Научная статья на тему 'ZAKARIA RAZI’S PHILOSOPHY FROM THE POINT OF VIEW OF NASIRA KHUSRAW'

ZAKARIA RAZI’S PHILOSOPHY FROM THE POINT OF VIEW OF NASIRA KHUSRAW Текст научной статьи по специальности «Философия, этика, религиоведение»

CC BY
29
5
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПРОСТРАНСТВО / ВРЕМЯ / СУБСТАНЦИОНАЛЬНАЯ КОНЦЕПЦИЯ / РЕЛЯЦИОННАЯ КОНЦЕПЦИЯ

Аннотация научной статьи по философии, этике, религиоведению, автор научной работы — Карамхудоев Шукрат Худоназарбекович

В статье анализируется полемика Носира Хусрава с Мухаммадом Закария Рази о материи, пространстве и времени.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ФИЛОСОФИЯ ЗАКАРИЯ РАЗИ С ТОЧКИ ЗРЕНИЯ НОСИРА ХУСРАВА

The article controversy of Nasir Khusraw with Muhammad Zakaria Razi on the problem of matter, space and time.

Текст научной работы на тему «ZAKARIA RAZI’S PHILOSOPHY FROM THE POINT OF VIEW OF NASIRA KHUSRAW»

diffusion between Greek and Persian peoples as a result of Alexander of Macedon's invasions, and with that of Arabic invasion in this area and in Muslim culture. The author considers the matter of translational activities and penetration of ideas of Ancient Greek thinkers to the medieval Muslim Philosophy.

Key words: hellenistic philosophy, Muslim philosophy, Aristotle, "House of the wisdom", translate actions, literature of the antiquity, Sufism, Mu'tazilism, Ismailism.

Сведения об авторе: Норбоев Юсуфжон Мардонкулович, аспирант кафедры философии Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: [email protected]

Information about the author: Norboev Yusufjon Mardonqulovish, post-graduate student of philosophy department, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

Х,ИКМАТИ РОЗЙ АЗ НУКГАИ НАЗАРИ НОСИРИ ХУСРАВ

Карамхудоев Ш. Х.

Донишкадаи давлатии забонуои Тоцикистон ба номи С. Улугзода

Дар таърихи афкори фалсафии мардуми форс-точик оид ба масъалахои гуногуни фалсафй андешахои мутазодде мавчуд мебошанд, ки голибан гановати маънавии ниёгони моро нишон медиханд. Яке аз чунин донишмандон, ки уро бештар ба равияи материалиста мутамоил медонанд, Мухаммад Закариёи Розй мебошад. Дар ин макола дар хусуси андешахои Розй аз назари Носири Хусрав бахс мешавад.

Даким Носири Хусрав Закариёи Розиро дахрй (материалист) хисоб намекунад. Зеро ба акидаи дахриён: «Олам маснуъ нест, бал кадим аст ва сонеъи маволид худи олам аст. Ва мар уро сонее нест, бал азалй аст, хамеша буд ва хамеша бошад». Аз ин чо бармеояд, ки дахриён (материалистон) хастии Худоро инкор мекунанд, хилкат ва огози офаринишро эътироф наменамоянд. Аммо Розй акидаи хастии Худоро кабул дорад, вале кудрати Уро дар бар хилофи донишмандони равияи идеалистй махдуд мехисобад. Худои Розй кодир нест, ки аз нестй хастиро биёфарад: «...мумкин нест, ки Худой чизе падид тавонад овардан на аз чизе» [4, c. 111]. Агар дар таълимоти мутафаккирони идеалист танхо як Худои вохид кадим бошад ва дигарон дар нисбати у мухдасанд, Розй дар баробари Худо боз чор чизи дигарро кадим мешуморад: нафс, хаюло, макон, замон. У менигорад: «^адим панч аст, ки хдмеша буданд ва хдмеша бошанд: яке Худой ва дигар нафс ва се дигар хаюло ва чахорум макон ва панчум замон» [4, с. 107]. Носири Хусрав Розиро ба асхоби хаюло мансуб медонад.

