Якубов Цумъа Калонович,
сармуаллими кафедраи сиёсатшиносии ДД^БСТ
НА^ШИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММАИ ЧУМ^УРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
Точикистони сохибистиклол бо вучуди мушкилихои иктисодй ва душ-ворихои зиндагии рузмарра дар эъмори чомеаи демократй, хукукбунёд ва дуня-вй кадамхои устувор мегузорад. Васоити ахбори омма чун як рукни мухими чомеаи демократй дар хдёти ичтимой ва сиёсии мамлакат накши мухим дошта, дар замони тасарруфу тахочуми фархангй, ракобати иттилоотй ва химояи ман-фиатхои ватану миллат новобаста аз мансубияташон ба хизбу созмонхо, шахсони чудогона дар тарбияи мардум дар рухияи худшиносй, худогохй, ватан-дустиву ормонхои миллй сахми арзанда мегузоранд. Кормандони расонахои хабарии Ч,умх,урии Точикистон бо дарки масъулияти баланди шахрвандй ва манфиатхои умумимилливу умумибашарй ба инъикоси хакконии вокеаву руйдод, тахлили дигаргунихои ичтимой ва тахдввулоти чахони муосир машгул гардида, дар халлу фасли масоили доги чомеа ва таъсир ба афкори сиёсии омма аз тамоми имконияту восита истифода мебаранд, ки бешак дар боло рафтани сатхи маърифати мардуми Точикистон накши мухим мебозад (1).
Конститутсияи (Сарконун) Ч,умхурии Точикистон озодии баёну матбуотро кафолат дода, фаъолияти мунтазаму муназзами васоити ахбори оммаи кишвар дар конунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситахои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонй», «Дар бораи хукук-хои муаллиф ва хукукхои марбут ба он», «Дар бораи табъу нашр» заминаи устувори хукукй пайдо кардааст. Бинобар натичагирии яке аз созмонхои бону-фузи байналмилалй - «Хабарнигорони бидуни марз» дар таъмини озодии матбуоти Точикистон дар соли 2012 байни 165 мамлакати дунё дар мавкеи 95-ум карор гирифта, дар байни чумхурихои Осиёи Марказй чои аввалро ишгол кардааст. Чунин натича аз як тараф нишон медихад, ки васоити ахбори оммаи Точикистон мавкеи худро дар сиёсат мустахкам ва назаррас намудааст. Аз дигар тараф васоити ахбори омма дар бунёди чомеаи шахрвандй, демократй, хукукбунёду дунявй хиссагузор буда, хар як руйдодхои сиёсй ва ичтимоиро вокей ва хакконй инъикос намояд.
Сиёсати имрузаи Точикистон нисбати матбуот ба он равона карда шудааст, ки васоити ахбори омма проблемахои сиёсй - ичтимой ва иктисодиро бо риоя намудани конуну одоби рузноманигорй баррасй намояд, зеро расонахои хабарй дар кушодани чигилхо муаммохо, оштинопазирии норасогихои сиёсй-ичтимой, конуншиканй, бюрократй ва ноухдабароии рохбарони чудогонаи идораву корхона ва гайра масъуланд.
Суханронии Президенти мамлакат Эмомалй Рахмон дар мулокот бо зиёиёни мамлакат (марти соли 2004) ва бо макомоти хифзи хукук бахшида ба 80-солагии Прокуратураи чумхурй тасдики гуфтахои болост: «Имруз матбуот хамкадами хаёт ва чузъи хеле мухиму чудонопазири чомеаи озоду демократии мо буда, таъмини фазои интихоби дурусти мавкеъ имкониятхои васеъ мухайё месозад» (2).
Васоити ахбори омма дар вокеъ як неруи тавоноест, ки метавонад садди рохи сар задани хамагуна хаводиси номатлуб бошад. Ч,омеаи навини Точикис-тон дар назди васоити ахбори омма вазифахои навро гузоштааст, ки бе машва-рати тарафайн ва диди амик ба субот расонидани он афкори заифе, ки аллакай дар баъзе кишвархо зухур ёфта ба зиддияти байни тамаддунхо равона шудааст, амал намуда аз ривочи чунин равандхои носолими сиёсиву фархангй чилавгирй намояд. Матбуот, ки оинаи рузгор аст, набояд ба майдони гаразу кина ва хангомачуй табдил дода шавад. Фаъолияти он низ набояд ба тезутунд кардани вазъи сиёсиву психологии чомеа равона гардад. Аз хар камбуди чузъй бо муболигахои беасос хангома сохта, чомеаро ба самти нодуруст хидоят кардани расонахои хабарй амали холисонаву ватанпарастона намебошад.
