Научная статья на тему 'View on the State of media of Khatlon province during the period of civil war in Tajikistan'

View on the State of media of Khatlon province during the period of civil war in Tajikistan Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
264
30
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МЕСТНАЯ ПРЕССА / ГРАЖДАНСКАЯ ВОЙНА / МИР И СТАБИЛЬНОСТЬ / ПРОБЛЕМЫ ПЕЧАТНЫХСМИ / РАЗВИТИЕ / БАРЬЕРЫ / КОНТЕНТ / LOCAL PRESS / CIVIL WAR / PEACE AND STABILITY / PRESS PROBLEMS / DEVELOPMENT / BARRIERS / CONTENT / МАТБУОТИ МАњАЛЛї / љАНГИ ШАњРВАНДї / СУЛњУ СУБОТ / МУШКИЛОТИ МАТБУОТ / РУШД / МОНЕАњО / ХУСУСИЯТИ МУНДАРИљАВї

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Маъмурзода М. Н.

В статье изложены некоторые результаты анализа ситуации и контекста публикаций печатных СМИ Хатлонской области в период гражданской войны 1992-1997 гг. Автор рассматривает проблемы периодических изданий, вопросы редакционной политики, особенности работы журналистов во время политического противостояния и миротворческого процесса 90-ых гг.В статье также сделан анализ содержания публикаций о гражданской войне, методах освещения темы войны и мира на страницах местной прессы.Автор определяя факторы, препятствовавших развитию периодических изданий южного региона Таджикистана в 1990-е годы, размышляет о вкладе местной прессы в установлении мира и стабильности в республике.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Взгляд на состояние СМИ Хатлонской области в период гражданской войны в Таджикистане

This article outlines some results of analysis of the situation and context of publications in Khatlon province of Tajikistan during the civil war of 1992-1997. Author discusses the problems of periodicals and other issues related to editorial policy and peculiarities of the work of journalists during the political confrontation of the 90s. The article also analyzes the content of publications about the civil war, methods of displaying the theme of war and peace in local press.The author also determines the factors that hindered the development of periodicals in Southern Tajikistan in 1990s, reflects on the role of local press in the establishment of peace and stability in the country.

Текст научной работы на тему «View on the State of media of Khatlon province during the period of civil war in Tajikistan»

i0.0U0.py3H0MArnr0PH

10.01.10.ЖУPНAЛИСTИКA

1G.G1.1G.JGURNALISIM

УДК 654.19 (575.3) Н.М.МAЪМУРЗОДA

ББК 76.2 (2 точик)

НИГОХЕ БA ВAЗЪИ BAO-И ВИЛОЯТИ ХAТЛОН ДAР СОЛХОИ ^НГИ ШAXРВAНДИИ ТО^ИКИСТОН

9 cентябpи cоли 1991 Точикистон cохдбиcтиклол гардид. Дар галхои 90-уми caдaи гyзaштa мapдyми Точикистон мушкилоти зиëдеpо пушти cap карда, дар набардхои хунин шахрвандони здеде ба халокат pacидaнд. Як кдоми шахру нохияхо, дехахо, корхонахо ба харобазор табдил ëфтaнд. Дар ин хама гирудорхо бештар водии Baxш xиcоpот бардошт.

Baзъияти cиëcй он aйëм дар хакикат мушкилу ташвишовар буд. Ч,анг хануз давом дошта, аз шахру нохдяхои шбик; вилояти Кургонтеппа беш аз 563 хазор одамон гуреза шуда, макони зисти доимии худро тарк карданд. Aз ин миëн 492000 нафар ба давлати иеломии Aфгониcтон фирорй гаштанд. Беш аз 33 хазор манзили истикоматй дар водии Baxш cyxтaю валангор шуда, ба бинои муаожахои таълимй, идорахои давлатй зарари чиддй pacид (3, 2G).

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон ва нохияхо зуд-зуд гирдихамоихо ба амал меомаданд. Myxолифин иcтеъфои рохбарони нохияхою вилоятро талаб мекарданд. Хар гох, бештар шабона, байни cилохбaдacтони мухолифин ва куввахои некиродаю некандеш задухурдхои шадид ба амал меомад ва аз харду чониб талафоти чонй чой дошт. Одамрабой ва куштори шахшятхои маъруф авч мегирифт. Ч,они журналистон хам дар хатар буд.

Журналист Ха^ан Юcyфи Файзбахш манзараи шахри Кургонтеппаро дар cолхои аввали чанги шахрвандй чунин тacвиp мекунад: «Шахр тадричан аз cокинон холй мешуд. Дар кучаю xиëбонхо танхо чангден мегаштанд. Mошинхои бадхайбати зиpехpyш бо нишонахои мaxcycи «Оллох», «ОMОН», «ОБОН» гyлдyppоcзaнон хар cy равуо мекарданд. Шабхои Кургонтеппа биcëp вахмангез буд. Хатто кормандони Paëcaти умури дохила caхapшaвии шабро бо ташвишу изтироб интизор мешуданд» (б, 29).

Ч,анги шахрвандй яке аз мархилахои душвори рушди жypнaлиcтикa дар замони Точикистони cохибиcтиклол ба шумор рафта, ин чанг ба фаъолият ва авзои BAО-и точик, бавижа pacонaхои вилояти Хатлон, низ таъшри амики манфй pacонид.

