Научная статья на тему 'Проблема социальной ответственности СМИ'

Проблема социальной ответственности СМИ Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
933
85
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СРЕДСТВА МАССОВОЙ ИНФОРМАЦИИ / MASS-MEDIA / СОЦИАЛЬНАЯ ОТВЕТСТВЕННОСТЬ СРЕДСТВ МАССОВОЙ ИНФОРМАЦИИ / SOCIAL RESPONSIBILITY OF MASS-MEDIA / ЭКОЛОГИЧЕСКИ ЧИСТАЯ ИНФОРМАЦИЯ / ECOLOGICALLY PURE INFORMATION / МАССОВАЯ КОММУНИКАЦИЯ / ECOLOGY

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Якубов Цума Калонович

В современных условиях возрастает роль СМИ в формировании общественного мнения. Масс-медиа становится позитивным тогда, когда свобода средств массовой информации сочитается с ответственностью. «Ответственность СМИ проявляется, прежде всего, в экологичности той информации, которую она создаёт и тиражирует». Автор, опираясь на исследования российских учёных делает попытку определить возрастающую роль и влияние СМК в формировании общественного мнения, приводит собственные измерения, понятия и особенности «экологически чистой» информации, социальной ответственности СМИ и факторы влияния. В современных условиях проблема социальной ответственности СМИ Таджикистана явлется актуальной, и принятие закона РТ «Об экологической информации» и своевременный Указ Президента РТ о реагировании должностных лиц на критические материалы СМИ способствует социальной ответственности СМК и органов исполнительной власти. Автор на основе реалий информационного пространства Таджикистана делает заключение, что экологическая информация строится на обратной связи.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The Problem of MM Social Responsibility

The role of MM in the formation of social opinion has been increasing under modern conditions. Mass-media become positive only when their freedom is combined with responsibility. MM responsibility is evinced, first of all, in an ecological purity of information which is created and disseminated. Leaning on the researches of Russian scientists the author makes an endeavour to determine the MM increasing role and influence in the formation of social opinion, he adduces his own assessments, notions and considerations concerned with “ecologically pure information”, MM social responsibility and factors of influence. Designing on the premise of the informational space realias the author comes to the conclusion that ecological information is built up on backfeed.

Текст научной работы на тему «Проблема социальной ответственности СМИ»

Якубов Цума Калонович,

сармуаллими кафедраи сиёсатшиносии ДД^БСТ

МУАММОИ МАСЪУЛИЯТИ ИЧТИМОЙ ВА ЭКОЛОГИЯИ ВАСОИТИ АХБОРИ УМУМ

Таърихан экология хамчун илм дар бораи организмхо ва муноси-бати онхо бо мухит ба вучуд омадааст. Х,ифзи мухити зисти одамон хдмчун яке аз самтхои мухими сиёсати экологии Ч,умхурии Точикистон ба гояи ба вучуд овардани шароити хуби экологй барои зиндагй, мехнат ва осоиши одамон иртиботи зич дошта, яке аз вазифахои асосии фаъо-лияти хифзи мухити зист ба хисоб меравад, зеро моддаи 1-ми Конститут-сияи Ч,умхурии Точикистон мукаррар кардааст, ки ба хар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фарохам меорад.

Дар замони муосир мафхуми «экология» маънои васеъро касб мекунад. Дар солхои 70-уми асри ХХ экологияи ичтимой хамчун илми мустакил ташаккул ёфт, ки муносибати чомеа бо табиат ва унсурхои биологй, ичтимой, фалсафй, чугрофй ва гайраи онро меомухт. Аз чумла, унсури мухими хаёти чомеаи муосир гирифтан ва пахну пахши иттилоотро низ мавриди омузиш карор медихад. Дар чахони муосир ахамияти ВАО на танхо хамчун сарчашмаи ахбор бехад афзудааст, балки хамчун институт ба сохахои гуногуни хаёт, махсусан ба афкори умум таъсири амик мегузорад.

