reached by the help of kind activities and emerge of heroes character which are example for littlereaders.
Keywords: prose, children literature, genre, critic, literature, researcher.
Сведения об авторе:
Исматуллоев Мирзо Раджабалиевич, кандидат филологических наук, доцент, докторанту ТГПУ им. С. Айни
About the author:
Ismatulloev Mirzo, Ph. Din philology sciences, Associcele professor, Tajik State Pedagogical University named after S. Ayni.
МАСОИЛИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР НАХУСТНАШРИЯ^ОИ ДАВРИИ ТО^ИК
Хуршед Андамов
Донишгоуи миллии Тоцикистон
Маълум аст, ки матбуоти сирф точикй аз нашри нахустин рузнома -«Бухорои шариф» дар таърихи 11 марти соли 1912 ба вучуд омадааст. Бояд зикр кард, ки пайдоиши матбуоти точик дар огози садаи 20 -ум пурра ба фаъолияти маорифпарварони точик алокаманд аст. Чун сухан аз ин харакат меравад, хадафи аслии маорифпарварон низ рушди маориф, дигаргунсозии низоми маорифи кишвар ва ба ин васила бехтар кардани сифати таълиму тадрис дар мактабхо ва босавод кардани мардум буд. Дар ин росто, яъне ислохоти илму маориф дастандаркорони «Бухорои шариф» захмати зиёде кашидаанд. Ин аст, ки бархе аз мухак;к;ик;он, «Бухорои шариф» -ро ба як маънй на танхо аввалин нашрияи точикй, балки нахустнашрияи сохаи маориф низ мепиндоранд. Зеро дар шумораи аввалини нашрия хддафи рузнома баробари хизмат ба ислом «дар нашри осори маориф», хизмат ба рушди маориф дониста шудааст, «Пас бар хасби авкот ва замина пояи улуми маорифро бояд тараккй дод» [1, 1].
Дар ин макола ибрози умедворй мешавад, ки ахли илму маориф ривочи илмро бо самимияту чиддият хохонанд. Бо он ки "Бухорои шариф" рузномаро илмй, адабй, ахлокй, фаннй, иктисодй ва ичтимой буд, аммо хадафи начиберо пайгирй кард ва ин хам бошад тачдиди чомеа ва ислохи мактабу мадорис аст. Аммо мухим ва зарур будани рузномаро барои рушди маориф дар чомеа равшанфикрони давр хуб дарк намудаанд. Ба таъкиди равшанфикрон рузнома бехтарин асбоб дар нашр ва таълими маъориф мебошад.
Ба хотири огохй пайдо намудани мардум аз навгонихои чомеа аз шумораи нахустини "Бухорои шариф" огоз намуда, хаводиси тозаи олам дар "Бухорои шариф" мунъакис меёфт. Дар хар сахифа, гушахои "Ахбори махаллй", "Хабархои хорича" чой доштанд. Зеро ахли эчоди нашрия огах будани мардумро афзалтар аз нодониву ногохй медонистанд ва на танхо аз хаёти дохили Бухоро, балки аз руйдодхои хоричй низ хабархо тахия мекарданд. Дар аксари навиштахои худ, рушанфикрони «Бухорои шариф» аз бесаводии ахли чомеа ва аз бемаънавиятй изхори ташвиш карда ва нигоштахои пурдарду аламеро дар ин замина таълиф карданд то ба мардум таъсире расонанд. Зеро хар навиштаи онхо муаммои руз ва иллати чомеаи он замонро дар бар мегирифт. Бо ёдоварй аз гузаштаи пурифтихор, равшанфикрон орзуи онро менамоянд, ки ин губори чахолату нодонй зудтар аз кишвар дур гарданд. Аз боби ободии Ватан харф зада онхо таъкид намудаанд, ки "бузургтарин хидмати ватани имруза (омма - Х. А.) ин аст, ки дар таълими нашри маориф ва мактаб ва ислоху тартиботи таълим ва тахсилу илм кушиш намоянд" [1. 1].
