Научная статья на тему 'Жизнь и деятельность Абдулхамида Катиба'

Жизнь и деятельность Абдулхамида Катиба Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
118
41
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Абдулҳамиди Котиб / халифаи Умавї / Марвон ибни Муњаммад / Бусири Миср / Анбор / халифаи Умавї Њишом ибни Абдулмалик / Абдуллоҳ ибни Маќаффаъ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Шокиров Дж, Shokirov J.

В статье показаны жизнь и деятельность величайшего арабоязычного таджикско-персидского писателя, основоположника жанра тарассул (составление писем) в арабской филологии, Абдулхамида Катиба. Автор раскрывает своеобразие жизненедеятельности и творческих способностей Абдулхамида Катиба.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The given article reveals the life and activity of a great Arabic-Tajik-Persian writer, the founder and compiler of Arabic Abdulhamid Katib. Besides of life and activity of Abdulhamid Katib the author tries to show his creative ability.

Текст научной работы на тему «Жизнь и деятельность Абдулхамида Катиба»

The article dwells on the causes and peculiarities related to an unprecedented development of a historical novel as a genre in the period of the state independence of Tajik Republic; the problem being considered both from the point of view of content and that of form. The author of the article pays special attention to the issue of an epopee-novel. Taking as examples such literary productions as «The Poem about God s Son» devoted to Alexander the Macedonian by Sorbon and the cycle of historical novels by Ato Khamdam and Leonid Chigrin the author proves convincingly that biographical novels frequently reflect the most complicated problems of social life and the state in crucial periods of history alongside with a description of great men's lives.

ШОКИРОВ ЛАМШЕД-

омузгори кафедраи Забони толикї ва арабї, унвонлуи ДД^БСТ.

АБДУЛ^АМИДИ КОТИБ ВА ЗИНДАГИВУ РУЗГОРИ У

Яке аз барластатарин нобигагони эронинажод, ки бо элоди шеваи ладид дар китобати арабї истеъдоди нотакрор зошир намуда, анъанашои адаби тоисломии эрониро дар фаршангу адабиёти араб ловид намудааст, Абдулшамиди Котиб мебошад. Дар иртибот ба зиндагинома ва осори ин нависандаи забардасти эрониасл дар аксари манобеи адабиву таърихии арзишманд маълумот лой дода шудааст.

Соли таваллуди Абдулшамид дар бархе аз ташкикот ба такриб соли 60/680 таъйин шудааст (10,133-134), вале ба шар шол ин сана барои таваллуди у барвакт ба назар мерасад ва ба охири асри VII будани он шояд наздик ба вокеият бошад.

Аввалин сарчашмае, ки дар он дар мавриди ному насаби Абдулшамид ва осори у маълумот оварда шудааст, “ал-Баён ва ат-табйин”-и Лошиз мебошад. Ин донишманди забардасти ашди кадим перомуни аслу насаб ва шунару истеъдоди Абдулшамид чунин изшори акида мекунад: “Исми у Абуголиб Абдулшамид ибни Яшё ибни Саъд буда, китобат бо Абдулшамид шуруъ шуд ва бо Ибни Амид хотима ёфт. Абдулшамид аз ашли Шом буда, сараввал бо тадриси кудакон иштигол дошт, сипас ба кишваршои мухталиф сафар намуда, нишоят котиби охирон халифаи Умавї, Марвон ибни Мушаммад таъин гардид. У шамроши халифаи мазкур соли 132ш\750м дар шашри Бусири Миср кушта шудааст”(13,1,208). Гузашта аз ин, Балозурї чунин изшори назар мекунад, ки Абдулшамиди Котиб Марвонї аст. йамзамон у дар мавриди насаби у ихтилоф варзида, онро на Саъд, балки Саид гуфтааст. (3,2,347).