Он давраи нихоят хао^ ва мураккаб бaxycyc барои рузноманигорони давр имтихони чиддие буд. My^rew Aбдypaхмонов, ки дар аввали шлхои 90-ум capдaбиpи нашрияи вилоятии "Навиди Baxm" буд, ба ëд меорад: "Баъзе хамкорон рузхои аввал cиëхy caфедpо фарк накарда, бехабар аз аши вокеа маводхое ба чоп омода менамуданд, ки дар cypa™ нашри онхо вазъияти чомеа боз хам муташаннич мегардид. Myaллифони беруна хам чунин маводхо оварда, бо жрор талаб мекарданд, ки он хатман дар газета чоп шавад. Дар cypaти рад кардан замони демократия ва ошкоpбaëниpо бахона оварда, хайати эчодиро муттахам намуданй мешуданд. Журналистон дар байни обу оташ монда буданд. Хеч кac, хатто макомоти болой имкони дacтгиpии ахли эчодро надошт. Дар мaчлиcи редакшя ба кароре омаданд, ки хамагон вокеахоро xолиcонa, бе тарафгирии ин ë он гурух инъикоc намоянд, ба махалгарой, миллатчигй, игвоангезй харгиз рох надиханд, бо маводхои ба чоп омодакарда ба муътадил гардонидани вазъи чомеа мycоидaт намоянд" (1, 52).

Aммо аввалин шумхабар ба хайати эчодии рузномаи вилоятй ибтидои мохи июли cоли 1992 раодд. Maълyм шуд, ки рузи 1 июл габик; чонишини мухаррир Турабой Крбиловро, ки он замон мухаррири рузномаи "Байраки дустй"-и нохдяи Коммyниcтй (хозира Бохтар) буд, cилохбaдacтон дар хаммоми cовxози «Туркманистон» зиндонй карданд ва баъд якбора беному нишон гайб зад...

16 ноябри шли 1992 дар шахри Хучанд Ичлошяи таърихии XVI Шурои Олии Tочикиcтон барпо шуд, ки карору конунхои кабулкардаи он иcтиклолияти кишварро амалй гардонида, дар capзaмини точикон cyлхy амният, назму cyботи чомеа, capчaмъии миллат ва вахдати миллй таъмин гашт.

Хабарнигорони нашрияхои "Хакикати Ленинобод", "Хакикати Хатлон", TB "Ленинобод" кушиш мекарданд, ки раванди ин ичлошяи тaкдиpcозpо пурра ва бидуни тахриф инъикоc намоянд. Дар хар шумораи "Хакикати Ленинобод" карору caнaдхои хукукии дар ичлоcия кабулшуда, андешаву пешниходоти вакилони мардумй ва дигар иштирокчтен дар шакли гузоришу мycохибa ба

чоп мерасид. Дар садифаи якуми рузномаи "Х,акикати Ленинобод" рузи 16 ноябри соли 1992 байти зерин чой дода шуда буд:

Зщй, кабутари сафеди ошти, Ки дил барад суруди цонфизои у!

Дар дамон шумора ду шеър дам чоп шуда буд, бо номдои "Моро кй мерадонад?" ва "Ватанро дар амон монед!". Шеъри дувум, ки муаллифаш Назар Ашурзода буд, орзуи аксари мардуми Точикистони азизро ифода мекард:

Ватанро дар наноси одамони мехрубон монед, Заминро бе садои тиру бе шуру фигон монед. Камонро пора бинмоеду андар кура сузонед, Хаёти одамонро, одамон, андар амон монед! (3, 22).

Х,айати эчодии рузномаи "Х,акикати Ленинобод" ва дигар рузноманигороне, ки аз вилояти Хатлону маркази чумдурй ба Ичлосия рафта буданд, дар вокеаву ладзадои чараёни чаласадои Ичлосияи XVI, фикру мулодизоти вакилони мардумиро дуруст, шаффоф ва дадафмандона нашр мекарданд. Добили зикр аст, ки рузномаи «Х,акикати Ленинобод» дар чараёни ичлосия аз дама фаъол ба назар мерасид. Хабарнигорони парлумонии ин нашрия дар як рузи ичлосияро вокеъбинона инъикос мекарданд.

Аз чараёни Ичлосияи XVI хабарнигорони ожонсидои "Франс-пресс"-и Фаронса, ДПА-и Канада, «Рейтер», «Интерфакс», телевизиони "ОРТ" (Москва), Агентии телеграфи Иттидоди Шуравй (ТАСС), ИРНА-пресс, телевизиони "Россия", аз расонадои Чумдурии исломии Эрон, рузномаи «Труд» ва намояндагони хабаргузоридои дигар дам матлаб омода карда, ба кишвардои худ ирсол медоштанд. Аммо вазъияти он замон имкон намедод, ки мудтавои тамоми хабару гузоришдои ВАО-и хоричй тадлилу баррасй шавад.

Журналист Боймурод Сайдалиев, ки родбари дафтари матбуотии Фронти халкии Точикистон дар солдои 1992-1993 буд, Ичлосияи 16-уми Шурои Олиро огози раванди сулдсозй номидааст: "Ман, ки сарвари радиои "Мавчи Вахш" будам, дамроди сардабири "Х,акикати Хатлон" - нашрияи Фронти халкии Точикистон, ба Ичлосияи 16-ум бо дасти холй нарафтем. Шумораи махсуси рузномаро омода намудем, ки дар он мурочиатдо, таклифу пешнидодоти сокинони вилоятдои собики К^ургонтеппаю Кулоб чой дода шуда, мазмуни дамаи ин арзу мурочиатдо кариб як хел буд: "Дар Точикистон сулду салод баркарор ва мардум бо озукаворй таъмин карда шавад". Азбаски сохтордои давлатй пурра фалач гардида буд, мардум дар ладзадои зарурй намедонистанд, ки ба кучо мурочиат кунанд. Мо беш аз 300 ариза, баркия, номадои доди шадрвандонро ба забондои точикй, русй, узбекй чамъ оварда, ба вакилони Ичлосияи 16-ум расондем" (3, 23).