Нияту максуди маорифпарварон, ки дар аксарият навиштахояшон зикр шудааст, ба оммаи мазлум зарраи умедро барои фардо равшан месохт. Чунончй, дар мактубе, ки ба рузнома омадааст, мехонем; "Умедворем, ки чамъияти нашри маориф ва ислохи мактаб
ташкил шyда, саъодат ва шаpофати ^p кавм ва миллат хдмоно манфиат ва маpбyт ба таълим ва такмили дастгох,и маъоpиф ва таpбият аст" [2. 2].
Аз навиштах,ои "Бyхоpои шаpиф" баpмеояд, ки маоpифпаpваpон даp Fами фаpдои миллати точик бyда бештаp баpои начоти миллат, эх,ёи аpзишx,ои миллй ва баpпо намyдани чомеаи маънавй талош мевазиданд. Ба надешаи донишманди точик Мухдммадчон Шакypй "Масъалаи pастагоpй, масъалаи асосии замон 6уд, ки даp саpи он ^p pавшанфикpе ба тавpи худ теша ба pешаи андеша мезад" [3.7].
Бояд таъкид каpд, ки ин гyна шеваи андешаpонии ах,ли pавшанфикpи Бyхоpо баpои ах,ли чомеа писанд 6уд. Хонадагони pyзнома yмедвоpии хyдpо аз pавшанфикpонy маоpифпаpваpони давp жаp мактубх,ои худ ба идоpа баён намуданд. Онхо pyшди бомаpоми чомеаpо даp оянда ба донишмандон нисбат дода, тачдид ва ислох,и чомеаpо ба шиpкати фаъоли ах,ли фаpx,ангy зиё маpбyт донистанд.
Х,амзамон хонадагони pyзнома низ баpои амалй шудани афкоpи волои маоpифпаpваpон на танх,о хдмовозй мекаpданд, балки таблоту таpFиб менамуданд. Мусаллам аст, ки pавшанфикpони давp даp нигоштах,ояшон вокеияти pyз ва иллатх,ои чомеаpо матpа^ намуда, масъалаи асосии давp, тачдид ва ислох,и чомеаpо хдмачониба ба pиштаи тах,лилу баppасй гиpифта ва таъкид мекаpданд, ки pyзе фаpо хохдд pасид, ки баpобаpи башаpияти пешкадам гом хох,ем баpдошт.
Миpзо Ч,алол Юсуфзода ва Миpзо Сиpочи Х,аким ду тан аз pавшанфикpонy маоpифпаpваpони аввали садаи 20 буданд, ки даp куллия нигоштах,ояшон таpики "Бyхоpои шаpиф" мавзyи илму донишандyхтан ва таpаккии миллати точило хддафи аслй ва авваллиндаpачаи худ мешyмоpиданд. Миpзо Сиpоч даp баpобаpи Миpзо Ч,алол дyp шудани маpдyм аз илму донишpо омили асосии паст pафтани сатх,и зиндагии инсонх,о ва камбуди мутахассисон медонад. У таъкид менамояд, ки баpои сох,ибкасб гаpдидан ^p як пешаpо бояд хуб омухт, вагаpна бидуни тах,сил наметавон ба максуд pасид. Зеpо ба гуфтаи вай, "имpyз мо илм ва санъатpо аз даст дода, мух,точ ва паpешон гаштаем? Бо ин касpати нуфуз ва доштани мах,сулоти панба ва пашм ва абpешим чаpо як коpхона надошта бошем? Чаpо тичоpатхонаи дypyст ва як идоpаи шиpкати чанднафаpе хдм мавчуд надоpем? Илми тиб ва х,ифзи сихдтй аз мулки мо ба куллй мах,в шуда, ному нишоне бокй намондааст. Як табибе, ки аз илми тиб ва як чаppоx,е, ки андак аз илму ташpеx, бохабаp бошад, надоpем, ^p аттоpие табиб ва ^p саpтаpош чаppо^ ва ^p пиpзани кобила ва ^p коpафтода файласуф аст" [4. 2].