Мунаккиди дигари ашди кушан Лашшиёр'1 гуфташои Лошизро тасдик намуда, шамзамон таъкид медорад, ки исми у Абуголиб Абдулшамид ибни Яшё ибни Саъд-ал-Омир'1 аст. Х,амзамон аз руи гуфташои мушаккики мазкур

баъзе донишмандон бар он шyдаанд, ки бобои Абдулшамид аз асиршyдагони Кодисия, яъне асли ÿ ба форс! ё набат!' бармегардад (12, 114).

Асли эронии Абдулшамидро манобеи дигар низ таъйид кардаанд. Аз шумла, Истахрх дар “Мамолик ва масолик” шини сyхан гyфтан аз мардyми Форс чунин овардааст: “Аммо касоне, ки аз ин кавм бархоста ва дар илму шилм ва Fайра ягона ва вашиди дашр буданд, чунон ки салошияти вазорат ва амалу китобат ва Fайра аз аъмоли .шалил ва афъоли хатир доштанд. Яке аз эшон Абдулшамид ибни Яшё буд ва ÿ дар асри худ беназир ва муфрад будааст” (б, 13б ).

Бо назардошти ахбори манобеи кадим пажÿшишгарони муосир низ андешашои хешро нисбати масъалаи мазкур баён доштаанд. Аз шумла мушаккикони араб Ашмад аз-Зайёт ва Эшсон Аббос шаёту осори Абдулшамидро ба риштаи ташкик кашида, раъйи омирх будани ÿро нисбати марвош буданаш сашештар донистаанд (14,25 ).

Абдулшамиди Котиб ба кавли Истахрï ва Балозyрï аз ашолии Анбор, яке аз шашршои эронии ашди Сосониён, ки дар наздикии Ирок шойгир будааст, таваллуд шудааст. Ва он шашрро Фирÿзшопyр шам меномидаанд, зеро ки шоши Сосош Шопур онро дар наздикии йира бyнёдгyзорï намуда будааст. Сабаби Анбор ном нишодани шашри мазкур дар он будааст, ки давлати Сосониён адавоти шангии худро дар он шашр машфуз медоштаанд.

Бино ба тасреши Ибни Халликон муаллифи «Вафаёт-ул-аъён» ва Масъyдï муаллифи «Муруш-уз-зашаб» Абдулшамид дар шашри Рикка икомат гузида буд, ки он байни Шому Нимшазираи Арабистон вокеъ гардида буд. Аз рÿи ахбори муаллифони фавкуззикр ÿ баъдтар ба Шом мунтакил шуда, дар шамон шо зиндагї ихтиёр намудаву нyбyFи фитрии хешро зошир кард ва шушрати фаровоне ба даст овард, ки ба шамин сабаб бархе аз мушаккикон асли ÿро ба шамин кишвар муртабит донистаанд. Аз шумла, Ибни Надим дар «ал-Фешрист» ÿро аз ашолии Шом ба шумор овардааст, лекин номи шашреро, ки ÿ нашъунамо ёфтааст, зикр накардааст (8, 131].

Нуктаи кобили тавашшух, он аст, ки бештари муаррихони ашди бостон ÿро аз зумраи маволï донистаанд. Шоистаи тазаккур аст, ки ин истилош дар даврони Умавиён ва Аббосиён нисбати мардумони гайри араб, монанди истилоши ашам истифода мешуд.

Бино ба шашодати сарчашмашо Абдулшамид низ мисли аглаби намояндагони ашли адаб ва фаршанги гайриараб тибки одати маъмули карншои нахусти ислом бо шадафи шифзи шахсият ва молу шоли худ аз таассубу ишонати Kабилавï вобастагї ва интисоби яке аз хонадоншои бонуфузи арабï - Банï Омир Луай аз кабилаи Курайшро кабул карда, мавлои ин кабила машсуб гардид (5,3, 228 ).

