Научная статья на тему 'From the history of creating and strengthening the social compliance treaty in Tajikistan'

From the history of creating and strengthening the social compliance treaty in Tajikistan Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
581
641
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АҳДНОМАИ РИЗОНЯТИ ҷОМЕА / ШӯРОИ ҷАМЫШТИИ ТОҷИКИСТОН / ҳИЗБУ ҳАРАКАТҳОИ СИЁСӣ ВА ИТТИҳОДИЯҳОИ ҷАМЪИЯТӣ / ИТТИҳОДИ НЕРӯҳОИ ОППОЗИТСИОНӣ / ҷОМЕАИ ШАҳРВАНДӣ / ДОГОВОР ОБ ОБЩЕСТВЕННОМ СОГЛАСИИ / ОБЩЕСТВЕННЫЙ СОВЕТ ТАДЖИКИСТАНА / ПОЛИТИЧЕСКИЕ ПАРТИИ / ДВИЖЕНИЯ И ОБЩЕСТВЕННЫЕ ОБЪЕДИНЕНИЯ / ОБЪЕДИНЁННАЯ ТАДЖИКСКАЯ ОППОЗИЦИЯ / ГРАЖДАНСКОЕ ОБЩЕСТВО / SOCIAL COMPLIANCE TREATY / PUBLIC COUNCIL OF TAJIKISTAN / POLITICAL PARTIES / MOVEMENTS AND SOCIAL ASSOCIATIONS / UNITED TAJIK OPPOSITION / CIVIL SOCIETY

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Набиев Вахоб Машрафович, Мухторов Мавлон

Статья посвящена деятельности Договора об общественном согласии в Таджикистане. Особое внимание уделено вкладу Общественного совета Республики Таджикистан в достижение мира и национального согласия. Освещено плодотворное сотрудничество государственных структур с представителями гражданского общества.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article is devoted to the function of social compliance treaty in Tajikistan. Special consideration is given to the contribution of the Public Council of the Republic into the attainment of peace and national agreement. A light is thrown upon cooperation of state structures with representatives of civil society.

Текст научной работы на тему «From the history of creating and strengthening the social compliance treaty in Tajikistan»

192 ~с НОМАИ донишгох л

В.Набиев, М.Мухторов

АЗ ТАЪРИХИ ТАЪСИС ВА ПОЙДОРИИ АХДНОМАИ РИЗОИЯТИ ЦОМЕАИ ТОЧИКИСТОН

Вожатой калидй: Аудномаи ризоняти цомеа, Шурой цамыттш Тоцикистон, уизбу х,аракатх,ои сиёсй ва иттиходияхои цамъиятй, иттих,оди неру^ои оппозитсионй, цомеаи ша^рвандй

Дар таърихномаи хар як миллат сахифахои сабакомуз ва пурарзише хастанд. ки аз икдоми нек ва хирадмандонаи ба нафъи халку Ватан равоншуда башорат медихад ва барои наслхои минбаъда хамчун чароги хидоят хизмат мекунанд. Чунин сахифаи заррин барои точикистониён рузи ба имзо расидани Ахцномаи ризоияти чомеаи Точикистон мебошад. Ин рузи сайд 9 марти соли 1996 буд.

Боиси зикр аст, ки хануз 1 марти соли 1996 Президента Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон зимни мулокот бо рохбарони хизбхои сиёсй, иттиходияхои чамъиятй, марказхои фархангии миллй, иттиходияхои эчодию илмй ва созмонхои динй ба фаъолияти онхо дар дигаргунсозихои хаёти чамъиятй - сиёсии кишвар бахои сазовор дода чунин иброз дошт: «Президент танхо ба ахли чамъият такя хохад кард. Зеро аз мавкеи манфиатхои ин ё он гурух баромад кардан чамъиятро номуътадил мегардонад. Мо бояд манфиатхои аксариятро химоя кунем, вале манфиатхои аккалиятро нодида гирифтан низ наметавонем, хукуки онхоро поймол кардан хак надорем. Пас биёед шумо хам модоме ки фурсаташ расидааст ва мо имконияти вохурй пайдо кардаем кушоду равшан масоили мавчударо ба хисоб гирем, ки мухимтарин масъала барои мо сулху вахцати миллй мебошад. Яъне мо бори дигар бо кисми хамватанони хеш чй гуна забони умумй ёбем, то ин ки онхоро ба назди хешу таборонашон, ба назди дустонашон, ба назди худ бозгардонем, то

онхо аз мачбурй ба даст ярок, гирифта бародарони худ, хешу таборони худ, хаммиллатони худро аз байн набаранд. Дар баробари мо биёянду ба мехнати осоишта машгул шаванд. Дар ободгардонии чумхурии сохибистиклоламон хиссаи арзандаи худро гузоранд.

