Научная статья на тему 'ЧОЙГОҲИ НАМОЯНДАГОНИ ОЛИ МИКОЛ ДАР РУШДИ ШЕЪРУ АДАБ ВА АРЧГУЗОРИИ СУХАНВАРОНИ АҲДИ ҒАЗНАВӢ'

ЧОЙГОҲИ НАМОЯНДАГОНИ ОЛИ МИКОЛ ДАР РУШДИ ШЕЪРУ АДАБ ВА АРЧГУЗОРИИ СУХАНВАРОНИ АҲДИ ҒАЗНАВӢ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
48
7
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ОЛИ МИКОЛ / АБУЛФАЗЛИ МИКОЛӣ / НИШОПУР / ХУРОСОН / ШЕЪР / АДАБИЁТ / МУҳИТИ АДАБӣ / ПУШТИБОНӣ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Холов Назармуҳаммад Ёрмуҳаммадович

Дар мақола роҷеъ ба саҳми намояндагони Оли Микол дар пуштибониву гамхории аҳли адаби шаҳри Нишопур ва минтақаи Хуросон сухан рафтааст. Қайд мешавад, ки намояндагони Оли Микол дар давоми асрҳои 1Х-Х1 дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангии аҳди Аббосиён, Тоҳириён, Сомониён, Ғазнавиён ва Салчуқиён ҷойгоҳи чашмрасе доштанд. Баёни фаъолияти сиёсиву дипломатии Абӯнаср Аҳмад ибни Алӣ ал-Миколӣ ва Амир Ҳасанаки Миколи Нишопурӣ, ки дар замони Ғазнавиён ба вазорату раёсат расида буданд, ҷузъи асосии мақоларо ташкил медиҳад. Инчунин, дар он чигунагии муносибати намояндагони Оли Микол, хусусан Абулфазли Миколӣ бо суханвароне чун Саолибиву Бадеуззамон Ҳамадонӣ, ки бевосита дар китобхонаи Абулфазли Миколӣ ҳамсӯҳбату ҳамнишин ва меҳмони Миколиён будаанд, матраҳ шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE PLACE OF THE REPRESENTATIVES OF MIKOLI DYNASTY IN THE DEVELOPMENT OF POETRY AND LITERA TURE OF THE GAZNEVID PERIOD

The article dwells on the contribution of representatives of Mikoli dynasty to the development ofpoetry and literature of the literary circle of Nishapur and Khurasan of the Ghaznavid period. It is noted that representatives of Mikoli dynasty referring to the IX-th - the XI-th centuries occupied a significant place in various political, literary and cultural spheres of Abbasid, Tokhirid, Samanid, Gaznevid and Saljukid dynasties. It is emphasized that the representatives of this dynasty, Abu Nasr Ahmad ibn Ali al-Mikoli and Amir Hasanaki of Mikoli Nishapuri had good political and diplomatic activity and reached ministries and departments during Ghaznavid period. The article also discusses the attitude of representatives of Mikoli dynasty, especially Abulfazl Mikoli, towards such masters of words as Saolibi and Badeuuzamon Hamadoni, who were direct interlocutors, companions and guests of Mikolis in the library of Abulfazl Mikoli.

Текст научной работы на тему «ЧОЙГОҲИ НАМОЯНДАГОНИ ОЛИ МИКОЛ ДАР РУШДИ ШЕЪРУ АДАБ ВА АРЧГУЗОРИИ СУХАНВАРОНИ АҲДИ ҒАЗНАВӢ»

ТКБ 83,3 ( 0) 9 ТДУ82.09 (532)

ЦОЙГО^И Холов Назарму^аммад Ёрму^аммадович,

НАМОЯНДАГОНИ ОЛИ унвонцуи Марказии илмии Хуцандии Академияи

МИКОЛДАР РУШДИ ШЕЪРУ миллии илмуои Тоцикистон (Тоцикистон,

АДАБ ВА АРЦГУЗОРИИ Душанбе) СУХАНВАРОНИ АХДИ FАЗНАВИ

МЕСТО ПРЕДСТАВИТЕЛЕЙ Холов Назармухаммад Ёрмухаммадович,

ДИНАСТИИМИКОЛИВ РАЗВИТИИ соискатель Худжандского научного центра

ПОЭЗИИ И ЛИТЕРАТУРЫ Национальной академии наук Таджикистана

ГАЗНЕВИДСКОГО ПЕРИОДА (Таджикистан, Душанбе)

THE PLACE OF THE Kholov Nazarmuhammad Yormukhammadovich,

REPRESENTATIVES OFMIKOLI claimant for candidate degree of Khujand

DYNASTY IN THE DEVELOPMENT OF Scientific Center under the National Academy of

POETRY AND LITERATURE Sciences of Tajikistan (Tajikistan, Dushanbe),

OF THE GAZNEVID PERIOD E-mail: [email protected]

Вожа^ои калиди: Оли Микол, Абулфазли Миколи, Нишопур, Хуросон, шеър, адабиёт, мууити адаби, пуштибони

Дар мацола роцеъ ба сауми намояндагони Оли Микол дар пуштибониву гамхории аули адаби шаури Нишопур ва минтацаи Хуросон сухан рафтааст. Цайд мешавад, ки намояндагони Оли Микол дар давоми асруои 1Х-Х1 дар сощцои гуногуни сиёси, адаби ва фарщнгии ацди Аббосиён, Тоуириён, Сомониён, Газнавиён ва Салчуциён цойгоуи чашмрасе доштанд. Баёни фаъолияти сиёсиву дипломатии Абунаср Аумад ибни Али ал-Миколи ва Амир Х,асанаки Миколи Нишопури, ки дар замони Газнавиён ба вазорату раёсат расида буданд, цузъи асосии мацоларо ташкил медиуад. Инчунин, дар он чигунагии муносибати намояндагони Оли Микол, хусусан Абулфазли Миколи бо суханвароне чун Саолибиву Бадеуззамон Х,амадонй, ки бевосита дар китобхонаи Абулфазли Миколи уамсуубату уамнишин ва меумони Миколиён будаанд, матрау шудааст.