Дар яке аз чунин мурочиатдои сокинони Хатлон, ки ба забони шеър ифода ёфтааст, чунин омада:

Эй бародар, эй падар, эй додари ширин зи цон, Бахри чирези ту хуни мардумони хамзабон?! Рафт бар авци фалащо хуни навхахои модарон, То нарези хуни нохац, даст каш! Аз силохат хар тараф шуд пур зи цисми мурдагон, Хонаю дар монда бесохиб, гурезон одамон, Бин ба чашми худ шумори беваю бечорагон, То нарези хуни нохац, даст каш! ...Вацти он аст, ащазар, аз васваси шайтон кунем, Вахдати миллат ба даст орему сулх осон кунем, Бас бародаркушию боз ахду хам паймон кунем, То нарези хуни нохац, даст каш! (7, 1)

Аввали солдои 90-ум вазъи сиёсию иктисодии Точикистон, бахусус шадру нодиядои чануби чумдурй, муташаннич гардида, талафоти зиёди чонй, рукуди иктисод, гурезагии мардумро дар пай дошт. Ин чанг ба фаъолият ва авзои ВАО-и точик дам таъсири амики манфй расонид. Террор, таддид ва зуроварй нисбати журналистон, ба род мондани сензура, маддудсозии дастрасй ба иттилоот аз чумлаи мушкилоти аслй буданд. Тандо дар 5 соли вукуи чанги шадрвандй (1992-1997) дар Точикистон беш аз 70 журналист кушта ё беному нишон шуданд. Дар миёни ондо журналистони варзидае, чун Пиримкул Сатторй, Шарифамод Кишварова, Олимчон Ёрасенов, Турачон Крбилов, Шарофиддин Крсимов, Эмилия Подобед, Зикрулло Валиев, Саидчалол Фахриддинов, Зудуриддин Суярй, Абдухолик Содиков, Чунайдулло Халифаев, Искандар Каримов, Х,омидчон Х,акимов ва дигарон низ буданд, ки дар рузномаи вилоятй кор мекарданд.

Рохбари давлат Эмомалй Рахмон 8 сентябри соли 1996, вакте дар мавриди 5 соли истиклолияти давлатй сухан мекард, куштори журналистони саршиноси точик Мухиддин Олимпур, Давлаталй Рахмоналиев ва даххои дигарро чуброннопазир ва чойи онхоро дар чомеаи мо холй номид: «Ин шахсиятхо ва боз садхои дигар муборизони чоннисори истиклолияти Точикистону озодии точикистониён буданд» (4, 24).

Дар солхои чанги шахрвандй, сарфи назар аз бесарусомонихо, катлу хонасузихо, журналисти махаллй, аз он чумла занони эчодкор, рисолати касбии худро содикона ичро мекарданд. Мутаассифона, дар миёни 74 журналисте, ки тули 5 соли низоъхои хамватанй кушта ё нопадид шудаанд, мухбири фаъолу сохибкалами рузномаи вилоятии «Навиди Вахш» Шарифамох Кишвардухт низ буд. Сайидалй Бобохонов, собикадори матбуот ва хамкори Шарифамох дар бораи у чунин навиштааст: «Рузноманигори касбй буд у. Медонист аз чй боб, чй гуна нависад. Ва метавонист навиштан, хуб менавишт. Нишонрасу дилнишин менавишт. Солхои дароз бахши фархангии рузномаи вилоятии «Х,акикати ^ургонтеппа»-ро сарварй мекард у. Мекушид дар рохи болоравии маърифату маънавиёти мардум заррае хам бошад, сахм бигирад. Ва шогирдонро низ хидоят мекард ба ин рох. К^аламкаше буд хушсалика ва роху равиши хоси худро дошт дар чодаи эчод. Бо самимият менавишт лавхаро дар ситоиши модар, бо андешаю мулохиза менавишт дар боби одобу ахлоки чавонон, бо дарду алам менавишт очерку репортажро нисбати макоми зан дар чомеа, бо кахру газаб менавишт маколаи публитсистиро дар боби беадолатии замона...» (2, 183). «Рузноманигорй мубориза аст» - чунин буд шиори Шарифамох дар кору зиндагиаш ва дар ин рохи мубориза у чон нисор кард.

Чопи рузномахо дар айёми бехокимиятй ба он хад душвор буд, ки хатто органи расмии хукумати вилояти кургонтеппа - нашрияи "Навиди Вахш" - низ дар соли 1992 тайи чанд мох аз нашр бозмонда буд. 30 июни соли 1992, пас аз таваккуфи чандмоха рузномаи чамъиятию сиёсии "Навиди Вахш" тахти шиори "Ба чашми хирад чуст бояд чахон" дубора руйи чоп омад. Дар сармаколаи ин шумора хайати эчодй ба хонандагон мурочиат намудааст: "Инак, баъди чудоии тулонй мо боз бо хам вомехурем. Шояд шумо гумон карда бошед, ки рузноманигорон хам монанди кормандони баъзе ташкилотхо аз вокеахои мудхиши чанд рузи охир ба харос афтода, корро катъ карда бошанд? На, бо вучуди он, ки наклиёти шахрй кор намекард ва на хар кас чуръати ба куча баромадан дошт, хамкаламони мо хар руз ба идораи рузнома чамъ омада, машгули кори мукаррарии худ буданд. Вале, мутаассифона, мо имкони рузномабарорй надоштем, зеро дар анбори идораи алокаи вилоят чанд шумораи аз ин пеш баровардаамон мехобид - алокачиён онхоро ба шумо бурда расонида наметавонистанд, роххо баста буданд. Илова ба ин, аз вазъи ноороми вилоят истифода карда, баъзе нохалафон ба мошинхои почта хучум карда, онхоро кашида мегирифтанд, ронандахояшро лату куб мекарданд ва моликияти онхоро ба горат мебурданд. Табиист, ки дар чунин ахвол почта хизматашро ба чо оварда наметавонист.