Таъмин кардани чунин шароити мусоид барои хаёти осоишта, ки гарави мухими мехнати созанда дар чамъият мебошад, аз бисёр лихоз ба хизбхо, созмоихо ва иттиходияхои дар чумхурии мо фаъолияткунанда вобаста аст.

Яке аз матлаби машварати имрузаи мо аз он иборат, ки мо бояд дар ин чо табодули назар кунем.

Шояд мо бо Шумо як хуччат оиди ризоият ва хамбастагй дар чамъияти мо, байни тамоми точикистониёнро тахия созем.

Шояд дар ояндаи наздик ягон ахднома оиди ризоият ва хамбастагии чамъиятй ба имзо расонида шавад.

Дар ин бора бояд хаматарафа фикр кард» (11, 7).

Х,амаи куввахои асосии сиёсии мамлакат ин даъвати Президентро дастгирй намуданд.

Нояи имзои Ахдномаи ризоияти чомеа дар Точикистон дар шароите ба миён омад, ки дар чумхурй чараёни ислохоти сиёсй, барка pop сохтани хамаи рукнхои хокимият аз боло то поён анчом ёфта буд. Конститутсияи мамлакат бо рохи райъдихии умумй к,абул карда, интихоби Президент, Мачлиси Олй ва Мачлиси махаллй баргузор гардида буд.

9 марти соли 1996 рохбарони кдриб 30 ташкилоти чамъиятию сиёсии чумхурй Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистонро имзо карданд.

Дар чахорчубаи Ахдномаи ризоияти чомеа давлат ва Хукумат Ухдадор мешаванд, к,онунхое тахия ва к,абул кунанд, ки ба демократикунонии хаёти чомеа ва хифзи хукуки башар ва озодии вай мусоидат намоянд. Давлат инчунин ухдадор мешавад, ки барои ба эътидол овардани иктисод ва баланд бардоштани сатхи зиндагии ахолй сиёсати ичтимоии фаъол пеш мегирад.

Дар навбати худ хизбхои сиёсй ва дигар иттиходияхои чамъиятй ухдадор мешаванд, ки дар халли масъалахои иктисодй. сиёсй, ичтимой, фархангй хукуматро дастгирй карда, ба устувор шудани сохибихтиёрии давлатй, ризоияти миллй мусоидат менамоянд, аз хама шаклхои мочарочуй ва фишори зуроварона даст мекашанд.

Баимзорасии Ахдномаи ризоияти чомеа сахифаи дурахшонеро дар таърихи точикистониён кушод. Ин икдоми часуронаи таърихй барои фарохам сохтани шароити иттиходи хамаи куввахои солими мамлакат, барои бунёди чомеаи озод ва дорой созмонхои мавкеашон гуногун ба пеш гузошта шуд.

Мардуми шарифи Точикистон Ахдномаи ризоияти чомеаро гарму чушон истикбол намуданд. 10 апрели соли 1996 сессияи Мачлиси намояндагони халки шахри Душанбе масъаларо «Дар бораи вазифахои Мачлиси намояндагони халки шахр ва Хукумати пойтахт, ки аз «Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон» бармеояд» мавриди мухокима кдрор дод ва мурочиатномаи Хукумати шахри Душанберо ба депутатхои Мачлиси шахр, ба хамаи шахрвандони пойтахт к,абул намуд.

Дар муддати на он кадар т^лонй Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон торафт бештар амалй мегардид ва онро руз то руз шумораи зиёди табакдхои ахолй дастгирй менамуд. Дар муддати як мох кариб 50 хизбу харакатхои сиёсй ва иттиходияхои чамъиятй ба Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон имзо карданд.

Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон аз гоя ба харакати чамъиятй табдил ёфт.

Яке аз падидахои тозабунёди чомеа таъсиси Шурой чамъиятии Чумхурии Точикистон мебошад. Дар Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон омадааст: «Барои амлй кардани матлабхое, ки дар ин Ахднома баён шудаанд, Шуро чамъиятй таъсис меёбад. Сохтор, кор ва вазифахои Шурой чамъиятй дар асоси Низомномаи он, ки ишти-рокдорони ин Ахднома тасдик кардаанд, муайян мешавад. Карор-хои Шуро дар асоси ризоияти тарафхо кабул мегардад» (7, 6-7).

9 апрели соли 1996 бо максади гуфтушуниди доимии куввахои гуногуни чамъиятию сиёсй барои ба даст овардани таносуби манфиату акидахо, чустучу ва баркарор намудани шаклхои нави хамкорй иштирокдорони Ахдномаи ризоияти чомеа Шурой чамъиятии Ч,умхурии Точикистонро созмон доданд.