Акидахои Носири Хусрав ва Закариёи Розй дар мохияти худ бо хам мувофик намеафтанд. Бинобар ин Носири Хусрав дар бештари китобхои худ ва махсусан дар «Зод-ул-мусофирин» аз акидахои у бо интикоди шадид ёд мекунад. Ба андешаи мутафаккири идеалист, одати Закариёи Розй ин будааст, ки барои манфиати хеш бар хилофи андешахои донишмандони гузашта мебаромадааст: «Мухаммад Закариёи Розиро одат он будааст, ки кавлхои хукаморо хилоф кардааст. Ва максудаш бароати хеш ва изхори сафвати хотир ва хиддати идроки хеш будааст» [5, с. 64]. Хдмин тарик ба андешаи Носири Хусрав Розй кавли наку ва аклии Арастуро оид ба «табиат огози харакату сукун аст» намеписандад [5, с. 63-64]. Инчунин ба андешаи файласуфи идеалист Розй кавли некуи хаким Эроншахриро оид ба кадимии хаюло ва макон зишт кардааст [5, с. 110].

Таззоди андеша байни ин файласуфони мутааллик ба равияхои гуногун бештар дар масъалаи ибдоъ шиддат мегирад. Ба андешаи Розй, хаюлои олам азалию бе огоз аст, аммо сураташ бошад мухдас, офаридашуда аст: «Оламро хаюло кадим аст ва сураташ мабдаъ аст» [5, с. 100]. Носири Хусрав алорагми Розй чунин акидаро пайравй мекунад, ки хам сурат ва хам хаюлои олам офарида мебошанд: «Олам мухтареъ аст, хам ба сурат ва хам ба хаюло». Тибки андешаи хаким Носири Хусрав, хаюло ва сурат ба як

даъфат падид омадаанд ва хаpдy сунъи офаридагор мебошанд. Аммо тибки андешаи файласyфи равияи асхоби хаюло аввал хаюло дар шакли бетаркиб, ба Fояти хурдй вучуд дошт ва баъд сypат бар хаюло пайдо мегардад. Сypат аз он сабаб бар хаюло пайдо мегардад, ки нафс аз нодонии худ бар он фитна ва гирифтор мегардад: «Ва нафс чавхаре кадим ва нодон аст. Нафс ба нодонии худ бар хаюло фитна шуд ва орзуи лаззати хиссй кард ва ба хаюло андаровехт в-аз y суратхои заиф кардан гирифт аз чонварони хурд. В-аз орзуи ёфтани лаззате хиссй чу ба хаюло пайваст шуд, нафс мар олами хешро фаромуш кард ва он суратхо заифанд. Ва чу Худо донист, ки нафс хато кард ва он чи хато кард, ба нодонй кард, бар у бубахшуд. В-аз чумлагии чузвхои лоятачаззо хаюло мар ин оламро аз бахри нафс биёфарид ва андар у ин чонварони кавй падид овард, то нафс ба орзуи хиссй бирасид. Ва нафс андар ин чавхари лотачаззо овехтаву омехта бимонд» [5, с. 99]. Розй нафсро кадиму нодон мехисобад ва сабаби офариниши оламро аз нодонии нафс хисоб мекунад. Аммо аз назари Носири Хусрав нафсро «чавхари баситу рухонй ва зинда аст ба зот, доност ба кувват, фоил аст ба табъ» [5, с. 49]. Носири Хусрав нафсро дуюмин офаридаи Худованд хисобида, онро ба кувват тамому ба феъл нотамом мехисобад. Тафовути нафс аз акл аз назари Носири Хусрав дар он аст, ки акл бевосита аз амри Худованд ба вучуд омад, нафс бошад, ба воситаи акл аз амри Худо пайдо шудааст. Он чй акл анчом дод, бе замон анчом дод, аз баски байни у ва Офаридгораш миёнчй набуд, хам ба феъл тамом гардид ва хам ба кувват. Аммо чун байни нафс ва амри Худовандй акл миёнчй гардид, он ба кувват тамом ва ба феъл нотамом монд. Барои ба феъл тамом шудани нафс замон лозим омад. Бинобар ин замон низ ба нафс хос аст, ки то дар раванди замон нафс аз хар руй комил гашта, ба акл баробар шавад. Носири Хусрав андешаи Розиро оид ба он ки нафс олами хешро фаромуш карда, бар хаюло фитна шудааст, ба ин тарз мавриди инкор карор медихад, «фитна бар хаюло нафсхои чузвй шудаанд, ки чухоли халканд» [5, с. 104] яъне мардум, ки нафси чузвии илмпазири худро на барои омузиши илм ва на барои риёзат кашидану пархезгорй, балки ба одатхои дигари нолозим одат кунонад, нафси чузвии у аз асли худ чудо мегардад.