Тадкики масъалаи накши васоити ахбори оммаи Чумхурии Точикистон дар давраи истиклолият актуалй ва талаби замон мебошад, зеро бо баробари сохибистиклол гардидани Точикистон сохтори воситахои ахбори оммаи Ч,Т ба дигаргунихои чиддй ва муаммохо ру ба ру гардид ва масоили таъсири масс-медиа ба раванди сиёсии чомеа, мизони муносибати он бо сиёсат зарурати пажухиши жарфтари ВАО-ро такозо менамояд.
Барои дарки мохияти васоити ахбори омма дакик кардан лозим аст, ки мафхуми ВАО чиро ифода мекунад. Пеш аз хама, ВАО рузнома, мачалла, барномахои телевизион ва радио, кинодокументалистика, интернет ва дигар шаклу воситахои чопу нашри ахбори оммавиро пахнкунанда мебошанд.
ВАО чузъи таркибии системаи сиёсии чомеа махсуб ёфта, фаъолияти онхо махсули таъсири мухими чамъиятй - сиёсй дорад, чунки хусусияти ахбори ба хонандаву шунаванда равона карда шуда, муносибати онхоро ба вокеият ва ба самтхои фаъолияти ичтимой муайян месозад. Кулли сиёсатшиносон бар он акидаанд, ки ВАО на танхо хабару иттилоъ медихад, балки инчунин гоя, акида, таълим, барномахои сиёсии муайянро таргиб мекунад ва бо ин дар идоракунии хаёти ичтимой ширкат меварзад. Васоити ахбори омма фикру акоиди чомеаро ташаккул дода, дастуру барномахои муайяни ичтимой ва боварии мардумро ба вучуд оварда, инсонро бо ин рох ба амалу харакати муайян водор месозад.
Дар чамъияти демократй ва давлати хукукбунёд хар як шахрванд хукуки конунй дорад, ки оиди вокеаву ходисоти дохили мамлакат ва берун аз он иттилоъ дошта бошад. Чунон ки дар аксар тадкикотхо зикр мегардад ва аз тачрибаи бойи хаётй бармеояд, бе озодандешй демократия нест, бе демократия озодии баён. Дар навбати худ озодии баён ва демократияро бе матбуоти озоду мустакил тасаввур кардан гайриимкон аст. ВАО дар ин маврид дар баробари дигар чузъиёти системаи демократй, ба мисли парламент, макомоти ичроияи хокимият ва судй мустакил меистад. Аз ин чост, ки ВАО-ро хамчун «хокимияти чахорум» ном мебаранд. Ибораи образноки мазкур хокимиятеро ифода
мекунад, ки дорои хусусиятхои ба худ хосу муъчаз буда, ба шохахои дигари хокимият (конунгузор, ичроия ва судй) мушобех нест. Чист ин хусусияти хос? Пеш аз хама, ин хокимият ноаён аст. Вай ягон хел макомотхои конунгузор, ичроия ва судии ба худ тобеъ надорад. ВАО наметавонанд фармон диханд, ва-зифадор намоянд, чазо ва ё ба чавобгарй кашанд. Яроки ягонаи онхо сухан, овозу тасвир, ки иттилоъ ва ё хабари муайянро ифода мекунад, яъне ходиса, бахс, тасдик ва ё инкори вокеа, бахо додан ба амалу рафтори шахси алохида, гурухи одамон, хизбхо, ташкилоти чамъиятй, хокимият ва гайра махсуб меёбад. Матбуот ба чамъияти озод хамчун оина хизмати бебахо мекунад, зеро чомеа хешро дар оина хубтар мешиносад. Мавчуд набудани чунин «оина» чомеаро ба нестй хидоят мекунад. Таърих гувох аст, ки хама сарварони (лидер) режими тоталитарй, ки акси худро дидан намехостанд, кисмати бад доштанд.
