Научная статья на тему 'РОЛЬ СОГДИЙСКОГО ОБЛАСТНОГО ТЕЛЕВИДЕНИЯ В ЗАПИСИ И ТРАНСЛЯЦИИ ХVI-Й СЕССИИ ВЕРХОВНОГО СОВЕТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН'

РОЛЬ СОГДИЙСКОГО ОБЛАСТНОГО ТЕЛЕВИДЕНИЯ В ЗАПИСИ И ТРАНСЛЯЦИИ ХVI-Й СЕССИИ ВЕРХОВНОГО СОВЕТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
74
15
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СЕССИЯ / ВЕРХОВНЫЙ СОВЕТ / ТАДЖИКИСТАН / ХУДЖАНД / ТЕЛЕВИДЕНИЕ / ЛЕНИНАБАД

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Нурматова Малика Рустамовна

В статье рассматривается одно из важнейших исторических и политических событий XV1-й сессии Верховного Совета (12-го созыва) и роль тогдашнего ново созданного Ленинабадского областного (ныне Согдийского) телевидения в его трансляции. Роль того прежнего областного телевидения заключалась именно в том, что те тяжкие для таджикского народа дни были размещены в его архивных страницах, и теперь, поколение времен независимости, посмотрев их, может с определенными заключениями осознать сложные пути сохранение независимости страны. Поэтому, в данной статье усилия направленны на то, чтобы все неясные аспекты темы были изучены, и трансляция этого важного события новейшей истории страны посредством телевидения может поставить точку на беспочвенный спор ряд людей, поднимающих провокацию вокруг этой темы.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE ROLE OF SUGHD REGION TELEVISION IN RECORDING AND BROADCASTING 16 SESSION OF THE SUPREME COUNCIL OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

The article provides analysis of the scale of historically and politically important events of XVI Session of the Supreme Council (12 call) and the role of newly established television of the then Leninabad region (now Sughd region) in broadcasting it. It was the role of the then region’s television to put those dark days for Tajik people in their archive file, so by watching them today, the independence generation can realize, with concrete conclusions, difficult ways of achieving country’s independency. Therefore, this article put all efforts so that unclear aspects of this subject were clarified, and bring to a close the groundless arguments of a number people, raising uproar over this subject, by broadcasting this important event of country’s new history through television.

Текст научной работы на тему «РОЛЬ СОГДИЙСКОГО ОБЛАСТНОГО ТЕЛЕВИДЕНИЯ В ЗАПИСИ И ТРАНСЛЯЦИИ ХVI-Й СЕССИИ ВЕРХОВНОГО СОВЕТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН»

Ключевые слова: А. Дехоти, перевод,идеал, Великая Отечественная Война, рассказы, отважный, командир, Климент Ефримович Ворошилов, советская эпоха, творческий, особенности.

ABDUSALOM DEHOTI - TRANSLATOR OF CHILDREN APOS;S WORKS

This article is devoted to the work ofAbdusalom Dekhoti as a translator of children's works for Tajik children's readers and generations of the 30s during the Great Patriotic War.

In the article, the author shows the work of A. Dekhoti as an exponent of childhood feelings with translations of works by writers such as M. Gorky, J. Rodari and L. Uspensky and others.

The author of this article analyzes the translation of the story of the Russian writer Lev Uspensky about the brave commander of the Red Army Kliment Efrimovich Voroshilov, which at one time was an ideal for children of the Soviet era. The author uses a comparative method of analyzing the original and its Tajik translation and revealing the features of the translation style of A. Dekhoti, shows the skill of the translator when transmitting the content of the named story.

Key words: A. Dekhoti, translation, ideal, Great Patriotic War, stories, brave, commander, Kliment Efrimovich Voroshilov, Soviet era, creative, features.

Сведения об авторе:

Норова Гулчехра -старший преподаватель кафедры теории и истории литературы Таджикского государственного педагогического университета именни Садриддина Айни: тел: (+992) 935314731.

About the author:

Norova Gulchehra — a senior lecturer in the Department of Theory and History of Literature of the Tajik State Pedagogical Universite named after Sadriddin Ayni: tel: (+992) 935314731.

НАКЩИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ВИЛОЯТИ СУГД ДАР САБТ ВА ИНЪИКОСИ ИЧЛОСИЯИ XVI- УМИ ШУРОИ ОЛИИ ЧУМ^УРИИ ТОЧИКИСТОН

Нурматова М.Р.

