УДК 9(с53)
ББК 63,3 (2 т) М. Б. МУ^АМАДИЗОДА
НАЦШИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАХИД ДАР БАРГУЗОР НАМУДАНИ МУЗОКИРОТИ МИЁНИ ТОЧ,ИКОН
Мавзуи сулх ва музокироти точикон дар охири асри XX ва омилхои асосии баргузории он таваччухи бисёр муаррихон, ху;у;шиносон, рузноманигорон, файласуфон ва сиёсатшиносони ватаниву хоричиро ба худ чалб намудааст.
Тахлил ва баррасии ичмоми ин мавзуъ дар осори илмии таърихнигорони ватаниву хоричй то андозае инъикос ёфтааст. Аммо баррасии пурра ва хамачонибаи он тад;и;оти минбаъдаро та;озо дорад. Тазаккур бояд дод, ки таърихнигорон Р.Абулхаев(2, 47-110), М. Ганджакова(4, 92), Е.В. Белов(3, 229), И. Усмон(12, 522), Х. Холи;назаров(13, 90-96), И. Абдуллоев(1, 100-109), С. Раджабов(8, 83-92) назари хешро доир ба ин масъала дар тад;и;оти илмии худ баён намудаанд.
Яке аз хадафхои асосии сиёсати пешгирифтаи Хукумати Ч,умх,урии Точикистон баъди огози чанги шахрвандй дар мамлакат ин расидан ба сулху субот ва вахдату ягонагии хал;и точик ба хисоб мерафт. Аммо ба ин ма;сад расидан захмати зиёдро талаб мекард, ки Хукумати мамлакат ба он и;тидоре, ки сохиб буд, наметавонист дар кишвар сулху амниятро таъмин намояд. Баъди аввалин задухурдхои чонибхои даргир барои бартараф сохтани низои дохилй миёни Хукумати конститутсионй ва Иттиходи мухолифини точик якчанд гуфтушунид ба миён омад. Вале беитминонии тарафхо ба якдигар ва дахолати ;уввахои сеюм, ки ба он душманони дохиливу хоричии миллати точик шомил буданд, намегузоштанд, ки чонибхо зуд ба мувофи;а расанд. Аз хамин сабаб, рохбарияти чумхурй барои ба музокирот розй кунонидани тарафи му;обил бо ;увваи бузурге такя намуд, ки ин хам бошад Созмони Милали Муттахид созмони байналмиллалие, ки фаъолияти он барои пуштибониву устувории сулху амният ва густариши хамкорй нигаронида шудааст, ба хисоб мерафт.
Дар огози соли 1992 (29.01) чаласаи Шурои Амнияти Созмони Милали Муттахид (минбаъд СММ.-М.Б.М.) ;атънома оид ба тавсияи дохил шудани Ч,умхурии Точикистон ба СММ ба сифати узви комилху;у; ;абул гардид. Нихоят дуюми марти соли 1992 Ч,умхурии Точикистон узви СММ гардид ва барои рушди хамкорь бо ташкилотхо, муассисахо ва ниходхои тахассусии он заминаи устуворро фарохам овард. Аз хамин давра хамкории Ч,умхурии Точикистон бо СММ шуруъ шуд. Тавре, ки маълум аст дар огоз хамкории Ч,умхурии Точикистон бо СММ ба сабаби нооромии вазъи сиёсии дохилии чумхурй хеле афзалиятнок буд. Ин хамкорй бахри сулху субот дар кишвар ба таври фав;улода зарур буд. Фаъолияти СММ дар Точикистон барои бар;арор намудани сулх, баргардонидани гурезахо ба чойхои му;имии худ, мусоидат барои таъмиру азнавсозии хонахои исти;оматии дар натичаи чанг харобгардида, бехтар гардонидани вазъи и;тисодии мамлакат, мусоидат барои расонидани кумакхои моддй, шинос намудани мардум бо принсип ва меъёрхои ху;у;и башар, назорат намудани кумаку дастгирии дигар созмонхо ва давлатхои алохида равона гардида буд, ки халли чунин масъалахои мухим дар замони му;овимати шадиди чонибхои даргир ахамияти аввалиндарачаро касб менамуд.