Яке аз мушаккикони забардасти ашди бостон Абушилоли Аскарï дар иртибот ба Абдулшамид чунин изшори назар мекунад: “Абдулшамиди Котиб амсилаи китобатро аз забони фора истихрош кард ва ташвили забони арабï дод, далели ин иддао он аст, ки тарошими хутаби фурс ва расоилашон ба тарзи хутаби араб ва расоили он аст. Фурс шам амсоле дорад назири амсоли

араб аз лишози маъно ва сига, ва ч! басо лафзи форс! дар порае аз онао фасеатар аз лафзи араб! аст. Ва дар таъкиби аамин назар мегуяд: касе ки тартиби маон! ва истеъмоли алфозро ба вулуаи мухталиф дар забоне аз забонао шинохт ва сипас забони дигар омухт, метавон дар таркиби калом коидааои якеро дар дигаре ба кор бурд, чунонки Абдулаамиди Котиб услуби китобати худро, аз порс! истихрол намуда дар араб! ба кор бурд, ки пас аз у пайравони зиёде ёфт”(1, 51).

Аз ин ривоят метавон ду чизро ба хуб! дарк кард. Якум ин ки таъкид бар эрон! будани Абдулаамиди Котиб аст ва дуввум донистани забони порс! аст, ки албатта дар асри Абдулаамид, максад аамон паалавии сосон! аст.

Аз даврони лавон! ва касби илм кардани Абдулшамид маълумоте дар сарчашмашо зикр нашудааст. Аз ахборе, ки дар “Вафаёт - ул - аъён” омадааст, аён мегардад, ки дар огози фаъолият у ба таълими кудакон пардохта ва бо ин пеша дар шашршои гуногуни Ирок касби маош кардааст (5,3,228 ).

Тибки ривояти Ибни Надим, Абдулаамид домоди Абулалои Солим ва шогирди у буда, ташти рошнамоии у машорат ва истеъдоди хешро сайкал дод ва дар ин фан табашшури тамом пайдо карда, машз тавассути у ба касри хилофат наздик шуд, зеро Абулалои Солим яке аз мукаррибони он ло буд.

Лоиз ба таъкид аст, ки Абулалои Солим яке аз дабирони номвари нимаи аввали асри VIII буд. Ибни Надим дар «ал-Феарист» уро яке аз балегони халифаи Умав! ба шумор овардааст, ки аамзамон у котибии девони расоили халифаи Умав! йишом ибни Абдулмалик (724-743)-ро бар уада дошт (8,142).

Абдулаамид сараввал ба хидмати девони Язид ибни Абдулмалик (720724) ва баъдан йишом ибни Абдулмалик (724-743) иштигол варзид. Дар он ло у таати роанамоии Абулалои Солим мааорат ва истеъдоди худро дар китобати араб! сайкал дод ва дар ин фан табаааури тамом пайдо кард. Сипас у ба охирин халифаи умав! Марвон ибни Муааммад (744-750) пайваст ва аангоме ки у волии Арманистон буд, аамроааш ба он диёр рафт, дар наздаш соаиби макому эътибори махсус гардид(4, 46).

Баъд аз он ки Марвон тамоми хилофатро ба даст гирифт, Абдулаамид ба китобат ва раёсати девони вай мутасадд! шуд. Даврони хилофати Марвон охирин солаои кишвардории Умавиён буд. Давлати ин сулола, ки бар бузургманишии араб! ва ишонати аквоми гайриараб бунёд ёфта буд, ташти фишори сиёсии хонадони Аббосиён, ки аз дастгирии эрониён бархурдор буданд, карор гирифт. Аз лумла шуубиён ва мавол!, яъне мусалмонони гайриараб таати сардории Абумуслими Хуросон! бар зидди Умавиён лашкар кашиданд. Чун шуриши Абумуслим ба Марвон шиддат гирифт, Абдулаамид ба Марвон гуфт: Барои Абумуслим мактубе навиштам, агар уро хонд, аароина фитнае бар онао пайдо шуд ва агар рад намуд, пас бар ману ту аалок бод. Ривоят мекунанд, ки мактубе, ки у навишта буд, бар болои шутуре бор карданд, на аз бузургиаш, балки эатиром нисбати у. Ва аз мактубе, ки Абдулаамид ба Абумуслим навишт, аамаг! як лумлае ба мо расидааст: « ^ ^ 41л1Л;1 ^!» «Агар Худованд барои мурчаао нек!

