Научная статья на тему 'Пресс-служба в период развития государственной власти суверенного Таджикистана'

Пресс-служба в период развития государственной власти суверенного Таджикистана Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
490
63
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
CВЯЗЬ С ОБЩЕСТВЕННОСТЬЮ / ПРЕСС-СЛУЖБА / ИНФОРМАЦИОННАЯ ПОЛИТИКА / ЖУРНАЛИСТИКА / СМИ / PUBLIC RELATIONS / PRESS OFFICE / INFORMATION POLICY / JOURNALISM AND MASS MEDIA

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Джамолов Илхом Мазбудович

Автор на основе сравнительного и ретроспективного анализа делает попытку исследовать пути становления и развития пресс-службы в Республике Таджикистан, ее роль в системе средств массовой информации страны. Особое внимание уделяется становлению института связей с общественностью в органах государственной власти республики. Указывая на развитие пресс-службы в Республике Таджикистан в период независимости, автор констатирует, что пресс-служба появилась в органах государственной власти СССР на закате огромной коммунистической державы, сначала в центральных, а потом в местных партийных структурах. Пресс-служба в государственных органах является связующим звеном, обеспечивающим обмен информацией между обществом и организацией, на базе которой создана данная пресс-структура. Пресс-служба призвана информировать граждан о деятельности и позиции властей, их политике, а также, используя СМИ, формировать общественное мнение о действиях властей. На основе архивных материалов и материалов периодических изданий автор анализирует также особенности становления и развития пресс-службы в Согдийской области с 1992 года.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Press-Service during the Development of State Power in Sovereign Tajikistan

On the basis of comparative and retrospective analysis the author makes an attempt to explore the ways of formation and development of press-service of the Republic of Tajikistan and its role in the country's mass media. Particular attention is paid to the establishment of the Institute of Public Relations in the state bodies of the republic. Pointing to the development of press-service in the Republic of Tajikistan in the period of independence, the author states: Press-Service appeared in the state bodies of the USSR at the sunset of strong Communist power, first in central, and then in local party structures. Press-office in state bodies is the link for providing information between society and organizations which was created on the basis of this pressstructure. Press-service is designed to inform citizens about the activities and position of the authorities, their policies, as well as using masses for shaping public opinion on the actions of the authorities. On the basis of archival materials and those of periodicals the author also analyzes the features of formation and development of the press-service of Sughd viloyat since 1992.

Текст научной работы на тему «Пресс-служба в период развития государственной власти суверенного Таджикистана»

Djamolov I.M. Press-Service during the Development of State Power in Sovereign Tajikistan

ББК 76.12

И.М.ЧАМОЛОВ

ЗУ^УРИ ХАДАМОТИ МАТБУОТИ ДАР ТО^ИКИСТОН

Хадамоти матбуотй хдмчун як ниходпояи пешбурди фаъолиятхои робита бо чомеа дар Точикистон ба тозагй зухур кардааст ва пайдоиши он ба замони “бозсозии горбачёвй” дар Иттиходи Шуравии собик рост меояд. Дар ин давра дар тамоми пахлухои хдёти чамъиятй, аз чумла муносибати мутакобилаи хокимият ва чомеа тахаввулоти чиддй ба амал омадааст, ки воситахои ахбори умум аз ин тахаввулот дар канор набуданд. Хдрчанд суръати ин тахаввулот чандон баланд набошад хам, аммо хеле муассир ба назар мерасад ва расонахои хабарй дар мехвари асосй карор доштанд. Манъ шудани сензураи матбуот, сари кор омадани шаклхои гайрианъанавй ва нави муколама миёни хокимият ва воситахои ахбори умум, ба мисли баргузории нишастхои матбуотй ва мухимтар аз хама, боз шудани дарвозахо барои фаъолияти расонахои хабарии озоду мустакил аз нишонахои барчастаи ин мархалаи таърихй махсуб мешаванд.

Таъсиси нашрияхои мустакил, пайдо шудани макола, гуфтор ва барномахои зиёди танкидй дар бораи шахсиятхои маъруфи кишвар дар даврахои алохидаи таърихй, беобру кардани макомоти хокимияти давлатй, зухури матбуоти оппозитсионй ва матбуоти “фошкунандаи” ахзоби мухталифи сиёсй, шикасти системаи васоити ахбори хизбию давлатй ва гайра низ аз далелхои раднопазири натичахои бозсозй ва ислохот дар кишвари Точикистони Шуравй ба хисоб мераванд. Тахаввулоти замони бозсозии горбачёвй дар осори тахкикотии сиё-сатшиносон, муаррихон, чомеашиносон, файласуфон, адабиётшиносон ва гайра то андозае баррасй шудааст, ва ба андешаи иддае аз мухаккикон Точикистон дар ин тахаввулот пешгом хам буда, “хатто дар бисёр маврид, ин гушаи канори аз бисёр чамохири пешрафта дурмонда, бартарй дошт... » (15, с. 240).

Махз дар хамин мархалаи шикасти таърихии Иттиходи Шуравй, ки вожахое ба мисли “демократикунонии чомеа”, “ошкорбаёнй”,“бозсозй”, “танкид ва худтанкидкунй” вирди забони хурду калон буд, аввалин марказхо ва хадамоти матбуотй таъсис ёфтанд. Вале бояд зикр кард, “бозсозии горбачёвй” дар охири солхои 80-уми карни гузашта аллакай ба мушкилоти чиддй ва таназзул ру ба ру шуда буд. ^арорхои носанчида ва пуртазоди хокимият дар фазои иттилоотй худро бо тамоми вучуд чилва медоданд. Нотавонй, аниктараш дар миён набудани хохиши пешбурди муколамаи бозу созанда бо чомеа дар дарки хадаф, мохият ва вазифахои бозсозй качфахмихоро ба миён оварда буд. Пайдост, ки вазъи ичтимой шиддат гирифта, кишвар ба вартаи халокат мерасид. Бо вучуди ин, хам дар фазои иттилоотй ва хам дар муносибати хокимият бо чомеа зарурати тахаввулот чиддй эхсос мегардид ва ба сахнаи сиёсй ворид шудани

