Научная статья на тему 'Tajikistan: multipartyness or multiparty system'

Tajikistan: multipartyness or multiparty system Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
513
61
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПОЛИТИЧЕСКИЕ ПАРТИИ / ПАРТИЙНЫЕ СИСТЕМЫ / МНОГОПАРТИЙНОСТЬ / МНОГОПАРТИЙНАЯ СИСТЕМА / ПАРТИЙНЫЕ ОТНОШЕНИЯ / МЕЖПАРТИЙНАЯ КОНКУРЕНЦИЯ / POLITICAL PARTIES / PARTY SYSTEMS / MULTIPARTYNESS / MULTIPARTY SYSTEM / PARTY RELATIONS / INTERPARTY COMPETITIVENESS

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Акилова Матлуба Махмуджановна

В статье рассматриваются особенности формирования многопартийности в Республике Таджикистан как новой реальности в процессе демократизации общественной жизни. Автор отмечает, что Республика Таджикистан находится в переходном периоде к многопартийной системе, и в этом отношении не имеет достаточного практического опыта. В сравнении с другими западными странами, партии в Таджикистане сформировались в результате «взрыва» в обществе. Этим и обусловлен хаотичный и неструктурированный процесс становления и характер самих партий. Автор полагает, что политические партии в своем профессиональном развитии делают первые шаги, степень их развития и успехи неравнозначны. В статье автор пытается проследить динамику и тенденции развития многопартийности в Таджикистане, а также основные препятствия для упрочения многопартийной системы. Основным выводом из проведенного исследования следует считать, что пока многопартийная система Таджикистана еще не организована, идет процесс профессионального формирования политических партий, их политическое становление в общей сложности требует серьезного толчка.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Таджикистан: многопартийность или многопартийная система

The article dwells on the peculiarities of multipartyness formation in Tajikistan Republic as a new reality in the process of social life democratization. The author outlines that Tajikistan Republic is in the period of transition to multipartyness system and it has no adequate practical experience in this respect. In comparison with other Western countries parties in Tajikistan formed as result of «explosion» in the society. Hence a chaotic and non-structured process of formation and a character of the parties themselves. The author deems that political parties have been doing their first steps in their professional development; their degrees of evolution and progresses being not tantamount. The author tries to follow dynamics and tendencies of its development in Tajikistan; major hindrances preventing multipartiness system from consolidation being taken into account as well. The main conclusion of the research conducted runs to the following effect: while a multipartiness system of Tajikistan hasn't been organized yet and the process of professional formation of political parties is on, their political formation requires a grave impetus.

Текст научной работы на тему «Tajikistan: multipartyness or multiparty system»

23 00 00 ПОЛИТИЧЕСКИЕ НАУКИ 23 00 00 POLITICS SCIENCES

23 00 02 ПОЛИТИЧЕСКИЕ ИНСТИТУТЫ, ПРОЦЕССЫ И ТЕХНОЛОГИИ 23 00 02 POLITICAL INSTITUTES, PROCESSES AND TECHNOLOGIES

УДК 329.05 ББК 66.6

ТОЧИКИСТОН: БИСЁРХ,ИЗБИЯТ Ё Окцлова Матлуба Ма^мудцоновна,

НИЗОМИ БИСЁР%ИЗБЙ д.и.ф., профессори кафедраи сиё'сатшиносй ва

фаруангшиносии ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров (Тоцикистон, Хуцанд)

ТАДЖИКИСТАН: Акилова Матлуба Махмуджановна, МНОГОПАРТИЙНОСТЬ ИЛИ д.филос.н., профессор кафедры политологии и

культурологии ХГУ им. акад. Б. Гафурова (Таджикистан, Худжанд)

МНОГОПАРТИИНАЯ СИСТЕМА

TAJIKISTAN: MULTIPARTYNESS OR Akilova Matluba Makhmudjanovna,

MULTIPARTY SYSTEM Dr. of Philosophy, Professor of the department of

politology and culturology under Khujand State University named after acad. B. Gafurov (Tajikistan, Khujand) E-MAIL: [email protected]

Ключевые слова: политические партии, партийные системы, многопартийность, многопартийная система, партийные отношения, межпартийная конкуренция

В статье рассматриваются особенности формирования многопартийности в Республике Таджикистан как новой реальности в процессе демократизации общественной жизни. Автор отмечает, что Республика Таджикистан находится в переходном периоде к многопартийной системе, и в этом отношении не имеет достаточного практического опыта. В сравнении с другими западными странами, партии в Таджикистане сформировались в результате «взрыва» в обществе. Этим и обусловлен хаотичный и неструктурированный процесс становления и характер самих партий. Автор полагает, что политические партии в своем профессиональном развитии делают первые шаги, степень их развития и успехи неравнозначны. В статье автор пытается проследить динамику и тенденции развития многопартийности в Таджикистане, а также основные препятствия для упрочения многопартийной системы. Основным выводом из проведенного исследования следует считать, что пока многопартийная система Таджикистана еще не организована, идет процесс профессионального

формирования политических партий, их политическое становление в общей сложности требует серьезного толчка.

