Научная статья на тему 'ЗАРОЖДЕНИЕ ПЕРИОДИЧЕСКОЙ ПЕЧАТИ В ЮЖНОМ РЕГИОНЕ ТАДЖИКИСТАНА В НАЧАЛЕ 30-Х ГОДОВ ХХ ВЕКА'

ЗАРОЖДЕНИЕ ПЕРИОДИЧЕСКОЙ ПЕЧАТИ В ЮЖНОМ РЕГИОНЕ ТАДЖИКИСТАНА В НАЧАЛЕ 30-Х ГОДОВ ХХ ВЕКА Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
125
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ДОРЕВОЛЮЦИОННАЯ ПЕЧАТЬ / "УДАРНИК ВАХШСТРОЯ" / ИСТОРИЯ ЗАРОЖДЕНИЯ РЕГИОНАЛЬНЫХ СМИ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Маьмурзода Носирджон

В статье анализируется несколько материалов русскоязычной печати конца XIX и начала ХХ веков о социальной и экономической жизни в южных регионах Таджикистана. Проведён анализ предпосылок возникновения и становления периодической печати в районах и городах Хатлонской области в начале 30-х годов прошлого века. Автор, ссылаясь на опубликованные ранее материалы, размышляет о вкладе провинциальных газет в развитие общества в начале ХХ века.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

EMERGENCE OF THE PERIODICAL PRESS IN THE SOUTHERN REGION OF TAJIKISTAN IN THE EARLY 30-IES OF XX CENTURY

This article examines some of the Russian-language press of the late 19th and early 20th century, about social and economic life in the southern regions of Tajikistan. The analysis and establishment of conditions conducive to the periodical press in the regions and cities of the province in the early 30-ies of the last century. The author referring to published material reflects on the contribution of provincyal′nyh newspapers in the development of society in the early 20th century.

Текст научной работы на тему «ЗАРОЖДЕНИЕ ПЕРИОДИЧЕСКОЙ ПЕЧАТИ В ЮЖНОМ РЕГИОНЕ ТАДЖИКИСТАНА В НАЧАЛЕ 30-Х ГОДОВ ХХ ВЕКА»

МЕСТО АНАЛИТИЧЕСКИХ И ХУДОЖЕСТВЕННО - ПУБЛИЦИСТИЧЕСКИХ ЖАНРОВ

В ТВОРЧЕСТВЕ О. ЛАТИФИ

Автором статьи анализируется место аналитических и художественно - публицистических жанров в творчестве Отахона Латифи, а также отмечается его мастерство в использования публицистических жанров.

Ключевые слова: Отахон Латифи, очерк, репортаж, стиль, анализ.

THE PLACE ANALYTICAL AND IS ART - PUBLICISTIC GENRES IN O. LATIFI'S

CREATIVITY

The author in this article analyzes a place analytical and is art - publicistic genres in Otakhon Latifi's creativity. Besides, the author of article showed O. Latifi's skill in uses of publicistic genres.

Keywords: Otakhon Latifi, sketch, reporting, steel, analysis.

Сведения об авторе: Бобомуродова Гулноза, аспирант Таджикского национального университета, e-mail: krasotka-g@mail.ru

About author: Bobomurodova Gulnoza, post-graduate student of the Tajik National University

ТАХДВВУЛИ МАТБУОТИ ДАВРИИ ^АНУБИ ТО^ИКИСТОН ДАР ОГОЗИ

СОЛ^ОИ 30-ЮМИ АСРИ XX

Маъмурзода Н.