Х,ангоми суханронй дар мачлиси нахустини Шурой чамъиятй Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон гуфта буд: «Мо чунин хисоб мекунем, ки ин Ахднома метавонад як заминаи бисёр чиддие барои ба даст овардани сулхи миёни точикон гардад. Чунки дар Ахднома хамаи масъалахои принсипиалие, ки онхо ба намояндагони мухолифин хангоми гуфтушунидхо мувофика

шудаанд, акс ёфтаанд. Аз чумла созмон додани ин Шурой чамъиятй хам хднгоми гуфтушунидх,о ба миён омада буд, харчанд бо номи каме дигартар - бо номи форуми халкхои Точикистон. Вале ба акидаи ман, ваколатх,ои Шурой чамъиятии имруз таъсисдодаи мо пурратар ва асосноктар мебошанд» (5).

Азбаски Шурой чамъиятй макоми намояндагй, машваратй ва хамохангисозиро дорад, ба хамаи иштирокдорон - намояндагони хдзбу созмонхо ва иттиходияхои чамъиятй имкон медихад, ки дар бораи масъалахои мубрами хасги чомеа ва давлат мубодилаи назар кунанд, ба фикру андешахои хамдигар гуш диханд, роххои халлу фасли чомеаро пайдо намоянд.

Иштирокчиёни мачлиси нахустини Шурой чамъиятй Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмопро раиси Шурой чамъиятии Чумхурии Точикистон, Мушовири давлатии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба робита бо ипих,одиях,ои чамъиятй ва муносибати байни миллатх,о Д.Р.Давлатовро хдмохднгсози кори Шуро интихоб намуданд.

Дар як муддати кутох, Шурой чамъиятй ба маркази машваратию тахдилии афкори чамъиятй табдил ёфт. Кушиши аъзоёни он бах,ри ба даст овардани сулх,у оромй дар чумхурй самараи нек оварда, доманаи фаъолияти аъзоёни Шуро тадричан тамоми гушаю канорх,ои мамлакатро фаро гирифт.

Ба максади татбик намудани Аадномаи ризоияти чомеаи Точикистон дар назди Х,укумати вилояти Ленинобод Шурой хдмраъии мардумй бо тарзи ихтиёрй аз х,исоби намояндагони вилоят, хдзбх,ои сиёсй, иттифокхои касаба, хдракатх,ои оммавй, ташкилотх,ои ветеранй, занон ва чавонон, иттих,одиях,ои миллй, ташкилотх,ои динй, ки дар вилоят бо таври конунй амал менамуданд созмон дода шуд.

Мувофики «Низомномаи Шурой чамъиятии Ч^умхурии Точикистон» х,адафи асосии Шуро кабул намудани пешних,одоти мувофикашуда дойр ба татбики Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон мебошад.

Вазифах,ои Шурой чамъиятии Ч^умхурии Точикистон аз таъмини гуфтушуниди доимии куввах,ои гуногуни чамъиятию сиёсй барои ба даст овардани тавозуни манфиату акидах,о: амалй намудани хулосах,ои экспертй, тах,лили вазъияти ичтимоию сиёсии икгисодии чомеа ва тагйироту i ax.aiiiiy.io i c. ки дар он руй

медихад: тахияи барномахо. консепсия ва пешниходоте, ки барои ноил шудан ба сулху ризоияти чомеа дар Точикистон равона карда шудаанд; чу стучу ва баркарор намудани шаклхои нави хамкории иштирокчиёни Ахднома ва дигар тарафхои манфиатдор дар татбикд Ахдномаи ризоияти чомеа иборат буд.

Бо максади амалй гардонидани ин вазифахо як гурух ходимони илм ва фарханги мамлакат рохбарони оппозитсионро даъват намуданд, ки ба Ахднома ва ташаббуси Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Pax,мои оид ба комёб шудан ба ризоияти вокей дар чомеа хамрох шаванд.

Дар нома аз чумла чунин кайд шудааст: «Аз хак нагзарем, аз ду чониб хам гуноххои зиёде содир шудаанд, аммо Ватан яктост ва он Ватани ягона хам дар партгохи мухлик карор дорад. Пас замони мусоид фаро расидааст то дар чехраи якдигар 1унахкору бадхохи душман начуем, балки мисли фарзандони як модари бузург ба шифо бахшидани чарохатхои пайкари у сари маслихат биёем, хама парешонихоро пушти cap бшзорем, аз аксои чахон дар канори Ватан чамъ оем, як рузи Тавбаи бузурги умумиточикй эълон намоем ва аз кирдорхои носавоби худ дар пешгохи худованд тавба кунем ва ба ёдгории он хама курбониёни ин хаводиси нангин Мучассамаи болобаланде бисозем, то имрузиён ва фардоиён ба он бингаранд ва барои худ панд бигиранд!».

