ТДУ 82 ТКБ 83.3 (0)9
ЗАМИНАХОИ ХУЦУЦИИ ФАЪОЛИЯТИ ЦАМЪИЯТИВА СИЁСИИ ЗАНОН ДАР ТОЦИКИСТОНИ ШУРАВИ (еощои 1918-1991)
ПРАВОВЫЕ ОСНОВЫ СОЦИАЛЬНОЙ И ПОЛИТИЧЕСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ЖЕНЩИН В СОВЕТСКОМ ТАДЖИКИСТАНЕ (1918-1991г.)
LEGAL BASIS OF SOCIAL AND POLITICAL ACTIVITY OF WOMEN IN SOVIET TAJIKISTAN (1918-1991 years)
Негматуллоева Махцнахон Хабибовна,
докторанти (Phd) кафедраи таърихи Ватан ва археологияи МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Fафуров» (Тоцикистон, Хуцанд)
Негматуллоева Махинахон Хабибовна,
докторант (Phd) кафедры отечественной истории и археологии ГОУ «ХГУ имени акад. Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)
Negmatulloeva Mahinakhon Habibovna, doctoral student Phd) of the department of home history and archeology under the SEI «KhHU named after acad.B.Gafurov», Е-mail: [email protected]
Вожа^ои калиди: ууцуци занон, ууцуци баробарии сиёси, фаъолияти цамъияти, индустриякунонии кишвар, коллективонидани хоцагии цишлоц
Дар мацола доир ба масъалаи заминаи ууцуции фаъолияти занон дар Тоцикистони шурави сухан рафта, муаллиф дар асоси маводи матбуоти солуои шурави ин масъаларо мавриди барраси царор додааст. Тазаккур меравад, ки гарчанде дар конститутсияи аввалини шурави ууцуци защо бо мардон баробар муцаррар гардида бошад уам, анъанауои хонаводаги ва баъзе урфу одатуои куунапарасти барои фаъолияти пурсамари занони тоцик дар цодауои мухталифи хоцагии халц монеа эцод мекард. Дар ин радиф фаъолияти таргиботии як цатор занони тоцик дар уалли муаммои мазкур то цое мусоидат намудааст. Муаллиф дар мацола масъалауои номбурдаро дар асоси далелуои муътамад, бо услуби фаумои илми таулил намудааст.
Ключевые слова: права женщин, право политического равенства, общестенная деятельность, индустриализация страны, коллективизация сельского хозяйства
В статье речь идёт о правовых основах деятельности женщин в советском Таджикистане, автор рассматривает проблему на основе материала прессы советского периода. Отмечается, что несмотря на приравненные права мужчин и женщин, согласно первой советской Конституции, все же семейные традиции, некоторые пережитки прошлого, нравы и обычаи создавали преграду для плодотворной деятельности женщин в разных сферах народного хозяйства. Подчеркивается положительная роль агитационной деятельности в этом направлении ряда таджикских женщин, что в определенной мере способствовало решению данной проблемы.
Key words: women's rights, rights of political equality, public activities, industrialization of country, collectivization of agriculture
The article dwells on the legal basis for activities of women in Soviet Tajikistan; proceeding from the material of press of the Soviet period the author considers the problem in question. It is underscored that despite the equal rights of men and women according to the first Soviet Constitution, family traditions, some vestiges of the past, manners and customs created an obstacle to the fruitful activity of women in various spheres of the national economy. The author of the article lays an emphasis upon the idea that the positive role of the campaigning activities in the relevant direction of a number of Tajik women, which to a certain extent promoted the solution of the problem under consideration.
Хукукхои баробарии сиёсй ва шахрвандии мардону занон дар нахустин Конститутсияи шуравй, ки онро анчумани V умумирусиягии шурохо мохи июли соли 1918 кабул карда буд, мустахкам гардидааст. Тибки он занон баробари мардон ба хукукхои номахдуд, яъне ба макомоти идоракунии давлатй интихоб кардан, интихоб шудан, хукук ба мехнат ва музди баробари кор, ба маълумот ва гайрахо сохиб шуданд [3,с.76]. Декретхои Хукумати шуравй дар бораи баробархукукии занону мардон дар шуури сиёсии занони Осиёи Миёна, аз чумла бонувони точик дар огози асри ХХ тагйироти чиддй ворид намуд. Илова бар ин, ба рохбарияти хизбй рох ёфтани занон аз мурочиатномаи В.И. Ленин бармеояд. Соли 1920 вакти интихоботи Шурои Москва В.И. Ленин дар интихобот фаъолона ширкат намудани коргарзанон ва бештар интихоб кардани занонро даъват намуд: «Ба шурохо бештар занон-коргарзанонро интихоб кунед» [4,с.13]. Дар конститутсияи мазкур хукукхои азими занони шуравй мустахкам карда
№2 (6 7)НОМАИ ДОПИШИ О\ « УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ « SCIENTIFIC NOTES
шуд аанд. Дар конститутсияи нахустини шуравй чунин омада буд: «Ба зан дар хамаи сохахои хаёти хочагй, давлат, маданй ва чамъиятй-сиёсй баробарии мард дода мешавад» [6,с.241]. Санади мазкур ху;у;и баробари занон ва мардонро дар чомеа устувор намуд, ки барои озодии занони шуравй радами нахустин ба шумор меравад.
