Научная статья на тему 'ЗАЛЕЖИ НАУЧНЫХ СОКРОВИЩ'

ЗАЛЕЖИ НАУЧНЫХ СОКРОВИЩ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
21
9
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТОРГОВОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО / ЭКОНОМИЧЕСКОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО / МЕЖПРАВИТЕЛЬСТВЕННАЯ КОМИССИЯ / СТРАТЕГИЧЕСКОЕ ПАРТНЁРСТВО / ПЕРСПЕКТИВЫ ПРОИЗВОДСТВЕННОГО СОТРУДНИЧЕСТВА / ЭКОНОМИЧЕСКИЕ ПОТЕНЦИАЛЫ СТРАН

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Ходжиев Ахмад

В статье отмечается значение арабографических документов архивного фонда Отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии имени Ахмада Дониша Академии наук Республики Таджикистан. Констатируется, что анализ содержащегося в Фонде огромного количества письменных источников в своей совокупности способствует фундаментальной научной разработке не только по вопросам аграрных отношений в Средней Азии, но и позволяет на более надежной основе углублять исследования позднесредневековой истории региона в целом, жизни таджикского народа в особенности.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

DEPOSITS OF SCIENTIFIC TREASURES

The article notes the importance of the arabographic documents of the archival fund of the Department of Ancient, Medieval and Modern History of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after Ahmad Donish of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan. It is stated that the analysis of the huge number of written sources contained in the Foundation in its totality contributes to the fundamental scientific development not only on the issues of agrarian relations in Central Asia, but also allows, on a more reliable basis, to deepen research into the late medieval history of the region as a whole, the life of the Tajik people in particular.

Текст научной работы на тему «ЗАЛЕЖИ НАУЧНЫХ СОКРОВИЩ»

Г АН Ч[И НУХУФТА

Ахмад Х,ОЧ,ИЕВ,

номзади илмхои филологй, корманди илмии Института таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши Академиям илмхои Ч,умх,урии Точикистон 734025, Ч,умдурии Точикистон, ш.Душанбе, кучаи академикхо Рачабовхо, 7 Тел.: (+992) 935435305 Abojiev-44@mail.ru

Дар Шуъбаи таърихи кадим, асрхои миёна ва нави Института таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши Академияи илмхои Ч,умхурии Точикистон маводи зиёд гирд оварда шудааст, ки ба даврахои гуногуни таърихй тааллук, доранд.

Дар ин макола аз таърихи чамъоварй ва ахамияти хуччатхое сухан меравад, ки бо хуруфи арабй навишта шуда, ба даврахои таърихии асрхои XVI то ибтидои асри XX мансубанд.

Дар солхои панчохуми асри гузагата баробари таъсис ёфтани Академияи илмхои Чумхурии Точикистон таваччух ба омузиши таърихи кишвар ва мардуми он ба таври назаррас зиёд мегардад. Барои гирдоварии мавод чихати омузиши чанбахои гуногуни зиндагй ва сарнавишти мардуми ин марзу бум акнун тамоми имкониятхои илмй ба кор гирифта шуд, кормандони илмии чавон ва мухаккдкони варзида ба ин максад сафарбар мешуданд, маблагхои муайян низ дар ин рох чудо гардида, ба масраф мерасид. Ба ин манзур экспедитсияхои илмии мардумшиносй ба гушаву канори на танхо Точикистон, балки ба минтакахои гуногуни чумхурихои хамсоя, ки точикон дар онхо сукунат доранд, фирисгода мешуданд. Дар натичаи кори самарабахши ин гуна эксиедитсияхо аз дурдасттарин дехоту мавзеъхо маводи зиёди тахкикотй гирдоварй шуд, ки дар Шуъбаи таърихи асрхои миёнаи институт нигахдорй мешуд. Омузиши таърихи чамъоварии хуччатхо нишон медихад, ки гаргиби зарурати гирдоварии хуччагу васикахо дар байни ахолй аз тарафи кормандони институт натичаи самарабахш додааст. Дар минтакахои гуногуни кишвар шахсони бомаърифату фархангдуст ба ин кор рагбати зиёд нишон медиханд ва дар тули солхои дароз чихати хамкорй ба нишонии институт хуччату маводи гуногуни дорой ахамияти таърихй мефиристонанд. Баъдтар аз ибтидои соли 1960 дар ин Шуъба сабти маводи чамъоваришуда огоз ёфта, хуччатхо бо маълумоти хеле мухтасар ба дафтари фехрист ворхтд мешуданд, ки ин кор то мохи июни соли 1995 идома доштааст. Дар се дафтари фехрист, ки минбаъд аз он «Фехристи дастнавис» ном бурда мешавад, 6700 хуччат сабт ёфтааст.