Барои дастрас намудани номаи мазкур ба рохбарони оппо-зитсион 5 май соли 1996 ходимони илму фарханг ба унвонии чонишини намояндаи хоси муншии Созмони Милали Муттахид дар Точикистон Дарко Шилович бо мазмуни зерин мурочиат карданд:

«Ч,аноби Олй!

9 марти соли 1996 дар хузури Шумо ва намояндагони сафорат-хонахо, расонахои хабарии хоричй, ахли чамоатчигии Точикистон рохбарону намояндагони ахзоби сиёсй, созмонхои чамъиятй, муассисахои динй, марказхои миллию фархангй, иттиходияхои эчодй ва илмй «Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон»-ро имзо карданд.

Ин икдоми чиддиест барои ба даст овардани вахдати миллй, тахкими ягонагии кишвар ва сулху ризоият дар Точикистон. Ахднома бо назардошти талаботи эъломияи хукуки башар ва дигар меъёрхои хукуки байналхалкй иншо шудааст. Дар асоси хамин Ахднома Шурой чамъиятие барпо гардид, ки он ба

талаботи мухолифин дар бораи ташкили Форуми халкдои Точикистон низ мутобикат мекунад.

Аз Шумо, Чаноби Олй, эхтиромона хохиш мекунем, ки номаи моро бо матни Ахдномаи мазкур, ки аз чониби сарварони хизбхои сиёсй, созмонхои чамъиятй, иттиходияхои эчодй, илмй, муассисахои динй имзо гардидааст, ба рохбарияти мухолифини точик расман барои шиносой, баррасй ва имзо пешниход намоед.

Осимй М.С., Лоик, Шералй, Диноршоев М.Д., Масов Р., Шукуров М., Абдураззоков X,.» (4, 42-43)

Х,амаи ин аз он шаходат медихад, ки Шурой чамъиятии Чумхурии Точикистон бо максади дарёфти мувозинати манфиату акидахо ба пешрафти муколамаи нерухои гуногуни чамъиятию сиёсй кушиши зиёд ба харч додааст. Масалан, 25 июни соли 1996 дар чаласаи Шурой чамъиятй «Ахбороти хайати вакилони Х,укумати Ч,умхурии Точикистон оид ба чамъбасти фаъолията-шон дар музокироти миёни точикон ва дар бораи тайёрй ба мулокоти навбатй» мавриди мухокима карор ёфт.

Дар чал аса «Мурочиатномаи Шурой чамъиятии Чумхурии Точикистон ба иштирокчиёни музокироти байни точикон дар шахри Анщобод» кабул карда шуд.

18 сентябри соли 1996 дар чаласаи намояндагони Шурой Чамъиятй ахбороти чонишини вазири амнияти Ч,умхурии Точикистон Б Абдуллоев «Дар бораи чамъбасти даври Ашкободии музокироти байни точикон ва тадбирхои амалии татбики он» мухокима гардид. Таваччухи иштироккунандагони чаласа инчунин ба мохият ва маз-муни Протоколи мулокоти хайатхои Комиссияи давлатии Чумхурии Точикистон ва кумондонхои чабхаи Кдротегин. ки 15-16 сентябри соли 1996 дар шахраки Барм баргузор гардид, чалб карда шуд.

Дар чаласа лоихаи пешниходшудаи гурухи ташаббускор «Принсипхои асосии консепсияи ризоияти чомеа дар Точикистон» маъкул дониста, гурухи корй оид ба тайёр намудани варианти охирини он таъсис дода шуд.

Лоихаи мазкур барои мухокимаи умумй дар рузномахои чумхуриявй нашр гардида буд. Гурухи корй бо иштироки ахли илму адаб лоихаи «Принсипхои асосии консепсияи ризоияти чомеа дар Точикистон»-ро барои тасдик пешниход намуд.

23 июни соли 1997 тахти рохбарии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон чаласаи Шурой чамъиятй

«Принсипхои асосии консепсияи ризоияти чомеа дар Точикистон»-ро маъкул донист.

Ин хуччати мухим аз он лихоз таърихист, ки вай дар арафаи имзои Сошиномаи умумии истикрори сулх, ва ризоияти миллй ба тасвиб расид ва аз фоли неки кдсмати ояндаи точикистониён шаходат медод.

Иштирокчиёни Шурой чамъиятй якдилона изхор карданд, ки рузи 27 июни соли 1997 баимзорасии дар пеш истодаи Сошиномаи умумии сулхро дар шахри Маскав хаматарафа ва гарму чушон тарафдорй мекунанд. Дар Мурочиатномаи аъзоёни Шурой чамъиятй ба мардуми Точикистон аз чумла гуфта шуда буд: «Мо иштирокдорони Ахдномаи ризоияти чомеа бо тамоми масъулият бори дигар изхор менамоем, ки хама неруи худро барои татбик, намудани ин протсесс равона намуда, барои кори самараноки Комиссияи мусолихаи миллй мусоидат менамоем.

