Научная статья на тему 'The role of Russian Federation in regard to the establishment of peace and national concord in Tajikistan'

The role of Russian Federation in regard to the establishment of peace and national concord in Tajikistan Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
182
31
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ / ИТТИҳОДИ ДАВЛАТҳОИ МУСТАқИЛ / ҷАНГИ ШАҳРВАНДӣ / СУЛҳ / РИЗОИЯТИ МИЛЛӣ / СОЗИШНОМА / РОССИЙСКАЯ ФЕДЕРАЦИЯ / СОДРУЖЕСТВО НЕЗАВИСИМЫХ ГОСУДАРСТВ / ГРАЖДАНСКАЯ ВОЙНА / МИР / НАЦИОНАЛЬНОЕ СОГЛАСИЕ / СОГЛАШЕНИЕ / RUSSIAN FEDERATION / CIS (COMMONWEALTH OF INDEPENDENT STATES) / CIVIL WAR / PEACE / NATIONAL CONCORD / AGREEMENT

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Мухамадизода М. Б.

В статье отражается роль Российской Федерации в достижении мира и национального согласия в Таджикистане, еѐ активная позиция в деле поддержания Таджикистана в годы гражданской войны (1992-1997 гг.). Освещается деятельность Российской армии в обеспечении безопасности граници между Таджикистаном и Афганистаном.Анализируется деятельность России в процессе установления конституционного строя в Республике Таджикистан в период гражданской войны, отношение России с теми странами, которые поддерживали таджикские оппозиционные силы, значение подписания ряда соглашений между Таджикистаном и Россией в годы гражданской войны (1992 1997 гг.)

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Роль Российской Федерации в установлении мираи национального согласия в Таджикистане

The role of Russian Federation in regard to the achievement of peace and national concord in Tajikistan is shown in the article. In is underscored that Russia was one of the states which supported Tajikistan in the years of the civil war (1992-1997). The author elucidates the activity of Russian army beset with an insurance of security of frontier between Tajikistan and Afghanistan.The author analyzes the role of Russia in the establishment of constitutional structure of Tajikistan Republic referring to the period of the civil war and Russia`s relations with the states which supported Tajik oppositional forces, a number of agreements signed between Tajikistan and Russia in the years of the civil war (1992 1997) in Tajikistan. Russia`s interest dealing with the regulation of inter-Tajik conflict and its importance is stressed in the article.

Текст научной работы на тему «The role of Russian Federation in regard to the establishment of peace and national concord in Tajikistan»

УДК 9(с53) М. Б. МУ^АММАДИЗОДА

ББК 63,3 (2 т)

НАЦШИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ДАР ТАЪМИНИ СУЛ^ ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛЙ ДАР ТОЧИКИСТОН

Ибтидои солдои 90-уми асри XX дар таърихи Точикистон дамчун садифаи тира ва фочеабори таърихй ба дисоб меравад. Чунки баъди якбора аз байн рафтани давлати абаркудрати Шуравй дар даёти сиёсии Точикистон дигаргунидои куллй ба амал омаданд. Ноустуворй ва заифии докимияти давлатй дар он солдо сабаби пуркувват шудани гуруддои сиёсии зиддидукуматй гардид. Дар дамон вакт гуруддои бо ном демократ ва озодиход мехостанд ба дар гуна род содиби докимияти давлатй шаванд. Ин долат ба он оварда расонд, ки Чумдурии содибистиклоли Точикистон ба гирдоби мунокишадои дохилй дучор гардад. Дар ибтидои зиддиятдои дохилй дар Точикистон минтакадои Кулоб ва Хучанд дар дасти Хукумати конститутсионй карор дошта бештари тарафдорони дукумат аз ин минтакадо буданд. Мухолифин асосан дар вилояти Кургонтеппа (водии Вахш), Каротегин (минтакаи Рашт), вилояти мухтори Кудистони Бадахшон дастгирй меёфтанд ва аксарияти чонибдорони мухолифин аз ин минтакадо буданд (8, 127). Мутаассифона, дукумати конститутсионй пеши роди густариши даракатдои мухолифинро гирифта натавонист. Хукумати дамонвактаи Точикистон кариб, ки дорои ягон кувваи сиёсй набуд. Аммо чониби мухолифин дар дайати дизбу созмондои гуногуни сиёсй, аз кабили Хизби надзати исломии Точикистон, Хизби демократи Точикистон созмондои мардумии "Растохез" ва "Лаъли Бадахшон" ташаккул ёфта, аз чидати сиёсй нисбат ба чониби дукумат пуркувват буд. Мусаллам аст, ки ондоро аз хоричи кишвар низ давлатдои алодида дастгирй мекарданд, ки голибияти мухолифини кишвар ба манфиатдои байналмиллалй ва минтакавии ондо таъсири мусбат мерасонд. Дар мисоли таъсири омилдои берунй дар тезутундшавии авзои сиёсии Точикистон З.Ш. Сайидзода чунин нуктаро баён месозад: "Дар давраи огози мунокишадои дохилй ва саршавии чанги тадмилии шадрвандй дар Чумдурии Точикистон артиши ягонаи миллй, сардадбонони давлатй, сохтори ягонаи давлатие, ки амнияти мамлакатро таъмин кунад мавчуд набуд. Дар баробари он чанги бисёрсолаи Чумдурии Исломии Афгонистон ва робитаи родбарони мухолифини точик бо намояндагони ин кишвар чанги шадрвандиро тезониданд" (13, 30).