Таваччухи СММ ба масъалаи Точикистон баъдтар дар рафти Ичлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон (даъвати дувоздахум) равшан ва возех аён мегардид. Талошхои рохбарони мамлакатхои аъзои Иттиходи Давлатхои Муста;ил барои баргузор намудани Чдласаи Шурои Олй дар Точикистон боиси он гардид, ки дар рохи халли низои точикон ;уввахои сулххохи чомеаи чахонй рохи ягонаро пеш гиранд, то дар кишвари точикон сулху амният пойдор гардад. Дар ин самт СММ ма;оми махсусро касб намуда буд. Баркияи СММ ба унвони Ичлосияи XVI далели эътирофи Ч,умх,урии Точикистон ба сифати кишвари мустакил ва санади эътимоду боварии чомеаи чахонй ба талошхои созандаи рохбари он ба шумор меравад. Дар бар;ияи СММ чунин омадааст: "Мамолики аъзои СММ бо диккат кори Шуморо назорат мекунанд. Дар доирахои асосй чунин мешуморанд, ки махз Шумо масъулияти таърихиатонро эхсос намуда, ба вайроншавии Точикистон хдмчун узви комилхукуки СММ рох намедихед ва минбаъд ба Оинномаи Созмони Милали Муттахид, ба гояхои озодй, сулх ва адолат содик хохед монд... Муншии умумии СММ ва аъзои Шурои Амнияти он тайёранд ба Точикистон кумак расонанд ва дастгирй намоянд"(10, 154).
Баъди баргузор шудани Ичлосияи XVI Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон Раиси Шурои Олй Эмомалй Рахмон санаи 12-уми декабри соли 1992 дар Мурочиатномаи худ ба хал;и
чумхурй иброз дошт, ки барои ба эътидол овардани вазъи бавучудомадаи мамлакат ва аз байн бурдани низои дохилй ба СММ мурочиат менамояд ва 20-уми декабри соли 1992 ба унвони Дабири кулли СММ чаноби Бутрос Голй номае ирсол намуда, дар он бо максади мусоидат ба танзими низоъхои байналмилалй хохиш намуд, ки Миссияи нозирони СММ-ро ба Точикистон фиристад.
Бояд иброз намуд, ки то ин ва;т гурухи начандон калони нозирони СММ дар Точикистон фаъолият доштанд, ки вазифаи онхо расонидани кумак оид ба масъалахои сиёсй, гурезагон ва ёрии башардустона иборат буд.
1 феврали 1993 дар шахри Душанбе намояндагии аввали СММ дафтари нозирони СММ дар Точикистон (ДНСММТ) ифтитох гардид ва гурухд начандон калони кормандони СММ ба Точикистон омаданд. Тули фаъолияти хеш дар Точикистон Миссияи нозирони СММ дар хамкорй бо хукумати чумхурй на танхо ба танзими сиёсии низоъхои байналмилалй, балки ба арзёбии холати гуманитарй, баргардонидани гурезахо машгул шуда, дар мархилаи охирин ба тахияи лоихахо оид ба баркарорй ва ба рох мондани рушди кишвар хиссаи худро гузошта буд(16, 38). Баъди гузашти мухлати на он ;адар тулонй таваччухи ин созмони бонуфузи байналмиллалй ба масъалаи Точикистон зиёд гардида, аз чониби намояндагони СММ дар халли низои точикон корхои назаррас анчом дода шуданд.
На;ши асосй ва мухими СММ ин ба рох мондани музокироти миёни тарафхои даргир дар Точикистон ба хисоб мерафт, ки дар ин чода нозирони ин созмон кушишхои зиёд ба харч дода буданд. Бино ба маълумоти профессор А.Сатторзода СММ, Руссия, Эрон ва дигар мамлакатхои минта;а аз мохи сентябри соли 1992 то мохи апрели соли 1994 ба он муваффа; гаштанд, ки тарафхоро ба музокирот розй кунонанд(9, 469).
Баъди шинос шудан ба вазъияти Точикистон намояндагони СММ манфиатхои тарафхоро ба инобат гирифта, бо сарварони онхо вохурихои расмй гузарониданд.
Бо ма;сади расонидани кумак ва шинос шудан ба вазъияти харбиву сиёсии мамлакат намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Исмат Киттани, ки мохи майи соли 1993 ба Точикистон омада буд, сараввал бо Раиси Шурои Олии мамлакат Эмомалй Рахмон, инчунин бо вазири корхои хоричии кишвар Рашид Олимов ва бо муовини аввали Раиси Шурои Олии Точикистон Абдулмачид Достиев мулокотхои судманд анчом дод. Дар рафти мулокотхо у аз вазъи сиёсии мамлакат бохабар гардид ва инчунин оид ба ваколатхои худ дар Точикистон маълумот дод.