Донишгощ давлатии тиббии Тоцикистон ба номи А.И.Сино

Президент Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар яке аз суханронихояш ба алокаи телевизион ва радио бахои баланд дода, кайд намуданд, ки "Телевизион ва радио васоити дасграсгарин ахбороти омма буда, тавассути он тамоми икдомхои пешбарандаи чомеа баррасй мегардад"[1, с.4]. Васоити ахбори омма бахусус телевизион ва радио дар чахони муосир низ макомашонро гум накарда, балки беш аз пеш ахамияти калонро касб менамоянд. Мавзуе, ки ба риштаи тадкик кашида шудааст перомуни он ягон навъи кори илмй анчом дода нашудааст. Танхо дар алохида тадкикотхои муаррихону сиёсатшиносон вобаста ба Ичлосияи таърихии XVI -уми Шурои Олии Чумхурии Точикистон ва накши он дар хифзи истиклолияти давлати маълумот оварда шудасту халос.

Ичлосияи XVI -уми Шурои Олии Чумхурии Точикистон, ки аз санаи 16. 11.1992 то 02.12.1992 дар ^асри Арбоби хочагии ба номи Саидхуча Урунхучаевичи шахри Хучанд баргузор шуда буд, хамчун ходисаи мухим дар сахифахои таърихи замони муосири халки точик бо харфхои заррин сабт гардидааст. Ин падидаи мухими таърихй дар замоне сурат гирифт, ки Чумхурии тозаистиклоли Точикистонро оташи чанги шахрвандй фаро гирифта пояи хокимияти конунй фалач гардида , давлату миллати точикро хавфи фаноёбй тахдид менамуд.

Аз интихоботи президентй (моххои ноябр соли 1991) то даъвати Ичлосияи XVI-уми Шурои Олии Чумхурии Точикистон (мохи ноябри 1992) давраи хавфноктарин ва мудхиштарин ба хисоб мерафт. Огози гирдихамоихои мохи сентябри соли 1991, аз тарафи мухолифини давлат гасб шудани телевизиони марказй, гирдихамоихои майдонхои «Шахидон» ва «Озодй» (апрел-майи соли 1992), бо зури силох аз вазифа барканор намудани Президенти конунии кишвар Рахмон Набиев, ночор Хукуматро ба истеъфо мачбур кардан, аз ба гирдоби фочеаи мудхиш кашидани мамлакат дарак медод [2, с.56].

Муаррих, профессор Хайдаршо Пирумшоев ин масъаларо тадкик намуда, он лахзахои мудхишро чунин ёдоварй кардааст: «Акнун вазъияте ба амал омада буд, ки сохибмансабони нав ё «болоихо» хукуматро идора карда наметавонистанд, халк ё «поёнихо» тамоман аз итоати онхо баромада буданд, вале замоне фаро расида буд, ки имруз хам ба ёд оварданаш кас меларзад. Точикон гуё ба хадди охирини мавчудияти давлату давлатдории ба амри такдир эхёгаштаи худ

рacидa, аз TOOT^c^y Faрaзxoхии фарзандонаш боз аз нав ба каъри гумномии тaъриxй Fyra мезананд. Хамаро интизори имтихони нави тaъриxy такдир фаро гирифта буд [3, c.102].

Дар таърики 9 ноябри coли 1992 карори Рaëcaти Шурои Олии Чумхурии Точикистон дар бораи 1б-уми ноябри хамон coл дар шахри Хучанд даъват намудани Ичлошяи XVI-уми Шурои Олй (даъвати 12-ум) баромад. Вазифаи ашоти Ичлошя xaгимa бакшидан ба xyнрезй, баркарор coxтaни хокимияти конунй дар Чумхурии Точикистон, инчунин шзмони рохбарияте, ки ба xaлк чихати бyнëди давлати хукукбушд, демократй ва дунявй рахнамой мекунад, ма^уб меëфт.

Акбаршо Иcкaндaрoв аз он давра ëдoвaр шуда, кайд мекунад, ки атеари намояндагон хатто барои рафтан ба Ичлошяи Хучанд xyддoрй хам мекарданд ва бaрxе аз онхо хатто ариза нависта аз кор рафтанд [4, c.57].