- 271 -

Цамолов И.М. Зухури хадамоти матбуоти дар Точукистон

хизбхо ва матбуоти оппозитсионй вазъи бухрониро боз хдм печидатар мекард. Бино бар ин аз зухури ниходпояхое, ба мисли хадамоти матбуотй, ки мебоист фаъолиятхои робита бо чомеаро таквият бахшанд, интизорихо зиёд буданд. Зеро умед бар он доштанд, ки ба василаи фаъолияти ингуна ниходхо метавон ба ислохи вазъият такони чиддй бахшид. Таърихи навини таъсиси хадамоти матбуотй дар ин кишвари шашяки руи замин, ки минбаъд баъди пошхуриаш Русия меросбари он мегардад, дар охири соли 1988 бо ташкилёбии хадамоти матбуотии макомоти хокимияти давлатй дар Шурои депутатхои халки шахрхои Москва ва Ленигради собик (холо Санкт-Петербург) шуруъ мешавад.

Баъди ислохоти системаи хокимияти давлатй дар соли 1990, ки дар ин замина ниходи нави сиёсй - Институти Президенти СССР таъсис шуд, дар дастгохи ин макоми рохбарии давлат вазифаи котиби матбуотй низ ташкил гардид. Чунин ниходхо дар макомоти олии конунгузор ва хокимияти марказии ичроия низ таъсис дода шуданд, ки вазифаи асосиашон ба рох мондани фаъолияти иттилоотй ва табъу нашр дар макомоти хокимият, таъминоти иттилоотии расонахои хабарии давлатй, аккредитатсия ё худ эътиборбахшии фаъолияти журналистон ва кор бо мурочиати шахрвандон ба шумор мерафтанд. Х,арчанд ин мавзуъ дар илми журналистикаи точик хануз чиддй тахкик нашуда бошад хам, аммо дар доирахои илмии хоричй ва кишвархои собики Шуравй, ба хусус Русия ва Украина аз чониби як зумра олимон ба мисли Алешина И.В., Ворошилов В. В., Королко В. Г., Кочеткова А.В., Тарасов А.С., Кривоносов А. Д., Илченко, С.Н., Почепцов Г.Г., Чумиков А. Н. ва гайра мавриди пажухиши чиддй карор гирифтаанд (1; 5; 8; 10; 6; 11; 17).

Фаъолиятхои робита бо чомеа, аз чумла хадамоти матбуотй дар Шуравии собик дар заминаи омузиши тачрибаи хоричии робита бо чомеа созмон дода шуданд. Айни хамин кор аз пойтахти ин кишвар Москва, ба пойтахти чумхурихои дигар ба шумули Точикистон интикол ёфт. Аммо дар Точикистон аз ин тачриба комилан истифода бурда нашуд, ки сабабхои вокеии худро дорад.

Ба андешаи мо махз хаводиси фочиабор ва ихтилофи мусаллахонаи дохилии огози солхои 90-уми асри гузашта, ба ташаккули институти робита бо чомеа дар Точикистон таъсири бевоситаи манфй гузошт ва дар мукоиса бо дигар кишвархои хамсоя ин кор ба душворй ва печидагихои муайян ру ба ру шуд. Дар Москва ва дигар шахрхои марказии Шуравй хадамоти матбуотй аз руи зарурият ва огохона пайдо шудааст, ки ин аломатхо бештар дар сохторхои тичоратию бизнес назаррас буданд. Вале дар баробари ин кушишхои нусхабардории кур-куронаи тачрибаи робита бо чомеаи кишвархои Гарб, бахусус дар таъсиси хадамоти матбуотй дар макомоти давлатй низ хеле муассир ба мушохида мерасад. Аслан дар пасманзари гояхои “бозсозй” як катор меъёрхои демократии гарб чилванамой мекунанд, ки дар самтхои мухталифи хаёти чамъиятй-сиёсии Шуравй нусхабардорй шудаанд. Агар Москва дар ташкили ниходхои робита бо чомеа ва хадамоти матбуотй колабхои гарбро сари кор гирифта бошад, дар дигар чумхурихо, бахусус кишвархои Осиёи Миёна тачрибаи хануз норасида ва нопухтаи пойтахти Шуравй бештар нусхабардорй шудааст. Албатта, собикаи беш аз садсолаи кишвархои Гарб, бахусус Иёлоти Муттахидаи Амрико дар фахмиши имрузаи фаъолиятхои

- 272 -

Djamolov I.M. Press-Service during the Development of State Power in Sovereign Tajikistan

робита бо чомеа, имкони манзури намуна ва колабхои гуногуни ташкили робита бо чомеа, аз чумла, ташкили ниходпояхои пешбурди чунин фаъолиятро ба мисли хадамоти матбуотй мусоид карда буд. Дар ин миён тачрибаи ташкили хадамоти матбуотй дар макомоти давлатй хеле чолиб аст.

Кит Хэмпсон тазаккур медихдд, ки хадамоти матбуотй дар сохторхои давлатй дорои се шуъба аст, ки дар навбати худ аз рисолати ин ниход бозгуй мекунанд: 1) пресс-офис ё хадамоти иттилоотй (Press Office), вазифаи ин бахш хамкорй бо расонахои хабарии марказй, минтакавй ва махаллй аст; 2) шуъбаи робита бо чомеа (Publicity Office) - ин бахш вазифадор аст, лоиха ва чорабинихои вежаи иттилоотй ва таблиготиро, ки маблаггузорй мешаванд (ба шумули реклама), татбик намояд (масалан, чорабинихои махсуси мубориза алайхи гардиши гайриконунии маводи нашъадор ва гайра); 3) шуъбаи мактубхо ва мурочиати шахрвандон (Enquiry Office) - ин бахш шикоят, мурочиат ва арзхои дигари шахрвандонро баррасй менамояд.