Дар як чамъият фазое мебошад, ки комуникатсияи оммавй онро идора мекунад. Махз ВАО, пеш аз хама, мавзуи рузро, яъне мавзуи мухими ичтимоиро, ки шахрвандон бахсу мухокима менамоянд, муайян менамояд. Натичаи ин таъсири ВАО ба афкори чомеа чунин эхтимолиятро такозо менамояд:

- дар чомеа бедор кардани таваччух ба баъзе проблемахо, ба одамон, ташкилотхо ва гайра;

- бо таъсиру таваччухи ВАО ба вучуд омадани тагйирот дар чомеа;

- баррасии проблемахо дар ВАО метавонад ба барномаи фаъолияти як катор гуруххои чамъиятй, масалан конуннигорон ва сиёсатмадорон таъсир расонад.

Бо ибораи дигар, коммуникатсияи оммавй метавонад ба вокеият ва афкори умум, шуури одамон таъсир расонад, проблемагузорй ва

мавкеи одамон ва гуруддоро муайян намояд. Вобаста ба ин чунин саволдо ба миён меояд: Максади таъсиру амали ВАО ба вокеият, шуур ва афкори умум аз чй иборат аст? Хддду канори таъсир то кучост ва ин ба шахс чй гуна таъсир мекунад? То чй андоза ва кай шахсро бо ахбор таъмин менамояд, ба маърифатнокии он, ба шароити он, ба даёти чамъиятй мусоидат менамояд, кай озодй ва дукуки шахсро вайрон менамояд, ба долати рудй ва саломатии он таддид ба бор меоварад? Окибати таъсири ВАО ба вокеият, шуур ва рафтори одамон чй гуна аст? Оё вай ба ягонагии чомеа, болоравии ахлок, рафтор ва маданияти он мусоидат менамояд?

Дар аксари долат ВАО-ро айбдор менамоянд, ки вай дар чомеа на тандо тухми некй, адолат, ахлоки дамида, масъулиятнокй, балки бадй, бадахлокй, рафтори зишт ва гайраро падн менамояд. Проблемаи мазкур то андозае чой дорад ва актуалй мебошад. Озодии ВАО дар баробари дигар озодй на тандо арзиши олй, шарти демократияи дакикй, балки истифодаи озодй бо максади нопок хавфнок аст. Озодии ВАО бадри рушди чомеа дамон вакт арзишнок аст, ки бо масъулиятшиносй дамоданг бошад. Масъулиятшиносии ВАО, пеш аз дама, дар ахбори аз чидати экологй тоза, ки падну пахш мегардад, ифода меёбад.

Проблемаи муносибат миёни масъулият ва озодии ВАО хеле мурак-каб мебошад. Ин муносибат дамеша пур аз ихтилоф аст, ки дар дар як мавриди мушаххас далли худро такозо менамояд, талаб менамояд, ки барои далли ихтилофдо механизм ва сохтори муайян сохта шавад, журналист дорои сифату мадорати мувофик бошад.

Хуллас, ахбори экологй дар худ имконият дорад, ки ба инкишофи зеднии шахс, дарачаи саводнокии он, аз хабардо огод будани он, ба дарк кардани вокеият ва додисоти гирду атроф мусоидат намояд. Имконият дорад, ки ахлок ва маданияти шахсро баланд бардорад, ба кори чамъиятй сафарбар намояд. Дар баробари ин сифати ахбори экологй аз рушду такомули муносибатдои чамъиятй вобаста аст.

Мутобики гуфтадои боло ахбори экологй ва масъулиятшиносии ВАО-ро бояд тарзе масъалагузорй намуд, ки оё он ба оромии чомеа, ба ташаккули муносибатдои дасана миёни гуруддои гуногуни ичтимой, миёни халкдо, шадрдо, ташкилотдо ва гайра мусоидат мекунад.