Ключевые слова: Династия Миколи, Абульфазли Миколи, Нишапур, Хурасан, поэзия, литература, литературная среда, почитание

В статье исследуется вклад представителей династии Миколи в развитие поээии и литературы литературного круга Нишапура и Хурасана Газневидского периода. Отмечается, что представители династии Миколи в IX-XI веках занимали значительное место в различных политических, литературных и культурных сферах династий Аббасидов, Тохиридов, Саманидов, Газневидов и Сальджукидов. Подчеркивается, что представители этой династии, Абу Наср Ахмад ибн Али аль-Миколи и Амир Хасанаки Миколии Нишапури, славились хорошей политической и дипломатической деятельностью и достигли министерств и ведомств в период Газневидов. В статье также обсуждается отношение представителей династии Миколи, особенно Абульфазла Миколи, к таким мастерам слова, как Саолиби и Бадеууззамон Хамадони, которые были непосредствнными собеседниками, соратниками и гостями Миколидов в библиотеке Абульфазла Миколи.

Key words: Mikoli dynasty, Abulfazli Mikoli, Nishapur, Khuroson, poetry, literature, literary environment, veneration

The article dwells on the contribution of representatives of Mikoli dynasty to the development ofpoetry and literature of the literary circle of Nishapur and Khurasan of the Ghaznavid period. It is noted that representatives of Mikoli dynasty referring to the IX-th - the XI-th centuries occupied a significant place in various political, literary and cultural spheres of Abbasid, Tokhirid, Samanid, Gaznevid and Saljukid dynasties. It is emphasized that the representatives of this dynasty, Abu Nasr Ahmad ibn Ali al-Mikoli and Amir Hasanaki of Mikoli Nishapuri had good political and diplomatic activity and reached ministries and departments during Ghaznavid period. The article also discusses the attitude of representatives of Mikoli dynasty, especially Abulfazl Mikoli, towards such masters of words as Saolibi and Badeuuzamon Hamadoni, who were direct interlocutors, companions and guests of Mikolis in the library of Abulfazl Mikoli.

Намояндагони Оли Микол дар тули асрх,ои IX - XI, яъне дар тули беш аз се аср дар сох,оти мухталифи сиёсату давлатдорй ва адабу фархднги ахди Аббосиён, Тохириён, Сомониён,

Fазнавиëн ва Салчукдан нак;ше мондагор аз худ гузоштаанд. Намояндагони маърyфи хонадони Миколиëн, ки дар рушди шеърy адаби арабизабон дар доираи адабии Нишопури асрх,ои X-XI бо хдмояти а^ли адаб ва гиромидошти сyхани онх,о сах,ми 6узург гузоштаанд.

Яке аз афроди номвари Оли Микол падари Абулфазл буд, ки номи y дар "Тарчумаи "Таърихи Яминй"" Абунаср Ахмад ибни Алй ал-Миколй забт шудааст. Насаби пурраи уро профессор Н. Зохидй чунин нишон додааст: «Абунаср Ахмад ибни Абулкосим Алй ибни Исмоили Миколй (ваф. пеш аз с.416/1025)» [3,с.64]. Абунаср аз руи таърифи муаллифи «Таърихи Яминй» - Абунасри Утбй «аз зумраи фузалои Нисобур, ороста ба фазли мавфур ва ба адаб машхур» буд. Оли Микол, ки иркан хама хушманду бофаросат буданд, мавкеи сиëсй ва маънавияшонро баробари мероси моддии худ аз насл ба насл интикол медоданд. Абунаср меросбари хамин арзишхои хонаводагй ба шумор мерафт. У дар мдани ахли сиëсат бо донишу заковати бехамто аз чойгохи хос бархурдор буд. Дар сиëсат ончунон хираду тачриба дошт, ки: «агар хостй, миëни сиххату мараз чамъ кардй ва агар хостй мдани чавхару араз тафрик андохтй ва асрори замоиру астори масоир пеши назари басирати y равшану пайдо будй» [8, с.178]. Аз мактуби y ба Шамсулмаолй ^обус пайдост, ки дасти тавоно дар фанни китобати расоил дошта, нозукихои ин пешаи мухимро мукаммал аз бар намудааст. Саховатмандию бахшандагии уро дар шеърхои баландаш мешавад мушохида кард:

OG^jSi ^JjjíJlj jj-ääjij O^yi-Í jl*ji ¿¡ilj

i. styi JL ¿i. ¿Sí 'i. itüi ¿¿J

Olíj dljí ií jx-ji- 1-е jJl

[8, с. 178] о é ¿¿к ü AbtüJi jjif ej¿¿ J$ $ ^aí b ^jdi iíi -

(Яъне: Созандаи бинои бузургиуо, бахшандаи некй ва фазлу эусон, ки аз беутарин созандагон аст.

Бе^тарин ва баландтарин биное, ки барои ту сохта шуд, уамонест, ки асоси он бар эусон бино ёфта бошад.

Некй беутарин чизест, ки дар кулбор аст ва ташаккур беутарин уадяест, ки дар руи дастон аст.

Вацте инсони бузургвор умраш сипарй шуда, даргузашт, зикри хайри у барояш умри дубора мебахшад].