Яке аз вазифахои мухим, ки дар назди намояндагони СММ ;арор дошт, ин розй кунонидани тарафхои даргир ба музокирот ба хисоб мерафт, ки ин масъала барои халли низои дохилии точикон заминаи мусоидро фарохам оварда метавонист. Ин масъаларо зимни гузориши худ Дабири Кулли СММ Бутрос Fоли 26-уми апрели соли 1993 махсус таъкид намуда, чунин иброз намуда буд, ки тарафхои дар холати низоъ ;арордошта дар Точикистон амалиёти харбиро ;атъ намуда, бояд ба гуфтушуниди сиёсй огоз намоянд(4, 10).
Бо хамин ма;сад хайъати намояндагони СММ барои ба музокирот ва сулх розй кунонидани чониби хукумат ва тарафи мухолифин бисёр саъю талош намуда буданд, ки ин кушишхои онхо тарафхоро водор намуд то дар рохи сулх ва ризоият дубора ба хам оянд.
Котиби ичроия ва мушовири доимии хамаи фиристодагони махсуси Дабири кулли СММ дар музокироти сулхи точикон М.Горяев дар як чамъомади илмие, ки ба «Сабабхои раванди сулх дар Точикистон» (21-22 июли соли 2001) бахшида шуда буд, эътироф мекунад, ки «СММ якуним солро барои ба музокира ва сулх розй кунонидани тарафхои даргири точик сарф намуд» (9, 76).
Тазаккур бояд дод, ки баъди ворид гардидани куввахои хомии сулхи ИДМ ба Точикистон ;уввахои асосии мухолифини мусаллахи мамлакат ба худуди Чумхурии Исломии Афгонистон гузаштанд ва ин холат вазъи сархади миёни Точикистону Афгонистонро мураккабтар сохт. Аз тарзи фаъолият ва муборизахои сиёсии мухолифин барои бо рохи зуроварй сохиб шудан ба хокимият маълум буд, ки онхо ба осонй рохи музокиротро пеш намегиранд.
Дар рохи халли мусолихаи миллй дар Точикистон ва тезонидани кумаки СММ ба кишвар Федератсияи Русия на;ши калидиро бозид. 21-уми июли соли 1993 Русия СММ-ро аз ниятхои хеш оид ба расонидани кумак ба Хукумати расмии Точикистон хабардор кард. Дар навбати худ Дабири кулли СММ Бутрос Fолй назари худро оид ба истифодаи вохиди СММ чихати халли сулхомези ихтилофхо изхор дошт(16, 38).
Барои ба низом даровардани вазъ дар мамлакат низомиёни Русия ва Казо;истон фаъолият доштанд. Мохи марти соли 1993 ;исмхои низомии ^иргизистон ва Узбекистан ба гуруххои
сулххохи Русияву Казо;истон дар чумхурй хамрох шуданд. Дар раванди задухурдхои мусаллахонаи давомдор дар зери химояи Конфронси Дартмунд музокироти миёни точикон огоз гардид, ки дар он 7 намояндаи чонибхои дар холи хусумат ;арордошта иштирок карда, ба мухокимаи мухолифатхо ва чорахои пешгирй намудани онхо пардохтанд(16, 38).
Аз руи маълумоти мавчуда мухолифин хамон ва;т ба музокирот розй гардиданд, ки ало;аи онхо бо "Толибон" дар давлати Афгонистон канда шуд. Ин далел то хадде дуруст аст, чунки то ин ва;т чониби мухолифинро толибон пурра дастгирй мекарданд ва галабаи онхо ба манфиати гуруххои зиддихукуматии афгон буд. Баъди он, ки "Толибон" хокимиятро дар Афгонистон ба даст гирифтанд, хукумати Бурхониддин Раббонй дар шимоли мамлакат чойгир шуд. Аз ин сабаб Б. Раббонй ва чонибдорони у нагузоштанд, ки мухолифини точик бо толибон робита бар;арор намоянд.