Мутаасеифона, тайи солхои минбаъда ба микдори хуччатхои бойгонии Шуъба чизе афзуда ва зам намегардад, балки аз он чи гирдоварй ва дар фехристи дастнавис ворид шуда буд, худуди саду панчох хуччат аз байн меравад. Ин руйдод баъди б а сифати мутасаддии нигохдории бойгонии Шуъба ба кор омадаки банда (соли 2009) ва ба танзиму тартиби хуччатхои бойгонй пардохтан ошкор гардид. Бо рахнамой ва ташаббуси мудири шуъбаи мазкур, профессор Пирумшоев Х,.П. таваччух ба нигахдории хуччатхои бойгонй бештар гардид ва кори чамъоварй ва ба Шуъба ворид намудани маводи арзишманди дорой ахамияти таърихй дубора аз cap гирифта шуд. Профессор Пирумшоев Х..П. шахсан микдори беш аз 400 хуччатро, ки солхои 60-70 дар Донишкадаи омузгории шахри Душанбе (холо Донишгохи давлатии омузгории ба номи С. Айнй) бо рахнамоии муаррихи шинохта мархум О. Мачлисов ва сафарбар кардани донишчуёни ин муассисаи аввалини таълимии олии Точикистон чамъоварй шудаанд, ба бойгонии шуъба ворид кард. Инчунин аз бойгонии илмии академик A.A. Семёнов бештар аз сад хуччат пайдо карда шуд, ки ба ин восита бойгонии хуччатхои бо хуруфоти арабй тартиб додашуда хеле такмил ёфт ва холо дар бойгонии шуъба 7215 хуччат сабт гардидааст.

Дар давоми панч соли охир кори нигохдории хуччатхо бехтар карда шуд. Бо ташвики рохбарият тамоми хуччатхои ба хуруфоти арабй тартиб додашуда ба компютер ворид гардида, нусхаи ракамии онхо тахия шуд. Мачмуае низ тартиб дода

шуд, ки дар он ба тарики намуна 130 хуччат аз ин 7215 хуччати бойгонй хуруфчинй шуда ва бо замимаи фехристи номи ашхос ва номхои чугрофй (мавзеъу маконхо) барои чоп тайёр карда шудааст. Инчунин фехристи кулли хуччату васикахо тахия гардидааст, ки мухимтарик маълумотро дар бораи бештар аз 7215 нусха хуччатхо дар бар мегирад.