Чумдурии Исломии Покистон низ тарафдори ташкил намудани Иттидоди давлатдои исломй буд. Чунончй, чанде пеш аз маргаш (моди августи соли 1988) М. Зиё - Президенти ин кишвар дар бораи таъсиси Иттидоди кишвардои мусулмонй дар каламрави чанубии Иттидоди Шуравй бо иштироки кишвардои Узбекистан ва Точикистон сухан ронда буд[6, 75]. Яке аз дизбдои давлатии Покистон ин дизби " Чамоати исломй" ба дисоб мерафт. Родбари ин дизб ва дигар дизбдои сиёсии Покистон Осиёи Марказиро дамчун захираи асосии радикализми исломй медисобиданд (2, 124; 7, 76).

Вале баъдтар дукумати Покистон аз максаддои сиёсии худ дар минтакаи Осиёи Марказй даст кашид. Чунончи 3- юми ноябри соли 1991 Президенти Федератсияи Русия ва родбарони чумдуридои Осиёи Марказй ба Исломобод сафари корй намуда буданд, ки дар он чониби Покистон эълони истиклолияти Русия ва чумдуридои Осиёи Марказиро эътироф кард. Инчунин дар моди декабри дамон сол дукумати Покистон эълон кард, ки Русияро дамчун вориси Иттидоди Шуравй эътироф намуда, дукуки онро барои гирифтани чои Иттидоди Шуравй дар Ассамблеяи генералй ва Шурои амнияти Созмони Милали Муттадид дастгирй мекунад (7, 78).

Кувваи мухолифин аз дисоби адолии гумроду аз маърифати сиёсй дур руз аз руз зиёд мешуд. Гуфтан чоиз аст, ки родбарони мухолифин бо дар гуна шиордо дар байни адолй баромад карда, чониби Хукуматро дамчун коммунист ва пайравони ин дизб дисоб мекарданд ва чунин мешумориданд, ки аз чониби намояндагони Хукумат дукукдои мусалмонон поймол карда мешаванд. Чониби Хукумат низ ба ин масъала бетараф набуда, баъзе намояндагони ондо тамоми айбро ба гардани мухолифин бор мекарданд, ки чунин ракобати дучониба окибат тарафдоро ба муборизаи мусалладона ру ба ру сохт. Дар давоми мудлати на онкадар тулонй кишвари содибтамаддун ва таърихии точиконро оташи чанги шадрвандй фаро гирифт. Баъди огози чанг ва задухурддои мусалладонаи майдондои "Шадидон" ва "Озодй" чони дазорон шадрвандони

бегунохи кишварро ба ;абзаи марг андохт ва даххо разори дигар ватани ачдодии худро тарк карда, ба хоричи кишвар гуреза шуданд.

Ч,ониби Хукумат бахри пешгирии оташи чанги шахрвандй ба кумаку дастгирии созмон ва давлатхои алохида ниёз дошт. Ба хотири ором сохтани вазъи сиёсии мамлакат санаи 19-уми ноябри 1992 Мурочиатномаи вакилони Ичлосияи XVI-уми Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон ба кишвархои аъзои Иттиходи давлатхои муста;ил фиристода шуд (12, 203-207).

Бояд таъкид намуд, ки чониби хукумат барои бар зидди мухолифини мусаллах мубориза бурдан хануз аз огози муборизахои дохилй кушиши талаб кардани ёрдамро аз давлатхои дигар ба рох монда буд. Вале дар он ва;т хукумати кишвар, ки худ ноустувор буд натавонист аз кумаку дастгирии давлатхои хоричй истифода кунад. Дар баробари он чониби мухолифин аз пайи таъ;иб кардани вакилони Шурои Олй ва аъзоёни Хукумат афтоданд. Дар натича дастгохи идоракунии давлатй ба дасти мухолифин гузашт ва рохбарият аз хатти кашидаи онхо берун намебаромад. Бо вучуди он мухолифин ба он ноил гаштанд, ки дар мамлакат Шурои мува;;атии давлатй ё худ Хукумати муросои миллй таъсис намоянд.

Яке аз мамлакатхое, ки чонибдори Хукумати конститутсионии Точикистон буд ва пойдории онро мехост ин Федератсияи Русия ба хисоб мерафт. Аз огози муборизахои дохилии кишвар дивизияи 201 - уми Русия аз чониби Хукумат бар зидди мухолифин муборизаро огоз намуда буд. Сабабхо ва манфиатхои асосии Русияро барои бартарафсозии низои дохилии точикон муха;;и;он ва таърихнигорон бо тарзхои гуногун баён намудаанд.

Мехралй Тошмухаммадов манфиатхои Русияро чунин нишон медихад: "Манфиатхои Русия дар Ч,умхурии Точикистон, харбию - сиёсй, и;тисодй, маданй ва дигар масъалахои дучонибаро дар бар мегирифт. Русия ва Точикистон аъзои Иттиходи Давлатхои Муста;ил ва Созмони ахдномаи амнияти дастачамъй мебошанд. Руссия фаъолона таблигкунандаи манфиатхои Точикистон дар созмонхои байналмилалй ва минта;авй буд.