Кори ичлошя мувофики вакти муайянгардида дар ^ри Арбоби xoчaгии Саидауча Урyнxyчaевичи шахри Хучанд OFOЗ гардид. Аз 230 нафар вакилони xaлк 193 нафарашон дар ичлocия иштирок намуданд. Дар катори намояндагони xaлк, арбобони илму фарханг, намояндагони хизбу харакатхову мyxoлифин, мехмонон аз давлатхои хамшя ва ташкилотхои бaйнaлxaлкй хузур доштанд. Дар чойи нaмoëни К^ри Арбоб чунин шиор овезон карда шуда буд: «Вакилони мухтарам! Шумо ба инчо бо мaкcaде омадед, ки ба xyнрезй xaгимa гузоред. Дар caрзaмини точикон бояд cyлх тантана кунад» [5, c.298].

Рузномаи ичлocия 23 мааъала, азчумла бoзxoнди рaиcи Шурои Олии Чумхурии Тoчикиcгoн Акбаршо Ижандаров, бaррacии аризаи Рахмон Набиев оид ба иcтеъфo аз макоми Президента, мурочиат ба Игтиходи Давлатхои Мустакил, дар бораи авфи умум, интиxoби рaиcи Шурои Олй, ташкили Шурои Вазирони Чумхурии Точикистон, дар бораи аз мухо€ираи иктиcoдй рахо додани минтакахои чудогонаи чaнгрaфтaиcгoдa, дар бораи ба эътидол овардани вазъияти чамъиятию cиëcии Чумхурии Точикистон ва Faйрaрo дар бар мегирифт.

Дар чaлacaи машваратии 17-ноябр баргузор гардида Ражи комичроияи вилояти Кулоб Эмомалй Рахмонов cyxaнрoнй карда, аз ногувории вазъи озукавии вилояти Кулоб изхори акида намуд. У фикрашро доир ба масталаи ба эътидол овардани вазъи чумхурй чунин бaëн намуд: «Чанги шахрвандй х^ороти азимеро ба бор оварда cабабгoри халокати даххо хазор нафар одамон гардид. Дaхcoлaхo лозим мешавад, то зaxмy чарохатхои ин фалокат муолича шаванд. Давом додани xyнрезй беaклиcг ва ба он мекушем, ки дар хар як xoнaвoдa cyлх, оромй хукмфармо бошад. Махз бо хамин мaкcaди олй мо ба Ичлocия омадаем. [6, c.103]. Сyxaнрoнии ин шaxc кутох бошад, хам, бо мacъaлaгyзoрихoи мyшaxxac фарк мекард

Рузи 19-уми ноябри шли 1992 дар ичлocия масталаи интиxoби Рaиcи нави Шурои Олии Чумхурии Тoчикиcгoн ба миëн гузошта шуд. Ба ин вазифа аз чониби намояндаи xaлк А. Мирзоев номзадии вакили мардумй Эмомалй Рахмон пешниход карда шуд. Аз 197 вакил, ки дар ичлocия иштирок доштанд, 186 нафарашон ба чонибдории Эмомалй Рахмон овоз доданд.

Баъд аз он ки макони баргузории Ичлocия аник гардида буд, масталаи иштироки хайати эчодиву теxникии телевизиони вилояти Ленинобод (холо вилояти СyFд) низ ба мгён омад. Бояд кайд кард, ки телевизиони вилояти Ленинобод дар acora ^арори Шурои Вазирони ИЧШС (шли 1982), баъдан coлxoи 1982-1986, ^арори Шурои вазирони РСС Тoчикиcгoн «Дар бораи ташкили телевизиони вилояти Ленинобод» тaъcиc ëфтa ва caнaи 15 декабри coли 1990 нaxycгин наттоки ин телевизион Башорат Ашурбекова бо арзи caлoми мехрбори xеш аз OFOЗи фаъолияти телевизиони вилояти Ленинобод (хозира СyFд) мужда рашнида буд [7, c.16].

