Научная статья на тему 'MEANING OF THE FIRST TAJIK PRESS IN THE DEVELOPMENT OF THE JOURNAL "RAHBAR DONISH"'

MEANING OF THE FIRST TAJIK PRESS IN THE DEVELOPMENT OF THE JOURNAL "RAHBAR DONISH" Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
58
9
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПРЕССА / ОКТЯБРЬСКАЯ РЕВОЛЮЦИЯ / СТАТЬИ / ПЕРЕПИСКА / ЛИТЕРАТОРЫ И ПУБЛИЦИСТЫ / КУЛЬТУРА / ЛИБЕРАЛЬНЫЕ ИДЕИ / ШКОЛА И ОБРАЗОВАНИЕ

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Андамов Хуршед

В этой статье рассматриваются вопросы, связанные с печатью первого журнала "Рахбари дониш", который начал печаться на заре национальной прессы начала 20 века. Основной целью данной статьи является освещение истории таджикской прессы, в частности, журнала “Рахбари дониш”.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

РОЛЬ ТАДЖИКСКОЙ ПЕЧАТИ В РАЗВИТИИ ЖУРНАЛА "РАХБАРИ ДОНИШ"

This article covers the basics of the origin and formation of the journal "Rahbari Donish", which starts at the beginning of the national press in the early 20th century. The main purpose of this article is to understand the history of the Tajik press, in particular, the journal "Rahbari Donish."

Текст научной работы на тему «MEANING OF THE FIRST TAJIK PRESS IN THE DEVELOPMENT OF THE JOURNAL "RAHBAR DONISH"»

STAGES OF TELEVISION DEVELOPMENT AT THE PERIOD OF INDEPENDENCE IN THE

REPUBLIC OF TAJIKISTAN The article devoted to the problems of Tajik TV development. Author, analyzing the history of TV development, emphasizes the independent ages. Author comes to the conclusion that the process of TV formation in country needs to be divided into 4 stages, each of which had positive influence on interactive TV development in country.

Keywords: television, interactive, journalist, stages of development, model.

Сведения об авторе: Умарова Гавхдр, кандидат филологических наук, доцент Таджикского государственного института искусства имени М. Турсун-заде, e-mail: [email protected]

About author: Umarova Gavhar, PhD of philology, Associate Professor, State Institute of Arts of Tajikistan namen's after Mirzo Tursunzoda, e-mail: [email protected]

А^АМИЯТИ ТАЪСИСИ НАХУСТИН МАТБУОТИ ТО^ИК ДАР ТАШАККУЛИ

МАЧДЛЛАИ "РА^БАРИ ДОНИШ"

Андамов Х.

Донишгоуи миллии Тоцикистон

Таърихи инсоният собит кардааст, ки пайдоиши матбуот ва рушди он, ба хусус нашрияву мачаллахо ба давроне рост омадааст, ки бедории фикрй авч гирифта ва ин амр, омили он шудааст, ки мардум рози дил ва мушкилотеро, ки доштанд, хатман аз тарики минбаре баён кунанд. Зеро дар хама давру замон маънавиёт хамкадами мардум будааст ва ин амр дар охири асри 19 ва аввали асри 20 чомеаи равшанфикри Осиёи Марказиро барои ба майдон овардани нашрияву мачаллахо ва адабиёту мачмуъахои илмй ва бадей бештар такон додааст. Мухаккикону муаррихони точик бар таквияти ин фикр таъкид мекунанд, "...зухури нашру табъ, матбуот, бахусус фарханги рузноманигорй хоси замони рушангарй, даврони ба Дунёи Нав ворид шудани Шарки мусулмонй, аз чумла Осиёи Марказй, замони дар чомеа бедор шудани афкори тахлилй ва назар ба ахволи худ, яъне худшинохтагй будааст." [1, с. 5].

Як нукта мусаллам ва кобили зикр аст, ки офарандагони публитсистикаи то солхои 50-уми асри гузашта, рузноманигорони касбй (ба фахмиши томи имрузаи ин тахассус) набуданд, балки шоиру нависандагон, ахли адабу фарханг ва маорифпарварон ба шумор мерафтанд. Инро мутолиаи таърихи нашри рузномаву мачаллахо, мубтакирону муассисон ва хайати эчодии он собит месозад. Ба таври дигар гуем публитсистикаи то нимаи солхои 50-уми садаи 20 ба шарофати устодони сухан арзи хастй кардааст. Аз ин ру хангоми ру овардан ба таърихи пайдоиши нашрияхои форсизабон ва нигохе ба фаъолияти адибон ва масоили адабии хамон давра, ба маънии аз мавзуъ канор рафтанро надорад. Чун назаре ба осори гаронмояи устодон Садриддин Айнй ва Абулкосими Лохутй дар ибтидои солхои 20-и асри ХХ кофист, ки робитаи зич ва пайвастагии адабиёти бадей ва публитсистика бештар намоён гардад.