Ба андешаи Розй, барои рахонидани нафс Худованд хукаморо аз файласуфон падид овардааст, то уро огох кунанд, ки ин олами ту нест: «Он гох Худой мар хукаморо аз фалсафа падид овард, то мар нафсро огох карданд андар ин олам андар сурати инсонй аз ин сир...то нафсхо бад- ин фалсафа аз ин олам хаме берун шавад, то хамагй нафс ба охир аз ин олам берун шавад. Ва чу тамомии чавхари нафс бад-ин хикмат аз чавхари хаюло чудо шавад, нафс ба олами хеш бозрасад ва неъмати хешро бозёбад ва доно шуда бошад баFOят ба инояти Худой. Он гох чу инояти илохй аз ин олам бархезад, ин олам фуру резад» [5, с. 99-100].

Аммо ба кавли Носири Хусрав, «он хукамо, ки мар эшонро аз олами эшон ёд кардаанд, паЙFамбаpон буданд...» [5, с. 104]. Агар ин андешахои мутазодди ин донишмандонро бо хам мукоиса намоем, мантикан ба чунин хулоса омадан мумкин аст, Худованд худаш талош меварзад, ки мудом барои рахоии нафс паЙFамбаpеpо бояд бифиристад, то ба нафс кумак намояд, на файласуфон, зеро онхо низ махсули «нафси нодони фитнашуда» мебошанд.

Чуноне ки таъкид намудем, Носири Хусрав низ ин оламро фарозовардаи нафси кулл медонад, аммо нафси кул ин оламро на аз нодонй ва ноогохй, балкй дониста ва донишмандона падид овардааст. То дар раванди эволютсионй накси худро ислох карда ба дарачаи акли кулл расад. Накси у бошад, аз назари мутафаккир ин аст, ки ба мартабат аз акл пасттар омад ва хамеша майли дорад, ки бо он баробар шавад. Барои ин максади нафси кулро баровардан, ба у FOяти офариниш - инсон кумак мерасонад. Яъне хар инсон бояд кушиш кунад, ки нафси чузвии худро покиза нигох дорад, то бо кулли худ мувофик бошад на мухолиф. Барои хидояти мардум бошад нафси кулл ба онхо паЙFамбаpонy имомонро фиристодааст.

Дар боло кайд гардид, ки Розй дар радифи Худо нафсу хаюло ва макону замонро низ кадим мешуморад. Носири Хусрав бошад, танхо Худоро кадим шуморида, аввалин

офаридаи уро акли кул, дуюмин нафси кул ва вучуди хаюлоро натичаи харакати аввалини нафси кул мехисобад. Мутафаккири идеалист андешаи Закариёи Розиро оид ба кидами хаюло аввал бо далоили куръонй ва баъд бо далелхои мантикй рад мекунад. Ба андешаи Носири Хусрав, бисёр андешахои Розй хамдигарро инкор менамоянд. Зеро Розй хаюлоро кадим мешуморад, аммо кадим чизеро мегуянд, ки замони у беохир бошад. Нисбат ба кавли у хаюло аввал дар холати бетаркибй вучуд дошт. Агар у кадим мебуд, замони бетаркибии у ба поён намерасид. Пас ибтидои замони таркиби хаюло интихои замони бетаркибии у мебошад. Пас хар чизе ки замони у сипарй шавад, у кадим буда наметавонад. Носири Хусрав хулоса мекунад, ки чун ба андешаи Розй муддати бетаркибии хдюло сипарй гардид, пас маълум мешавад, ки ин муддат огоз низ доштааст. Аммо чизе, ки огозу анчом дорад, у на кадим, балки мухдас мебошад.