Вoбacтa ба вазъияти онвакта инъикocи кори Ичлошя аз чониби телевизиони марказй Faйримкoн буд. Аз ин ру вашити теxникии телевизионй, аз кабили пойгохи caйëри телевизионй, дacггoххoи cтaтcиoнaрии наворгирй ва Faйрa аз чумхурии Узбекиcгoн чалб карда шуда буд. Лекин вашит теxникии мазкур тибки формат ба кори телевизионхои Тoчикиcгoн мувофикат намекард. Бо ин caбaб вазифаи caбт ва инъикocи пурраи рафти Ичлocия бар души хайати эчодиву теxники телевизиони Ленинобод вогузор гардид. Маврид ба зикр acт, ки муовини аввали хамонвактаи рaиcи Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Точикистон Fyлoм Махмудов дар якчоягй бо Мухаббат Мирcaидoвa нaxycтcaрвaри Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Ленинобод тайи шл^ои 19891993, Абдуалй Халилов- директори онвактаи маркази теxникии ин кумита ва бо дacггирии кормандони мacъyли coхaи алока чораандешй намуданд, то ки чихати caбт ва намоиши рафти ин вокеаи мухими cиëcй шароити мycoид фарохам оварда шавад. Абдуалй Халилов дар cyхбaт бо муаллифи китоби "Симои СyFдиëнa" Хадя Набизода аз он лахзахо ëдoвaр шуда, чунин ибрози акида намудааст: «Вакте ки ба души мо иньш^и пурраи чaрaëни ичлошя вогузор шуд, рocги гап, мо-рохбарияти онвактаи телевизиони вилояти Ленинобод ба тахлука афтодем. Дар хакикат он рузхо ин риcoлaт барои ахли кормандони телевизиони вилоят аз як тараф пуршараф мaхcyб гардад, аз чониби дигар мacъyлияттaлaбy ташвишовар хам буд. Зеро кумитаи телевизиони нaвтaьcиcи вилоят аз нигохи эчодй ва теxникй тaнкиcихoи зиëде дошт ва шбикаи хамагй дycoлaи корй мушкилоти дучандро барои коргарони навкор ба бор оварда буд. Хавфи хар лахза барбодравии накшахо чой

дошт. Дастгоххои касбии садо ва наворбардории босифат мавчуд набуд. Новобаста аз ин мушкилихои чойдошта телевизиони вилоят мебоисг сабг ва инъикоси пурраи кори Ичлосияро таъмин мекард[8, с.6].

Илхом Чдмолиён, ки гурухи эчодиро сарварй мекард, мушкилоти кори ахли гурухи бардушдоштаашро чунин зикр намуд, ки: «Пахши мустакими ичлосия бароямон казияи нихоят чиддй буд, чунки мо дар ин кор умуман тачриба надоштем» [9, с.7].

Ба ин мушкилихо нигох накарда хайати эчодиву техникии ин кумита бомасъулиятона ва пуршарафона аз ухдаи ичрои вазифаи гузошташуда баромада тавонистанд. Тамошои рафти ичлосия тарики симо ба мардуми чумхурй аз чониби Кумитаи телевизион ва радиоии вилояти Ленинобод таъмин карда шуд. Собикадорони кумитаи мазкур дар хотирахои хеш вазъи ногувори кориашонро ин тавр баён намудаанд: «Зиёда аз 20 шабонаруз машаккати зиёд кашида, шабхоро бо бедорхобиву давутоз руз намудем ва хушбахтона аз ухдаи ичрои ин вазифаи пурмасъулу пуршараф баромада тавонистем» [10, с.7].

Мухимтар аз хама дар он давра ин буд, ки тарики телевизиони мазкур нахустпайки сулх бо савганди фарзанди фарзонаи миллат Эмомалй Рахмон дар ин ичлосияи сарнавиштсоз садо дод. Таъмини сабт ва инъикоси пурраи чараёни чунин падидаи мухими таърихй аз чониби хайати эчодиву техникии Кумитаи телевизион ва радиои Сугд дар сатхи зарурй ба рох монда шуд. Рузноманигорон, наворбардорон, коргардонхо ва дигар кормандони ин кумита бо сарварии Илхом Чамолиён бо мехнати захматталаби хеш дар пахши мустакими ичлосия накши созгоре гузошта буданд.

Мавзуъро бо далелхои дар боло овардашуда чамъбаст намуда ба чунин хулосахо омадан мумкин аст.

1. Ичлосияи ХУ-уми Шурои Олии Чумхурии Точикистон ба мукобили куввахои даргир хотима гузошт ва истиклолияти вокеии Точикистонро хифз намуд.

2. Накши телевизиони Сугд дар инъикоси Ичлосияи ХУ-уми Шурои Олии Чумхурии Точикистон нихоят арзишманд буда, имрузхо хамчун далели вокей аз мушкилоти солхои аввали сохибистиклолй ба хисоб меравад.