Дар Точикистони Шуравй пас аз бар;арор шудани хокимияти нав ташкилоти хизбии чумхурй барои тамоман озод намудани занон муборизаи ;атъй мебурд. «Дар тамоми констутсияхои даврони шуравй то соли 1936 (РСФСР 1918, АССР Туркистон солхои 1918 ва 1922, НСР Бухоро 1921, ЧДШС Точикистон соли 1929, Ч,ШС Точикистон, соли 1931) дар асоси муносибати синфй принсипи баробарху;у;ии занон бо мардон мустахкам гардида, дар заминаи он санадхои ху;у;ии сершумор барои пурра озод намудани занон дар тамоми сохахои хаёти кишвар ба тасвиб мерасид" [9,с.8]. Мохи декабри соли 1926 анчумани якуми муассисони Точикистон дар бораи озод намудани занон ба тамоми мехнаткашони чумхурй мурочиатнома ;абул кард. Анчуман изхор намуд, ки "Х^олати гуломонаи занон, дар хаёт, дар кори сохтмони хочагй ва маданияти Точикистон монеъи бузург мебошад. Ва ба КИМ супорид ва ;онун барорад, ки мувофи;и он занон озод карда шаванд ва иштироки онон дар сохтмони хаёти нав баробари мардон таъмин гардад» [1,с.12]. Дар хамин давра асоси ху;у;й ва ичтимоии пешрафти занон дар чомеаи нави шуравии Точикистон огоз гардид.
Моддахои махсуси Конститутсияи ИЧ,ШС соли 1936 (моддахои 122,123), 1977 (моддаи 35) ва конститутсияхои чумхурихои шуравй ва мухторй, аз чумла дар конститунсияи Точикистон соли 1937 (моддаи 107) ва 1978 (моддаи 33) ба кафолати таъмини ху;у; ва озодии занон бахшида шуда буд [9,с.8]. Ба му;обилияткунандагони озодии занон (ба шавхар додани духтарони хурдсол, ;алин, ташкил кардани му;обиляит ба чалб кардани занон ба тахсил, ба истехсолоти хочагии ;ишло; ва саноатй, ба идоракунии давлатй ва ба хаёти чамъиятй-сиёсй) ;онун чазо медод [11,с.35]. Дар моддаи 137-и конститутсияи соли 1936-уми ИЧ,ШС ху;у;и занон барои интихоб кардан ва интихоб шудан дар интихоботи вакилон таъкид гардида буд [3,с.69]. Дар ду моддаи дигари хамин конститутсия доир ба баробарху;у;ии занон бо мардон мустахкам гардидааст: дар моддаи 123 масъалахои умумии баробарху;у;й ва моддаи 122 баробарху;у;ии занону мардон. Дар Точикистони шуравй ва минбаъд дар ;онунгузории даврони исти;лолият модда ё бобхои алохидаи махдудкунандаи ху;у;хо ва озодихои занон ба назар намерасид. Аммо анъанахои хонаводагй ва баъзе урфу одатхои кухнапарастй барои фаъолияти занон садди рох эчод мекард. Дар Точикистони шуравй ;ариб дар тамоми санадхои меъёрию ху;у;й дар ;атори ху;у; ва озодихои умумии инсон бобхои алохида ба ху;у; ва озодихои занон бахшида шуда буд, ки барои фаъолияти занон замина фарохам меовард. Ин анъанаи зерин дар Точикистони сохибисти;лол низ идома ёфт. Дар хамин давра асоси ху;у;й ва ичтимоии пешрафти занон дар чомеаи нави Точикистон огоз гардид. Дар сатхи ;онунгузор ва сиёсати давлатй механизмхои таъмини химояи ху;у;хои шахрвандй, сиёсй, и;тисодй ва ичтимой бунёд гардид. Ба амал баровардани ин ху;ухои занон дар дода шудани ху;у; ба мехнат, музди мехнат, истирохат, сугуртаи ичтимой ва тахсили илм, хифзи манфиатхои модару кудак, ёрмандии давлай ба модарони серфарзанд ва танхо, таъмини истирохати занон хангоми хомиладорй, дастгирии моддй, афзудани шумораи таваллудхонахо, ширхоргох ва богчахои кудакон зохир мегардид.