Key words: political parties, party systems, multipartyness, multiparty system, party relations,

interparty competitiveness

The article dwells on the peculiarities of multipartyness formation in Tajikistan Republic as a new reality in the process of social life democratization. The author outlines that Tajikistan Republic is in the period of transition to multipartyness system and it has no adequate practical experience in this respect. In comparison with other Western countries parties in Tajikistan formed as result of «explosion» in the society. Hence a chaotic and non-structured process of formation and a character of the parties themselves. The author deems that political parties have been doing their first steps in their professional development; their degrees of evolution and progresses being not tantamount. The author tries to follow dynamics and tendencies of its development in Tajikistan; major hindrances preventing multipartiness system from consolidation being taken into account as well. The main conclusion of the research conducted runs to the following effect: while a multipartiness system of Tajikistan hasn't been organized yet and the process of professional formation of political parties is on, their political formation requires a grave impetus.

Сохтори сиёсии чомеаи чахонии муосирро бидуни хизбхои сиёсй, иттиходияхои мухталифи чамъиятй ва созмонхои ичтимой тасаввур кардан имкон надорад. Онхо аз чумлаи унсурхои мухими инкишофи чомеаи мутамаддин буда, дар низоми муносибатхои байнихдмдигарии давлат ва чомеаи шахрвандй маком ва накши пешбарро сохибанд. Х,избхои сиёсй ва иттиходияхои чамъиятй, яке аз унсурхои асосии сохтори сиёсии хама гуна чомеа буда, то дарачае сатхи тараккиёти онро муайян мекунанд ва навъи мухдми зухуру риояи хукуку озодихои инсон ва химояи манфиату талаботи инсон мебошанд. Бидуни онхо дар чамъият демократия, озодии фикр, адолат, озодии хукук имконнопазир аст. Х,избхои сиёсй ва иттиходияхои чамъиятй танзимгари муносибатхои байнихамдигарии давлат ва чомеаи шахрвандй буда, тавассути онхо чомеаи шахрвандй ба фаъолияти давлат назорат мебарад. Мавчудияти чунин ниходхои чомеаи шахрвандй аз сатхи камолот ва кобилияти ташаккулдихии он шаходат медихад.

Байни унсурхои дигари сохтори сиёсии чомеа хизбхои сиёсй мавкеи хоса доранд. Онхо дар танзими равандхо ва муносибатхои сиёсии байни одамон, давлат ва чомеа сахми беандоза доранд. Одамон хамчун гуруххои калони ичтимой максад ва хадафхои мухталифи сиёсй доранд ва барои ба он ноил гардидан аз шаклхои мухталифи иттиходияхои сиёсию чамъиятй истифода менамоянд, ки мухимтарини онхоро хизбхои сиёсй ташкил медиханд.

Дар чомеаи кунунй зарурат ба хизбхои сиёсй то чй андоза вучуд дорад? Дар ха^щат чомеаи комил, давлатхои му^тадир ва демократй кушиш менамоянд, ки хукуку манфиатхои одамонро аз хар чихат, аз чумла ба воситаи хизбхои сиёсй к;онеъ гардонанд. Хдзбхои сиёсй худ танзимгар ва сарфагари ^уввахои расмии хокимияти давлатй мебошанд, ба мохият ва хосиятхои зарурии давлати комили демократй зараре намеоранд. Хдзбхои сиёсй барои демократияи намояндагй низ заруранд, зеро

омма яку якбора ва хар кас дар алохидагй давлатро идора карда наметавонанд. Инчунин маълумоту хабархое, ки хизбхои сиёсй, махсусан хизбхои оппозитсионй медиханд, дар такмил ва тахкими сохтори давлатй ва чомеа хеле мухиманд. Ма^з хизбхои оппозитсионй аз канора назар намуда, хатою камбудихои чойдоштаро бехтар ошкор менамоянд. Аз ин хотир, барои чомеаи комил ва давлати демократии мукгадир хеч зарурат ба манъи фаъолияти хизбхои сиёсй вучуд надорад. Баръакс, хизбхои сиёсиро хамчун унсури инкишофи чомеаи демократй истифода бояд кард.

Яке аз нишонах,ои асосии чомеаи демократй ин мавчудияти бисёрхдзбй аст, ки барои андешах,ои гуногун ва амалй шудани фаъолияту иродаи табаках,ои гуногуни чомеа ва пешгирй аз хатари тоталитаризм замина фарохдм месозад. Дар давлати хукукбунёд ташаккули сохтор^ои давлатии дарача^ои гуногун бояд барои хдр шахрванд дастрас ва шаффоф бошад ва ин тавассути иштироки фаъолонаи онх,о дар хдёти сиёсии кишвар аз тарики х,избх,ои сиёсии конунан амалкунанда сурат мегирад.

