Научная статья на тему 'Integration of secular culture and religion'

Integration of secular culture and religion Текст научной статьи по специальности «Философия, этика, религиоведение»

CC BY
1872
210
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ДИН / ФАРҳАНГИ ДУНЯВӣ / ИНТЕГРАТСИЯ / СЕКУЛЯРИЗМ / СЕКУЛЯРИЗМИ АТЕИСТЫ / РЕЛИГИЯ / СВЕТСКАЯ КУЛЬТУРА / ИНТЕГРАЦИЯ / СЕКУЛЯРНЫЙ АТЕИЗМ / SECULARISM / RELIGION / SECULAR CULTURE / INTEGRATION / SECULAR ATHEISM

Аннотация научной статьи по философии, этике, религиоведению, автор научной работы — Акилова Мавзуна Махмуджоновна

Одной из важнейших проблем конституционного развития любого государства является отношение государства к религии. Взаимодействие религии и светской культуры является наиболее острой проблемой современности Таджикистана, Центральной Азии и стран более обширного региона. Современная сущность взаимосвязи «религия общество» заключается в новом соотношении противоречий при взаимодействии религиозной и светской культуры, в их статусе и в реальном положении в обществе, В связи с этим, религиозное возрождение в конечном итоге становится большей частью переориентации светской культуры с секулярных идеалов на религиозные. Статья посвящена проблеме особенностей секуляризации в независимом Таджикистане,

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Official attitude to religion is one of the most important problems concerned with a constitutional development of any state. Interaction between religion and secular culture is the acutest problem of contemporaneity for Tajikistan, CentralAsia and other countries of extended regions. The modern essence of interaction between religion and society is in a new correlation of contradictions under the interaction of religious and secular cultures in their status in society. Due to it religious revival becomes in the long run a reorientation of secular culture with its secular ideas into religious one. The article is devoted to the problem of the peculiarities of secularization in independent Tajikistan.

Текст научной работы на тему «Integration of secular culture and religion»

М. Окилова ИНТЕГРАТСИЯИ Ф АРХДНГИ ДУНЯВЙ ВА ДИН

Вожатой калидй: дин, фаруанги дунявй, интегратсия, секуляризм, секуляризми атеисты

Яке аз масоили мухи ми инкишофи конститутсионии хама гуна кишвар муносибати давлат ба дин махсуб меёбад. Коркарди сари-вактии механизми муносибатхои байнихамдигарии пих,одх,ои динй ва макомоти хокимияти давлатй кдсми таркибии муносибати масъулиятнок дар раванди демократикунонии хаёти чомеа, шарти зарурии ба даст овардани сулх,и шахрвандй ва устувории сиёсй мебошад.

Давлатхои чах,опи муосир аз нигохи муносибат ба дин ба се навъ чудо мешаванд: навъи якум, кишвархои модели Британияи Кабир мебошанд, ки бо вучуди эътирофи дини расмии давлатй асосан конунияти дунявй дар он кишвархо амал мекунад, хдрчапд калисо ва и ггивддиявди динй озодиву хукукхои бештар доранд ватаълимоти динй низ дар мактабу мадорис ичозат дода шудааст ё ки хатмист. Ба ин навъ кишвархо ИМА, Италия, Испания, Полша ва гайра дохил мешаванд.

Навъи дуввум, кишвархои модели Олмон мебошанд, ки дар опх,о бо вучуди катъан аз давлат чудо будани итгивддиявди динй байни дину давлат хдмкориву х,амох,аш й. алалхусус дар умури тарбияи маънавию ахлокй ва барашехтани рухияи миллй-ватанхохй хукмрон аст. Мактабхо расман аз муассисоти динй чудоянд, вале дар солхои охир дар ин кишвархо таълими динй дар макотиби ибтидоиву миёна рох ёфта истодаанд. Х,амчунин дар баъзе кишвархои исломии мутааллик ба ин навъ дар сохаи хукуки гражданй низ ниходхои динй фаъолият доранд. Ин навъи дунявият дар низоми муносибати давлату калисои Олмон, Фаронса, Русия, Туркия, Х,индустон амал мекунад. Дар ин кишвархо дунявият ба маънии бединй ё атеистй будан нест

ва сарварони ин кишвархо низ диндории худ ва эхтироми худро ба дини кишварашон пинхон намекунанд.