Азбаски ба акидаи Носири Хусрав нафс, хаюло, макон ва замон офаридахои Худо мебошанд, пас набояд махлукро бо холик баробар кард. Аз ин чихат у ин гуфтахои Розиро зери танкиди сахт карор медихад: «Ва зиштруйтар аз он бошад, ки мар Холикро бо махлук андар як чинс шуморад» [4, с. 107].

Розй кушиши акидаи худро оид ба беинтихой ва кадимии олам бо чунин далел исбот мекунад: «Мутамаккин бе макон набошад ва раво бошад, ки макон бошад ва мутамаккин набошад» [4, с. 106]. Ба андешаи файласуфи моддагаро мавчудияти мутамаккин (маконгиранда, яъне чисм) бе макон мумкин нест, аммо вучуди макон бе мутамаккин мумкин аст. Аммо ба кавли Носири Хусрав «вучуди макон ба вучуди мутамаккин аст ва бе мутамаккин мар маконро вучуд нест» [4, с. 106]. Яъне хастии макон вобаста ба чисми маконгирандааст, бе чисм мавчудияти макон мумкин нест. Даким барои исботи ин акида мисоли шиша ва обро меоварад. Шишае, ки пур аз об аст, агар уро сарнагун созй, то хаво дар дохили он надарояд, ки маконро ишгол намояд, об аз он берун нашавад. Ин далели он аст, ки макони бе мутамаккин, яъне бе чисми маконгиранда вучуд надорад. Ба кавли Закариёи Розй хар мутамаккине дар мохияти худ махдуд аст ва дар дохили макон аст. Пас лозим аст, ки макон бе нихоят бошад. Дар чисм, ки махдуд аст ё нихояти хар чисме макон бошаду хар чисм дар дохили макон бошад, пас макон бе нихоят аст. Дар чизе ки бехудуд бошад, кадим аст, пас макон кадим аст [4, с. 106]. Аммо Носири Хусрав масъалаи кадим будани маконро намепазирад. Зеро ба акидаи у холи макон гардандааст аз як хол ба холи дигар. Дар чи холи гарданда дорад, кадим нест.

Дар таърихи фалсафа оид ба муносибати макон ва замон бо модда ду нуктаи назар мавчуд аст. Яке назарияи чавхарият (субстанциональная концепция) аст ва дигаре -назарияи нисбият (реляционная концепция). Дар назарияи якум замону макон хамчун чавхари мустакил шарх дода шудаанд. Дар назарияи дуюм бошад, макулахои макону замон на хамчун чавхари мустакил, балки чун сифати объект хисоб меёбанд. Андешахои Закариёи Розй оиди макону замон ба назарияи якум мувофикат мекунанд. Зеро у макону замонро чавхари мустакил ва новобаста аз модда мехисобад. Аммо дар огози асри ХХ бо кашф шудани назарияи нисбият аз тарафи Эйнштейн зарбаи сахте ба таълимоти чавхарияти макону замон расид. Ин назария аз илм мафхуми макони мутлак ва замони мутлакро сокит кард. Бепоягии таълимоти чавхарияти макон ва замонро чун шакли хастии мустакил ва новобаста аз хаюло нишон дод.

Андешахои Мухаммад Закариёи Розиро аз дидгохи Носири Хусрав баррасй намуда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст:

1. Розй дахрй буда наметавонад, зеро аввалан хастии Худоро эътироф мекунад, дуюм оламро абадй намешуморад.

2. Розй кудрати Худоро махдуд мехисобад.

3. Розй дар катори Худо нафсу хаюло ва макону замонро низ кадим мешуморад.

4. Розй нафсро фитнашуда ва гирифтори хаюло медонад.

5. Ба андешаи Розй, вучуди хастй аз нодонии нафс аст.

6. Розй чонибдори назарияи чавхарият (субстанциональная концепция)-и макону замон аст.