Низомх,ои хизбй яке аз вохидхои мухими хаёти сиёсии чомеаро ташкил медиханд. Муносибатхои байнихамдигарии хизбхои бешумори сиёсй тавассути ^оидахо ва меъёрхои системанокй танзим карда мешаванд.

Низомхои хизбй кайхост, ки дар тад^щоти илмй ва тахлилу дарки равандхои сиёсй ма^оми пешбар пайдо намудаанд. Низоми хизбй тартиби бахамтаъсиррасонй ва ра^обати хизбхо дар мубориза барои хокимият ва амалигардонии мак;садхо мебошад. Низоми хизбиро хамон хизбхои сиёсие ташкил медихднд, ки принсипхои умумиро ба рохбарй гирифта, к;оидахои хамкориро риоя менамоянд. Дар баробари низомхои хизбй мавчудияти иттих,одияхои хизбиро низ сарфи назар кардан лозим нест. Иттих,одияхои хизбй иттифо^и байни хизбхои сиёсист, ки бахри ба амал баровардани хокимияти давлатй вок;ей мегардад. Онхо дар дохили низомхои хизбй фаъолият менамоянд.

Хангоми таснифи низомхои хизбй ба се нишондихандаи онхо бештар таваччух зох,ир карда мешавад: мивдори хизбхои сиёсй; мавчудияти хизбхои пешбар ё иттих,одияхои хизбй; сатхд ра^обати байни хизбхои сиёсй.

Дар илми сиёсии муосир тартиби ташаккули низомхои хизбхои сиёсй гуногун аст. Аммо бештар системахои яккахизбй, духизбй ва бисёрхизбй эътибор пайдо намудаанд:

1. Низомхои яккахизбй мавчудияти хизбхои дигари сиёсиро рад намуда, худ хамчун ^исми таркибии дастгохи давлатй амал менамояд. Аксарияти сиёсатшиносон бар андешаанд, ки мавчудияти як хизб маънои амали системаи хизбиро надорад. Яккахизбй бештар хосияти чомеаи тоталитарй ва авторитарй мебошад. Хизби ягона ма^оми хизби хукмронро мегирад. Яккахизбй гуё чонибдории умумихал^ии режими хукмронро тачассум менамояд. Дар шароити хозира низоми яккахизбй дар баъзе кишвархо, аз чумла Зоир, Того, Габон ва г. вучуд дорад. ИЧ,ШС (СССР) намунаи классикии низоми яккахдзбй буд.

Инчунин низомхои яккахизбие вучуд доранд, ки дар асл дар шакли бисёрхизбй зохир мегардад. Як хизби асосй ва ё хукмрон вучуд дорад ва хизбхои дигари сиёсй макоми пешбари онро эътироф менамоянд. Чунин низоми хизбй дар Аврупои Шар^й то солхои 1989-1990 вучуд дошт. Холо дар Хитой чунин холат аст. Дар баробари

Х,изби коммунист, ки хизби хукмрон аст, Комитети ин;илобии Гоминдан, Хдзби аграрию демократй ва г. чабхаи хал;й-демократиро ташкил медиханд.

2. Низоми духизбй ра;обат ё муборизаи ду хизби сиёсиро барои дарёфти кудрати сиёсй тачассум менамояд. Истифодаи мафхуми «низоми духизбй» маънои онро надорад, ки дар чомеа хизбхои сиёсии дигар вучуд надоранд.

Хдзбхои сиёсй хеле зиёданд, вале факат ду хизби сиёсй нуфузи зиёд доранд ва ра;обат дар масъалаи хокимияти давлатй байни онхо ба амал меояд. Дар илми сиёсатшиносй муносибати байни хизбхо дар ин навъи низоми хизбй аз чониби Морис Дюверже коркард карда шуда, конуни Дюверже унвон гирифтааст. Низоми духизбй бештар дар ИМА ва Британияи Кабир зохир мегардад. Инчунин дар низоми духизбй хизбхои сиёсии дигар нуфуз пайдо менамоянд. Агар ра;обати ду хизби асосй пурзур гардад ва мусовй бошад, он гох макоми хизби сеюм на;ши асосй мебозад. Ин ё он хизбро дастгирй намудани хизби сеюм ра;обатро ба фоидаи неруи сиёсие анчом медихад. Х^олати мазкур дар шароити хозира бештар дар Канада, Австрия, Австралия ва баъзе давлатхои дигар хос мебошад.

3. Низоми бисёрхизбй зиёда аз ду хизбро фаро мегирад, ки таъсир ва ташкилоти пурзур дошта, тавассути онхо ба ма;омоти мухталифи хукумат таъсир мерасонанд. Меъёри умумии низоми бисёрхизбиро шумораи хизбхои бонуфуз, ки дар натичаи интихобот дар парламент намояндагй пайдо намудаанд, ташкил медихад.