Ба андешаи мо, хадамоти матбуотии давлатии Иттиходи Шуравй низ дар аввал такрибан хамин гуна сифатхоро дошт ва доираи фаъолияти он низ чунин буд, ки дар боло ишора гардид. Омузиши тачрибаи фаъолиятхои робита бо чомеа ва ниходпояхояи он дар мисоли хадамоти матбуотй дар Точикистони замони Иттиходи Шуравй ва хдмчунин дар Точикистони сохибистиклоли муосир низ аз ин бобат дарак медихдд.

Пайдоиши хадамоти матбуотй дар Точикистон кабл аз хама ба пайдоиши мансаби нави давлатй, яъне вазифаи Президенти Чумхурии Точикистон вобаста аст. З0 ноябри соли 1990 ^аххор Махкамов, ки каблан вазифаи Котиби аввали Кумитаи Марказии Х,изби Коммунисти Точикистонро ишгол мекард, ба вазифаи Президенти Чумхурии Точикистон интихоб шуд ва хамзамон ба маснади Раиси Девони Вазирони Точикистон нишаст. Бори аввал дар Точикистон Институти президентй ташкил шуд ва ин тахаввулот сохтори идораи давлатиро аз поён то боло фаро гирифт. Акнун сарварони кумитахои хизбии зинахои вилоятй ва шахру нохиявй низ аз вазифаи котиби аввал даст кашида, ду маснад - хам раиси Шурои махаллии депутатхои халкй ва хам раиси Комичроияи ин шурохоро ишгол карданд. Дар заминаи ин тахаввулот дар сохтори идории давлатй бори нахуст Хадамоти матбуотии Президенти Чумхурии Точикистон ва Девони Вазирони Точикистон ташкил гардид ва ба ин кор кабл аз хама журналистони номии кишвар чалб шуданд.

Рузноманигори шинохта Махмудчон Шахобиддинов, ки солхо дар нашрияи асосии хизбй - рузномаи “Точикистони советй” фаъолият дошт, ин ниходи масъули робита бо чомеа ва ВАУ-ро сарварй кард. Номи у дар таърихи журналистика ва хадамоти матбуоти точик хамчун аввалин котиби матбуотии Президенти Чумхурии Точикистон бояд бо харфхои хоно сабт шавад. Ба кори ха-дамоти матбуотии мазкур журналистони маъруфи кишвар ва сиёсатшиносони чавону умедбахш, аз кабили Насрулло Асадуллоев, Зафар Сайидзода (Саидов) ва минбаъд Равшани Темуриён даъват гардиданд. Аммо, бояд гуфт, дар баро-бари ислохоти сохтории идораи давлатй, ки дар каламрави шуравии собик рух дод, дар сохаи робита бо чомеа дар Точикистон чи дар сатхи чумхуриявй ва чи дар сатхи поёнии идорй, аз чумла вилоятхо намунае дигар ба чуз аз ташкили

- 273 -

Цамолов И.М. Зухури хадамоти матбуоти дар Точукистон

хадамоти матбуотии мазкур мушохида нагардид. Ин дар холест, ки дар хоки-мияти марказии Москва, макомоти конунгузор ва ичроияи давлатй, сохторхои кудратй, вазоратхо, муассисахои молиявй ва бонкй, сохторхои тичоратии дав-латию хусусй дар хамон давра ба хотири тавсеаи робита бо чомеа ва расо-нидани иттилоъ ба мардум дар бораи фаъолияти ташкилоти хеш ва ба ин васи-ла таъмин кардани маъруфияти он теъдоди зиёди хадамоти матбуотиро таъсис доданд. Мухаккикони соха бар ин акидаанд, ки дар кори онхо, ба хусус фаъо-лияти иттилоотии хадамоти матбуотии макомоти хокимияти давлатй дар дав-раи гузариш унсурхои ташвикотй ва робита бо чомеа - PR омезиш ёфта буд (14, с. 8).

Мутаассифона, мадракхои зарурй дар ин самт, ки ба ковиш ва тахлилхои мо метавонистанд, кумак намоянд, дастрасамон нашуд. Гирудорхои дохилии Точикистон низ ба эхтимоли кавй роххои такомул ва фаъолияти густурдаи ингуна ниходхоро дар пасманзари фочиаи миллии кишварамон ба таври ноаён пинхон гузоштаанд. Вале нуктаи мухим ин аст, ки дар ин мархала Агентии иттилоотии давлатии Точикистон - ТочикТА хамоно ба сифати манбаи асосии иттилооти расмй бокй монда, дар ин бобат накши ниходи тозатаъсиси Хадамоти матбуотии Президенти Чумхурии Точикистон ва Девони Вазирони Точикистон чандон муассир набуд. Ба андешаи мо ин кор пеш аз хама ба он рабт дорад, ки такомули сохтории хадамоти матбуотй бинобар нав ва тозаю ноошно будани мавзуъ то андозае бо душворй ва мушкилот чараён мегирифт.

Х,арчанд Хадамоти матбуотии Президенти Чумхурии Точикистон ва Девони Вазирони Точикистон дар самти расонидани иттилои расмй низ корхоеро анчом додааст, вале то андозае самти спичрайтерй ё худ тахияи суханронихои рохбарони макомоти давлатй дар фаъолияти он бартарй дошт. Дар робитаи Президент Махкамов ^.М. бо чомеа батадрич каломи точикй мавкеи устувор пайдо мекард, ки дар ин самт фаъолияти хадамотй чашмрас буд. Аммо ташкили Маркази сайёри матбуотии Ичлосияи таърихии XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон аз чумлаи корхои барчастаи Хадамоти матбуотии Президенти Чумхурии Точикистон ва Девони Вазирони Точикистон дар фаъолиятхои робита бо чомеа махсуб мешавад. Ин ичлосияи таърихй аз 17 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шахри бостонии Хучанд баргузор шуд ва дар ин бобат кормандони аввалин ниходи хадамоти матбуотии вилояти Ленинободи хамон вакт (холо Сугд) низ кумаки беандоза расониданд.

