Научная статья на тему 'The issues of periodization in reference to the history of state and law in Tajikistan'

The issues of periodization in reference to the history of state and law in Tajikistan Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
878
28
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПРАВО / LAW / ИСТОРИКО-ПРАВОВАЯ НАУКА / МЕТОДОЛОГИЯ НАУКИ / METHODOLOGY OF SCIENCE / ИСТОРИЯ ГОСУДАРСТВА И ПРАВА ТАДЖИКИСТАНА / HISTORY OF STATE AND LAW IN TAJIKISTAN / ПЕРИОДИЗАЦИЯ / PERIODIZATION / КРИТЕРИИ ПЕРИОДИЗАЦИИ / CRITERIA OF PERIODIZATION / HISTORICO-JURIDICAL SCIENCE

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Буриев Имомкул Бозорович

История государства и права Таджикистана охватывает историю длиной более 5 тысяч лет, скрупулезное изучение которой невозможно в рамках учебного плана юридических факультетов. Поэтому встает проблема периодизации исторического развития институтов права и государственности. Периодизация дает возможность анализа и обобщения закономерностей однотипных явлений. Данный способ дает возможность выявления общих закономерностей развития государства и права каждого периода в отдельности. В статье сделана попытка анализа существующей в историко-правовой науке Таджикистана периодизации истории государства и права Таджикистана и ее критериев, а также предложена более приемлемая периодизация с учетом цивилизационного подхода.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The history of state and law in Tajikistan comprises the history mustering over 5 milllenia and its s^upulous studies are impossible in the frames of the curricula of law faculties. Hereto there arises a problem of periodization of the historic development in reference to the institutes of law and statehood. Periodization enables to analyze and generalize the regularities of unified phenomena. The mode in question grants a possibility of elicitation of general regularities of development concerned with statehood and law of each separate period. In his article the author makes an endeavour to analyze he periodization of the history of statehood and law and its criteria in Tajikistan existing in the historico-juridical science of the country, he proposes also a more acceptable periodization with a civilizational approach taken into account.

Текст научной работы на тему «The issues of periodization in reference to the history of state and law in Tajikistan»

Буриев Имомкул Бозорович,

мудири шуъбаи таърихи давлат ва ^укуци Институти фалсафа, сиёсатшиносй ва уукуки ба номи А.Бауоваддинови АИ ЦТ, доктори илмуои уукук

масоили даврабандии таърихи давлат ва

хукуки точикистон

Дар худуди Точикистони таърихй хануз дар хазорсолахои 7-3 пеш аз мелодй одамон зиндагй мекарданд ва аз ин сабаб хокимият, давлат ва падидахои хукукй низ дар ин минтака таърихи кухан доранд. Дар таърихи точикон даххо сулолахоро номбар намудан мумкин аст, ки паи хам дар ин минтакаи, тибки андешахои геополитикхо, муддати ду хазор сол «калби чахон» буда,* хукмронй намудаанд. Илми таърихи давлат ва хукуки Точикистон давраи басо тулонии таърихиро дарбар мегирад. Омузиши ягонагй ва тавофут дар давлатдорй ва сарчашмахои хукукии хар як сарвари давлат ва сулолахо мавзуи бахси илми таърихи давлат ва хукуки точикон аст, аммо дар доираи як фанни таълимй баррасй намудани он вазифаи мушкил аст. Аз ин сабаб, масъалаи даврабандии таърихи давлат ва хукуки Точикистон ба миён омадааст. Даврабандии фанни таълимй метавонад барои ошкор намудани хусусиятхои умумй ва махсус, инчунин тафрикаи байни конуниятхои пайдоиш ва рушди давлатдорй ва падидахои хукукии мархилахои гуногун хизмат намояд. Азбаски дар ташаккули худ давлат ва хукук метавонад дар тули дахсола ва баъзан садсолахо ба тагйироти сифатй дучор нагардад, биноан дар илм ин гуна давраи тулонии таърихй чун як мархала номбар мешавад.