Адабиёт:

1. Арабзода Н. Мир идей и размышлений Носира Хусрава. - Душанбе, 2003.

2. Додихудоев Х. Философия крестьянского бунта. - Душанбе, 1987.

3. Карамхудоев Ш. Х. Носири Хусрав ва Ч,алолуддини Румй (тахлили мукоисавй). -

Душанбе, 2012.

4. Носири Хусрав. Зод-ул-мусофирин. - Душанбе, 2010.

5. Носири Хусрав. Куллиёт. Ч,омеъ-ул-хикматайн. - Душанбе, 1991.

ФИЛОСОФИЯ ЗАКАРИЯ РАЗИ С ТОЧКИ ЗРЕНИЯ НОСИРА ХУСРАВА

В статье анализируется полемика Носира Хусрава с Мухаммадом Закария Рази о материи, пространстве и времени.

Ключевые слова: пространство, время, субстанциональная концепция, реляционная концепция.

ZAKARIA RAZI'S PHILOSOPHY FROM THE POINT OF VIEW OF NASIRA KHUSRAW

The article controversy of Nasir Khusraw with Muhammad Zakaria Razi on the problem of matter, space and time.

Key words: space, time, substantial conception, a relational concept.

Сведения об авторе: Карамхудоев Шукрат Худоназарбекович, кандидат философских наук, зав. кафедрой философии и политологии Таджикского государственного института языков имени С. Улугзода, e-mail: [email protected]

Information about the author: Karamkhudoev Shukrat Khudonazarbekovich, PhD of philosophic sciences, the head of chair of philosophy and political of Tajik State Institute of Languages named after S. Ulugzoda

ИДЕАЛХРИ МУОСИРИ РУШДИ ИЧ,ТИМОИИ ТОЧИКИСТОН ДАР ЗАМИНАИ ТАГЙИРОТ^ОИ ИЧ,ТИМОИ

Идиев Х. У., Турсунова Т. С.

Институти фалсафа, сиёсатшиноси ва %уцуци Академияи илмуои

Цум^урии Тоцикистон

Мавчудияти хар як чомеа дар баробари омилхои объективй инчунин ба падидахои хусусияти субъективй, аз чумла идеалхои дар бораи инкишоф доштааш вобастагии ногусастанй дорад. Идеалхои рушди ичтимой ба сифати омили мухими мавчудияти низоми ичтимой дар ташаккули шуури чамъиятй иштироки фаъол доранд ва аз бисёр чихат тамоюлхои арзишию чахонбинии аъзои чомеаро муайян менамоянд. Идеалхои рушди ичтимой хамчун инъикоси тамоюлхои мухими инкишофи чомеа баромад намуда, дар навбати худ ангезаи мухиме барои таъмини суботи ичтимой ва фарохам овардани шароит барои халли максадноки масъалахои тараккиёти минбаъдаи мамлакат ба шумор мераванд. Мухтавои идеалхои рушди ичтимой танхо иборат аз образу улгухои эхтимолию хосташавандаи инкишофи чомеа иборат набуда, балки ин вокеиятест, ки дарачаи пуёию максаднок доштани дурнамои холати инкишофи мамлакатро нишон медиханд. Бинобар хамин хам, идеалхои рушди ичтимой дар раванди инкишофи чомеа тагйир меёбанд ва зухури идеалхои нав гувохи то чй андоза кудрату имконияти халли масъалахои наву рузмарраи тараккиёташро доштани ин ва ё он низоми ичтимой мебошанд [1].

Барои дарки мохияти идеали ичтимой аввалан шарху тафсири худи мафхуми «идеал» ва мафхуми аз чихати маъною лахни гуиш наздиктар бо он, яъне «идея» ба мавкеъ менамояд [8, с. 12-46]. Шарху тафсири маъноию мазмуни ин мафхумхо заминаи дарки масъалаи мавриди назарро амиктару дастрастар месозад. Пеш аз хама кайд бояд кард, ки харду мафхум хам махсули рушди чамъиятию таърихии истехсоли маънавй ва падидахои марбут ба шууру ирода мебошанд. Идеали ичтимой ин пеш аз хама

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.