Бояд гуфт, ки Маркази матбуоти Комичроияи депутатхои халки вилояти Ленинобод дар солхои аввали ба даст овардани Истиклолияти Чумхурии Точикистон таъсис гардид, ки аввалин чунин сохтор дар каламрави вилояти имрузаи Сугд аст. Дар карори Раиси Кумитаи ичроияи хокимияти давлатии вилояти Ленинобод аз 27 апрели соли 1992, №71 «Дар бораи таъсис намудани вазифаи рохбари маркази матбуоти кумичроияи Шурои депутатхои халки вилоят» аз чумла омадааст, ки бо максади бехтар намудани корхои ба маълумоти ахолй расонидани тадбирхои ба тараккиёти минбаъдаи хочагии халк ва бехтар гардонидани хифзи манфиатхои ичтимоии ахолии вилоят равонашуда вазифаи рохбари маркази матбуоти кумичроияи вилоят таъсис дода шавад. Он замон ин вазифа аз хисоби ихтисори як нафар мутахассиси пешбари идораи мехнат ва шугли ахолии кумичроияи вилоят ташкил гардида

- 274 -

Djamolov I.M. Press-Service during the Development of State Power in Sovereign Tajikistan

буд (2, с. 182). Аммо хдмагй баъди панч мохи фаъолият маркази матбуот мохи октябри соли 1992 ба шуъбаи робита бо чомеа, ташкилотхои сиёсй ва динй табдил ёфт, ки ин нуктаро яке аз аввалин кормандони ин ниход журналист Гуфрон Рустамов ба таври хоса зикр кардааст (13). Нависанда ва журналисти номии точик Дадочон Рачабй аввалин котиби матбуотии Раиси комичроияи депутатхои халки вилояти Ленинобод буд, ки баъдан сарварии шуъбаи навтаъсиси робита бо чомеаро ба ухда гирифт.

Аз нигохи мо масъалаи пайдоиш ва зинахои такомули фаъолияти хадамоти матбуотй ё робита бо чомеаро дар Точикистон ба гумони голиб бояд баъди сохибистиклолии кишвар, аниктараш баъди Ичлосияи таърихии XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон, ки дар он аввалин Президенти бо ройдихии умумихалкй интихобшудаи Чумхурии Точикистон - Рахмон Набиев баъди кариб як соли нишастанаш ба ин маснад, аз вазифааш истеъфо дод, пайгирй кард. Ин ичлосия дар Точикистон тачдидан низоми парламентии давлатдориро баркарор кард ва Эмомалй Рахмон Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон ва Сарвари давлат интихоб шуд. Дар ^асри Арбоби Хучанд хамзамон хайати нави Хукумати мамлакат - Шурои Вазирон тасдик гардид. Ичлосияи мазкур на факат мархалаи нави инкишофи давлатдориро дар Точикистон огоз бахшид, балки баъди ин руйдоди таърихй давраи тоза ва сифатан нави рушду нумуи хадамоти матбуотй ва робита бо чомеа дар Чумхурии Точикистон фаро расид. Дар охири соли 1992 ва огози соли 1993 дар се ниходи мухими давлатй вазифахои котиби матбуотй таъсис шуданд. Аз чумла, Махмудчон Шахобид-динов корро акнун дар вазифаи котиби матбуотии Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон ва Сарвари давлат идома дод. Рузноманигори дигари маъруфи точик Насрулло Асадуллоев бошад, вазифаи котиби матбуотии Раиси Шурои Вазирони мамлакатро ишгол кард. Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ба вазифаи сардори раёсати иттилоот ва сухангуи вазорат Зафар Сайидзодаро таъин кард, ки тачрибаи ганиро дар кори сиёсии байни чавонон касб карда буд. Мохи октябри соли 1993 Махмудчон Шахобиддинов ба таври фочиавй дар як садамаи автомобилй халок гардид ва ба чои у Давлаталй Давлатзод таъин шуд.

6 ноябри соли 1994 дар Точикистон интихоботи Президентй баргузор шуд, ки дар он Эмомалй Рахмон пирузй ба даст овард. Дар дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон фаъолияти хадамоти матбуотй тачдид гардида, бори дигар руи кор омад ва Давлаталй Давлатов акнун ба ин вазифа гузашт ва то соли 1995 ин макомро ба ухда дошт. Сипас ин маснадро Зафар Сайидзода, ки ба хайси сухангуи Вазорати корхои хоричии кишвар хизматхои хеле арзанда карда, бори аввал пешаи котиби матбуотиро дар сатхи касбй хам барои хабарнигорони хоричию дохилй ва хам барои чомеаи Точикистон чилва додааст, ишгол намуд.

Аз соли 2003 то ба хол вазифаи мудири Хадамоти матбуотй ва котиби матбуотии Президенти Чумхурии Точикистонро Абдуфаттох Шарифзода ба ухда дорад, ки акнун дарозумртарин сухангуи Президенти кишвар ба хисоб меравад.

Дар мархалаи навин Точикистон дар масъалаи ташкили ниходхои робита бо чомеа ва хадамоти матбуотй асосан ба чодаи тайкардаи Русия кадам гузошта,

- 275 -

Цамолов И.М. Зухури хадамоти матбуоти дар Точукистон

тачрибаи онро фаровон истифода бурдааст. Дар Точикистон сохторхои кудратй дар миёни вазорату идорахои давлатй аз нахустинхо шуда, ин гуна ниходхоро ташкил карданд. Ч,олиб ин аст, агар дар Вазоратхои умури дохила ва мудофиа ин ниходхо хадамоти матбуотй номгузорй шуда бошанд, пас дар Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар шуъбаи робитахои ичтимой созмон ёфт, харчанд тартиби корбарии онхо тибки хадафхояшон аз хам тафовути чиддй надорад. Бояд зикр кард, ки минбаъд ташкили ниходхои робита бо чомеа бештар дар ширкатхои тичоратй ва субъектхои бизнес, ба мисли Бонки “Эсхата”, Tcell, Мегафон -Точикистон ва гайра роич шуд, ки вокеан хоси чунин ширкатхост. Аммо, ширкати “ТАЛКО” - истехсолкунандаи алюминий дар Точикистон бошад, робита бо чомеаро тарики хадамоти матбуотиаш ба рох андохтааст. Добили тазаккур аст, ки дар Точикистон пас аз соли 2000 дар баробари фаро расидани фазои муносиб ва истикрори сулх ва суботу оромй дар кишвар ташкили ин гуна ниходхо вусъати тоза гирифт.