Миpзо Сиpоч хуб даpк намуда, ки бе мактабу устод нафаpе сох,иби касбе шуда наметавонад.
Масъалаи умдаи дигаpе, ки бештаpи pавшанфикpон, аз чумла Миpзо Сиpочpо бетаpаф нагузоштааст, ин муаммои китобхонах,о даp амоpати Бyхоpо аст. Ин мавзуъ даp маколае бо номи "Лузуми киpоатхона ва китобхона" даpч гаpдидааст. Миpзо Сиpоч китобхонаpо баpои танвиpи афкоpи ах,олй лозим дониста, таъкид менамояд, ки "доштани китобхона аз баpои ^p кавму миллат лозим аст" [4. 3]. Ин маоpифпаpваpи точик китобpо яке аз омилх,ои pyшди чах,онбинй ва афкоpи омма х,исобида, таъкид намудааст, ки ташкил ва зиёд намудани сафи китобхонах,о амали саpивактист. Чун маpдyми точик аз азал ба китоб майлу pаFбати зиёд дошт ва баpои маpдyми фаpx,ангдyст, китоб чизи мукаддас аст, "сухани китобй эътибоpи куллй дошт ва даp оддитаpин мавpиди зиндагй хдм аз pyи тавсияи китоб амал мекаpданд"[4. 3].
Бо даpки он ки китоб ба ташаккули маънавии шахс ва сох,ибилм гаpдидан мусоидат менамояд, pавшангаpон даp аксаpият нигоштах,ояшон ба ин мавзуъ таваччу^ намудаанд. Бешак "Бyхоpои Шаpиф" таблиFгаpи илм аст. Зеpо аз OFOЗ то ба охиp ин омили асосии инсонсоз мавpиди таблиFи pyзнома каpоp гиpифтааст. Вокеан, метавон гуфт, ки бyзypгдошти илму дониш даp навиштах,ои хдма pавшанфикpони Осиёи Миёнаи ибтидои садаи 20 ба назаp меpасад.
Аз навиштах,ои маоpифпаpваpон баpмеояд, ки х,олати нобасомони чомеа онх^о даp каноp нагузошта, онх,о бо даpдy алам даp боpаи акибмондагии маънавии маpдyм
матолиби мyхталиф нашp мeкаpданд. Онхо аз ин pох ба даpди чомеа малкам мебахшиданд ва аз таpики таpFибy ташвики илмомузй маpдyмpо pохнамой каpда ва онхоpо аз ваpтаи чахолату нодонй начот медоданд. Ба хотиpи исботи андешахо ва афкоpи худ, pавшанфикpони давp аз боби пeшpавй ва pyшдy нумуи сохахои мyхталифи мамолики Fаpб мисолхои фаpовонpо даp навиштахояшон истифода мeбypданд. Албатта ин амали pавшанфикpонpо саpивактй донист, зepо кисми зиёди ахолй ба сабаби кашокй ва нодоpй ба чузъ зодгохи худ ва худуди амоpат, шояд дигаp махаллepо надида буданд. Аксаpи pавшанфикpон, ки ба сафаpи кишваpхои хоpича баpомада буданд, дидаву шyнидахояшонpо pyи сахифахои pyзнома менгигоштанд ва даp боpаи пeшpафтхои он кишваpхо киссахо мeкаpданд."Тyхафи ахли Бyхоpо" аз аpзишмандтаpин китоби Миpзо Сиpоч аст, ки даp пайи сафаpхояш ба хоpичи кишваp навишта шудааст.
Ба тавpи хулоса pyзномаи "Бyхоpои Шаpиф"-pо бидуни шак таблиFгаpи илм би^ем хато намешавад, зepо аз OFOз то ба охиp ин омили асосии инсонсоз даp сахифахои нашpия матpах шудааст.
