Научная статья на тему 'The role of press-service in the informational space of independent Tajikistan (the press-service of Sughd viloyat broadand telecasting informational Department being taken as an example)'

The role of press-service in the informational space of independent Tajikistan (the press-service of Sughd viloyat broadand telecasting informational Department being taken as an example) Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
259
154
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ФАЗОЙ ИТТИЛООТӣ / ХАДАМОТИ МАТБУОТӣ / ЖУРНАЛИСТИКА / ВАО / ИНФОРМАЦИОННОЕ ПРОСТРАНСТВО / ПРЕСС-СЛУЖБА / СМИ / INFORMATIONAL SPACE / PRESS-SERVICE / JOURNALISM / MM

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Джамолов Ильхом

Статья посвящена истории возникновения института пресс-службы в Согдийской области. На основе архивных материалов и материалов периодических изданий автор анализирует особенности становления и развития пресс-службы в Согдийской области с 1992 года. Особое внимание уделяется роли руководителя по связям с СМИ или пресс-секретаря в органах власти.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the history of Sughd viloyat press-service institute. Designing on the premise of archive materials and those ones of periodical editions the author analyzes the peculiarities of Sughd viloyat press-service formation and development since 1992, Special attention is paid to the role of a leader on the ties with MM or press-secretary in the bodies of power.

Текст научной работы на тему «The role of press-service in the informational space of independent Tajikistan (the press-service of Sughd viloyat broadand telecasting informational Department being taken as an example)»

С — = -. УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ 51 ~

И. Цамолов

НАКШИ ХАДАМОТИ МАТБУОТЙ ДАР ФАЗОЙ ИТТИЛООТИИТОНИКИСТОНИ СОХИБИСТИКЛОЛ (дар мисоли хадамоти матбуотии МИХД вилояти Сугд)

Вожатой калидй: фазой иттилоотй, хадамоти матбуотй, журналистика, BAO

Имруз ташкилоту муассисахои мухталиф чй давлатй ва чй хусусй, аз чумла макомоти ичроияи хокимияти давлатй бахшхои вижаро, ки фаъолияти онхо бо ин ё он васила ба хамкорй бо воситахои ахбори омма дахл дорад, таъсис додаанд. Дарозои тамоми мухлати фаъолияти чунин вохидхо мухаккикони хам журналистика ва хам иртибот бо чомеа (PR) кушиш ба харч медиханд, ки хусусияти фаъолият, хадафхои умдатарин ва вазифахои хадамоти матбуотиро муайян ва мушаххас намоянд.

Аммо то хануз дар масъалаи муайян кардани вазифа ва моделхои (амсилахои) ташкили чунин ниходхо муносибати якранг ба назар намерасад. Хдмзамон истилохи ягона, ки ин мафхумро возех намуда бошад, вучуд надорад. Аз ин р> чунин ниходхоро маъмулан ба чандин унвон, аз чумла маркази матбуот, хадамоти матбуот, шуъбаи кор бо BAO, шуъбаи иттилоот ватахдил, шуъбаи маркетинга расонай ва гайра ном мебаранд. Дар хамаи ин ниходхо хамеша нафароне фаъолият мебаранд, ки масъулияти хамкорй бо расонахои хабариро ба уада доранд ва аксаран онхо котиби матбуотй унвон мегиранд.

Вазифаи котиби матбуотй, аниктараш муттахассиси кор бо матбуот бори аввал дар соли 1829, вакте ки Президента ИМА Эндрю Ч^ексон ба дастгохи маъмурияти хеш Эмос Кендалл - мухаррир аз иёлати Кентуккиро ба кор кабул кард, пайдо шуд. Хдмин тарик, Эмос Кендалл аз аввалин котибони матбуотй ва аз нахустин гомбардорон дар ин касб буд. Олим ва мухаккики рус И. Алешина менависад: «Президент Эндрю Ч,ексон иртиботгари мумтоз набуд

ва барои тавсеаи i ояхои худ ба кумак ниёз дошт. Кендалл суханронй, паем, маколахои уро тасниф мекард, варакахои матбуотй ба нашр мерасонд ва пурсиши афкори оммаро анчом мед од...» (1,29)