Даврабандии мавзуъ ва мухтавои фанни таърихи давлат ва хукукро метавон вобаста ба ченакхои гуногуни илмй гузаронид. Яке аз ченакхо - ченаки сулолавй аст. Инчунин вобаста ба сохту усули давлатдорй ва рушди иктисодию ичтимой (форматсионй), рушди дин, илму фарханг, санаду сарчашмахои хукукй, яъне тамаддун (тамаддунй) даврабандй сурат мегирад.

Таърихан, ченаки даврабандии сулолавй таърихи тулонй дошта, тамоми муаррихони тошуравии точик онро заминаи даврабандии худ мукаррар кар-даанд. Табиист, ки таъсири он то имруз дар илм ва таърихнигорй ба чашм мера-сад ва мо аксари давлатдории таърихии худро бо номи сулолахо ёд мекунем:

* Ба андешаи яке аз саромадони илми геополитика - англис Хэлфорд Маккиндер (1861-1947) «Ду хазорсолаи гузашта Осиёи Марказй вилояти истивои таърихй (осевая область истории), Хартленд (калби чахон) ба шумор мерафт. Ба андешаи у Маркази чахон китьаи Авруосиё буда, калби он Осиёи Марказй аст. (ниг. ба Нартов Н.А., Нартов В.Н. Геополитика / Под ред. Проф. В.И. Староверова. 5-ое изд. М.: Юнити, 2010. С.56-57).

давлати Сомониён, Гуриён. Ин ченак, бешубхд, дар таърихшиносии тоинкилобй бештар истифода гардида, мархалаи хукмронии сулолаи муайянро чун мархалаи том номбар менамояд. Албатта, сулолаи муайян махсусиятхои идора-куниро дошт ва дар сахифахои таърихи халки точик он инъикоси худро ёфтааст. Вале на хамаи сулолахо дар таърихи халки точик таъсиргузор буданд ва ё давраи идораи онхо мархалаи таърихсоз будааст. Ченаки пешниходгардида, ба истиснои мувофикати хронологй ва пайдархамии маводи тахлилй, якчанд нокисихо дорад, ки барои ба таври комил фаро гирифтани таърихи давлат ва хукуки точикон монеа мегардад. Пеш аз хама, зиёда аз сад соли охири таърихи точикон сохтори чумхурй устувор гардида, хокимияти сулолавй аллакай соли 1920 аз байн рафт. Баъзе сулолахо давлатдории мустакили худро таъсис дода натавонистанд ва ё тамоми мухлати таърихии ба онхо насибгаштаро бо чангхо хотима бахшиданд. Сулолахои дигар тагйироти чиддие ба давлатдорй ва хукук ворид насохтанд, ки мухим ва мавриди мархаласоз барои таърихи точикон бошад. Имконияти ошкор шудани хар як сахифаи таърихии идораи сулолавй вучуд дорад ва танхо дар ин сурат метавонад ин даврабандй асоси илмию таърихй пайдо намояд. Бинобар ин, дар шароити муосир ва донишхои дар даст доштаамон ин ченак ба талаботи илмй чавобгуй набуда, он наметавонад заминаи ошкорсозии конуниятхои ташаккули таърихии точикон бошад.

Даврабандии дигар, ки дар тамоми илмхои давраи шуравй ба таври комил истифода ва дастгирй мешуд, равиши форматсионй аст. Тибки он панч форматсияи иктисодй-ичтимой (чомеаи ибтидой, гуломдорй, феодалй, капиталиста, коммунистй, ки мархилаи аввалаш сотсиализм аст) паихам ба вучуд мео-янд ва гайр аз чомеаи ибтидой ба форматсияхои дигари он давлат ва хукуки хос рост меояд. Тибки таълимоти марксизм-ленинизм форматсия хусусияти давлат ва хукукро муайян менамояд. Давлат ва хукук дар дохили як форматсия бо хам-дигар монанд ва хусусиятхои якхела доранд, масалан, синфу табакахои ягона, муносибатхои иктисодй ва куввахои истехсолкунандаашон айният доранд.