Дируз рохбарияти иттиходияи истехсолию техникии алокаи вилоят дар сухбати телефонй нихоят кафолат дод, ки аз имруз сар карда, рузномахо ба хонандагон бурда супурда мешаванд. Ва мо чопи рузномаро баркарор кардем" (8, 1). Дар идома рузнома аз хонандахо даъват кардааст, ки дар ин рузхои ноороми хаёти вилоят бо нашрия хамкорй карда, нисбати вокеахое, ки дар чумхурият ва вилоят рух медиханд, фикру мулохизахои хешро баён созанд.

Соли 1992 кариб дар хар як шумораи "Навиди Вахш" матлаберо зери унвони "Ба овозахои дуруг бовар накунед" дучор омадан мумкин буд. Агар дар матлабе бардуруг будани хабари тирпарронй ва номуътадил гардонидани вазъият дар нохияи Кумсангир аз чониби ходимони кумитаи амнияти миллй "бухтону дуругпароканй" номида шуда бошад (9, 1), дар чойи дигар масъулони раёсати маорифи вилоят "аз чониби гурухи силохбадасте тирборон шудани 40 нафар омузгорон дар нохияи Вахш"-ро овозаи беасос хонда, гуфтанд, ки "ин гуна ходиса на дар ин нохия ва на дар дигар чо рух надодааст. Лек тазаккур бояд дод, ки бар асари вокеахои хунин 17 нафар омузгорон нохияи Вахш ба шаходат расида буданд (10, 2).

Бо истифода аз вазъи хассос, холати номуайянй ва тарсу вахми мардум, мавчуд набудани воситахои алтернативии ахбор, дастрасй надоштани ахолй ба манбаъхои боэътимоди хабарй ва бо максади безобитаву парешон кардани одамон, дар миёни онхо хабархои бардуруг, овозахо пахн карда мешуд. Кор ба чое расида буд, ки рузномаи вилоятии "Навиди Вахш" хатто овозаи баркосо дар миёни мардум пахншудаи "оби обанбори Норак кандааст, оби Вахш кандааст ва сел омада хамаро шуста мебарад"-ро дар сарсахифаи худ рад намудааст. Рузнома менависад, ки харчанд касе дакикан намедонист, ки сарчашмаи аслии ин "хабар" кист, мардум ба хакикати он бовар карда, ба тарки манзилу дехаашон азм намуданд, хатто беморонро аз дармонгоххо чавоб додаанд: "Яке хамсояашро хабар надода, фирор кардааст. Мошиндори дигар молу мулкашро ба чойи "бехавф" бурда, бахузур нигарони он нишастааст, ки чй тавр сел дигаронро мебурда бошад. Сеюмин дар рох аз назди дустон бо мошин башаст гузашта рафта, хатто хайрухуш накардааст ва охиран, шунидам,

ки кампираки бемореро руйи кат тандо партофта, "чон халос кардаанд"", навиштааст муаллифи матлаб И. Х,асанов (11, 1).

Дар матлаби дигари ин рузномаи вилоятй тадти номи "Ба овозадо бовар накунед" маркази матбуоти назди Кумичроияи вилояти Кургонтеппа аз ру ба бедбудй нидодани вазъи сиёсй хабар дода, навиштааст, ки "бо сарварии раиси иттифоки кинематографистони чумдурият Давлати Худоназар пас аз гуфтушуниди ду тарафи мукобил дар кумичроияи вилоят таъсис ёфтани Кумитаи эдёи сулд, ки ба он бевосита худаш сарварй мекунад, садои тирпарронй хомуш шуд. Аз дарду тараф гаравгонон озод карда мешаванд. Дируз кисми зиёди мадбусони дар колхози «Х,акикат» ва маркази нодияи Вахш нигоддошташаванда ба хонадояшон баргаштанд.

Лекин тазаккур бояд дод, ки бар асари баъзе дасисакоридо дар мадал одамон бесаранчом шуданд. Албатта, аъзоёни Кумитаи эдёи сулд ва ситоди муштараки муътадилгардонии вазъияти вилоят тамоми кордоро мебинанд, ки одамон ба хонадояшон баргардонида шаванд. Зеро дар ин даврони будрони иктисодй роди дигари начоти чомеа мавчуд нест" (8, 2).

Нашрия сарчашмаи ин "дасисакоридо"-ро, пеш аз дама, дар пахши хабари дуругини телевизиони Останкинои Маскав мебинад. Аз руйи иттилооти он, гуё бар асари задухурде, ки 27 июн дар нодияи Вахш ба амал омад, беш аз сад нафар кушта, одамони зиёде мачруд гардидаанд, ки ин дуруст нест. Дар асл 34 кас кушта, беш аз сад нафар ярадор шуданд.

Дар идомаи матни мурочиати маркази матбуотй омадааст: "Чанд руз инчониб аз радиостансияи нодияи Вахш, ки тамоми барномадои садову симои чумдурият ба воситаи он ба нодиядои вилояти мо ва Кулоб падн карда мешавад, дар дасти гуруди муковимат мебошад. Шахсони дар ончобуда беасос аз номи «Радиои мардумии вилояти Кургонтеппа» баромад карда, одамони нодиядои дигарро ба чанги бародаркушй даъват карданд. Ин боиси бесаранчомии мардум гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар ин маврид телевизиони мардумии чумдурият низ шояд бо сабаби дар даст надоштани далелдои муътамад баромаддои асоснок намекунад.