Шоирони садаи дахум дар мадхи Абунаср ашъори мадхии фаровоне сурудаанд. Аз руи ситоиши Абубакри Хоразмй, ки дар касидае ишора ба караму бахшандагй ва мехрубонии у нисбат ба мардуми хохандаву ндазманд мекунад, пайдост, ки Абунаср идомабахшандаи фарханги мардумпарварии хоси Миколдан буд:

[8,с. 180] *ljiff ils bj¿}\$ dipt ils jjjii $ aJjjj ils j-ijji

(Яъне: Хайру эусони у зиёд буда, аз вай пурсидан айни мурод аст ва дар уамлааш марги душманон царор дорад].

Бо ин хама донишу биниш, саховату карампешагй ва макоми сдасиву адабй Абунаср аз хеш ифтихор намекард, балки аз фарзандони донишманду бохуши худ меболид. Инро мо дар чумлахои зерин мушохида намуда метавонем: «Аз мафохири Абунасри Миколй ду писар буданд, ки хар як кавкабе буд дар самои сдадат ва бадре бар уфуки саодат, мехтарин амир Абулфазл ва кехтарин амир Абуиброхим ва харду дар улувви дарачот чун Фаркадайн буданд ва дар шухрати фазл чун наййирайн» [8,с.180]. Абунасри Миколй дар корхои сиëсй хамчун як маслихатчию мушовир ба хуккому давлатдорони замон содикона хидмат мекард. Султон Махмуд барои шикаст додани охирин намояндаи Оли Сомон - Мунтасир ба Нишопур назди бародари худ Наср харакат кард ва Имоми хадис Абутаййиб Сахл ибни Сулаймон ас-Саълукиро бо чамъе аз аъëни раоëи султон барои эчоди мусолаха ба назди Эликхон фиристод. Ба хайати мазкур Абунасри Миколй хамчун шахси сдасатмадор ва дипломат чалб шуда буд.

Ширкати у дар ин навъ корхои мухими сдасй шаходат аз мавкеи баланд ва макоми Оли Микол дар арсаи сдасат медихад. Абунаср ибни Ахмади Миколй дар миëнчигарихои сдасй гохе на хамчун як узви вобаста, балки хамчун як шахси асосй ва мехварй низ иштирок мекард. Соли 980 м. вакте Абулхасани Симчурй аз рафтори бехирадонаи худ нисбат ба хукми амири Сомонй дар азли у аз мансаби раëсати Хуросон пушаймон шуд, Абунасрро бо афроди маъруфи Нишопур барои узрхохй ба Бухоро фиристод.

Оли Микол адабдатдусту фархангпарвар буданд ва ба ахли адаб эхтироми фавкулодда зохир мекарданд. Абубакри Хоразмй хам вакте ба Нишопур ворид шуд, уро Абунасри Миколй хуш пазируфт. Ин пазириши гарми Абубакр Хоразмй аз тарафи Абунасри Миколй сабаб бар он

гардид, ки минб аъд С аолибй уро ба устодй пазирад ва доманашро сахт гирад. Саолибй дар омадани устоди худ ба Нишопур ва кабули у аз тарафи Абунаср чунин гуфтааст:

[7,с.204]. «АгЛЛ ¿л j ¿T^i" ¿i O-i j— j j»

(Тарчума: Ва ба Нишопур омаду ба Амир Абунаср Аумад ибни Алии Миколи пайваст ва уро бисёр маду кард.)

Аз руи таъкиди Саолибй бармеояд, ки хонаи Абунаср чои сарчамъ шудани ахли адаб буда, шоирону нависандагони дигар шахру вилоят низ аз олихимматй ва адабпарварии ин хонаводаи Миколй хабардор буданд. Агар нафаре аз онхо ба Нишопур омаданй мешуд, ратман ба даргохи Миколиён, хоса Абунаср мехмон мегашту аз лутфу икром ва бахшишу саховати эшон бахраманд мегардид.

Абубакри Хоразмй вакти вуруд ба Нишопур ва даргохи Абунаср уро чунин мадх карда буд:

jJlii ^IjjJl ¿л iJlJ_o ja- i— jllij U ¿jLji!

Sijiil <;Uil ¿л Ijaloifli? j ¿Jl%

[7, с.22]tJi^i^ii j ¿jfjij gi^i j ^jis ¿&J j

(Яъне: Фидоят шавам, уаргиз аз миёни мардум ба зеунам озодае гайри ту нарасид, магар он ки ту ба хотирам омади.

Харчанд, ки ту аз зумраи дигарони, аммо дурру марворид низ аз даруни об ба даст меояд.

Ту дар уавлии онуо зиндаги мекуни (аммо, бидон ки-Х.Н.) цойгоуи сангуову зумуррад низ дар миёни куууо аст).

Мадхияи боло гувохи он аст, ки Абунаср аз зубдагони шахри Нишопур ба шумор омада ва мисли у дар саховату бахшиш ва адабпарварй дар он шахр мавчуд набуда, ки Абубакри Хоразмй бо умедворй ба мадхи вай пардохтааст.

Абубакри Хоразмй баъди тарки Нишопур дар Систон ба мадхи волии он Тохир ибни Мухаммад пардохт ва мавриди иззату эхтиром карор гирифт. Аммо аз фарти шухрату хирс ба хачву истехзои Тохир пардохта, он чо зиндонй шуд. Аз зиндон ба Амир Абунасри Миколй шеъре навишта, бо тамсилхои киёсй худро аз тарки даргохи вай пушаймону фиребхурда ба калам медихад [7, с.205]. Шеъри саропо аз пушаймонии Абубакри Хорзамй бори дигар шаходат аз он медихад, ки хонаводаи Миколиёни мукими Нишопур вокеан адабпарвару фархангдуст ва инсонгаро будаанд. Агар чунин намебуд, шоире аз зиндон истода ба мадхи онон намепардохт.

