбият ёфтавy бо эpониён мyошиpат дошт ва тахти таъсиpи тамаддyни эpонй каpоp гигифта буд, мебошад. Мамдухи дигаpи y олиму адиби маъpyфи асpхои 9-10 Абyбакp ибни Дypайд ал-Аздй ал-Басpй, маъpyф ба Ибни Дypайд ба шyмоp меомад. Хдмзамон Абyбакp Мухаммад ибни Аббоси Xоpазмй - адибу сyханваp, нависандаву лyFатнигоp, донандаи бехтаpин илми нахв, ки аз таpафи падаp хоpазмй ва чониби модаp табаpистонй буд, даp мадхи ин пешвои Миколиён ашъоpи мадхй сypyдааст.

Саpчашмахои адабй ба pаёсат pасидани Миколиёнpо ба чанд вокеаи таъpихй нисбат медиханд. Аввалан, онхо даp замони хилофати Тох^^н ба yмypи давлатдоpй ва pаёсати шахpи Нишопyp машFyл гаpдиданд. Бино ба навиштаи академик Б.Fафypов хонадони Тохиpиён, бахусус «писаpи дигаpи Тохиp - Абдуллох (830-844) даp хеч сypат хyдpо мутеи хилофат надониста, Xypосонpо бо ихтиёpи худ идоpа мекаpд. Даp замони y каpоpгохи Тохиpиён шахpи Нишопyp гаpдид» (2, I; 44).

Сониян, Тохиpиён даp баpобаpи кабули ислом ба аpзишхои диниву адабии каблазисломй низ эхтиpоми хосса доштанд. Ин масъалаpо муаллифи китоби бyзypги «Точикон» даp заминаи ахбоpи шаpк;шиносони pyсивy авpyпой чунин тавзех медихад «Даp асpи IX ва ибтидои асpи X даp Эpон чамоатхои заpдyштй нашъат пайдо каpда, махз даp хамин вакт чунин асаpхои заpдyштй, аз кабили «Бундахишн» ва «Денкаpт», инчунин як катоp таълифоти Fайpидинй ба вучуд меоянд. Тохиpиён хамаи инpо ба эътибоp нагиpифта наметавонистанд, хусусан, ки аз чихати сиёсат душмани асосиашон хилофати Аббосй буд ва худи онхо ба хамон вилоятхое такя мекаpданд, ки аксаpи ахолиашон эpонизабон буданд. Махз аз хамин сабаб Тохиpиён ба шоиpон, алалхусус, мyътакидони шуубия ичозат медоданд, ки онхоpо бо подшохону кахpамонони Эpони пеш аз Ислом киёс каpда, ситоиш намоянд. Даp даpбоpи Тохиpиён даp катоpи забони аpабй забони фоpсй хам мустаъмал буд. Даp Маpв китобхонае вучуд дошт, ки асаpхои ба забони пахлавй навишташуда нигох дошта мешуд» (2, I; 446-447).

Ин санад далолат аз он доpад, ки шояд Тохиpиён аслу насаби Миколиёнpо медонистанд ва даp замина хохиши истифода аз нуфузи сиёсиву маънавии онхо пеш омад.

Матлаби дигаpе, ки ба хаводиси таъpихй иpтибот доpад, далолат аз обpyи намояндагони Миколй даp замони Сомониён мекунад.

Тибки навиштаи ин мухаккик Мухаммад ибни Микол чадди Миколиёни Xypосон аст ва писаpаш Абдуллох ба соли 167 хичpй вакили Амpy-л-Лайс Саффоpй даp Систон буд. Баъд аз он хамpохи намояндаи Мyктадиp- халифаи Аббосй Сyбкаpй, ки аслан коpгyзоpони Умаp ва омили вай даp Систон буда, соли 298 хичpй омили Фоpсy Киpмон ва Систон таъин гаpдид, ба Фоpс омад.

Абдуллох то соли 308 хичpй аз чониби халифа омили Ахвоз ва Фоpс буд.