Васоити ахбори омма дар чомеаи демократй, бо обу ранги бадей гуем, бояд кутби нисбат ба хокимият аз чихати диалектикй мукобил истода бошад, на ин ки хамчун воситаи таблиготй. Ба принсипи зерин амал кардан корест мушкил. Ба он на танхо журналистон, балки кулли чомеа низ бояд одат намо-яд. Чй тавре, ки тачриба нишон медихад, ин раванди мураккаб ва ранчур-кунанда аст. Зикр кардан кофист, ки хокимияти доро ВАО-ро пай дар пай сарзаниш менамояд, онро «матбуоти аз банд рахошуда» меномад, ба муташан-нич шудани вазъ, ба вайрон кардани муносибатхо муттахам месозад. Хусусияти хоси журналистика хамчун фаъолият ва ВАО хамчун институт зарурати макоми махсуси журналистика ва ВАО-ро дар дохили раванди сиёсй муайян месозад. Инчунин, мукаррар аст, ки махсулнокии фаъолияти журналисти алохида, гурухи иттилоотй дар раванди сиёсй на танхо аз вазифаи хешро бомахо-рат ичро кардан, балки аз хамчун ба сифати субъекти фаъолияти сиёсй ишти-рок намудан низ вобаста аст.
ВАО дар хар як чамъият накши мухими иттилоотиро мебозад, яъне миёни журналист ва хонанда вазифаи миёнаравро ичро менамояд. Бар замми ин, дар раванди фаъолият ВАО миёни иттилоъдиханда ва кабулкунанда иртиботи дутарафаро ташкил медихад. Бо ибораи дигар, алока ба амал оварда мешавад, вале алокаи шахсй ва ё бевосита набуда, балки иртибот бо воситаи шаклхои оммавии алока дар назар аст. Миёни журналист (коммуникатор) ва аудитория (реципиент) воситаи техникии алока мавчуд аст, ки тавассути он ВАО бояд талаботи иттилоотии чомеаро конеъ гардонад. Одам хукук ба хакикат дорад ва ин хукук дар баробари илму санъат бо ахбори илмии матбуот, телевизион ва радио, бо хизматрасонии мухталифи иттилоотй таъмин карда мешавад. Онхо чомеаро бо ахбори фаврй таъмин месозанд. Онхо бояд ба одамон гуянд, ки дируз ва имруз чй ходиса рух дод. Мавчуд набудани ахбори сахеху муътамад овозахои беасос ва дар мавриди инкироз, тарсу бим бесарусомониро бармеангезад. Хизматчиёни ВАО, азбаски сохиби хукук ва имкониятхои васеъ мебошанд, бояд дар назди чомеа масъулиятро эхсос намоянд. Суйистеъмол намудани озодии сухан дар аксар мамолики чахон чихати конун кобили чазо аст. Истифодаи ВАО дар ифшо намудани сирру асрори давлатй, даъват ба истифодаи зурй, сарнагун ва ё дигаргун намудани сохтори давлатй ва чамъиятй, таргиби чанг, зуроварй ва зулм, махалгарой ва миллатгарой ва гайра манъ аст.
Инчунин истифодаи BAO бо максади мyдохила ба хдёти шахсии шахрвандон, тахдид ба нангу номуси онхо манъ аст ва аз тарафи конун таъкиб меёбад (3).
Журналист дар чорчубаи фаъолияти BAO амал намуда, хукук дорад, ки аз сарчашмаи гуногун иттилоъ гирад ва дар баробари ин у бояд сахехияту муътамадии иттилоъро донад, агар иттилоъ мукобили конун бошад, аз вай даст кашад, хукук ва манфиатхои конунии шахрвандон ва ташкилотхоро эхтиром намояд. Барои ин ё он конуншиканй журналист ба чавобгарии чиной ва дигар чазо кашида хохад шуд (3).
Матбуот ва дигар воситахои ахбори омма дар тарбияи маданияти сиёсии кулли аъзои чомеа масъуланд. Маданияти сиёсие, ки дар он хакнигорй, вичдони пок, боварй, афзалияти арзишхои волои инсонй баръакси табакабандй ва тафрикаандозй ифода ёфта бошад.