Навъи савум- навъи собик, давлати шуравй мебошад, ки дар он:

• дин (калисо) хамчун мухити муносибатхои шахсию хусусй аз давлат чудо буда, байни он ва давлат, ки бар пояи идеологияи мохиятан материалистию атеистй устувор буд, хеч гуна муносибати созандае вучуд надошт ва бо идеологияи динй, хамчун мухолифи дарачаи аввали чахонбинй ва идеологияи коммунистй муборизаву зиддияти оштинопазир вучуд дошт;

• дар он дин хамчун бокимондаи даврони гузаштаи ба идеалхои чомеаи коммунистй бегона бояд аз байн бурда мешуд ва чои онро чахонбинии материалистиву атеистй мегирифт;

• барои аз байн бурдани дин давлат ниходхои гуногуни идеологй, сиёсию маъмурй ташаккул дода буд;

• калисо ва ташкилотхои динй ба хеч умури давлатй ва кишвар, хатто дар тарбияи маънавию ахлокии шахрвандон чалб карда намешуданд;

• сохторхои динй хукуки юридикии фаъолиятхои иктисодй, сохибият ва доштани моликиятро надоштанд;

• сохторхои динй аз хукуки чопу интишори китобхои динй ва нашрияхои динй махрум буданд;

• хукуки таблигу ташвики диниро берун аз калисо надоштанд;

• хукуки бунёди мадрасаву донишкадахои динй, хатто доштани китобхонаро низ надоштанд.

Ч^умхурии Точикистон ба навъи дувуми давлатхои дунявй тааллук дорад. Дар кишвари мо давлат мисли даврони шуравй динро аз хаёти ичтимоии шахрвандон комилан дур наандохтааст. Давлат дар чабхахои фархашй ва маънавию ахлокй бо ташкилотхои динй хамкории наздик дорад ва эътирофи дин хамчун як рукни мухими фархангй имконияти васеъ барои фаъолияти ичтимой -фархангии иттиходияхои динй медихад.

Дар Точикистон бехтарин ва мусолиматомезгарин модели муносибати дину давлат дар асоси принсипи дунявият интихоб гардид. Сарконуни Чумхурии Точикистон ва Кону н и Чумхурии Точикистон «Дар бораи озодии вичдон ва иттиходияхои динй» заминаи хукукии онро таъмин кардаанд. Mo демократитарин навъи муносибати байни дин ва давлатро дар минтака дорем, ки хатто хизби сиёсии хусусияти динй доштаи порлумонй дар кишвари мо озодона амал мекунад.

тамоми хукук ва озодихои шахрвандони диндор комилан риоя меша-вад ва озодии шароити диндорй дар мукриса бо даврони шуравй куллан фарк, дорад.

«Аммо, мутаассифона, - кдйд менамояд Шерзод Абдуллоев, - то хол мохияти ин вокеият ва хакикатро на хама дуруст дарк кардаанд. Ин аст, ки баъзе зиёиёни аз фарханги сиёсй камбахраи мо дар навиштахои худ, гибки Конуни асосй дар кишвари мо динро аз давлат чудо медонанд ва дуруст наомухта, нафахмида чунин таблиг хам мекунанд ва хоста ё нахоста ба осиёби душманони миллат, ки давлати моро давлати бедину атеист мешуморанд, об мерезанд.