Дар ин замина ба маврид аст, то як нуктаи дигар зикр гардад. Ба тасвиб расидани Амри Президенти Чумхурии Точикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 “Дар бораи ташкил ва баргузор кардани нишастхои матбуотй” ва Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 7 феврали соли 2009 №622 "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танкидй ва тахлилии воситахои ахбори умум" (16) ба таъсис шудани ниходхои махсуси кор бо воситахои ахбори умум ва робита бо чомеа мусоидати бештар кардаанд. Дуруст аст, ки дар ин санадхои давлатй хеч ишораи мустаким дар бораи ташкил ва рохандозии ниходхои робита бо чомеа ва ё хадамоти матбуотй мавчуд нест. Санади аввал хар семоха ташкил ва баргузор кардани нишастхои матбуотии рохбарони ниходхои хукуматии сатхи марказй ва махаллй, раисони вилоят ва шахру нохияхо, дигар ташкилоту муассисахои давлатиро пешбинй кардааст. Мутобики санади дуюм, ки бо максади мустахкам намудани интизоми ичроия, баланд бардоштани накши воситахои ахбори умум дар хаёти чамъиятию сиёсй ва ичтимоию иктисодии чомеа ба тасвиб расида буд, аз чумла рохбарони вазорату идорахо, ташкилоту муассисахо ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатиро вазифадор мекард, то вокунишро ба мулохизахои танкидй ва пешниходхое, ки дар воситахои ахбори умум иброз мегарданд, дар мухлатхои мукарраргардидаи конунгузории чумхурй тадбирхои бетаъхиру мушаххас андешида, аз натичаи онхо ба воситахои ахбори умуми дахлдор иттилоъ диханд. Аммо, вокеият ин аст, ичрои талаботи амр ва фармони мазкур баъзе аз ниходхои давлатиро дар хамаи зинахои хокимият, ки то тасвиби ин санадхо сохторхои вежаи кор бо ВАУ-ро надоштанд, водор кард, то дар ин бобат чорахои амалй андешанд.

Х,оло дар аксари шоха ва зинахои хокимият, ниходхои робита бо чомеа ё худ хадамоти матбуотй амал мекунанд. Омузиши вазъият собит мекунад, ки дар Точикистон талаботи ягонаи ташкили хадамоти матбуотй ва робита бо чомеа, меъёрхо оид ба сохтор ва самти кори онхо вучуд надорад. Х,амзамон, маълум нест, ки дар каламрави чумхурй ба чй микдор хадамоти матбуотй фаъолият доранд, аз руи тобеият низ дастрас кардани омори дакик гайриимкон аст. Дар кишвар фаъолияти хадамоти матбуотй чи дар сатхи давлатй ва чи дар сатхи

- 276 -

Djamolov I.M. Press-Service during the Development of State Power in Sovereign Tajikistan

чамъиятй танзим ва хдмохднг нагардида, ниходи махсуси касбии кормандони сохд низ хануз ташкил нашудааст. Вале як чиз мусаллам аст, фаъолияти ин ниходхо асосан мутобик ба санад ва коидахои дохилии ин ё он ташкилоту муассиса, ки дар он созмон ёфтааст, амалй мегардад.

Ба мушохида мерасад, ки хатто баъзе аз ташкилоту идорахо журналистони алохидаро бидуни фориг шудани онхо аз кори асосй, ба воситаи бастани шартномаи мехнатй ва чалби онхо фаъолияти хадамоти матбуотии коргохи хешро ба ухдаи эшон вогузор кардаанд.

Илова бар ин, чуноне дар боло зикраш рафт, хануз дар охири соли 1992 дар макомоти махаллии ичроияи хокимияти давлатй дар Точикистон вохидхои сохтории нав бо унвони шуъбаи робита бо чомеа, хизбхои сиёсй ва иттихо-дияхои динй ташкил гардиданд, ки мисоли онро дар вилояти Сугди имруз ном-бар кардем. Амалан ин ниходи навтаъсис фаъолияти худро дар заминаи коргузории шуъбахои таблиготии хизбии замони шуравй ба рох андохт ва дар таркиби худ хатто бахши махсуси матбуотро дошт. Вале аз нимаи дуюми солхои 90-ум дар ин гуна макомот вобаста ба ниёзмандихо хадамоти матбуотй аз нав таъсис гардиданд, ки дар тули фаъолият ба тагйироти гуногуни унвонию сифатй низ ру ба ру шудаанд. Духокимиятии сохторй, ки дар масъалаи робита бо чомеа дар тачрибаи амалии кишвари мо то хол идома дорад, бахсбарангез аст ва такозо мешавад то ба он равшанй андохта шавад. Пас оё метавон робита бо чомеаро ба сифати таблигот шинохт? Асли масъала такозо дорад, ки худуди фахмиши “робита бо чомеа” бояд мушаххас карда шавад. Пушида нест, таъбири “робита бо чомеа” тарчумаи тахтуллафзии вожаи русии “связь с общественностью” буда, дар навбати худ ба забони русй дар заминаи тарчумаи тахтуллафзии вожаи англисии “public relations” ворид шудааст. Зимнан, дар пасманзари таъбири “робита бо чомеа” вожаи “муносибат” чилва мекунад. “Дар назария ва амалияи муосир зимни “робита бо чомеа” раванди истикрори муносибатхои боварибахш дар пояи иттилоърасонии саривактй ва мукаммал дар назар дошта шудааст. Имруз робита бо чомеа кабл аз хама ба рох мондани шабакахои иртибот ба хотири интиколи иттилоот ва омода кардани иттилоъ аз нуктаи назари мухотаби хадафмандро дар назар дорад. Робита бо чомеа хамчунин пеш аз хама фаъолияти дарозмуддати мунтазамест ба хотири ташкил ва нигох доштани эътибори ширкат ё шахси алохидаи аз нигохи ичтимой масъул” (9, с. 11-12).