Хатто донишманд ва мухаккики таърихи матбуоти точик - Пайванди Гулмуродзода дар китоби "Публитсистика и время" менигорад, ки аввалин ишорахоро доир ба нашри матбуоти точик дар китоби устод Садриддини Айнй - "Таърихи Инкилоби Бухоро" (с. 1920) дидан мумкин аст. Зеро устод Садриддин Айнй таърихи нашрияхоро муштарак бо вокеахои инкилобй баррасй намуда, арзиши аввалин нашрияхои точикии то инкилобй, ба монанди, "Бухорои Шариф", "Самарканд", "Оина" ва гайраро нишон додааст. Инчунин устод Садриддини Айнй дар китоби худ "Намунахои адабиёти точик" (чопи Москав, с.1926) матбуоти даврии точикро яке аз сарчашмахои омузиши адабиёти точик арзёбй мекунад ва барои такрияти суханони худ чанд намунаро аз эчодиёти шоиру нависандагони давр, ки дар ин нашрияхо руи чоп омадааст, далел меорад.

Албатта равшан аст, ки пайдоиши матбуоти точик дар Осиёи Миёна аз соли 1912 шуруъ шудааст ва руи чоп омадани "Бухорои шариф", дар таърихи 11-уми марти хамин сол ба унвони нахустин рузномаи точикй бидуни бахс аст. Яке аз асосгузорони "Бухорои шариф" Мирзомухиддин, падари яке аз муборизони ташкили чумхурии Точикистон Абдукодир Мухиддинов буд. Аз соли 11 март ба унвони иди матбуоти точик ва бо хузури макомоти давлатй ва ахли фархангу калам ба таври бошукух тачлил мешавад. Сарчашмахо хокист, ки пас аз Инкилоби Октябр мухити нисбатан озод барои ривоч додани матбуоти миллй пайдо шуда аз адибону публитсистон захмату талоши фаровонеро талаб мекард. Хатто дар ин давра бисёре аз

масъалахои мухими олами фархангу адаби миллати точик халлу фасл мегардид. Пас аз Инкилоби Октябр ташаккули матбуоти Туркистону Бухоро ва точикй дар шароите сурат гирифт, ки дар мамлакат хднуз чанги шахрвандй идома дошт. Ин аз як су ва аз тарафи дигар омили кам будани одамони саводнок, ки дар матбуот кор кунанд, монеи ташаккули матбуот мегардид. Аммо ба ин нигох накарда, шахсиятхои сарсупурдаи миллати точик бо хар роху васила тавонистанд, нашри рузномаву мачаллахоро ба рох монанд ва аз ин тарик таърихи матбуоти точикро пургановат созанд. Дар хамин шароит бо ташаббуси шyъбаи форсиии хукумати Туркистон, ки онро Саидризо Ализода рахбарй мекард, 3 - юми марти соли 1919 аввалин хафтаномаи точикй - "Шyълаи инкилоб" ташкил шуд. Он органи комитети вилоятии хизби болшевикии Самарканд ба шумор мерафт. Ин чарида аз 10-уми апрели соли 1919 то 8-уми декабри соли 1921 хамагй 91 шумора чоп шудааст. Хафтанома бо хуруфи арабй дар хачми 8 сахифа нашр мегардид. "Шyълаи инкилоб" аввалин нашрияе буд, ки бо забони точикй максаду мароми хукумати шyравиро таблиг мекард. Мухакики таърихи матбуоти точик Пайванди Гулмуродзода дар ин бора чунин навиштааст, «...аз як тарафи дигар дар назди публитсистони точик вазифаи фахмонидани хадафу вазифа ва сдасати пешгирифтаи Хукумати Ш^равй ба мардуми Шарк меистод. Бо шохидии Х. Ирфон аз чахор як кисми теъдоди хафтаномаи «Шyълаи инкилоб», дигар рyзномахои точикй ва мачаллаи «Рахбари дониш» дар Афгонистон, Эрон, Хинд ва Чин пахн карда мешуданд» [2].