Ибни Дypайд ашъаp-yл-yламо ва аълам-yш-шyаpои дастгохи вай буд ва бо ин дастгох хидмат мекаpд. У ба дастypи Абдуллох девони Фоpсpо идоpа менамуд ва аз чониби y маъмypи таpбияти писаpаш Абулаббоси Исмоил шуд. Ибни Дypайд ин пешниходи маъмypиятpо пазиpyфт ва ба фаpхехтани y паpдохт. Ибни Дypайд маъpyфтаpин касидаи худ "Максypа"-pо , ки низ аз манзумоти маъpyфи забони аpабй аст, баpои Абдуллох ибни Мухаммад ва писаpаш Абулаббос ба назм кашида, даp он эшонpо сутадааст. Хдмчунин маъpyфтаpин китоби худ "Ал-чyмхypатy фил-лyFат"-pо низ ба номи писаpи Абдуллох-Абулаббос Исмоил таълиф каpдааст.

Абулаббос Исмоил pаиси муассиси силсилаи Миколии Xypосон аст. У аз маpдони номии замон, маpди мyхтаpамy донишманд ва мухаддис буд. Пас аз маpги падаpаш халифа хост, ки ypо даp хамон коpхое, ки падаpаш дошт, чойнишин кунад, вай напазиpyфт ва гуфт: "Маpо даp Xypосон маоше хаст, ба он боз мегаpдам. Пас ба Нишопyp ватани аслии худ боз омад. Даp Хдоот ба хидмати амиpи Сомониён pасид ва мавpиди таваччУх каpоp гиpифт ва даp даpбоpи Сомониён даp давpони хукумати Абдулмалик ибни Нух ва замоне вазоpати Абyчаъфаp Ахмад ибни Дусайни Утбй ба исpоpи хамин вазиp идоpаи девони pасоилpо баp yхда гиpифт ва муддати 15- сол ин

макомpо дошт. Абулаббос соли 362 хичpй даp синни 96 солагй даp Нишопyp доpи фониpо видоъ гуфт ва даp хамон шахp мадфун гашт.

Писаpи бyзypги Абулаббос Раис Абyмyхаммади Абдуллох ном дошт. Лакаби "Раис" ба он чихат ба аксаpи афpоди ин хонадон итлок мешудааст, ки pаёсатy муованати хукумати шахpи Нишопyppо баp yхда доштанд.

Абyмyхаммад низ монанди падаpаш даp нависандагй ва сyханваpй пойгохе бас баланд дошт. Фик^о аз Kpзиyлхаpамайн Абулхусайн ва дигаpон фаpо гиpифт. У мухаддис буд ва даp шахpхои Нишопyp, Рай, ДомFOн, Дамадону БаFдод, Кyфа ва Макка хадис мегуфт. Маpди некyкоp ва хайpандеш буд. Навиштаанд, ки даpи хонааш хамеша ба pyйи мypочиаткyнандагон боз буд ва y пинхонй мустамандони шахppо pyзй медод.

Саъолабй даp мавpиди вай гуфта, ки се хазоp байт шеъp аз пешиниён ва мухаддисон аз баp доштааст. Даp тазкиpаи Саолабй намунахое аз шеъpy насpи ин маpди адибpо метавон дид.

Бояд ёдоваp шуд, ки Саъолабй танхо касе нест, ки дониш ва биниши ypо сутуда бошад, адабу табаххypи y хатто то панчох сол баъд аз маpгаш то замони Байхакй баp саpи забонхо будааст.

Раис Абyмyхаммад ба соли 364 хичpй аз кабули девони pасоил хyддоpй каpд, аммо пешниходи вазоpатpо билохиpа даp соли 366 хичpй пазиpyфт ва муддати бештаp аз 20 сол даp ин вазифа rap каpд.