Дар низоми бисёрхизбй барои хокимият хизбхои сиёсии зиёд мубориза мебаранд. Одатан дар алохидагй хеч кадоми онхо бартарии куллро сохиб гашта наметавонанд. Бинобар ин хизбхои сиёсии бонуфуз дар асоси коалитсияи хизбй хукумати коалитсиониро ташкил менамоянд. Дар ин холат тафовутхои идеологй чандон барчаста нестанд. Хдзбхои сиёсй кушиши иштирок дар хокимиятро доранд.

Инчунин дар адабиёти сиёсй низоми бехизбиро низ кайд кардаанд. Дар ин низом одатан хизбхои сиёсии расман ба кайд гирифта шуда фаъолият надоранд ё ин ки конунан ташаккули хизбхои сиёсй манъ карда шудаанд.

Дар чахони муосир якчанд кишвархои системаи бехизбй мавчуданд, ки одатан давлатхои шакли идоракуниашон салтанатй (шохй) мебошад: Уммон, Аморати Муттахидаи Араб, Урдун, Бутан (то соли 2008). Дар ин кишвархо ё расман фаъолияти хизбхо манъ карда шудаанд (Гана, Урдун) ё ин ки шароити мусоид барои ташкили хизбхо вучуд надорад (Бутан, Уммон, Кувайт).

Низомхои хизбиро фа;ат тавассути меъёрхои мивдорй тасниф намудан гайриманти;ист. Зеро меъёрхои арзишй низ дар мохият ва хусусиятхои низомхои хизбй ма;оми хоса доранд. Пеш аз хама арзишхои гоявй дар ташаккул ва инкишофи хизбхои сиёсй ва низомхои хизбй макоми барчастаро сохибанд. Х,изби сиёсиро бе идеологияи муайян ё тафаккури хосаи дарки оламу одам тасаввур кардан имконнопазир аст. Аз ин хотир, вобаста ба руоварихои арзишй низомхои хизбиро низ ба якчанд намуд чудо кардан мумкин аст.

Бисёрхизбй дар асри XIX ба вучуд омада дар охири асри ХХ хакикати вокеии хаёти чамъиятию сиёсии бисёр мамлакатхо гашт. Соли 1990 дар сайёра 172 давлати мустакил мавчуд буда, дар 19- тои онхо фаъолияти тамоми хизбхо манъ карда шуда буданд. Дар 29 кишвари чахон танхо як хизб (хукуматй) амал мекард ва дар 124

кишвар якчанд хизбхои сиёсй фаъолият доштанд (такрибан дар нисфи ин кишвархо хукуматхои муттахида ташкил шуда буданд).

Соли 2004 дар зиёда аз 200 давлати дунё беш аз 900 хизби сиёсй фаъолият дошт. (Дар 16 мамлакати чахон - аз чумла, Афгонистон, Арабистони Саудй, Аморати Муттахидаи Араб, Ватикан, Катар, Кувайт, Либия, Уммон, Эрон ва гайра хизбхои сиёсй расман фаъолият надоштанд) [ 1].

Накши системаи бисёрхизбй ва макоми хизбхои сиёсй дар раванди демократиконии чомеа хеле бузург мебошад ва раванди инкишофи дигар сохахои хаёти чамъиятй ба он робитаи зич дорад. Дар ин самт Ч,умхурии Точикистон дар давраи гузариш ба системаи бисёрхизбй карор дорад ва хизбхои сиёсй дар чомеа макоми махсусро ишгол менамоянд.

Асосхои мухимтарини ба вучуд омадани бисёрхизбият дар Точикистон аз солхои 90-и асри ХХ ибтидо мегиранд ва чй тавре ки тахлили ичтимоию сиёсй нишон медихад, пайдоиши онхо зарурати таърихй ва махсули андешахои ичтимой мебошад. Дар натича, бисёрхизбият хамчун омили мустахкам намудани раванди инкишофи парламентаризм ташаккул ёфтааст. Он хамчун вокеияти чадид дар раванди демократиконии чомеа дар баробари таъсис додани ниходхои аввалини чомеаи шахрвандй, ки фаъолияти якчоя ва хамгироии онхо дар фаъолият ва рушди чомеаи мустакили точик на;ши мухим бозидаанд, арзи вучуд намудааст.

Нимаи дувуми солхои 90-уми асри XX дар улуми чомеашиносии точик хамчун давраи эхёи тадкикоти илмй рочеъ ба масъалаи хизбхои сиёсй ба шумор меравад. Новобаста аз пешгуии пессимистии кохиш ёфтани накши хизб дар сиёсат, ки боиси пастравии хавасмандй ба тадкикоти илмй дар ин самт гардид, нашри маколахои сершумор дар рузномаю мачаллахо, тахкикоти илмии бунёдй ва таъсиси бюллетени Ассосиатсияи миллии сиёсатшиносони Точикистон бо номи «Х,избхо ва харакатхо дар Точикистон» (шумораи якуми он мохи маи соли 1998 нашр гардидааст) шаходати болоравии демократияи хизбй, кувватгирии хизбхои сиёсй мебошад. Х,избхои сиёсй на танхо аз байн нарафтанд, на танхо ба раванди тагйирёбандаи чахони муосир созгор гардиданд, балки накши пешбарандаи худро дар раванди сиёсй гум накарданд. Х,избхои сиёсй хамчун ниходи навгонихои сиёсиро пеш аз хама эхсоскунанда ва чорикунандаи тартиботи нави сиёсй баромад намуданд. ^айд кардан ба маврид аст, ки хамчун амсилаи бозоргонии иктисодиёт амсилаи демократияи хизбии ба плюрализми куввахои сиёсй ва муборизаи харифона барои хокимияти давлатй асос ёфта боигарии устувор ва бунёдии чахони муосир махсуб меёбад.