Дар натичаи тагйироти ху;у;иву ичтимоии солхои аввали хокимияти шуравй чалби занон ба хаёти ичтимоиву сиёсии кишвар афзун гардид. Занон ба сифати вакилони сатхи гуногун, намояндагони хизб, рохбарони сатхи боло, хизматчиёни давлатй, рохбарони ташкилоту идорахо дар раванди халли масъалахои мухим ширкат намуданд.
Дар ин радиф корхои таргиботй низ барои аз байн бурдани ;олабхои кухнаи чамъиятй дар мадди назари рохбарияти хамонва;таи кишвар ;арор гирифта буд. Мохи ноябри соли 1918, дар аввалин Анчумани Умумирусиягии коргарзанон ;арор дар бораи дар назди тамоми ма;омоти рохбарикунандаи хизбй ташкил намудани коммисияхои таргиботиву ташви;отй байни занон ;абул карда шуд. Соли 1919 коммисияи назди КМ РКП (б) ба шуъбаи коргарзанон ва дех;онзанон табдил дода мешавад. Минбаъд таргиби сиёсати мазкур идома дода шуда, соли 1923-1924 шуъбаи занони чумхурии Бухоро таъсис дода мешавад [1,с.2], ки фаъолияти он барои амалй намудани сиёсати чалби занон ба корхои чамъиятй равона гардида буд. Корхои пешбарии занон дар минта;ахо низ огоз гардида, соли 1920-1921 дар уезди Хучанд шуъбаи мухофизати тандурустии модарон ва занон кушода мешавад. Аъзои аввалини он Этол Бреслау, Махбуба Каримова, Бибииззат Мирзо;обилова ва Марям ^отамбекова буданд. Хдмон солхо
№2(б1) 2021
• НОМАИ ДОНИШГО^ • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC NOTES
(1921) нахустин конфронси занони Шарк дар шахри Cамарканд баргyзор гардид, ки дар он аз yезди Хучанд З.Шокирова, СБоймухаммадова, Б. Мирзокалонова, А. Myминбоева, О. Отахонова ва чанде дигар иштирок намуданд. Пас аз он дар уезди Хучанд Конфронси мусалмонон баргузор гардид, ки дар он БДотамбекова, М Зокирова, З. Мавлонбекова ва Л. Азизбекова ба Конфронси якуми занони Бухоро ва Туркистон вакил интихоб шуданд. Мохи апрели соли 1921 дар Анчумани Умумирусиягии занони Шарк бояд баргузор мегардид, ки ба он аз чумхурии мо СЧдхонгирова, А.Мирзокобилова, БДобилова, Л.Азизбекова ва БДотамбекова вакил интихоб шуданд. (Аммо ин анчуман ба вакти дигар гузаронида шуд). Он солхо сиëсати пешбарй ва чалби занон дар корхои сатхи гуногун дар минтакахо низ ба рох монда шуд. Хдмин тарик соли 1922 дар Хучанд клуби занон кушода шуд. Шуъбаи занон ва комсомолон барои бархам додани бесаводй байни занон накши мухим бозидааст. Дар участкаи Панчшанбе мактаби шyравй таъсис ëфта, сарварии мактабро Рахима Абдураззокова ба ухда гирифт. Хднифа Рахимова, Бибиситора Аюбчонова, Лутфй ^обилова у^улой Шамсиддинова ва Адолат Мирзоева аввалин толибахои хамин мактаб буданд. Cолхои 1926-1927 асосан занони Хучанд аввалин шуда фаранчии худро партофтанд. Дар шахри Душанбе, Панчакент, Конибодом, Уротеппа (холо Истаравшан) ва дигар минтакахо низ чандин клубу мактабхо кушода шуда, барои бамаърифт гардонии занон сахм гузоштанд.