Дар таърихи журналистикаи точик фаъолияти хадамоти матбуотй ва онхое. ки масъулияти кор бо расонахои хабариро ба ухда доранд, хануз мавриди пажухиш ва баррасии чиддй кдрор нагирифтааст. Аммо бархе аз мухаккикони махаллй ба ин акидаанд, ки намунахои ин кор хануз аз замонхои кадим, вакте чорчиён дар кучаву хиёбонхои шахрхои бузург, дар бозору назди масочиду мадрасахо ва умуман чойхое. ки мардуми зиёд чамъ мешуданд, аз фармону карорхои чадиди шохону амирон ба раъият иттилоъ мерасониданд, ба мушохида расидааст. Раият ба ин тарики расонидани иттилоъ аз чониби чорчиён одат шрифта, хар гохе ки зарби шайпуру накораи чорчиёнро мешуниданд, лаб фуру баста, «гуш ба кимор» мешуданд, то фармони чадиди амирон ва ё эълони навинро бифахманд. Ба ин тартиб зухури алохидаи унсурхои хадамоти матбуотии точикро метавон ба пайдоиши чорчиён алокаманд кард, аммо сабку шевахои расонидани иттилоъ ба омма ва ё гирифтани иртибот бо чомеа дар гунаи дигар сурат гирифтааст.

Мукарраран таъкид мекунем, ки бо гузашти айём ва рушди хеле назарраси муносибатхои чамъиятй то хол хам модели намунавии хадамоти матбуотй ва фехристи ягонаи вазифахои мушаххаси ин гуна ниход тахия нашудааст. Аммо чойи икрор аст, ки дар мехвари фаъолияти хадамоти матбуотй махз хамкорй бо воситахои ахбори омма макоми аввалро касб кардааст.

Бо вучуди он, ки дар каламрави собик Иттиходи Шуравй теъдоди зиёди хадамоти матбуотй ё шуьбахои робита бо чомеа ва BAO махз дар замони «бозсозии горбачевй» руи кор омаданд, аммо ин раванд дар каламрави Точикистони шуравй чандон намоён ба мушохида нарасид. Маркази матбуотй Комичроияи депутатхои халки вилояти Ленинобод дар солхои аввали ба даст овардани Истиклолияти Чумхурии Точикистон таъсис гардид, ки аз аввалин чунин сохторхо дар каламрави вилоят буд. Дар карори Раиси кумитаи ичроияи хокимия i и давлатии вилояти Ленинобод аз 27 апрели соли 1992, №71 «Дар бораи таъсис намудани вазифаи рохбари маркази матбуотй кумичроияи Шурой депутатхои халки вилоят» аз чумла омадаааст, ки карори мазкур бо максади бехтар намудани корхои ба маълумоти ахолй расонидани гадби рхо и ба тараккиёти минбаъдаи хочагии халк

ва бехтар гардонидани хифзи манфиатхои идтимоии ахолии вилоят равонашуда вазифаи рохбари маркази матбуотй кумичроияи вилоят таъсис карда шавад. Он замон ин вазифа аз хисоби ихтисори як нафар мутахассиси пешбари идораи мехнат ва шугли ахолии кумичроияи вилоят ташкил гардида буд (2,182). Аммо хамагй баъди панд мохи фаъолият маркази матбуот мохи октябри соли 1992 ба шуъбаи робита бо чомеа, ташкилотхои сиёсй ва динй табдил дода шу|^ ки ин нуктаро яке аз аввалин кормандони ин ниход журналист Fy(|ipoii Рустамов махсус зикр кардааст (6).

Дар байни коршиносон шарху баёни истилохи хадамоти матбуотй мухталиф сурат гирифтааст. Аммо ин нукта бештар ба назар мерасад, ки онро як коргохи иттилоотии махсус ном мебаранд. Хадамоти матбуотй аз кору фаъолияти ин ё он корхона, ин ё он гурух ва ин ё он сохтор ё макомоти давлатй ба домеа аз тарики расонахои хабарй навидхои худро пахн мекунад ва хамзамон иртиботи худро бо домеа ба рох мемонад.

Ин тафсир ва баён аз лихози мантик комилан дуруст буда, хадамоти матбуотй холо коргохи интишори иттилоотй гурухи махсус ба хисоб меравад, ки алокаи худро бо домеа гусастан намехохад ва накши он дар миёни расонахои хабарию фазой иттилоотй сол аз сол бештар тахким меёбад.

«Амалан хадамоти матбуотй танхо ба масъалаи ташаккули муносибат бо BAO давобгуй аст ва вазифахои он ба пахши мавод аз фаъолияти ширкат, макоми хокимияти давлатй ва ё ташкил от иртибот мегирад»,- чунин тавсифи хадамоти матбуотй ба калами мухаккикони сохаи журналистика A.B. Кочеткова ва А. С. Тарасов тааллук дорад (4,5, 33).