Донишгоуи давлатии К^ургонтеппа ба номи Носири Хусрав

Дар мукоиса бо минтакахои дигари Точикистон матбуоти даврй дар каламрави имрузаи вилояти Хатлон дертар, дар огози солхои сиюми асри гузашта зухур кардааст. Масалан, агар дар Хучанд хануз дар соли 1909 мачаллаи сотсиал-демократии «Красное солнышко» (дар бораи ин мачалла профессор И.К. Усмонов дар шумораи рузи 22 марти соли 1979-и рузномаи «Точикистони советй» маълумоти муфассал додааст) ва дар Каротегин (имруза нохияи Рашт) соли 1923 рузномаи «Красный Каратегин» интишор шудааст, дар Кургонтеппа танхо бахори соли 1931 шумораи нахустини «Сохтмони зарбдори Вахш» - нашрияи кумитаи ичроияи Х,изби коммунист дар сохтмони Вахш, аз чоп баромад. Бояд зикр кард, ки сарчашмахои таърихй нишон медиханд, ки агар дар Хатлон то солхои 30-юми асри гузашта матбуоти даврй арзи хастй накарда буд, перомуни хаёти фархангй, иктисодиёт ва захирахои табиии водихои Вахшу Кулоб дар матбуоти русзабони тоинкилобй матолибе дар колаби жанрхое монанд ба очерку сафарнома ба табъ расидаанд.

Бо хадафи омухтани набототу хайвонот, сарватхои зеризаминй, таъриху анъанахои миллии ин сарзамин бисёр сайёхону хаётшиносон, олимони набототшиносу муаррихон аз кабили В.Г. Липский, М.А. Варигин, Д.Н. Логофет, А. Борис, Г. Вамбери ва дигарон пайихам ба тамоми нохияхои Бухорои Шаркй дар охири солхои 1800-ум сафар карда, аз чониби онхо экспедитсияхои эчодй гузаронида шудаанд. Муаллифони рус ба тахкику омузиши таърихи Хатлонзамин марок зохир намуда, маколахои худро дар рузномахои илмию маъмурии хукумати подшохии рус «Туркестанские ведомости», «Известия топографического общества», «Исторический вестник» ва «Военные сборники» ба табъ расониданд [5, с. 202].

Ин аз як тараф хонандагони русро бо хаёту фарханги точикон шинос намояд, аз тарафи дигар таконе барои зиёиёни точик дар икдоми таъсиси матбуоти миллй гардид.

Н.А. Маев шояд аз нахустин мухаккикони русест, ки дар замони кабл аз инкилоби Октябр ба пажухиши мавкеи чугрофй ва фархангу тамаддуни мардуми Хатлон пардохта, маколаеро дар бораи сафари худ ба сарзамини Кулоб соли 1875 дар рузномаи «Туркестанские ведомости» ба чоп расонидааст. Н. А. Маев аз натоичи тадкикоташ дар Хатлон соли 1876 асаре бо номи «Очерки хонигарии Бухоро, сарзамини Х,исор, Кулоб ва сохилхои Амударё»-ро низ тахия ва нашр кардааст, ки дар он хавлу холи кишвари Бухорои Шаркиро аз нуктаи назари таърихй арзёбй намудааст [2, с. 21].

Матбуоти болшевикии русзабон, аз чумла нашрияхои легалй (конунй)-и «Туркестанские ведомости», «Русский Туркестан», мачаллаи «Военный сборник» (дар каламрави Осиёи Марказй дар замони то инкилоби октябри соли 1917 нашрияхои

гайриконунй низ мавчуд буданд, аз кабили «Рабочий», чопи Тошканд, «Солдатский листок «Правда»», «Солдат»), харчанд бештар ба таблиги рисолати таърихии пролетариат, даъвати пайвастани мардумони бумй ба коршикании оммавии коргарони рус, ташвики накш ва ахамияти иштироки мехнаткашон дар таъсиси хизби кавии болшевикй машгул буданд [3, с. 110], аммо хамзамон дар сахифахои худ борхо аз вазъи сиёсию иктисодй ва ичтимоии водихои Кулобу Вахш маълумотхо нашр кардаанд.