Дар баробари Президенти Афгонистон Б. Раббонй хамчунин вазири дифои ин кишвар Ахмадшохи Масъуд яке аз ташаббускорони асосй барои ба рох мондани музокироти миёни точикон ба хисоб мерафт. Иштироки ин шахсияти нотакрор ва сиёсатмадори варзида дар рохи халли низои дохилии точикон аз он огоз гардид, ки 30-юми июли соли 1993 директори Хадамоти иктишофоти хоричии Федератсияи Русия Евгений Максимович Примаков ба Кобул сафар намуда, доир ба масъалаи халли низои Точикистон бо у муло;от намуд. Тавре, ки худи Е. В. Примаков таъкид месозад «гуфтушуниди сесоата бо Ахмадшохи Масъуд хеле амалй ва созанда гузашт. Ман иброз доштам, ки мо барои халли сиёсй ва гайринизомии ;азияи Точикистон кушиш хохем кард. Ба назари мо музокира миёни Душанбе ва мухолифон бояд огоз шавад ва хамзамон муло;оти чандчониба бо ширкати Русия, Афгонистон, Точикистон, Узбекистан ва Эрон баргузор шавад. Давлатхои дигари Осиёи Марказй низ метавонанд дар ин музокирот сахм бигиранд". Инчунин Е. В. Примаков таъкид месозад, ки А. Масъуд дар баробари ;абули таклифу пешниходхо инчунин иброз дошт, ки барои баргузор намудани муло;оти у бо рохбари мухолифини точик С. А. Нурй шароит фарохам меоварад ва ин муло;оти онхо санаи 31-уми июли соли 1993 баргузор гардид(14, 28).
Бояд таъкид намуд, ки дар вазъияти онва;таи мамлакат, ки оташи чанги шахрвандй бисёр минта;ахоро фаро гирифта буд, тарафхоро ба музокирот розй кунонидан кори басо душвор буд, чунки аз як тараф агар мансабталабии баъзе аз рохбарон ба музокирот халал ворид намояд, аз тарафи дигар гуноххои хамдигарро бахшидан кори басо душвор буд. Ч,онибхо дар симои тарафи му;обил шахсони ;отил ё худ кушандагони наздикони худро медиданд ва хамин хисси бадбинии онхо барои огози музокирот халал ворид месохт. Дар тобистони соли 1993 набардхои хунин байни чонибхои даргир идома меёфтанд. Махсусан дар моххои июн - июли соли 1993 дар Тавилдара мухолифин ба бетартибихои зиёд даст заданд. Дар баробари он дигар дастахои мухолифин дар хоки Афгонистон ;арор доштанд, ба дидбонгохи сархадии 12 - уми Русия хамла намуданд, ки дар натича якчанд низомиёни рус ба халокат расиданд. Вазъият аз он нооромтар мешуд, ки дар баробари дастахои мусаллахи мухолифин, инчунин ;исмхои фармондехони сахроии афгон, вохиди дивизияи пиёдаи 55-и Вазорати дифои Ч,умхурии Исломии Афгонистон ба дехаи наздисархадии Саригор, ки дар нохияи Шуроободи Точикистон во;еъ аст, хамла намуданд, ки ин холат намояндагони СММ - ро водор сохт то дар рохи халли масъала чорахои зарурй андешанд.
Баъди торафт муташаннич гаштани вазъияти мамлакат чониби хукумат вазъи баамаломадаро хуб дарк намуда буд, ки барои хомуш сохтани оташи чанги шахрвандй дар мамлакат ба чунин ну;тахои мухим ди;;ат дихад: пеш аз хама ба ватан баргардонидани гурезахо ва онхое, ки мачбуран ватани худро тарк кардаанд; бар;арор кардани хонахои шахрвандон, ки бар асари чанги шарвандй хароб гардида буданд; пешгирй кардани пастшавии и;тисодиёт, чалб намудани маблагхои хоричиён ва рушди мамлакат; муттахид намудани ахолй зарур буд, ки намояндагони хукумат бо мухолифин сари мизи музокирот нишинанд.
Дар ин раванд барои хукумат намояндагони СММ кумак мерасониданд. Хамкории СММ бо кишвархои аъзои ИДМ ва чомеаи чахонй раванди музокироти миёни точиконро тезонд. Баъди му;овиматхои тулонй чонибхои тундрав дарк намуданд, ки идомаи чанг барои ягон тараф манфиатовар нест. Аз хама масъалаи мухим он буд, ки чонибхо акнун мехостанд рохи созишро пеш гиранд. Дар ин рох на;ши рохбарони харду чониб Эмомалй Рахмон ва Саид Абдуллохи Нурй хеле назаррас буд.