Мухаккикони точик низ заминахои таъсиси матбуоти Осдаи Миëнаро ба матбуоти замони инкилоб марбут медонанд. Иброхим Усмонов ва Давлат Даврон - мухаккикиони точик низ бар ин назаранд, ки "таърих чунон сохта шудааст, ки хар сохт барои татбики идеологияи худ талош мекунад ва давлати навбушди шурохо аз ин орй набуд. Аз ин нигох он

дар назди халкхои Шарк вазифа мегузошт, ки агар ба болшевикони рус рахна кардани империализми кухна, ба зиммаи худ гирифтани вазифаи нихоятдарача вазнин, вале нихоятдарача пуршарафи кушодани роххои нави инкилоб муяссар шуда бошад, дар назди шумо, намояндагони оммахои мехнаткашони Шарк, вазифаи боз хам бузургтар ва боз хам навтаре меистад. Мохияти ин вазифа ... таълимоти хакики коммунистиро, ки барои коммунистони мамлакатхои пешкадам пешбинй карда шудааст, ба забони хар халк, тарчума кардан, вазифахои амалиеро, ки фавран ба чо овардан, лозим аст, ..." [3, с. 70 - 7S ].

Ин аст, ки ба навиштаи ин мухаккикон дар як муддати кутох нашрдати "Шарк" таъсис шуд ва вазифаи ин нашрдат аз он иборат буд, ки бо забонхои миллй рузнома, мачалла, китоб, брошюрахои чамъиятй ва илмй чоп карда то ташкилшавии матбуот ва нашрдати миллии чумхурихо дар кори таргибу ташфикот мусоидат намояд.

Бо ин хам, мухаккикони матбуот бар ин боваранд, ки замони Инкилоби Октябр даврае гардид, ки барои ба вучуд овардани системаи муназзами васоити ахбори омма заминаро фарохам созад, вале ин замина барои халки точик дар замони нихоят душвор ва дар шароити авчгирии муборизаи зидди точикй, дар давраи болоравии худшиносии миллии мардуми туркзабон, ки олудаи шовинизми туркй буд муяссар шуд.

Аммо аз рузхои аввали таъсисëбй мачаллаи «Шуьляи инкилоб» аз чихати тачхизоти техникй танкисй мекашид. Pyзноманигорони асил низ намерасиданд. Аз ин сабаб баъди шумораи 22 чопи нашрия мутаваккиф гардид. Аммо пас аз таваккуфи думоха бо дастгирии як гурух ашхоси алокаманд шумораи навбатии «Шуълаи инкилоб» аз чоп баромад. Ба хайси ходимони асосиву доимии мачаллаи «Шуълаи инкилоб», Садриддин Айнй, Саидризо Ализода (сармухаррир), Хочй Муин ва дигаронро зикр кардан чоиз аст. Бояд гуфт, ки дар шумораи каблан зикршудаи мачалла, маколаи «Танвири Афкор» - и Садриддин Айнй бо имзои «Син - Мим» дарч гардидааст. Устод Айнй маколахои хешро дар мачаллаи «Шуьляи инкилоб» бо имзохои мухталиф интишор мекард. Дар ин бора худи устод Айнй навиштаанд, ки «Маколахои ман дар мачаллаи «шуьляи инкилоб» аз шумораи 23 (соли 1919, 7 декабр) сар мешавад. Бештарин бо имзои «Син-Мим» (азбаски номи падарам Саидмурод буд, аз унвони Саидмурдзода, ду харфи мустаор гирифта шуда буд) ва гохо бо имзои «Коф - Син», гохо бо имзои мустаори «Син - Хо», «Син», «Хо», «Син - Коф», «Сод - Айн» ва хам бо имзои «Сод - Айнй» то баста шудани мачалла, яъне то шумораи 91 (8 декабри соли 1921) ду соли пурра давом кардааст. Бо имзои «Коф - Алиф» хам баъзе маколахои ман чоп шудааст ва як маколае, ки бо ин имзо чоп шудааст, «Инкилоби ^табр ва олами Шарк» сарлавха дорад (дар шумораи 55)» [4, с. 379 - 381].

"Шуълаи инкилоб" баъд аз Инкилоби Октябр аввалин нашрия аст, ки дар забони точикй баромада аст. Харчанд забонаш албатта аз забони нашрияхои имрузй фарк дошта, аммо барои точикон сахтй мекард.

Аммо рузномаи «Овози точик» аз 25 августи соли 1924 то соли 1930 дар Самарканд нашр шуда, ки баъдан бо номи «Хакикати Узбекистон" руи чоп омад. Аммо холо ин нашрия бо номи пештарааш «Овози точик» дар Тошканд чоп мешавад. Ин рузнома накши калидй ва мехварй дар тарбияи ахли здадани нав - шоирону нависандагон ва забоншиносони точик, назири Садриддин Айнй, Абулкосим Лохутй, Пайрав Сулаймонй, Туракул Зехнй, А. Курбй, М. Сарвар, Н. Шерзода, О. Исматй, М. Аминзода, Абдусалом Дехотй, Бахриддин Азизй, Pахим Хошим, Сухайли Чдвхаризода, Мунзим, Нарзулло Бектош, К. Бахлулзода, Сотим УлyFЗOда, Ш. Хусейнзода ва дигарон гузоштааст. Ин рyзнома органи ташкилоти вилоятии хизби коммунистии Туркистон буда, 25 августи соли 1924, дар хачми чор сахифа бо теъдоди 2000 нусха дар шахри Самарканд нашр шуд.