Дамчунин дар солхои 1877-1917 муаррихону публитсистони дигари рус Н.А. Покотило (хисоботи «Отчет о поездке в пределы Центральной и Восточной Бухары в 1886 году», соли 1888), Матвеев (нигориши «Поездка по Бухарским и афганским владениям в феврале 1877 года»), Н. Февралев (маколаи «Правобережная полоса Пянджа и Аму-Дарьи от Калаи Вандж до Керки», соли 1895, дар мачаллаи «Военный сборник»), А.А. Бобринский, А.А. Семёнов (маколаи «По границам Бухары и Афганистана», соли 1902), Д.Н. Логофет (маколахои «О торговых путях», соли 1870, дар шумораи 3-юми «Туркестанские ведомости», «Ахолии бекигарии Кулоб», соли 1905, дар шумораи №11-и хамон нашрия ва «Промышленность в Восточной Бухаре», соли 1905, дар шумораи 139-и хдмон нашрия), И.И. Гейер, А.В. Нечаев, , Ю.И. Пословский, А.А. Шишов, А. Толкин («Очерки мухтасари хонигарии Бухоро»), М.А. Варигин («Тачрибаи тасвири бекигарии Кулоб»), Н.А. Зарудний, П. Гаевский («Бекигарии ^ургонтеппа») ва дигарон рочеъ ба таърих, хаёти сиёсию иктисодй, ичтимоию фархангии Хатлон дар сахифахои матбуоти русзабон матолиби мукаммалу пурарзише ба табъ расонида, хамчунин асархои илмию таърихй ва публитсистй навиштаанд.

Азбаски то дахаи аввали солхои 1900-ум дар каламрави имрузаи Точикистон рузномаю мачаллахо арзи вучуд надоштанд, нахустин маколахо дар бораи хаёти иктисодию сиёсй ва тичоратию мадании Хатлонзамин дар матбуоти русизабони он давра чоп гардида, дар он кушише барои тасвири шугли мардуми ин диёр, робитахои тичоратй, сохти идораи давлатй, хунархои дастии сокинон ва мавкеи чугрофии минтака ба харч дода мешуд. Масалан, М. Варигин дар асари худ «Тачрибаи тасвири бекигарии Кулоб» чунин менависад: «...бегуфтугу, дар замонхои гузашта барои чахони Шарк ин гушаи фаромушшудаи дунё (бекигарии Кулоб дар назар аст - Н.М.) накши намоёни алокаи фархангй ва иктисодй мебозид. Вилояте, ки дар байни ду дарёи бузург - Вахш ва Панч вокеъ аст, Хутал ном дошта, аз чахор тараф бо дарёчахои шуху обшор ихота шудааст».

Ч,ойи дигар мухаккик Логофет Д. Н. дар маколааш «Кулябское бекство и его поселение» дар шумораи раками 11-и рузномаи «Туркестанские ведомости» (соли 1905) аз бекхо ва босмачихо интикод карда, мегуяд, ки онхо натанхо истисмори коргарону дехконони русро ба хадди интихо расонида, хочагии халкро хароб карданд, балки гуломгардонй ва талаву торочи халкхои гушаву канорхои Бухорои Шаркй, аз чумла мехнаткашони Хатлонзаминро багоят пурзур намуданд. Дар натича, сохаи кишоварзии бе ин хам кафомонда ба бухрони иктисодй дучор омад. Масалан, соли 1915 назар ба соли 1911 аз Русия ба Бухоро овардани галла 54 фоиз, газвор 34 фисад, металл 31 дарсад, канд 11% кам шуд. Дар айни замон аз Бухоро ба Русия содироти пахта 46 фоиз, меваи хушк 68 фоиз ва пашм 221 фоиз афзуд [7, с. 185].

Д. Н. Логофет, ки сарханги артиши подшохии рус буд, дар чараёни саёхаташ ба Бухорои Шаркй як идда санадхоеро ба даст оварда, дар пайи ин сафараш соли 1905 маколаи «Ахолии бекигарии Кулоб»-ро навиштааст ва хабар додааст, ки дар водии Кулоб точикон ба чорводорй, зироаткорй, тичорат ва хунархои дастй сарукор доранд. Дамин муаллиф дар маколаи дигараш «Дар бораи роххои тичорат дар Осиёи Марказй» (дар шумораи №3-и «Туркестанские ведомости», соли 1870) дар бораи роххои инкишофи мубодилаи тичоратии Бухорои Шаркй ва Чину Диндустон, ки тавассути мавзеъхои водии Вахш, асо сан Сарой Камар (каламрави нохияи Панчи имруза) сурат мегирифт, маълумот додааст. Дар ин макола аз чумла зикр шудааст, ки «ин мавзеъ ба як шахри тараккикарда ва ба яке аз марказхои калони тичоратй мубаддал гаштааст, ки он ба Диндустон муносибати наздики тичоратй доштааст».