Илова бар ин, хабаррасонии оддиро ба шадрвандон ба таври комил ахбори экологй дисобидан нашояд, чунки бояд иттилоъ бо назардошти акси садо ва фикру акоиди сомеон сурат гирад ва тадкики акси садо аз мавкеи хонандаю шунаванда ва акаллият холй нест. Вобаста ба ин, Х,укумати Ч,умдурии Точикистон фармон (аз 7 феврали соли 2009, № 622)1 дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводдои танкидй ва

1 Минбари халк. 12.02.2009, № 6.

тахлилии воситахои ахбори оммаро кабул намуд, ки хам масъулияти вазорату идорахо ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатй ва хам масъулиятшиносии субъектони коммуникатсияи оммавиро афзун менамояд. Хдмон як хабари ВАО-ро шунаванда пур аз ихтилофу гуно-гунранг дарк менамояд. Масъалаи ахбори экологй ва масъулиятшиносии ВАО-ро бе назардошти менталитети муштариён баррасй намудан нашояд. Хдмон як барномаи дар Точикистон ва Москва пахшшуда тамоман таассуроти мухталиф ба вучуд меорад. Ин ё он ахбори ВАО агар барои як гурухи сомеон аз чихати экологй тоза бошад, барои дигар гурух баръакс мебошад.

Дар кишвар ^онуни Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи иттилооти экологй» бори аввал бо имзои Президенти чумхурй Э.Рахмон 25 марти соли 2011 кабул гардид. ^онуни мазкур асосхои хукукй, ташкилй ва ичтимоии таъмини иттилооти экологиро дар Ч,умхурии Точикистон муайян менамояд ва ба таъмини хукуки шахсони вокей ва хукукй ва дастрасии иттилооти экологии мукаммал, эътимодбахш ва саривактй мусоидат карда, муносибатхоро дар ин бахш танзим менамояд.1 Дар конуни кабулшуда дар мафхуми «иттилооти экологй» мазмуни иттилооти дорои маълумот оид ба вазъи мухити зист ва таъсир ба он, тадбирхои хифзи он, хамчунин таъсири мухити зист ба инсон чой дода шудааст, вале оиди ахбори аз чихати экологй тоза, аз чихати мазмуну мундарича ва мавзуъ коста ишора намеравад. Дар ^онуни Ч,умхурии Точикистон «Оид ба матбуот ва дигар воситахои ахбори умум» чихати масъулияти ниходхо ва масъулони воситахои коммуникатсионй хини чоп, пахну пахши иттилооти тозаву безарар меъёрхо муайян шудааст. Ба акидаи мо, ба экологияи васоити ахбори оммавии электронй диккати махсус додан, сифати ахбор ва барномахои электониро бехтар кардан, ба ахбори низоъангез рох надодан, талаботро ба дарачаи маданият ва имконияти маърифатии барномахо афзун намудан ба максад мувофик мебошад. Вагарна ВАО манфиати гуруххои алохидаро бар зарари чомеа ифода намуда, нисбати барномахои хеш нобоварии оммаро тавлид месозад. Масалан, ахбори дуругу гаразнок оиди вокеаи садамаи Чернобил на танхо ба вазъи ичтимоии чомеа, балки бевосита ба саломатии шахрвандон хавфу хатар дорад.

Дар хаёти харруза хар як одам ба таъсири реклама ру ба ру мегардад. Дуруст аст, ки он ба бучаи ВАО даромад меорад, вале хучуми реклама авзои психологиро танг карда то чое ба вазъи ногувори ичтимой мусоидат менамояд. Ширкатхои рекламавии сигор ва нушокихои спиртй ба зарари он нигох накарда ба истеъмоли он хидоят мекунанд.

1 Чумхурият, 4.04.2011.

