Научная статья на тему 'CONTRIBUTION TO THE DEVELOPMENT OF ABBOS ALIYEV PUBLIC EDUCATION SYSTEM IN TAJIKISTAN'

CONTRIBUTION TO THE DEVELOPMENT OF ABBOS ALIYEV PUBLIC EDUCATION SYSTEM IN TAJIKISTAN Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
36
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАДЖИКСКОЙ АССР / ПРОСВЕЩЕНИЯ / ОБУЧЕНИЕ / КУЛЬТУРА

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Зарифов Насимджон

В статье рассматривается вклад комиссара наркома просвещения Таджикской АССР Аббоса Алиева в развитие народного образование республики. Автор, ссылаясь на материалы периодической печати и научные литературы, освещает автобиографию и трудовой деятельности Аббоса Алиева.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ВКЛАД АББОСА АЛИЕВА В РАЗВИТИЕ СИСТЕМЫ НАРОДНОГО ОБРАЗОВАНИЯ ТАДЖИКИСТАНА

This article discusses the contribution of Commissar of Education Commissioner TSSR Abbos Aliyev in the development of public education of the republic. The author, referring to materials periodicals and scientific literature, autobiography and covers employment Abbos Aliyev.

Текст научной работы на тему «CONTRIBUTION TO THE DEVELOPMENT OF ABBOS ALIYEV PUBLIC EDUCATION SYSTEM IN TAJIKISTAN»

ШЕЙХ-ЛИТЕЙЩИК, ЕГО МАСТЕРСКАЯ И ЕЁ ОТОБРОЖЕНИЕ В КНИГЕ «ВОСПОМИНАНИЯ» САДРИДДИНА АЙНИ

В статье приводятся сведения об одной из мастерских г. Бухары. Автор, на основе книги «Воспоминания» С. Айни и других опубликованных работ подробно освещает деятельность этой мастерской, её выпускаемою продукцию, трудные условия труда рабочих, низкую заработную плату, опасными условие работы, рабочие устроили пожар и в этом пожаре погиб владелец мастерской шейх Бобоходжа.

Ключевые слова: литейщик, колокольчики, кольца, ворота, Бухара.

SHEIKH -LITEISHIK, HIS WORKSHOP AND ITS REFLECTION IN THE WORK OF

"MEMOIRS" OF SADRIDDIN AINI

The article deals with information about one of the workshops of Bukhara City. The author, on the basis of the work of the « Memories» of Sadridin Aini, and other published literature describes in detail the activities of the workshop, its manufactured products, difficult working conditions, low wages, hazardous working conditions, and how the workers made a fire in it and in this fire killed the owner of the workshop Sheikh Bobokhoja.

Key words: caster, bells, rings, gates, Bukhara.

Сведения об авторе: Гадоев Гозибек, старший преподаватель кафедры история таджиского народа Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail-ghazibek_g@mail. ru

Information about the author: Gadoev Ghozibek, senior lecturer, chair of history of the Tajik people, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

САХ,МИ АББОС АЛИЕВ ДАР РУШДИ НИЗОМИ МАОРИФИ ХАЛЦИ ТО^ИКИСТОН

Зарифов Н.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Аббос Алиев ходими намоёни давлатй, маорифпарвар, аввалин доктори илмх,ои таърих, профессор аз байни точикон буда, дар донишкадах,ои олии навташкили шах,рх,ои Тошканд, Сталинобод, Ленинобод, Самарканд, Фрунзе, Днепропетровск, инчунин дигар шах,рх,ои Осиёи Миёнаву Русия ба забонх,ои точикй, русй ва узбакй дарс гуфта, хдмчун олим ва омузгори пуртачриба дар тайёр намудани мутахасиссони дорои маълумоти олй аз байни халкдои Осиёи Миёна, махсусан точикон, х,иссаи сазовор гузоштааст.