Х,оло он, ки дар кишвари мо тибки Конститутсия ташкилотхои динй аз давлат чудо аст, на дин аз давлат. Ч,удоии ташкилотхои динй аз хокимияти давлатй мохияти хукукй-сиёсй дорад, на мафкуравию чахонбинй ва, он пеш аз хама, ба маънии чилавгирй аз корбурди кудрату хокимияти давлатй ба макса,т ва манфиати пайравони як дине ё як мазхабе аст. Ин модели дунявияти моро, хамчун модели сифр сиёсй имрузхо хатто секуляристхои исломй орзу мекунанд» (7).

Секуляризм худ доктринаи ичтимоиест, ки дар сахнаи сиёсат ва чомеашиносй дар солхои 50-уми асри XIX ба вукуъ пайваст ва мавриди тахдили сиёсй карор гирифт. Тибки шархи сохаи ичтимой - секуляризм дар рушду инкишофи чомеа дар табодулу тахаввулоти сиёсй ва ичтимой на ба постулатхои динй, балки ба дастовардхои илмй бояд такя намояд.

Худи истилохи секуляризатсия раванди озодшавии хамаи сохахои хаёти ичтимой ва шахсиро аз зери таъсир ва назорати динй ифода менамояд» (6, 109).

Секуляризм ба се маъно тафсир меёбад:

1. Секуляризм, инкори дин, атеизм;

2. Доктринаи цудо кардани дин аз давлат;

3. Мубориза барои маърифати дуняей.

Вожаи мазкур аз асрхои миёна (Фомаи Аквинй, Аврелий Августин) ибтидоан дар маънои дунявй, гайридинй мавриди истифода карор гирифтааст. Яке аз машхуртарин таргиботчиёни муосири гояхои секуляризм чомеашинос ва сиёсатмадори англис Чарлз Бредлоу мебошад.

«Яке аз асоситарин аломатхои секуляризатсия ин чудошавии давлат аз дин мебошад. Яъне умури давлатй тибки конун тамоман аз асосхо ва доктринаву догмахои динй чудо мешавад» (5, 164).

— 246-Г НОМАИ донишгох )

Имрузхо бархе аз чомеашиносон мафхуми секуляризатсияро чунин шарх додаанд: Секуляризатсия ин раванди сустшавии таъ-сири дин ба хамаи сохаву чанбахои сиёсй, ичтимой, ба шууру раф-тор, рузгор ва тарзу усули хаёти одамон мебошад.

Х,оло ба масоили секуляризм аз нигохи таърихи халк,и точик назар меафканем.

Баробари таъсисёбии давлати шуравй, соли 1924 Точикистон хамчун давлати худмухтор дар хайъати Узбекистан ва соли 1929 ба хайси Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистй - хамчун давлати атеистй, яъне гайридинй крнунгузорй ва сиёсати давлатии худро ба рох монда буд. Бар асари муборизаи шадиди коммунистй бо хама гуна афкору акида, падидаву оинхои динй ва хурофотй дар муддати кутох секуляризми атеистй дар тамоми худуди он расман ва амалан хукмфармову чорй гардид. Дар сиёсати дохилй ва хоричии давлати тоталитарй танхо гояхои коммунистй ва таблиготи атеистй пурра ба рох монда шуд. Дар каламрави кишвар хамаи мадориси исломй бархам до да шуданд. Аксари масочиди чомеъ ва панчвакта баста ва хатто мусодир гардиданд. Дар солхои аввали Х,окимияти Шуравй аксари муллохо ва пайравони дин, ки аз таргиботу таълимоти динй даст намекашиданд, руирост ба махкамахо кашида мешуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар ин давра бисёр зиёиёни эътикодманд тахти фишор ва хичрату фирор карор гирифтанд ва аз ин ру дар натичаи муборизаи шадиди сиёсии атеистона талафот низ ба вукуъ пайвастанд ва дар дарозои умри як наел кандашавй аз фарханги ниёгон, аз алифбои арабиасоси форей ба назар расид.