Даврабандии форматсионии таърихи давлат ва хукуки Точикистонро дар адабиёти илмии точикон аввалин маротиба Г.С. Азизкулова анчом додаст (1, 11-12). Даврабандии пешниходгардида таърихи давлат ва хукуки точиконро ба 11 мархалаи таърихй таксим намуда, давраи тошуравии давлатдории точиконро ба 3 давра: 1) давлат ва хукуки гуломдорй, 2) феодалй ва 3) хамрохшавй ба Русия ва ташкили генерал-губернатории Туркистон) ва 6 давраи дигарро ба сохтмони давлати шуравию рушди он, 1 давра ба таърихи Точикистони сохибистиклол бахшидааст. Як мархала аз охири асри XVIII то соли 1864 - аз ин даврабандй берун мондааст. Даврабандии пешниходшуда хусусияти рушди давлат ва хукукро дарбар мегирад. Вале дар он бештар ба таърихи навини давлат ва хукуки точикон ахамият дода шуда, таърихи зиёда аз 24 аср (аз асри VI пеш аз мелодй то асри XVIII) танхо ба ду давра таксим карда шудааст. Х,ангоми гузаронидани даврабандй ченаки аввала - равиши форматсионй дар таърихи навин истифода нагардида мархалахои хурдтари таксимот ба назар мерасад. Вале омузиши таърихи точикон тибки ин даврабандй наметавонад конуниятхои пайдоиш ва ташаккулу рушди давлат ва падидахои хукукиро ба таври комил ошкор созад. Дастоварди Г.С. Азизкулова мушаххасгардонии давраи нави

таърихи давлат ва хукуки точикон мебошад. ^айд кардан зарур аст, ки даврабандии тахлилшуда аввалин даврабандии таърихи давлат ва хукуки Точикистон буда, таваччухи ахли илм ва махсусан мухаккикони таърихи хукукро ба ин масъалаи мубрами илмй чалб намуд, ки ин хизмати бузурги олим мебошад.

Таърихшинос, мархум академик Н. Неъматов даврабандии нави формат-сиониро асоснок намудааст, ки аз шаш давраи бузург иборат аст: 1. Ч,омеаи ибтидой (8 млн. сол - то хазорсолаи V пеш аз мелод); 2. Сохтори чамоавй - таба-кавй (хазорсолахои IV - II пеш аз мелод); 3. Сохтори давлатй - чамоавй (хазорсолаи 1 пеш аз мелод то асрхои аввали мелодй); 4. Сохтори феодалй (асри IV -то нимаи асри XIX); 5. Давраи гузариш ва чустучуи сохтори бехтарини ичтимой (нимаи дуввуми асри XIX то солхои 90 асри XX); 6. Ташаккули чомеаи демократа (соли l991 то имруз) (4, 8-11).

Академик Нуъмон Неъматов таърихи точиконро ба мархалахои бузург-тарин таксим намудааст, ки аз он ду давраи бузурги даврабандии пешниход-шуда аз доираи омузиши мо берун аст ва баёнгари тафрикаи даврабандии мав-зуи таърихи халки точик ва таърихи давлат ва хукук аст, ки бояд аз даврабандии илми таърихи халки точик фарк дошта бошад. Гайр аз ин, ченаки пешни-ходшуда махсусиятхои рушди падидахои хукукй ва давлат, мархалахои мухими рушди давлатдории миллй- давлатдории Сомониёнро инъикос намекунад ва нисбат ба он бетафовут ба назар мерасад, харчанд Н. Неъматов яке аз онхоест, ки дар шинохти давлатдории Сомониён хизматхои шоёне кардаанд, монография ва асархои пурарзише оид ба ин мархалаи таърихй пешниход намудаанд.