Дар хамин хол дар тачрибаи кунунй гохо мафхумхои “робита бо чомеа “ ва “таблигот” ё “реклама” ба хам омезиш меёбанд ва тафовути байни онхо норав-шан мемонанд, хол он ки бояд худуди фахмиши онхо мушаххас карда шавад.

Таблигот харгиз муколамаи дучонибаро пешбинй намекунад ва дар ин чараён андешахои чониби дигар сарфи назар мешаванд. Таблигот хамеша як навъ фишор ва тахмили нуктаи назари муайян аст, дар холе, ки робита бо чомеа чониби дигарро ба муколамаи созанда чалб мекунад. Дар чараёни ин муколама тарафхо ба натича - ин ё он нуктаи назар мерасанд. Яке аз бузургтарин тафо-вутхои дигари робита бо чомеа ва таблиггот дар барномарезй аст. Робита бо чомеа барои дарозмуддат барномарезй мекунад, аммо таблигот дар кутохтарин замони мумкин ба дунболи натича аст ва албатта ин хавфи корро боло мебарад.

- 277 -

Цамолов И.М. Зухури хадамоти матбуоти дар Точукистон

Тачрибаи амалии робита бо чомеа дар Точикистон пеш аз хама тафовути муносибатро ба ин гуна ниходхо бозгуй менамояд. Дар макомоти давлатй маъ-мулан робита бо чомеаро хануз хам як навъи муносибатхои хамсон не, балки амали таблиготй мепиндоранд, ки мисли чодаи яксамта ба як тараф равона ме-кунад ва дар ин бобат печидагихои ташкилии сохторй ба мушохида мерасанд.

Бо вучуди ин хама печидагихо, холо тачрибаи андухтаи ниходхои мух-талифи робита бо чомеа, аз чумла хадамоти матбуотии макомоти хокимияти давлатии Точикистон аз он далолат мекунад, ки робита бо чомеа дар кишвари мо ба як сохаи муайяни фаъолият табдил ёфтааст. Ин соха хануз рушди сох-тории худро пурра анчом надодааст ва дар пайвастагй бо журналистика, сиё-сатшиносй, чомеашиносй ва иктисод зухур мекунад, мухимтар аз хама робита бо чомеа технология ва равандхои хоси рушду такомулро сохиб шудааст.

Х,амин тарик, робита бо чомеа дар Точикистон дар шакли хадамоти матбуотй бештар роич аст ва бо назардошти дарки мавчудияти тафовутхои ин ду мафхум, минбаъд бештар аз вожаи хадамоти матбуотй истифода хохем кард.

Чуноне ишора шуд, таъсис ва такмили системаи муназзами ниходхои махсуси кор бо ВАУ дар макомоти давлатии кишвар дар баробари сохиб-истиклол шудани Чумхурии Точикистон шуруъ гардида бошад хам, ин раванд холо давом дорад ва акнун зинахои поёнии ниходхои хукуматиро фаро гирифтааст. Вале хануз хам журналистони точик ба истиснои холатхои алохида аз фаъолияти хадамоти матбуотии ниходхои давлатй дар мукобили марказхои иттилоотии миссияхои дипломатии мустакар дар Точикистон ва ё созмонхои гайрихукуматии кишвар изхори норозигй менамоянд. Ин гуна арзу шикоятхои хабарнигорон аз он аст, ки хадамоти матбуотии ниходхои хукуматй гохо худашон ба чойи он, ки дастрасиро ба иттилооти расмй таъмин намоянд, бештар ба хофизони асрори идории хеш табдил ёфтаанд.

Бояд як омили дигарро низ таъкид кард. Дар Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Чумхурии Точикистон, ки бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 30 апрели соли 2008 тасдик шудааст, хадаф, вазифа ва объектхои сиёсати давлатии иттилоотй чунин мушаххас шудааст: «Микдор, сифат ва дастрасии захирахои иттилоотй бештар аз хама сатхи инкишофи мамлакат, макоми онро дар чомеаи чахонй муайян карда, бебахс нишондихандаи калидии ин маком дар дахсолахои аввали карни XXI хохад шуд». (7)

Дар ин санад макомоти давлатй ва ниходхои дигар, ки ба имичи мусбии худ манфиатдоранд, вазифадор шудаанд, ки бахшхои махсуси масъули татбики сиёсати иттилоотй ва хамкорй бо ВАУ-ро дошта бошанд. Дар бахши нихоии ин санад хамчунин таъкид мешавад, ки татбики сиёсати давлатии иттилоотй имкони бештарро барои такомули сатхи иттилооти муттасили ахолй аз чониби макомоти хокимият ва идораи давлатй оид ба хаёти сиёсй, ичтимоию иктисодй аз тарики ВАУ, марказхои матбуотй, марказхои робитаи чамъиятй ва ба монанди инхо фарохам меоварад.

Бо дарназардошти печидагихои сохти ташкилии хадамоти матбуотй ва робита бо чомеа, хамчунин татбики вазифахои Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотй дар мавриди хамохангсозии фаъолият дар сохаи ташаккул ва рушди фазои иттилоотй зарур аст, ки барои ташкили хадамоти матбуотй дар ниходхои

- 278 -

Djamolov I.M. Press-Service during the Development of State Power in Sovereign Tajikistan

давлатй як тавсияномаи намунавй тахия карда шавад. Х,амчунин, зарур аст, ки дар фаъолияти ин ниход рукни робита бо чомеа дар заминаи пешбурди фаъолияти наздик ба журналиста аз як суй ва мониторинг ва тахлили афкори омма аз суи дигар, ки бешубхд мубодилаи иттилоотии дучонибаро таъмин менамояд, ба инобат гирифта шавад.

Маргарет X. Салливан (12, с. 13-14) коршиноси варзида оид ба масоили давлатй ва иртиботот дар ИМА дар заминаи омузиши фаъолияти хадамоти матбуотии давлатй таъкид мекунад, харчанд хам хадамоти матбуоти давлатй ба тарзи мухталиф ташкил шуда бошанд хам, онхо ду вазифаи хамнаворо ичро мекунанд: аввал ин, ки бо матбуот сару кор доранд ва хамзамон хамтоёни хешро дар сохторхои давлатй дар чараёни манфиатхои матбуот карор медиханд. Ба андешаи ин коршиноси варзида, кормандони хадамоти матбуотй дар назди расонахои хабарй вакили дифои хукумат ва дар назди хукумат вакили дифоъ аз манфиатхои ВАУ хастанд.