Маркази матбуоти вилоят ба маълумоти сокинони вилоят мерасонад, ки ба дар гуна хабардои дуругини радиостансиядои дигар бовар накунанд. Иттилооти расондашаванда ба чуз игвоандозию боз ба бародаркушй даъват намудан беш нест. Мувофики баъзе хабардои пахшгардидаи ин радиостансиядо, гуё хуни саддо сокинони нодияи Вахш рехта бошад. Ба ин гуна хабардои бардуруг набояд фирефта шуд. Маркази матбуот шумо, сокинони вилоятро, аз маълумотдои садеду дуруст огод ходад кард" (8, 1).

Бо огоз ёфтани чанги шадрвандй тираж ё теъдоди нашри расонадои чопии Точикистон бамаротиб кодиш ёфта, шумораи рузномадо низ якбора кам гардид. Агар дар соли 1992 тиражи умумии якдафъаинаи тамоми нашриядо як миллиону 294 дазор нусхаро ташкил медод, дар миёнадои соли 1993 ин нишондиданда то 459 дазор нусха кодиш ёфт. Тиражи солонаи мачалладо низ дар Точикистон даддо маротиба камтар шуда, аз 18,8 миллион нусха то 400 дазор адад поин рафт (5, 36).

Солдои 90-уми асри ХХ дар пасманзари музокироти чонибдои даргир бар сари далли мусолиматомези низоъ дар каламрави вилояти Хатлон як идда нашриядои чамъиятию хусусй ташкил ёфтанд. Дар он айёми нидоят дассоси зиндагй, вазъи мураккаби сиёсй нашриядои "Эъчози коргар" (октябри соли 1993, н. Восеъ, нашрияи ширкати хусусии "Самар", мударрираш С. Рачаб), "Элчи" (соли 1991, нашрияи Чдмъияти узбекзабондои вилояти Хатлон, мударрираш X,. Чураев), "Садои коргар" (1 сентябри соли 1993, шадри Кулоб, мударрираш А. Исломов), "Ч,оми Ч,ам" (с.1992, Кулоб, нашрияи созмони рушанфикрон "Ошкоро", мударрираш Б. Сафарй), "Суруш" (5 майи соли 1991, Кургонтеппа, ташаббускорон А. Рафиев ва А. Имомов) арзи дастй карданд. Вале дар бозори навташаккули матбуоти даврии мадал ин нашриядо, дарчанд даводорони худро пайдо карда буданд, бо сабабдои гуногун, асосан мушкилоти молиявй, аз фаъолият бозмонданд.

Вазъи нашриядои дукуматй низ дар солдои 90-уми асри ХХ хуб набуд. На дама эчодкорони дирфай ба кори редаксиядо дилгармй нишон медоданд, маош кофй набуд, когаз намерасид, чопхонадо аз кор бозмонда буданд. Х,атто нашрияи расмии дукумати вилояти Хатлон - "Хатлон" то поёни солдои 90-ум агар як шуморааш дар чопхонаи Колхозобод (имруза нодияи Ч,. Балхй) чоп мешуд, шумораи дигар дар Панчу Ёвону шадри Кулоб ба нашр мерасид. Дар соли баимзорасии Созишномаи умумии истикрори сулд ва ризоияти миллй (с. 1997) дамагй 14 шумораи рузномаи вилоятй ба табъ расидааст. Шералй Ядёев, сармударрири рузнома, дар солдои 1993-2004 дар бораи мушкилоти дайати эчодй дар солдои чанги шадрвандй дар яке аз мусодибадояш чунин ёдовар шудааст: "Ибтидои солдои 90-ум нашриядои вилоятй ва шадру нодиядо баъди андак фаъолияти пурсамар ба нокомидо ру ба ру омаданд. Дар дама чо захирадои когаз адо шуда, базаи полиграфй тамоман суст гардид, барои чопи нашриядо маблаг намерасид. Маоши кормандони нашриядо ночиз буд. Эчодкорон даваси кор кардан намекарданд. Нашриядо ба моднома ва годнома табдил

ёфтанд. Фазои иттилоотиро дар бисёр мавридхо телевизиону радио пурра мекарданд. «Хатлон»-ро баъзан дар матбааи кургонтеппа бароварда наметавонистем, мачбур мешудем ба матбаахои шахру нохияхо корафтода шавем. Бисёр шуморахои «Хатлон» дар матбаахои шахрхои Душанбе, Кулоб, нохияхои Муъминобод, Колхозобод, Кумсангир, Вахш аз чоп бароварда шуданд... Дар водии Вахш журналистон Боймурод Сайдалиев ва Искандар Турсунмуродов дар сафи пеши муборизон барои химояи Хукумати конститутсионй карор доштанд. Ба вазъияти мураккаб нигох накарда, онхо аз радиостансияи Гулистон пайваста баромад мекарданд ва мардуми дар тарсу харос афтодаро дилбардорй намуда, нисбати кихо хакку кихо нохак буданро хушдор медоданд. Чунин хушдорсозихо аз чониби аксари журналистон ва воситахои ахбори оммаи хам минтакаи Кулоб ва хам минтакаи Кургонтеппа, алалхусус телевизиони Кулоб ва нашрияи Ч,абхаи халкй - «Хакикати Хатлон» ба мушохида мерасид" (3, 28-29).