Фаъолияти рyзноманигории устод Айнй дар рyзномаи «Овози точик» низ хеле бехамтост. Дар рyзномаи ëдшyда зиëда аз 20 маколаву такриз ва мактуби y дарч шудааст. Дар шумораи нахусти ин рyзнома маколаи Айнй тахти унвони «Кавми точик ва рyзнома» мунташир гаштааст, ки чолиби диккат аст. Эхëи чунин рyзномаи сирф точикй дар он давру замон як падидаи хубе буд ва онро мардуми точик хеле хуш истикбол намуданд, «Pyзномаи хар кавм ва миллат забони эшон аст. Хар кавме, ки рyзнома надорад, гyë ки забон надорад. Яъне кавми бе рyзнома мисли одами безабон аст» [4, с. 1 ].

Хамчунин дар шумораи аввалини нашрияи "Овози точик" маколахои Саидризо Ализода: "Дебоча ва маром", М. Pахимй: "Kyхистониëн ва маориф" ва амсоли инхо дарч гардидаанд. "Овози точик" дар як муддати кутох тавонист гурухи калони адибону публитсистонро дар атрофи худ чамъ созад. Аз рузхои аввал бо ин нашрия адибону шахсиятхои шинохта ба монанди Пайрав Сулаймонй, Сухайлй Чдвхаризода, Бобочон Fафyров, Бахлулзода, Б. Азизй. Pахим Хошим, Туракул Зехнй ва дигарон хамкорй карданд. Накши рyзнома дар хаëти ичтимой, сдасй ва маънавии халки точик, дар баланд бардоштани илму маданияти точикони Узбакистон бузург аст. Масоили мактаб ва маорифи миллии точик аз мавзyъхои асосии чарида махсуб мешуд. Масалан, дар як зумра маколахои Саидризо Ализода ва устод Садриддин Айнй масоили марбут ба таъсиси мактабхои точикй, проблемахои ба мактаб чалб кардани чавонон, нашри китобхои дарсй, тарбияи муаллимон ва Fайра ба калам дода шудаанд. Мухаккикони таърихи матбуоти точик аз Саидризо Ализодаро шахси равшанфикр, маорифпарвар, сохибкаламу сохибнашрия, публитсисту мутарчим ва абармарди давр хондаанд. Донишманд ва таърихшиноси точик Зариф Pачабов ба маорифпарвару равшанфикри замон ва хамчунин сохибнашрия будани Сайидризо Ализода арч гузоштааст. Пайванди Гулмуродзода, донишманд ва мухаккики таърихи матбуоти точик низ Сайидризо Ализодаро яке аз он равшанфикрону тачаддудхохон ва бушдгузорони матбуъоти точик дар OFOЗи садаи 20 унвон кардааст. Аммо Мурод Муродов, мухаккики матбуоти точик бар ин назар аст, ки " Саидризо Ализода ба унвони равшанфикру маорифпарвари OFOЗи садаи XX дар инкишофи илму маориф ва фарханги муосири точик самимонаву дилсузона хидмат кардааст" [5, с. S7 - 61]. Аз назари ин мухаккики точик, "публитсистикаи С. Ализода, аслан, масъалахои ба иборае дOFи рузро фаро гирифта, дорои мазмуни баланд, забону услуби соддаву равон ва чолибу таъсиррасон мебошанд. Новобаста ба он ки нигоштахои у кадом мавзуъро дар бар мегиранд, дар онхо, оханги даъвати хаммиллатону хамзабонон ба Fайратy хаммат, дурй аз танбаливу тангпарастй, чахолату нодонй ва кушиш барои равнаки илму маориф бараъло эхсос мешавад" [5, с. 57 - 61].