Абунаср на танхо ба Абубакри Хоразмй, балки барои хотири у ба шогирдонаш низ дасти ёрй дароз карда, хочоту ниёзи эшонро саховатмандона мебаровардааст.

Аз чехрахои адабии дигаре, ки аз мехрубонихои _Оли Микол, бавижа аз Абунаср, бархурдор шудааст, ин Бадеуззамони Хдмадонй мебошад. У дар чумлахо ва байти зерин Абунасри Миколиро сарвару амири худ дониста, бо истифода аз санъати ташбех ва суханороии ба худ хос максадашро баён намудааст:

Oi ¿i j '^jifi ! j 14-Ь J^i j "¿j I4ij.i Oi ¿j ^jsi — eilii JUsi - ^iji j/jl iii» j lit»

[7, С280-281]<<^ jO? !j jijik4 j-ii H

(Яъне: Ман дар хидмати амиру сарварам, Худованд умру бацояшро тулони гардонад, мураддадам миёни ин ки онро чун обе гилолуд тауаммул кунам ва гувориш насозам ва чун луцмае нахоида дар дауон нигоу дораму фуру набарам ё ин ки ба сабаби бадии он рауояш созам ва онро даруам печаму аз он баураманд нагардам:

Маро на нафсам барои тарки у во медорад ва на уиммати волоям омодаи пазируфтани ин хориву суцут мебошад).

Максади Бадеуззамони Х,амадонй дар навиштаи мазкур хеле мубхаму печида аст. Зеро у табиатан шоире буда, ки барои нишон додани кудрати шоирии худ ва афзудани обруву эътибор хар киро аз хуккому сарватмандон, дилаш мехоста мадх мекардааст. Одатан, якеро мадх кардаву дигареро рахо карда, факат дунболи максади худ будааст ва хатто мамдухонаш ба хамдигар душман бошанд хам, барои у фарке надоштааст.

Аз хилоли калимахои бо санъат паси хам чидашудаи Бадеуззамон дар мавриди Абунаср чунин андешахоро хондан имкон дорад: Ман аз луфту мархамат, мехрубонихои зиёди сарвару амирам дар хайратам. Намедонам, ки у дар ивази ин караму эхсон аз ман чй умедвор аст. Агар ман тарки хидмати у кунам, чи холу ходиса маро пеш меояд? Ба ин саволхо чавоб мечуяму намеёбам. Ин дудилагиву тардид маро дар хидмати сарварам Абунаср муаллак гузоштааст.

Дар чои дигар Бадеуззамон бо шукргузорй аз дастгирихои Абунасри Миколй дар васфи у навиштааст: «Агар шайх (Абунасри Миколй-Х.Н.) аз карам фирор хам кунад, карам дунболагири у хохад шуд, агарчи парешонаш кунад, боз хам гирди у халка хохад зад, агар ба ихтдари худ назди лутфу карам наомад, он ичборан назди шайх хохад омад» [6, С.103-104]. Бадеуззамони Хдмадонй дастгиру мададгори маънавиву моддии худ амир Абунасри Миколиро бартар аз хама мардум дониста ва уро бо хуршеди коинот кдес кардааст: «...Касе аз мардум бо у дар к^с намеояд, тавре, ки хуршед дар мачрои ситорагон сайр нахохад кард» [4, с.181].

Абунасри Миколй ягона шахсияте аз хонадони Миколиëн нест, ки Бадеуззамон уро мавриди мадху ситоиш ;арор додааст. Ахбори Саолибй ва муаллифони дигар гувох бар онанд, ки Бадеуззамон бо намояндагони дигари ин хонадон, аз чумла бо Абучаъфари Миколй муносибати наздик дошт ва онхоро низ дар ашъораш васф кардааст [7, с. 284]. Хдмчунин номахои у ба унвони Абубакри Хоразмй ва Амир Абунасри Миколй баëнгари робитаи у ба хавзаи адабии Нишопур баъди икомати яксола дар ин шахр мебошад.

Аз намояндагони номвари хонадони Миколй, ки аз падари Абулфазл - Абунаср Ахмад ибни Абулкосим Алй ибни Исмоили Миколй (вафоташ пеш аз соли 1025 м.) тахминан панч-дах сол пештар даргузаштааст, ин Х,асан ибни Мухаммад Микол, мулаккаб ба сайид-ул-куффох ва маъруф ба Амир Х,асанаки Миколи Нишопурй (кушташуда дар с. 1031м.) аст. Бино ба навиштаи муаллифи «Дастур-ул-вузаро» ба «улувви насабу камоли хасаб ва вукуф бар дакоики умур» охирин вазири султон Махмуд Fазнавй таъин шуда буд. Ошноии Махмуд бо ин намояндаи бахуши хонаводаи Миколй хануз аз замоне, ки у дар Нишопур хамчун коргузори Сомондан фаъолият мебурд, хусни огоз пазируфта буд. Низоъ ва кашмакашхои дохилии шахри Нишопурро, ки хуфя сурат мегирифтанд, Махмуд махз бо дастгириву кумак ва маслихатхои Х,асан ибни Ахмади Микол яктарафа карда тавонист. Х,ангоме, ки Махмуд ба салтанат расид, раëсати шахри Нишопурро бар у дод. Х,амкории дурбинонаи Х,асан ибни Ахмади Микол бо Махмуд албатта ба фоидаи мардуми Нишопур анчом ëфт. Ободонии шахри Нишопур дар замони раëсати Х,асан ибни Ахмади Микол то ба дарачае афзуд, ки мусофирон аз тамошои бинохои навбушди шахр сер намешуданд. Таъбири «сарову кушкхои хасанакй», ки Байхакй зимни накли хикояти арус овардани Масъуд аз Гургон, дар асараш ба кор мебарад, далел ба сухани боло шуда метавонад: «Абдучаббор писари Хоча Ахмади Абдуссамад аз Гургон бо аруси Масъуд бозгашт ба Нишопур ва мачлиси бошукух тартиб доданд ва занони руасо, кузот, фукахову акобиру амоим дар чашн ширкат карданд ва сарову кушкхои хасанакиро чун фирдавси аъло бдаростанд ва зани уро дар он чо фуруд оварданд. Ва он шаб Нишопур чун руз шуда буд аз шамъхову машъалхо» [7,с.19].