Ба масъалаи мазкур А. Холиков низ ру оварда, дар китоби дарсии худ якбора се даврабандии таърихи давлат ва хукуки Точикистонро пешниход намудааст: 1. Таърихи давлат ва хукуки тоинкилобии Точикистон; 2. Таърихи давлат ва хукуки баъдазинкилобии Точикистон. Дар ин даврабандй, Инкилоби Октябри Русия соли 1917, ки заминасози инкилоби сентябрии Бухоро ва таъсиси давлатдории шуравй дар худуди Иттиходи Шуравии собик, аз чумла Точикистон гардид, дар назар аст. Давраи баъд аз шуравй ба он илова мегардад. Нокисии ин даврабандй аз чониби А. Холиков низ кайд шудааст (5, 8).

Даврабандии дуюми таърихи давлат ва хукуки точикон аз чониби А. Холиков танхо мархалахоеро дарбар мегирад, ки дар китоби дарсй тахкик шудааст, яъне аз кадим то давлатдории шуравй ва иборат аст аз:

1. Равандхои сиёсй ва хукукии олами Эрону Турони кадим ва тахлили давлатхои нахустини зироатпарварй ва чамоавй.

2. Хукуки авастой ва давлатхои тоисломй (асрхои VII-VIII пеш аз милодй ва асрхои VI-VII милодй).

3. Давлат ва хукуки точикон дар давраи тобеият ба Хилофат ва мустакил-гардии Хуросону Мовароуннахр ^.VIII-XII).

4. Давлат ва хукуки точикон дар давраи тобеият ба чодарнишинону Тему-риён. Таъсири тачрибаи идоракунии точикон ба ин салтанатхо ^.XIII-XVII).

5. Таърихи давлат ва хукуки точикон баъд аз хамрохшавй ба Русияи подшохй (а.XVШ-XIX).

Х,арчанд аз чониби муаллиф ин даврабандй номида шудааст, вале он бештар ба мухтавои китоб ва кадом масъалахоро мавриди бахс карор додани муаллиф шабохат дорад. Дар акси хол хамчун давраи таърихй номбар намудани «ра-вандхои сиёсй» ва «тахлили давлатхои нахустини зироатпарварй ва чамоавй» нофахмо аст. Чунин даврабандй ба максадхои фанни мазкур, ки вазифаи та-шаккул додани худшиносии миллй, ифтихор аз замони гузаштаамонро пеш гузоштааст, мусоидат намекунад.

Даврабандии сеюме, ки А. Холиков дар китоби худ пешниход менамояд, дар заминаи равиши тамаддунй тартиб дода шудааст ва нокисихои даврабандии форматсиониро бартараф менамояд. Тибки ин даврабандй таърихи давлат ва хукуки точикон ба:

1. Давраи амали тамаддуни хукукии зардуштй ва одатй.

2. Давлат ва хукуки точик дар ахди амали хукуки ислом.

3. Амали хукуки имперй дар сарзамини точикон.

4. Амали хукуки шуравй.

5. Тачдиди низоми нави хукукии Точикистони сохибистиклол таксим гарди-дааст. Ин даврабандй харчанд нокисихои равиши форматсиониро бартараф месозад, вале худ нофахмихои навро ба вучуд меорад.