Нахичаи кори чамъоварй тайи муддати кариб панчох сол хамин аст, ки ба шуъба микдори зиёди маводу хуччатхои мухим ворид гардид, ки аз чумлаи онхо хукму фармонхои бо дастури фармонравоёни замон дар масъалахои гупогун содиршуда, санаду хуччатхои хукукии марбут ба зиндагии рузмарраи мардум, фаъолияти ичтимой ва хочагидории онхо, муносибати байни табакахои чамъият мебошанд. Маводи чолиб барои тахкику омузиши чанбахои мухталифи таърихи иктисодию ичтимой ва фархангии мардум дар ин хуччатхо фарохам омадааст. Махсусан барои тахдикот дар бораи муносибатхои иктисодй, молиявито карзй, вазъи кишоварзй, заминдорй, хариду фуруши замину об, вакф кардани молу пул ва замину амволи гайри манкул, ба ичора ё ба гарав мондани замин маводи фаровон мавчуд аст. Кисми зиёди хуччатхоро санадхои меъёрию хукукии танзимкунандаи никоху талоки шаръй, масъалахои васояту парасторй, ривояти даъвохо дар масъалахои гуногуни зиндагй (заношуй, мерос, муносибати байнихамдигарии меросбарон, мунозира дар боби замину об, чарогоххо байни ашхос, ахолии мавзеъхо ва хатто дехахо) ва хукму халномаи козиву хукмравоён дар иртибот бо онхо ташкил медиханд. Як катор хуччатхо шомили маълумоти мухим дар бораи вазъи ичтимоию маишии мардум мебошанд, ки аз онхо мо мегавонем аз холу тарзи зиндагии табакахои васеи ахолй дар гушахои дурдасттарини диёрамон ва сарзаминхои хамсся огохй ёбем. Махсусан, даъвохои вобаста ба мерос ва хатти таракаи сарони вафотёфтаи хонаводахо тасвири равшане аз зиндагии багоят хоксоронаи гузаштагони моро дар минтакдхои кухистон пеши назар меорад. Хамчункн «мархамагнома», «иноятнома» ва хукмномахое низ дар зимни хуччату васикахо хастанд, ки тибки онхо фармонравоён гумоштагонашонро ба мансабу вазифахои мухталифи хамон давру замон таъйин мекунанд, ба доирахои бонуфузи давлативу динй дар минтакахои мухталифи чи шахр ва чи дехот имтиёзхои номахдуди истифода аз замину обро медиханд. Як катор хуччатхо ба унвони гузарнома, тасдикдома, ичозатномаи сафар барои убуру вуруд аз минтакаву худуди сарзаминхо тартиб дода шудаанд, ки вазифаи шиноснома (иаспорт)-и рузхои моро адо мекардаанд ва омузиши онхо барои донистани имкониятхои накду интикол (ба Руссия, Хитой, Афгонистон, Арабистон) ва сайру саёхат, ганггу гузори мардум дар замонхои пеш хеле муфид мебошад. Дар аксари хуччату васикахо номи деху шадр ва вилояту мулкхо зикр ёфтаанд, ки аз тарики онхо маълумотхои судманд дар бораи сохтори маъмурии минтакахо ба даст меояд. Чугрофиёи хуччату васикахо масохатхои бузургеро аз Осиёи Марказй дар бар мегирад, ки дар замонхои пеш ба аморати Бухоро, хонихои Хуканд ва Хева тааллук доштанд.

Тахкикот чихати омузиши таърихи Точикистон бо истифода аз хуччату васикахои бойгонии Шуъба барои мухаккикон имкониятхои васеи дарку фахмиши чи конунмандихои умумй ва чи махаллии рушду инкишофи иктисодиву ичтимой, ба хусус пешрафти кишоварзиро дар чомеаи пешин фарохам меоварад. Бояд кайд кард, ки хуччатхои бо хуруфи арабиасос навишташудаи бойгонй, аз чумла хуччатхои танзимкунандаи масьалахои хукукй сарчашмахои боэътимоди дасти аввале мебошанд, ки маълумоти дакику мушаххасро дойр ба масоили гуногуни таърихи инкишофи даврахои муайян дар бар гирифтаанд. Дар онхо маводи хеле судманд барои халли масъалахои вобаста ба фаъолияти кишоварзй, ки шугли асосии мардуми мо аз замонхои кадим ба хисоб меравад дарч ёфтаанд. Аз чумла маълумот дар бораи хукуки моликият ба замин ва анвои хукуки моликона ва истилохоти марбут ба анвои хукук дар ин боб; роху тарикахои коркарди замин, усулхои мукаррар намудани микдори андозхо ва ситондани онхо; намудхои андоз ва бахра; вакфномахо, вакфия, вокдф, мутаваллиёни вакфхо, вазифаву ухдадорихои хар яки онхо, шарту шароити ба кор бурдани даромад аз вакфхо, таксими даромад дар байни мутасаддиён ва шахсоне, ки хакди гирифтани хисса аз он даромадро доранд; шароити коркарди заминхои вакф ва хукуки корандагони ин гуна заминхо.

Дар робита бо замину заминдорй хуччатхои зиёде дар бойгонии шуъба мавчуд аст, ки маълумоти тарзу тарикахои ба ичора додани замин, аз чумла заминхои мулки

хос, султонй, заминхои вакф ва хамчуния хукуку ухдадорихои ичорагирон, микдори хакди ичора. имтиёзхои молиётй ба заминдорон ва гайраро дар даврахои мухталифи таърихй барои тахкикгарони ин соха мухайё месозад.

Як катор хуччатхо инъикосгари даврони истилои Осиёи Миёна аз тарафи императории Русия, тахаввулоти сиёсиву ичтимой ва фархангй дар ин замина ва низ муборизахои солхои бистуми асри XX дар ин сарзамин мебошанд. Аз чумла, хуччатхое мавчуд хастанд, ки дахолати элчихонаи Русияи подшохиро барои тагйир додани муносибатхои ичтимой дар аморати Бухоро ва ба шароити муосир мутобик гардондани онхо нишон медиханд.