Абyмyхаммад соли 379 хичpй даp мавсими хач даp Маккаи муаззама даpгyзашт ва даp хамон чо мадфун шуд. Аз y танхо писаpе бо номи Абyчаъфаp ибни Абдуллох Микол маъpyф аст, ки даp pивоёт ба номхои Абyчаъфаp Мухаммад, Абyчаъфаpи Миколй, Раис Абyчаъфаp ва Амиp Ч,аъфаp ёд мешавад. У низ монанди падаpy бобои худ аз шyхpатёфтагони замони худ буда, даp даpбоpи Fазнавиён даp макоманависй, шеъpy лyFат ва фикх пойгохе азим доштааст.

Аз ин санад баpмеояд, ки намояндагони Оли Микол пас аз зyхypи Fазнавиён ба шахpи Fазнин даъват шуда, даp макомоти идоpии ин хонадон низ даст ёфтаанд. Ин матлабpо шахсияти вокеии баpчастатаpин фаpди сиёсии ин дудмон Дасанаки вазиp собит месозад, ки даp охиpи подшохии Махмуди Fазнавй ба вазоpат ноил омад. Номи аслии y Дасан ибни Мухаммади Микол, мулаккаб ба Сайиду-л-куффох ва маъpyф ба Амиp Дасанаки Миколи Нишопypй аст. Дасанак даp айёми чавонй хамеша даp мулозимати Махмуд ба саp мебypд ва даp сафаpy хазаp бо y буд.

Тибки навиштаи Мухаммад Тохиpи Кудсй "хангоме, ки Махмуд ба салтанат pасид pаёсати шахpи Нишопyppо баp y дод. Дасанак баp асаpи ибpози лаёкату коpдонй мавpиди таваччУх ва мухаббати султон Махмуд вокеъ шуд ва даp натича коpдони Fазна тафвиз гаpдид ва баъд султон Махмуд пас аз азли Ахмад ибни Дасан Маймандй ypо ба вазоpати худ баp гузид" (www.noormags.com).

Бино ба иттилои сайти www.cgie.org.ir хамчунин як тан аз ин хонадон ба вазоpати Салчукиён pасид. Аммо пас аз истикpоpи Салчукиён даp Эpон ва бо коста шудани ахамияти Xypосон, аз иътилои ин дудмон низ ба сypъат коста шуд ва аз он пас шахсияти номоваpе даp миёни ин хонадон зyхyp накаpд, афpоди ин хонадон даp баpобаpи тахаввулоти сиёсй ва шаpоити асp, аз худ ба хуби инъитоф нишон медоданд ва ба ин таpтиб имтиёзоти хyдpо хифз мекаpданд.

Нуктаи чолиб даp тахлили ин мавзyъ пайванди гузаштагони Миколиён бо хокими СyFд-Деваштич аст. Пpофессоp Низомидди Зохидов бо такя ба асноди осоpи Самъониву Кутубй ва дигаp маохиз менависанд, ки ба ин маънй ишоpа намуда, асли Оли Миколpо ба Деваштич ва OFOЗи онpо ба подшохи Сомонй-Бахpоми ryp мепайвандад (3, 64).

Масъалаи интисоби иpкивy хунии Миколиён ба Деваштич шаpхи чанд нуктаи бахампечидаpо пеш меоpад.

Нуктаи асосй даp ташpехи ин муаммо хувияти шахсии Деваштич баpои илми таъpихшиносии чахонй аст, ки ба василаи осоpи хаттии сyFдивy аpабии даp Калъаи МyFи водии Заpафшон мушаххас мегаpдад. Юсуфшох Яъкубов даp pисолаи "Паpгаp даp асpхои VII-VIII-уми давpони мо" баp мабнои ахбоpи манобеи фоpсивy аpабии асpимиёнагй аз зикpи Деваштич ва ходисахои маpбyт ба фаъолияти сиёсии y ёд мекунад (7, 24-30).