Дуюм, Русия сархади Точикистону Афгонистонро хамчун хифзи дастачамъонаи сархади чанубии ИДМ химоя мекард ва дар ин асос бо созмонхои террористй ва экстремистй, ;очо;и маводи мухаддир ва яро; мубориза мебурд. Дар баробари ин Русия таблигкунандаи манфиатхои Ч,умхурии Точикистон дар халли масъалаи сархади Точикистону Ч,умхурии мардумии Чин низ буд.

Сеюм, робитахои и;тисодии ду кишвар дар давраи мавчудияти Иттиходи Шуравй низ мавчуд буд. Дар баробари ин Русия яке аз маблаггузорони асосии Точикистон ба хисоб мерафт.

Чорум, тарзи хаёти як ;исми ахолии Точикистон хусусан дар шахрхо, ки ахолии руснишин бисёр буданд таваччухи Русияро бисёртар чалб мекард. Мувофи;и маълумоти овардаи у дар ибтидои солхои 90 - ум дар Точикистон зиёда аз 500 хазор ахолии русзабон зиндагонй мекарданд"(15, 7).

Шояд сабаби асосии иштироки ин давлат дар халли низои байни точикон дар он бошад, ки Русия манфиатхои худро дар минта;аи Осиёи Миёна аз даст додан намехост. Дар ин бора доктори илмхои филологй, профессор А. Сатторзода чунин ну;таро баён намудааст: "Дар раванди музокироти сулхи точикон Русия манфиатдор ба он буд, ки:

а) амниятро дар сархадоти чанубй, ки хам барои Точикистон, хам барои худи Русия ва хам барои ИДМ муштарак мехисобид, таъмин намояд; б) нуфузашро дар минта;аи Осиёи Марказй аз даст надихад; в) пеши рохи густариши афкори чудоихохй (сепаратизмро) бигирад" (14, 254261).

Яке аз сабабхои асосй барои дахолати Русия дар Точикистон ин созишномаи байни сарони давлату хукуматхои аъзои ИДМ ба хисоб мерафт. Хукумати мамлакат бо дастгирии Фронти хал;й ва нерухои масаллахи Федератсияи Русия то мохи апрели соли 1994 бо мухолифин муборизаи харбию сиёсй мебурд. Русия барои аз байн бурдани низои дохилии Точикистон на;ши хеле мухимро бозидааст. Дар баробари он ин давлат на;ши миёнавро байни чонибхои даргири точик ичро мекард. Аз чихати и;тисодй низ Русия ба Точикистон ёрии хеле калон расонидааст(4,144). Федератсияи Русия дар баробари кумак ба Точикистон инчунин ба дигар чумхурихои Осиёи Марказй низ аз чихати моддиву и;тисодй ёрй мерасонд. Мувофи;и маълумоти овардаи В. Хусейнов фа;ат дар соли 1992 кумакхои и;тисодии Русия ба давлатхои Осиёи Марказй 17 - 20 млрд долларро ташкил медод, ки он дар соли 1993 ду -се фоиз ва дар соли 1994 зиёда аз 10 фоиз нисбат ба соли 1992 зиёд гардида аст (3, 126).

Дар холати хеле муташаннич дар рафти чанги дохилии Точикистон дивизияи 201 - уми Русия амнияти ахолии мамлакат ва Фронти хал;иро таъмин мекард (4, 144). Хатто ва;те ки

Президенти вакти кишвар Радмон Набиев ба таъкиби сахти мухолифин дучор гардида буд, дар кароргоди дивизияи 201 - ум панод бурда буд.

Бо ходиши Хукумати конститутсионй аз моди сентябри соли 1992 дивизияи 201- ум вазифаи мудофизати якчанд объекти мудимро бар уддаи худ гирифта буд, ки ондо адамияти стратегй ва иктисодй доштанд. НБО - и Норак, Комбинати электрохимиявии Ёвон, заводи нуридои азотии Вахш, якчанд маркази дарбй, як катор минтакаи родди мошингард дар гузаргоддои манотики кудй ва дигар чойдои мудим ба дисоб мерафтанд (4, 144).

Дар рафти задухурддои мусалладонаи тарафдои даргир амнияти адолиро дивизияи 201 - ум Ф.Р. таъмин мекард. Аз маълумоти таърихй бармеояд, ки баъди он ки гуруддои мусаллади мухолифин дар Кургонтеппа ва Fарм ба курбонидои зиёд даст заданд, факат ондоро дивизияи 201 - уми Русия тавонист, ки боздорад ва дукумати Федератсияи Русия дам баъди ин вокеадо бештар тарафи Хукуматро дастгирй мекард ва мудофизати Радмон Набиев ва тарафдорони уро артиши Русия тадти мудофизати худ карор доданд. Барои танзими вазъ байни Точикистону Русия созишномадои дустй ва дамкорй имзо гардиданд (1,155).

Ба дайати дивизияи 201-уми Русия зиёда аз 7 дазор сарбози рус шомил буд. Дигар кисмати артиши Русия ин гуруди сардадбонон буданд, ки аз 19 - уми октябри соли 1992 дар кисмдои сардадии Точикистон хизмат мекарданд. Шумораи ондо аз 16 дазор иборат буд (4, 145). Дар охири соли 1992 задухурддои хунини байнидамдигарии чонибдо кариб тамоми мамлакатро фаро гирифт. Чониби мухолифин аз созишномадои Хукумат бо Федератсияи Русия норозй буд. Дар баробари он бар зидди куввадои якчояи ИДМ - низ мебаромаданд. Чониби мухолифин мехост Президент Р. Набиев аз вазифаи худ истеъфо дидад ва Шурои муваккатии давлатй таъсис дода шавад (1,156).