Дар даврабандии мазкур муаллифи он на таърихи давлат ва хукук, балки давраи аввалро чун «Давраи амали тамаддуни хукукии зардуштй ва одатй» пешниход менамояд, ки мавриди кабул нест, зеро ки тамаддуни зардуштй ва махсусан хукуки одатй ва ё тамаддуни одатй на танхо то давраи давлат ва хукуки исломй, балки якчоя бо он низ амал намуда, то солхои аввали давлат-дории шуравй мавриди истифода будааст. Мохиятан гирем, меъёрхои хукуки одатй чузъан то имруз амал мекунанд ва кисме аз он меъёрхо хатто дар конуни «Танзими чашну маросим» акс ёфта ба меъёри хукуки амалкунанда табдил ёфтаанд. Ч,узье аз меъёрхои хукуки шуравй низ дар Точикистони сохибистиклол беш аз як дахсола мавриди истифода ва амал буданд. Новобаста аз он ки даврабандии ин ё он илм, масалан, таърихи давлатдорй ва хукуки точикон бо максади шиносой ва дарки комилтари мархалахои чудогонаи таърихй гузаронида мешавад, набояд масоили илмиеро, ки бо он вобаста хастанд ва ё бо гузаронидани ин даврабандй ба вучуд омаданашон мумкин аст, нодида гирифт.

Дар адабиёти илмии давраи шуравй оид ба гузариш ва ё амали ин ё он форматсия дар худуди Точикистони таърихй ва умуман дар Шарк бахсхои доманадор бурда шуда, аксари олимони шуравй ва пасошуравй махсусан мавчудияти форматсияи гуломдориро дар Точикистони таърихй инкор менамоянд, чунки дар худуди он шароити нигох доштани гуломон - чун кувваи истехсолкунанда мавчуд набуд. Албатта, инкори гуломдорй хамчун форматсияи ичтимой-иктисодй маънои инкори мавчудияти гуломонро дар чомеаи Точи-кистони таърихй надорад. Аз сарчашмахои зиёди таърихй ва хукукй бармеояд, ки гуломон аз даврахои кадими таърихй то инкилоби сентябрии Бухоро дар худуди Точикистони таърихй вучуд доштанд. Ин табакаи хукукхояшон махдуд буд, ки хеч гох дар таърихи давлатдории точикон хамчун синфи асосии истехсолкунанда баромад накардаанд.

Новобаста аз нокисихое, ки дар даврабандихои пешниходнамудаи олимон Г.С. Азизкулова, А. Холиков ва аз чумла даврабандии муаллиф (2) чой доранд, хизмати онхоро низ набояд нодида гирифт.

Бояд эътироф намуд, ки бо бархамхурии сохти шуравй ва мафкураи ягонаи он, эътирофи плюрализм дар чомеа муайян намудани ченак ва равишхои даврабандии таърихи давлатдорй ва хукуки точикон масъалаи хеле мураккаб гардидааст. Масоили вобаста ба даврабандй ва тахлили сахифахои таърихи давлат ва хукуки точикон, аз чумла, ба таври комил ва хаматарафа тахкик нашудани мархалахои гуногуни рушди давлатдорй, то хол пурра ошкор нагардидани конуниятхои рушди даврахои муайян, пурра омухта нашудани сабаб, натича ва махсусиятхои як катор ислохотхои давлатй, маъмурй, низомй, пулию молиявй бо сабабхои айниву зехнй мавзуъро печида мегардонанд. Дар давраи шуравии давлатдорй мавчудияти ин ё он форматсия масъалаи мубрам буда, имруз зардуштй будан ё набудани чамъияти давлатхои аввалин мавриди бахс аст. Инчунин дар дохили тамаддуни ягона, масалан зардуштй, тагйиротхои чиддие ба амал омадааст. Ё худ, давлатдории Пешдодиён, Хахоманишинхо, Сосониён ва ё давлатдорихои исломй - Сомониён, Салчукиён, Темуриён ва гайра махсусиятхои хосро сохиб буданд ва хар яки он нисбат ба дигараш фаркиятхое доштанд. Гузашта аз ин, хар як аз онхо конуниятхои пайдоиш, рушди махсуси худ ва дар сахнаи таърих чои махсуси худро доранд. Пас, ченаки ягонаи даврабандиро барои омузиши объективии илмии таърихи давлат ва хукуки Точикистон пешниход намудан масъалаи душвори илмй аст.