Дар ин миён шояд бо сабаби ба вукуъ пайвастани инкилоби таърихии октябри соли 1917, таъсиси Иттифоки чамохири Шуравии сотсиалистй, аз он чумла чумхурии худмухтори Точикистон ва пасон чумхурии Шуравии сотсиалистии Точикистон ва дигар масоили сиёсии замон, матбуот зиёд ба инъикоси руйдодхои хавзаи Хатлон мутаваччех намешуд.

Пас аз инкилоби Октябр (1917) дар Туркистону Бухоро ба ташкили матбуоти миллй ру оварданд, зеро анчумащои Дизби тозатаъсиси коммунистй ташкилотxои маxаллиро муваззаф карда буд, ки барои ташкили матбуоти xизбию шурой чораxои амалй андешанд. Бо судури ин карор то соли 1923 дар каламрави Туркистону Бухоро кариб 90 рузномаю мачалла руйи кор омад, аммо водщои Вахшу Кулоб xанyз xам соxибрyзнома нашуда буданд. Ба навиштаи муxаккикони таърихи матбуоти точик Иброxим Усмонов ва Давлат Давронов, xукумати Туркистон ба матбуоти нав тавлидшудаистодаи аxолии маxаллй аxамияти аввалиндарача медод, зеро xадафаш ин буд, ки тавассути корxои таблиFOтй он бояд ба дили оммаи меxнаткашон роx ёфта, обру, таъсири x^6 ва Дукумати Шуравиро дар байни коргарон ва деxконон таъмин мекард. Дар назди матбуоти даврй он замон ду вазифаи умда гузошта шуда буд, ки яке чалб намудани аxолии таxчой ба сохтмони Шуравй ва дигаре аз байни халки маxаллй тайёр кардани кормандони ва шурой буд [6, с. 44].

Таъсис ёфтани нахустин рузномаи расмй бо забони точикй дар шаxри Душанбе, ки «Бедории точик» ном дошт, заминае барои пайдоиш ва рушди матбуоти даврй дар минтакаxои аз лщози иктисодй ва фарxангй то чое кафомондаи Точикистон, бахусус чануби кишвар гардид.

Моxxои февралу марти соли 1928 кумитаи xизби коммунист карор мекунад, ки сифату муxтавои матолиби рузнома беxтар карда шавад ва ба xаракати мухбирони коргару деxкон аз минтакаxои гуногуни Точикистон диккати махсус зоxир гардад. Дар назди ин нашрия бюрои матбуот ташкил дода шуда, ба он коммунистони маxаллй ба унвони мухбир чалб гардиданд ва шаxрвандони тамоми минтакаxои Точикистон ба «Бедории точик» обуна карда шуданд. Дар минтакаxои гногуни Точикистон, дар корхонаву муассисаxо, колхозxо ва xатто мактабxо гурyxxои мухбирй таъсис дода шуданд, то рузномаи «Точикистони сурх» («Бедории точик») xадди асари рyйдодxои каламрави кишварро барои хонандагонаш инъикос намояд. Ин нашрияи миллй мубориза бо босмачщо, мусоидат ба маxви бесаводй, ифтитоxи мактабxои нав, ташреxи максаду маром ва барномаxои кории Дукумати Шуравй, дар атрофи Артиши инкилобй муттаxид кардани кулли меxнаткашон, мубориза барои зиндагии шоистаю ташкили хочагиxои коллективй ва раxой аз сохти капиталистиро аз xадафxои аслии худ унвон мекард. Ба хотири пиёда кардани ин аxдоф идораи нашрияи «Точикистони сурх» то соли 1929 шумораи мухбирони коргарй ва деxкониашро аз тамоми Точикистон ба 500 нафар расонид.