"Хадамоти матбуотй - гурухи кормандонест, ки бо чамъ кардани иттилоъ сару кор дошта, хамзамон иттилои чамъшударо дар фишурдахои махсус тахлил ва баррасй менамоянд ва ба мардум пароканда месозанд" (3, с. 58-59), - ин гуна тавсиф ба мухаккики барчастаи соха Сэм Блэк тааллук дорад, ки хануз соли 1989 иброз карда буд.

Ба андешаи мухаккикони рус С. Н. Илченко и А. Д. Кривоносов, “хадамоти матбуотй бахши мухтори субъекти робита бо чомеа (PR) ба хисоб меравад, ки татбики сиёсати иттилоотии онро бо воситахои ахбори умум таъмин менамояд” (6, с. 31). Ин нукта дар дастури методии Анчумани миллии воситахои ахбори умуми мустакили Точикистон “Хркимият ва матбуот: хамкории макомоти давлатй бо ВАУ” чунин зикр шудааст: “Хадамоти матбуотй халкаи

пайвандгарест, мубодилаи иттилоотро миёни чомеа ва ташкилоте, ки дар пояи он хадамоти матбуотии мазкур ташкил шудааст, таъмин менамояд” (4, с.26).

Х,амин тарик, ниходхои давлатй, аз чумла макомоти ичроияи хокимияти давлатй эътимод ва боварии комили оммаро дар холе ба даст оварда метавонанд, ки харчй бештар ба чомеа иттилооти вокеиро дар бораи тасмим ва фаъолияти хеш, вазъият ва ходисахое, ки рух медиханд, манзур намоянд. Яъне, як навъи хизматрасонй бояд ба рох монда шавад, ки бозу шаффофияти иттилоотии фаъолияти онхоро таъмин намояд, ки ин вазифа ба ухдаи ниходпояхои пешбурди робита бо чомеа, аз чумла хадамоти матбуотй вогузор аст. Бинобар ин хадамоти матбуотй ё марказхои матбуотй новобаста аз он, ки аз лихози ташкилй мустакиланд, ё ба таркиби сохтори умумии робита бо чомеа шомиланд, бояд на факат манфиати чамъиятиро нисбат ба фаъолияти ин ё он ташкилоту муассиса конеъ гардонанд, балки ба ин ташкилот барои дастрасй ба иттилооти манбаъхои озод ва татбики сиёсати иттилоотй кумак расонанд.

Дар Точикистон ниходхои робита бо чомеа, бахусус хадамоти матбуотй, ки чойгохи онхо дар Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотй ба таври хоса таъкид шудааст, худ ба худ тавсеа меёбад ва раванди ниходпоя шудани онхо то хол мукаммал шакл нагирифтааст. Х,ануз макомоти танзимгар ва хамохангсози давлатй ё чамъиятй, ки ба эъмори инфрасохтори сохаи робита бо чомеа (public relations), рушду такомули хамачонибаи самтхои он, химояти манфиатхои соха,

- 279 -

Цамолов И.М. Зухури хадамоти матбуоти дар Точукистон

чорй намудани меъёрх,ои касбй ва ахлокии кормандони сохд ва назорати ичроиши онх,о, кор бо захираи кормандон ва гайра машгул бошад, ташкил нашудааст. Ин амр зарурати таъсисёбии чунин них,одро дар Чумхурии Точикистон шиддат мебахшад.

Пайнавишт:

1. Алешина, И.В. Паблик рилейшнз для менеджеров / Алешина, И.В. - М.: ЭКМОС,

2003. - 480 с.

2. Архиви вилояти Сугд. Ф20. р.18. п1163. сау. 182

3. Блэк, С. Паблик рилейшнз / С. Блэк. - М.: Сирин, 2002. - 202 с.

4. Власть и пресса: взаимодействие пресс-служб государственных органов со СМИ /под общ. ред.: Н.Каршибаева. -Душанбе: НАНСМИТ, ООО «Сармад-компания», 2013. -100 с.

5. Ворошилов, В. В. Современная пресс-служба/ В.В. Ворошилов. -СПб.: Изд-во В. Михайлова, 2005. - 256 с.

6. Ильченко, С.Н. Современная пресс-служба: Учеб. пособие / С.Н. Ильченко, А.Д. Кривоносов. - СПб.: С.-Петерб. гос. ун-т, 2005. - 105 с.

7. Концепция государственной информационной политики Республики Таджикистан. [манбаи электроны] Утверждён Указом Президента Республики Таджикистан от 30 апреля 2008 года № 4510. дастрасы ба сомона: http://cipi. tj/?p =270 . (муроциат ба сомона: 17.01.2014)

8. Королько, В. Г. Основы паблик рилейшнз /В.Г. Королько. -М., «Рефл-бук», 2001. - 528 с.

9. Кочеткова, А. В., Филиппов, В. Н., Скворцов, Я. Л., Тарасов, А. С. Теория и практика связей с общественностью/А.В. Кочеткова и др. — СПб.: Питер, 2009. -240 с.

10. Кочеткова, А.В.,Тарасов А.С. Современная пресс-служба / А.В. Кочеткова, А.С. Тарасов. - М.: Эксмо, 2009. -272 с

11. Поцепцов Г.Г. Паблик рилейшнз для профессионалов / Г.Г. Поцепцов. -Киев: Ваклер, 2001. -624 с.

12. Салливан, Маргарет X. Ответственная пресс-служба. Взгляд изнутри. - М.,

2004. -145 с.

13. Салобату цалолати кущ баланд // Рузномаи Хацицати Сугд, №135, 8.11. 2012

14. Татаринова, Г.Н. Современная пресс - служба: учеб. пособие /Г.Н. Татаринова. -Омск, 2007. -72 с.