Дар OFOЗи фаъолияти худ Х^окимияти шyравй дар баланд бардоштани маърифатнокии занони точик корхои муайяне ба анчом расонидааст. Хдмин тарик дар панч соли аввали Х^окимияти Шyравй дар Точикистон шумораи занони саводнок 7,6% ва дар соли 1939 ба 65,2% расида буд [2,с.74]. Консепсияи халли масъалаи занон дар давраи шyравй ба он асос ëфтааст, ки зан се вазифаи асосии ичтимоиро дар чомеа ичро мекард: шахрванд, коргар ва модар. Дар амалй намудани хар кадоми ин вазифахо сахми занон дар рушди чомеа зохир мешуд. Накши давлат ва хизб дар халли масъалаи занон назаррас буд, ки заминахои зарурии на танхо хукукй, балки ичтимой ва моддй барои хамбастагии ичрои вазифахо мусоидат мекард.
Хдмзамон, консепсияи халли масъалаи занон дар ИЧ,ШC (ва дар дигар кишвархои сотсиалистии Аврупо) ба он асос ëфтааст, ки омили муайянкунандаи баробарии занон дар чомеа ва оила иштироки онхо дар истехсолоти чамъиятй, дар мехнати истехсолии чамъиятй буд. Ин хусусият дар он зохир мешуд, ки дар мархилахои гуногуни рушди давлати шyравй масъалахои мушаххаси иштироки занон дар хаëти давлатй ва чамъиятй, бо фаъолияти мехнатии онхо, баланд бардоштани сатхи маълумоти умумй ва касбй, хамчун вазифахои давлатй хал карда мешуданд. Ширкати занон дар ичрои тамоми вазифахои дар назди чомеа карордошта назаррас буд. Дар индустрикунонии кишвар, коллективонидани хочагии кишлок, бархам додани бекорй, бархам додани бесаводй, баркарор кардани хочагии халк пас аз Ч,анги Бузурги Ватании солхои 1941-1945 дар Точикистон ба мисли дигар кишвархои шyравй ба неруи зехнй ва чисмонии занон такя карда мешуд. Гарчанде баробарии занон ва мардон тибки конун дар Точикистони шуравй хануз дар моххои аввали мавчудияти хукумати нав мукаррар шуда буд, ин хануз маънои баробарии амалии онхоро дар зиндагй надошт. Дар кишвари мо анъанахои хонаводагй, хурофот, вазъияти ичтимой ва дигар омилхо барои дар корхои чамъиятй фаъолият намудани занон садди рох мешуд. Ин аст, ки дар тули мавчудияти худ кушишхои давлати шуравй ва чомеа асосан дар баробари заминахои хукукй ба фарохам овардани заминахои ичтимой ва моддии баробарии вокеии занон бо мардон мутамарказонида шуда буд.
Консепсияи шуравии халли масъалаи баробархукукии занон аз он бар меояд, ки бо баробарсозии оддии хукукхои занон ва мардон баробарии вокеии онхоро хануз таъмин намешуд, зеро дар як вакт бар души занон хам вазифахои чамъиятй ва хам вазифаи мушаххас -вазифаи модарй меистод. Аз ин чо бармеояд, ки баробарии хакикии занон ва мардон танхо дар сурати пешниходи хукук ва имтдазхои иловагй имконпазир буд. Хдмин тарик, тибки моддаи 35-и Конститутсияи ИЧ,ШC соли 1977, натанхо имкониятхои баробари гирифтани маълумот ва касбомузй, кор, подош барои он ва пешбарй дар чои кор, дар корхои чамъиятй, сдасй ва фархангй, балки инчунин чорахои махсус оид ба хифзи мехнат ва саломатии занон: шароит, имконият, имтдаз додан, хифзи хукукй, дастгирии моддй ва маънавии модарон ва кудакон, аз чумла додани рухсатии пулакй ва дигар имтиëзхо барои занони хомила ва модарон, тадричан кам кардани вакти кории занони кудаки хурддошта пешбинй шуда буд.
Хулоса хукукхои занон дар конуни асосй - Конститутсияи ИЧ,ШC мукарраргардида, дар тамоми чумхурихои шуравй амал мекард ва барои фаъолияти минбаъдаи онхо заминаи мусоид фарохам оварда буд. Барои озодии хакикии занони Точикистони шуравй Fайр аз заминахои
№2 (6 7)НОМАИ ДОНИШГО^ « УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ « SCIENTIFIC NOTES
хукукй, дигаргун намудани анъанахои хонаводагй, вазъияти ичтимой, махсусияти таърихй, миллй ва урфу одатхо барои дар корхои чамъиятй фаъолият намудани занон бояд хал мешуд.