Рyзномаи "Бyхоpои Шаpиф" чун нахустин нашpияи точикй даp инъикоси вокеиии муаммо ва иллатхои чомеа, даp таpFибy ташвики мактабхои усули чадид, даp таблиFи ислох ва тачдиди чомеа накши босазо доpад. Ин аст, ки нахyстнашpияи точикй заминаpо баpои дигаp нашpияхои ин давp баpои инъикоси мушкилоти мактабу маоpиф фаpохам каpд. Зepо бидуни шакку шубха, pyшанфикpони OFOЗи садаи 2Q - уми точик ба маънии пyppа - маоpифпаpваp, таpафдоpи ахли маоpиф буданд. Яке аз симохои баpчаста даp ин pосто, Махмудхоча Бехбудй (1875-1919), ки вай ношиp ва муассиси нашpияи дузабонаи «Самаpканд» (апpeли соли 1913) буд. Тибки иттилои «Шуълаи инкилоб" мавсуф аз саpмояи худ, мактаби точикй кушод ва баpои таpбияи маоpифпаpваpони Самаpканд хизмати бyзypгe каpдааст. Бо вучуди
баъзе ихтилофи назаp шохидони хол изхоp намудаанд, ки ин шахси начиби таpаккихох ва навоваp даp солхои кабл аз инкилоб ва аввали Хукумати Ш^о бисёp хизматхои шоистаepо баpои маpдyми точик анчом додааст. Зepо даp хамаи 45 шyмоpаи pyзномаи таъсисдодаи мавсуф ба «Самаpканд» pочeъ ба масъалахои мактабу маоpиф маколахо чоп шудаанд. Даp 200 маколаи ин pyзнома пpоблeмаи мактабу маоpиф ва ба хусус усули таълими чадидия мавpиди бахс каpоp гиpифтааст. Мухаккики точик, пpофeссоp Мypод Мypодов даp боpаи ин нашpия мeнигоpад, "Даp "Самаpканд ба чузъ масъалахои мактабу маоpифи нав, балки pyйдодхои сиёсиву ичтимоии шахpи Самаpканд, Тypкистон ва Русиву мамлакатхои дигаp низ интишоp мeгаpдиданд. Аммо матолиби точикии онpо асосан казияхои мактабу мадpаса ташкил медиханд" [5. 54 - 55].
Мачаллаи "Оина" низ аз дигаp икдомхои Махмудхоча Бехбудй аст, ки 20 августи соли 1913 бо хамpохии чанд нафаp аз маоpифпаpваpон, аз чумла Мухаммадкулй Уpyнбойзода нахустин шyмоpаи он ба табъ pасидааст. Бехбудй даp саpмаколаи мачаллаи "Оина" хадафи аслии нашpияpо таблиFи мактабу маоpиф ва бeдоpии pyхии маpдyм унвон мекунад, «^rap аз онхо пypсида шавад, ки ислох аз кучо саp мешавад, чавоб хоханд гуфт, ки аз мактаб ва маоpиф. Чунки хаёти миллат вобаста ба мактабу мадpаса аст. Мактаб ва мадpасаи кадом миллат, ки обод аст, он миллат хyдpо мудофиа мекунад, хам сохиб ва хокими дигаp миллатхо мeгаpдад, мактаб ва мадpасаи кадом миллат, ки хаpоб аст, холи худи он низ хуб нест... Пeшpафти фазлу хyнаp, ислохи ахлок ва одоб, хубии маишат ва зиндагонии хаp тоифаpо сабаб мактаб ва мадpаса аст. Ope, ба мо - тypкистониён, имоpати мактаб ва маоpиф кам нест, вале кайфияти таълими он хуб нест ва илме, ки ба замони мо лозим аст, даp мактабу мадpасахои мо нест.» [6.2].