Хдсанак гайр аз касру кушкхои дар шахри Нишопур бино кардааш, боз дар Шодëх ном мавзеъ, ки берун аз шахр вокеъ шуда буд, бинохо барои тафрехи худ ва пешвозу гусели ашхоси обруманд бyнëд карда буд. Вакте лашкари музаффари Масъуд дар 19-уми августи соли 1030 баъди шикасти додани сипохи Мачдуддавлаи Дайламй ба Нишопур ворид шуд, нишопурдан бинохои Шодëхро, ки ба Х,асанак мутаалик буд, гилемхои зебо густарда, ороишхо доданд.

Бидуни шакку шубха метавон гуфт, ки дар Нишопур макоми сдасй ва нуфузи маънавии намояндагони Оли Микол дар замони раëсати Х,асани Миколй ба авч расида буд. Таваччух ва мухаббати султон Махмуд ба ин марди нихоят зираку донишманд ва сдасатмадор боис шуд, ки уро ба Fазна фиристад, то дар халли масоили сиëсивy ичтимоии пойтахти Fазнавиëн донишу тадбироташро ба кор бурда, мардуми шахру бозор ва аъëнy ашрофи онро зери назорат карор дихад, амнияту осоиштагии сиëсиро эхë намояд. Аз Нишопур ба Fазна фиристода шудани Х,асанак, аз як тараф агар далели аз афроди нихоят боэътимоди Махмуди Fазнавй будани вай бошад, аз чониби дигар метавон хадс зад, ки Махмуд бо истифодаи усули айëронаи худ уро бо тавфизи вазифаи пурмасъулият мавриди санчиши худ ва газнавдан карор дод. Махмуд пас аз азли Ахмад ибни Х,асан Маймандй уро ба вазорати худ баргузид [5,с. 151].

Сарбаландии точиконаю устуворй бар андеша, густохию бебокй ва тундзабонию сахтгирй, вафодорй ба ахд ва итоат ба як хоча аз мдани хонаводаи миколй дар шахси Хдсанаки Вазир ба мушохида мерасад. Махз хамин хислатхояш боис шуд, ки умарову хуккоми давр бар у душманй варзанд ва ба карматй будан мутаххамаш созанд, то обруяшро назди Махмуд коста гардонанд. Аммо амалй шудани ин касди бади онхо муддате тул кашид. Душманони Хдсанак баъд аз сари Махмуд писараш Масъудро, ки ба чои падар сохиби тахт шуд, бар у шуронида, тавонистанд ба максади худ расанд. Нихоят дар соли 1031 м. Х,асанаки вазир ба иттихоми карматигарй аз мансаб озод ва ба дор кашида шуд.

Хдсанаки Миколй бо фаросату дониш ва шучоату бебокй дар арсаи сдасат обруву нуфузи хонадони Миколиро баланд бардошт. Табиист, ки дар муддати раëсати Нишопур ва вазорати

Газнинр о б ар ухда д оштанаш Миколиён мавкеияти худро дар хама чабха тавонистанд боз хам устувортар созанд ва ба ин васила дар рушду нумуи илму адаби арабизабони замони худ сахмгузор бошанд [7, с.82].

Тахмин меравад, ки баъди ба Газна рафтани Амир Хдсанаки Вазир раёсати Нишопур ба ихтиёри Абунаср гузашт. Пас аз даргузашти Абунаср дар соли 1025 идораи шахри Нишопур бар ухдаи писараш Абулфазл интикол ёфт. Дар сарчашмахои таърихй ва адабй пеш аз зикри номи падару писар - Абунасру Абулфазл овардани унвони «амир» ишораи сахеху равшан бар раёсати онхост.Аз ин руи бахси боло бармеояд, ки миёни Оли Микол дар баробари дустиву рафокату хамдигарфахмй ракобату мухолифат хам вучуд доштааст.