Тахкикоти илмии таърихи давлат ва хукуки Точикистон имруз имконият медихад, ки равиши тамаддуниро хамчун ченаки асосии даврабандии таърихи давлатдорй ва хукук истифода барем, чунки:

1. Пайдоиши давлатдории ориёй, минбаъд исломй тахти таъсири дин ба вучуд омада, дини зардуштй барои давлатхои ориёй ва дини ислом барои давлатхои мусалмонй накши мафкураи расмиро ичро менамуд. Дар кишвархои ориёй-зардуштй шахрванд (ир) ва гайризардуштй бетабаа (анир) шумурда мешуд. Марксизм низ догмае буд, ки таъсири бузург дар тамоми давраи пайдоиш ва рушди давлатдории шуравй дошт;

2. Новобаста аз хучуми кабилахои кучй ва дар мархалахои гуногуни таърих устувор шудани хукмронии онхо дар сарзамини точикон, онхо низ ба зудй тахти таъсири мафкура ва мазхаби расмии чомеаи точикон тамаддуни хукмронро кабул мекарданд;

3. Сарвари давлат дар аксари мавориди таърихй худро на танхо пайрави тамаддуну дини расмй нишон медод, балки мучохид (ба маънои донишманд ва пахнкунандаи дин) ва сарвари динии кишвар низ махсуб меёфт, харчанд ин маком пеши рохи амалхои беадолатонаи уро намегирифт;

4. Давлати точикон аз чониби хамсоягон низ хамчун намояндаи мазхаби муайян эътироф мешуд;

5. Давлат дар шахсияти макомоти муайяни худ (масалан, давлати зардуштй: амалдорони баландмартабаи оташомор - раиси оташкада, раиси бунёди рух, давлати исломй -козй, вазири вакф, мазолиму мухтасиб) вазифахои мазхабй, тамаддуниро амалй менамуд.

Ин ва дигар махсусиёти таърихи рушди давлатдории точикон заминаи даврабандии тамаддунии таърихи давлатдорй ва хукуки Точикистон мебошанд.

Вобаста ба равиши тамаддун метавон чунин мархалахои рушди давлат ва хукуки Точикистонро номбар кард:

1. Пайдоиши давлатдорй ва хукук дар худуди Точикистони таърихй (хазорсолаи 2 ва 1 пеш аз милодй);

2. Давлат ва хукуки давраи ориёй - зардуштии точикон (хазорсолаи 1 пеш аз милодй то ибтидои асри VII);

3. Давлат ва хукуки давраи исломии точикон (асри VII - то солхои 1868 /ибтидои асри XX);

4. Таърихи давлат ва хукук дар мархалаи тамаддуни омехтаи империявй ва исломй (солхои 1868 - 1917/1920 -1929 - дар худуди шимолии Точикистон);

5. Давлатдорй ва хукуки Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон;

6. Давлат ва хукуки миллии Точикистон (1991- то имруз).

Даврабандии тамаддунй ва даврахои пешниходгардида ба таври максималй

тамоми мархалаи бузурги амали тамаддунхоро фаро гирифтаанд ва мухаккик метавонад ва бояд онро ба мархалахои кучактари дохилитамаддунй таксим на-мояд. Масалан, давлатдории ориёй - Пешдодиёну Каёниён, Х,ахоманишинхо, Сосониён мархалахо - куллахои баланди рушди ин тамаддуни чахонгирро инъикос намуда, ин сулолахо дастовардхои бузурги чахонй ва чолибе дар таърихи тамаддуни давлатдорй ва рушди меъёр ва падидахои хукукй доштанд. Х,амин гуна мархала дар давраи тамаддуни исломии Точикистони таърихй, Халифати Араб, давлатдорихои Тохириён, Саффориён ва алалхусус Сомониёну Гуриён буда, таксимоти дохилитамаддунй низ метавонад вобаста ба ченакхои гуногун гузаронида шавад. Гайр аз ин, вобаста ба самтхои рушд, ислохот, пешравии сохахои мустакили хукук низ давра - мархалахои мухимро таксим намудан мумкин аст.