Бо захмату талошхои намояндагони СММ гуфтушуниди миёни точикон мохи апрели соли 1994 огоз гардида то мохи июни соли 1997 идома меёбад, ки дар давоми он 8 даври музокирот,
6 вохурии сарон ва 21 маротиба мулокоту вохурии хайъатхои хар ду чониб анчом дода шуд, ки дар натичаи онхо 40 хуччати такдирсози миллат ба имзо расид.
Академик К. Олимов дар як маколаи худ чунин меорад, ки бо вучуди он, ки музокирот мархила ба мархила давом мекард, муковимати низомию сиёсй идома меёфт ва хатто дар минтакахои чануб ва шаркии чумхурй чангхои шадид дар байни куввахои хукуматй ва дастахои мухолифин сурат мегирифт. Ин вазъият харчи зудтар ба мувофика омадани тарафхоро такозо мекард(6, 14).
Дар рафти гуфтушуниди точикон, ки давраи тулониро дар бар мегирифт, бо миёнаравии СММ бо роху воситахои гуногун амалй гардид. Намояндагони СММ кушиш мекарданд, ки музокироти миёни точикон озодона бо иштироки намояндагони воломакоми чонибхо дар сатхи баланд баргузор гардад.
Аввалин даври музокироти миёни точикон аз 5-ум то 19-уми апрели соли 1994 дар шахри Маскави Федератсияи Русия баргузор гардид.
Даври якуми музокирот дар вазъияти мураккаби харбию сиёсй гузашт. Мухолифин дар наздикии шахрхои Кундуз, Толикон, Хочагор ва Файзободи Афгонистон низомиёни зиёдеро барои тахдид гирд оварда буданд. Хдмчунин онхо кад-кади сархад чабхахои Шахритус. Кубодиён, Панч, Кулоб ва Бадахшонро таъсис дода буданд, ки дар хайъати онхо хазорон чанговарони мухолифин ва мучохидини афгон шомил буданд. Дар гуруххои нохияхои Fарм (Рашт) беш аз се хазор чангиёни мухолифин ва кариб 500 нафар дастурдиханда ачнабй амал мекарданд(7, 464).
19-уми май соли 1994 иштирокчиёни Шурои Амният гузориши Дабири Кулли СММ (1994/542)-ро оид ба вазъият дар Точикистон ва талошхои кишвархои минтакаро дар рохи халли низои точикон пурра дастгирй намуда, муколамаи сиёсиро хамчун рохи осоиштаи халли низои дохилй арзёбй намуданд. Инчунин дар он натичахои даври якуми музокироти миёни точикон мухокима карда шуд.
Дар замоне, ки чониби хукумат бо мухолифин рохи гуфтушунидро пеш гирифта буданд, куввахои бадхох ва душманони миллати точик бо хар рох дар баркарор шудани сулх дар Точикистон халал ворид месохтанд. Ин холат кори намояндагони СММ - ро низ то як андоза мушкил месохт. Чунончй, зимистони соли 1996 хавопаймои СММ дар харими хавоии Афгонистон аз тарафи "Толибон" ба асорат гирифта шуд, ки дар он хайати рохбарони собик мухолифини точик барои иштирок дар музокироти сатхи олй ба Хустдехи Афгонистон рахсипор шуда буданд ва ба ин сабаб ду руз музокирот ба таъхир афтод(15, 8).
Дар байни точикон раванди музокирот, ки боиси сулху салох дар Точикистон гардида буд, иборат аз кадамхои зерин мебошад.
Даври якуми гуфтушунид аз 5 - ум то 19-уми апрели соли 1994 дар Маскав, даври дуюм аз 18 -ум то 28-уми июни соли 1994 дар Техрон, даври сеюм аз 20 - уми октябр то 1-уми ноябри соли 1994 дар Исломобод, даври 4-ум аз 22- юми май то 1-уми июни соли 1995 дар шахри Алма-Ато, даври 5-ум дар Ашкобод (мархилаи 1-ум аз 30-юми ноябр то 22-юми декабри соли 1995, мархилаи 2-юм аз 26-уми январ то 18-уми феврали соли 1996, мархилаи 3-юм аз 8-ум то 21-уми июли соли 1996), даври 6-ум аз 5-ум то19-уми январи соли 1997 дар Техрон, даври 7-ум аз 26-уми феврал то 8-уми марти соли 1997 дар шахри Маскав, даври 8-ум дар Техрон (мархилаи 1-ум аз 9 -ум то16-уми апрели соли 1997, мархилаи 2-юм аз 22-юм то 28- уми майи соли 1997) (5, 22).