Эчоди Хукумати мусолидаи миллй дар Точикистон дар моди майи соли 1992, ки дар он намояндагони Хизби демократи Точикистон, Хизби надзати исломии Точикистон, созмони "Растохез" як катор мансаби калидй гирифтанд. Родбарии ондо ба интенсификатсияи мухолифин байни Тедрон ва Душанбе мусоидат намуд. Дар як муддати кутод фаъолияти Хукумати мусолидаи миллй (май ноябри соли 1992) ба дигаршавии дайатдои намояндагй, доирадои дам расмй ва ичтимоию сиёсии Точикистон ва Эронро ба вучуд овард. Инчунин зимни сафар дар Точикистон чониби дукумати Эрон розй гардида буд, ки ба Душанбе 50 млн доллар кумак мерасонад. Хамчунин панч санади танзимкунандаи муносибатдои байни давлатдо ба имзо расид. Санаддои имзошуда масъаладои дустию дамкории байни давлатдоро оид ба муносибатдои иктисодй, фардангй ва илмиву техникй дар бар мегирифтанд (7, 70). Дар давраи мавчудияти Хукумати конунии Точикистон то ба вучуд омадани Хукумати муваккатй ягон муносибати дипломатии миёни Чумдуридои Эрон ва Точикистон ба вучуд наомада буд.

Ташаккул ва рушди муносибатдои миёни Точикистону Эрон дар давраи хеле душвори сиёй ба вучуд омадааст. Эрон тарафи мухолифини точикро пурра дастгирй мекард. Оё Хизби демократии Точикистон, ки ба андозаи баланд миллатгаро ва Хизби надзати исломии Точикистон (мамнуъ дар дигар чумдуридои Осиёи Миёна) он аст, ки ба манфиатдои геополитикии доирадои доким дар Эрон мувофик кунонида шуда буд. Дар шароити ракобати Эрон бо давлати Туркия барои нуфуз дар кишвардои навтаъсиси мустакил гояи "инкилоби исломй" - ро чорй карда Чумдурии Исломии Эрон натичаи онро ба манфиатдои худ дал кардан мехост(7, 69 - 70).

Fайр аз ин мухолифин дахолати Федератсияи Русияро ба кордои дохилии Точикистон нолозим медисобид ва то андозае мукобилият дам нишон медод. Родбарони мухолифин аз Русия талаб мекарданд, ки дивизияи 201- уми худро аз дудуди мамлакат берун барорад ва техникадои дарбии дар ихтиёр доштаашро ба мухолифин супорад (1,156).

Русия бошад бар акси ходиши ондо амал намуда муборизаро алайди дастадои мухолифин давом медод. С. И. Романчук чунин меоварад, ки аз сабаби он, ки Русия дар якчанд дигар давлат, ба монанди Афгонистон ва Покистон ба амалиёти дарбй машгул буд, наметавонист пурра бехатариро дар Точикистон таъмин кунад (11, 10). Вале А. Малашенко чунин овардааст, ки: "Русия новобаста аз он, ки дар низодои дигар давлату халкиятдо иштирок мекард, барои бартараф сохтани низои байнихудии точикон иштироки фаъолона дошт" (6, 36).

Баъди акибнишинии гуруддои мусаллади мухолифин ба хоки Афгонистон яке аз масъаладои асосй дар назди Хукумати мамлакат ва давлатдои аъзои ИДМ ин масъалаи сардад ба дисоб мерафт. Дар масъалаи дифзи сардади давлатдои нисбатан хурди собик Иттидоди Шуравй яке аз афсарони рус В. Ю. Летов чунин нуктаро баён месозад: "Масъалаи дифзи сардади давлатдои хурд баъди аз байн рафтани Иттидоди Шуравй бо роди дамкории байнидамдигарй ба род монда шуд,

ки Русия дар ин самт на;ши асосиро мебозид. Инчунин Русия сархади Точикистону Киргизистонро аз хисоби маблагхои давлатии худ мухофизат мекард(5, 105).

Дар баробари иштироки Федератсияи Русия, хамчунин Куввахои хомии сулхи ИДМ дар бартарафсозии низои байни точикон кумак расонда буданд. Фаъолияти ин давлат дар самти ёрии байнихамдигарии давлатхои аъзои ИДМ дар бартарафсозии низоъ ва хифзи сархади миёни Точикистону Афгонистон хеле назаррас буд. Бояд таъкид намуд, ки агарчй Федератсияи Русия ва дигар давлатхои аъзои ИДМ аз аввал барои бартарафсозии низои точикон бетараф набуданд, вале амалан кумаку дастгирии онхо аз соли 1993 огоз гардида буд. Баргузории муло;оти сарони давлат ва хукуматхои аъзои ИДМ дар шахри Минск, ки 22-юми январи соли 1993 баргузор гардид, барои ба эътидол овардани вазъи номуътадили Точикистон шароити хуберо мухайё сохт. Махз дар хамон ва;т соли 1993 дар чаласаи сарони давлатхои аъзои ИДМ Кувваи дастачамъонаи хомии сулхи ИДМ таъсис дода шуд(11, 103). Дар баробари ин миёни Точикистону Русия якчанд дигар масъалаи харбии миёни кишвархо халлу фасл гардиданд.