Аз руи х,уччатх,ои расмй Аббос Алиев соли 1899 дар шах,ри Бухоро дар оилаи коргари одй - мардикор ба дунё омадааст. Фаъолияти инкилобии Аббос Алиев аз Когон, Чорчуй, Бухоро сар шудаааст. Масалан, соли 1916, хднгоме, ки дар Осиёи миёна ба мукобили сиёсати амирй ошуб бархост, у ба хдракати инкилобй пайваста, дар корх,ои пинх,онии инкилобй дар Чорчуй ширкат варзид. Аббос яке аз ташкилотчиёни Ч,умх,урии Халкии Шуравии Бухоро ба шумор меравад. Соли 1920 у дар муборизаи зидди сохти амирй дар Бухоро фаъолона иштирок мекунад [20, с. 295-296]. Баъди галабаи Инкилоби Бухоро Аббос Алиев якчанд сол дар вазифах,ои масъули х,избию маъмурй, аз чумла, рох,бари ташкилоти х,избии вилояти Чорчуй, котиби масъули Кумитаи иттифоки коммунистии чавонони Бухоро, мудири шуъбаи ташвику таргиби КМ Х,К Бухоро, муовини нозири маорифи Ч,умх,урии Халкии Шуравии Бухоро адои вазифа намуд. У муддате мухдррири рузномах,ои «Кутулуш» ва «Известия»-и Кумитаи Ичроияи Марказии Бухороро низ ба увда дошт.

Аббос Алиев душмани ашадии чараёнх,ои миллатгаро, аз чумла пантуркизм ва шовинизми бузургманиши узбакй буд. Чи тавре ба мо маълум аст, аз ибтидои солх,ои 20-уми асри ХХ фаъолияти ин чараёнх,о, ки асосан зидди фархднгу забон ва умуман хдстии точикон нигаронида шуда буданд, хеле пурзур мегардад. Мавдудкунй ва фишор

аз забони точикй OFOЗ гаpдид. Аз санаи 15-17-ми июни соли 1918 бо каpоpи Анчмани якуми ДК Тypкистон ва 14 июли соли 918 каpоpи КИМ Тypкистон забонхои тypкй (yзбакй, ^pFroñ) даp баpобаpи забони pyсй макоми давлатиpо гиpифтанд [б, с. 34-35]. 11-уми маpти соли 1921 бо каpоpи ШНХ ^ШХ Бyхоpо забони pасмй забони yзбакиpо эълон намуд [1б, с. 23]. Дамин тавp, забони точикй, ки хазоpсолахо забони коpгyзоpивy давлатй буд, бо фишоpи пантypкизм ва дастгиpии мутасаддиёни хизбиву давлатии шypавии Тypкистонy Бyхоpо, макоми давлатии хyдpо аз даст дод. Ин pаванд ба мактабу маоpиф низ бетаъсиp намонд. Даp pyзномавy мачалла ва хуччатхои бойгонй садхо эътиpозy шикоятхои маpдyм мавчуданд, ки гуфтахои болоpо тасдик мекунанд.

Масалан, даp маколаи "Точик ва маоpиф", ки аз таpафи як нафаp точики самаpкандй А.Палвонзода навишта шудааст, таъкид ёфтааст: "Баpодаpон ба худатон маълум аст, ки номи мо точикон аз аввали инкилоб то хол (таъсиси ЧМШС Точикистон 14.10.1924) яъне хафт сол даp ^МШС Тypкистон гум шуда буд. То даpачае мо хyдpо гум каpда будем, ки бачагони хyдpо бо забони yзбакй хонондем" [11, с. 2]. Инчунин маколахои Аминзода "Мактаб бо забони модаpй" [12, с. 4], Б.Вализода "Ба диккати маоpиф ва маданияти Точикистон" [13, с. 1], Рустой "Точиконpо чи тyp мефиpебанд" [14, с. 5], "Масъалаи забон даp мактаб" [11, с. 2] ва маколахои зиёди дигаp нашp шудаанд, ки даp онхо шикояти ошкоpои маpдyм аз тахсили фаpзандонашон даp мактабхои yзбакй ва фишоpи хyкyматдоpони yзбак садои эътиpоз меояд. Муаллифи маколаи "Мактаб бо забони модаpй" кайд мекунад, ки "Шахpи Хучанд ибоpат аз 10 китъа ва атpофаш ибоpат аз 7 кент мебошад, ки ^prô хама точиканд ва бо забони точикй хаpф мезананд. Кyдакон хам даp ^ча ва хам даp хона бо забони точикй хаpф мезананд, аммо даp мактаб бошад, онхоpо бо забони yзбакй даpс медиханд, ки аз он ^дакон чизе намефахманд" [12, с. 4].