Мо хамаи точикистониёнро даъват менамоем, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварамон мухтарам Эмомалй Шарифович Рахмонов - сиёсати та ьмини сулху оромй ва пешрафту инкишофи Точикистони дунявй ва сохибихтиёрро дастгирй намуда, сахми арзандаи худро дар амалй шудани ин сиёсат гузоранд. Бе мавк,еи фаъоли хар як шахрванд решакан намудани бадбинй ва касосгирй, дар чомеа созмон додани мухити боварй, хамдигарфахмй ва хамдигар бахшй имконнопазир мегардад...

Хирадманду дурбин бошем! Бо кувваи якчоя хонаи умуми-амонро эхё намуда, онро ба наслхои оянда ободу гулгулшукуфон супорем!» (3).

27 июни соли 1997 дар шахри Маскав Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ва рохбари Иттиходи нерухои оппозитсиони точик С.А.Нурй Созишномаи умумиро дар хусуси баркарор кардани сулх ва ризоияти миллй дар Точикистон имзо намуданд. Хамин тавр мархилаи тулонй, душвортарин ва хеле мухими мочарои байни точикон анчом ёфт.

Баимзорасии Созишномаи умумй сахифаи наверо дар фа ьолияти хизбхои сиёсй, харакатхои чамъиятию сиёсй ва ташкилотхои гайрихукуматй огоз намуд. Нияти нек ва поке, ки Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон хангоми вохурй бо зиёиён 19 марти соли 1997 орзу намуд, амалй гардид. Дар ин вохурй Эмомалй Рахмон чунин ёдовар шуда буд: «Ман умедворам, ки баъди

ба даст омадани оштии комили миллй хамкории созмонхои сиёсй, фархангй ва миллй, тамоми зиёиёни мамлакат бо макрмоти давлатй бехтар хохад шуд.

Ба акддаи мо, ин хамкорй бо ташаббусу хохиши тарафайн вобаста аст. Равшанфикрони мамлакат, ахзоби сиёсй ва иттиходияхои чамъиятй, хусусан, дар рохи ба даст овардани сулху салохва хамдигарфахмй дар чумхурй. халли тамоми мушкилоти хаёти икгисодй ва ичтимоии чомеа метавонанд кори бисёреро ба анчом расонанд.

Оихо метавонанд афкори чамъиятиро дойр ба ба ин ё он масъала ташаккул диханд, ба рафти вокеаю ходисахо таъсир расонанд, имконияти нашрияхо ва воситахои таблиготии худро бахри амалй намудани ислохоти сиёсию икгисодй, халли масоили ичтимой, илмию фархангй равона созанд» (10, 17).

11 марти соли 1999 аъзоёни Шурой чамъиятй маърузаи Президенти Чумх*урии Точикистон Э.Ш.Рахмонов «Дар бораи ичроиши Ахцномаи ризоияти чомеаи Точикистон ва чамъбасти фаъолияти Шурой чамъиятй»-ро мухокима намуда, фаъолияти Шурой чамъиятиро оид ба татбики Ахцномаи ризоияти чомеаи Точикистон маъкул донистанд.

Ахамият ва макоми Ахцномаи ризоияти чомеаро дар мархилаи татбики Созишномаи сулх ва ризоияти миллй, дигаргунсозихои мухими дар пеш истода ба хисоб гирифта Шурой чамъиятй карор намуд, ки мухлати Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон ба муддати се сол тамдид карда шавад.

Тамдид шудани Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон масъулияти аъзоёни Шурой чамъиятии Чумхурии Точикистонро зиёд намуд. Мархилаи дуюми татбики Ахднома огоз гардид.

Дар натичаи саъю кушиши якчоя шаклу усулхои нави хамкорй дарёфт карда шуданд.

4 июни соли 1999 бо пешниходи рохбарони хизбхои сиёсй, харакатхои чамъиятй - аъзоёни Шурой чамъиятии Чумхурии Точикистон ва дастгирии Дастгохи ичроияи Президенти Ч^умхурии Точикистон махфили доимоамалкунандаи «Хдмкории сиёсй» таъсис ёфт ва дар чаласаи нахустин масъалаи «Х,избу харакатхо ва равандхои сиёсй дар Точикистон» мавриди мухокима карор дода шуд. Рохбарони Хдзби халкии демократии Точикистон, Хдзби коммунистии Точикистон, Хдзби демократии

Точикистон, Х,изби Адола i хох. Х,изби сотсиалистии Точикистон, Хдрака i и вавдати миллй ва эх,си Точикистон, Конгресси ягонагии халк,, Ч,унбиши миллии Точикистон, Федератсияи иттифокдои касабаи мустак,или Точикистон хангоми мухокимаронй хамдигарфахмй ва хусни тафохум ба миён оварданд.