Дар тули 70 соли дар хайъати Иттиходи Шуравй будан Чумхурии Точикистон зери таъсири атеизми ба ном илмй ва динситезии шадиди давлатй, гуфтан мумкин аст, ки асосан ба секуляризми Нарой хамрох шуда буд.

Кайд кардан чоиз аст, ки аксари ахолии наели охир аз асосхои дини ислом дур шуда буданд, аксарият хатто намедонистанд, ки аркони ислом аз чй иборатанд. Расму оинхои динй агааб аз тарафи ахолй ичро намешуданд. Танхо баъзе оинхои хурофотии динй байни мардум роич буданд ва он хам на ба таври куллй. Чунин сохтори давлатдории коммунистй-атеистй дар тамоми худуди собик ИЧД1С дар муддати кутох тавонист усули давлатдорй ва тамаддуни секуляриро ба арши аъло расонад. Аз ин лихоз пеш аз бархамхурии давлати шуравй дар тамоми каламрави он, аз он чумла дар

Точикистон, тамадцуни секулярй дар нуктаи баландгарини хеш карор дошт. Ин гуна чудошавии давлат аз дин дар ягон давлатхои гайрисотсиалистй ба мушохида нарасидааст. Шуури динии марду-мони маскуни Точикистони Шуравй дар сохли конунгузорй, сиёсат, ичтимоиёт ягон асари назаррасе намегузошт. Танхо теъдоди камта-рини ахолй. асосан сокинони дехоти кухистон. бештар наели калон-сол расму ОИПХ.ОИ диниро риоя мекарданд, дар он холе, ки барои таблигу ташвикот ягон роху хадде хам надоштанд.

Хулоса, дар Точикистони Шуравй секуляризм пурра аз тарафи сиёсати давлатй роич буд ва шуури шахрвандони он ба таври куллй моил ба чунин раванди сиёсй шуда буд.

Дар солхои аввали баъди пошхурии давлатй пуриктидори ИЧД1С дар Точикистони тозаистиклол тахаввулоти ичтимоии пурчушу хуруш ва тезутунде рух дод, ки яке аз масоили мубрам - тамаркузи гоявии он масоили марбут ба дини ислом буд. Дар ин бобат мо бояд пурратар ва амиктар тахлилу ташрехи худро баён намоем, зеро дар дахсолаи аввали дастоварди истиклолият масъалаи марбута ба мавзуи тахкики мо, яъне секуляризм, дар масоили бунёди чомеаи демократй дар Точикистон барои чомеашиносон ва сиёсатшиносони тамоми минтака ва дунё як намунае гардид, ки тахкику баррасии онро аксари олимон ва сиёсатмадорон аз мухимтарин мавзуъхо мехисобанд.

Баъди эълон шудани сохибихтиёрй ва истиклолияти давлатй Точикистон яке аз аввалин падидахои ичтимоии умумихалкй, ки дар тамоми каламрави Точикистон зохир гардид, ин дингарой буд. Хдтто яке аз омилхои асосии зист, ки гузариш ба бозори икгисодй махсуб меёбад, дар зехни мардум ин гуна тезасарй надошт. Аз солхои 1991 хурду кал он аксаран заминахои гоявии худро гум карда, дар як фазой холии идеологй монданд ва рохи халосиро дар дину мазхаби ниёгон хамчун такягохи эътикодии худ мечустанд.

Дар натича дар шахрхою дехот масочиду мадориси зиёде бунёд мешуданд. Аз давлатхои исломй мубаллигон бо адабиёту дастуроти худ дар худуди Точикистон фаъол буданд. Чдвонони точикистонй гурух-гурух барои омузиши дини ислом ба Эрон ва давлатхои араб ба мадорису донишгоххо мерафтанд. Аллакай соли 1992 дар Точикистон гурухи оппозитсионии исломй таъсис ёфта буд ва фаъолона амал мекард (2).