Дар муло;оти Минск, ки яке аз масъалахои асосии он ин масъалаи сархади миёни Точикистону Афгонистон буд ва хамчун сархади чанубии ИДМ ба хисоб мерафт. 22 январи соли 1993 сарони давлатхои Русия, Узбекистан, Киргизистон ва Казо;истон розй шуда буданд, ки як баталиони сархадбонони худро барои мухофизати сархади Ч,умхурии Точикистон мефиристанд. Хар як баталион бояд аз 500 нафар сархадбон иборат мебуд (5, 106).

Вале С. И. Романчук чунин меоварад, ки дар ;увваи дастачамъии хомии сулхи ИДМ бояд ;уввахои харбии Русия, Узбекистон, Киргизистон ва Казо;истон дар сархади Точикистон ба амалиёт шуруъ мекарданд. Аммо дар хайати он Узбекистон иштирок накард, ин давлат муста;илона дар амалиётхо иштирок мекард ва хайати Киргизистон ба таври чашмнорас буд ва танхо аз байни се давлати Осиёи Марказй Казо;истон артиши худро дар Бадахшони кухй чойгир намуда буд(11, 104). Ин суханхо боз далели он аст, ки дар самти ёрии дастачамъонаи ИДМ низ на;ши артиши Русия калон буд. Мухолифин баъди хунрезихои зиёд дар шимоли давлати Афгонистон панох бурда буданд ва дар он чо аз тарафи гуруххои махсус дастгирй меёфтанд. Аз ин сабаб, ки ;уввахои мухолинин дар бисёр минта;а чойгир буданд ва дар баробари ин вазъи сархади миёни Точикистону Афгонистон ноором буд, нерухои Хукумат ва ;уввахои харбии Русия хам ба якчанд ;исм чудо шуда буданд. А.В. Белоглазов чунин маълумот медихад, ки лашкарони Русия дар Точикистон ба се гурух чудо шуда буданд:

Гурухи якум, ки аз хама пур;увват ва гурухи асосй ба хисоб мерафт ва ин гурух дар Душанбе ва Кургонтеппа ;арор дошт. Ба ин гурух дивизияи 201- уми тирандозони рус шомил буданд. Гурухи дуюм аз 5 гурухи сархадбон иборат буд, ки онхо дар нохияхои Москва (Хамадонй), Панч, Ишкошим, Хоруг ва Мургоб чойгир шуда буданд ва ин гурух ба 80 застава чудо мешуд. Шумораи умумии сархадбонон 18 хазор нафар иборат буд.

Гурухи сеюм низомиёни сулхофар ва ихтиёрй буданд, ки шумораи умумии онхо 2 - 2,5 хазор нафарро ташкил медод. Онхо дар вилояти Хатлон, Душанбе, Хоруг ва назди дарёи Панч чойгир шуда буданд (1, 159). Хамчунин 24 -уми декабри соли 1993 чумхурихои Казо;истон, Киргизистон, Русия, Узбекистон ва Точикистон созишнома дар бораи хифзи сархадро имзо намуданд(5, 106).

Аз як тараф, агар Русия бо ;увваи низомй ба Точикистон кумак расонида бошад, аз тарафи дигар, аввалин гуфтушунидхо бо рохбарони мухолифин ва тарафдорони онхо аз чониби намояндагони Федератсияи Русия огоз гардида буд. Албатта, барои ба гуфтушунид розй кунонидани тарафхо сахми намояндагони Созмони Милали Муттахид хеле назаррас буд. Русия сиёсати пешгирифтаи СММ - ро дастгирй мекард ва бо хамин ма;сад рохи гуфтушунидро пеш гирифт. 28-уми июли соли 1993 Фармони Президенти Федератсияи Русия Б.Н Елтсин дар бораи танзими вазъ дар сархдди Точикистону Афгонистон ба тавсиб расид(14, 256).

Бо ма;сади ба мувофи;а ва сулх розй кунонидани чониби мухолифин 30 -юми июли соли 1993 сардори вакти Хадамоти иктишофи хоричии Федератсияи Русия Е.М.Примаков ба Кобул сафар кард ва бо кумаки яке аз точиктаборони афгон Ахмадшохи Масъуд рузи 31-уми июл бо рохбари мухолифини точик Саид Абдуллои Нурй вохурд. Ин аввалин вохурии расмии намояндаи Русия бо рохбари мухолифини точик ба хисоб мерафт (1,159-160). Вохурии намояндаи Русия Е.М.Примаков бо рохбари Иттиходи мухолифини точик на;ши калидиро барои огози музокироти миёни точикон бозид ва вохурихои расмии рохбарони хар ду тарафро ба миён овад.

Бояд гуфт, ки дар вохурй бо Хочй Акбар Турачонзода шахси дуюми намояндаи мухолифин Е.М.Примаков дар хусуси ма;омоти идоракунй сухбат намуда ишголи вазифахоро дар ма;омоти давлатй 30% барои мухолифин пешниход намуда буд (1, 160; 9, 145).