Бо вучуди ин хам ахли адаб ба намояндагони Оли Микол эътикоду ихлоси бузург доштанд. Яке аз чунин ашхос Саолибист, ки аз дустони наздики Абулфазли Миколй махсуб меёбад. Ин ду нависандаю шоир миёни хам муносибату робитаи кавию ногусастанй доштанд. Вакте Саолибй баъди панч соли икомат дар Газна ба Нишопур баргашт, аввалин касе, ки уро пешвоз гирифт, дусти деринаш Абулфазл буд. У барои Саолибй ончунон шароиту имконоте фарохам овард, ки дусташ бо оромиши дил ва осоиши тан ба офариниши осори нав ва бозофаринии навиштахои кухани худ огоз кард. Бародари Абулфазл - Абуиброхим Наср ибни Ахмади Миколй хам дар чуду бахшиш кам аз бародар ва падари худ набуд. Саолибй бо дастгириву пуштибонии ин ду бародар имкони мулокоту хамоиш бо бузургоне чун Абумансур Яхё ибни Яхёи Котиб ва ду писари у Абулвафою Абусалама ва Абулаъло Мухаммад ибни Х,асан Суфии Басрй пайдо карда тавонист. Дар мавриди дустиву хамкории Саолибй ва Абулфазли Миколй адабиётшинос Амонов Саидчон дар рисолаи номзадии хеш ба таври ичмолй ва фишурда маълумот додааст [1, с.17-19]. Саолибй дар китобхонаи Абулфазл китоби «Симор-ул-кулуб»-ро таълиф карда, ба мушаввику хомии мехрубонаш - Абулфазли Миколй хадя кард. Саолибй, ки осори адабии хамзамонони хеш низ бевосита мавриди омузишу тахлил карор медод, дар муддати кутох ашъори обдори хомию сарпарасти хешро низ мутолиа намуда, гузидае аз онхоро дар «ал-Мунтахал» ном мачмуа чамъоварй кард. Абулфазли Миколй дар шаъни дуст ва хамкалами худ Саолибй шеър сурудааст [7, с.88]. Шоир Абухафс Умар ибни Алй Мутавваъй аз хидматгузорони даргохи Абулфазли Миколй буд [7,с.90]. Табиист, ки мисли у барин шоирону адибон дар атрофи Саолибй бо мусоидати сиёсати окилонаи Абулфазли Миколй гирд омада, махфилу нишастхои адабй доир мекарданд.Абулфазли Миколй чун пешгузаштагонаш дар радифи сиёсатмадороне, ки ба адабиёт гироиш доштанд, карор дошт. Аммо ишку алокаи у аз сиёсату хукумат дида ба шеъру адаб ва шоирону адибон нисбат ба гузаштагонаш зиёдтар эхсос мешавад. Ин нуктаро муаллифи «Ч,охизи Нишопур» чунин таъкид кардааст: «...Бояд ба афроде чун Абулфазли Миколй, Абулфатхи Бустй, Абунасри Утбй, Абунаср Сахл ибни Марзбон, Бадеуззамони Хдмадонй ишора кард, ки харчанд бархе аз онон бо дастгоххои хукуматй иртибот доштанд, аммо равобити дустонаи онон бо якдигар он кадар амику ногусастанй буд, ки умурй сиёсй хеч таъсире дар он пайванд наметавонист дошта бошад» [7,с.95].

Абулфазли Миколй, баробари додани ичозати истифода аз китобхонааш, Саолибиро, ки истеъдоди фавкулодаи эчод дошт, ба навиштани ин ё он асар дар мавзуъхои гуногун ташвик менамуд. Ишораи зайли Саолибй далели ин сухан дар мавриди иншои асари фарогири зарбулмасалу маколхои арабии исломию тоисломй «Сехр-ул-балога ва сирр-ул-бароа» шуда метавонад: «Ва (нигориши) он бад-он сабаб буда, ки ифтихори хузур дар китобхонаи Амири ягона ва бехамто Абулфазл Убайдуллох ибни Ахмади Миколиро ба даст овардам,ки умри худованди он китобхона бо афзоиши тули умри амир бияфзояд, бо номи вай ороста гардид. Худованд бо бакои ёду зикри у, бар давоми он бияфзояд» [7,с. 126].

Саолибй, чи тавре аз кайди худаш дар «Симор-ул-кулуб фи-л- музоф ва-л-мансуб» пайдост, барои Абулфазл дар чавоби мехрубониву гамхорихои пайваста ду китобе бо номи «Хасоис-ул-булдон» ва «Фазлу ман исмуху Фазл» иншо ва хадя намуд [2,с. 545]. Мухаккики эронй Мухаммад Бокир Х^усайнй менависад, ки Саолибй Абулфазли Миколиро, ки дар адабу балогат сохибсабку назар буд, борхо аз каломи шево ва тасвирхои мунхасир ба фарди ашъори у ситоиш карда, мувофики завку дархурди ин адиби забардаст асархои «Сехр-ул-балога ва сирр-ул-бароа», «Хасоил-ул-булдон», «Симор-ул-кулуб» ва «Фикх-ул-лугат»-ро таълиф ва ба у бахшидааст [7, с.123]. Дар хавзаи адабии Нишопур ва умуман Хуросон Саолибй аз зумраи адибоне ба шумор мерафт, ки дар хамкориву робита бо хокимону давлатдорон ва сиёсатмадорон касе аз хамзамононаш бо у баробар шуда наметавонист. Зеро Саолибй нихоят доно ва сиёсатмадори вокей буд, вазъи сиёсиву ичтимой ва коидахои нонавиштаи зиндагии замони худро хуб медонист ва онро дар амал татбик мекард. Албатта, ин навъ биниши у аз робитаву дустияш бо Абулфазл ва то андозае такя бар пуштибонии сиёсии Миколиён аз вай низ сарчашма мегирад.

Саолибй дар таълифи осори адабй бештар ба вазъи сдасй ахамият дода, дар фаъолияти адабиаш шебу фарозхои сдасати замонро огохона ба назар мегирифт.