Аммо даp нашpияхои Бехбудй як сабаби кафомонии мактабу маоpиф даp муллову мyдаppис дониста шудааст. Даp ин масъала - усули нодypyсти таълими мактабу мадpасахои Бyхоpо, баpномахои нокифояи таълимии онхо, хотиpахои устод Айниpо ба хотиp оваpдан кофист. Ислохи усули мактабдоpй ва баpномаи он даp назаpияи Махмудхоча Бехбудй даp чойи аввал меистад. Ба назаpи y, даp мактаб баpобаpи илми
динй, илмхои замонавй: гео^афия, тичоpат, хандаса, тиб ва Fайpа низ бояд омухта шавад.
Масоили мактабу маоpиф, ба дунболи "Бyхоpои шаpиф" ва нашpияхои «Самаpканд» ва «Ойина»-и Махмудхоча Бехбудй, даp «Шуълаи инкилоб» низ ба тавpи гyстаpда инъикос ёфтааст. Мyхаppиpи ин нашpияи бонуфузи точикй, Саидpизо Ализода, азбаски худ муассис, муаллими мактабхои нав ва муаллифи китобхои даpсй буд, ба мактабу маоpиф тдвдччухи чиддй ва зиёд дошт. Ахамияти китобхои даpсии таълифкаpдаи y ба хамагон маълум аст. Мавсуф соли 1920 китоби даpсии «Китоби нахустин» ва 1926 «Саpфy нахви точикй»-pо таълиф каpд, ки даp мактабхо таълим дода мешуданд. Ин китобхо то кунун ахамияти хyдpо гум накаpдаанд. Ализода хануз пеш аз инкилоб даp pyзномаи «Ойина» даp боpаи ислохоти мактаб, заpypияти таълими илмхои лозима маколае чоп намуда, изх^ намуда буд, ки ислохоти чомеа аз мактабу мадpаса OFOЗ меёбад. Даp солхои нахустини баpкаpоpшавии хукумати шypавй, Саидpизо Ализода муаллим буд, баъди таъсиси pyзномаи «Иштиpокиюн» ба он ба rap гузашт. Вакте даp хукумати Тypкистони шypавй шуъбаи фоpсй таъсис ёфт, Ализода мyдиpи он таъин гаpдид. Аз 7 маpти соли 1919 мyхаppиpи «Шуълаи инкилоб» буд. Хизматхои y даp ин вазифа даp чихати инъикоси сохаи мактабу маоpиф зиёд аст. Х,амин тавp, Саидpизо Ализода яке аз фидоиёни мактабу маоpифи точик буд. Аз ин py, «Шуълаи инкилоб» бо саpваpии y даp инъикоси масъалахои маоpиф накши сазовоp ва созанда гузошт.
Афзун ба нашpияхое, ки зи^ашон pафт, pyзномаи аз хама бонуфуз ва пypифтихоpи миллати точик «Овози точик» низ даp инъикоси масъалахои мактабу маоpиф сахми баpчаста гузоштааст. Аслан гиpед, вазифаи асосии ин нашpия бедоp намудани миллати точик, худшиносй ва маъpифатандyзй буд. «Овози точик» (аввал «Овози точики камбаFал») 25 августи соли 1924 хдмоно баъди ташкили чyмхypии хyдмyхтоpи Точикистон нашp гаpдид. Он аз pyзи аввал ба таъбиpи Садpиддин Айнй «ба танвиpи афкоp ва таълими маоpиф кушид». Бинобаp ин, устод Айнй шеъpе бо номи «Овози точик» навишт, ки даp он зи^ шудааст: Факат бемактабй даp ахди хозиp Каме монеъ шуд аз паpвози точик [7.1] .