Айни замон, муха;;и;он барои муайян намудани хусусиятхои асосии низоми хизбй, пайгирии афзоиш ва рушди онхо бо максади фарохам овардани ниходхои нави бештар манфиатнок, ки онхо ба хаёти сиёсии кишвар, аз чумла ташаккули низоми бисёрхизбй таъсири мусбат мерасонанд, кушиш ба харч медиханд.

Аслан низоми бисёрхизбй яке аз падидахои мусбат дар раванди демократиконии чомеа мебошад. Бояд кайд кард, ки Чумхурии Точикистон дар ин чода тачрибаи кофй надорад. Ин падида дар хаёти сиёсии кишвар, ки дар натичаи истиклолияти давлатй имконпазир шуд, хануз дар мархилаи аввали рушд карор дорад. Х,избхои сиёсй дар Точикистон дар рушди касбии худ нахустин кадамхои худро гузошта, дарачаи инкишоф ва дастовардхои онхо баробарвазн нест. Баъзе аз онхо ба сифати ифодакунандаи манфиатхои ичтимой ва сиёсии гуруххои муайян дар байни ахли

чомеа манзур гардидаанд, вале бештари онхо умумимиллй нестанд, зеро то хол аз чорчубаи танги манфиатхои хизбии худ набаромадаанд.

Имруз мо гуфта метавонем, ки дар Точикистон низоми бисёрхдзбй хануз пурра шакл нагирифта, раванди ташаккули касбии хизбхои сиёсй идома дорад ва ташаккули сиёсии онхо дар мачмуъ такони чиддй талаб менамояд.

Падидаи низоми бисёрхизбй дар сохтори сиёсии Точикистон нисбатан нав ва хам начандон пурра омухташуда мебошад. Тадкикоти сотсиологй нишон доданд, ки 82,5% пурсидашудагон мавчудияти бисёрхизбиро хамчун омили таъсири мусбат дошта дар равандхои демократиконй ва рушди кишвар мехисобанд; 4% -и шумораи умумии пурсидашудагон мавчудияти хизбхоро хамчун танзимкунанда ва ба эътидол оварандаи вазъи ичтимой - сиёсй ва ичтимоию иктисодии чумхурй арзёбй мекунанд; 2% чонибдори он андеша хастанд, ки хизбхо метавонанд дар холати мавчуд будани мухити хамдигарфахмй ва алокаи тарафайн вучуд дошта бошанд; 6% аз пурсидашудагон дар он андешаанд, ки ба хизбхо эхтиёч нест, зеро онхо дар чомеа нисбат ба муттахидсозй, бештар ба чудоиандозй оварда мерасонанд [2].

Агар дар илми сиёсатшиносии гарбй мафхумхои ташаккули хизбхо «аз боло» ё «аз поён» кобили кабул бошад, нисбати Точикистон метавон кайд кард, ки хизбхо «аз боло» ё «аз поён» дар натичаи «таркиш» дар чомеа ба вучуд омадаанд. Аз ин ру, ташаккул ва характери хизбхо раванди номураттаб ва сохтори номуайян дорад. Махз хамин чахиши якбора аз низоми яккахизбй дар шароити тоталитарй ба гуногунандешии идеологй дар сурати набудани заминаи хукукй ва ичтимой-фархангй боиси номуназзамии раванди ташаккул ва фаъолияти хизбхои сиёсй гардид. Инчунин хусусияти дигари мухими бисёрхизбият дар Точикистон хузури идеологияи сиёсии гуногунранг аст.

Хизбхои сиёсй кисман тачрибаи кофии мусбат ба даст оварда метавонанд чанбахои кавй ва заифи фаъолияти худро тахлил намоянд, ба интихоботхои парлумонй комилтар омодагй гиранд. Тахлилхо нишон медиханд, ки чомеа беш аз пеш зарурат ва ахамияти хизбхои сиёсиро дар хаёти сиёсии Точикистон дарк намудааст ва мутахассисон, элитаи сиёсй, сиёсатмадорон, хукукшиносон дарк ва эътироф менамоянд, ки бе хизбхои сиёсй, гуногунандешии нуктаи назар ва фаъолияти хизбхои сиёсй бунёди чомеаи демократй номумкин аст.