Харчанд дар солхои 90-ум рузномахои вилояти Хатлон ба хафтаномаю мохномаю гохрома табдил ёфта буданд, ин нашрияхо дар сулху оштии миллй ва тахкими вахдат сахми кобили мулохиза доштанд. "Созиш рохи ягона аст", "Бо хам муттахид бошем", "Вахдати миллат ба даст орем", "Вакт довари хакбин аст", "Одамон аз дустй ёбанд бахт", "Ба хотири сулху салох", "Барои амнияти вилоят хамаи чорахо хубанд", "Мо толиби сулхем" - тахти ин ва ба хамин монанд сарлавхахо нашрияи вилоятии "Навиди Вахш" дар соли 1992 беш аз 40 маводи даъваткунанда ба сулху созишро ба чоп расонида, мардум ва чонибхои даргирро ба бахшидани гунохи хамдигар, даст руйи даст гирифтану ободии кишвар ташвик кардааст:

"Дасти метрам суйи дасти ту дароз, Дасти меурат суйи дасти ман гузор. Хамзабон, мо чунки аз як модарем, Кинаю бегонаги аз дил барор ". (7, 2)

Матбуоти даврии он солхо саволхои зиёдеро, ки дар зехни сокинони водии Вахш гардиш мехурд, ба чоп мерасонд: "Чумхурии кучаки мо давраи мушкилтарини мавчудияташро аз сар гузаронида истодааст... Пас аз ахди Сомониён, бо гузашти кариб дах карн, давлати мустакили точикон эхё шуд. Оё он пойдор мемонад? Туфонхои аз хар су вазанда завраки умеди моро ба сохили номуродй намепартофта бошад? Фардои мо чй бошад, оё диёрамонро ба сарзамини ободи мардумонаш осудахол табдил дода метавониста бошем?". Табсираи бонуе бо номи Розия Ашрафй зери сарлавхаи "Пиндори ман. Илочи ворастан аз бухрон", ки 30 июни соли 1992 дар рузномаи вилоятии "Навиди Вахш" ба табъ расид, гуё посухе ба ин саволхо буд: "Чигунагии ояндаи ин давлати сохибихтиёри хукукбунёд дар дасти хар як шахрванди он аст. Бояд новобаста ба макому вазифа бо хисси баланди ифтихормандии миллй ба коматафрозии давлати точикон чидду чахд намоем. Аз хотир набарорем, ки хамаи мо иншокунандагони сахифахои нахустини таърихи давлати мустакили худ хастем ва кушиш бояд кард, то сахифахои аввали он харчи бехтару хубтар навишта шаванд" (8, 2).

Дар низоми ВАО-и Точикистон дар солхои 90-уми асри гузашта нашрияи русии "Новый Хатлон" хам чойгохи намоён дошт. Ин нашрия бо карори Шурои дупутатхои халки вилояти Хатлон дар соли 1993, замоне, ки чанги шахрвандй идома дошт, таъсис дода шуд. Шумораи якуми газета 13 феврали соли 1993 бо теъдоди 1500 нусха, дар формати А-3, дар хачми 4 сахифа руйи чоп омад. Хайати эчодиро мухаррир Олга Попова рохбарй мекард. Дар сахифаи якуми ин шумора тахти сарлавхаи "Ин рузномаи шумост" («Это ваша газета») мурочиати ахли эчоди нашрия ба хонандагонаш чой дода шуд, ки дар он аз чумла омадааст: «Новый Хатлон» на танхо нашрияи нави чопй бо хабару гузоришхо аз чараёни вокеаву руйдодхост, балки ин рамзи пирузии нерухои прогрессивй дар чумхурии азизи мост, куввахое, ки моро аз чахолатпарастии ифротгароёни динй начот доданд. Мутмаинан метавон гуфт, ки дар сурати ба сари хокимият омадани мухолифин тамоми суннатхо ва одатхо, хаёти мо комилан таксир мешуд. Аммо, хушбахтона, такдир ба мо озодй, демократия ва имкониятхои нави рушдро хадя кард. Аз он чумла хукуки интихоб ва мутолиаи дилхох нашрияро, бо он забоне, ки дил мехохад". Хайати эчодй хамзамон ба хонанда итминон медихад, ки тамоми кудрату тавонашро бо дарназардошти тагйироти мавкеи чумхурй ва вилоят дар масъалахои сиёсй, иктисодй ва ичтимой, барои мутобик будан ба рухи замон равона хохад кард (12, 1).

Соли 1993, дар айни идомаи чанги шахрвандй дар чумхурй, рузномаи «Новый Хатлон» дар бораи он навишта буд, ки чй тавр раиси Ч,абхаи халкии Точикистон Сангак Сафаров барои 70 нафар мухбирони ширкатхои телевизионй, радиой, ожонсихои иттилоотй ва рузномаю мачаллахои хоричй нишасти матбуотй ороста буд. ин хабарнигорони хоричй ба водии Вахш бо максади ба чашми худ дидани он чй ки мегузарад, мавзеъхои бар асари чанг харобгашта, сухбати ру ба ру бо

мардуми азияткашида омада буданд ва мехостанд, ки дакикатро аз дуруг чудо карда, то ба аудиторияи худ расонанд.

Солдои 90-уми асри гузашта «Новый Хатлон» мудаввом дар бораи тарки Точикистон намудани адолии русзабони кургонтеппа маколадо менавишт. Дар яке аз чунин матолиб, ки зери сарлавдаи «Ашк дар чашми ... адолии русзабон далка зад» чоп шуд, журналист дар бораи эчоди дар гуна монеа ба хоричравии русзабондо масъалагузорй карда, гуфтааст, ки ба ондое, ки берун аз каламрави кишвар мераванд, ичозат дода намешавад, ки бо худ маводи озука, телевизор, дигар чидози хона, датто китобдояшонро бигиранд. "Номаи Вазорати матбуот ва иттилоот, ки бинобар норасоии... когаз содироти китобдоро ба хоричи кишвар манъ мекунад, дайратовар ва датто хашмовар аст. Чй тавр Пушкинро ба макулатура супорем? Толстой, шояд Балзак ё Драйзерро дам? Агар дар чумдурй норасоии шадиди когаз эдсос мешавад, чаро дар ягон мавзеи адолинишин - на дар маркази маъмурии вилоят, на дар нодиядо - ягон нуктаи кабули макулатура кушода нашудааст?!"... Наход, ин одамон тамоми умр дар Точикистон кор карда, боз аз чизе карздор бокй мондаанд?") (13, 2), - бо ладни тунд танккид мекунад рузнома.