Экологияи васоити ахбори оммавй ба масъулиятшиносии он дангоми чопу нашри мавод сахт марбут аст. Инъикос ва бевосита падну пахши додисаи гаравгон гирифтани «Норд-Ост» тавассути барномадои радио ва телевизион мисол шуда метавонад. Ба модияти чамъиятии ин вокеа нигод накарда накши воситаи электронии ахбори оммавй дар инъикос ва падну пахши он хеле бадсталаб мебошад. Чй хел сурат гирифтани додиса на тандо аз шаклу воситаи падну пахш, балки аз факту ракам ва тарзу роди он вобаста аст. Репортаж метавонад мустаким бошад ва гайримустаким. Аз тарафи террористон истифода намудани репортажи мустаким барои муайян кардани харакатдои минбаъдаи хеш истисно нест, ки ба даёту саломатии одамон таддиди чиддй мекард.

Думаи давлатии Федератсияи Русия тагйиру иловадоро ба конун оид ба ВАО то акти террористй дар шадри Москва тайёр карда буд. Бори дуюм 23 октябр дар рузи террор мавриди мудокима карор гирифт. Баъд аз гасби «Норд-Ост» бори сеюм мудокима ва бе ихтилоф аз тарафи Шурои Федератсия кабул гардид.

Тагйиру иловадо бар зидди зудуроти террористй дар конун бадсу мунозираи бедадро ба миён овард. Вай истифодаи ВАО ва ахбори компутериро барои таргиб ва дак баровардани терроризм ва экстри-мизм манъ кард. Давлат аз чидати конунй озодии баён ва матбуотро дар ^онуни Ч,умдурии Точикистон «Оид ба матбуот ва дигар васоити ахбори оммавй» тасдик ва эълон намуда, дар дасти худ якчанд роду воситаи таъсиррасониро ба «докимияти чорум» нигод дошт. Ин на тандо ба Точикистон, балки дам ба Россия, ИМА ва дам ба дигар кишвардои мутараккй низ дахл дорад. Масалан, дар вакти амалиёти чангй дар Ирок кулли ахбор ба воситаи сензордои низомй мегузашт. Сиёсати андоз нисбати ВАО, додани литсензия, аккредитатсияи датмии журналистон, бакайдгирии васоити иттилоотй, дахл ба сохтор ва фаъолияти васоити иттилоотй ва гайра метавонад барои максаддои гаразнок, манъ ва ё маддуд намудани фаъолияти журналистй истифода гардад. Х,окимият имкониятдои зиёди маддуд кардани фаъолияти ВАО-и мухолифро дорад.

Аз дигар чидат, чомеа ва давлат то чй андоза пурмадсул ва бо ёрии кадом воситадо метавонад ВАО-ро назорат намояд, то ки, аз як тараф, макомоти назоратй ва меъёрдои санадй ба фаъолияти рузнома, радио, барномадои телевизионй халал нарасонад, аз дигар тараф, давлат бояд чунин шаклдои назоратро пайдо намояд, ки пеши роди ахбори гаразнокро гирад ва ВАО вокеан ахбори этикй, экологй ва барои чомеа мудимро падну пахш намояд. Дар ин системаи мураккаб фактори субъективй накши мудимро мебозад, яъне кй барнома месозад, кй содиби ВАО аст ва кй фаъолияти ондоро назорат мебарад. Мадз барои дамин накшу фаъолияти институтдои чамъиятии назоратй ба мисли

Шурохо, хакамон, инчунин ниходхои чомеаи шахрвандй ахамияти мухим дорад.

Зикр карда шуд, ки дар муайян кардани сифати ахбори экологй нак-ши муштариёни ин ё он воситаи ахбори оммавии конкретй басо мухим аст. Дар ин маврид якчанд чараёни хамкории ВАО ва сомеонро дида мебароем.

Воситаи ахбори оммавй имконияти коммуникатсияи индивидуалиро дорад. Дар Интернет сайтхое мавчуданд, ки одамони гайримаъмулию гайрианъанавии рафтор метавонанд ба таври озод бо хам шинос шаванд ва муносибат кунанд. Ин ба як гурухи ичтимой макбул бошад, ба хиссаи дигари чомеа гайриахлокй махсуб меёбад.