15. Усмонов, И., Давронов, Д. Таърихи журналистикаи тоцик / И. Усмонов, Д.Давронов. -Душанбе, 2008. -249 с.

16. Фармони Президенти Цумуурии Тоцикистон аз 7 феврали соли 2009 №622 "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи тащидй ва тацдиди воситауои ахбори умум" (манбаи электроны) датрасы ба сомона: http://prezident.tj/node/2889/ (санаи муроциат: 24. 04.2012)

17. Чумиков, А. Н. Связи с общественностью: учеб. пособие. / А.Н. Чумиков. - М.: Дело, 2000. -272 с.

Reference literature

1. Alyoshina I. V. Public Relations for Managers. /I.V. Alyoshina. - M.: EKMOS, 2003. - 480pp.

2. Sughd Viloyat Archive. F.20. sh.18. inv.1163. d.182.

3. Black S. Public Relations / S. Black. - M.: Sirin, 2002. -202 pp.

- 280 -

Djamolov I.M. Press-Service during the Development of State Power in Sovereign Tajikistan

4. Power and Press: Interaction of Press-Services of Statal Bodies with MM / under general editorship.: N. Karshibayeva. - Dushanbe: NANSMIT, Assos.LTD “Sarmat-Company”, 2013. -100 pp.

5. Voroshilov V.V. Modern Press-Service / V.V. Voroshilov. -Spb.: V. Mikhaylov's Publishing-House, 2005. - 256pp.

6. Ilchenko S.N. Modern Press-Service: Educational text-book / S.N. Ilchenko, A.D. Krivonosov. - M.: Publishing-House, 2005. - 256pp.

7. The Conception of Statal Informational Policy of Tajikistan Republic (electronic resource). Validated with the Fiat of Tajikistan Republic President from April, 2008, #4510, regime of availability: http://cipi.tj/?p =270 (date of addressing: 17.01.2014).

8. Korolko V.G. Public Relations Foundations / V.G. Korolko. -M.: Rafe-Book, 2001. - 528pp.

9. Kochetkova A.V., Philippov V.N., Skvortsov Ya. L., Tarasov A.S. Theory and Practice of Ties with Public Circles / A.V. Kochetkova and others. - SPb: Peter, 2009. - 240 pp.

10. Kochetkova A.V., Tarasova A.S. Modern Press-Service / A.V. Kochetkova, A.S. Tarasova. - M.: EKSMO, 2009. -272 pp.

11. Potseptsov G.G. Public Relations for Professionals / G.G. Potseptsov. - Kiev Vakler, 2001. - 624 p.

12. Sallivan, Margaret H. Press-Service in Charge. View from inside. - M., 2004. - 145 pp.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

13. Magnificence of High Mountains //Sughd Viloyat News, #135, 8.11.2012.

14. Tatarinova G.N. Modern Press-Service: educational text-book / G.N. Tatarinova. - Omsk, 2007. - 72pp.

15. Usmonov I., Davronov D. History of Tajik Journalism /1. Usmonov, D. Davronov. -Dushanbe, 2008. - 249 pp.

16. Tajikistan Republic President's Fiat “On Reaction of State Officials to Critical and Analytical Materials of MM” (electronic resource) regime of access: http://prezident.tj/node/2889 (date of addressing: 24.04.2012)

17. Chumikov A.N. Ties with Social Circles: educational text-book / A.N. Chumikov. - M.: Business, 2000. - 272pp.

Пресс-служба в период развития государственной власти суверенного

Таджикистана

Ключевые слова: евязъ с общественностью, пресс-служба, информационная политика, журналистика, СМИ.

Автор на основе сравнительного и ретроспективного анализа делает попытку исследовать пути становления и развития пресс-службы в Республике Таджикистан, ее роль в системе средств массовой информации страны. Особое внимание уделяется становлению института связей с общественностью в органах государственной власти республики. Указывая на развитие пресс-службы в Республике Таджикистан в период независимости, автор констатирует, что пресс-служба появилась в органах государственной власти СССР на закате огромной коммунистической державы, сначала в центральных, а потом в местных партийных структурах. Пресс-служба в государственных органах является связующим звеном, обеспечивающим обмен информацией между обществом и организацией, на базе которой создана данная пресс-структура. Пресс-служба призвана информировать граждан о деятельности и позиции властей, их политике, а также, используя СМИ,

- 281 -

Цамолов И.М. Зухури хадамоти матбуоти дар Точукистон

формировать общественное мнение о действиях властей. На основе архивных материалов и материалов периодических изданий автор анализирует также особенности становления и развития пресс-службы в Согдийской области с 1992 года.

Press-service during the Development of State Power in Sovereign Tajikistan Key words: public relations, press office, information policy, journalism and mass media

On the basis of comparative and retrospective analysis the author makes an attempt to explore the ways of formation and development of press-service of the Republic of Tajikistan and its role in the country's mass media. Particular attention is paid to the establishment of the Institute of Public Relations in the state bodies of the republic. Pointing to the development of press-service in the Republic of Tajikistan in the period of independence, the author states: Press-Service appeared in the state bodies of the USSR at the sunset of strong Communist power, first in central, and then in local party structures. Press-office in state bodies is the link for providing information between society and organizations which was created on the basis of this pressstructure. Press-service is designed to inform citizens about the activities and position of the authorities, their policies, as well as using masses for shaping public opinion on the actions of the authorities. On the basis of archival materials and those ofperiodicals the author also analyzes the features of formation and development of the press-service of Sughd viloyat since 1992.

Роцеъ ба муаллиф:

Цамолов Илуом Мазбудович, унвонцуи кафедраи журналистика ва назарияи тарцумаи Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи акад. Б. Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), e-mail: [email protected]

Сведения об авторе:

Джамолов Илхом Мазбудович, соискатель кафедры журналистики и теории перевода Худжандского государственного университета им. акад. Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), e-mail: jamoliyon@gmail. com

Information about the author:

Djamolov Ilkhom Mazbutovich, claimant for candidate's degree of the department of journalism and theory of translation under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan, Khujand), e-mail: jamoliyon@gmail. com

- 282 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.