Моxи апрели соли 1928 бо карори Шурои Кумитаи ичроияи марказии Ч,умxурии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон, ки чаласааш дар шаxри Кулоб баргузор шуда буд, бо таъкид ба «зарурати кабули алифбои нави забони точикй» алифбои нави лотинй кабул карда шуд. Дадафи амалдорони вакт аз кабули чунин карор махлутгардонии миллати точик бо русxо буд, аммо ин амр боиси аз осори адабию фарxангии аз садсолаxо бамеросмонда маxрум гардидани халки точик шуд, ки то ин вакт хати арабиасос дошт. Ба комиссариати маориф лозим омад, ки оид ба омухтан ва татбик намудани алифбои лотинй курси такмили ихтисоси муаллимон ташкил намояд. Биноан, як гурyx фаъолони ин маъракаи сиёсй - Насрулло Абдуллоев (аввалин муxаррири рузномаи «Сохтмони зарбдори Вахш»), Сотим УлуFЗOда (мухбири фахрии рузномаи вилоятии «Роxи ленинй»), Aбдураxмон Бухоризода, Ваxxоб Шамсиев, Воxид Бобозода, Рауф Рофиев, Обид Чдлоловро бо роxхат ба Москваю Ленинград фиристод.

Солxои аввали 30-юм Кумитаи марказии Дизби коммунистй (болшевикй)-и Точикистон бо xадафи рушд додан ва беxтару хубтар ба роx мондани матбуот ва xаракати мухбирони коргару деxкон, xамчунин таъсиси нашрияxои даврй дар xар яке аз ноxияxои Точикистон як катор карорxо кабул намуд, аз он чумла:

- Карор «Дар бораи аз нав ташкил кардани шабакаи газетаxо бинобар барxам дода шудани округxо», аз 11 августи соли 1930;

- Карор «Дар бораи кори партиявй-оммавй дар xудуди фаъолияти МТС^о», аз 16 октябри соли 1930;

- Карор «Дар бораи кадрxои коркунони газета», аз 11 ноябри соли 1930;

- Карор «Дар бораи кори газетаxои райощои кишлокй ва матбуоти поёнй», аз 18 январи соли 1931;

- Карор «Дар бораи беxтар намудани газетаxои районй», аз 21 апрели соли 1931;

- ^аpоp «Даp боpаи pyзномахои «Сохтмони заpбдоpи Вахш» (Удаpник «Bахшстpоя») ва кумитаи хизбии pайони K|ypFOнтеппа», аз 23 октябpи соли 1931;

- ^аpоp «Даp боpаи чоpахои ташкили газетахои pайонй», аз 7 апpели соли 1932;

- ^аpоp «Даp боpаи накшаи нашpи pyзномахо ва мачаллахо баpои соли 1935», аз 1 ноябpи соли 1934.

Дадафи аслии КМ ДК Точикистон аз тахия ва тасвиби ин каpоpхо таъсис додан, кавй каpдан ва васеъ намудани шабакаи pyзномахои нохиявй даp чyмхypй аpзёбй мешуд [1, с. 47].

Бо сyдypи ин каpоpхо то соли 1933 даp музофотхои Точикистон 21 pyзномаи нохиявй ба вучуд омад, ки теъдоди умумии нашpи онхо ба 28 хазоpy 200 адади он замон pекоpдй меpасид. Рузномахои нохивй асосан ба масъалахои баланд баpдоштани маданияти коpмандон, коллективонидани хочагии дехот, хамчун синф махв намудани кулакхо, мусоидат каpдан ба сохтмони чомеаи сотсиалистй ахамияти бештаp медоданд.

Даp баpобаpи таъсиси pyзномахои точикй-pyсии «Сохтмони заpбдоpи Вахш» («Удаpник Bахшстpоя») даp соли 1931, даp каламpави шахpy навохии чанубии Точикистон солхои 30-юми асpи гузашта хамчунин нашpияхои зеpин ба майдони матбуот воpид шуданд:

«Колхозчй», баъдан «Бо pохи коммунизм», «Пахтакоp» ва холо «Даёти нав»-и нохияи Панч (1932), «Дакикати куло6» (1933), «Байpаки Сталин», имpyза «Хypосон»-и нохияи Хypосон (1933), «Дакикати Ч,иликул»-и нохияи Ч,иликул (1933), «Болшевики KJpFOнтеппа», «Стахановчии Ёвон», имpyза «Субхи Ёвон» (1934), «Myбоpиза баpои пахта», имpyза «Бахоpистон»-и нохияи Aбдypахмони Ч,омй (1934), «Пахта учун», баъдтаp «Майдони пахта» ва холо «Hавиди Балх»-и нохияи Чдлолиддини Румй (1935), «Байpаки сypх», имpyза «Истиклол»-и нохияи Темypмалик (1935), «Дакикати Ховалинг»-и нохияи Ховалинг (1935), «Симои ДанFаpа»-и нохияи ДанFаpа (1935), «Гулистон»-и нохияи Фаpхоp (1935), «Hасими Теpай»-и нохияи Шypообод (1936), «Коммунисти Балчувон», хозиpа «Hавиди Балчувон» (1936), «Субхи мехнат»-и нохияи Муъминобод (1937), «Пахтакоp», хозиpа «Hавиди дустй»-и нохияи ^yмсангиp (1938).

Рузномахои нохиявй асосан ба неpyи мyхбиpони дехотй такя каpда, бо ташкили махфилу чамъомадхо ба мyхбиpони чамоавиашон махоpати нигоpандагй ва вижагихои коpи хабаpнигоpиpо меомузониданд.

Тавpе ки даp болотаp зикp намудем, даp солхои 30-юм хукумати вакт натанхо ба масъалаи таъсиси pyзномахои нохиявй диккати аввалиндаpача медод, балки сyпоpиш дода шуда буд, ки газетахои сатхи чyмхypиявй низ бояд шyмоpаи мyхбиpони коpгаpy дехконашонpо аз хисоби сокинони музофотхои кишваp афзоиш диханд. Ин буд, ки даp ибтидои панчсолаи дуюм шyмоpаи онхо даp 8 pyзномаи умумимиллй аз маpзи 1250 нафаp yбyp каpд ва ин мyхбиpон такягохи асосии матбуоти давpии чyмхypй ба хисоб меpафтанд.

Myхбиpони коpгаpy дехкон, ки аз водихои Вахшу Кулоб ба pyзномахои чyмхypиявии «Точикистони Сypх», «Коммунист Таджикистана» ва «^изил Тожикистон» хабаpy маколахо менавиштанд, даp таpFиби комёбихои пахтакоpон ва дастоваpдхои дигаpи кишоваpзонy хукуматхои махаллй фаъол буданд. Масалан, мyхбиp В. Aстафйева даp pyзномаи pyсизабони «Коммунист Тажикистана» соли 1935 зеpи саpлавхаи «Дамpобибй Обилова даp як pyз 145 кг пахта мечинад» хабаpеpо нашp каpд, ки даp он аз тачpибаи пешкадами зане аз колхози ба номи Рахимбоеви нохияи Куйбишев (хозиpа нохияи ба номи Aбдypахмони Ч,омй) кисса мешуд. Ин хабаpи хypд даp чомеаи Точикистон вокуниши зиёдеpо ба боp оваpд ва Кумитаи маpказии Дизби коммунистй (болшевикй)-и Точикистон бо тасвиби каpоpе даp мохи октябpин соли 1935 ба тамоми pyзномахои умумимиллй ва нохиявии кишваp дастyp дод, то «аз тачpибаи тании Дамpобибй Обилова ба хонандагони худ кисса намуда, бо хамин хаpакати стахановчиён дастгиpй каpда шавад» [6, сю 11].

Бо гузашти pасо дах сол аз замони кабули каpоp даp боpаи гузаштан ба алифбои лотинй даp Точикистони Шypавй, Шypои Комиссаpони Халкй ва Кумитаи ичpоияи маpказй каpоpи наве даp боpаи омузиши хатмии забони pyсиpо ба тасвиб pасонид. Ин каpоp 15 апpели соли 1938 имзо шуд. Даp ин хуччат гуфта мешуд, ки точикон забони мyошиpати байни халкхоpо омухта, даp оянда метавонанд бо тамоми дастоваpдхои илмию иктисодй ва мадании чyмхypихои баpодаp, бо ганчинаи бойи адабиёту санъати pyсy чахон ошно гаpданд [5, с. 238]. Пас аз ду сол амpи наве аз хукумати маpказй содиp шуд, ки даp Точикистон мактабу маоpиф, фаъолияти маъмypию идоpй ва pyзномаю