Вале академик И.Ю. Крачковский дар маколаи "Нома аз Сугдиён", ки соли 1932, пас аз ду соли дарёфти осори бостонии Кдлъаи Муг навиштааст, лахзаи кироати номи Деваштичро аз огози номаи у ба намояндаи арабхо Амир ал-Ч,аррох хеле муассир каламдод менамояд, ки мухтасараш ин аст: У менависад, ки "вакте А.А.Фрейман дастхати арабии Кухи Мугро аз лифофа ба руи миз гузошт, ман даступо гум кардам ва пайванди харфхоро муайян намешинохтам. Лахзае, ки калимаи Дивастиро баъди тааммули зиёд хондам, садо дардодам ва бо зинапояи канорй бошитоб ба ошёнаи хаштум, чое ки Институти шаркшиносй ва хучраи арабшиносй карор дорад, баромадам. Он чо дар раф китоби дувоздахчилдаи таърихшиноси барчастаи мо ат-Табарй чой дорад. Нихоят пас аз хаячону таассуроти гайримунтазира тез-тез китобро варакгардон намуда, ба хамон чумлаву сархате, ки калимаи Дивашни навишта шудааст, расидам. Калимаи Дивасти аз Дивашни танхо дар нуктахо тафовут дорад. Хдрду ин калима як матлабро ифода мекунад. Вакте сахифаеро, ки дар он чо зикри ин ном рафта буд, хондам, дидам, ки сухан аз боби вокеоти Осиёи Марказй дар карни нахустини хичрй мерафт. Баъди итминони комил хосил намудан рухам болида гардид ва ман бошитоб ба поён, ба хучраи кории А.А.Фрейман фаромадам. Агар ман бист сол чавонтар мебудам, аз тарики зина неву аз руи дастгири он паридаву лагзида зуд поён меомадам. Бо ин хама, худро ба хучраи корй гирифта, ба руи курсй афтода, ба Фрейман, ки то хол сабаби ба боло давиданамро намедонист, гуфтам "Дивасти пайдо шуд". Гуё бо ин дарёфт шодиву тантана хамаро фарогир шуд ва сарриштаи дарки мухтавои осори хаттии дарёфтшуда ба даст омад" (4, 67-68).

Сарчашмахои дигари муосир, чун китоби арзишманди олими бузург А.А.Фрейман "Тавсиф, интишор ва тадкики хуччатхои Кухи Муг" аз хакикати таърихии ном ва кору пайкори Деваштич мукарран ёд мекунанд.

Манзури мо аз ёдкарди ин мавзуъ ин буд, ки Оли Микол аз кадом рох бо Деваштич иртибот доранд ва шояд саранчоми рузгори ин хокими баландовоза дар таърих мучиби эхёи дубора як хонадони дигари сиёсй пас аз садсоли дигар дар Нишопур гардидааст.

Бахсхои вобаста ба фаъолияти сиёсии Деваштич, хукумати у дар мулки Панч (Панчакат), дурустии тули салтанати у дар Сугд (Самарканд), нигахдориву нигахбонии ду писари Тархун, мукотиботи у бо намояндагони халифа дар Мовароуннахр доманаи васеъ дорад.

Чун бахси хар як аз ин мавзуъ дархури ба муаммои мехварии ин макола нест, танхо зикри як андеша зарур аст. Чдмъе аз таърихнигорону мухаккикон дар бораи Деваштич ва Тархун хамчун ду шахси чудогона ва хокиме, ки паси хам дар Сугд хукумат доштанд, ёд мекунанд. Аммо А.А.Фрейман бар ин назар аст, ки Тархун на номи каси дигар, балки лакаби Деваштич аст. Тархун дар сахнаи таърих на дертар аз соли 704 пайдо шуда, солхои 704-710 хукмронй кард. Баъд у вазифаи подшохии Сугдро ба Fурак супурд. Ба андешаи ин мухаккик калимаи "тархун" унвони хоким аст, на номи у. У мегуяд, ки мардуми чину араб ин истилохро хамчун унвони туркии хокимони ин минтака корбаст менамуданд (6, 42-44).