Дар миёни мухаккикони соха дар робита ба ташкили хадамоти матбуотй ва рохандозии фаъолияти он фикру андешахои мухталиф мавдуд аст. «Хадамоти матбуотй, - менависанд С.Н. Илченко ва А.Д. Кривоносов, - ин бахши мухтори иртиботот бо чомеа PR буда, татбики сиёсати иттилотии онро бо BAO таъмин менамояд» (3,31). Бо вучуди ин такозои он мешавад, ки хангоми таъсиси чунин ниходхо усулан чанд масъаларо бояд ба инобат гирифт. Аз чумла мухаккикони рус A.B. Бекетов ва Д.И. Игнатев бо истифода аз тачрибаи хеш, хамзмон бо дарназардошти вижагихои чунин навъи фаъолият дар Федератсияи Русия ва асархои мухаккикони гарб (8) дар маколаи худ бар ин акида расидаанд, ки хангоми ташкили

хадамоти матбуотй се тарзи муносибат ба ин амал бояд дар мавриди назар бошад:

1. Хадамоти матбуотй аз фишангхои калидй дар идораи фаъолияти корхона пазируфта шуда, чун «унсури созандаи система» эътироф мегардад.

2. Хадамоти матбуотй факдт ба хотири ичрои вазифахои мушаххас дар мавриди хамкорй бо BAO таъсис меёбад ва ба сифати миёнрав иттилооти заруриро дар бораи фаъолияти корхона пахн менамояд;

3. Фаъолияти хадамоти матбуотй ё бахши иртиботот бо чомеа (PR)-po дар корхона ширкатхои берунаи махсуси хирфай адо менамоянд.

Мохият ва вазифахои хадамоти матбуотй, басти корй ва бучаи он махз аз интихоби яке аз ин роххо вобастагй дорад ва бешубха ин интихоб ба самаранокии фаъолият низ бетаъсир нахохад буд.

Новобаста ба он, ки кадоме аз ин роххо интихоб мешавад, рохбарияти корхона ба чанд масъалаи калидй бояд таваччухи махсус зохир намояд, ки, бешак, ба самаранокии фаъолияти хадамоти матбуотй таъсири амик мерасонад:

1. Котиби матбуотй ё рохбари хадамоти матбуотй (шуъбаи робита бо чомеа ё PR) бояд ба рохбарияти корхона (макомот) иртиботи мустаким ва дойр ба фаъолияти чории корхона (макомот), тарафхои кавй ва заифи он дар ихтиёри хеш маълумоти муфассал дошта бошад;

2. Фаъолияти котиби матбуотй вобаста ба хадаф ва вазифахои корхона дар даврахои кутох. миёна ва дарозмуддат бояд тархрезй шавад;

3. Котиби матбуотй ё рохбари хадамоти матбуотй (шуъбаи PR) аз дигар бахшу шуъбахои корхона (макомот) тамоми маълу-мотро, ки барои татбики вазифахои пешгузоштаи рохбарият барояш заруранд, бояд таъчилй дастрас карда тавонад;

4. Иштироки котиби матбуотй ё рохбари хадамоти матбуотй (шуъбаи PR) дар кори тархрезии чорабинихо аз чониби рохбарияти корхона (макомот), ки дар атрофи он ба вучуд овардани афкори чомеа мухим ба шумор меравад, бояд таъмин гардад;

5. Котиби матбуотй ё рохбари хадамоти матбуотй ба боварии комили рохбарияти корхона (макомот) бояд ноил гардад, устоди

касби худ бошад ва дар миёни журналистон эътибор дошта бошад.

Хадамоти матбуотии макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд дар заминаи интихоби рохи дуюм ба миён омадааст. Яъне ин ниход як пулест ва ё як миёнравест байни макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоят ва BAO. Аммо дар хамин хол бояд зикр кард, ки ин ниход дар чараёни бештар аз 20 соли пайдоиш се мархилаи такомулро пушти cap кардааст.