Дар хуччатхои мавриди назар маводи фаровоне дар бораи анвои пулу накдинахои роичи замон, вохидхои ченаки масохат, дар гушахои мухталифи аморати Бухоро ва хонии Хуканд ба даст меояд. ^олиб ин аст, ки дар минтакахои кухистони кишвари мо дар хар мавзеъ вохидхои хоси ченак роич будаанд, ки аз хамдигар хам дар истилох ва хам дар андозаву микдор фарк мекунанд.

Микдори кобили мулохизаи хуччатхои бойгонии шуъбаро фармонхои ба вазифахои козй, козикалон, раис, чебачй, туксабо, мирохур, мударрис ва гайрахо таъйин намудан дар силсиламаротиби низоми маъмурии хамон замон ташкил медиханд. Дар бисёре аз хуччатхо аз зинахои силсиламаротиби маъмурй боло рафтани ашхос ба мушохада мерасад.

Баррасй ва тахкики чиддии маводи дар бойг онии шуъба гирдоваришуда барои тахкикоти бунёдй на танхо дар мавзуъхои вобаста ба муносибатхои сохаи кишоварзй сарчашмаи бебахост, балки ин хуччатхо барои анчом додани тахкикоти амики таърихии асрхои миёнаи даврони ахири мингакаи Осиёи Марказй умуман, таърихи халкд точик заминаи мусоид фарохам меоварад.

Бо таассуф бояд кайд кард, ки то кунун танхо микдори ночизе аз ин хуччатхо мавриди баррасии илмй карор гирифта ва дастраси доирахои дахлдори тахкикотй гаштаанд.

Мархум академик А.М.Мухторов, ки аз ташаббускорони гирдоварии хуччатхо буданд ва солхои дароз рохбарии шуъбаро ба ухда доштанд, тули мудцати фаъолияти худ дар ин замина корхои зиёдеро анчом доданд, вале он чи аз ин хуччатхо ба табъ расидааст, 47 хуччат аст, ки дар китоби «Материалы по истории Ура-Тюбе»70 мавриди тахкдк карор гирифтаанд.

Кушиши дигаре, ки барои ба доирахои илмй ворид намудани хуччатхои бойгонии шуъба ба самар расидааст, ташаббуси О.Д. Чехович ва А.А Ягонй чихати муаррифии ин хуччатхо ба мухаккикони доирахои шаркшиносй мебошад. Дар се нашри мачмуаи «Письменные памятники Востока» мухаккикони номбурда зиёда аз ЮОнусха хуччатро аз бойгонии шуъба ба тарзи хоси баёни маълумот: мазмуну мухтаво ва нуктахои мухими хар як хуччат, мавриди чоп карор додаанд.71

Аз хуччатхои бойгонии шуъба микдори 81 нусха хуччату васикаро собик корманди институт A.A. Ягонй зимни тахкики мавзуи «Документы к истории аграрных отношений в северных районах Таджикистана» омухта ва онхоро бо хатти насхи зебо нусхабардорй намуда, бо тарчумаи русй ва акси факсимилии хуччатхо ба чоп тайёр кардааст. Вале мутаассифона, ин китоб чоп нашудааст ва холо дар бойгонии шуъба нигохдорй мешавад, ки дар бойгонй бокй мондаанд, маълум мегардад, ки хуччату васикахои мавриди назари мо дар корхои илмии онон мавриди тахкик карор гирифтааст, аммо дар аксар холатхо чоп кардан ва дастраси доирахои илмй гардондани натичаи мехнати мухаккикон муяссар нашудааст.

Бояд кайд кард, ки гайр аз ахамияти тахкикоти барои риштахои гуногуни таърих дар хуччату васикахои бойгонии шуъба маводи фаровоне барои сохахои илмхои дигар, аз чумла забоншиносй ва адабиёт низ фарохам омадааст. Забону услуби нигориши

70 Материалы по истории Ура-Тюбе. Сборник актов XV1I-XIX вв. Составление, перевод и предисловие А. Мухтарова под редакцией A.A. Семенова и О.Д. Чехович. - М, 1963.

71 Письменные памятники Востока. Историко-филологические исследования. - М. 1981; М. 1982; М. 1984; М. 1986.