Нуктаи дигар дар итоату парвариши Деваштич карор доштани ду писари Тархун аст. Азбаски А.А.Фрейман шахсияти Тархунро зери тардид карор медихад, у мегуяд, ки онхо на фарзандони хокиме мавсум ба Тархун, балки фарзандони худи Деваштич хастанд.

Соли 104 х.к./722 м. миёни Саид ибни Умар ва Хдрашй фармонравои Хуросон, ки дар хаволии Фаргона ба газо машгул буд ва Девастй, ки дар ин хангом хокими махалли Самарканд буд, набарде даргирифт. Девостй, ки дар маком заъф буд, худро таслим кард ва Саъид ибни Умар ба рагми кавле, ки дода буд, уро кушт ва сарашро ба Ирок ва дасти чапашро ба Тухористон назди Сулаймон ибни Абиисро фиристод. Умар ибни Х,ибара волии Ирок аз катли Девостй хашмгин шуд ва Саид ибни Умарро аз хукумати Хуросон барканор кард. Аз он пас аз бозмондагони Девостй дар Сугд хабаре дар даст нест. Зохиран онон аз сарзамини моддии худ куч карданд (www.cgie.org.ir).

Агар ба иттилои сарчашмахои фавкуззикр бовар кунем, пас маълум мешавад, ки писарони Деваштич баъди марги падари хеш аз Мовароуннахр берун шуда, нихоят навводагони баъди сад сол боз ба садорат расиданд.

Ин маълумот шаходат аз он медихад, ки асли Миколиён аз СyFд буда, махалли ифтихоpи сокинони ин маpзy бум аст.

Самъонй табоpномаи Миколиёнpо чунин мyкаppаp каpдааст, ки асли онхо ба Бахpоми Typ меpасад: Микол ибни Абдулвохид ибни Ч,абpаил ибни Косим ибни Ба^ ибни Деваштй ибни Шyp ^yp) ибни Шyp ибни Фиpyз ибни Яздичypд ибни Бахpоми 4yp (Typ) (http://www.noormags.com/view/fa/articlepage/12617/1176/text).

Аз чехpахои баpчастаи ин хонадони начиб Абулфазли Миколй мебошад. Номи пyppаи y Абулфазл Убайдуллох ибни Ахмади Миколист. Санаи таваллуди y дакикан даp саpчашмахо зи^ нагаpдидааст. Аз гуфтаи пpофессоp Н.Зохидов метавон даpёфт, ки Бохаpзй хангоми мулокот бо Абулфазли Миколй yмpи вайpо беш аз 80 сол муайян каpдааст. Аз ин далел, олими мазкyp тахмин мезанад, ки Абулфазли Миколй даp солхои 50-уми асpи X ба дунё омадааст.

Таъpихнигоp С.Абдуллоев даp боpаи ин шахсияти маъpyф менависад: "Аз шохидии осоpи таъpихивy адабй мусаллам мегаpдад, ки Абулфазли Миколй даp Нишопyp даp оилаи yмаpои Миколй тавлид гашта даp мухити даpбоp таpбия ёфт ва аз забону адабиёту таъpих ба хубй огохй пайдо намуд. Ч,ои таъкид аст, ки аз оилаи Миколиён олимону адибоне, чун Абулаббос Исмоил ибни Абдуллох ва Абyмyхаммад Абдуллох ба камол pасиданд. Падаpy бобои Абулфазл- Абyнасp Ахмад ибни Алй ва Убайдуллох Абулкосим Алй аз Умаpои Нишопyp буданд. Даp даpбоpи эшон баpхе аз шоиpонy олимони замон амсоли Абyбакpи Xоpазмй, Абулфазли Дамадонй ^py фаолият доштаанд. Абулфазли Миколй пас аз pасидан ба тахти салтанат беш аз ниёгони худ уламову шyаpоpо тахти хифозату инояи хеш каpоp дод. Вафоти Абулфазли Миколиpо 28-апpели соли 1045 донистаанд" (1, 451).