Дар огози мархилаи якум, яъне дар огози соли 1992 он аз тарзи дуюми ташкили хадамоти матбуотй, ки зикраш дар боло рафтааст, таъсис ёфта, маркази матбуот ном дошт ва вобаста ба ин хамагй як нафар корманд дошту вазифахояш низ нисбатан содда ва чунин буданд:

• Хдмкорй бо BAO

• Мониторинга BAO;

Мархилаи дуюми такомули хадамоти матбуотии МИХД вилояти Сугд давраи солхои 1992 то 2000-ро фаро мегирад. Дар ин мархила маркази матбуот дар зинаи сифатан нави рушд карор гирифт ва мутобики тарзи аввали ташкили хадамоти матбуотй, яъне ба «унсури созандаи система» табдил ёфт ва шуъбаи робита бо чомеа, ташкилотхои сиёсй ва динй унвон гирифт. Албатта, дар ин замина хамкорй бо хизбхо ва созмонхои динй то андозае ба фаъолияти шуъбаи робит бо чомеа самтхои иловагии фаъоли-ятро зам намуц, аммо кор бо BAO хамоно дар мехвари фаъолияти ин ниход чойи асосиро касб карда буд. Акнун дар ин самт вазифахои шуъба боз хам бештар шуданд:

• Тархрезии накша ва стратегияхои сиёсати иттилотии вилоят

• Тахияи матни изхоротхои рохбарият, варакахои иттилоотй, иттилооти фаврй;

• Ташкили мусохиба ва баромадхои рохбарияти макомот дар BAO;

• Рекламаи мустаким ва гайримустаким дар BAO;

• Ташкили чорабинихо барои BAO.

• Вокуниш ба маводи BAO

• Тахияи видеоролик ва сужетхои телевизионй, аз чумла фармоишй.

Албатта, ичрои вазифахои марбутаи ин ниход пеш аз хама ба микдори кормандони шуъба ва сатхи касбии онхо вобаста буд.

Журналист Буфрон Рустамов, ки дар ин шуъба ба сифати сармуттахассис кор кардааст, ёдовар мешавад, ки Дадодон Радабй

- мудирияти ин шуъбаро ба ухда дошт ва хамчунин журналистон Равшан Замир ба хайси мутахассиси пешбар, Хдсани Порсо ва Гавхарбону Розикова ба хайси мутахассис дар ин шуъба кор мекарданд (6).

Давраи сеюми рушди хадамоти матбуотии МИХД вилоят аз соли 2001 то ба холро фаро мегарад. Бояд гуфт, ки дар огози солхои 2000-ум шуъбаи робита бо чомеа, ташкилотхои сиёсй ва динй ба шуъбаи рушди идтимой ва робита бо чомеа табдил дода шуд ва вазифахои ин ниход то андозае аз вазифахои асосии хадамоти матбуотй фарк, мекарданд. Аз ин чост, ки дар сохтори хукумати вилоят боз як ниходи нав бо номи Маркази иттилоот ва тахлил, ки хамзамон вазифаи хадамоти матбуотии Раиси вилояти Сувдро ба ухда дошт, таъсис гардид. Аз соли 2012 ин марказ ба шуъбаи иттилоот ва тахлил табдил дода шуд. Бо вучуди он, ки дар мархилаи сеюм низ ин ниход ба тагйироти мухталифи сохторй мувочех шудааст, вазифахои аслии он нисбат ба мархилаи дуюм боз хам бештар такмил ёфтаанд. Аз чумла акнун дар низомномаи (5) он вазифахои ин ниходро чунин номбар кардаанд:

• Аз тарикд воситахои ахбори умум ба сокинони вилояти Сугд ва ахолии Ч^умхурии Тодикистон дар бораи фаъолияти Раиси вилояти Сугд ва макомоти идроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд иттилоъ медихад.

• Робитаи Раиси вилояти Сугд ва рохбарияти макомоти давлатии вилояти Сугдро бо воситахои ахбори омма таъмин менамояд.

• Дар воситахои ахбори омма карор, фармоиш ва баёния-хоро, ки аз дониби Раиси вилояти Сугд ва макомоти идроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд кабул шудаанд, шарх ва тафсир мекунад.

• Дар байни ахолй нисбат ба пешбурди сиёсати иктисодй ва идтимоии макомоти ичроияи хокимияти давлатй афкори чомеъаро ба миён меорад.

• Таъмини итилоотро дар бораи тадбирхое, ки дар он Раиси вилояти Сугд ва рохбарияти макомоти идроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд ширкат меварзанд, ташкил мекунад.

• Нашри баромадхои Раиси вилояти Сугд ва рохбарияти макомоти ичроияи вилояти Сугдро дар воситахои ахбори умум таъмин менамояд.

• Брифинг ва нишастхои матбуотии Раиси вилояти Сугд ва рохбарияти макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугдро созмон медихад ва мегузаронад.

• Х,амохангсозии фаъолияти рузномахои «Х,акикати Ленинобод», «Ленинабадская правда», «Ленинобод хакикати», идораи телевизион ва радиои Сугд ва расонахои дигари хабарй, ки карор, фармоиш ва санадхои дигари расмии Раиси вилояти Сугд ва рохбарияти макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугдро нашр мекунанд, таъмин менамояд.