Тибки шаходати сиёсатшинос И. Асадуллоев «Дар ибтидои солхои 90 -ум дар Осиёи Марказй 20 ташкилотхои исломй ба кайд

— 248- номаи донишгох ;

шрифта шуда буданд. Аз ондо 7 ташкилот (35 фоиз) дар Узбекистон, 6 ( 30 фоиз) дар Казокистон. 4 (20 фоиз) дар Киргизисгон. 2 (10 фоиз) дар Точикистон ва як ташкилот (5 фоиз) дар Туркманистон фаъолият доштанд.

Инхо: «Х,изби нахзати исломии Точикистон» (1990), «Х,изб-ут-тахрир» (1998) дар каламрави Точикистон; «Хдракати тавба», «Чдмъияти боадолат» (1991), «Чднговарони ислом», «Хдзби маърифати исломй», «Х,изб-ут-тахрир» (1992), «Хдракати исломии Узбекистон» (1997) дар Узбекистон; «Маркази исломй» (1990), «Даъвати исломй» (1992), «Х,избут-тахрир-ал исломй» (1995) дар Киргизисгон: Х,изби туркии фундаменталистии «Алаш» (1991/1992) дар Казокисгон ва i айрахо мебошанд (3, 112 ).

Дар солхои чанги шахрвандй, бахусус 6 ноябри соли 1994 мар-думи Точикистон аллакай мавкеи худро нисбати шакли давлатдорй, муносибати он ба дин бо воситаи Сарконуни бо раъйи умум кабул-шуда муайян карда буд. Дар моддаи якуми Конститутсияи Ч^умху-рии Точикистон чунин омадааст: «Чумхурии Точикистон давлати со-хибихтиёр, демократй, хукукбунёд, дунявй ва ягона мебошад» (4, 4).

Аммо дунявй будани давлат тибки конуни Точикистони имруза аз секуляризми давраи шуравй фарки куллй дорад. Чуноне ки зикр гардид, дар солхои хокимияти inypaim на танхо фаъолияти динй, балки эъти-кодоти инфиродии динй низ тахти таъкибу мазаммат карор мегирифт. Дар айни замон бошад, чуноне, ки дар Сарконуни Ч^умхурии Точикистон зикр шудааст: «Шахрванд хак дорад дар ташкили хизбхои сиё-сй, аз он чумла, хизбхои характери демократй, динй ва атеистй дошта, иттифокхои касаба ва дигар иттиходияхои чамъиятй иштирок намояд, ихтиёран ба онхо дохил шавад ва аз онхо хорич гардад» (4, 9).

«радами аввалини чидцй,- кайд мекунад А. Рахнамо, - дар раванди фахми мохияти давлати дунявй аз чониби Президенти кишвар Эмомалй Рахмон гузошта шуд. Рочеъ ба чанбахои гуногуни давлати дунявй андешаронй намуда, соли 1999 у ба хулосае омад, ки давлати дунявй бо фаъолияти хизбхои характери динй дошта хамоханг аст» (1).

Мисоли возех ва равшани гуфтахои боло ин аст, ки танхо дар Точикистон хизби характери динй дошта - Х,изби нахзати исломии Точикистон конунан фаъолият дорад.

Яке аз комёбихои давлатдории Точикистон дар микёси чахон, пеш аз хама, дар он зохир гардид, ки бо мухолифини асосан аз исломгароёну демократхо таркибёфта созиши куллй намуда, дар

чабхаи сохтори дунявии давлатдорй бо иштироки ахзоби динй ва афроди диндор ба пешравихои назаррас ноил шуд ва он дастоварди хеле бузурге дар муддати кутох мебошад.