Aламоваp он аст, ки даp узбакикунонии мактабхои точикй на танхо pохбаpони тypкнажоди ^МШС Тypкистон ва ^ШХ Бyхоpо, балки мансабдоpони баландпояи точик, ки ба пантypкизм гаpавида буданд, мусоидат намуданд. Ба ин ^TOp метавон Абдулло Рахимбоев, Aбдypаyфи Фитpат, Файзулло Хочаевpо дохил намуд. Масалан, Aбдypаyфи Фитpат, ки даp Тypкия таълим гиpифта ва аз соли 1921 нозиpи маоpифи ^ХШ Бyхоpо интихоб гаpдид, даp солхои pохбаpии y шyмоpаи мактабхои тypкй-узбакй аз хисоби мактабхои точикй хеле афзуданд [17, с. 321].

Тахсил даp тамоми мактабхои вилоятхои точикнишин, махсусан Самаpканд, Бyхоpо ва окpyги Хучанд мачбypан ба забони узбакй чоpй каpда шуд. Баp зидди узбакикунонии мактабхои точикй ва фишоpи хyкyматдоpони тypкгаpо соли 1922 даp шахpи Бyхоpо бо саpваpии Аббос Алиев шypиши халкй ташкил каpда шуд [10, с. 111]. Чалол И^омй, ки шохиди ин pyйдод буд, чунин афзудааст: «Даp ёд доpам, ки Аббос Алиев бо pафиконаш шypиш баpпо намуд. Дамаи мактабхо ва одамони гyзаpхоpо ба по хезонда, ба ^ча намоиш ташкил каpд. Максад хамин буд, ки мактабхои Бyхоpоpо точикй кунанд! Баъди ин ходиса кисми зиёди мактабхои шахpи Бyхоpо точикй каpда шуданд» [5, с. 39-40]. Аз гуфтахои Ч.И^омй маълум мегаpдад, ки шypиш хело калон будааст. Бо боваpй метавон гуфт, ки ин балвои Аббос Алиев баp зидди пантypкизм ва узбакикунонии мактабхои точикй саp задааст. Баъди ин вокеа мохи авгyст-сентябpи соли 1922 Аббос Aлиевpо ба Маскав, ба Донишгохи коммунистии Ш^к фиpистоданд, ки ин як навъ чазо баpои ташкили шypиш буд [10, с. 111-112]. Аббос Алиев даp маколаи худ «Масъалаи миллй даp Бyхоpо ва атpофи он» [1, с. 13-18] чунин савол мегyзоpад, «Сабаб чист, ки ахолии Бyхоpо узбек номида шудаанд?» Ба ин савол чунин посух медихад: «Сабаби дypyсте даp хусуси yзбек будани халки Бyхоpо табий нест, лекин ду бахона даp Бyхоpо шунида мешавад.

Бахонаи аввал. Чун Бyхоpо дохили Узбекистон аст, халки он бояд узбек бошанд. Забон, ypф ва одат хеч дахле надоpад.

Бахонаи дувум. Баъзехо калимаи точикpо аз pyи назаpияи динй мефахманд. Ба хаёлашон меpасад, ки точик - яъне шиа, суннй - яъне yзбек. Бисёp мухим аст, ки

идорачоти хукуматй, хатто шуъбаи маориф хам точикро шинохта ва факат шиахои Бухороро точик меноманд» [1, с. 13-18].

Барои чунин ошкорбаёнй ва бо часорат хифз карданаш аз манфиатхои миллй, Аббос Алиев ба бисёр шовинистони узбак маъкул набуд. Ин буд, ки махз хамин миллатгароён уро зери танкиду фишор карор дода буданд. Масалан, дар чое худи Аббос Алиев икрор мешавад, ки «Ин миллатчихо (узбакхо) барои он, ки ман фикрамро доири ин беинсофихо гуфтаам, матбуоти фиркаро олоти худ карда, харчи ба дахонашон омад, дар хакки ман навиштаанд...» [1, с. 13-18].

Солхои 1922-1923 Аббос Алиев дар Университети коммунистии мехнаткашони Шарки шахри Москва тахсил мекунад.