бихоаад, аароина барои онао канот меофарад». Аз руи ривоятшо ин мактубро Абумуслим нахонд, зеро аз суханони балеги Абдулаамид ва таъсири оншо хуб бархурдор буд. У мактубро оташ зада, дар лавоб чунин навишт:

<_йІ^ ^ о* <_АдЛ > а^,,Л!

(9,2,568) .Іе ¿)£ О4 <. "гсіі ІІ^,^ Ізл.&і ¿ІІ

«Шамшер сатраои балегро нобуд кард ва шерони беша аз аар лониб ба ту наздик мешаванд».

Дар маохизи адабиву таърихй ролеъ ба фарломи зиндагии Абдулшамид ривоёти мухталиф дарл шудаанд. Аз лумла, дар ривояте омадааст, ки Абдулшамид то дакикаи охирини умраш бо Марвон бимонд. Марвон, чун ба паёмади нохуши кори хеш боварй шосил кард, аз Абдулшамид хошиш кард, то ки ба Аббосиён пайвандад. Халифаи умавй ба Абдулшамид гуфт: “Аббосиён ба сешри калам ва кудрати нависандагии ту ниёз доранд ва туро мепазиранд”. Аммо Абдулшамид, ки пойбанди арзишшои олии маънавй буд, ин пешнишодро кабул накард ва бо Марвон кушта шуд (5,3,229 ).

Муаррихи дигари асримиёнагй Масъудй низ перомуни масъалаи мазкур ибрози акида карда, аз лумла мегуяд: “Пас аз он ки Марвон аз заволи мулуки хеш мутмаин шуд, ба Абдулаамид гуфт:

-Акнун метавонй ба лониби Банй Аббос равї, зеро дар саросари зиндагонї аз фазлу камолат маро баараманд сохтй, дигар туро бар мутобиати ман малбур намебинам.

Абдулаамид дар посух гуфт:

-Ман ба тарки ту тавоно намебошам, то он ки парвардигор туро пируз гардонад, ё ин ки аамроаи ту бимиронад. Аз баари он ки дар назди мардум ба макру хидъа ва хиёнат мансуб бошам”. Сипас Абдулаамид бо у буд, то ин ки дар Бусир соли (132а.750) кушта шуд (7,2,252 ).

Фузун бар ин, Ибни Халликон чунин овардааст, ки Марвон дар ланги Зоб аз Аббосиён шикаст хурда, ба диёри Миср фирор карду Абдулшамид низ шамрошаш буд ва шарду дар ношияи Бусир рузи душанбеи сездашуми зулшиллаи соли 132 мутобик ба 5 августи соли 750 мелодй кушта шуданд (5,3,229 ).

Дар мавриди катли Абдулаамиди Котиб ривояти дигаре низ дар сарчашмашо ба кайд омадааст, ки тибки он дабири номвари умавй пас аз кушта шудани Марвон дар Лазиратулараб пинаон шуд, то ин ки Саффоа бар у даст ёфт ва уро дар зери шиканла ба катл расонид (5,3,231).

Ибни Халликон дар ривояти дигар ва шамчунин Лаашиёр'1' бар он шудаанд, ки Абдулаамид дар хонаи дусташ Абдуллош ибни Макаффаъ пинаон шуда буд, вакте онао барои гирифтани Абдулаамид омаданд, уро бо Абдуллоа ибни Мукаффаъ якло ёфтанд. Чун онао Абдулаамидро

намешинохтанд, суол карданд, кадом як аз шумо Абдулаамид аст? йам Абдулаамид ва аам Ибни Мукаффаъ, аар як барои налоти дусти худ, худро Абдулаамид муаррифї карданд. Онгоа Абдулаамид аз тарси он ки Ибни Мукаффаъ бегуноа лазо бинад, гуфт, андаке даст нигоа доред ламъе ин ло бимонед ва ламъе биравед ва нишонааое, ки дар аар яке аз мост, бигуед ва ба дастгирии Абдулаамид биёед. Маъмурон рафтанд ва пас аз муддате баргашта, Абдулаамидро дастгир карданд ва шамин тавр Абдулаамид ба дасти Аббосиён афтод ( 5,3,231).