Саолибй бо дархосту пешниходи Абулфазл ба таълифи китобе дар лугат химмат гумошт. Бо бахрабарй аз китобхои китобхонаи амир ба таснифи «Фикх-ул-лугат» ва «Сирр-ул-ъарабият» муяссар гашт. Барои ин ки Саолибй ин асархоро иншо намояд, Абулфазл Миколй дар мавзее барои у нишемане фарохам сохт ва тамоми манобеъ ва марочеъро дар ихтдари вай гузошт. Х,амин пуштибониву химояти Абулфазл буд, ки Саолибй соли 1033 м. ба Султон Масъуд, ки озими Багдод буду дар Нишопур фуруд омад, бо чанд касида у ва вазираш Абунаср Ахмад ибни Мухаммадро васф карда, китоби «Хос-ул-хос»-ро ба шайх Ораз Абулхасани Мусофир ибни Х,асан эхдо кард. Ба хамрохи дигари амир Х,асан Иброхими Самурй, ки аз китоби «Фикх-ул-лугат» сахт шигифтзада шуд буд, хулосае аз онро ба номи «Хасоис-ул-лугат» тухфа дод. Он рузхо Саолибй дар кори танзими такмилаи «Ятимат-уд-дахр», яъне «Татимма»-буд, фурсатро ганимат шумурда, онро ба итмом расонида, ба шайх Мухаммад ибни Исо ал-Кархй - дусти дерини худ, ки у низ хамрохи султон Масъуд омада буд, пешкаш кард.

Саолибй низ дар баробари караму бахшиши Абулфазл хомуш наменишаст. Албатта дар хакки Абулфазл суханхои баланди здаде гуфта, карзи дустии худро дар назди у то андозае хам бошад, кам мекард:

[7, с. 141] Jsd ЛЦ óují ilj ¿ujíi ¿jí. ¿Í ¿j^iá

(Яъне: Афсус, ки рузгор монанди у дигар падид наоварад, зеро рузгор тангчашмтар аз он аст, ки дигареро ба монанди вай биофарад).

Дар байти мазкур беназириву бемонандии Абулфазл ситоиш шудааст. Дар шеъри дигар Саолибй Абулфазлро ба «каъбаи хама бузургворихо», «киблаи орзухо», «пешонии хама зебоихо» «чехраи хамаи камолот», «ситораи хушбахтй», «омили эхсону дастгирй аз ндазмандон», «нихоят бахшанда», «мохи тобони хонандони Микол», «фасеху балег» монанд кардааст [7, с.141-142].

Аз миëни осори Саолибй шеърхое пайдо мешаванд, ки дар он доир ба асп хадя кардани Абулфазл ишорахо рафтааст:

i_jjá J lllií ¿Jijj ¿s líe lllu ¿í

OjAíl Ч J yjUíl Ч J jjisil 4j Ч

oj¿>bib j (J'uäjij J*--------------------------л' jjei. ¿J i is»- iS

[7, a^oji-Ji' j (^jíÜi Ч j ^jilii' j Jjkaíb Ч

(Яъне: Маро сарваре соуибмулку фариштаху аст, ки дар цомаи подшо^и бахшанда даромадааст.

На ноогоуу бетацриба ва на дилтангу бецарор ва на абусу туршру ва на тундмизоцу интицомцу аст. Маро аспе сапедпешонй наъл намуда, чун боди шимолу цануб сареъу чобук бошад, ато кардааст. Он на ба о^истагй ро% мераваду ба %аво мецауад ва на саркашу ромнашуданист ва на соуибашро бар замин мезанад ва на аспест хирасар, ки дастонашро баланд кунад ва бар руи ду пой бистад).

Аз мазмуни байтхои фавкуззикр равшан мешавад, ки дар эхсони бахшиш ва бузургию хашамат Абулфазл хатто бо шох баробар мебошад. Зеро у ба шоир аспи бодпо хадя кардааст.

Робитаи дустии ин ду нафар ончунон наздику бегаразона будааст, ки Саолибй чое аз дусташ Абулфазл шикоят мекунад, ки чаро ту чун мисли гузашта маро ëд намекунй. Ахди дустии кадим чй шуд? Ту чун Сулаймон, ки ходй буду аз холи парандагон хабар дошту шонасаракро мепурсид, маро сурог намекунй? [7,с.167]. Мухаммадхусейн Бокирй зимни баррасии вижагихои насри Саолибй бо овардани чумлахои бидуни такаллуфу сохтакории шоирона ва аз самими калб навишташуда, ки бозгукунандаи дустии содиконаи Абулфазл аст, чунин менависад: «Вакте аз Абулфазл, ин ëри дерина ва рафики хамешагй, сухан мегуяд, зебоии калом падидае нест, ки у ба амд гуфторашро бад-он ороста карда бошад, зеро чушиши эхсосоти дарунии муаллиф дар ин чой мачоле барои тафаккур чихати оростани калом ба у намедихад, балки ин авотифи ростин ва содиконаи уст, ки калимотро ба сурате дилпазир бар забони вай чорй месозад ва бар мухотаб таъсире неку ба чо мегузорад»:

¿ssiáj /»j. j 'da^J J ! JJj¿i| e&ji Ч ül "të-j jjj '¿¿¿J-1 ¿í ¿jíji-í '^j ¿s Still ¿ja ¿Jj ¿fli||ii cjís lí ¿jj»

¿Sb ¿Jj ij.ll J '¿Jjíll /jÍ ¿Jj ¿L—<Jl ójTÍ ¿Í jÍ'ljj jaUi ¿s Jüj! ¿Í jí'lsjp» ¿¿wi—iJ ¿jaí OÍ ¿s ¿—í ijiáí J 'eJUäj ÔJJÎ ¿is' el»«-J4Jl