Чамъбасти мантикии музокироти тулонии миёни точикон ва мулокоти Президенти Чумхурии Точикистон ва рохбари мухолифини точик имзои Созишномаи 23-юми декабри соли 1996 дар Маскав ва Мурочиатномаи онхо ба хамватанон буд, ки дар он мурочиатнома низ рохбарони харду чониб накши СММ-ро дар баргузории ин вохурй эътироф менамоянд. Дар Мурочиатномаи онхо чунин омадааст: "Мо -Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ва Рохбари мухолифини точик Сайид Абдуллои Нурй, хамраъйии худро ба мушкилот ва умедхои шумо ва хамчунин кушишро ба сулхи умумй изхор намуда, масъулияти худро дар назди шумо ва наслхои оянда дарк намуда, ташаббуси Русия ва намояндагии СММ - ро дар Точикистон дастгирй намуда, дар Маскав мулокот намудем(6, 16).
Хдмин тавр, СММ барои бартарафсозии низои дохилии Точикистон, барои баргузор намудани музокироти миёни точикон ва расидан ба сулх ва ризоияти миллй дар кишвар корхои назаррасро ба сомон расонд, ки он дар таърихи сохибистиклолии миллати точик яке аз сахифахои дурахшон ба хисоб меравад. Мусаллам аст, ки бо дахолати намояндагони СММ ва шахсан Дабири кулли ин созмон точикон ба мувофика расиданд. Махз натичаи захмату
талошхои намояндагони ин созмон буд, ки дар Ч,умхурии Точикистон оташи чанги хонумонсузи шахрвандй ба поён расида, дар мамлакат сулху оромй пойдор гардид.
Бояд гуфт, ки тамоми самтхои фаъолияти СММ-ро дар бартарафсозии низои точикон дар як гузориш халлу фасл намудан гайриимкон буда, ин масъала тахлилу баррасй ва тад;и;оти минбаъдаи илмиро та;озо дорад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Абдуллоев, И. ООН и межтаджикский конфликт: миротворческая миссия ООН в межтаджикском диалоге/ И.Абдуллоев// Номаи донишгох,. Силсилаи илмхои чомеашиносй. -2013. - № 1. - С. 100-109.
2. Абулхаев, Р. Даврахои гуфтушуниди байни точикон оид ба оштии миллй/Р.Абулхаев// Вопросы новейшей истории таджикского народа.(Сборник избранных статей и публикаций). Часть 2.,- Душанбе, 2016. - С. 47-110.
3. Белов, Е.В. Исторический опыт переговорного процесса по урегулированию межтаджикского конфликта (1993-1997): дис... канд. ист. наук: 07.00.02/Евгений Владимирович Белов. - Душанбе, 1999. - 229 с.
4. Ганджакова, М. Мирный переговорный процесс Таджикистана в мемуарной литературе/М.Ганджакова. - Душанбе, 2013. - 92 с.
5. Ганджакова, М.Г. Политическая история Таджикистана 90 - х годов ХХ века: автореф. дис... кан. ист. наук: 07.00. 02/Ганджакова Матлуба Ганджаковна. - Душанбе, 2015. - 26 с.
6. Олимов, К. Эмомалй Рахмон асосгузори музокирот, сулх ва вахдати миллии точикон/К. Олимов//Вахдати миллй ва пешрафти чомеа. - Душанбе, 2017. - С. 8-34.
7. Рахматуллоев , А. Таърихи хал;и точик/ А. Рахматуллоев, Х. Сатторов, Н. Точов. - Душанбе: ЭР-граф, 2011. - 524 с.
8. Раджабов,С.А. Роль ООН в разрешении вооруженного конфликта в Таджикистане/С.А.Раджабов//Московский журнал международного права. -2008. - № 2. - С. 83-92.
9. Сатторзода, А. Актуальные проблемы внешней политики Таджикистана (многовекторность в действии)/А.Сатторзода. - Душанбе, 2014. - 520 с.