Шаклу усулхои хамкории аъзоёни Шурой чамъиятии Чумхурии Точикистон гуногун гардиданд. Махфили доимоамалкунандаи Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Точикистон «Хдзбхо ва харакатхои Точикистон», «Ч,омеаи шахрвандй» дар омузиши афкори сиёсй назаррас мегузарад.

Бо ташаббуси аъзои Шурой чамъиятии Чумхурии Точикистон

- Фонди миллии «Шохрохи Абрешим - Шохрохи Вахдат», Чамъияти дустй ва робитахои фархангии Точикистон бо мамлакатхои хоричй, Х,аракати вахдати миллй ва эхёи Точикистон ва Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон дар мохи июли соли 1999, июни соли 2000, июни соли 2002 маъракаи мухими чамъиятию сиёсй ва фархангй - «Корвони Сулху Вахдат дар Шохрохи Вахдат» гузаронида шуд.

Корвони Сулху Вахдат дар Шохрохи Вахдат аз агбаи Кулма ба рох баромада аз XopyFy Кулобу Кофарнихону Душанбе ва сипас аз Анзобу Истаравшану Хучанду Исфара гузашта, тамоми манотикд Точикистони моро, дилхои пурумедворони миллатро, риштахои гусустаро ба хам пайваст.

Хусусияти хоси мархилаи дуюми татбикд Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон гузаронидани маъракахои мухими сиёсй -ворид намудани тагйиру иловахо ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, интихоби Президенти кишвар ва парламенти нахустини касбй буд.

Аъзоёни Шурой чамъиятии Чумх*урии Точикистон низ дар маъракахои мухими сиёсии кишвари сохибистиклол бо хисси масъулият фаъолона иштирок намуданд. Онхо яке аз аввалинхо шуда чонибдорони худашонро нисбати Президенти имрузаи Чумхурии Точикистон иброз намуда буданд (1, 30)

Ин икдоми некро аъзоёни Шурой хамраъйии мардуми вилояти Ленинобод, аз чумла раисону котибони кумитаи ичроияи вилоятй

- Хизби халкии демократии Точикистон, кумитаи вилоятии Хизби сотсиалистии Точикистон, ХаРакати вилоятии вахдати миллй ва эхёи Точикистон, Шурой уламои мусулмонони вилоят ва дигархо

дастгирй карда интихобкунандагонро даъват намуданд, ки ба тарафдории номзадии Э.Ш.Рахмонов ба мансаби Президенти Ч,умхурии Точикистон якдилона овоз дихднд (9).

Тибки Низомномаи Шурой чамъиятии Ч,умхурии Точикистон давлат таъминоти моддию молиявии ташкили фаъолияти котиботи Шуроро ба зиммаи худ гирифтааст ва котиботи Шуро самаранок фаъолият намуда истодааст.

Падидаи нав дар фаъолияти Шуро нашри мунтазами «Бюллетени Шурой чамъиятии Ч,умхурии Точикистон» бо забонхои точикй ва русй мебошадю дар сахифахои он нашр шудани маколахои «Самтхои асосии Шурой чамъиятии Ч,умхурии Точикистон дар мархилаи нави хаёти чамъиятию сиёсии мамлакат», «Амнияти шахрвандон-гарави пешрафти чомеа», «Сахми чурналистон дар тахкими дустй, бародарй ва иттиходи миллй», «Мавкеи аъзоёни иттифоки театрй дар бунёди чомеаи демократй ва дунявй», «Сулх -кафили гулгулшукуфии Точикистон», «Вазифаи таърихнопазир», «Кинематографияи точик дар мархилаи хози ра». «Барои чамъияти солим», «Истиклолияти давлатй ва ташаккули системаи сиёсии бисёрхизбй дар Точикистон», «Масоили амнияти минтакавии Осиёи Марказй», «Густариши ташкилотхои мрихукуматй дар раванди демократикунонии чомеа», «Иттиходияи чамъиятии чавонони кишвари сохибистиклол». «Самтхои асосии ислохотитандурустй», «Бахри тахкими сулх ва оромй» ва дигархо чавогуи замонанд.

Умуман фаъолияти максадноки аъзоёни Шурой чамъиятии Чумхурии Точикистон бахри ба даст овардани сулху оромй дар мамлакат самараи хуб овард. Барои амалиёти минбаъдаи онхо Фармони Президенти Ч^умхурии Точикистон «Дар бораи тахкими чараёни демократикунонии хаёти чамъиятй - сиёсй дар чумхурй» такони нав бахшид.

Имрузхо дар аксарияти вилоятхо, шахру нохияхои кишва-рамон Шурой чамъиятй амал намуда дар тахкими хамкории сохторхои хукуматхои махаллй ва иттиходияхои чамъиятй кушиши зиёд ба харч дода истодаанд.