3. Бойгонии телевизиони Сугд имрузхо бо намоиши ин вокеаи мухими таърихию сиёсй метавонад барои насли чавон - ояндасозони Ватан хамчун дарси хештаншиносй ва сабак аз таърихи навини кишвар хизмат намояд.

4. Дамасола дар арафаи тачлили солгарди Ичлосияи ХУ1-уми Шурои Олии Чумхурии Точикистон истикболи чашнхои Истиклолияти давлатй ва Вахдати миллй тамоми шабакахои телевизионии кишвар ин руйдоди мухимро намоиш медиханд, ки бевосита метавонад дар замири чавонони зодаи сохибистиклолии Точикистон хифзи арзишхои миллй, ифтихор аз мероси ниёгон ва расидан ба кадри Вахдати миллиро бедор намояд.

АДАБИЁТ

1. Набизода Дадя "Симон Сугдиёна" - Хучанд, 2010. - 4 с.

2. Абдурахмонов З.В. "Накши ичлосияи ХУ1-уми Шурои Олии Чумхурии Точикистон дар эхёи давлатдории навини точикон"/ - Точикистон ва чахони имруз" , Пайём №4 (59) - 2017 - 56 с..

3. З.Пирумшоев Д. "Таърихи халки точик дар тарозуи таърихннгорй"- Мачмуи маколахо.- Хучанд, 2014 - 102 с.

4. Абдурахмонов З.В. "Накши ичлосияи ХУ1-уми Шурои Олии Чумхурии Точикистон дар эхёи давлатдории навини точикон"/ Точикистон ва чахони имруз" , Пайём №4 (59) - Душанбе,2017 - 57 с.

5. Муродов С. С. «История таджикского народа» - Душанбе, 2014. -с. 298.

6. Пирумшоев Д. "Таърихи халки точик дар тарозуи таърихнигорй" //Мачмуи маколахо. - Хучанд, 2014.- 103 с.

7. Fаффоров У. "Симои сафобахшу зебоиофар'ТНабизода Д. "Симои Сугдиёна" - Хучанд, 2010. - 16 с.

8. Набизода Дадя "Симои Сугдиёна" - Хучанд, 2010. - 6 с.

9. Набизода Дадя "Симои Сугдиёна" - Хучанд, 2010. - 7с. 10. Набизода Дадя "Симои Сугдиёна" - Хучанд, 2010. - 7 с.

РОЛЬ СОГДИЙСКОГО ОБЛАСТНОГО ТЕЛЕВИДЕНИЯ В ЗАПИСИ И ТРАНСЛЯЦИИ ХУЪЙ СЕССИИ ВЕРХОВНОГО СОВЕТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

В статье рассматривается одно из важнейших исторических и политических событий XVI-й сессии Верховного Совета (12-го созыва) и роль тогдашнего ново созданного Ленинабадского областного (ныне Согдийского) телевидения в его трансляции. Роль того прежнего областного телевидения заключалась именно в том, что те тяжкие для таджикского народа дни были размещены в его архивных страницах, и теперь, поколение времен независимости, посмотрев их, может с определенными заключениями осознать сложные пути сохранение независимости страны. Поэтому, в данной статье усилия направленны на то, чтобы все неясные аспекты темы были изучены, и трансляция этого важного события новейшей истории страны посредством

телевидения может поставить точку на беспочвенный спор ряд людей, поднимающих провокацию вокруг этой темы.

Ключевые слова. Сессия, Верховный Совет, Таджикистан, Худжанд, Телевидение, Ленинабад.

THE ROLE OF SUGHD REGION TELEVISION IN RECORDING AND BROADCASTING 16 SESSION OF THE SUPREME COUNCIL OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

The article provides analysis of the scale of historically and politically important events ofXVI Session of the Supreme Council (12 call) and the role of newly established television of the then Leninabad region (now Sughd region) in broadcasting it. It was the role of the then region's television to put those dark days for Tajik people in their archive file, so by watching them today, the independence generation can realize, with concrete conclusions, difficult ways of achieving country's independency. Therefore, this article put all efforts so that unclear aspects of this subject were clarified, and bring to a close the groundless arguments of a number people, raising uproar over this subject, by broadcasting this important event of country's new history through television.

Keywords: Session, television, Supreme Council, Tajikistan, Khudjand, Leninabad.