10.Салимов, Н.Точики оламшумул/Н.Салимов, А. Шарифзода. - Душанбе: Ирфон, 2011.- 372 с.
11.Усмон, И. Сулхнома/ И. Усмон. - Душанбе: Матбуот, 2001. - 522с.
12.Холи;назаров, Х. Республики Таджикистан и Организация Объединенных наций-сотрудничество во имя развития/Х. Холи;назаров// Вахдат кафолати хастии миллат. -Душанбе, 2012.- С. 90-96.
13.Холи;назаров, Х. На;ши сарвари давлат Эмомалй Рахмон дар таъмини сулху вахдати миллй дар Точикистон/Х. Холи;назаров// Вахдат кафолати хастии миллат. - Душанбе, 2012. - С. 107 -114.
14.Холи;назаров, Х. На;ши Ахмадшохи Масъуд дар раванди исти;рори сулх ва ризоияти миллй дар Точикистон/Х.Холи;назаров//Вахдат кафолати хастии миллат. - Душанбе, 2012. -С. 26-41.
15.Холи;назаров, Х. Вахдати миллй кафолати ба;ои миллат/Х. Холи;назаров//Вахдат кафолати хастии миллат (мачмуаи ма;олахои солхои 2010 - 2012). - Душанбе, 2012. - С. 5-25.
16.Шарифзода, А. Начотбахши миллат /А.Шарифзода, А.Гафуров. - Душанбе, 2012. - 320 с.
REFERENCES:
1. Abdulloev, I. UNO and the inter-Tajik conflict: UNO peacekeeping mission in the inter-Tajik dialogue / I. Abdulloev // Scientific Notes. Series of Social Sciences. - 2013. - № 1. - P. 100-109.
2. Abulkhaev, R. The Periods of Negotiations between Tajiks on National Accord / R. Abulkhaev // Issues Concerned with the Latest History of the Tajik People (Collection of elected articles and publications). Part 2., - Dushanbe, 2016. - P. 47-110.
3. Belov, E.V. Historical Experience of the Negotiation Process to Resolve the inter-Tajik Conflict (1993-1997): candidate dissertation in history: 07.00.02 / Evgeniy Vladimirovich Belov. - Dushanbe, 1999. - 229 p.
4. Gandzhakova, M. The Peaceful Negotiation Process of Tajikistan in Memoir Literature / M. Gandzhakova. - Dushanbe, 2013. - 92 p.
5. Gandzhakova, M.G. The Political History of Tajikistan Referring to the 90-ies of the XX-th Century: synopsis of candidate dissertation in history: 07.00. 02 / Gandzhakova Matluba Gandzhakovna. - Dushanbe, 2015. - 26 p.
6. Olimov, K. Emomali Rahmon is the Founder of Debates, Peace and National Unity / K. Olimov // National Unity and Development of Society. - Dushanbe, 2017. - P. 8-34.
7. Rahmatulloev, A. The History Tajik Nations / A. Rahmatulloev, H. Sattorov, N. Tojov. -Dushanbe: ER-Graph, 2011. - 524 p.
8. Radjabov, S.A. The role of the UNO in the Solution of the Armed Conflict in Tajikistan / S.A. Radjabov // Moscow Journal of International Law. -2008. - № 2. - P. 83-92.
9. Sattorzoda, A. Actual Problems of Foreign Policy of Tajikistan (multi-vector action) / A. Sattorzoda. - Dushanbe, 2014. - 520 p.
10.Salimov, N. World Famous Tajiks / N. Salimov, A. Sharifzoda. - Dushanbe: Cognition, 2011. - 372 p.
11.Usmon, I. Peace-Name / I. Usmon. - Dushanbe: Press, 2001. - 522 p.
12.Kholiqnazarov, Kh. The Republic of Tajikistan and the United Nations Organizations -Cooperation in the Name of Development /Kh. Holiqnazarov // Unity is a Guarantee of Nation's Eternity - Dushanbe, 2012. - P. 90-96.
13.Holiqnazarov, Kh. The Role the President of the Country - Emomali Rahmon to Provision of Peace and National Unity in Tajikistan /Kh. Holyunazarov // Unity is a Guarantee of Nation's Eternity - Dushanbe, 2012. - P. 107 -114.