Маданияти баланди сиёсй ин боинсофона ба эътибор гирифтани нуктаи назари мукобили сиёсй, рох надодан ба усулхои ношояму низоангези халли масоил ва гайра ба хисоб меравад. BAO афкори чомеаро ташаккул ва ифода намуда, аз як тараф тачриба ва афкори миллионхо нафарро чамъ менамояд, аз дигар тараф натанхо ба шуур, балки ба рафтор, ба амали дастачамъии одамон таъсир мерасонад. Режими тоталитарй афкори умумро ба назар намегирад. Дар чомеаи демократй идораи раванди ичтимой бидуни омузиш ва таъсири афкори умум гайритасаввур аст, ки дар он BAO накши бузург дорад. Aфкори умумро балад будан, истифодаи мохиронаи он гарави баробар хукм рондан, бо рохи демократй идора кардани равандхои ичтимой махсуб меёбад.
BAO накши сиёсй, рохбарикунандаи хешро дар системаи сиёсии чомеа, инчунин, бо роххои музокирот, ёрию мадад, танкид ва махкум кардани барно-махои гуногуни сиёсй, гояхо ва пешниходи шахсони алохида, ташкилотхои чамъиятй, хизбхои сиёсй, фраксияхо ва гайраро ичро менамоянд. Масалан, ра-ванди ташаккул ва демократисозии чомеаи муосири Догистонро воситахои ахбори омма хеле тезонид. Садхо, хазорхо хуччатхо, арзхо, барномахои сиёсй, конунхо дар сахифахои матбуот, радио ва телевизион мавриди музокироти тезу шиддатнок карор гирифтанд.
Самтхои асосии фаъолияти сиёсиву чамъиятии воситахои ахбори омма дар мавриди суботи чомеа, ба низом даровардани муносибатхои чамъиятй кадомхо бояд бошад?
- конеъ намудани шавку рагбати иттилоотии чомеа;
- таъмини озодии баён;
- тахкик ва ташаккули афкори умум;
- ташкили музокирот, бахс дар атрофи масоили мухими хаёти чомеа;
- тарафдори танкиди барнома ва фаъолияти давлат, хизбхо, ташкилотхои чамъиятй, сарварони алохида;
- тарбияи маданияти сиёсй, ахлок ва дигар хусусиятхои шахрвандон;
Дар мархалаи муосири пешрафти илмй-техникй BAO низ рушд кард, ки дар натича дар олам вазъу фазои нави иттилоотй ба вучуд омад. Дар натичаи тараккиёти воситахои алокаи замонавй, рушди иртиботи байналхалкй имрузхо ягон кувва раванди иттилоотиро инхисор карда наметавонад. «Эъломияи уму-мии хукуки башар» ва дигар шартномахои байналхалкй, пахншавии боэъ-
тимоди иттилоотро кафолат медиханд, ки тамоми халкхои чахонро ба хам наздик месозанд.
Дар ин шароит муносибати сиёсат ва журналистика ба таври куллй тагйир ёфт. Ба чои воситахои ахбори оммаи сиёсии тобеъ ва зери назорати адми-нистративй-бюрократй карорёфта, матбуот, радио ва теливизиони хоси чомеаи демократй зухур меёбад, ки дар бунёди он арзишхои умумиинсонй, ба мисли росткавливу хакикатгуй, эхтироми акидахои гуногун, гарави озодандешй ва вичдон чойгузин аст.
Дар натичаи дигаргун гаштани фазои иттилоотй ба акидаи олими канадагй М.Макмоэн, имруз чахон ба дехаи калон шабех дорад, ки дар он чо хама чиз маълум аст. Х,одиса, вокеае, ки дар дуртарин нуктаи сайёра рух медихад, дар як лахза ба тамоми мамолики тараккикарда пахн мегардад. Телевизион, алокаи спутникй масофа ва сархадро бемамоният убур мекунад. Кушиши рохбарони мамолики сохиби режими тоталитарй дар манъ кардани иттилоот сахнаи чанги Дон Кихотро бо осиёхои шамолй ба ёд меорад.
Дар замони муосир рушди ВАО дар чахон бо кадом нишондодхо муайян карда мешавад? Х,оло дар чахон зиёда аз 8 хазор рузномахо бо тиражи ним миллиард хар руз нашр мешаванд. Зиёда аз 20 хазор радиостансия дар 133 мамолики дунё фаъолият мебарад. Мутобики меъёри муайянкардаи ЮНЕСКО дар хар як мамлакати мутараккй теъдоди хадди акали сарчашмаи иттилоотй барои хар як хазор нафари ахолй бояд 100-то рузнома, 100-то радио,100-то телевизион рост ояд.