• Бо максади пурра ва вокеъбинона инъикос кардани фаъолияти Раиси вилояти Сугд ва макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд бо расонахои хабарии Точикистон ва намояндагии васоити ахбори оммаи хоричй дар Точикистон хамкорй менамояд.

• Дар омодагй ва анчоми сафархои Раиси вилояти Сугд, рохбарияти макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд ба каламрави вилоят, минтакахои дигари Точикистон ва хоричи кишвар ба хотири инъикоси тадбирххои мазкур дар васоити ахбори умум ширкат меварзад.

• Бо максади дастрас кардани маълумоти таъчилй дар бораи фаъолияти макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд ва макомоти марказии ичроияи хокимияти давлатй бо онхо хамкорй мекунад.

• Фаъолияти васоити ахбори умумро дар каламрави вилояти Сугд хамоханг месозад.

• Фаъолияти сохтор ва мутахассисонро дар макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд, ки итилоотонии таъчилиро таъмин менамоянд, хамоханг месозад.

• Дар доираи салохияти худ назорати тадбики конунгузории Чумхурии Точикистонро дар сохаи фаъолияти воситахои ахбори омма ва иттилоот амалй мекунад.

• Ба Раиси вилояти Сугд дар бораи вазъи афкори умум ва муносибати воситахои ахбори омма ба фаъолияти Раиси вилояти Сугд ва макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд маълумот чамъоварй, тахлил, хулосагирй ва пешниход мекунад.

• Пешниходхои мушаххасро дар бораи гузаронидани маъракахо, ки ба ташаккули обрую нуфузи (имиди) Раиси вилояти Сугд ва макомоти идроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд дахл дорад, манзур мекунад.

• Нашри хатмии санадхои фармоишии Раиси вилоят ва макомоти идроияи хокимияти давлатии вилояти Сугдро, ки ба хукук. озодй ва ухдадорихои шахрванд дахл мекунанд, таъмин менамояд.

• Фаъолияти муназзам ва фарогирии иттилоотии нашрияи расмии электронии Раиси вилояти Сугд ва макомоти идроияи хокимияти давлатии вилояти Сугдро дар шабакаи Интернет (сайти Раиси вилояти Сугд ва макомоти идроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд) таъмин менамояд.

Идроиши ин вазифахои ба ухдаи хадамоти матбуотй, ё шуъбаи иттилооту тахлил вогузоршуда, бешак аз микдори хайъате, ки ба ин кор далб мешаванд, вобастагии диддй дорад. Тибки мушохидахо вохидхои кории хадамоти матбуотй одатан аз як ё ду то 20 мутахассис ва, хатто, бештар аз онро фаро мегиранд. Дар як катор ташкилоту муассисахо, созмонхои сиёсй ё ширкатхои тидоратй ва дар мисоли имрузаи кишвари мо дар макомоти бонкй гурух ё шуьбахои РИ таъсис дода шудаанд, ки барои пурбако намудани реклама, ё худ баланд бардоштани нуфузу имиди корхона ва ё рохбарияти он хизмати босазое адо менамоянд. Аз ин лихоз вазифахои бар душ гирифтаи ин ниход бешак ба муайян шудани теъдоди кормандони ниходхои мутазаккира таъсир мерасонад. Агар ба таърихи хадамоти матбуотии МИХД вилояти Сугд назар андозем, теъдоди умумии кормандони ин ниход чй дар мархилаи аввал 1 нафар ва дар мархилаи дуюм аз 5 нафар беш набудааст. Аммо дар интихои давраи дуюми рушд маркази матбуотй дар мисоли як гурухи эдодии телевизиони вилоят хайъати кумакрасонро дар татбики вазифахои ба ухда доштааш мавриди истифода карор додааст. Ин теъдод ба шумули гурухи кумакрасони телевизионй дар мархилаи сеюм низ бокй мондааст. Аммо дар ин мархила вазифахои хадамоти матбуотии МИХД-и вилоят боз хам бештар гардид. Аз чумла аз соли 2008 сомонаи ин макомот www.sugd.ti дар шабакаи умумидахонии Интернет ба фаъолият огоз кардааст. Бешубха, сахифаи интернетиии макомоти идроияи хокимияти