Мувофики иттилои саpчашмахо Абулфазли Миколй даp Нишопypy Бyхоpо ва Макка аз донишмандони бyзypги илми хадис даpс омyхта, ба унвони мухаддиси сохибмактаб ва сохибмачлис маъpyф шинохта шуд.

Номбypда даp баpобаpи фикху хадис даp забону адаби аpабй огохии комил дошт.

С.Абдуллоев мегуяд, ки «осоpи манзуми ал-Миколй Fазалy васф, ихвониёту хачву маpсияpо шомил аст. Шоиp хусусан даp эчоди васф махоpати тамом дошт. Як мазияти боpизи васфиёти шоиp он аст, ки y ашёи мyайянpо ба тасвиp оваpда, хусусиятхои онpо бо pамзy киноя баён мекунад. Ин аст, ки гохо васфиёташ ба чистон шабохат доpад.

Даp ихвониёти хеш ал-Миколй дустон, олимон, шоиpон ва соиpи ашхоси намоёни pyзгоpашpо ситоиш намуда, баpобаpи ин даp бо баpхе аз шеъpхояш бо сузу гудоз аз pyзгоpи пypнеъмати афpоди фypyмоявy сифла ва баpъакс, кашшокиву бадбахтии ашхоси хиpадмандy сазовоp андешаpонй мекунад. Чун соиpи шyаpо y даp ашъоpаш ба дустон, наздикону чавонон маслихату дастyp медихад ва эшонpо ба чавонмаpдивy pосткоpй даъват менамояд» (1, 452).

Адабиётшинос Н.Зохидов менависад, ки «Ашъоpи бозмондаи Абулфазли Миколй, ки мачмуаи он соли 1908 даp Лейпсиг ба нашp pасида буд, даp аFлаби анвои шеъp дасти тавоно доштани ypо тасдик мекунанд. Ин ашъоp даp мавзуоти мухталиф, аз кабили ишк, тавсифи ашёи гуногуни табиат, ихвониёт, маpсия, шиква аз замон, панду хикмат ва зухд иншо шудаанд. Абулфазли Миколй, хусусан, даp эчоди васф махоpати тамом дошт. Вижагии боpизи васфиёти шоиp он аст, ки y ашёи муайян, аз кабили гулхои pайхон, лола, наpгис, бунафша, дамидани субх, баpфи pyи баpги даpахтон, шаpоб, асп ва Fайpаpо тавсиф намуда, хусусиятхои онхоpо бо pамзy киноя баён мекунад. Ин аст, ки гохо васфхои шоиp ба лyFЗ монанд мешаванд. Чднбаи хyнаpии ашъоpи Абулфазли Миколиpо истифодаи мохиpонаи санъатхои бадей, хоссатан ташбеху истиоpа таквият бахшидааст» (3, 64).

Даp маколаи хамноми Абулфазли Миколй даp «Донишномаи Сомониён» осоpи мансyp ин адиб ба таpики зеpин тавсиф шудааст, ки мазмунан аз он сафха чунин иктибос мекунем:

1. «Махзyнy-л-балоFа». Саолибй аз ин китоб ба унвони «Китобу-л-махзун» ёдоваp шуда, поpахое аз онpо даp «Ятиматy-д-дахp» накл каpдааст. Байхакй ва Кутубй ин китобpо «Махзyнy-л-балоFа» номидаанд. Дочй Халифа ва Миpхонд онpо «Махзану-л-

балога» хондаанд. «Махзуну-л-балога» номахо ва рукаоти Абулфазли Миколиро ба муосиронаш ва посуххои онхоро шомил буда, намунаи боризи насри мусаччаи охири асри Х -аввали асри XI махсуб мешавад.

2. «Фазоилу-л-мулук». Ин китоби Абулфазли Миколй, ки осори таърихй буданаш аз унвонаш пайдост, дар таълифоти Мирхонд ва Х,очй Халифа ба кайд омадааст.