Баъд аз таксимоти худуди миллй, соли 1924, Ч,умхурии Точикистон дар худуди Узбекистон ташкил ëфт. Ба хотири халли масоили иктисодй ва ичтимой дар ривочи маорифу маданият ва тарFиби FOяхои хизби коммунистй хамчун аслихаи тавоно барои рушди матбуот диккати махсус дода мешуд. Ин сабаб гашт, ки 11-уми апрели соли 1925 дар бораи ба шахри Душанбе кучонидани матбааи Самарканд карор кабул карда шавад. Дар ин хангом нашрияхои точикии " Бедории точик" ва "Овози точик" чоп шуданд. Гуфтан чоиз аст, ки накши рyзномаи «Овози точик» барои баланд бардоштани илму маданият, алалхусус худшиносии миллй дар хаëти ичтимоию сдасй ва маънавии мардуми точик хеле бузург аст. Дар солхои бистум «Овози точик» ба маркази куввахои сдасй ва мадании миллати точик табдил ëфт. Pyзномаи мазкур ба мухимтарин масоили хаëти ичтимоиву сиëсй ва чамъиятии кишвар дахл менамуд. Аз чумла рузнома ба масъалаи таксимоти худудию миллй бетафовут набуда, балки дар тамоми муддати мавчудияташ ба ин мавзуъ таваччУх зохир кардааст. Хайати эчодии рyзнома дар ин масъала мавкеи устувори точикпарастй ва зиддитуркй доштанд. Яке аз мавзyхои умдаи рyзнома масоили мактаб ва маорифи миллии точик ба шумор мерафт. Дар ин бора, силсиламаколахои устод Айнй ва масъалахои ба мактаб чалб намудани чавонон, таъсиси мактаби точикй, нашри китобхои дарсй

ва тадриси муаллимон, мавкеи муxим дорад. Бояд таъкид кард, ки рyзномаи «Овози точик» чун модари матбуоти точик шинохта шудааст. Зеро аз рузи нахусти таъсис, рyзнома бо забони нави точикй интишор мешавад. Fайр аз ин, рузномаи мазкур адибону рузноманигорони здедеро тарбия намуда, ба таъсиси як катор рузномаву мачаллаxои дигари точикй замина гузошт. Инчунин дар заминаи рузномаи «Овози точик», мачаллаи xачвии «Мулло Мушфикй» ба нашр OFOЗ кард, ки устод Садриддин Айнй ва Саидризо Ализода ба xайси котиби масъул дар он ифои вазифа мекарданд. "Мулло Мушфикй" мачаллаи xачвй буд ва шумораи аввалини он 27-уми сентябри соли 1926 дар xачми В саxифаи мусаввар ба табъ расидааст. Мачаллаи «Мулло Мушфикй» на тащо дар ташаккулу пешрафти жанри xачв, балки дар бартараф намудани камбудщои чомеа низ накши босазо гузоштааст. Зеро ба воситаи танз ин мачалла мушкилоти даврро ба чолиш мекашид ва барои пайдо кардани роxи xалли он садо баланд мекард.

Аммо нахустин рyзномаи xукуматй, ин "Бедории точик" аст, ки 15-уми марти соли 1925, аввал бо номи "Иди точик" ба микдори 1000 нусха аз чоп баромад. Аз аввали моxи апрел (В апрели 1925) нашрия зери таxрири нозири маорифи Точикистон - Аббос Алиев нашр мешуд. Pyзнома xамачониба бо талошxои здад барои озодии сиëсй ва ичтимой мубориза мебурд. Нашрияи «Иди точик» ба муносибати таъсиси Ч,умxурии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон (PСС Точикистон) дар шаxри Душанбе руи чоп омад, ки органи он - Бюрои Марказии Хизби Коммунистии (болшевикй) Узбекистон дар Точикистон буд. Ин нашрия албатта бо забони точикй чоп мешуд. Бо он ки шумораи аввалини газетаи «Иди точик» зери назару таxрири олим ва ходими давлатй — Аббос Алиев, нашр шудааст, аммо то кунун шумораи аввали ин нашрия дастрас нест. Нашрия минбаъд, аз В октябри соли 192В сар карда бо номи «Точикистони сурх» мунташир шуд ва дар ин рузнома беxтарин равшанфикрони давр, ба хусус Аббос Алиев, Алй Исмоилзода, Абулкосим Лоxутй, Саидбокир Косимов, Маxдй Тамосов, Косим Дайламй, Кулй Обидов, И. Баxромй, Муxаммади Мусавй ва дигарон кору фаъолият ва xамкорй доштанд. «Точикистони сурх» дар 1 январи соли 1955 табдили ном кард ва бо номи «Точикистони советй» мунташир шуд ва бо чунин ном то соли 1991 ба табъ расид ва xамакнун беш аз 24 сол аст, ки номи «Ч,умxурият» - ро дорад. Сармуxарирони ин рузнома дар тули солxо -Косимов, Абулкосим ЛоxУтй, Таxмасов, Аминчон Шук^й, Самад Fанй, Ашур Шалимов, Fоиб Каландаров, Ибод Файзуллоев, Нур Табаров, Шодй Саидов, Мазxабшо Муxаббатшоев, Шоxмузаффар Ёдгорй, Субxон Кошонов, Камол Абдураxимов ва Муxаммад Fоиб буданд. Албатта дар тули фаъолият, ин рузнома бештар ба ташвику тарFиби FOяxои xизби коммунист пардохт ва аз соли 1991 то кунун xамчун минбари Хукумати Точикистон маъруф аст. Дар канори тарFиби идея ва FOяxои xизби коммунист то соли 1990, нашрия барои худшиносии миллй ва расидан ба истиклолияти Точикистон саxми босазое гузоштааст. Хамзамон бо газетаи точикии «Точикистони советй» («Ч,умxурият») ба забони узбекй - «Кизил Таджикистан» ва ба забони русй - «Советский Таджикистан» низ чоп шуданд, ки xамакнун аввали бо номи «Халк Овозй» ва дуввуми «Народная газета», xамчун органи xукумати Точикистон нашр мешаванд.