Падидаи дигари ин мархила б а Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон хамрох шудани хизбу харакатхои сиёсии собик Иттиходи нерухои оппозитсиони точик - Чдмъияти «Лаъли Бадахшон» (марти соли 2000) ва Хдзби демократй Точикистон (феврали соли 2001) мебошад.

— 202 -С НО МАИ донишгох _ ^

Оромиву осоиштагй, ки меваи сулху вахдат аст, барои пешрафту шукуфоии Точикистони сохибистиклол шароитхои мусоидро фарохам овард. Ба шарофати сулху вахдат ва ризоияти миллй точикистониён накшахои азими созандагй ва бунёдкорихоро пеш гирифтанд.

Ворид шудани инсоният ба карни нав, хазорсолаи сеюм пешомадхои бузурги идтимоию сиёсй ва иктисодиро ба пеш гузошт. Тахаввулотхои идтимоию сиёсии ба амал омада, куввахои солими чомеаро водор сохт, ки фаъолияти барномавиашонро мувофики талаботи замой тахия ва амалй намоянд. Дар ин чараёни фаъолияташон аъзоёни Шурой чамъиятии Чумхурии Точикистон ба акидае омаданд, ки ба Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон тагйироту иловахо дохил намуда, матни нави онро кабул кунанд.

Бо максади амалй намудани ин нияти нек лоихаи матни нави Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон дар кумитахои Шурой чамъиятии Чумхурии Точикистон мавриди мухокима карор ёфт. Дар мухокимаи он инчунин сиёсатмадорону хукукшиносони варзида ширкат варзиданд.

11 марти соли 2002 тахти раёсати Раиси Шурой чамъиятии Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон чаласаи навбатии Шуро баргузор гардид. Иштирокчиёни чаласа суханронии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон «Дар бораи чараёни ичрои Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон ва пешомадхои он» шуниданд.

Бо назардошти таклифу пешниходхо аъзоёни Шурой чамъиятии Чумхурии Точикистон матни нави Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистонро тасдик карданд.

Ин Авднома тачассумгари мархилаи нави пешрафти Точикистон дар бунёди давлати демократй ва тахкими дастоварди бузурги халки мо - сулху суботи кишвар мебошад.

Имзои матни нави Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон ва доимй намудани мухдати амалй он аз хамкории пурсамару боэътимоди байни Хукумат ва хамаи нерухои пешбарандаи кишвар ва инкишофи чомеаи шахрвандй шаходат медихад.

Ч,олиби диккат аст, ки ба Ахдномаи ризоияти чомеа Хдзби нахзати исломи Точикистон низ хамрох гардид.

Матни нави Ахдномаи ризоияти чомеаро зиёда аз 70 рохбарони хизбхою харакатхои сиёсй ва иттиходияхои чамъиятй.

аз чумла Хдзби халкии демократа, Хдзби коммунистй, Хдзби демократй, Хдзби сотсиалистй, Хдракати вахдати миллй ва эхёи Точикистон, Чунбиши миллии Точикистон, Иттифокхои нависандагон, охангсозон, рассомон, чурналистон, Бунёди байналмилалии ба номи Зиёдулло Шахидй, Ассотсиатсияи илмии сиёсатшиносон ва дигарон имзо намуданд.

Х,амин тавр мархалаи нави Ахдномаи ризоияти миллии Точикистон - мархалаи эхё. созандагию бунёдкории кишвар огоз ёфт.

Тачрибаи таърихии ба имзорасии Ахдномаи ризоияти чомеи Точикистон ва дар заминаи он таъсис ёфтани Шурой чамъиятии Чумхурии Точикистон мавриди таваччухи чомеаи чахонй гардид.

21 октябри соли 2002 дар таърихи сиёсии Точикистони сохибистиклол вокеаи фаромушнашаванда ба вукуъ омад. Дар ин рузи сайд мулокоти таърихии Дабири кулли Созмони Милали Муттахид Кофи Аннан ва Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон бо аъзои Шурой чамъиятии ЧУмхурии Точикистон баргузор гардид.

Фаъолияти Шурой чамъиятии Точикистон сол то сол самаранок гардида, бахри амалй сохтани ташаккули асосхои иттиходи ичгимоиву сиёсй ва миллии мардуми Точикистон ба хотири ташкили давлати демократй, хукукбунёд, дунявй ва эчоди чомеаи шахрвандй кадамхои устувор мегузорад.