Ислом рукни мухими чахонбинй, маънавиёт ва ахлоки чомеаи мост. Дар кишвари мо имр^з мадрасахои назди масочид ва дониш-кадаи исломй амал мекунанд. Мо ба дини мубини ислом, чун ба як сарчашмаи покизаи маънавй, рухонй ва ахлокй эхтиром мегузорем. Зеро дин ва ахкоми динй барои амалй гаштани ормонхои начиби миллй, тарбияи ахлокиву маънавии чомеа, инчунин донишу фазилати башардустонаи чавонон ба давлат мадад мерасонад. Х,ам давлат ва хам ахкоми дин барои тезтар бархам додани рухияи чахолат, харомхурй, авомфиребй, бадахлокй дар ин мархилаи хассос мубориза мебаранд.

Ин аст, хусусияти миллии дунявияти кишвари мо, яъне ба забони фалсафй дунявияти мо на дунявияти фалсафй, балки танхо дунявияти хукукй аст, чунки дунявияти фалсафй дар сатхи маънавиёт ва ахлок низ аз дин фосила мегирад. Ин аст яке аз тафовутхои асосии модели давлати дунявй масалан, аз модели дунявии даврони шуравй. Ин хамон модели дунявият аст, ки имрузхо, секуляристхои исломй дар орзуи онанд. Гуфтан мумкин аст, ки дар ин чода кадами аввалини хеле мустахкам гузошта шудааст.

Хдмин тарик, секуляризми точик бо фаркиятхои чузъиву куллии хеш аз дунявияти ба мафхум гарбй дар арсаи сиёсати бурунмарзй ва шуурнокии ичтимоии дохиливу давлатдории демократии дунявии Точикистон ташаккул ёфта, баъди дастоварди истиклолият раванди тоза ва ба худ хоси миллиро касб карда истодааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абдулло Рахнамо. «Политический Ислам» и секуляристы в Таджикистане. Эволюция на пути к миру,- //http://www. islam, ru

2. Акилова М. Секулярная цивилизация и Таджикистан.- Согдийская правда, 24 февраля 2010г.

3.Асадуллаев И. Политический ислам в Таджикистане. Заметки и наблюдения,- Душанбе, 2009

4.Конститутсияи (Сарконуни) Чумхуриии Точикистон,- Душанбе, 2009

5. Martin D. The religios and the secular: studies in secularization. - N.Y. -L.,1969

6. Философия: Энциклопедический словарь. Под ред. А.А.Ивина.-

— 250~С НОМАИ донишгох ")

М.: Гардарики, 2004,-http://www.cvclopedia.ru/100/209/2686650.html

7. Шерзод Абдуллозода (Абдуллоев). Зарурати таълими динши-носй ва исломшиносй дар сохтори низоми давлати-дунявй,- http:// islamnews. t i/ta i/ana litic

Интеграция светской культуры и религии М. Акилова

Ключевые слова: религия, светская культура, интеграция, секуляризм, секулярный атеизм

Одной из важнейших проблем конституционного развития любого государства является отношение государства к религии. Взаимодействие религии и светской культуры является наиболее острой проблемой современности Таджикистана, Центральной Азии и стран более обширного региона. Современная сущность взаимосвязи «религия

- общество» заключается в новом соотношении противоречий при взаимодействии религиозной и светской культуры, в их статусе и в реальном положении в обществе. В связи с этим, религиозное возрождение в конечном итоге становится большей частью переориентации светской культуры с секулярных идеалов на религиозные.

Статья посвящена проблеме особенностей секуляризации в независимом Таджикистане.

Integration of Secular Culture and Religion M. Akilova

Key words: religion, secular culture, integration, secularism, secular atheism

Official attitude to religion is one ofthe most important problems concerned with a constitutional development of any state. Interaction between religion and secular culture is the acutest problem of contemporaneity for Tajikistan, Central Asia and other countries of extended regions. The modern essence of interaction between religion and society is in a new correlation of contradictions under the interaction ofreligious and secular cultures in their status in society. Due to it religious revival becomes in the long run a reorientation of secular culture with its secular ideas into religious one.

The article is devoted to the problem of the peculiarities of secularization in independent Tajikistan.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.