Проблемаи масъулиятшиносии ВАО албатта аз баррасии мавзуи мохияти умумичамъиятй дошта вобаста аст. Боз як тарафи ахбори экологй чихати техникии он мебошад. Пахну пахши шабакаи телевизион теъдоди зиёди шабакахои бокуввати пахнкунандаро талаб менамояд. Оиди таъсири манфии мавчхои телефонхои мобилй бахсу мунозира бисёр аст. Мавчхои стансияи пахнкунанда ба маротиб зиёданд ва ба ахолие, ки масалан дар атрофи Останкино зиндагй мекунанд, он безарар нест. Дар як хонанда тасдик менамояд, ки рузномаи нав чопшуда дастонро олуда месозад, ки зарар дорад. Тамошои дурударози телеви-зион, соатхо бо Интернет фаъолият намуданро безарар хисобидан нашояд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар Точикистон як катор институтхое зухур карданд, ки фаъолияти ВАО-ро назорат ва танзим менамоянд. Вале хар яки онхо танхо ба як чихати фаъолияти ВАО, яъне ба масъалаи экология ва чихати ахлокии ахбор, дигар, ба фаъолияти хукукй, ба фаъолияти пулию молй ва гайра масъуланд. Боиси таассуф аст, ки холо сифати фаъолияти институтхои мазкур бахспазир аст. Ин дар фаъолияти ВАО-и электронй бараъло намудор аст.

Мафхуми ахбори экологй хамчун чузъи чудонопазири меъёри тала-бот нисбати фаъолияти матбуот, барномахои радио ва телевизион баро-мад мекунад. Масалан, дар Россия талабот ва меъёрхои зерин нисбати ахбори аз чихати экологй тозаи васоити ахбори оммавй муайян шудааст.1

Якум, талабе, ки бояд ахбори экологй фаро гирад, мавчудияти «бозори ахбор» мебошад. Ахбор бояд бо назардошти гуруххои гуногуни ахолй, хусусиятхои минтакавй ва маданй пешкаш гардад. Теъдоди зиёди барномахои телевизион ва радио ракобатро ба миён меоварад, ки ба

1 Комаровский В.С. Государственная служба и СМИ. -Воронеж, 2003, с. 159-160.

сифати мундаричаи он ба муътамадй, боварибахш ва ба маврид будани он таъсири мусбат дорад.

Талаботи сонй озодии афкор аст. Чи кадаре ки бозори ахбор рушд ёбад, дамон кадар ба озодии баён шароит фародам меорад (агар вай ба ^онуни Ч,умдурии Точикистон «Оид ба матбуот ва дигар васоити ахбори оммавй» мухолифат накунад). Дар баробари он, ки садифадои худро барои ифодаи озодии баён пешкаш менамояд, ВАО бояд, инчунин, ба тарафи мукобил барои баёни акидаи хеш имконият фародам орад.

Дар назари мо рафтору амали муаддабона дар ахбори аз чидати экологй тоза хеле мудим аст, яъне ахбори модияти умумичамъиятй дошта бояд барои бинанда ва шунаванда дар вакти мувофик бо назардошти акидадои гуногун падну пахш карда шавад.

Меъёри дигар мизони иттилоотист, яъне манфиати ин ё он гуруди сиёсиро дифоъ накардан. Чи тавре ки зикр гардид, дифзи манфиати гуруди муайян, фишор овардан дар аксар маврид бар зидди манфиати чомеа карор мегирад.

Масъулияти касби меъёр ва талаботи мудим буда, адамияти чиддй зодир кардан дам ба худназоратй, дам ба масъулиятшиносиву дакиккории журналист ва дам ба чидати ахлокии ахбор ва амсоли инро такозо менамояд.

Экологияи электроны. Ахбори пешнидодшуда бояд модиятан ба дарачаи маданият ва маърифатии бинанда ва шунаванда мутобик бошад.