Ба ин таpтиб, масъалахои асосии pyзномаи мазкyp аз инъикоси хаёти мактабу маоpиф, босавод гаpдондани ахолй, маъpифатнок намудани онхо ибоpат буд. Соли 1925 даp Конибодому Исфаpа митинг ташкил шудааст. Ин далел махз аз ин газета даpёфт шуд. Хабаp дода мешавад, ки митингчиён талаб каpданд, ки мактабхои ин ду шахp ва коpгyзоpии давлатй даp ин шахpхо ба забони точикй ба pох монда шавад. Зеpо маpдyми ин шахpхо точиканд. Даp як силсила маколахои Садpиддин Айнй ва Саидpизо Ализода мушкилоти ба мактаб чалб намудани чавонон, таъсиси мактабхои точикй, нашpи китобхои даpсии точикй, таpбияи муаллимони чавони мактабхои точикй баpдошта шудааст. Даp pyзнома аз хаёти мактабу маоpиф, муаллимони тамоми минтакахои точикнишини Осиёи Миёна хабаpy маколахо чоп мешуданд. ^исмати зиёди онхо маколахои пpоблемавй буданд, масъалахои ба миёномадаpо баppасй намуда, масъалагyзоpй каpда, pохи халли онхо низ нишон дода мешуд. Чунончй, Саидpизо Ализода даp маколаи «Точиконpо чй тавp мефиpебанд?» ходисаи мачбypан бо забони узбекй таълим додани бyхоpиёнpо мавpиди танкиди шадид каpоp дода, нихоят мегуяд; «Имpyз - фаpдост, хамаи точикони Бyхоpо бо овози баланд фаpёд кунанд: Мо точикем ва ба забони точикй бояд даpс бихонем [S. 3].
Х,амчунин, яке аз ташаббусхои неки pyзнома аз он ибоpат буд, ки муаллимони сохибмаълумот, чавононpо аз шахpхои маpказй даъват мекаpд, ки ба чyмхypии Точикистон ба ^p pаванд, мактабхои точикй таъсис диханд, даp босавод намудани маpдyм сахм гyзоpанд. Даp хамон солхои бистуми асpи бист низ даъвати «Овози точик» бенатича намонд. Махз бо даъвати ин нашpия бисёp шахсони босавод аз шахpхои маpказй ба нохияхои дypдасти точикнишин ба коp pафтанд.
Рyзнома баpои муайян каpдани сатхи саводи чавонон озмун эълон каpда буд. Рyбpикаe дошт бо номи «Саpбозони илму маоpифи точик», ки даp он аз тачpибаи муаллимони пешкадам ва фидой накл каpда мешуд. Ногуфта намонад, ки «Овози точик» нахустин ва ягона pyзномаe буд, ки забони нашpи хyдpо точикй номид. Минбаъд он замимахои хyдpо пайдо каpд. Чанде аз онхо пyppа ба сохаи маоpиф бахшида шуданд. Аз чумла, аз 13 янваpи соли 1929 замимаи «Саводи мехнат» аз чоп мeбаpомад, ки баpои муаллимоне, ки ба таълими алифбои лотинй гузаштаанд, даp назаp дошта шуда буд. Он хашт шyмоpа чоп шуд. Даp замима коидахои гyзаpиш ба алифбои лотинй чоп гаpдид. Хамчунин, оид ба мактабхои нав, тачpибаи омyзгоpони пешкадам хабаpy маколахо чоп мешуданд. Мавзyи асосии замима чун тамоми матбуоти хамондавpаинаи точик пyppа аз миён баpдоштани бесаводй махсуб меёфт. Маълум аст, ки вазифаи pаками яки маоpиф аз ичpои хамин вазифа ибоpат аст.