Сентябр-октябри соли 1924 дар таърихи халкхои Осиёи Миёна, аз чумла точикон, давраи нихоят мухим ва такдирсоз буд. Зеро дар ин давра таксимоти миллию марзй гузаронида шуд ва душманони халки точик талош бар он мекарданд, ки аз хисоби точикон чумхурии алохидае таъсис наёбад. Кор то чое расида буд, ки пантуркистон точиконро хамчун миллат эътироф намекарданд.

Дар чунин вазъияти мушкил Аббос Алиев дар катори Нусратулло Махсум, Шириншох Шохтемур, Чинор Имомов ва дигар фарзандони баруманди халки точик талош бар он мекард, ки дар рафти ин таксимот хукукхои точикон хамчун кухантарин сокинони Осиёи Миёна поймол нагардад.

Пас аз ташкили Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон дар хайати ЧШС Узбекистон (14 октябри с. 1924) ва ташкили Нозироти маориф (Наркомпрос) 14 декабри соли 1924, Аббос Алиев аввалин нозири маорифи халк таъин гардид [7, с. 31].

Аббос Алиев кушишхои зиёдеро барои ташкили низоми шуравии идоракунии маориф ба харч дод. Дар ин самт тайи солхои 1924-1927 фаъолияти у бо кушодани нахустин мактабхои шуравй ва тарбияи аввалин муаллимони ин мактабхо огоз ёфт ва дар ин давра барои ба вучуд овардани низоми нави тахсилот дар Точикистон кадамхои чиддй гузошта шуд. У, бархак, яке аз муассисони маорифи халк дар кишварамон буд. Дар аввалин фармони нозири маорифи чумхурии навтаъсис Аббос Алиев аз 11-уми феврали соли 1925 гуфта мешуд: «Дар хамаи муассисахо ва мактабхои шуъбаи маорифи халки Бухорои Шаркй, ки ба ихтиёри Комиссариати маорифи халки Ч,МШС Точикистон гузаштанд, таълим ба забони точикй чараён мегирад» [21, с. 92]. Ин фармон ахамияти бузурги сиёсй дошт, зеро ба мехнаткашони точик имкон дод, ки манфиатхои миллиашонро дар амал татбик намоянд, на танхо мактабхои шуравй, балки дигар сохахои маданияти худро бо забони точикй инкишоф диханд. Истиклоли забони точикй ба майлхои шовинистй, ки ба манфиатхои точикон зарари калон оварда буд, зарбаи шадиде буд.

Махз, бо ташаббуси Аббос Алиев Анчумани якуми муассисони умумиточикистонии шурохо 12-уми декабри соли 1926 Декларатсия дар бораи таълими умумии ройгонро кабул намуд. Мувофики ин хуччати таърихй бори аввал дар таърихи Точикистон барои тамоми табакахои чомеа таълими бепул чорй гардид [15, с. 3].

Дар ташкили аввалин мактабхои махви бесаводй, мактабхои шуравии точик ва муассисхои томактабй, инчунин аввалин техникумхои педагогй ва муассисахои маданй - равшаннамой дар Ч,МШС Точикистон А. Алиев сахми арзандае дошт. У инчунин дар ташкилу мустахкам кардани макомоти махаллии маориф, аз дигар чумхурихо даъват кардани омузгорон, омода сохтани нахустин китобхои дарсй бо забони точикй хиссаи калон гузоштааст.

Фаъолияти Аббос Алиев хамчун аввалин комиссари маорифи Ч,МШС Точикистон аз доираи мактабу маориф низ берун мебаромад. У дар ташкили органхои матбуот бо забони точикй фаъолона иштирок карда, аввалин мухаррири рузномаи «Бедории точик» ва мачаллаи «Дониш ва омузгор» буд. Ташкили маркази нашриёти чумхуриявй соли 1925, тарчумаи китобхои дарсй бо забони точикй, барномахои мактабй ва дигар

чорабинихои мухим доир ба маорифи халк бо иштироки бевоситаи Аббос Алиев сурат гирифтаанд [10, с. 139].