Вале, мутаассифона, мо бояд дар хотир дошта бошем, ки дар кишвархои Осиёи Миёна, аз чумла дар Точикистон, "системаи бисёрхизбй хануз дар он шаклхои классикй, ки дар кишвархои дорои тачрибаи гании фаъолияти системахои хизбй мебошанд ва онхо муассисаи сиёсии самаранок махсуб ёфта дар раванди кабули карорхои давлатй, аз чумла вобаста ба татбики манфиатхои миллй ворид мебошанд, таъсис наёфтааст» [3, 7].

Имруз баъзе аз хизбхои сиёсии дар худуди чумхурй фаъолият дошта ба мардуми кишвар маълум нестанд. Дар бештари холатхо ин сабаб дар фаъолияти худи ин хизбхо нихон аст. Рохбарони хизбхои сиёсй начандон фаъол хастанд ва бо интихобкунандагони худ бояду шояд сару кор надоранд. Ч,онибдорони хизби сиёсй асосан кисми зиёди зиёиёни илмй буда, хизбхо бар он умеданд, ки ин кишри чомеа кобилият дорад ба хаёти ичтимой ва сиёсии чомеаи точик таъсир расонад.

Барои тахкими системаи бисёрхизбй дар Точикистон монеаи асосй дар рохи навсозии фархангй ва сиёсии чомеа номукаммалии фарханги сиёсй, чудоии анъанавии байниминтакавй ва мухолифатхои амики дохилй дар чомеа мебошад.

Раванди иштироки хизбхои сиёсии Точикистонро дар интихоботи парлумонии соли 2005 тахкик намуда Бобоев К.Ф. таъкид намуд, ки «интихобот тасдик менамояд, ки раванди ташаккули бисёрхизбият дар Точикистон холо дар мархилаи ибтидоии рушди худ карор гирифта, рочеъ ба ташаккули микдори муайяни хизбхои сиёсй, устувории онхо, таксими дакики нерухои сиёсй сухан рондан хеле барвакт аст» [4, с.3].

Тахлили раванди инкишофи хизбхои сиёсй ва максадхои барномавии онхо ба чунин хулоса меорад, ки хизбхои сиёсии Точикистон ба ду гурух таксим мешаванд. Ба гурухи аввал хизбхое дохил мешаванд, ки бо шиорхои либералию демократй баромад мекунанд ва чомеаро ба суи демократия ва иктисодй бозорй мебаранд. Ба гурухи дуюм хизбхо ва куввахои сиёсие дохил мешаванд, ки майли чап доранд ва максад гузоштаанд, ки арзишхои чомеаи сотсиалистиро аз сари нав баркарор намоянд.

Иштироки хизбхои сиёсй дар интихобот ва ташкили парлумони демократй хамчунин барои рушди онхо шароити мусоид фарохам меоварад - тавассути парлумон хизбхо имконияти иштироки фаъолонаро дар омода ва кабул кардани конунхо пайдо менамоянд.

Чуноне ки Сафаров Л.Ш. кайд менамояд, «Бояд эътироф кард, ки то имруз фаъолияти хизбхои сиёсии дар Точикистон амалкунанда дар сатхи баланди сиёсй карор надорад. Фаъолияти онхо бештар ба анъанахо нигаронида шуда, онхо ба таври катъй тибки барномахои худ амал мекунанд. Дар муносибатхои байнихамдигарй низ беахамиятй зохир менамоянд, зеро хануз як низоми ягонаи ахзоби сиёсй ба вучуд наомада, он хануз дар мархилаи ташаккулёбй карор дорад. Махз бо хамин сабаб ракобати байнихизбй низ рушд накардааст. Айни замон, хизбхои сиёсй дар раванди муайян кардани доктринахо ва хуччатхои барномавии худ карор доранд. Дар натича, сабаби асосии парокандагии хизбхои сиёсиро дар сатхи пасти фарханги сиёсии онхо, якчонибагии фаъолияти сиёсй ва мафкуравии онхо бояд чуст» [5, с. 75].

«Х,избхои сиёсии имруза дар Точикистон кудрати таъсири назаррас ба ахолй надоранд, барои афзудани фаъолияти сиёсии омма таъсири мусбат расонида наметавонанд, мардум холо накши интихоботро дар демократикунонии чомеа хамчун як падидаи ба принсипхои демократй асос ёфта нашинохтаанд», - чунин аст хулосаи мухаккик Бобоев К.Ф. [4, с. 3].

Ба назари мо, ба хизбхои сиёсии Точикистон хам дар стратегия ва хам дар тактикаи пешбурди муборизаи сиёсй тагйирот, такони чиддие зарур аст. Агар рохбарони хизбхои сиёсй фаъолияти сиёсии худро чоннок намоянд, пас онхо метавонанд сеяки курсихои парлумонро сохиб шаванд.