Нашpияи дигаp, "Иди точик", ки баъдтаp бо номи "Бeдоpии точик" хамзамон бо замони таъсиси Комиссаpиати халки маоpиф ё Вазоpати маоpифи имpyза (15 маpти соли 1925) pyзномаи сиpф сохавй аст, ки зepи тахpиpи нахустин нозиpи маоpифи Точикистон Аббос Алиев чоп шуд. Руи чоп омадани ин нашpия, тавъам будани коpи маоpифy матбyотpо комилан собит каpд. Зepо даp он солхо матбуот ва маоpиф ба як максад хизмат мeкаpданд. Сабаби ба зимаи нозиpи маоpиф вогyзоp шудани тахpиpи pyзнома аз он ибоpат буд, ки Аббос Алиев тачpибаи ношиpй низ дошт (муддате мyхаppиpи «Озод Бyхоpо» буд - Х. А). Зepо 95 даpсади мутасаддиёни pyзнома низ коpмандони Комиссаpиати халки маоpиф буданд. Илова ба ин матбаае, ки даp он pyзнома чоп мешуд, даp тобеияти маоpиф буд. Даp ин вазъият Комиссаpиати халки маоpифи Точикистон аввалин мачаллаи сиёсй, ичтимой, таълимй ва таpбиявй, адабй, фаннй, илмй ва танкидии сохаи хеш - «Дониш ва омyзгоp»-pо таъсис дод. Шyмоpаи якуми он ба муносибати яксолагии комиссаpиати маоpиф 1 маpти соли 1926 аз чоп баpомад. Зepо маоpиф хамеша ба матбуот, нашpиявy мачаллахо эхтиёч доpад ва имpyз хам ин ниёз кам нашудааст. Нашpи "Дониш ва омyзгоp" нишондихандаи он аст, ки маpдyми точик аз нахустин pyзхои пайдоиши матбуоти советй, масъалаи мактабу маоpиф ва илму фyнyнpо даp кадами аввал гузошта ва онpо саpманшаи хастии миллат ва шукуфоии он медонанд. Аз чониби дигаp ба чоп pасидани мачаллаи "Дониш -омyзгоp" далели он аст, ки Комиссаpияти халки маоpифи Точикистон баpои амалй шудани максадхои ин сохтоp, яъне таpакии илму дониш ва баланд баpдоштани кадpy манзалати омyзгоpон алокаманд аст. Даp мачалла шоиpe бо номи Cypyp даp таъpихи чопи "Дониш - омyзгоp" гуфтааст:
Миллати точик даp pохи маоpиф зад кадам,
Каpд инак бахpи чалби илм чони худ нисоp... [9].
Аммо Аббос Алиев, мyхаppиpи масъули "Дониш ва омyзгоp", даp саpмаколаи худ бо номи «Иди яксолагии маоpифи мо» pyшди маоpифи точикpо хамчун мyхимтаpин заpypати замон аpзёбй каpда, pочeъ ба комёбихо ва пешомадхои соха сухан мepонад. Вазифахои асосии мачаллаpо аз таpFиби мактабу маоpиф, pасондани ёpии методй ба омyзгоpон ва тачpибаи пешкадам, ибоpат медонад.
Махз пас аз чопи ин ду нашpия, нашpияхои омyзгоpй ё педагогй зиёд шуданд. Мyхимтаpини он - мачаллаи «Дониш - биниш» аст, ки даp мохи августи соли 1927 даp Самаpканд pyи чопpо дид. Пас метавон хулоса каpд, ки даp баpобаpи чопу гyстаpиши нашpияхо ва мачаллахои маоpифпаpваpй даp OFOЗи солхои 2Q - уми садаи 2Q -ум, чомеаи Точикистон, ки тоза сохиби чyмхypй шуда буд, ниёзи чиддй ва котеъ ба як мачаллаepо дошт, ки тавонад, мушкилоти сохаи маоpифy фаpханг ва забону адаби точикpо бо баppасии мушикофонаи пахлухои нозуку нухуфтаи он, фаpогиp бошад. Ин мачалла даp нахустин шyмоpа
- "Дониш - биниш", ки баъдан бо номи "Рахбаpи дониш" нашp шуд, ба истилохе ливо ё паpчами донишу маъpифат ва забону адабpо боло баpафpохт ва даp ташаккули
матбуоти точик ва рушду такомули бахшхои умдаи давлатдори ва хаёти мардуми точик сахмгузор гардид.