Аз сабаби он, ки Чумдуридои Эрон ва Покистон бо дамкорй бо Чумдурии Афгонистон мухолифини точикро мудофизат ва тарафдорй мекарданд Русия бо намояндагони ин чумдуридо ба гуфтушунид огоз намуд(11, 102). Бо максади розй кунонидани тарафи Эрон барои музокироти точикон 31-уми июл вохурии Е.М.Примаков бо макомоти расмии Ч,умх,урии Исломии Эрон дар Техрон баргузор гардид (14, 256). Шуруъ аз 5 - уми апрели соли 1994 миёни Хукумати конститутсионй ва Иттидоди мухолифини точик дар шадри Маскави Федератсияи Русия гуфтушунид огоз гардид, ки ин масъулияти чониби Русияро нисбат ба музокироти точикон нишон медидад. Новобаста аз ин чониби мухолифин ба сиёсати пешгирифтаи Русия дар Точикистон хайрход набуд ва бисёр вакт мухолифин дар курбонидои рухдода Русияро айбдор мекард. Чунончй, баъди анчоми даври дуюми музокироти точикон дар шадри Тедрон муовини аввали раиси Харакати надзати исломии Точикистон Хочй Акбар Турачонзода чунин гуфта буд: «Шарте, ки барои режими Душанбе бисёр душвор буд - ин эчоди як механизми контрол аз болои нерудои Русия дар мардилаи оташбас ба дисоб мерафт. Режими Душанбе ба деч вачд намехост, ки аз чониби Созмони миллал дар мардилаи оташбаси муваккатй назорат ба болои нерудои Русия дошта бошад. Албатта, ин дам аз чониби мо мавриди ;обили ;абул набуд, зеро тамоми бадбахтидое, ки барои миллати мо омад аз дасти дамин нерудои Русия дар Точикистон буд» (16, 110). Аммо маълум аст, ки аввалин хунрезидоро чонибдорони мухолифин огоз намуда буданд. Нерудои Русия бошад дар асоси шартномае, ки миёни Точикистону Русия дар соли 1991 ва аз 25 -уми майи соли 1993 ба имзо расида буд фаъолият мебурд. Дар давраи чанги шадрвандй миёни Точикистону Русия оид ба бисёр масъалаи далталаб якчанд созишномаи мудим ба имзо расида буд. Ф. Розиков чунин меорад, ки дар давоми солдои 1992- 1997 байни Чумдурии Точикистон ва Федератсияи Русия 140 адднома ва созишномаи дучониба ба имзо расида буд. Маълум аст,ки бе кумаки Федератсияи Русия далли низои точикон боз мудлати дуру дароз тул кашиданаш аз эдтимол дур набуд (10, 139).Бо максади таъмини бехатарй ва амнияти чонибдо дар раванди гуфтушуниддои миёни точикон давлатдои Русия, Узбекистан, ^иргизистон, Кдзокистон, Покистон, Афгонистон ва Эрон дамчун кафил иштирок доштанд. Хатто 30- юми августи соли 1994 намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттадид Ю.М.Воронсов бо Дабири кулли СММ Бутрос Fолй вохурда, оид ба масъалаи Точикистон гуфтугузор намуд. Дар ин гуфтушунид гузаронидани даври сеюми музокироти миёни точикон дар асоси низоми муайян намудаи СММ ва миёнравии Эронро дар рафти гуфтушунид мавриди баррасй карор доданд(1, 161).

Аз маълумоти дар боло овардашуда чунин бармеояд, ки Эрон барои далли гуфтушунид накши мудим бозида метавонист ва дахолати ин давлат ба ин масъала хеле мудим буд ва то дадде мухолифин аз руи гуфтаи родбарони ин давлат амал мекарданд.

Кумаку дастгирии Федератсияи Русия барои бартарафсозии низои точикон то ба охир расидани чанги шадрвандй назаррас буд ва датто Созишномаи умумии истикрори сулд ва ризоияти миллй миёни точикон 27 - уми июни соли 1997 дар шадри Маскав ба имзо расида буд.

Хамин тавр, Федератсияи Русия барои бартарафсозии низоъ ва дар баркарорсозии сулд ва ризоияти миллй дар Точикистон садми босазо гузоштааст. Дар ин кор, пеш аз дама, накши Президенти вакти Русия Б. Н. Елтсин хеле калон буд. Хамчунин намояндагони ин давлат, ки дар рафти задухурддои дохилии кишвар дар Точикистон фаъолият доштанд барои ба мусолида ва сулд розй кунонидани тарафдои даргири точик бордо бо родбарони дайатдо вохурй гузаронида буданд, ки он тарафдоро ба роди музокирот наздик сохт. Барои таъмини бехатарии адолй дивизияи 201 - ум чалб карда шуда буд ва дар дифзи сардади миёни Тодикистону Афгонистон накши сардадбонони рус калон буд. Мадз бо таъсири куввадои дарбии ин мамлакат чониби мухолифин акибнишинй карда буданд. Тандо баъди он, ки робитаи ондо бо гуруддои мухолифини афгон канда шуд, роди музокиротро пеш гирифтанд. Русия дамчун кафили музокироти точикон ба дисоб мерафт дамчунин якчанд даври музокирот ва вохуридои расмии родбарони дайатдо дар ин давлат баргузор шуда буданд.

Тамоми чанбахо ва фаъолияти пурсамари Федератсияи Русия дар баркарорсозии сулху амният ва ризоияти миллй дар Точикистон тадкики дакикона ва омузиши минбаъдаро такозо дорад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Белоглазов, А.В. Влияние Ислама на политические процессы в Централной Азии: Учеб. Пособие / А.В. Белоглазов. - Казань: Казанский университет, 2013 - 249с.