давлатии вилоят ба таквияти хамкорихои бештар бо BAO мусоидат намуд. Аз суи дигар, сомонаи интернетй ба фишанги мукдадире дар пешбурди стратегияи нуфузй ё имидгароии макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоят мубаддал гашт. Тайи чор соли аввал пешбурди кор дар мавриди идораи сомона чй аз лихози техникй ва чй аз лихози эчодй ба ухдаи кормандони маркази иттилоот ва тахлили МИХД вилоят вогузор буд. Аммо аз семохаи чоруми соли 2012 махз хамин чанбаи кор ба ухдаи ширкатхои беруна ба тарики аутсорсинг вогузор шуд. Яъне хамин чанбаи кор мутобики тарзи сеюми ташкили хадамоти матбуотй, ки зикраш дар боло рафт, ба рох монда шуд, ки он холо тачрибаи хело нодир ва яке аз аввалинхо ба хисоб меравад. Акнун хизматрасонии сомонаи МИХД вилояти Сугдро тахти рохбарии хадамоти матбуотй КВДК «Кохи матбуот» амалй менамояд.

Дар солхои гуногун дар хадамоти матбуотии вилояти Сугд Додочон Рачабй, Буфрон Рустамов, Мирзоганй Валиев, Хдсани Порсо, Хдсан Шариф, Гафури Нарзулло, ки аз журналистони номй ва муваффак ба хисоб мерафтанд ва тачрибаи хеле гании рузноманигориро доро буданд, фаъолият бурдаанд. Хдмзамон дар ин ниход онхое кор кардаанд, ки ба журналистика аслан алока надоштанд. Теъдоди чунин одамон чандон зиёд набошад хам, ин ду категорияи кормандон хамеша бо хам забон меёфтанд ва кори умумиро дар хадди зарурй пеш мебурданд.

Айни замон онхое, ки аз журналистика ба кори хадамоти матбуотй гузаштаанд, дар мавриди тахкими хамкорихо бо BAO бартарихо доштанд ва доранд, зеро психологияи касбии кормандони ВАО-ро ба хубй медонанд ва дар мухити нав ба зудй мутобик мешаванд.

Бо вучуди он, ки тамоми хайъати кории хадамоти матбуотй манбаи иттилоот ба хисоб меравад, намояндагони BAO дар ин ё он макомот, пеш аз хама, ба хамкасбони худ хамчун манбаи иттилоотии макомоти мазкур мурочиат менамоянд. То имруз коидахои мушаххас ё меъёрхои муайяни фаъолияти хадамотии матбуотии макомоти хукуматй ва сохторхои тичоратй мукаррар гаштаанд.

Масалан, дар хадамоти матбуотии Макомоти ичроияи хокимияти давлатиии вилояти Сугд дар ин замина аз соли 2007

индониб ба истилох як катор меъёри касбии дохилй муайян шудаанд:

• дар BAO дар хама холат бояд кабл аз хама нуктаи назари рохбарнят ва худи макомот инъикос карда шавад ва ин нуктаи назарро хадамоти матбуотй метавонад танхо тасдик намояд;

• аз руи имкон танхо хабархои эътимоднок бояд пахш карда шаванд;

• ба боварй ва эътимоди хам рохбар ва хам журналистон танхо тавассути фаъолияти босалохият сазовор шуд.

• Иттилоотро ба хидматй ва умумй раддабандй карда, дар холатхои бахснок коидаи худдорй аз ифшои маълумотро ба кор бояд бурд.

Дар татбики ин меъёрхои касбй кабл аз хама накши рохбари кор бо BAO, ё худ котиби матбуотй бештар ба назар мерасад. Чуноне зикраш рафт вазифаи котиби матбуотй дар дастгохи давлатй макоми тозабунёдест, ки дар поёни Хукумати Шурохо дар каламрави он таъсис шуд ва ин гуна вазифа нахуст дар Кумитаи марказии хизби хамон вакт то кумитахои хизбии вилоятй руи кор омад. Ба ин вазифа кабл аз хама рузноманигоронро даъват ва ба кор таъйин мекарданд. Котиби матуботй дар муколамаи хукумат ва BAO ба хайси миёнрав шинохта мешуд. Пушида нест, ки дар ин муколама хукумат аз BAO интизорй ва бардоштхои худро дошт ва хамзамон BAO хам, ки акнун теъдоди зиёди расонахои хабарии мустакил низ дар фазой иттилоотй дойгохи муносиби худро касб карда буданд, дар ин муколама аз манфиатхои мухталифи худ дифоъ мекард. Бинобар он дар ин бархурди манфиатхо накши котиби матбуотй хеле мухим арзёбй мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки котиби матбуотй як навъ вакили дифоъ аз манфиати макомоти давлатй дар назди BAO ва хамзамон вакили дифои BAO дар назди макомоти давжатй аст. Дар огози кори хадамоти матуботии кумичроияи шурои депутатхои вилояти Ленинобод (холо Сугд) вазифаи котиби матбуотй, ки журналист ва адиби шинохтаи тодик Дадодон Рачабй аввалин шуда ин мансабро ишгол кардааст, танхо аз расонидани иттилооти хукуматй ба расонахои хабарии давлатй иборат буд. Хдмкорй бо расонахои мустакил дар ин мархилаи фаъолият аслан пешбинй нашуда буд ва ин кор шуруъ аз мархилаи дуюми рушди ин ниход дар вилоят тавсеа