Табиист, ки кисми норозии чомеа иштибохот ва камбудихоро дар сохаи ичтимоиву иктисодй нишон медиханд ва вазифаи хукумат аз он иборат аст, ки танкиди одилона ва созандаи онро ба таври муътадил кабул намояд ва дар вакташ чорахои зарурй андешад. Зеро демократия ин чараёни мураккаб ва хамешагист. Аз ин ру, галату иштибохот хамеша ногузиранд, вале дар кишвари демократй метавон барои ислохи иштибохот кори пуртахаррукеро ба рох монд. Ин факат дар шароити мавчудияти плюрализми солими сиёсй ва ширкати фаьолонаи шахрвандон дар хаёти сиёсии чомеа кобили имкон аст.

Маълум аст, ки тарзи ягонаи хдлли масъалахои сиёсй, иктисодй ва ичтимой вучуд надорад. Х,ар гуна модели давлатй ва чомеа дорои камбудихо низ мебошад. Аз ин ру сиёсат бар асоси таносуби дакик хисобшудаи манфиатхо бояд ташаккул ёбад. Ч,алби фаъолонаи шахрвандон ба хаёти сиёсии кишвар дониши хуби конунхо ва платформаи сиёсии хизбхои мавчударо такозо мекунад, ки мутаассифона, на хамеша ба хохишмандон дастрасанд. Гохо баъзе фаъолони хизбхои сиёсй ва кормандони алохидаи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатй дар махалхо ба сабаби огахии нокифоя дар бораи оиннома ва барномахои хизбхо ба вайронкунии конуни Чумхурии Точикистон дар бораи хизбхои сиёсй рох медиханд, ки метавонад ба нофахмй ва зухури бахсхои шадид оварда расонад.

Созмонхои ибтидоию нохиявии хизбхои сиёсй низ на хама вакт аз конунхо, карорхои хукумат ва чорахои иктисодию ичтимоии андешидаи давлат огоханд, ки боиси тангназарии онхо мегардад. Имруз дар Ч,умхурии Точикистон 7 хизби сиёсй, ки расман аз кайд гузаштаанд, фаъолият доранд, аз он чумла вакилони 3 хизби сиёсй ба парлумони доимоамалкунанда ва касбй - Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон интихоб шудаанд. Дар Мачлиси миллии Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон ва мачлисхои махаллии хокимияти давлатй дар вилоятхо, шахру нохияхо низ намояндагони хизбхои гуногун интихоб шудаанд ва амал мекунанд. Раванди инкишофи демократй дар чомеа харчи бештар рушд намуда, хизбхову созмонхои нав арзи вучуд менамоянд, ки аз вусъати гуногунакидагй ва плюрализми сиёсй гувохй медиханд.

Бояд кайд кард, ки мавчудият ва фаъолияти хизбхои сиёсй дар демократиконии умумии сохтори чомеа дар Точикистон накши калон мебозад. Як гурухе бар он акидаанд, ки ба хизбхо асосан шахрвандони фаъол, ки ба фаъолияти сиёсй бештар майл доранд ва манфиатхои чамъиятиро хамчун манфиати шахсй мешуморанд, дохил мешаванд. Гурухи дигар бар он андешаанд, ки одамон барои конеъ кардани ниятхои худ барои ишголи курсихои мансабй ба хизб дохил мешаванд. Ба хар сурат, чизи асосй дар фаъолияти хизбхои сиёсй ин омузиши манфиатхои гуруххои ичтимой ва кишрхои ахолй, инчунин хифзи онхо аст [2].

Интихоботи парлумонии соли 2015-ро чамъбаст намуда мухаккики точик Нуралй Давлат кайд мекунад, ки «Парлумон бори дигар бисёрхизбй гардид, вале системаи бисёрхизбй мавчуд нест. Байни ин ду мафхум фаркияти калон вучуд дорад. Системаи бисёрхизбй, на бисёрхизбияти одй, он гох ташаккул меёбад, ки агар хизбхои сиёсии мавчуда ба сиёсати дохилй ва хоричии хукумати кунунй дар кишвар таъсири чиддй расонида тавонанд [3, с. 7].

Ба ин маънй, дар кишвари мо алхол дар бораи бисёрхизбияти одй, ки хизбхои дар таркиби он чой дошта ба сиёсати хукумат чандон таъсири назаррас расонида наметавонанд, сухан рондан мумкин аст. Мутаносибан, сохтори парлумонй ва фаъолияти он низ дар Точикистон дар хамин радиф карор дорад.

Вазъияти сиёсии солхои охир, раванди демократиконии хаёти ичтимой, плюрализми сиёсии чомеа, ислохоти сиёсй ва тагйироти бунёдии сохтори сиёсию ичтимоии чомеа барои сифатан бехтар гардидани муносибатхои хизбй шароити мусоид фарохам овард. Аз ин ру, имруз вазифаи асосии хизбхои сиёсй он аст, ки ба тахкими мавкеи худ дар ташаккули парлумон, иштирок дар интихоботи парлумонии оянда ва дигар чорабинихои сиёсй кушиш ба харч дихад.