мачаллахо бояд комилан ба хуруфи русй (кирилй) гузаранд. Дар шархи ин тасмим гуфта шуд, ки «гузариш ба хуруфи русй боиси пешрафи илму маданияти сотсиалистии чумхурй ва тахкими иртиботи маънавии точикон бо мардуми рус» хохад шуд. Аммо дар холе ки на хама кишвархои собик Шуравй ба кабули хуруфи кирилй розй шуданд (масалан, Гурчистон, Арманистон), дар кишвари мо дар баробари мактабу маориф, хамчунин матбуоти даврии вилояти Хатлон ба истифода аз ин хат ру овард.

Матбуоти даврии точик, аз он чумла рузномахои нохиявие, ки дар каламрави имрузаи вилояти Хатлон дар солхои 30-юм чоп мешуданд, сахми боризе дар умури бунёдкорй, таргибу ташвики тарзи нави зиндагй, тахкими сохти давлатдорй, мусоидат ба ташвики фарханги хамзистии мардумони миллияту халкиятхои гуногун дошт.

Адабиёт:

1. Азимов А. Марзи сухан / А. Азимов. - Душанбе: Дониш, 2008. - 80 с.

2. Маев Н.А. Очерки хонигарии Бухоро, сарзамини Дисор, Кулоб ва сохилхои Амударё / Н.

А. Маев. - Санкт-Петербург, 1876.

3. Овсепян Р.В. Многонациональная печать большевиков. 1900-1917 гг. / Р.В. Овсепян. - М.,

1972. - 232 с.

4. Сб. документов: Т.1. - Душанбе, 1973. - 847 с.

5. Тоатов Д., Юлдошев Р. Хатлон дар масири таърих / Д. Тоатов, Р. Юлдошев. - Хучанд:

Ношир, 2006. - 360 с.

6. Усмонов И., Давронов Д. Таърихи матбуоти точик / И. Усмонов, Д. Давронов. - Душанбе:

Маориф, 1997. - 159 с.

7. Шариф Д. Таърихи Хатлон / Д. Шариф. - Кулоб: Сада, 1999. - 285 с.

ЗАРОЖДЕНИЕ ПЕРИОДИЧЕСКОЙ ПЕЧАТИ В ЮЖНОМ РЕГИОНЕ ТАДЖИКИСТАНА

В НАЧАЛЕ 30-Х ГОДОВ ХХ ВЕКА

В статье анализируется несколько материалов русскоязычной печати конца XIX и начала ХХ веков о социальной и экономической жизни в южных регионах Таджикистана. Проведён анализ предпосылок возникновения и становления периодической печати в районах и городах Хатлонской области в начале 30-х годов прошлого века. Автор, ссылаясь на опубликованные ранее материалы, размышляет о вкладе провинциальных газет в развитие общества в начале ХХ века.

Ключевые слова: дореволюционная печать, русскоязычная печать, «Ударник Вахшстроя», возникновение печати в Хатлонской области, история зарождения региональных СМИ.

EMERGENCE OF THE PERIODICAL PRESS IN THE SOUTHERN REGION OF TAJIKISTAN

IN THE EARLY 30-IES OF XX CENTURY

This article examines some of the Russian-language press of the late 19th and early 20th century, about social and economic life in the southern regions of Tajikistan. The analysis and establishment of conditions conducive to the periodical press in the regions and cities of the province in the early 30-ies of the last century. The author referring to published material reflects on the contribution of provincyal'nyh newspapers in the development of society in the early 20th century.

Keywords: Pre-revolutionary media, Russian-language press, "Drummer of Vakhsh building", history of regional mass-media.

Сведения об авторе: Маъмурзода Носирджон, соискатель кафедры журналистики Курган-Тюбинского государственного университета имени Н. Хусрава, е-mail: m.nosirjon@gmail.com

About author: Mamurzoda Nosirjon, researcher of the chair of Journalism, Kurgantube State University named after N. Khusrav

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.