хуччатхо метавонад мавзуи тахкикотии арзишманди рисолахои илмй карор дода шавад. Дар робита бо ин мавзуъ дар ин чо ба маврид аст, ки дойр ба забони нигориши хуччатхо чанд нуктаро ёдоварй кунем. Аввал ин, ки забони аксари хуччатхо точикй аст, албатта бо корбурди услуби нигориши бо ибороту чумлахои омехтаи арабии хамон замон, ки дар коргузории давр маъмул буд. Дигар ин, ки дар низоми коргузории то он замон маъмул, ки забони точикй хукмронии мутлак дошт, аз солхои 80 асри XIX забони узбекй андак-андак нуфуз пайдо мекунад, ки албатта дар доираи талаботи сиёсати мустамликадорони Русияи подшохй сурат мегирифт. Акнун, хар як хуччате, ки аз козихонахо содир мешуд, «раводид»-и он ба забони узбекй бояд навишта мешуд. Ин аст, ки аз ин ба баъд козихо зери хуччати ба забони точикй тартиб додашуда чи дар Ванчу Дарвоз, чи дар Гарму Мастчох ва Фалгар ба забони узбекй менавиштанд, ки хуччатро шахсан имзо намуда, мухр задаанд. Минбаъд батадрич забони узбекй дар макоми коргузорй ба мадди аввал гузошта мешавад, ки шохиди он микдори кобили мулохизаи хуччатхо ба забони узбекй аст, ки дар давраи дахахои охири асри XIX ва ибтидои асри XX руи кор омадаанд.

Хамчунин аз хуччатхо маводи фаровон барои илми забоншиносй дар сохаи номхои хоси ашхос, номхои мавзеъу макон, кавму кабилахо, берун меояд, чолиб он аст, ки дар хуччату васикахо дар катори номи сарзаминхо, вилояту шахрхо, деху дехкадахо номи махаллу мавзеъхои хурдтарин (микротоионимика), ки ганхо барои ахолии деху мавзеъи дахлдор маълум аст, барои дакик муайян намудани худуди заминхо оварда шудааст. Хамин тарик, бо истифода аз маълумоти дар хуччатхо зикрёфта харитаи хар минтакаро бо хурдтарин чузъиёти мавзеъу махалхо ба вучуд оварда, баркарор кардан мумкин аст.

Дар байни маводи бойгонии шуъба баёзу дафтари ашъори зиёд мавчуд аст, ки барои тахкикот дар мавзуъхои адабиётшиносй метавонанд судманд вокеъ гарданд. Дар катори порахои зиёди шеърй аз шоирони маъруфи классики ашъори бисере аз шоирони махаллй дар авроку дафтархо дарч ёфтаанд. ки шояд гумном ва ба доирахои адабиётшиносй номаълум бошанд.

Дар хотимаи ин макола мухаккикон ва хонандагонеро, ки ба маводи дар боло мухтасаран тавсифёфта таваччух зохир мекунанд, даъват менамоем, ки ба бойгонии Щуъбаи таърихи кадим, асрхои миёна ва таърихи навини Института таърих, босгоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши Академияи илмхои Чумхурии Точикистон мурочиат намоянд ва барои ба тахкик фаро гирифтани мавод ва равшанй андохтан ба гушахои торики таъриху фарханги кишвари азизамон ва ба хамин восита ба доирахои илмй ворид намудани ин ганчи нухуфта сахмгузор бошанд.

ЗАЛЕЖИ НАУЧНЫХ СОКРОВИЩ

Ахмад Ходжиев, кандидат филологических наук, научный сотрудник отдела древней, средневековой и новой истории Института истории,

археологии и этнографии им. А.Дониша Академии наук Республики Таджикистан.

Республика Таджикистан, 734025, г. Душанбе, ул. Академиков Раджабовых 7 Тел.: (+992) 935435305 Ahojiev-44@mail.ru

В статье отмечается значение арабографических документов архивного фонда Отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии имени Ахмада Дониша Академии наук Республики Таджикистан.

Констатируется, что анализ содержащегося в Фонде огромного количества письменных источников в своей совокупности способствует фундаментальной научной разработке не только по вопросам аграрных отношений в Средней Азии, но и позволяет на более надежной основе углублять исследования позднесредневековой истории региона в целом, жизни таджикского народа в особенности.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.