Хулоса, халки точик дар мархалаи аввали эчоди чомеаи демократй карор дорад. Бинобар ин тачрибаи сиёсии кофй зарур аст, то ки фаъолияти хамаи хизбхои сиёсй пухта ва дар шароити ором бо риояи назокатхои сиёсй ва ахлокй чараён гирад. Бо дарки вокеахои гузашта зарур аст, ки психологияи миллй, анъанаву суннатхои махалхо, одобу ахлоки таърихан ташаккулёфтаи халкамон дар назар гирифта шавад. Х,оло тачрибаи хубе андухта шудааст, ки барои мустахкам шудани асосхои давлати демократй ва чомеаи шахрвандй дар Точикистон хеле боарзиш аст. Бесабаб нест, ки тачрибаи сулхи Точикистонро бисёр кишвархои гарбй ва созмонхои байналмилалй меомузанд. Х,амчунин имруз дар чумхурии мо созмонхои байналмилалй фаъолият доранд ва хамкории сохторхои хокимияти давлатй ва ташкилотхои гайрихукуматй бо онхо хамачониба идома дорад.

Корхои мусбат ва гуфтугуи созанда дар доираи семинархо ва конфронсхо бо иштироки хизбхои сиёсй низ анчом дода шудааст, ки барои тахкими раванди демократй мухим мебошад. Дар чанд соли охир гуфтугу ва мулокотхои хизбхои сиёсй ба як низоми доимй ворид шуда, бахсхои дар ин мулокотхо сурат гирифта, барои истехкоми раванди демократй дар чомеаи мо, бешубха, ахамият доштанд.

Дар Точикистон дар шароити кунунии кишвар максади асосии хизбхои сиёсй дар манзари чомеа кушиши муаррифии худ хамчун як неруи созанда аст, ки дар доираи конунгузорй фаъолият менамояд. Бинобар ин, вокеияти сиёсй ва ичтимоии чомеа талаб мекунад, ки хизбхои сиёсй пешсафи равандхои инкишофи чамъият гарданд ва фаъолона дар мустахкам намудани сохтори сиёсй, дар ташаккул ва рушди парламентаризм иштирок намоянд.

Аз ин бармеояд, ки бахри ичрои максадхои худ онхо бояд хамкориро бо сохторхои макомоти давлатй вусъат диханд. Рохбарони хизбу харакатхои сиёсй бояд амик дарк намоянд, ки онхо барои фардои давлату давлатдории точикон, сулху субот, вахдату ягонагй ва барои ояндаи дурахшони Точикистон ва нуфузи он дар чомеаи чахонй фаъолият менамоянд.

Калидвожа^о: хизбхои сиёсй, системахои хизбй, бисёрхизбият, системаи бисёрхизбй, муносибатхои хизбй, рацобати байнщизбй.

Пайнавишт:

1. Страны мира. Современный справочник.- М., 2004. - 607 с.

2.Джалилов К. Многопартийная система и демократические процессы в Таджикистане //Бизнес и Политика.-№6 (594). 10.02.2005.

3. Дьяченко С. Политические партии Казахстана в избирательной кампании 2005 года: уроки, выводы, перспективы // Центральная Азия и Кавказ. - 2006. №4 (46). -176 с.

4.Бобоев К.Ф. Политические партии на выборах 2005 года: Справочник. - Душанбе: Ирфон, 2005.-138 с.

5. Сафаров, Л.Ш. Роль политических партий в становлении и развитии парламентаризма в Таджикистане: проблемы и перспективы: дис. ... канд. полит. наук: 23.00.02 / Сафаров Лохути Шарифович.- Душанбе, 2015.- 154с.

6. Давлат, Нурали. Многопартийность по-таджикски, или фикция в масштабах страны [Электронный ресурс]. - Режим доступа: http://news.tj/ru/newspaper/article/ (дата обращения: 29.02.2016).

Reference Literature:

1. Counties of the World. Modern reference book. - M., 2004. - 607pp.

2. Djalilov K. Multiparty System and Democratic Processes in Tajikistan // Business and Politics, # 6 (594). 10.02.2005.

3. Political Parties of Kazakhstan in the Electoral Campaign of 2005: Lessons, Inferences, Prospects // Central Asia and Caucasus. - 2006, # 4 (46).- 176 c.

4. Boboyev K.F. Political Parties at Elections - 2005: reference-book. - Dushanbe: Cognition, 2005.- 138 p.

5. Safarov L.Sh. The Role of Political Parties in Formation and Development of Parliamentrism in Tajikistan: Problems and Prospects: candidate dissertation in politology. - Dushanbe. 2015.- 154 p.

6. Nurali Davlat. Multipartiness in Tajik, or Fictitiousness in Country's Scales [Electronic resource]. - Regime of availability: http://news.tj/ru/newspaper/article/ (date of address: 29.02.2016).

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.