Яке аз муваффакиятхои сохаи маорифи Точикистон ба мактабхои шуравй чалб намудани мардум ва бо кувваи худи ахолй сохтани бинохои нави мактабй буд. Зеро Нозироти маориф дар ибтидо имконияти сохтмони хамаи бинохои таълимиро надошт. Комиссариати маориф соли 1926 чорабинихои хеле мухим-духафтагй ва якмохаи маорифи халкро гузаронд, ки дар натича дар вилоятхои Дисор, Кулоб, Еарм ва Кургонтеппа бо кувваи худи ахолй 120 бинои нави мактабхо сохта, ба истифода дода шуданд [8, с. 4].

Муваффакиятхои сохди маорифро дар солхои рохбарии Аббос Алиев чунин далелхо шаходат медиханд: дар солхои хониши 1924/1925 дар мактабхои шуравй 904 нафар, 1925/1926- 2343 ва соли тахсили 1926/1927 5024 нафар хонандагон ба тахсил фаро гирифта шуданд. Шумораи мактабхо соли тахсили 1926/1927 90 ва соли тахсили 1927/1928 ба 271 расонида шуданд [18, с. 10]. Бояд кайд намоем, ки то ташкилёбии Ч,МШС Точикистон мактабхои шуравй дар каламрави чумхурй хамагй 31ададро ташкил медоданд ва онхо ба таври лозимй фаъолият намекарданд.

Аббос Алиев дар мачлису чамомадхо часурона масъалаи инкишофи маорифи халкро ба миён мегузошт. Аббос Алиев солхои 1927-1931 дар Институти профессураи сурх тахсил карда, донишхои амики илмию назариявй мегирад ва дар фаъолияти минбаъдаи омузгориаш онхоро дар амал татбик менамояд. Солхои 1931-1949 дар мактабхои олии Тошканду Сталинобод ва Ленинобод дарс гуфта, дар тайёр намудани муаллимони сохибихтисос корхои зиёдеро ба сомон расондааст. Соли 1947 Аббос Алиев рисолаи доктории худро хифз намуда, хамин тарик у аввалин доктори илм ва профессор аз байни точикон хисоб мешавад.

Чи тавре устоди ДДОТ ба номи С. Айнй М. Шергозиев кайд мекунад: «Аббос Алиев дар солхои Ч,БВ дар Институти давлатии шахри Сталинобод (айни хол ДДОТ ба номи С. Айнй) вазифаи мудири кафедраи таърихи Шарки Кадим ва халкхои СССР, декани факултети таърихро ба ухда дошт ва ба забонхои точикй, узбакй ва русй ба донишчуён дарс мегуфт» [19, с. 10]. Аббос Алиев на танхо омузгор, балки хамчун муаррихи барчаста дар миёни чамъият обру ва нуфузи баланд дошт. Ба калами у 29 асари илмй доир ба таърихи точикон ва дигар халкхои Осиёи Миёна аз чумла «Таърихи Шарки кадим» (1933), «Таърихи халкхои Осиёи миёна» (1936), «Октябри аъзам ва бедории шуури инкилобии халкхои Бухоро» (1958) ва гайра мансубанд [15, с. 3]. Илова бар ин, Аббос Алиев зиёда аз 60 асари асосгузорони марксизм-ленинизмро ба забони точикй тарчума намудааст. Аббос донандаи якчанд забони хоричй буд. Танхо бо 5 забон макола ва асархои илмиашро навишта нашр намудааст. Мутаассифона, аз асархои таълифнамудаи у то замони мо кариб чизе бокй намондааст.

Шаркшиноси машхури рус В.В. Струве ба кобилияти забондонй ва олимии у бахои баланд дода, чунин менависад: «Профессор Аббос Алиевро ман аз соли 1919 мешиносам. У дар тахкики тарчумаи хатти кадимаи оромй иштирок мекард ва аз фанни «Таърихи мамлакатхои Шарки Кадим» дарс мегуфт» [19, с. 10]. Устод Бокй Рахимзода бошад дар бораи шахсияти А. Алиев чунин менависад: «Ман он солхои шурангезро нагз ёд дорам... У марди фозил, андак тезмизоч ва одами хакчу менамуд. Абёти шоирони гузаштаро наку медонист ва аз шоирони шурой Лохутиро писандида, газалиёт ва достонхояшро аз ёд медонист» [2, с. 2].