2. Белокреницкий, В. Исламский радикализм Пакистана: эволюция и роль регионе/ В. Белокреницкий//Центральная Азия и Кавказ. - 2000. - № 6. - С. 124-131.

3. Гусейнов, В. Россия и государства ЦАР/ В.Гусейнов, Н.Савкин// Центральная Азия. Геополитика и экономика региона. - М. - 2010.-С.-121-136.

4. Дундич А. Таджикистан: мир без процветания/А. Дундич// Международные процессы. - Том 8. -№ 3. - М., 2010. - С. 143-154.

5. Летов, В. Ю. Историческая роль пограничных войск России в обеспечении безопасности южных рубежей СНГ/В.Ю.Летов// Проекты сотрудничества и интеграции для Центральной Азии: сравнительный анализ, возможности и перспективы. -Бишкек, 2007. - С. 105 -108.

6. Малашенко, А. Центральная Азия: на что рассчитывает Россия/ А.Малашенко.-М.: Российская политическая энциклопедия (РОЕСПЭН), 2012. - 128 с.

7. Мукимджанова, Р. М. Страны Центральной Азии: азиатский вектор внешней политики/Р.М. Мукимджанова. - М.: Научная книга, 2005. - 206с.

8. Попов, Д. С. Таджикистан перед лицом угрозы международного терроризма/ Д.С. Попов //Проблемы Национальной Стратегии. - №5. -2016. - С.126 - 147.

9. Примаков, Е. М. Минное поле политики/Е.М.Примаков.-М.: Молодая гвардия, 2007.-145 с.

10. Розиков,Ф.Межгосударственные отношения Республики Таджикистан и Российской Федерации в 90 - х годах XX в./Ф.Розиков// Сиёсати хоричй. - № 1.-Душанбе,2011.-С.-138- 144.

11. Романчук, С. И. Миротворческие операции на постсоветском пространстве: концептуальные подходы: дис...кан. полит. наук: 23. 00. 04// Романчук Сергей Игоревич. - М., 2015. - 215с.

12. Саъдиев, Ш. Халли сиёсии низои дохилй ва тахкими сулх дар Точикистон/Ш.Саъдиев// Вахдат, давлат, Президент. ^илди VI. - Душанбе: Деваштич, 2007. - С. 203-207.

13. Сайидзода, З. Ш. Таджикистан - Россия: геополитичаские отношения на рубеже столетий/ З. Ш. Сайидзода //Международные отношения. - Душанбе, 2014. - С. 29 - 33.

14. Сатторзода, А. Омилхои дохилй ва хоричии сулхи точикон/ А.Сатторзода// Назарияи вавдат. Маърифати ичтимоии вахдати миллй: масъалахо, холат ва дурнамо. ^илди 15. Китоби 2. -Душанбе: Дониш, 2012. - С. 254-261.

15. Тошмухаммадов, М. Гражданская война в Таджикистане и постконфликтное восстановление/М.Тошмухаммадов. - Саппоро, 2004. - 26с.

16. Усмон, И. Сулхдома/ И. Усмон. - Душанбе: Матбуот, 2001. - 522с.

REFERENCES:

1. Beloglazov,A.V.The Influence of Islam on Political Processes in Central Asia: manual/A.V. Beloglazov. -Kazan: Kazan University, 2013. - 249 p.

2. Belokrenitsky, V. Islamic Radicalism of Pakistan: Evolution and Role in the Region/V.Belokrenitsky// Central Asia and the Caucasus. - 2000. - №6. - Р. 124 - 131.

3. Guseynov, V. Russia and State of CAR/V.Guseynov, N.Savkin// Central Asia. Geopolitics and Economy of the Region. - M., 2010. - Р. 121 - 136.

4. Dundich, A. Tajikistan: Peace without Efflorescence/A. Dundich// International Processes. - V.8. - №3. -M., 2010. - Р. 143 - 154.

5. Letov, V.Yu. Historical Role of Frontier Troops of Russia in Reference to Security Provision of Southern Borders of CIS (Commonwealth Independent States)/V.Yu.Letov// Projects of Cooperation and Integration for Central Asia: Comparative Analysis, Opportunities and Perspectives. - Bishkek, 2007. - Р. 105 - 108.

6. Malashenko, A. Central Asia: what Does Russia Reckon for? /A.Malashenko. - M.: Russian Political Encyclopedia (ROESPEN), 2012. - 128 p.

7. Mukimjohnova, R.M. Countries of Central Asia: Asian Vector of Foreign Policy/R.M. Mukimjohnova. -M.: Scientific Book, 2005. - 206 p.

8. Popov, D.S. Tajikistan Faced with the Threats of International Terrorism/D.S. Popov// Problems of National Strategy. - №5. - 2016. - Р. 126 - 147.

9. Primakov, Ye.M. Mining Field of Politics/Ye.M.Primakov.-M.:Young Guard, 2007. - 145 р.

10. Rozikov,F.Inter-Governmental Relations between the Republic of Tajikistan and Russian Federation in the 90-ies of the XX-th Centuries/F.Rozikov// Foreign Policy.-№1.-Dushanbe,2011.- Р. 138 - 144.