3. «Шарху хамосат Абитаммом». Аз таълифоти Абулфазли Миколй будани ин асарро Х,очй Халифа ба кайд овардааст. Асаре аз ин китоб бокй намондааст.

4. «Шарх дивон ал-Мутанаббй». Ин китобро низ Х,очй Халифа дар миёни таълифоти Абулфазли Миколй зикр кардааст. Ин ва китоби каблй далел бар дасти кавии Абулфазли Миколй дар шархи ашъори сухансароёни бузурги араб аст.

5. «Милаху-л-хавотир ва масбаху-л-чаво-хир». Хочй Халифа номи китобро дар шакли мазкур ва Кутубй дар сигаи «Милаху-л-хавотир ва минаху-л-чавохир» зикр кардаанд.

6. «Китобу-л-мунтахил». Ба Абулфазли Миколй мансуб будани ин китобро Байхакй ва муаллифони баъдй тазаккур додаанд. Ин китоб мунтахабе аз назму насри араб аз давраи чохилия то асри Х буда, 15 бобро шомил аст. Ду нусхаи хаттй аз ин китоб дар ганчинаи китобхои Туркия ва Англия махфуз аст (3, 64-65).

Илова ба осори ёдшуда дар манобеъ китобхои «ал-Махзун вал дур-ул-манзум вал лафз-ил-маъдум», «ал-Мунтахаб-ал-Миколй», «Иншо-ал-Амир Абулфазл Убайдуллох ибни Ахмад-ал Миколй», «Девони ашъор», «Рисола васф китобот» мансуб ба калами Абулфазли Миколй медонанд.

Мачмуи ашъори Абулфазли Миколй, ки мо аз тарики Интернет дарёфт аз сайтхои

(http://www.sh3r.info/pid-521-1.html),

(http://www.al-hakawati.net/arabic/civilizations/diwanindex4a27.pdf)

намудем, 612 байтро дар бар мегирад. Мутаассифона, девони ашъори у то замони мо омада нарасидааст.

Сайид Алй Оли Довуд менависад, ки тазкиранависони муосири худи у ва муаллифони баъдй ашъори Абулфазли Миколиро гирд оварда, дар осори худ дарч сохтаанд. Саолибй дар «Ятиматуддахр» (чилди 4, сах.355-381) гузидаи нисбатан муфассале аз осори уро накл карда, дар китобхои дигари худ, чун «ал-Иъчоз», «ал-Ичоз» (с.270) ва «Сехрулбалога» (с.196-197) китаъоте аз вай овардааст. Саолибй дар баробари хифзи осори у хамчунин дар мадхи вай ашъоре сурудааст. Х,усрй низ намунахои бисёре осори манзуму мансури Абулфазлро бо чанд китъае, ки дигарон дар васфи у гуфтаанд, накл кардааст (5, 172).

Аз ахбори манбаи ёдшуда бармеояд, ки Абулфазли Миколй бо шоирону нависандагони асри худ мукотиба ва мушоира дошт.

Имруз дар китобхонахои Кембрич, Санъо, Техрон ва Туркия низ чанд дастнависи асархои Абулфазли Миколй нигахдорй мешаванд, ки «то хол мавриди тахкик ва нашр карор нагирифтаанд.

Дар мачмуъ, осори манзуму мансури Абулфазли Миколй дар баробари исботи сохибмакомии у дар адабиёту суханварй, инчунин шукухи маънавияшро хамчун намояндаи барчастаи хонадони Миколиён маъруф месозад.

Пайнавишт:

1. Абдуллоев С. Фарханги Сомониён.-Москва: 4-й филиал Воениздат, 2001.- 600 с.

2. Fафуров Б. Точикон: Таърихи кадимтарин, кадим ва асри миёна. Иборат аз 2 китоб. Китобхои 1 ва 2.-Душанбе: Ирфон, 1998.-704с.; 416 с.