ёфт. Дар баробари ин вазифаи ба тозагй таъсисёфтаи котиби матбуотй дар макомоти давлатй ба тадрич ба яке аз мансабхои мухими хизмати давлатй мубаддал гардид ва минбаъд хамкорихои созанда ва пурсамари макомот ва BAO аз ин сохибмаисаб вобастагии чиддй пайдо кард.

Маргерит Салливан, коршиноси умури давлатй ва иртиботот аз ИМА дар китоби худ бо номи «Хадамоти матбуотии масъул. Нигох аз дохил» менависад: «Ба хотири пурсамарии кор намояндаи асосии оид ба хамкорй бо BAO, ё худ котиби матбуотй бо шахси мансабдор, касе набошад, хох сарвазир, президент, вазир ё рохбари идора бояд дар заминаи эхтироми тарафайн муносибати наздик дошта бошад. Ин намояндаи расмй бояд бо мавкеи шахси мансабдор оид ба масъалахои мухталиф огох ва ба f дастрасии мустаким дошта бошад. Намояндаи расмй бояд имкони расонидани иттилои таъхирнопазирро ба шахси мансабдор дар вакти чал асах, о бидуни котиби шахсй ё ёварон дошта бошад. Х,арчанд чунин ваколат метавонад дар киболи накшаи тасдикшуда мухолифат кунад, вале он ба хукумат имкон медихад, нисбати масъалахое, ки ба BAO иртибот дорад, таъдилй вокуниш нишон дихад. Намоянда оид ба робита бо BAO хамчунин дар тасмимгирй бояд ширкат варзад. Зеро онхое, ки сиёсатро муайян мекунанд, бояд дарк намоянд, ки пешниходхои онхо ба муносибат бо чомеа чй навъ таъсир мерасонад»(7,11).

Ба хар хол, дар огози кор пайдо шудани журналистон дар макомоти хукуматй ва дар як саф чой гирифтани онхо бо мансабдорон ба пайдо шудани зога сафед дар селаи зога ало монанд карда буд, аммо ба тадрич ин тафрика аз байн зудуда шуд.

Рокими ин сутур баъди собикаи кории наздик 7 сол ба сифати рохбари хадамоти матбуотии Раиси вилояти Сугд , аз руи тачрибаи хосилшуда ба чунин хулоса расидааст, ки вазифахои асосии сарвари ин гуна ниходхо дар макомоти давлатй дар се самт муайян мешавад.

Тахлили иттилооти хизматй ва расонидани он то ба BAO -ин рукни берунаи кори хадамоти матбуотй аст ва дар ин маврид котиби матбуотй ба хайси «мутарчим» фаъолият мебарад. Котиби матбуотй бояд фазой дустонаи муносибати рохбари макомот ва ВАО-ро сохта тавонад ва бидуни ворид шудани ихтилоф онро нигох дорад. У бештар ба сифати спичрайтер ё

сухангу матни баромад ва баёнияхои рохбари макомотро омода мекунад ва вазифаи котиби матбуотй ташкил ва баргузории нишастхои матбуотии (бриффингхои) рохбари макомот аст.

Х,ифзи иттилооти хизматй ва сирри давлатй, рукни мухофизатии кори хадамоти матбуотй буда, ба котиби матбуотй зарур аст, ки дар ин бобат муносибатро бо журналистон чунон ба рох монад, то дуюмихо хеч гох эхсоси пушидагии аз хад зиёди макомотро барои BAO эхсос накунанд ва хамзамон бояд иттилои хизматй хифз карда шавад.

Нихоят рукни дохилии фаъолияти ин ниход аз он иборат аст, ки бояд тамоми иттилоот родеъ ба инъикоси фаъолияти макомот ва рохбарияти он дар BAO чамъоварй ва ба риштаи тахлил кашида шавад.