11. Romanchuk, S.I. Peace-Making Operations in post-Soviet Space: Conceptual Approach: synopsis of candidate dissertation in politology: 23.00.04//S.I.Romanchuk.- M., 2015. - 215 p.

12. Sadiev, Sh. Political Solution of Internal Conflict and Strengthening of Peace in Tajikistan/Sh.Sadiev//Unity, State, President.- V.VI. - Dushanbe: Devashtich, 2007.- Р. 203 - 207.

13. Sayidzoda, Z.Sh. Tajikistan - Russia: Geopolitical Relations at the Junction of Centuries/Z.Sh. Sayidzoda// International Relations. - Dushanbe, 2014. - Р. 29 - 33.

14. Sattorzoda, A. Internal and Foreign Factors towards Tajiks Peace/A.Sattorzoda//Theory of Union. Social Education of National Unity: Issues, Situations and Perspective. - V.15. - Book 2. - Dushanbe: Knowledge, 2012. - Р. 254 - 261.

15. Toshmuhammadov, M. Civil War in Tajikistan and post-Conflicted Restoration/M.Toshmuhaamdov. -Sapporo, 2004. - 26 p.

16. Usmon, I. Peace Treaty/I.Usmon. - Dushanbe: Press, 2001. - 522 p.

Нацши Федератсияи Русия дар таъмини сущ ва ризоияти милли дар Тоцикистон

Вожа^ои калиди: Федератсияи Русия, Иттщоди давлатуои мустацил, цанги шаурванди, сулу,

ризоияти милли, созишнома Дар мацола сауми Федератсияи Русияро дар барцарорсозии сулу ва ризоияти милли дар Тоцикистон мавриди барраси царор дода шудааст. Тазаккур меравад, ки аввалин давлате, ки дар давраи муноцишауои дохили ва рафти цанги таумилии шаурванди ба Тоцикистон кумак расонида буд, ин Русия ба уисоб мерафт. Муаллиф доир ба тарзи фаъолияти низомиёни рус, вазифауои асосии онуо барои таъмини бехатарии ауоли, вазъи саруади миёни Тоцикистону Афгонистон, муносибати Русия бо давлатуои цонибдори мухолифини тоцик, иштироки саруадбонони рус дар уайати цуввауои якцояи уомии сулуи Иттиуоди Давлатуои Мустацил ва царору созишномауое, ки миёни Тоцикистон ва Русия дар масъалауои гуногун дар солуои цанги шаурванди ба имзо расида буданд, таулил намудааст. Гуфта мешавад, ки Русия дар масъалауои Тоцикистон бо Созмони Милали Муттауид уамкори дошт ва дар асоси низоми муайяннамудаи ин созмон фаъолият мабурд, ки дар мацола оварда шудааст. Махсусан таъкид мешавад, ки Русия яке аз ташаббускорони асоси барои ба музокирот рози кунонидани Хуукумати конститутсиони ва Иттиуоди мухолифини тоцик ба уисоб мерафт, ки дар ин бора дар мацола далелуо оварда мешаванд. Хамчунин муаллиф манфиатуои Русияро барои бартарафсозии низои тоцикон ва ауамияти онро дар муносибатуои байни давлатуо бо такя ба манфиатуои байналмилалии уар ду кишвар таулил намудааст.

Роль Российской Федерации в установлении мира и национального согласия в Таджикистане Ключевые слова: Российская Федерация, Содружество Независимых Государств, гражданская

война, мир, национальное согласие, соглашение В статье отражается роль Российской Федерации в достижении мира и национального согласия в Таджикистане, её активная позиция в деле поддержания Таджикистана в годы гражданской войны (1992-1997 гг.). Освещается деятельность Российской армии в обеспечении безопасности граници между Таджикистаном и Афганистаном.

Анализируется деятельность России в процессе установления конституционного строя в Республике Таджикистан в период гражданской войны, отношение России с теми странами, которые поддерживали таджикские оппозиционные силы, значение подписания ряда соглашений между Таджикистаном и Россией в годы гражданской войны (1992 - 1997гг.)

The Role of Russian Federation in Regard to the Establishment of Peace and National Concord in Tajikistan

Key words: Russian Federation, CIS (Commonwealth of Independent States), civil war, peace, national concord, agreement

The role of Russian Federation in regard to the achievement of peace and national concord in Tajikistan is shown in the article. In is underscored that Russia was one of the states which supported Tajikistan in the years of the civil war (1992-1997). The author elucidates the activity of Russian army beset with an insurance of security offrontier between Tajikistan and Afghanistan.

The author analyzes the role of Russia in the establishment of constitutional structure of Tajikistan Republic referring to the period of the civil war and Russians relations with the states which supported Tajik oppositional forces, a number of agreements signed between Tajikistan and Russia in the years of the civil war (1992 - 1997) in Tajikistan. Russians interest dealing with the regulation of inter-Tajik conflict and its importance is stressed in the article.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Му^аммадизода Ме^риддини Бокц, аспиранти кафедраи таърихи Ватани Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Гафуров. (Цумуурии Тоцикистон, ш.Хуцанд),E-mail: mehr 90 mail. ru Сведения об авторе:

Мухаммадизода Мехриддин Боки, аспирант кафедры Отечественной истории Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: mehr 90 mail. ru Information about the author:

Mukhammadizoda Mekhriddin Boki, a Post-gradate of the Department of Native Histori andet Khujand State University after academician B. Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: mehr 90 mail. ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.