Сведения об авторе:

Нурматова Малика Рустамовна - Таджикский государственный медицинский университет имени А.Сина, преподаватель кафедры, «Общественных дисциплин». Телефон: (+992) 918912491, Эльктроннаяпочта: asad76.76@mail.ru.

About the autor:

Nurmatova Malika Rustamovna - Teacher of the department of social sciences Avicenna Tajik State Medical University. E.mail: asad76.76@ mail.ru, тел.:(+992) 918912491

НАЗАРЕ БА ТАЪРИХИ ТАШАККУЛИ НАШРИЯИ "ШАХРИЁР"

Цутбиддинов А.Х.

Донишгоуи миллии Тоцикистон

Рузномаи «Шахриёр» нашрияи мачлиси вакилони халки шахри Вахдат мебошад, ки соли 1933 хамчун нашрияи Кумитаи хизбй ва Кумитаи ичроияи Шурои намояндагони халки нохияи Орчоникидзеобод (Вахдат) таъсис ёфтааст. Шумораи аввалинаш 3 ноябри соли 1933 бо номи «Коммуна» чоп шудааст: "Дар пешбурди корхои маданй-равшаннамой, таргиботй воситаи асосй рузномаи нохиявии "Коммуна" (холо "Шахриёр" ) буд, ки соли 1933 аз чоп баромад, ки инро душманони хаёти нав чашми дидан надоштанд" [5, с.112]. Мавриди зикр аст, ки дар шахри Вахдат дар огози солхои сиюм матбааи пуриктидоре таъсис дода мешавад, ки заминаву асоси таъсисёби рузномаи "Коммуна" низ ба шумор меравад. Шояд махз ташкил гардидану ба фаъолият падохтани он сабаб гардидааст, ки дар нохияи имруза Вахдат дар киёс бо дигар нохияхо рузномаи махаллй андаке барвакттар таъсис дода шавад. Ин матбаа дар афзуншавии теъдоди рузномаву мачаллахо ва китобхои илмиву оммавй накши амик доштааст: "Соли 1933 кушодашавии чопхона дар хаёти маънавию иктисодии мардуми диёр хакикатан хам ходисаи хурсандибахше буд. Зеро таъсисёбии чопхона, бешак ба афзуншавии теъдоди рузномаву мачаллахо, китобхои илмию бадей рохи нав мекушод" [5, с.31]. Дар мавриди накши таъсирбахши матбааи нохия бобати таъсиси рузномаи "Коммуна" чунин андешаи дигар низ чой дорад, ки он бозгуи дар замони худ дар рохи хуб ба рох мондани кори рузнома афзалият доштани нохияи Янгибозор мебошад. Матбаа бо ин иктидори худ чандин вазифахои мухими дигарро низ ба субот мерасонид. К^ёсхо нишон медиханд, ки дар нохияхои хамсояи Вахдат ( Рудакй, Варзоб, Дисор, Шахринав, Турсунзода) нашрияхо мутаносибан солхои 1934-1935 таъсис ёфтаанд. Маълумотхо гувохи онанд, ки ин матбаа кори нашри рузномахои чанд нохияро ба ухда дошт: "Кори нахустине ки матбааи шахр огоз бахшид, нашри рузномаи "Комунна" буд. Баъдтар кормандони матбаа ба чопи рузномахову мачаллахои мухталиф камар бастанд. Рузномахои нохияхои Ленину Дангара, Файзободу Ёвон низ дар хамин матбаа нашр мешуданд." [5, с.112]. Ин акидаро муаллифону мухаккикони дигар низ таъкид менамоянд. Баъзе тахкику далелхо нишон медиханд, ки «...матбааи нохияи Орчоникидзеобод дар баъзе нохияи гирду атроф филиалхои худро дошт, ки нохияи Дангара аз чумлаи онхо буд»[16, с.163]. Долати мазкурро яке аз сармухарирони нашрияи "Мехнати коммунистй" Рачабалй Ахмад низ иброз медорад. Номбурда дар соли 1970 дар кори аз нав огозкардаи нашрияи махаллии нохияи Файзобод накш дошт ва мушкилоти набудани матбааро то соли 1970 бевосита кайд кардааст, ки гувохи кариб сил сол маркази ягонаи табъу нашри чандин рузномахо будани ин матбаа мебошад: "Ибтидои ташкилшавии газета матбаа вучуд надошт. Ба мушкилихо, яъне дурии рох нигох накарда, газета кариб 7 мох дар матбааи

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.