Даврабандии таърихии предмети фанни таълимиро инчунин тибки талаботи масоили актуалии замон (масалан, бо такя ба андешаи давлатдории миллй, давлати хукукбунёд, чомеаи шахрвандй), ихтисоси донишчуён (хукукшиноси сохаи молия ва андоз, мутахассиси сохаи муносибатхои байналмилалй, хукукшиноси сохаи тичорат), бо дарназардошти чанбаи муайяни таърихи рушди давлатдорй (иктисодиёт, сохаи маъмурй, андоз, ислохоти давлатй, рушди харбй, масоили об) ва хукук (хукуки оилавй, хукуки зан, кудак, падидаи шартнома ва ухдадорй, чиноят ва чазо, падидахои мурофиавй) гузаронидан мумкин аст. Вале дар хама холат талаботи илмй дар хусуси ба таври комил шинос гардидану азхуд намудани хусусиятхои даврахои таърихии пайдоишу рушди падидахои хукукй ва давлатдорй, конуниятхои ба онхо алокаманд, хосил намудани маърифати хукукй, тарбияи мутахассиси соха бо худшиносй ва ифтихори баланди миллй бояд мадди назар бошад.

Пайнавишт

1. Азизкулова Г. С. Цикл лекций по истории государства и права Республики Таджикистан. -Душанбе, 1995.

2. Буриев И.Б. Таърихи давлат ва х^укуци Тоцикистон. Кцсми 1. -Душанбе, ДДОТ, 2000; нашри дуввум: цисми 1. -Душанбе: Ирфон, 2007.

3. Нартов Н.А., Нартов В.Н. Геополитика /Под ред. Проф. В.И. Староверова. 5-е изд. -М.: Юнити, 2010.

4. Негматов Н.Н. О новой концепции формационной истории Центральной Азии // Центрально-азиатские гуманитарные исследования. -Худжанд, 1993. -№3. -С. 8-11.

5. Холщов А. Таърихи давлат ва ууцуци Тоцикистон. Щсми 1. -Душанбе: Ирфон, 2002.

Буриев Имомкул Бозорович,

заведующий отделом истории государства и права Института философии, политологии и права им. А. Баховаддинова АНРТ, доктор юридических наук

Проблемы периодизации истории государства и права Таджикистана

Ключевые слова: право, историко-правовая наука, методология науки, история государства и права Таджикистана, периодизация, критерии периодизации

История государства и права Таджикистана охватывает историю длиной более 5 тысяч лет, скрупулезное изучение которой невозможно в рамках учебного плана юридических факультетов. Поэтому встает проблема периодизации исторического развития институтов права и государственности. Периодизация дает возможность анализа и обобщения закономерностей однотипных явлений. Данный способ дает возможность выявления общих закономерностей развития государства и права каждого периода в отдельности.

В статье сделана попытка анализа существующей в историко-правовой науке Таджикистана периодизации истории государства и права Таджикистана и ее критериев, а также предложена более приемлемая периодизация с учетом цивили-зационного подхода.

I.B. Buriyev

The Issues of Periodization in Reference to the History of State and Law in Tajikistan

Key words: law, historico-juridical science, methodology of science, history of state and law in Tajikistan, periodization, criteria of periodization

The history of state and law in Tajikistan comprises the history mustering over 5 mil^nia and its s^upulous studies are impossible in the frames of the curricula of law faculties. Hereto there arises a problem of periodization of the historic development in reference to the institutes of law and statehood. Periodization enables to analyze and generalize the regularities of unified phenomena. The mode in question grants a possibility of elicitation of general regularities of development concerned with statehood and law of each separate period.

In his article the author makes an endeavour to analyze he periodization of the history of statehood and law and its criteria in Tajikistan existing in the historico-juridical science of the country, he proposes also a more acceptable periodization with a civilizational approach taken into account.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.