Ба ин чахорчуба 25 мамлакати Аврупо, 4 мамлакати Америкаи Шимолй ва Ч,анубй ва дар Осиё Япония мувофик аст. Зикр намудан чолиб аст, ки дар мамлакатхои Осиё, Африко ва Америкаи Лотинии истиклолият бадастоварда теъдоди ВАО хеле кам аст. Масалан, 9 мамлакати китъаи Америка умуман рузномаи хешро надорад. Дар аксари мамлакатхои китъаи Африко сиёсати миллии рушди воситахои ахбори омма мавчуд нест.
Х,амин тарик, ВАО чузъи мухими таркибии системаи сиёсии чомеаи муосир ба хисоб рафта, мохият, хусусият ва вазифахои он, дар аксар холат вобаста аз сохтори сиёсй-ичтимоии чомеа муайян хохад шуд. Дар чомеаи тоталитарй матбуот, радио, телевизион хамчун чузъи чудонопазир ба системаи фармонравой хизмат мекунад. Дар табиати кавии элитаи хукмрон, бюрокра-тияи хизбй ВАО вазифаи аввалиндарачаи хешро (таъмин кардани ахолй бо ахборот) фаромуш намуда, ба ташвикоту таргиби гояву мукаррароти муайян-шуда мепардозад ва на хамеша ба ташкил ва ба амал татбик шудани накшаву тадбир ва ташаббусхои зарурй мусоидат менамояд.
Тахлили ретроспективй. Барои дарку бахо додани накши нави системаи ВАО дар хаёти сиёсии муосири Точикистон ба таърихи ташаккул ва инкишофи матбуот ва дигар воситахо, коммуникатсияи оммавии давраи баъдиоктябрй ру меорем. Дар давлати тоталитарй аз як тараф, ВАО курбони режими тоталитарй гашта, тамоми сифатхои мусбии минбари озод ва дигар воситахои иттилоотии ахолиро аз даст медиханд. Аз дигар суй худи ВАО аслиха ё худ воситаи режими тоталитарй шуда мемонад. Ба акидаи аксар олимон хусусияти хоси ин режим манфиатбахш ва пурмахсул истифода бурдани ВАО мебошад. Сухани режими
фармонравой бе дуруг гайриимкон буд. Ин дуругро ВАО меофарад. Ба акидае дуруги тоталй аз террори тоталй хавфноктар буд, чунки вай паси дуруг пинхон буд ва вонамуд мекард, ки хуб аст ва хатто мутафаккирон ва нависандагонро ба иштибох мебурд.
Чи тавре, ки таърих гувох аст, дар Декрет оиди матбуоти В.И. Ленин имзокарда (27.10.1917) кайд шуда буд, ки азбаски хокимияти нав акнун ба по рост шуда истодааст, ба дасти буржуазия додани матбуот гайриимкон буда, дар ин вазъият аз бомба хам хавфноктар мешавад. Мутобики ин Декрет макомоти матбуоте, ки ба зидди хокимияти нав ба муборизаи руирост даъват менамуданд, бо харакатхои игвоангезона ба чинояте хидоят мекарданд, бояд баста мешуд. Зикр шуда буд, ки ин фармони муваккатй буда, бо баробари муътадил гаштани вазъи чамъиятй ислох хохад шуд (4, 110). Дар раванди тадричан мустахкам шудани мавкеи ВАО нуктаи назари нодуруст маънидод шудаи В.И.Ленин оиди бечунучаро зери назорати хизби тобеъ карор гирифтани матбуот накши худро бозид. Дар хамон шароити вокей В.И.Ленин, ки нав аз пинхонкорй баромада буд, чунин мехисобад, ки бояд матбуот чузъи чудонопазири хизб бошад. Мутаассифона, матбуот хамчун воситаи ташкили хизб ва ба даст овардани хокимият хисобида мешуд. ВАО дар хамин мавкеи худ 70 сол бокй монд.