Меъёри баъдй нигоу доштани якпорчаги мебошад. Х,ифзи якпор-чагии асардои санъат, барномадоро таъмин намуда, ондоро бо реклама халалдор нанамудан. Хусусияти реклама дамин аст, ки бо максади мутаваччед сохтани бинанда якбора дар миёни барнома ру мезанад ва то чое одамро асабонй месозад. Реклама метавонад барномаи футбол ва датто филми бадеиро боздорад. Дар ин маврид талаботи тамошобинро деч кас ба эътибор намегирад. Х,иссиёте, ки дини тамошои филм ва ё барнома досил мешавад, канда, вайрон карда мешавад ва халалдор мегардад. Классика бо рекламаи собун ва ё резина дар як сатд карор мегиранд.

Кафолати адолат. Воситадои комуникативии радио ва телевизион бояд фикру дархости Шурои чамъиятии ВАО-ро ба эътибор гирад, ба обру ва эътибори Шуро тобеъ бошад, ки он дамчун кафили оромй ва адолати падну пахши иттилоотй баромад мекунад.

Принсипи уамкори. ВАО фаъолияти хешро тибки принсипдои «Декларатсия оид ба ВАО ва дукуки инсон» карор дидад.1

1 Резолюция Консультативной ассамблеи Совета Европы, № 428, 1970.

Бозори озоди иттилотй ва танзими давлатй, назорати чамъиятй чузъи таркибии матбуоти сифатан ба талабот чавобгу ва ахбори экологй мебошад. Вале тандо мавчудияти механизми номбаршуда кофй нест. Профессори унверситети Париж Клод Жан Бертран классифи-катсияи системаи масъулияти ВАО-ро, ки ба ду принсип асос меёфт, пешнидод намуд.

Ба принсипи аввал кодекси этикй, дастурдое, ки ба ходимон прин-сипдои рафтори этикиро мефадмонад, сандукдо барои шикоят, «мактуб ба редактор» ва дигар воситадои дастрас, чопи далелу ракам ва акоиди аз тарафи ВАО-и рузмарра ва дуруг баён шуда дар ВАО-и дигар, гузориши журналистй, ки ба танкиди ВАО ва баррасии фактдои дуруг, ки дар ВАО род ёфтаанд, равона карда мешавад, ба омма расонидани карордои докимияти давлатй нисбати ВАО ва гайра дохил мешаванд.

Ч,узъи дигари таркибии системаи назоратй, ба акидаи К.Ж. Бертран, тайёрии касбии журналист ва тадричан баланд бардоштани малакаи касбии ондо, вохурии пайдарпайи ходимони ВАО бо шадр-вандон, назорати рафтори ахлокй ва касбии воситадои комуникативй мебошад.

Принсипи дуюм ба он асос меёбад, ки кадом макомот, кадом муассиса дар системаи назоратй шомил аст:

- назорати дохилии ВАО;

- назорати беруна, ки ба ВАО тобеъ нест.

Ба фикри мо, дар раванди назорат бояд ба акси садо диккати махсус дод. Аз як тараф, бояд ахбор то хонанда рафта расад ва, аз дигар тараф, у оиди проблема фикри хешро баён созад. Дар ин маврид, махсусан, акси садои «манфй», яъне ахбор дар бораи хатогидо, дагалидо, камбудидо адамияти мудим дорад, зеро он шадодат медидад, ки хонанда ахбори падну пахшкардаро гайриэкологй медисобад. Ба дар дол назорат аз болои ВАО набояд максади нидой бошад. Бояд пеш аз дама шароит офарид, ки ВАО ба муштариён ахбори аз чидати экологй тоза пешнидод намояд, барномадои сифатан бадей ва ахлокан баландмазмунро тавлид созад.