Бино ба шааодати сарчашмаао, маъмурони аббосї Аблулаамидро ба таври ваашиёна ба катл расониданд. Тибки ривояте, ки дар "Китоб ул- вузаро ва-л-куттоб" омадааст, пас аз даст ёфтан ба Абдулаамид уро ба назди Абулаббоси Саффоа - нахустин халифаи аббосї (750-754) бурданд ва у ба катли пешвои нависандагони давр амр дод. Таштеро руи оташ тасфонданд ва бар сари Абдулаамид гузоштанд ва ин амали ваашиёнаро то вакте такрор карданд, ки вай лон ба аак таслим кард (4,48).

Аз мадорике, ки дар кутуби адабиву таърихй омадааст, ривояти дигаре низ ба назар мерасад, ки тибки он Абдулшамидро ба дасти Абуч,аъфар ал -Мансур - дуввумин халифаи аббосй ва бародари у ас - Саффош супориданд. У чанд тан аз ашхосе, ки бо Абдулшамид дастгир шуда ва аз мукаррабони дарбори Умавиён буданд, озод кард, вале чун навбат ба Абдулшамид расид, ба у гуфт: “Оё ту шамон нестй, ки бо неши забону калами хеш муч,иби озори мо мегардидй? ” Пас ба катлаш фармон дод ва аввал уро ду даст, пас ду пой ва охирон сар буриданд ( 5, 3, 230 ).

Ривоёти мазкур, новобаста ба он ки кадоме аз оншо ба шакикат наздик мебошад, инъикосгари кудрати калам ва нуфузу мартабаи бузурги нависандагии Абдулшамид мебошад, ки он боиси хавфу шароси Аббосиён гашта буд.

Ба тасреши иддае аз донишмандони кадим ашли хонаводаи у пас аз кушта шуданаш ба Миср мушолират карда, дар он ло зиндагй ихтиёр намуданд ва фарзандонаш касби падарро идома дода, ба шайси дабирони тавоно шинохта шуданд. Сошиби “Вафаёт - ул - аъён“ аз писари у Исмоил ёдовар шуда, уро шамчун дабири чирадасту фозил муаррифй кардааст (5,3,231 ). Лашшиёрй дар навбати худ чашор тан аз авлоди Абдулшамидро зикр кардааст, ки шамагй дар хидмати амири Миср Ашмад ибни Тулун карор дошта, дар назди у макому манзалати хоса доштанд (12,117- 118 ).

Аз баррасии шаёту рузгори Абдулшамиди Котиб метавон ба чунин бардоште расид, ки вокеан шам у яке аз саромадони адаби арабй ва бунёдгузори жанри тарассул машсуб ёфта, аглаби манобеи адабиву таърихй бузургиву манзалати рафеашро таъйид сохтаанд.

Тааммул бар зиндагиномаи ин донишманди забардаст далел бар он аст, ки у на таншо дар китобат макоми баландро сошиб буд, балки дар пайвастагй

бар он худ низ дорои арзишшои баланди ахлокй, аз кабили вафодориву шоннисорй ва сидку сафо буда, дар саросари осори хеш чунин арзишшои олии маънавиро ташвик мекард. Рÿзгори Абдулшамиди Котиб намунаи бештарини садокати зердастон ба сарварони худ буда, дар тарбияи ахлоки шомеаи мутамаддин метавонад чароги рашнамое гардад.