Тахкими конунии баробархукукии занон бо мардон баробархукукии онхоро дар тамоми сохахои фаъолияти халк таъмин намуд. Дар навбати худ баробархукукии сиёсии занон бо мардон боиси озодии комилии сиёсии занон гардид.
Корхои таргиботй низ барои аз байн бурдани стереотипхои кухнаи чамъиятй дар мадди назари рохбарияти хамонвактаи кишвар карор гирифта буд. Дар таъмини баробари хукуки занон ва мардон пешниходи хукук ва имтиёзхои иловагй таъсири чиддй гузошт.
Конунгузорй дар бораи хукук ва озодихои занони Точикистони шуравй, ки асоси сотсиалистй дошт, барои озодии иктисодй, сиёсй ва хукукии занони точик асос гузошт.
ПАЙНАВИШТ:
1. Бозорбоева, М.М. Муборизони фаъоли хаёти нав /М.М.Бозорбоева//Мактаби Советй.-1967.-№10.- С.12.
2. Бойгонии давлаии марказии Ч,ШС Точикистон, Ф.№-360,0п.1.П.239.Л.74.
3. Завадская, Л.Н. Гендерная экспертиза российского законодательства/Л.Н.Завадская.-М:.-1982. С.128 http://www.owl.ru/win/books/zavadskaya/2.htm
4. Зарифова, Н. Шаъну шараф ба занон!/Н.Зарифова//Рахмат ба партия.-Сталинобод: Нашриёти давлатии Точикистон. - 1960. - С.13.
5. Конституция(основной закон) Союза Советских Социалистических Республик. С приложением важнейших действующих узаконений об организации и деятельности Ценртальных органов Союза ССР. - Москва, Наркомюст,1924 с.
6. Конституция Российской Социалистической Федеративной Советской Республики. Москва. -1918.- С 261.
7. Конституция СССР. Политико-правовой комментарий. М.: Политиздат, 1982. - С. 128.
8. Набиева, Р. Занони Точикистони Советй/Р.Набиева.- Душанбе: Ирфон,1967. - С. 85.
9. Рахмонова, О. Ташаккули конунгузорй оид ба хукук ва озодихои занон дар Точикистон: фишурдаи дисс.номзадй/О.Рахмонова. - Душанбе, 2012. - С.25.
10.Холикова, С.А. Занони Точикистон/С.А.Холикова.- Сталинобод. - 1949.- С.130. 11Дакимов, Н. Меъёрхои хукукии хифзи зан ва оила дар Ч,умхурии Точикистон/НДакимов.-
Хучанд, 2010.- С.52.
12.Кукушкин, Ю.С. Очерк истории Советской Конституции/Ю.С.Кукушкин, О.И. Чистяков -М., Политиздат, 1987.-364с.
REFERENCES:
1. Bozorboeva, M.M. Active Fighters for a New Life // Soviet School. 1967. №10. - 12 p.
2. Central State Archive of the Tajik SSR, F.№-360, op.1. - P. 239. -V.74.
3.Zavadskaya LN Gender Expertise of Russian Legislation. - M., - 1982. - P. 128 http://www.owl.ru/win/books/zavadskaya/2.htm
4. Zarifova, N. Honor to Women!//Thanks to the Party. - Stalinabad: Tajik State Publishing House. -1960. - P. 13.
5. Constitution (basic law) of the Union of Soviet Socialist Republics. With Application of the Most Important Provisions of Organization and Activities of the Central Organs of the Union SSR. - M.: Legal Publishing House of the People's Commissariat. - 1924 p.
6. Constitution of the Russian Socialist Federal Soviet Republic. - M.: - 1918. - 261 p.
7. Constitution of the USSR. Political and Legal Commentary. - M.: Politizdat, 1982. - P. 128.
8. Nabieva, R. Women of Soviet Tajikistan. Dushanbe: Cognition, - 1967. - 85 p.
9. Rahmonova O. Development of Legislation on Women's Rights and Freedoms in Tajikistan: synopsis of candidate dissertation in jurisprudence. - Dushanbe, 2012. - 25 p.
10. Kholikova, SA Women of Tajikistan. - Stalinabad, - 1949. - P. 130.
11.Hakimov, N. Legal Morms of Protection of Women and Family in Tajikistan Republic. Khujand, 2010. - P.52.
12. Kukushkin, YS, Chistyakov O.I. Essays on the History of the Soviet Constitution. - M., Politizdat, 1987.