АДАБИЁТ
1. Мирзо Ч,алол. Fояи омол // Бухорои шариф. 1912. №1, 11 март.
2. Мактуб аз Бухорои шариф // Бухорои шариф, 1912. №5, 16 март.
3. Шакури Мухаммадчон. Сарнавишти форсии точикии Фароруд дар садаи бист". -Душанбе.
Адиб, 2003.
4. Мирзо Сироч. Лузумидониш. // Бухороишариф. 1912. № 28, 12 апрел.
5. Муродов М. Аз замон то замон (Нигохебапублитсистикаиточик). -Душанбе. Шучоиён, 2010.
- 248 сах.
6. Бехбуди Махмудхоча. Сармакола // Оина. 1913. №1, 20 август.
7. АйнИС. Овозиточик // Овози точик. 1924. №1, 25 август.
8. Ализода С. Точиконро чИтаврмефиребанд?. // Овозиточик, 1927. №12, мохи декабр.
9. Сурур. // Дониш ва омузгор. 1926. №1, 1 март.
ПРОБЛЕМЫ НАУКИ И ОБРАЗОВАНИЯ В ПЕРВЫХ ТАДЖИКСКИХ
ПЕЧАТНЫХ ИЗДАНИЯХ
В этой статье анализируются проблемы науки, и образования в первых изданиях таджикской печати начала ХХвека. А, именно «Бухорои шариф» ("Священная Бухара"), "Шуълаи ищилоб» ("Пламя революции"), ««Овози тоцик» ("Голос таджика"), "Бедории тоцик" ( "Пробуждение таджика") и других изданих, созданых основу для появления журнала "Рафаридониш " в 20-и и 30-и годах ХХ века.
Ключевые слова: первые издания, наука и образование, таджикские школы, проблемы библиотек, исправление общества, интеллигенция и просветители, национальное возрождение, интеллектуальное пробуждение.
PROBLEMS OF SCEINCE AND EDUCATION IN THE FIRST TAJIK PRINT
EDITION
This article analyzes the problems of science and education in the first editions of the Tajik press of the early 20th century. Namely ««Bukhoroi Sharif» (««Holy Bukhara»), ««Shulai inqilob» («Flame of the Revolution»), «Ovozi tojik» («Voice of Tajik»), ««Bedorii tojik» («Awakening Tajik») and other publications provided the basis for the appearance of the journal «Rahbari Donish» 20 and 30 years of the twentieth century.
Key words: first editions, science and education, Tajik schools, the problem of libraries, fix society, intellectuals and educators, national rebirth, intellectual awakening.
Сведения об авторе:
Хуршед Андамов - соискатель Таджикского национального университета, email: [email protected]
About the author:
Khurshed Andamov, researcher of Tajik National University, е-mail: [email protected]
САДРИДДИН АЙНЙ ВА НАВДИ МАТБУОТИ ТУРКЙ ДАР ИБТИДОИ АСРИ
БИСТ
Субуони Аъзамзод
Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Бобоцон Гафуров
Ба ах,ли тахдик; пушида нест, ки дар рох,и шаклгирии афкори миллии маорифпарварй ва чадидии точикони Фароруд (охири садаи нуздах ва ибтидои садаи бист) надши руйдодхои сиёсиву ичтимой ва фархангии олами ислом, зухури матбуоти туркиву тоторй ва форсй хеле чашмрас аст. Ин чанбаи таърихи афкори сиёсй-ичтимой ва адабиву фархангии халди точик дар навиштахои адабиётшиносон, муаррихон, файласуфон, мухаддидони таърихи матбуот борхо бо меъёр ва равишхои гуногуни дазовати таърих - чи дар ахди шуравй ва чи дар замони Истидлоли миллии кишвари