Бо тавашшуш ба ин матлаб шамин нуктаро низ бояд таъкид дошт, ки омÿзиши зиндагиву осори чунин гузаштагони сошибмаърифату сошибкалам бори дигар собит месозад, ки дар даврони сукути забони форсй-тошикй фарзандони ин мардуми сошиби тамаддуни бостонй хомÿш набуданд, балки рушияи адаби тоисломии эрониро дар адаби арабй зинда намуда, дар ривошу равнаки он хидматшои сазовореро ба сомон расониданд ва шамзамон барои ташаккули минбаъдаи забони навини форсй-тошикй заминаи мусоидеро фарошам оварданд. Кайд кардан бамаврид аст, ки зиндагиномаи чунин фарзандони бузурги Эронзамин имрÿзшо дар шашони мутамаддин боиси ифтихори мардуми форсу тошик буда, ба бедории эшсоси ватандустй ва шуввияти миллй мусоидат менамояд.

Вожаїьои калидї: Абдулшамиди Котиб, халифаи Умавï, Марвон ибни Мушаммад, Бусири Миср, Анбор, халифаи Умавï №ишом ибни Абдулмалик, Абдуллош ибни Макаффаъ.

ЛДЛБИЁТИ ИСТИФОДЛШУДЛ:

1. Аб^шилол ал- Аскарй. Ас-синоатайн.Л. 1-2. ал- Кошира, 1952.

2. Ашмад Амин. Зуша-ал-ислом. Л.1-3. Байрут, 197б.

3. Балозур':і, Ашмад ибни Яшё. Ансоб-ул-ашроф. Байрут 1978, 44бс.

4. Зошидов Н. Насри арабизабони адабиёти форсу тошик дар асршои VII-IX. Хушанд: Нури маърифат, 2004.-402 с.

5. Ибни Халикон. Вафаёт-ул-аъён ва анбоу абнои-з-замон.4.1-8. Бо ташкики Эшсон Аббос. Байрут, 1994.

6. Истахрй, Абÿисшок Иброшим. Мамолик ва масолик. Таршумаи Мушаммад ибни Саъд ибни Абдуллош Тастиріі. Тешрон, 1373.

7. Масъудй, Алй ибни Х,усайн. Муруш-уз-зашаб ва маодин-ул шавошир. Л.1-2. Миср, 1987.

8. Надим, Мушаммад ибни Исшок. ал- Фешрист, Тешрон, 1381. 751с.

9. Сафват, Ашмад Заю. Ламшарату расоили-л-араб. Л.1-2. Кошира, 1937-7б5с.

10. Умар, Фаррух. Таърихи адабиёти араб. Л. 1-3. Бейрут, 1980.

11. Фахур'ї.', йанно. Таърихи адабиёти забони арабй. Тешрон, 1995.

12. Лашшиёр:!, Мушаммад ибни Абдус. ал-Вузаро ва-л-куттоб. Таршумаи Абулфазли Таботабо':і. Тешрон, 1348-439с.

13. Лошиз, Амр ибни Башр. Ал- Баён ва- т- табйин. Л.1-4. Бейрут, 1993.

14. Эшсон Аббос. Абдулшамид ибн яшё ал-Котиб. Кошира, 1997. 333с.

ШОКИРОВ Дж.

ЖИЗНЬ И ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ АБДУЛХАМИДА КАТИБА

В статье показаны жизнь и деятельность величайшего арабоязычного таджикско-персидского писателя, основоположника жанра тарассул (составление писем) в арабской филологии, Абдулхамида Катиба. Автор раскрывает своеобразие жизненедеятельности и творческих способностей Абдулхамида Катиба.

SHOKIROV J.

LIFE AND ACTIVITY OF ABDULHAMID KA TIB

The given article reveals the life and activity of a great Arabic-Tajik-Persian writer, the founder and compiler of Arabic Abdulhamid Katib.

Besides of life and activity of Abdulhamid Katib the author tries to show his creative ability.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.