Барои хизматхои шоёнаш Аббос Алиев аз тарафи хукумати Шуравй бо ордени Ситораи тиллоии КИМ Ч,ХШБ (соли 1922) ва бо ифтихорномахои фахрии Ч,ШС Точикистон ва дигар чумхурихои ОМ мукофотонида шудааст. Аббос Алиев 16-уми январи соли 1958 дар шахри Алмаато хангоми сухан карданаш дар мачлиси олимон ногахон вафот мекунад [9]. Хдёту фаъолияти ин марди фурутан ва бузургвор мактаби ибрат аст барои насли чавон.

Адабиёт:

1. Алиев А. Масъалаи миллй дар Бухоро ва атрофи он // Рохбари дониш. - 1928. - № 11-12. -С. 13-18.

2. Бокй Рахимзода. Нахуствазир // Маориф ва Маданият. - 1977. - 30 июн.

3. Гулмуродзода П. Забон ва худшиносии миллй (мачмуаи маколахо). Китоби якум. -Душанбе, 2007.

4. Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1924-1941гг. Сб. документов, Т. 1.-Душанбе, 1966.

5. Икромй Ч,. Он чй аз сар гузашт // Садои Шарк. - Душанбе, 2006. - № 3. - С. 39-40.

6. Культурное строительство в Туркестанской АССР. 1917-1924. - Сб. документов, Т. 1. Ташкент, 1973.

7. Каширина Т. В. Народное образование в Таджикистане в 1924-1932 гг. (Источниковедческий анализ документальных материалов). - Душанбе, 1986.

8. Крюков Г. Т. Общеобразовательная школа Таджикской ССР. - Душанбе: Ирфон, 1969.

9. Нурбахши Чахонгир. Нахустин вазири маорифи Точикистон [Захираи электронй]. - URL: http:adab.tj / 2013 / 04

10. Мухаммадчон Шакурй. Фитнаи инкилоб дар Бухоро. Аббос Алиев. - Душанбе: Шучоиён, 2010.

11. Овози точик. - 1924. - № 14. - 14 декабр.

12. Овози точик. - 1925. - № 2. - 14 июл.

13. Овози точик. - 1925. - № 42. - 17 август.

14. Овози точик. - 1925. - № 74. - 20 декабр.

15. Салох С. Номбардори равшандил // Маориф ва Маданият. - 1975. - 18 январ.

16. Убайдуллоев Н. Тахаввулоти сиёсии солхои 1917-1924 ва дигаргунихо дар сохаи маориф // Фарханг. - 2010. - № 3-4.

17. Х,отамов Н. Таърихи халки точик. - Душанбе, 2007.

18. Шукуров М. Р. Об историческом опыте ликвидации неграмотности в Таджикистане. В книг. Из истории культурного строительства в Таджикистане ( сборник статей) Выпуск III. - Душанбе, 1972.

19. Шергозиев М. Аббос Алиев // Омузгор. - 2009. - 19 июн.

20. Энсиклопедияи миллии точик. Ч. 1. - Душанбе, 2011.

21. ЦГА РТ, Ф.9, оп. 1, д. 1, л. 92. (Первый приказ Наркомпроса ТАССР от 11.02.1925 г.)

ВКЛАД АББОСА АЛИЕВА В РАЗВИТИЕ СИСТЕМЫ НАРОДНОГО ОБРАЗОВАНИЯ ТАДЖИКИСТАНА

В статье рассматривается вклад комиссара наркома просвещения Таджикской АССР Аббоса Алиева в развитие народного образование республики. Автор, ссылаясь на материалы периодической печати и научные литературы, освещает автобиографию и трудовой деятельности Аббоса Алиева.

Ключевые слова: Таджикской АССР, просвещения, культура, ликвидация безграмотности, обучение, институт.

CONTRIBUTION TO THE DEVELOPMENT OF ABBOS ALIYEV PUBLIC EDUCATION SYSTEM IN TAJIKISTAN This article discusses the contribution of Commissar of Education Commissioner TSSR Abbos Aliyev in the development of public education of the republic. The author, referring to materials periodicals and scientific literature, autobiography and covers employment Abbos Aliyev. Key words: Tajik ASSR, education, culture, literacy programs, training institute.

Сведения об авторе: Зарифов Насимджон, аспирант кафедры история таджикского народа Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, е-mail: maorif_24@mail.ru

Information about the author: Zarifov Nasimjon, the post-graduate student of chair history of the Tajik people, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.