18 феврали соли 2005 Президенти Чумх*урии Точикистон Э.Ш.Рахмонов дар мулокот бо аъзои Шурой чамъиятй дойр ба корхои неки анчомшуда ва икдомоти созандаи он дар мархалаи нав бахои сазовор дода, дар назди аъзоёни Шурой чамъиятй як катор масъалахои мухимро гузошта, аз чумла таъкид намуд:

«Бо максади ичрои вазифахои зикршуда зарур аст, ки Шурой чамъиятй минбаъд низ аз хисоби ташкилоту созмонхо, ашхоси ташаббускор, ватандуст ва фидокор, онхое, ки манфиатхои милливу давлатиро аз хама боло медонанд, неруманд шуда, барои пешрафти давлатамон сахмгузорй намояд» (6).

Бахри татбики дастури мазкур корхои назаррас ба анчом расиданд. Иттифоки «Точикматлубот», Ширкати саххомии «Фурушгохи марказй», Иттифоки хочагихои дехконй (фермерй) ва сохибкорони Чумхурии Точикистон, Ассотсиатсияи ноширон, полиграфистхо ва пахнкунандагони китоби Точикистон, Хдзби ислохоти иктисодии Точикистон, Х,изби аграрии Точикистон ба

Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон имзояшонро гузошта аъзои Шурой чамъиятй гардиданд.

Инчунин бо супориши раиси Шурой чамъиятй, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон 16 декабри соли 2005 мулокоти Раиси Мачлиси Миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон М.Убайдуллоев бо аъзои Шурой чамъиятй баргузор гардид. Дар маърузаи М.Убайдуллоев «Раванди демократикунонй дар Точикистон» масъалахои ташаккули чомеаи шахрвандй мавриди мухокима карор ёфт (8).

17 феврали соли 2006 дар назди аъзои Шурой чамъиятй Раиси Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Хайруллоев С. Дар мавзуи «Ташаккули парламентаризм дар давраи сохибистиклолии Точикистон» суханронй намуд. Дар мулокот намояндагони хизбхои сиёсй, иттиходияхои чамъиятй, созмону ташкилотхои гайрихукуматй аз хамкории муштараку судманд бахри бунёди чомеаи демократй изхори каноатмандй намуда, чихати таквияти ин робитахо ба парлумони касбии мамлакат таклифхои мушаххас пешниход карданд (5).

Таърихи зиёда аз понздахсолаи ба имзорасии Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон нишон дод, ки дар фаъолияти хизбхои сиёсй, харакатхои чамъиятию сиёсй ва иттиходияхои чамъиятй, умуман дар рохи ба вучуд овардани чомеаи шахрвандй кадами устувор гузошта шудааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Ахбори Шурой чамъиятии Чумхурии Точикистон. - 2001.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

2. Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон //Тавсиянома ба хуку-матхои вилоятй, шахрй ва нохиявй оиди кор бо иттиходияхои чамъиятй-сиёсй, созмонхои динй ва масъалахои муносибатхои миллй. - Душанбе, 1997.

3. Бизнес и политика. - 1997. - №26.

4.Давлатов Д., Набиев В. Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон: таъсис, инкишоф ва пешомадхои он // Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон. - Душанбе, 2000.

5.Мачлиси Шурой чамъиятй // Чумхурият. - 1996. - 13 апрел.

6.Минбари халк. - 2005. - 23 феврал.

7.Минбари халк. - 2006. - 22 феврал.

8.Народная газета. - 2006. - 4 январ.

9. Обращение членов Совета гражданского согласия Ленинабад-ской области, партий, движений, общественных и политических организаций ко всем избирателям // Ленинабадская правда. - 1999. - 30 октября.

Ю.РахмоновЭ. Вахдати миллй мароми мост.-Душанбе: Ирфон, 1997. 11.Суханронии Президенти Ч,умхурии Точикистон Э.Ш.Рахмонов дар мулокот бо намояндагони хизбхои сиёсй, иттиходияхои чамъиятй ва марказхои фархангии халкдои сокини Точикистон, 1 марти соли 1996 // Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон. -Душанбе, 2000

Из истории создания и упрочения договора об общественном согласии в Таджикистане

В.Набиев, М.Мухторов

Ключевые слова: договор об общественном согласии, Общественный Совет Таджикистана, политические партии, движения и общественные объединения, Объединённая Таджикская Оппозиция, гражданское общество.

Статья посвящена деятельности Договора об общественном согласии в Таджикистане. Особое внимание уделено вкладу Общественного совета Республики Таджикистан в достижение мира и национального согласия. Освещено плодотворное сотрудничество государственных структур с представителями гражданского общества.

From the History of Creating and Strengthening the Social Compliance Treaty in Tajikistan

V.Nabiev, M.Mukhtorov

Key words: social compliance treaty, Public Council of Tajikistan, political parties, movements and social associations, United Tajik Opposition, civil society

The article is devoted to the function of social compliance treaty in Tajikistan. Special consideration is given to the contribution of the Public Council of the Republic into the attainment of peace and national agreement. A light is thrown upon cooperation of state structures with representatives of civil society.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.