Х,амин тарик дар асоси гуфтахои боло се тарзи муносибатро хангоми ташкили хадамоти матбуотй дар ин ё он маком чудо кардан мумкин аст:

1. Хадамоти матбуотй хамчун «унсури созандаи система», ки тамоми хадми корхои марбут бо робита бо чомеаро (PR) ба ухда дорад, ташкил карда мешавад.

2. Хадамоти матбуотй факат дар мавриди хамкорй бо BAO ба хотири идрои вазифахои амалй таъсис дода мешавад;

3. Фаъолияти хадамоти матбуотиро ширкати берунаи махсуси хирфай, ки дар самти робита бо чомеа (PR) ихтисос дорад, адо карда метавонад.

Дар хамин хол агар ба таърихи фаъолияти хадамоти матбуотии макомоти идроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд, хамчун манбаъи омузиш ва тахлил назар андозем, пас метавон хулоса кард, он дар огоз ба хотири ташкили хамкории судманд бо BAO таъсис ёфта, минбаъд хамчун «унсури созандаи система» доманаи фаъолияти хешро дар самтхои мухталифи хамкорй бо BAO ва робита бо чомеа фарох кардааст ва хам акнун баъзе аз чанбахои фаъолияти хешро ба ухдаи ширкати махсуси хирфай ба тарзи аутсорсинг вогузор намудааст. Сохтори хадамоти матбуотй аз бузургии ташкилот ё макомот, хадаф ва вазифахои он, таваччухи чомеа ба фаъолияти он, инчунин аз кушиш ва хунари рохбарияти он дар мавриди пешбурди кори чамъиятй вобаста аст.

Х,ама гуна ташкилот ва макомот, аз чумла макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоят мохияти таъсири робита бо чомеаро

дар заминаи хамкорихои судманд бо BAO сарфи назар намекунанд ва бинобар ин ба макоми махсуси шуъбахои марбутаи масъули ин кор ба фаъолияти ин ниход макоми махсус коиланд.

Хулоса, кори хадамоти матбуотй - ин корест ба накшагирифташуда ва тулонй ба хотири баркрор сохтану тахкими муносибатхои хайрхохона ва хамдигарфахмй миёни ташкилот ё макомот ва чомеа аст. Макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд низ дар ин бобат истисно нест.

ПАЙНАВИШТ:

1. Алешина И. В Па блик рилейшнз для менеджеров. - М.: ЭКМОС, 2003

2. Архиви вилояти Сугд. Ф20. р.18. п1163. сах. 182

3. Игнатьев Д., Бекетов А., Сарокваша Ф. Настольная энциклопедия PR. - М: Альпина Паблишер. 2002. - 229с.

4. Ильченко С.Н., Кривоносов А.Д. Современная пресс - служба: Учеб. пособие. - СПб.: С.-Петерб. foc. ун-т, 2005. - 105 с.

5. Кочеткова А.В..Тарасов A.C. Современная пресс-служба.- М„ «Эксмо», 2009. - 272с.

6. Низомномаи Маркази иттилоот ва тахлили дас1тохи Раиси вилояти Сугд. Карори Раиси вилояти Сугд №68 аз 5 июни соли 2008

7. Рузномаи «Хакикати Сугд», 8 ноябри соли 2012

8. Салливан М.Х. Ответственная пресс-служба. Взгляд изнутри. - М., 2002. - 114с.

9. http://www.e-xecutive.ru/publications/speciaHzation/pubHc/ article 863/

Роль пресс-службы в информационном пространстве

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

независимого Таджикистана (на примере пресс-службы ИОГВ Согдийской области)

И. Джамолов

Ключевые слова: информационное пространство, пресс-служба, журналистика, СМИ

Статья посвящена истории возникновения института пресс-службы в Согдийской области. На основе архивных материалов и материалов периодических изданий автор анализирует

— 64 "С НОМАИ донишгох

особенности становления и развития пресс-службы в Согдийской области с 1992 года. Особое внимание уделяется роли руководителя по связям с СМИ или пресс-секретаря в органах власти.

The Role of Press-Service in the Informational Space of Independent Tajikistan (the press-service of Sughd Viloyat Broad- and Telecasting Informational Department being taken as an example)

I.Djamolov

Key words: informational space, press-service, journalism, MM

The article dwells on the history of Sughd viloyat press-service institute. Designing on the premise of archive materials and those ones of periodical editions the author analyzes the peculiarities of Sughd viloyat press-service formation and development since 1992. Special attention is paid to the role of a leader on the ties with MM or press-secretary in the bodies of power.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.