Ба ин тартиб нахустин матбуоти точикй шуруъ аз рузномаи "Бухорои Шариф" то нашрияxои "Шуълаи инкилоб", "Овози точик" - "Бедории точик" ва Fайра заминаро барои таъсиси мачаллаи Pаxбари дониш" фароxам оварданд. Зеро ба надешаи муxаккион маxз пас аз Инкилоби Октябр муxити нисбатан озод барои ривоч додани матбуоти миллй пайдо шуда аз адибону публитсистон заxмату талоши фаровонеро талаб мекард. Хатто дар ин давра бисëре аз масъалаxои муxими олами фарxангу адаби миллати точик xаллу фасл мегардид. Нахустин шумораи мачаллаи "Pаxбари дониш" бо номи «Дониш Биниш" моxи августи соли 1927, xамчун мачаллаи илмй - адабй дар Самарканд аз чоп баромад. Шиори мачалла "Хамаи ранчбарони чаxон ба xам пайвандед!" унвон гирифта буд. Назорати маорифи Точикистон органи мачалла буда, дар чопхонаи "Овози точик" бо 42 сахифа ва бо тирожи 1, 5 xазор нашр шуд. Хайати таxририяи мачалла - Муxаммад Мусавй, Муxамадчон Хасанй, Нарзулло Бектош, УЙFур ва Чдбборй будаанд. Аммо чун дар солxои 20 - уми асри гузашта кисми зиëди мураббй ва муаллимон дар ихтисоси худ соxибтачриба набуда, табакаи чавон афкор ва xаëти ондавраро дарк накарда ва забону адаб мутобик ба шароити замон, ки набуд, мачаллаи "Pаxбари дониш" xадафи худро рафъи камбудщои мавчуд ва кумак ба муаллимону навчавонон унвон кард. Мачалла аз шумораи дувум бо номи аслии худ - "Pаxбари дониш" дар моxи октябри соли 1927 дар Тошканд аз нашр баромад. Бо вучуди он ки мачаллаи «Pаxбари дониш» органи назорати маориф буду масоили муxими соxаи маориф, аз кабили аз байн бурдани маxви бесаводй миëни коргарону деxконони шурой, зиëд кардани мактабxову муаллимон ва ба шароити давр мутобик гардонидани ощоро маxак карор дода буд, xамзамон мачаллаи адабй буд ва барои ташаккули адабдати