Дар дар як чомеа дар мавриди падну пахши иттилоъ муаммои ба дакикат мутобикат накардани он ба чашм мерасад, ки он аз бемасъу-лиятй ба фаъолияти касбу вазифаи худ, муносибати садлангорона ва хунукназарона доштани журналистон шадодат медидад. Дар долати аввал журналист мавзуъро хуб намедонад ва ба хотири сенсатсия мавод бидуни тадкики чукур пешнидод мегардад. Дар дигар маврид мавод ё макола метавонад мувофики «талаб» бошад, ки ба далли ин ё он манфиати сиёсй ва ё иктисодй равона шуда бошад.

Хулоса оиди ахбори экологй ва гайриэкологй харф зада холатхоеро зикр менамоем, ки ба назари мо мухим аст:

• ахбори экологй, пеш аз хама, аз тарафи ВАО пахну пахши ахборест, ки бояд ба суботи чомеа, ба оромии муносибатхо миёни гуруххои гуногуни одамон мусоидат намояд;

• яке аз шартхои асосии ахбори экологй мувофикати иттилоъ ба меъёрхои этикии чомеа мебошад;

• масъулияти ичтимоии ВАО, танзими ниходхои коммуникатсияи оммавй ва Шурохои чамъиятй, ки фаъолияти ВАО-ро назорат мебаранд, шарти зарурй бахри тавлиди ахбори экологй мебошад.

Калыдвожа^о: васоити ахбори омма, масъулияти ицтимой дар матбуот, иттилооти аз циуати экология тоза, коммуникатсияи оммавй.

Пайнавишт:

1. Конуни Чумуурии Тоцикистон «Дар бораи иттилооти экологй» // «Чумуурият», 4 апрели соли 2011.

2. Комаровский В. С. Государственная служба и СМИ. -Воронеж. 2003.

3. Резолюция Консультативной ассамблеи Совета Европы. № 428, 1970.

4. Паёми Президенти Чумуурии Тоцикистон ба Мацлиси Олй. Душанбе, 20 апрели соли 2011.

5. Конуни Чумуурии Тоцикистон «Оид ба матбуот ва дигар воситауои ахбори умум». -Душанбе, 2000.

6. Сарцонуни Чумуурии Тоцикистон. -Душанбе, 2004.

Джума Калонович Якубов,

старший преподаватель кафедры политологии ТГУПБП

Проблема социальной ответственности СМИ

Ключевые слова: средства массовой информации, социальная ответственность средств массовой информации, экологически чистая информация, массовая коммуникация

В современных условиях возрастает роль СМИ в формировании общественного мнения. Масс-медиа становится позитивным тогда, когда свобода средств массовой информации сочитается с ответственностью. «Ответственность СМИ проявляется, прежде всего, в экологичности той информации, которую она создаёт и тиражирует».

Автор, опираясь на исследования российских учёных делает попытку определить возрастающую роль и влияние СМК в формировании общественного мнения, приводит собственные измерения, понятия и особенности «экологически чистой» информации, социальной ответственности СМИ и факторы влияния. В современных условиях проблема социальной ответственности СМИ Таджикистана

явлется актуальной, и принятие закона РТ «Об экологической информации» и своевременный Указ Президента РТ о реагировании должностных лиц на критические материалы СМИ способствует социальной ответственности СМК и органов исполнительной власти.

Автор на основе реалий информационного пространства Таджикистана делает заключение, что экологическая информация строится на обратной связи.

J. K. Yаkubov

The Problem of MM Social Responsibility

Key words: mass-media, ecology, social responsibility of mass-media, ecologically pure information

The role of MM in the formation of social opinion has been increasing under modern conditions. Mass-media become positive only when their freedom is combined with responsibility. MM responsibility is evinced, first of all, in an ecological purity of information which is created and disseminated.

Leaning on the researches of Russian scientists the author makes an endeavour to determine the MM increasing role and influence in the formation of social opinion, he adduces his own assessments, notions and considerations concerned with "ecologically pure information", MM social responsibility and factors of influence.

Designing on the premise of the informational space realias the author comes to the conclusion that ecological information is built up on backfeed.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.