[7,с.179] <<>M!i /dl ¿í] j^lilj 'ilJi

(Яъне : Ман дар осорам то ин андоза аз зикри ному нишони у худдори накарда будам, бад-он циуат, ки халале ба уацци сарварияш, ки бар ман лозиму зарурист, ворид насозам, балки ба хотири бузургдошту эутироми вай дар мамониъат аз гуфторе, ки шунидану дидани онуо уро хушнуд намесозад, ва паруез аз ироаи бизоати андакам дар баробари нацди вай ва дур сохтани хеш аз ин ки партаве аз рушноиро ба хуршед пешкаш намоям ва ё бар моуи тобон андаке нуру рушнои бияфзоям ва ё ин ки чун касе бошам, ки ба диёри Турк мушк ва ба билоди Хинд уд ва ба уошияи уцёнуси Хинд анбар фиристад). Саолибй дар баробари ишора ба саховату эхсони фаровон аз табъи баланду хотири нозуки Абулфазл низ ёдовар мешавад ва бо фурутаниву хоксорй руирост икрор мешавад, ки дар васфи инсони шарифу начиб ва сухандоне чун у суханхои тавсифй гуфтан мушк ба Хито бурдан аст. Дар мачмуъ, бо итминон метавон гуфт, ки намояндагони дигари Оли Микол низ дар дастгириву пуштибонии ахли адаби арабизабони замони худ, дар рушди иктисодиву ичтимой ва сиёсии давлати Сомониёну Газнавиён монанди се тан - Абунаср ибни Ахмади Миколй, Хасанаки Вазир, Абулфазл ибни Убайдуллох Ахмади Миколй аз руи такозои чавхару асолати форсизабонияшон сахмгузор буданд. Аз тарафи шоирони машхуру маъруфи давр Абубакри Хоразмй, Бадеуззамони Хдмадонй, Абумансури Саолибй марвиди мадху ситоиши зиёд карор гирифтани барчастатарин намояндагони хонаводаи Микол далели котеъ ва равшани чойгоху макоми онон дар арсаи сиёсату фарханг ва адабиёти давраи худ мебошад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Амонов, А. Саолабии Нишопурй ва «Симор-ул-кулуб фи-л-музоф ва-л-мансуб»-и у [Матн]: Рисола барои дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои филологй /А.Амонов.-Хучанд, 2010.153 с.

2. ас-Саъолибй ан-Найсобурй. Симор-ул-;улуб фи-л-музофи ва-л-мансуб [Матн]: Тах;и;у Мухаммад Абулфазл Иброхим / ас-Саъолибй ан-Найсобурй.-716 с. (дастхат)

3. Донишнома 2008. Донишномаи Сомониён [Матн]: Дар ду мучаллад. Ч,илди якум (А-М). -Хучанд: Нури маърифат, 2008. - 545 с.

4. Морун, Абуд. Бадеузамон ал-Хдмадонй [Матн] / Абуд Морун.- Дор-ул-маъориф бимиср. -Ал;охира, 1971 м.

5. Хд;и;ат, Абдурофиъ. Шахидони ;аламу андеша [Матн] / Абдурофеъ ха;и;ат.-Техрон: Кумуш, 1378 х.ш.

6. Хдмадонй, Ахмад ибн Хусайн Бадеуззамон. Расоилу Абилфазл Бадеъиззамон ал-Хамадонй [Матн] / Ахмад ибн Хусайн Бадеъуззамон Хамадонй:Тубиъа фй матбаъати-л-чавоиби би-л-устонат-ил-олияти, 1298.

7. Хусайнй, Мухаммадбо;ир. Ч,охизи Нишопур [Матн] / Мухаммадбо;ир Хусайнй.- Машхад: Донишгохи Фирдавсй Машхад. 1382.-387 с.

8. Ч,урфодиконй, Абушшараф Носех ибни Зафар. Тарчумаи таърихи Яминй [Матн]:Мукаддима, тахия, тахшия, таъликот, лугот ва фехристи Н.И.Гиёсов) /Абушшараф Носех ибни Зафари Ч,урфодиконй. - Хучанд: Ношир, 2013. - 420 с.

REFERENCES:

1. Amonov, А. Saolabi Nishopuri and his "Simor-ul-qulub fi-l-muzof wa-l-mansub" [Text]: candidate dissertation in philology /A.Amonov. - Khujand, 2010. - 153 p.

2. as-Sa'alibi an-Naysaburi. Simar-ul-Qulub fi-l-muzafi wa-l-mansub [Text]: under the editorship of Muhammad Abulfazl Ibrahim / as-Sa'alibi an-Naysaburi. - 716 p.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

3. Encyclopedia 2008. Encyclopedia of the Samanids [Text]: In two volumes. - V.1. (A - M). -Khujand: Light of Enlightenment, 2008. - 545 p.

4. Morun, Abud. Badeuzamon al-Hamadoni [Text] / Abu Murun. - Dar al-Ma'arif bimisr. - Al-Qahira, 1971.

5. Hakikat, Abduraf. Martyrs of Pen and Thought [Text] / Abduraf Haqiqat. - Tehran: Kumush, 1378.

6. Hamadoni, Ahmad ibn Husayn Badeuzzaman. Rasoolu Abilfazl Badeizzaman al-Hamadoni [Text] / Ahmad ibn Husayn Badeuzzaman Hamadoni:

7. Husseini, Muhammadbokir. Jahizi Nishapur [Text] / Muhammadbokir Hussaini. - Mashhad: Mashhad Firdawsi University. 1382. - 387 p.

8. Jurfadiqoni, Abushsharaf Noseh ibn Zafar. Translation of the History of Yamini [Text]: Introduction, elaboration, elaboration, analysis, dictionary and catalog of N.I. Giyosov) / Abushsharaf Noseh ibn Zafari Jurfodiqoni. - Khujand: Publisher, 2013. - 420 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.