Дар охири солхои 20-ум дар Точикистон журналистикаи тоталитарй сохта шуд. Дигаргунихои кутохмуддат дар солхои 50-60 дар системаи ВАО бисёр тагйиротхо ворид сохт. Фаъолияти рузномахо, мачаллахо, радио ва телевизион чонноку рангин шуданд. Вале хамон тобеи марказ, тобеи як хизб бокй монданд.
Ба воситахои ахбори оммаи давраи шахсиятпарастй ва солхои минбаъда чунин хусусиятхо, ба мисли сиёсати бадбинона, ташвику таргиби нуктаи назари ягона, сиёсати чудохохона, ба хама талкин намудани ягона таълимоти дуруст, дуруг ва нимдуруг, чой надоштани бахс, танкид, ахбори кухнашуда ва гайра характернок буд. Вале дар ин шароити номусоид дар сахифахои рузнома ва мачаллахо, радио ва телевизион баромадхои часурона ба назар мерасид, ки афкори чомеаро тагйир медод. Адабиёт ва ВАО чомеаро ба дигаргунихо омода месохт. Дар миёнаи солхои 80-ум ибораи «озодии баён» пайдо шуд.
Озодии баён ин хукуки донистани хама чизе, ки дар мамлакат ва чахон содир мегардид, ин хукуки хакикатро натарсида шунидан ва гуфтан махсуб меёбад. Ба озодии баён, ба озодандешии сиёсй (плюрализм) муддати дароз, хатто имруз низ мамоният кардан мехоханд.
Савол ба миён меояд: хоким кист, кадом фикр ба мамлакату халк муфид асту, кадоме не? Одамоне пайдо мешаванд, ки дар амал ба озодии баён монеъ мешаванд. Баъзе консервативхо афкори либералистиро рад менамоянд. Бале, чорчубаи озодии баён бояд хад дошта бошад. Талаби ин меъёр хакикатнигорй, сахехияту асоснокии ахбор аз руи вичдон, аз руи конун аст.
Дар замони муосир дар Ч,Т ба нашри рузномаву мачалла на танхо ташки-лотхои давлатй, балки хизбхои гуногун ва ташкилотхои чамъиятй, коопера-тивхо, чамъиятхои динй ва эчодй ва шахсони алохида хукук пайдо кардаанд. Ба пастии маданияти сиёсй, ба махорати касбй нигох накарда, ВАО фаъолияти
сиёсиро чоннок намуд, такондихандаи гояхо ва назари нав гардид ва тасавву-роти кухнаро инкор кард.
Накши BAO дар эхёи миллии Точикистон, дар бедор кардани хиссиёти таърихнигории одамон, танкиди диктатураи сахт, бедор кардани расму оинхо ифодаи худро ёфта истодааст. Сохтори нави BAO ташаккул меёбад. Нашрияхои гайрирасмиву гайрилегалии самтхои гуногуни сиёсидошта пурра расмй шуданд. Яке аз хусусияти мухими воситахои ахбори оммаи муосир ин иштироки фаъоли онхо дар эхёи миллй махсуб ёфта, афзуншавии мавод дар атрофи ин мавзуъ дар сахифахои рузномаву мачалла, радио, телевизион, бахсхо дар атрофи таърихи ниёгон, муносибатхои байналхалкй, масъалахои истиклолият ва гайра, аз мухторияту истиклолияти BAO шаходат медихад.
Дар Ч,Т аллакай ^онун «Дар бораи матбуот ва дигар воситахои ахбори оммавй» кабул шудааст. Х,амчунин Иттифоки журналистони Точикистон низ амал мекунад. Дар шароити нав муносибатхои системаи сиёсй, хаёти сиёсии чомеа ва журналистика мураккаб мегардад. Aгар дар режими тоталитарй тобеияти катъии журналист ба сиёсат тахти унвони «журналист - як намуди фаъолияти сиёсй», «журналист давоми аппарати хизбй, ёрдамчии хизб» ва гайра ном бурда мешуд, имруз муносибат дар чорчубаи хамкории доимию баробар сурат мегирад. Bале дар аксар холат муаллифон бо суханони кабех симои душманро меофаранд ва аз сиёсат ба хакорат мегузаранд. Дуруст аст, ки чамъияти демократй бидуни муборизахои сиёсй тасаввурнопазир аст. Сохтани чомеаи навбунёд дар заминаи ахлоки хамида, муносибатхои инсондустона, вичдони поку адолатпеша раванди дурударозу мураккаб буда, дар он накши BAO хеле бузург аст. Махсусан бояд зикр кард, ки BAO дар ташаккул ва ба амал татбик намудани сиёсати хоричии давлатй фаъолона иштирок менамояд.