советии точик ва бештар кардани доираи хонандагони он на;ши мухимро анчом додааст. Инро чопи як силсила асархои устодон - Садриддин Айнй, Абул;осим Лохутй, Пайрав Сулаймонй, Зафархон Чдвхарй, Хдмдй, Мунзим, Ч,алол Икромй, А. Азизй ва дигарон собит мекунанд. Чопи мачаллаи "Рахбари дониш" то соли 1932 давом карда, ки дар ин дарозо 46 шумора ба дасти хонандагон расид. Муха;ки;они таърихи матбуот, пайдо шудани мачаллаи "Рахбари дониш" -ро пешравии фарханги точикони Осиёи Миёна ва дар хайёти онхо ходисаи таърихй донистанд. Зеро ба иддаои муха;;и;он махз ба воситаи ин мачалла хамсоягони хамзабони точикон аз хамаи тахаввулоту табадуллоти чомеаи сотсиалистй дар Точикистон хабардор мешуданд. Хатто "Рахбари дониш"дар Эрон, Афгонистон ва Хиндустон хам хонандагони худро дошт. Зеро онхо бо мачалла мукотиба мекарданд ва ма;олаву хикояхо мефиристоданд. Матолиби онхо дар сахифахои мачаллаи "Рахбари дониш" ба табъ расидааст. Бо ин гуна дастовардхояш мачаллаи "Рахбари дониш" худро ба унвони на танхо як нашрияи чумхуриявии Точикистон, балки фаротар аз он шиносонда аст. Хайати тахририя ба хайси нируи тавоно дар густариши доираи фаъолияти мачалла сахми арзанда гузошта ва барои боло рафтани чойгохи он хам дар Точикистон ва хам дар берун аз онталошу захамоти худро дарег надоштаанд. Месазад таъкид кард, ки дар саргахи ин ивдом устод Садриддин Айнй ;арор гирифта ва Собит Манофзода, Мухаммади Мусавй, Абул;осим Лохутй, Ч,алол Икромй, Дехотй, Азизй, Тура;ул Зехнй, Пайрав Сулаймонй, Чдвхаризода ва дигар равшанфикрони точик бо ;алами тез ва андешахои озодихохона ва ислохотпарварона роху равиши мачаллаи "Рахбари дониш"-ро та;вият бахшида ва ба ин васила матбуоти пас аз ин;илобиро мархала ба мархала вусъат дода, барои халли мушкилоти замона ва тара;;ии Точикистон часурона ва соди;она парчамбардорй карданд.

"Рахбари дониш" дар соли 1932 ба ду та;сим шуд: мачаллаи назариявй - сиёсии "Барои маорифи партиявй" ва мачаллаи адабии "БАС" - Барои адабиёти советй. Холо "Садои Шар;", органи Иттифо;и нависандагони Точикистон ва "Маърифати омузгор" аз вазорати маориф ва илми Точикистон, давомдихандаи ин мачаллахо мебошанд. Хулоса мачаллаи "Рахбари дониш"сарогоз ва рохнамои маориф ва адабиёти мардуми точик аст, ки то хануз хам харчанд бо номхои дигаре чоп мешавад, аммо шуълаи он медурахшад ва матбуоти Точикистонро бо баррасии мушкилоти ин сохахо чилвагар менамояд.

Адабиёт:

1. Набавй Абдухоли;. Нахустин рузномаи точикй ва фарханги рузноманигорй". - Душанбе: Эчод, 2007.

2. Гулмуродзода П. Публицистика и время. - Душанбе: Сино, 2002. - 128 стр.

3. И. Усмонов, Давлат Давронов, Таърихи журналистикаи точик, Азия грант, 2008. - 280 сах.

4. Айнй С. Куллиёт. Душанбе. Нашриёти Давлатии Точикистон. 1962. - сах. 379.

5. Муродов М. Аз замон то замон (Нигохе ба публитсистикаи точик). - Душанбе: Шучоиён, 2010. - 248 сах.

РОЛЬ ТАДЖИКСКОЙ ПЕЧАТИ В РАЗВИТИИ ЖУРНАЛА "РАХБАРИ ДОНИШ"

В этой статье рассматриваются вопросы, связанные с печатью первого журнала "Рахбари дониш", который начал печаться на заре национальной прессы начала 20 века. Основной целью данной статьи является освещение истории таджикской прессы, в частности, журнала "Рахбари дониш".

Ключевые слова: пресса, Октябрьская Революция, статьи, переписка, литераторы и публицисты, культура, либеральные идеи, школа и образование.

MEANING OF THE FIRST TAJIK PRESS IN THE DEVELOPMENT OF THE JOURNAL

"RAHBAR DONISH"

This article covers the basics of the origin and formation of the journal "Rahbari Donish", which starts at the beginning of the national press in the early 20th century. The main purpose of this article is to understand the history of the Tajik press, in particular, the journal "Rahbari Donish."

Keywords: press, the October Revolution, articles, correspondence, writers and publicists, culture, liberal ideas, the school and education.

Сведение об авторе: Андамов Хуршед, соискатель Таджикского национального университета, е-mail: [email protected]

About author: Andamov Khurshed, researcher of the Tajik National University, е-mail: [email protected]

TA^HHHH МAВЗУИИ TAPOHA^OH ГУЛБAЗМ

Аминов А.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айнй

Дар охири солхои 19В0-ум дар фарханги мардуми точик бо номи «гулбазм» махфили шеърхонии чавонон ба вучуд омад, ки собикае дар мусобикахои халкии байтбарак, мушоара ва мухаммасхонй дошт. Гулбазм хамчун бахши адабию фархангй дар чашни арусй зухур кард ва дар солхои 90-уми асри гузашта кариб тамоми чумхуриро фаро гирифт, хатто дар байни точикони Узбекистон, халкхои хамсояи узбеку киргиз хам пахн шуд. Ин мусобикаи шеърдониву шеърхонй дар байни чавонон то ба имруз хам вучуд дорад.