Бо вучуди ин, тадлилдо нишон медиданд, ки рузномаи "Новый Хатлон" на дамеша масъалаи дичрати адолии русзабонро ба таври салбй ва бо рудияи зиддимиллй бозтоб медод. Дар зери рубрикаи доимии «Хонанда-газета: робитаи доимй» рузнома дар бораи дичрати адолии русзабон, ки проблемаи чиддй барои Точикистон буд, менависад, зеро пеш аз дама, мутахассисони дирфай, чашмикордон ва тадсилдида тарки кишвар мекарданд ва иваз намудани чунин ихтисосмандон дар истедсолот кори осон набуд. Дар баробари ин, редаксия савол мегузорад: «Оё ондое, ки ба "ватани ачдодй"-ашон баргаштанд, худро чй гуна эдсос мекунанд?». Дар рузнома иктибосдое аз номадои Андрей Егоров (челонгар-сантехник, ки дамроди хонаводааш соли 1991 ба вилояти Волгогради Россия кучидааст), Валентина Зубкова (бознишастае, ки бо духтараш ба вилояти Уляновск дичрат кардааст), Сергей Козлов (аз кургонтеппа бо дамсар, модар ва чадор фарзандаш ба Воронеж куч бастааст) оварда шудааст, ки дар он муаллифон икрор мекунанд, ки "дар тарки Точикистони азиз саросема шудаанд".

Метавон гуфт, ки бо вучуди дануз идома доштани чанги шадрвандй ва аз байн нарафтани хатардои эдтимолй ба даёт ва саломатии журналистоне, ки он замон дар кургонтеппа кор мекарданд, газетаи «Новый Хатлон» аз дукуки озодии баён ва акида истифода мекард.

Бо гузашти солдо, бо тасвиби Созишномаи умумии истикрори сулд ва ризоияти миллй дар Точикистон, соли 1997, вазъи нашриядои мадаллй нисбатан бед шудан гирифт. Батадрич мушкили норасоии когаз, хатари бевосита ба амнияти журналистон, маддудсозии доираи амали хабарнигорон аз байн рафт. Сарфи назар аз мудочирати шумораи зиёди русзабондо ба хоричи кишвар, «Новый Хатлон» мавкеи худро дар низоми воситадои ахбори оммаи минтака аз даст надод ва дар доли дозир яке аз нашриядои пешкадам дар вилояти Хатлон мадсуб мегардад.

Мавзуи матолиби нашриядои вилоятии вилояти Хатлон аз инъикоси мушкилоти ичтимоии адолй, гурезагй, дичрати русзабондо ба хорича, харобидои чанги шадрвандй, хуручи беморидо ва хатари гуруснагй дар солдои 90-уми асри ХХ, тадричан тагйир ёфта, дар мардилаи пас аз имзои созишномаи умумии истикрори сулд ва ризояти миллй (27 июни соли 1997) масъаладои тадкими сулду субот, азнавбаркароршавии хочагии халк, бозгашти гурезадо, ташвики даёти осоишта, васфи корномаи фарзандони содики ватан, тачрибаи пешкадам, рушди таълиму тарбия аз мавзуъдои медварии матбуоти мадаллй буд.

Аз нигоди мо, матбуоти мадаллии Хатлон дар солдои чанги шадрвандии Точикистон бо вучуди дучори мушкилоти сахти молиявй, кадрй ва техникй будан, тавонист ба дастоварддои зерин ноил гардад:

- мардумро ба сулду салод, дамдигарфадмй ва дамдигарбахшй даъват намуд;

- овозадои вадмангезро саривакт рад карда, ба аудитория дакикати долро баён менамуд;

- хабару макола ва маводдои дигарашро ба оромию субот дар чомеа равона кард;

- ба минбари розу ниёз ва василаи мукотибаи мардуми чафодида ва гарибгардида табдил ёфт;

- дар ташаккули эдсоси боварй ба фардо ва хушбинии мардум ба оянда садм гузошт.

Х,амин тавр, агар солдои 1992-1997-ро давраи мушкил ва ру ба рукуди матбуоти мадаллии Точикистон номем, солдои 1997-2004-ро огози давраи эдёи матбуоти мадал ва аз соли 2005 ба ин суро мардилаи рушди босуботи матбуоти даврии вилояти Хатлон дисобидан мумкин аст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абдурадмонов, М. Дилам гум мезанад / М. Абдурадмонов // Чедраи Хатлон. - Душанбе: Русская

литература, 2013. - 562 с.

2. Бобохонов С. Кош мебудй ту имруз, эй дамкалами ба мурод нарасида... / С. Бобохонов // Чедраи Хатлон. - Душанбе: Русская литература, 2013. - 562 с.

3. Маъмурзода, Н. Аз чудой то ошной / Н. Маъмурзода. - Душанбе: Ирфон, 2017. - 338 с.

4. Рахмонов, Э. Точикистон: дах соли истиклолият, вахдати миллй ва бунёдкорй (чилди 2) / Э. Рахмонов. - Душанбе: Ирфон, 2001. - 512 с.