14.Holiqnazarov, Kh. The Role of Ahmadshohi Masud to the Process of Peacekeeping and National Accord in Tajikistan/ Kh.Holiqnazarov // Unity is a Guarantee of Nation's Eternity - Dushanbe, 2012.- P. 26-41.
15.Kholiqnazarov, Kh. National Unity is a Guarantee of Nation's Eternity /Kh. Holiqnazarov // Unity is a Guarantee of Nation's Eternity (May 2013, 2012). - Dushanbe, 2012. - P. 5-25.
16.Sharifzoda, A. A Savior of Nation/ A.Sharifzoda, A.Gafurov. - Dushanbe, 2012. - 320 p.
Нацши Созмони Милали Муттахцд дар баргузор намудани музокироти миёни тоцикон
Вожа^ои калиди: Созмони Милали Муттауид, цанги шаурванди, низои дохили, гуфтушунид, сулу, ризоияти милли, имзои созишнома.
Дар мацола нацши Созмони Милали Муттауид дар раванди музокироти миёни тоцикон нишон дода шудааст. Таъкид мегардад, ки мауз тавассути миёнаравии СММ цонибуои даргири тоцик ба гуфтушуниди расми огоз намуда, ба натицауои назаррас ноил гардиданд. Хамчунин зикр мегардад, ки дар роуи рози кунонидани цонибуои даргири тоцик барои музокирот сауми Федератсияи Русия ва дигар мамлакатуои Осиёи Маркази хеле назаррас буд. Дар баробари ин сауми Президенти Афгонистон Буруониддин Раббони ва вазири дифои ин мамлакат Аумадшоуи Масъуд дар роуи ба уам омадани тарафуо инъикос карда мешавад. Чунин оварда мешавад, ки тамоми раванди музокироти миёни тоцикон бо миёнаравии намояндагони махсуси Дабири Кулли СММ сурат гирифта буд. Хамчунин таъкид мегардад, ки намояндагии СММ аз соли 1994 яъне аз огози музокирот то соли 2000 барои расидан ба сулу ва ризоияти миллии тоцикон сауми арзанда гузошта буд.
Роль Организация Объединенных Наций в проведении межтаджикских переговоров
Ключевые слова: Организация Объединенных Наций, гражданская война, внутренний конфликт, переговоры, мир, национальное согласие, подписание соглашения. В статье раскрывается роль Организации Объединеных Наций в ходе межтаджикских переговоров. Особо подчеркивается, что именно при посредничестве этой организации начались переговоры между противоборствующими сторонами и были достигнуты.
Глубоко анализируется определенные успехи роль Российской Федерации, стран Центрально-Азиатского региона, Президента Исламской Республики Афганистан Бурхониддина Раббони и министра обороны этого государства Ахмадшаха Масъуда в деле достижения мира в Таджикистане.
Отмечается большой вклад миротворческой миссии ООН с 1994 по 2000 гг, спецпредставителя Генерального секретаря ООН, Миссии наблюдателей ООН в достижении мира в Республике Таджикистан.
The Role of the United Nations Organization Aimed at Conducting the inter-Tajik Negotiations
Key words: United Nations Organization, civil war, internal conflict, negotiations, peace, national accord, signing of an agreement
The article dwells on the role of the United Nations Organization during the inter-Tajik negotiations. Particular emphasis is laid upon the idea that while mediating the relevant organization this negotiation began between the warring parties and great achievements were achieved, on the whole.
The author deeply analyzes the role of the Russian Federation, the countries of the Central Asian region, the President of the Islamic Republic of Afghanistan, Burkhoniddin Rabboni, and the Minister of Defense of this state, Ahmadshah Masood, in achieving peace in Tajikistan.
The article notes the great contribution of the UN peacekeeping mission from 1994 to 2000, the special representative of the UN Secretary-General, the UN Observer Mission in achieving peace in the Republic of Tajikistan.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Му^амадизода Ме^риддини Боку, аспиранти кафедраи таърихи Ватани Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Гафуров (Цумуурии Тоцикистон, ш.Хуцанд). E-mail: mehr90@mail. ru Сведения об авторе:
Мухамадизода Мехриддин Боки, аспирант кафедры Отечественной истории Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд). E-mail: mehr90@ mail.ru Information abaut the awtor:
Mukhamadizoda Mekhriddin Boki, a Post-gradate of the Department of Native Histori andet Khujand State University after academician B. Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand). Email: mehr90@ mail. ru