Соли 2013 ба нашри аввалин шумораи нахустин рузномаи точикй «Бухорои Шариф» 101 сол пур шуд. Мухимтарин вазифаи «Бухорои Шариф» мусоидат кардан ба маърифатнокии мардуми точик, баланд бардоштани шуури сиёсй ба хисоб мерафт. Х,арчанд рузномаи «Бухорои Шариф» бо нашри 153 шумора катъ гардида бошад хам, он барои рушди минбаъдаи матбуоти точик мусоидат кард.
Рузномахои «Самарканд» ва <Юина» (1913-1915) низ аз фаъолияти сиёсй дур набуданд. Oнхо дар сахифахои худ чохилию фанатизм, фиребу судхуриро зери тозиёнаи танкид мегирифтанд ва гояи ислохоти хаёти мустамликавии Туркистонро талкин мекарданд (5, 38-39).
Bобаста аз фазои сиёсй буржуазияи махаллй бо истифода аз нашрияхои чадидияи «Бухорои Шариф», «Турон», «Садои Туркистон», « Oина» ва г., нисбати Русияи подшохй хушомад мезад, онро хамчун минбари найранги сиёсй (манипулятсия) истифода мебурд (5, 48).
Бо дигаргун шудани режими сиёсй мохият ва вазифаи BAO тагйир меёбад. Калыдвожа^о: eocuma^ou ax6opu oммa, мamбyom, macappyфu фap%aнгй, pa^o6amu ummrnoomü, peжuмu cuëcü, фaзou ummmoomü, фaъoлuяmu cuëcuu eocuma^ou ax6opu oммa.
Пайнавишт:
1. Муроциатномаи иштирокчиёни Семинар-машварати цумхуриявии кормандони матбуоти даври ва табъу нашри Тоцикистон ба Хукумати Чум^урй ва %ама алоцамандони сощ. //Чум^урият. 10-марти соли 2005.
2. Чум^урият. 10-марти соли 2005.
3. Конуни Чумхурии Тоцикистон «Дар бораи матбуоти даври ва дигар воситахои ахбори омма». // Садои мардум. 19 марти соли 2013. Шум.34-35
4. Комаровский В.С. Государственная служба и СМИ (курс лекций). -Воронеж: Издательство им. Е.А. Болховитина, 2003.
5. Хайдаров Г.Х. История таджикского народа: XX в. -Худжанд: Ношир, 2001.
Якубов Джума Калонович,
ст.преподаватель кафедры политологии ТГУПБП
Роль средств массовой информации Республики Таджикистан в современный
период
Ключевие слова: средства массовой информации, пресса, культурная экспансия, информационное противостояние, политический режим, информационное пространство, политическая деятельность средств массовой коммуникации
Автор на основе сравнительного и ретроспективного анализа делает попытку исследовать незаменимую роль средств массовой информации в процессах демократизации общества и государственной службы, обеспечении общественного контроля над институтами государства, надлежащего уровня открытости и доступности для граждан инфрмации, обеспечения постоянного диалога с гражданским обществом. Указывая на развитие средств массовой коммуникации Республики Таджикистан в период независимости, автор констатирует:СМИ призваны информировать граждан о деятельности и позиции властей, их политике, СМИ формируют общественное мнение о действиях властей, мобилизуют общество на построение национального государства.
Dj. K. Yakubov
The Role of Mass Media in Tajikistan Republic of the Transitive Period
Key words: mass media, press, cultural expansion, informational opposition, political regime, informational space, political activities of mass media
Proceeding from comparative and retrospective analysis, the author of the article makes an endeavour to explore the indispensable role of mass media in the processes of democratization of society and state service, provision of social control over statal institutes, proper level of openness and availability of formation for citizens, insurance of a constant dialogue with the civic society. Pointing to the development of mass media in the Republic of Tajikistan in the period of independence the author asserts: MM are bound to inform citizens about the activities of the authorities and their position and policy. MM inform public opinion about the actions of the power, they mobilize the society for the building of the national state.