5. Султонов, М. Периодическая печать независимого Таджикистана / М. Султонов. - Душанбе: Деваштич, 2010. - 125 с.

6. Файзбахш. Кургонтеппа: сентябри хунин / Файзбахш. - Душанбе: Ирфон, 1995.

МАНБАЪ^О:

7. Навиди Вахш - 1992-07-31. - №89.

8. Навиди Вахш - 1992-06-30. - №79.

9. Навиди Вахш - 1992-06-17. - №76.

10. Навиди Вахш - 1992-09-01. - №98.

11. Навиди Вахш - 1992-06-19. - №77.

12. Новый Хатлон - 1993-02-13. - №1.

13. Новый Хатлон - 1993-08-31. - №34.

REFERENCES:

1. Abdurahmonov, M. My Heart Beats Fast / M. Abdurahmonov // The Face of Khatlon. - Dushanbe: Russian Literature, 2013. - 562 p.

2. Bobokhonov S. Oh if you Were Today, Hey my Unreachable Contemporaries. / S. Bobokhonov // The Face of Khatlon. - Dushanbe: Russian Literature, 2013. - 562 p.

3.Ma"murzoda, N. From Separation to Acquaintance / N. Ma'murzoda. - Dushanbe: Cognition, 2017. - 338 p.

4. Rahmonov, E. Tajikistan: ten Years of Independence, National Unity and Foundation (V.2) / E. Rahmonov. - Dushanbe: Cognition, 2001. - 512 p.

5. Sultonov, M. Quartile Press Referring to Independent Tajikistan / M. Sultonov. - Dushanbe: Devashtich, 2010. - 125 p.

6. Fayzbakhsh. Kurgan-Tube: Bloody September / Fayzbakhsh. - Dushanbe: Cognition, 1995.

The List of Sources:

7. New Vakhsh - 1992-07-31. - №89.

8. New Vakhsh - 1992-06-30. - №79.

9. New Vakhsh - 1992-06-17. - №76.

10. New Vakhsh - 1992-09-01. - №98.

11. New Vakhsh - 1992-06-19. - №77.

12. New Khatlon - 1993-02-13. - №1.

13. New Khatlon - 1993-08-31. - №34.

Ниго^е ба вазъи ЗАО-и вилояти Хатлон дар солхои цанги ша^рвандии Тоцикистон

Вожа^ои калиди: матбуоти мауалли, цанги шщрвандй, сулуу субот, мушкилоти матбуот,

рушд, монеауо, хусусияти мундарицави. Дар мацола натицауои таулили вазъ ва муутавои нашрияуои вилоятии Хатлон дар солхои цанги шщрвандии 1992-1997 дарц гардидааст. Муаллиф доир ба мушкилоти рузномауои даври, сиёсати редаксионии нашрияуо, махсусиятуои кории журналистон дар замони муцовиматуои сиёсй ибрози назар кардааст. Хамчунин дар мацола хусусиятуои мундарицавии нашрияуои замони цанги шаурванди, тарзу усулуои бозтоби мавзуи цанг ва сулуи тоцикон тауциц шудааст.

Муаллиф омилуои монеасоз ба рушди матбуоти даврии солуои 90-умро дар минтацаи цанубии Тоцикистон муайян намуда, доир ба сауми нашрияуо дар ташвиц ва барцарории сулуу субот мулоуизарони кардааст.

Взгляд на состояние СМИ Хатлонской области в период гражданской войны в Таджикистане

Ключевые слова: местная пресса, гражданская война, мир и стабильность, проблемы печатных СМИ, развитие, барьеры, контент. В статье изложены некоторые результаты анализа ситуации и контекста публикаций печатных СМИ Хатлонской области в период гражданской войны 1992-1997 гг. Автор

рассматривает проблемы периодических изданий, вопросы редакционной политики, особенности работы журналистов во время политического противостояния и миротворческого процесса 90-ых гг. В статье также сделан анализ содержания публикаций о гражданской войне, методах освещения темы войны и мира на страницах местной прессы.

Автор определяя факторы, препятствовавших развитию периодических изданий южного региона Таджикистана в 1990-е годы, размышляет о вкладе местной прессы в установлении мира и стабильности в республике.

View on The State of Media of Khatlon Province During the Period of Civil War in Tajikistan

Keywords: local press, civil war, peace and stability, press problems, development, barriers, content. This article outlines some results of analysis of the situation and context of publications in Khatlon province of Tajikistan during the civil war of1992-1997. Author discusses the problems of periodicals and other issues related to editorial policy and peculiarities of the work ofjournalists during the political confrontation of the 90s. The article also analyzes the content ofpublications about the civil war, methods of displaying the theme of war and peace in local press.

The author also determines the factors that hindered the development of periodicals in Southern Tajikistan in 1990s, reflects on the role of local press in the establishment ofpeace and stability in the country. Маълумот дар бораи муаллиф:

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Маъмурзода Носирцони Маъмур, унвонцуи кафедраи рузноманигории Донишгоуи давлатии Кургонтеппа ба номи Носири Хусрав (Чумуурии Тоцикистон, шаури кургонтеппа), E-mail: m. nosirjon@gmail. com Сведения об авторе:

Маъмурзода Носирджони Маъмур, соискатель кафедры журналистики Курган-Тюбинского государственного университета имени Носира Хусрава (Республика Таджикистан, г. Курган-Тюбе), E-mail: [email protected] Information about the author:

Ma'murzoda Nosirdzhon Ma'mur, claimant for cfndidate degkee of Journalism department, under Kurgan-Tube State University named after Nasir Khusrav (Tajikistan Republic, Kurgan-Tube), E-mail: m. nosirjon@gmail. com

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.