3. Зохидов Н. Абулфазли Миколй, Абулфазл Убайдуллох ибни Ахмад ибни Алии Миколй. /Донишномаи Сомониён. Ч..1. -Хучанд: Нури маърифат, 2008.-545 с.

4. Крачковский И.Ю. Над арабскими рукописями. Листки воспоминаний о книгах и людях.-Москва: Правда, 1948.-80 с.

5. Сайид Алй Оли Довуд, Оли Микол / Доирату-л-маорифи бузурги исломй, ч.2, Техрон: Муассисаи Донишномаи Бузурги Исломй, 1374, с.168-174;

6. Фрейман А.А. Описание, публикации и исследование документов с горы Муг. Согдийские документы с горы Муг. Выпуск 1. -Москва: Издательство Восточной литературы, 1962.-92 с.

7. Якубов Ю. Паргар в VII- VIII веках нашей эры. Душанбе: Дониш, 1979, 218 стр.

ЖИЗНЬ И ТВОРЧЕСТВО АБУЛФАЗЛ МИКОЛИ

Холов Назармухаммад

Статья посвящается исследованию жизненной деятельности и творческому наследию одного из известнейших поэтов персидско-таджикской литературы X-XI века Абдулфазла Миколи. В статье жизненный путь Миколи прослеживается в тесной взаимосвязи с изучением династии Миколи, которая берет свои корни из рода Деваштич - согдийского правителя Самарканда.

Автор впервые в таджикском литературоведении вовлекает в орбиту исследования роль и значение творческого наследия Абулфазла Миколи в эволюции арабоязычной литературы и его приверженность доисламским иранским традициям.

Ключевые слова: Абулфазл Миколи, Деваштич, история Нишарупа, арабоязычная персидская поэзия

LIFE AND WORKS OF ABULFAZL MIKOLI

Kholov Nazarmuhammad

The article is devoted to the creative work and creative heritage of one of the most famous poets of the Persian -Tajik Literature of X-XI century Abulfazl Micoli. The article posses Micoli seen in close connection with the learning of the dynasty Nicola's, which has its roots in the relation of Devashtich - Sogdian, ruler of Samarkand.

The author involves the orbit of the role and importance of the creative heritage of Abulfazla Micoli in the evolution of the Arabic-language literature, and his commitment to the Iranian pre-Islamic traditions in Tajik literary firstly.

Key words: Abulfazl Mikoli, Devashtij, history of Nishapur, Arabic language Persian literature.

Сведения об авторе: Холов Назармухаммад - аспирант Худжандского научного центра Академии наук Республики Таджикистан, Тел: (+992) 92 -755-75-81

Information about the author: Kholov Nazarmuhammad, postgraduate student, Khujand scientific center of Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan, tel.: (+992) 92 -755-75-81

ИСТИЛОДОТИ ДАБИРИ ДАР «МАФОТЕД-УЛ-УЛУМ»-И АБУАБДУЛЛОХ, МУДАММАДИ ХОРАЗМИ

Зоиров

Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Бобоцон Гафуров

Яке аз кухднтарин сарчашмах,ое, ки дар бораи девонх,о ва истилох,оти махсуси дабирони девони авди сомонй маълумот медихдд, «Мафотех,-ул-улум»-и Абуабдуллох, Мухдммад ибни Юсуфи Хоразмй мебошад. Хоразмй аз дабирони маъруфи кдрни Х буда, муддате ба хдйси дабири фармонравоёни сомонй адои вазифа намудааст. Агарчи замони таълифи «Мафотех,-ул-улум» байни солх,ои 977-982 милодй мебошад, ба эх,тимоли наздик ба як;ин, аксари истилох,оти девонй, ки муаллиф ба шарх,у тавзехд онх,о пардохтааст, хднуз то ислом низ байни дабирони девон дар кор будаанд. Шох,иди ин фикр чанд истилох,е мебошанд, ки дар асл порсй буда, минбаъд дар замони исломй муарраб шудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.