Махфили гулбазм дар дохили базми консертии чашни арусй чараëн гирифта, аз чавонон махорати шеърдониву хозирчавобй ва то як андоза эчодкориро низ такозо менамояд. Аз ин ру, бархе аз чавонон мекушанд, ки хангоми баргузории он бехтарин ва аз чихати мазмуну мундаричаи гоявй таронахои чолибтарро истифода намоянд. Баъзе чавонон барои гулбазм махсус тайëрй мебинанд, китобхоро чустучу карда, байту рубоихои табъи дилашонро ëфта, аз ëд мекунанд. Бархе дигар аз дустону рафиконашон шеърхои мувофикро пурсида, навишта мегиранд ва аз бар мекунанд. Х,атто аз наворхои сабти туйхои арусй, ки дар он гулбазм барпо шудааст, тамошо карда, байтхои дилхохро интихоб менамоянд. Ба ин сурат чараëни гузариш ë интиколи намунахои фолклорй, ба вижа байту таронахои гулбазмй ба вукуъ меоянд.

Вобаста ба шароити баргузории ин падидаи чолиб ва мавкеи истифодаи матнхои он чавонон озодона шеърхоро интихоб мекунанд. Яъне чанбаи тахмилии ин ë он шеър дар гулбазм ба назар намерасад. Аз мазмуни матнхо муайян кардан мумкин аст, ки таронахои гулбазм дар мавзуъхои гуногун, ки хаëту фаъолияти чавононро дар бар мегиранд, эчод шудаанд. Таронахои гулбазмро аз нигохи мазмуну мундаричаи гоявй ба чунин гуруххо чудо намудан мумкин аст:

1. Таронахои ишкй-лирикй.

2. Васфи домоду арус ва табрики онхо.

3. Шеърхои хачвй-маишй.

4. Муносибат ва таманндати гуяндагон ба якдигар.

Илова ба ин мавзуъхо баъзе байту таронахое ба назар мерасанд, ки дар васфи табиат, Ватан, модар ва ифтихор аз дехаву зодгох гуфта шудаанд, аммо микдори онхо хеле кам мебошанд.

Таронахои ишкП-лирикП. Аз тахлилу баррасии матнхои гирдовардаамон муайян гардид, ки мавзуи ишку мухаббат дар таронахои гулбазмй дар чойи аввали ин анъана меистад. Созмондихандагони ин махфил дар хама минтакахои баргузории гулбазм, асосан, чавонони синни 16-25 сола буда, баъзан наврасони то 15-сола низ иштирок мекунанд, ки онхо, одатан, дар сахна омада, арусу домодро бо хондани шеъре табрик менамоянд.

Аз шаклхои шеърй рубой, тарона ва байт бештар истифода мегарданд. Махсусан, мазмунхои лирикй дар колиби рубой ва дубайтихо бештар ифода ëфтаанд. Дар ин маврид фолклоршинос Д. Pахимов дуруст ишора кардааст, ки: «мавзуи ишку мухаббат нисбат ба дигар мавзуъхо дар жанри рубой мавкеи мухимтар дошта, ишки вокеии заминй ва тавъам бо масоили ичтимой баëн мегардад. Эхсоси латиф, орзухои ширин, тавсифи чамоли маъшука, тасвири зебои табиати атроф аз мухимтарин дарунмояхои рубоихои ишкй ба шумор мераванд» (В,79).

Дар гулбазмихо низ махз хамин тасвирхои ишкй ба назар мерасанд. Аммо ин чо нисбатан тараннуми мухаббати маъшука ба шакли озод баëн мегардад. Зеро дигаргунихо дар хаëти сиëсиву ичтимой ва фархангй, густариши падидаи чахонишавй дар эчоди асархои фолклорй низ таъсир расонидаанд. Худи чавондухтарон низ нисбат ба солхои замони пеш аз истиклол хеле озоданд. Хатто кисми здади онхо имрузхо новобаста аз хузури хешовандони наздикашон мисли аврупоихо озодона рафтор намуда, изхори мухаббат менамоянд, ки барои таквияти ин гуфтахо овардани чанд намунаро бамаврид мешуморем:

Эй бачаи гулдода, гулут гули кас,

Ман зочаи ту не, ки гириям сари даст.

Ман «кола»1 наменушам бо кадахи кас,

Ман духтари бовичдонам ëрам як кас.

Ё худ:

Гулдастаи додагит дар руймолам,

Пажмурда шудай ба дарди дил менолам.

1 Кока-кола - навъе аз нушоки

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.